Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Фатҳи кишвари Миср

Саҳеҳ аст, ки мусалмонон акнун тамоми сарзамини Шом, Фаластин ва Урдунро тасарруф ва дасти императори руми Шарқиро аз ин диёр қатъ кардаанд, вале кишвари Миср, ки муттасил ба ин сарзаминҳо аст, ҳамчунон дар тасарруфи ин император боқӣ аст ва чунон ки фаҳмидем сарлашкари Румӣ, яъне Уртубон, ки аз Байту-л-муқаддас фирор кард ба он ҷо рафтааст ва қатъиян дар ин кор андеша дорад.

Пас агар дасти ин император аз кишвари Миср қатъ нашавад, рӯзе аз он ҷо ба ин сарзаминҳо, ки аз дасташ рафта аст, ҳамла хоҳад кард ва чун баҳре дар ихтиёр дорад, ки ба кишвари аслии Рум алоқа дорад, агар даст ба ҷанг бизанад на дар тангнои маишӣ ва на дар тангнои умури низомӣ воқеъ мешавад ва корро бар мусалмонон душвор хоҳад кард.

Бинобар ин мусалмонон бояд ҳар чи зиёдтар дасти ин давлати хатарнокро аз хоки Миср низ қатъ намоянд, то вазъи худро дар сарзаминҳое, ки аз дасташ гирифтаанд пойдор кунанд ва ба суботи ояндаи худ дар ин диёр дилпур шаванд.

Амр ибни Ос қаблан чандин сафари тиҷоратӣ ба Миср карда буд ва аз авзои умумии он ҷо бохабар буд. Ӯ фаҳмида буд, ки мардуми Миср аз давлати Рум, ки ба сарзаминашон тасаллут ёфта буд ва онҳоро истеъмор карда буд, норозӣ ҳастанд. Дида буд, ки ин сарзамин ба баракати руди Нилаш аз ҳайси ғалла ва маҳсулот беназир аст. То ҷое, ки анбори ғаллаи Рум ба шумор меравад. Аз ин рӯ хеле орзу дошт, ки аз ҳазрати Умар (р) фармони ҳамла ба ин сарзамини пурбаракатро бигирад.

Пас аз ин ки ҳазрати Умар (р) аз Байту-л-муқаддас ба Ҷобия бозгашт, то аз он ҷо ба Мадина баргардад, Амр ибни Ос бо ӯ ба хилват нишаст ва тақозо кард, то фармони ҳамла ба Мисрро содир кунад ва ин корро ба ӯ бисупорад. Ҳазрати Умар (р) дар ин амр мутафаккир шуд. Зеро наметавонист дар ин ҳангом, ки лашкари ислом дар Ироқ, Форс ва Шом пароканда шуда буданд ва вуҷуди онҳо барои муҳофизати ин навоҳӣ лозим буд, лашкари муҳиме фароҳам кунад ва дар ихтиёри Амр ибни Ос бигузорад, то ба Миср ҳамла кунад, вале Амр ибни Ос он қадар ҳамла ва тасхири Мисрро дар назари ҳазрати Умар (р) осон ҷилва дод, ки дар ниҳоят ӯро барои ин кор розӣ кард ва он ҳазрат чаҳор ҳазор сарбоз дар ихтиёраш гузошт ва парчами исломро ба ӯ супурд. Гарчи чаҳор ҳазор сарбоз барои фатҳи кишвари Миср кофӣ набуд, вале Амр ибни Ос яқин дошт, ки пас аз шурӯи ҷанг дар хоки Миср ҳар гоҳ кӯмак бихоҳад ҳазрати Умар (р) ночор хоҳад шуд ҳар тавр шуда барояш сарбози кофӣ бифиристад ва нахоҳад гузошт мусалмонон дар хатари душман биафтанд. Аз ин рӯ бо ҳамин идда аз ҳудуди Шом гузашт ва барои он ки ҳаракати худро махфӣ ва давлати румро ғофилгир кунад, ба суръат аз роҳи биёбони бе обу алафи Сино убур кард, то ба шаҳри Ирайш дар аввалҳои хоки Миср расид.

Чун ин шаҳр аз маркази кишвар дур буд, на истеҳкомоти хубе дошт ва на нигаҳбонони кофӣ аз тарафи давлати Рум дар он ҷо мутамарказ буд. Барои ҳамин ҳам мардуми шаҳр муҳофизати шаҳрашонро ба ӯҳда гирифта буданд, натавонистанд аз ӯҳдаи дифоъ дар муқобили лашкари ислом бароянд. Амр ибни Ос ин шаҳрро ба осонӣ гирифт ва бидуни таъхир ба роҳи худ идома дод ва аз роҳи қадимӣ роҳе, ки касе дар аёми оддӣ аз он убур намекард, ҳаракат намуд ва ба яке аз шаҳрҳои Миср ба номи Фармоа расид.

Ин шаҳр яке аз шаҳрҳои муҳим ва қадимӣ ва ободи Миср ва дорои маъбадҳои қибтӣ ва калисоҳои зебои масеҳӣ буд. Ҳисор ва қалъаҳои қаввӣ ва нигаҳбонон ва захираи кофӣ дошт. Дар канори баҳри Сурх воқеъ буд ва шохае аз рӯди Нил ба ин ҷо ҷорӣ мешуд. Ин шаҳр дар он рӯзгор ба манзалаи калиди кишвари Миср буд. Бинобар ин давлати Рум аҳамияти хосе ба он медод ва лашкари муқтадире дар он ҷо гуморида буд.

Тасаллут бар ин шаҳр хеле душвор буд. Амр ибни Ос ҷуз ин ки онро дар муҳосира гирад чорае надошт. Пас аз як моҳи муҳосира дар таърихи аввали муҳаррами соли 19-уми ҳиҷрӣ мутобиқи соли 640 мелодӣ мардуми шаҳр, ки аз тӯли муҳосира ба танг омада буданд ва идомаи онро ба зиёни худ медонистанд ба ночор таслим шуданд ва бадин сон шаҳри муҳим ба дасти мусалмонон афтод.

Баъзе аз муаррихин навиштаанд:

-Чун мардуми ин шаҳр қибтӣ ва мазҳаби артодокс доштанд, мухолифи мазҳаби католикии румиҳо буданд. Аз уммол ва коргузорони давлати Рум, ки ба онон бадрафторӣ мекарданд, кина дар дил доштанд аз ин рӯ онон барои фатҳи ин шаҳр аз дохил ба мусалмонон кӯмак карданд. Дар воқеъ онҳо боиси аслии суқути шаҳр шуданд.

Ба ҳар ҳол Амр пас аз тасхири ин шаҳри муҳим, ки барояш дилгармкунанда буд барои фатҳи шаҳри Билбис ба ҳаракат даромад. Фармондеҳи лашкари муҳофизи ин шаҳр Уртубон -ҳамон сардори машҳури румӣ буд, ки дар Фаластин аз дасти Амр гурехт. Дар ин ҷо байни Амр ва Уртубон ҷанги сахте даргирифт. Уртубон боз ҳам шикаст хӯрд ва Амр бар ин шаҳр низ тасаллут ёфт. Пас аз ҷанги Аҷнодин, ки Уртубон аз дасти Амр шикасти вазнин хӯрд, дар ин ҷо низ ин ду нафар сардори араб ва румӣ рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд ва боз ҳам Уртубон аз ҳарифаш шикаст хӯрд. Муаррихин навиштаанд: «Духтари Муқавқиси Қибтӣ — ҳокими кулли кишвари Миср, ки аз тарафи давлати Рум ин вазифро дошт, дар ҳини фатҳи ин шаҳр асир шуд. Амр ибни Ос ӯро мавриди эҳтиром қарор дод ва ҳамроҳи чанд нафар муҳофизи араб ӯро назди падараш фиристод. Ин мардонагӣ ва инсоният, ки бар хилофи интизори Муқавқис, аз Амр сар зад, боиси он гардид, то қибтиҳо, ки аз мардуми аслии Миср буданд, нисбат ба мусалмонон бо назари дӯстӣ ва муҳаббат бингаранд. Муқавқис низ ин корро кори бузурги инсонӣ шумурд. Амр пас аз фатҳи ин шаҳр ба ҳаракати худ идома дод ва ба шаҳре расид, ки онро дар он рӯзгор Тандунисё меномиданд ва акнун ба номи Умму-д-дунайн шӯҳрат дорад».

Дар ин ҷо чандин ҳафта ҷанг байни мусалмонон ва лашкари душман тӯл кашид ва чун иддаи душман зиёд буд, Амр даст аз ҷанг кашид ва ақиб нишаст ва аз ҳазрати Умар (р) кӯмак хост. Ҳазрати Умар (р) чаҳор ҳазор нафар таҳти роҳбарии чаҳор нафар аз бузургони силаҳшури саҳобаи Расулу-л-лоҳ (с) аз ҷумла Зубайр ибни Аввом, Убода ибни Сомит, Мусаллама ибни Мухаллид ва Миқдод ибни Асвад ба кӯмаки Амр ибни Ос фиристод, ки ҳар як аз онҳо дар майдони ҷанг арзиши ҳазор нафар марди ҷангиро доранд.

Ҳамин ки лашкари кӯмакӣ расид, Амр ибни Ос худро барои ҳамлаи ниҳои муҳайё кард. Аз он тараф фармондеҳи кулли қувваҳои лашкари Рум дар Миср ба номи Тиодор бо бист ҳазор сарбоз барои муқобила бо Амр ҳаракат кард. Ин ду лашкар дар канори шаҳри Айну-ш-шамс рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд.

Амр ибни Ос қаблан як гурӯҳ лашкарашро дар кӯҳе дар самти шарқии Аббосияи кунунӣ ва гурӯҳӣ дигарро дар наздики шаҳри Умму-д-дунайн камин гуморид ва худаш бо бақияи лашкар ба муқобила бо лашкари Рум пардохт.

Ҳамин ки ҷанг байни тарафайн даргирифт, гурӯҳе, ки дар кӯҳ дар камин нишаста буданд аз камингоҳи худ берун ҷастанд ва аз пушти сар бар душман ҳамла карданд. Душман, ки худро дар вазъи баде дид, ба ночор майдонро холӣ ва фирор кард ва хост ба шаҳри Умму-д-дунайн паноҳ барад. Дар ин ҳангом гурӯҳи камин, ки дар пеш буданд аз ҷойгоҳи худ хориҷ шуданд ва роҳ бар рӯйи онҳо бастанд. Ба ин тартиб лашкари Рум байни се ҷабҳаи лашкари мусалмонон дар вазъи хатарноке қарор гирифт ва ба тавре шикаст ва ҳазимат ёфт, ки ҷуз иддаи каме ҷон бадар набурданд. Амр ибни Ос бо ин маҳорати ҷанги пирӯз шуд ва бар шаҳри муҳими Айну-ш-шамс ва Умму-д-дунайн тасаллут ёфт.

Чун шаҳри Умму-д-дунайн аз шароити стратегӣ бархӯрдор буд, Амр ибни Ос онро маркази ситоди фармондеҳии худ қарор дод. Муддате дар он ҷо ором гирифт, то дар андешаи ҳамла ба шаҳри Бобуливун бошад. Пас аз муддати истироҳат, худро барои ин кор муҳаё кард ва аз Умму-д-дунайн хориҷ гардид.

Шаҳри Бобулиюн аз шаҳрҳои мустаҳками Миср буд ва аз истеҳкомоти низомии муҳиме бархӯрдор буд, аз ин рӯ Амр ибни Ос ҷуз муҳосираи шаҳр коре аз дасташ барнаёмад. Ин муҳосира то ҳафт моҳ тӯл кашид.

Музокира барои сулҳ

Муқавқис фармонравои мамлакати Миср дид, ки мусалмонон бо он ки наметавонанд бо қувваҳои низомӣ бар шаҳр тасаллут ёбанд, бо вуҷуди он маъюс нашудаанд ва ҳамчунон дар идомаи муҳосира собит мондаанд ва барои тасаллут бар шаҳр пофишорӣ мекунанд ва медонист, ки мусалмонон мардуми ҷангҷӯ ва дар ҷанг сабр ва таҳаммул доранд, ки ҷуз онҳо касе надорад ва ҳар тавр шуда муҳосира ҳар чанд тӯл бикашад бар ин шаҳр тасаллут хоҳанд ёфт, пас чи беҳтар, ки бо онҳо вориди музокира шавад ва бо ҳам сулҳ намоянд, аз ин хотир номае ба ин мазмун ба Амр ибни Ос навишт:

— Шумо бо иддаи каме ба сарзамини мо омадаед. Метарсам лашкари бузурги Рум бар саратон бирезанд. Он вақт аз коратон пушаймон мешавед, пас чи беҳтар, ки чанд нафар аз мардонатонро назди мо бифиристед, то бишунавем чи мегӯед. Шояд ба тавофуқе бирасем, ки мо ва шумо хоҳони онем.

Амр ибни Ос номаро аз дасти фиристодагони Муқавқис гирифт ва онҳоро ду рӯз назди худ — дар урдугоҳи лашкари ислом нигаҳ дошт. Сипас онҳоро бо номае, ки ба Муқавқис ҷавоб дода буд, баргардонд.

Мазмуни номаи Амр ибни Ос чунин буд:

-Байни мо ва шумо ҷуз ин роҳе нест: Ё динӣ исломро бипазиред, то бо ҳам бародари динӣ бишавем ва ҷанге дарнагирад, ё дар дини худ боқӣ бимонед ва ба унвони сулҳ таслим шавед ва ҷизя ба давлати ислом бипардозед, ё бо якдигар биҷангем, то он ки Худо байни мо ва шумо ҳукм ва файсала фармояд ва ӯ аст беҳтарини ҳукмкунандагон.

Муқавқис равия ва рӯҳияи мусалмононро аз намояндагонаш, ки аз назди онҳо баргашта буданд, бозпурсӣ кард, гуфтанд:

— Мардуме дидем, ки маргро беҳтар аз ҳаёт дӯст медоранд. Тавозуъ ва фурӯтаниро беҳтар аз такаббур ва худхоҳӣ медонанд. Ҳеҷ як аз онҳо на дил ба дунё мебозад ва на дунёро дӯст медорад. Бар рӯи хок менишинанд. Фармондеҳонаш монанди бақияи афродашон аст. Бузургон ва сардори лашкарашон аз зердастон ташхис дода намешаванд. Маълум намешавад кадом оқо ва кадом ғулом аст. Ҳамин ки вақти намозашон расид, андомҳои худро мешӯянд ва бо ҳам ба намоз мепардозанд. Ҳеҷ кадом аз онҳо аз намозашон боз намемонад ва дар намозашон бо камоли хушӯъ рӯ ба Худо меоваранд.

Муқавқис аз матолибе, ки аз онҳо шунид фаҳмид, ки бо чунин мардуме наметавон ситеза кард ва аз ояндаи худ тарсид, аз ин хотир ба ҳозирин гуфт:

-Қасам ба он муқаддасе, ки ба номаш қасам хӯрда мешавад, чунин қавме, ки бар мо тохтаанд ҳар гоҳ ба кӯҳ рӯй оваранд бе шак бо ирода ва сабр ва суботе, ки доранд, онро аз ҷояш хоҳанд канд. Бидонед, ки ҳеҷ кас дар ҷанг бар онҳо пирӯз нахоҳад шуд. Пас аз як силсилаи музокира ва мубоҳиса салоҳ диданд, ки бо мусалмонон аз дари сулҳ дароянд. Муқавқис аз Амр ибни Ос дархост кард намояндагоне ба наздаш бифиристад, то дар бораи сулҳ бо ҳам музокира кунанд.

Боз ҳам музокира

Амр ду нафар аз бузургони мусалмононро, ки яке аз онҳо Убода ибни Сомит саҳобаи бузурги Расулу-л-лоҳ (с) буд, назди Муқавқис фиристод ва дастур дод, то Убода ибни Сомит ҷониби гуфтугӯ бо Муқавқис бошад.

Муқавқис бо ибороте, ки ҳам ба зоҳири ҷанбаи насиҳат дошт ва ҳам тарсондан ва таҳдид медод, сухан ба миён кашид ӯ исрор дошт, ки фиристодагони мусалмонон шарти дигар ғайр аз он се шарте, ки Амр ибни Ос қаблан дар ҷавобаш пешниҳод карда буд, пешниҳод кунанд. Убода ибни Сомит дасташро ба тарафи осмон баланд кард ва гуфт:

-Қасам ба парвардигори ин осмон ва ин замин ва ҳамаи чизи дигар, ғайр аз ин се шарте, ки қаблан пешниҳод шуда пешниҳоде надорам. Шумо бояд яке аз онҳоро барои худатон ихтиёр кунед.

Муқавқис ба атрофиёнаш гуфт:

-Суханамро бипазиред ва яке аз ин се шарти пешниҳодии онҳоро қабул кунед. Ба Худо қасам шумо дар муқобили онҳо тоби муқовимат надоред. Агар имрӯз ба майли худатон қабул накунед чанде намегузарад, ки маҷбуран чизеро мутаҳаммил хоҳед шуд, ки хеле бадтар аст, чи беҳтар, ки пешниҳодамро пеш аз он ки пушаймон шавед қабул кунед. Изҳороти Муқавқис, ки бепарда ва ором буд, мавриди мувофиқати мардум воқеъ шуд, аз ин рӯ ба Амр ибни Ос пайғом дод, ки мувофиқат намояд, то ҳар як аз тарафайн Амр ибни Ос ва Муқавқис бо ҷамоъате аз бузургонашон дар як ҷо ҷамъ шаванд ва дар бораи нақшаи сулҳ бо ҳам музокира намоянд.

Миср таслим мешавад

Амр бо ҷамоъате аз мусалмонон ва Муқавқис бо ҷамъе аз мисриён дар як ҷо бо ҳам мулоқот карданд ва ба гуфтугӯ нишастанд ва бо ин шарт бо якдигар сулҳ карданд.

Мамлакати Миср аз аввал то охир таҳти тасаллути мусалмонон қарор гирад.

Назми умури дохили ва дифоъ аз душмани хориҷӣ ба ӯҳдаи мусалмонон бошад.

Сокинони хоки Миср чӣ қибтӣ ва чӣ дигарон аз ҳайси ҷон, мол, номус ва маъбадашон дар амон будаанд ва ҳеҷ кас аз мусалмонон ҳаққи дастандозӣ бар онҳо надорад. Дар барпо доштани маросими динии худ низ озоданд.

Ҳар як аз сокини Миср ба таври умум солиёна ду сикка динори тилло ҷизя ба давлати ислом бипардозанд.

Пирамардон ва навҷавононе, ки ба синни болиғ нарасидаанд ва дӯшизагон ва занон дар ҳар синне аз пардохти ҷизя озод бошанд.

Муқавқис ин сулҳро ба унвони ҳокими мамлакати Миср аз тарафи худ ва қибтиҳо, яъне мардуми аслии Миср қабул кард ва гуфт румиҳои муқими Миср озод хоҳанд буд, то он ки ин моҷароро ба Ҳеракл дар Қустантания иттилоъ диҳад ва назарашро дар ин бора бихоҳад.

Ҳераклус пас аз дарёфти номаи Муқавқис иқдомашро дар бораи сулҳ нодуруст гуфт ва ӯро барои ин кор сарзаниш кард ва навишт:

«Иддаи қибтиҳо дар Миср ба шумор намеояд агар онҳо барои ҷанг бо мусалмонон рӯи хуш нишон намедоданд ва мусалмононро бар мо тарҷеҳ намедоданд мардуми Рум дар Миср ва Искандария ва касоне, ки назди ту ҳастанд беш аз ҳазорон нафаранд ва абзор ва захираи ҷангӣ ба ҳадди кофӣ доштанд ва ту бо ин ҳол аз дафъи мусалмонон бо камии шуморашон дармондӣ ва зери бори зулм рафтӣ ва таслим шудӣ, лозим буд бо онҳо, то он ҷо меҷангидӣ, ки бар онҳо пирӯз мешудӣ ё ҳама мардона кушта мешудед» номае ба ҳамин мазмун ба румиёни муқимии Миср низ нигошт.

Муқавқис пас аз дарёфти номаи Ҳеракл гуфт:

-Ба худо қасам, ки арабҳо бо ҳамин иддаи кам ва бо заифие, ки зоҳиран доранд аз мо, ки ин қадар зиёд ва зоҳиран хеле қаввӣ ҳастем қавитаранд. Ҳар як нафар аз онҳо баробари ду нафари мо аст. Назди онҳо марг дар майдони ҷанг маҳбубтар аз зиндагӣ аст.

Пас аз он ба румиёне, ки наздаш буданд хитоб карда, гуфт:

-Бидонед, ки ман ба паймони сулҳе, ки бо арабҳо бастаам пойдорам ҳаргиз онро бекор нахоҳам кард. Яқин медонам, ки чизе намегузорад, ки шумо ҳам ночор мешавед ва ба он чи ман кардам тан медиҳед. Ман дар ин ҷо вазъеро мебинам ва чизеро мефаҳмам, ки император дар он ҷо намебинад ва намефаҳмад.

Сипас ба Амр ибни Ос иттилоъ дод, ки император бо сулҳе, ки байни тарафайн баста шуда мухолифат кард ва онро танқид кардааст. Ба ман амр карда, то бо шумо биҷангем, то яке аз тарафайн бар дигаре пирӯз гардад. Вале ман ва куллияи қибтиҳо бар сулҳ пойдорем. Мазмуни сулҳнома бар ман ва тамоми қибтиён амалкунанда аст ва ҳаргиз ин сулҳро бекор нахоҳем кард. Зимнан аз Амр хост, агар румиён, ки акнун ин сулҳро рад кардаанд дар оянда тақозои сулҳ намоянд аз онҳо напазиред, то ҳама кушта ё асир ва гирифтор шаванд, зеро чунин мардум сазовори чунин сарнавишт ҳастанд.

Амр ибни Ос бо имзои ин сулҳ вориди шаҳри Бобулиюн гардид. Лашкарашро тасарруф кард ва бо мардуми шаҳр ба тавре, ки дар сулҳнома зикр шуда буд, ба хубӣ рафтор кард. Чунон ки равияи кори мусалмонон дар ҳар ҷо буд дар ин шаҳр масҷиде бино карданд, ки ба номи масҷиди Амр ибни Ос маъруф гардид. Мегӯянд ин масҷид ҳанӯз боқӣ аст. Эҳтимол дорад масҷиде, ки Амр ибни Ос бино карда дар асари тӯли замон хароб шуда ва аз нав дар ҷои он, масҷиде бино карда ва ба номи масҷиди Амр ибни Ос шӯҳрат ёфта аст.

Давлати Рум ва румиён дар Миср чӣ кор мекунанд?

Румиёни муқимии Миср, ки ба амри Ҳеракл зери бори сулҳ нарафтанд, худро барои муқобила бо мусалмонон ва дифоъ аз Миср муҳайё карданд. Давлати Рум низ лашкари гарон ба кӯмакашон фиристод. Ҳама дар ҷое ба номи Султис мавзеъ гирифтанд. Дар ин ҷо байни мусалмонон ва онҳо ҷанги шадиде даргирифт. Гарчи румиён дар аввали кор талафоте бар мусалмонон ворид сохтанд, вале натавонистанд ба вазъи худ идома диҳанд ва дар муқобили ҳамлаҳои шадиди мусалмонон истиқомат намоянд, вале қабл аз ин ки зиёд кушта бидиҳанд, майдонро холӣ карданд ва то маҳалле ба номи Алкарбун ақиб нишастанд ва худро аз нав ба роҳбарии Теодор сардори коргаштаи румӣ омодаи ҷанг карданд.

Амр ибни Ос гурӯҳеро ба парчамдории ғуломи худ ба номи Вардон ва ба пешоҳангии Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб(р) ба ҷанги онҳо фиристод. Дар он ҷо низ мусалмонон пас аз ду рӯзи ҷанги бардавом бо додани талафот бар румиён пирӯз шуданд ва онҳоро то ҳудуди бандари Искандария ба ақиб ронданд.

Теодор пас аз шикаст дар Карбун ҳамроҳ бо афроде аз лашкараш, ки ҷон бадар бурда буданд дар бандари Искандария — охирин шаҳри муҳимме, ки дар дасти румиён монда буд қарор гирифт.

Ба сӯи Искандария

Бандари Искандария дар он замон бузургтарин ва муҳимтарин аз шаҳрҳои Миср ва дуввумин маркази давлати императори руми шарқӣ пас аз шаҳри Қустантания ва муқтадиртарин истеҳкоми низомии Рум дар Миср ва аввалин бандари тиҷоратӣ дар ҷаҳон буд.

Румиён медонистанд, ки суқути ин бандари муҳим ба дасти мусалмонон, яъне заволи қатъии ҳукумати Рум аз Миср ва қатъи умеди онҳо аз нуфузи сиёсӣ ва низомӣ дар ховари миёна ва заъфи ошкори давлати онҳо дар хоки Рум аст. Ҳеракл қабл аз суқути ин шаҳр гуфта буд:

-Ҳар гоҳ арабҳо бар Искандария тасаллут ёбанд, Рум заиф хоҳад шуд ва дигар эҳтиром ва обурӯе барояш боқӣ нахоҳад монд.

Бинобар ин бояд ҳар тавр шуда ва ба ҳар қимате бошад аз ин шаҳр, ки ҳам аз назари иқтисод ва ҳам аз лиҳози сиёсат ва ҳам аз ҳайси қудрати низомӣ барои онҳо ҷанбаи ҳаётӣ дошт дифоъ намоянд ва нагузоранд онро аз даст бидиҳанд. Биноан, аз сарзамини Рум лашкари азимеро, ки гуфта шуда тадриҷан ба панҷоҳ ҳазор нафар мерасид, бо аслиҳа ва муҳимоти зиёде ба он ҷо интиқол доданд. Худи Ҳеракл дар назар дошт шахсан ба ин шаҳр биёяд, то онҳоро дар ҷанг бо мусалмонон роҳбарӣ кунад, вале қабл аз ин ки биёяд вафот ёфт.

Пеш аз ин ки Амр ибни Ос ба Искандария бирасад, тирандозони моҳири румӣ барои дифоъ аз шаҳр дар бурҷ ва бораҳо ҷойгир гардиданд. Гарчи Амр ибни Ос метавонист шаҳрро дар муҳосира гирад, вале чун шаҳр аз роҳи баҳр ба кишвари Рум ва дигар мамолики ҷаҳон роҳ дошт, мардум метавонистанд солҳо дар шаҳрашон бимонанд ва дар тангнои зинадагӣ набошанд. Муҳосираи мусалмонон ҷуз қатъи тиҷорат ва равобити онҳо бо дигар нуқоти Миср зараре барои онон ба бор нахоҳад овард.

Амр ибни Ос ин шаҳрро, ки ҷуз бо нусрат ва мадади ғайбии илоҳӣ ҳеҷ умеде барои фатҳи он надошт, ба муҳосира гирифт. Қибтиён, ки дар асари бадрафтории румиён, ки бо онон дилхушие надоштанд, ба кӯмаки мусалмонон шитофтанд ва онҳоро аз ҷиҳати озуқа барои афрод ва алаф барои ҳайвонот ва ба таври куллӣ барои тамоми чизҳое, ки бадон ниёз доштанд, таъмин карданд.

Вале мусалмонон ба ҳадди кофӣ абзори сангини ҷангӣ надоштанд, ки битавонанд ҳисори маҳками шаҳрро хароб кунанд. Румиён бо ҷанги абзорҳои партобкунанда, ки дар бурҷҳои ҳисор ба кор гирифта буданд, ба тарафи мусалмонон тирандозӣ мекарданд ва намегузоштанд ба шаҳр наздик шаванд, Бинобар ин ба ҷои ин ки ҷабҳаи мусалмонон монанди ҷойҳои дигар ҷабҳаи ҳамла ва ҳуҷум дошта бошад, ҷанбаи дифоъ ба худ гирифт, вале ба хубӣ муваффақ шуданд, ки ҳуҷумҳои румиёнро дафъ кунанд.

Чун ин вазъ чаҳор моҳ тӯл кашид ва мусалмонон дар корашон ҳеҷ гуна пешрафте накарданд ва ин амр бар хилофи умеди ҳазрати Умар (р) буд, ки дар Мадина бесаброна интизори хабари фатҳи ин шаҳри муҳим буд, ӯ дилтанг шуд ва пиндошт, ки шояд афроди лашкараш аз Худо ғофил шуда ва ихтилоф ва фасоде дар онҳо роҳ ёфта, ки Худои азза ва ҷалл онҳоро ёрӣ намекунад то дар корашон тавфиқ ёбанд. Ӯ номае ба ин мазмун ба Амр ибни Ос нигошт:

-Хеле тааҷҷуб мекунам, ки фатҳи Искандария то ин муддат барои шумо ба таъхир афтода аст. Сабаби ин амр аз он аст, ки дар ҳолати рӯҳонии лашкар тағйире рух дода аст. Шумо низ монанди душман дил ба дунё бастаед. Бидон ки Худованди таборак ва таъоло ба ҳеҷ қавме нусрат ва пирӯзӣ намедиҳад магар он ки қалбҳояшон тоҳир ва нияташон дуруст бошад. Ба маҳзи ин ки ин нома ба ту расид, барои лашкарат суханронӣ кун ва онҳоро барои фидокорӣ дар ҷанг таҳрик ва ташвиқ барои ҳусни ният ва сабру субот дар майдони ҷанг тарғиб кун ва он чаҳор нафарро, ки қаблан ба кӯмакат фиристодам ва гуфтам ҳар як аз онҳо ба манзалаи ҳазор нафаранд дар пеши сафҳои мусалмонон қарор диҳед ва ҳама бо ҳам якпорча ба сӯи дарвозаҳои шаҳр ҳуҷум баред. Ин ҳамла баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа бошад, чунки дар ин вақт Худо дуъои бандагонашро иҷобат мекунад ва раҳматашро бар бандагони мухлис ва некукораш фуруд мерезад. Мардум дар ҳоле ки дил ба Худо бастаанд аз ӯ бихоҳанд, то онҳоро бар душман пирӯз фармояд. Дар ин ҳолати рӯҳонӣ бар душман ҳамла кунед.

Тавре ки Зайни Даҳлон дар «Футуҳоти маккия» навишта аст, дар ҳамин ҳангом Ҳеракл дар Рум вафот ёфт. Ин садама то он ҷо боиси ғам ва андӯҳи шадиди лашкари Рум дар Искандария гардид, ки онҳоро дар корашон суст ва ноумед гардонид. Раиси яке аз дарвозаҳои шаҳр вориди музокира бо Амр ибни Ос шуд. Ба ин сон ситораи бахти Амр дар осмони орзуяш дурахшид ва ҳамон тавр, ки ҳазрати Умар (р) дастур дода буд амал кард. Парчами набардро дар ин ҳамлаи муҳим табаррукан ба дасти Убода ибни Сомити Ансорӣ — саҳобаи бузурги Расулу-л-лоҳ (с) супурд, Худованд ба мусалмонон мадади маънавӣ иноят фармуд. Бо як ҳамлаи шадиди ҳамагонӣ бо додани 45 нафар талафоти ҷонӣ ҳисори шаҳрро шикастанд ва ба пирӯзи расиданд. Шаҳри Искандарияро пас аз чанд моҳи муҳосира тасхир ва марокизи низомии онро тасарруф ва лашкари Румро халъи силоҳ карданд.

Амр ибни Ос қосиде ба номи Муъовия ибни Хадиҷ ба Мадина фиристод, то фатҳи Искандарияро ба ҳазрати Умар (р), ки дар интизораш буд, башорат диҳад. Умар (р) аз шунидани ин мужда ба унвони шукри Худо сар ба саҷда ниҳод.

Бо тасаллут бар Искандария дасти давлати Рум аз хоки Миср ба куллӣ қатъ гардид ва мусалмонон бар саросари Миср тасаллут ёфтанд.

Амр ибни Ос бо тасаллут бар Фаластин махсусан фатҳи шаҳри бузурги Қудс, ки дар асари амалиёти низомии ӯ таслим гардид ва низ бо тасхири хоки Миср махсусан фатҳи бандари мустаҳками Искандария, қудрат ва маҳорати низомии худро дар сафаҳоти таърихии ислом сабт кард.

Китобхонаи Искандария

Дар хотимаи фатҳи Искандария лозим медонем ба баҳс дар бораи китобхонаи машҳури Искандария бипардозем. Муаррихони қарнҳои аввали ислом то шаш қарн, яъне то шашсад сол баъд аз таърихи фатҳи Искандария чӣ муаррихони мусалмон ва чӣ бегона бо он ки дар бораи фатҳи ин шаҳр ба тафсил сухан гуфтаанд на зикре аз вуҷуди китобхона дар он замон кардаанд ва на аз оташ заданаш ба дасти Амр ибни Ос -фотеҳи Искандария ҳарфе задаанд.

Аввалин касе, ки тӯҳмат зада ва гуфта аст:

«Амр ибни Ос пас аз фатҳи Искандария китобхонаи бузургашро ба фармони ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р) оташ зад», Абдулатифи Бағдодӣ аст, ки ин матлаб дар китобаш ба номи «Ифода ва Эътибор» зикр карда аст. Ҳеҷ касе аз таърихнависони қабл аз ӯ дар чандин қарни гузашта чизе аз ин бобат нагуфта ва нанавишта аст, ҳатто муаррихини ғайри мусалмон ҳам ишорае ба ин матлаб накардаанд. Ҳол он ки агар чунин ҳодисае буд бо обу тобе онро менавиштанд.

Шакке нест, ки худи Абдулатифи Бағдодӣ дар таърихи фатҳи Искандария, ки дар соли 21-уми ҳиҷрӣ (642 мелодӣ) буда ба дунё наомада, то гуфта шавад он чи худаш шахсан дар ҳангоми фатҳи Искандария ба чашм дида дар китобаш ба қалам оварда аст. Зеро ӯ дар соли 1231 мелодӣ, яъне 589 сол баъд аз фатҳи Искандария аз модараш мутаввалид гардида аст.

Пас бояд ин матлабро дар таърихи тадвиншудаи собиқин биёбад, то бинависад. Ҳол он ки қабл аз ӯ онро нагуфта ва дар ҳеҷ таърихе қаблан зикр нашуда аст. Бағдодӣ ҳам дар китобаш ба ҳеҷ китоби таърихӣ истинод накарда аст. Бинобар ин, мусалламан, чизе аз пеши худ гуфта ва гуфтааш арзиши таърихӣ надорад ва қобили эътибор ва эътино нест.

Ба ин ҷиҳат аст, ки порае аз донишмандони Ғарб монанди Гибун, Путлар, Садю, Густов Лубун ва амсоли онҳо ин матлабро бо зикри далел рад кардаанд ва Амр ибни Ос ва Умар ибни Хаттоб (р)-ро аз ин тӯҳмат пок доштаанд.

Ҳар гоҳ таваҷҷӯҳ кунем, ки Абдуллатифи Бағдодӣ мегӯяд:

«Китобҳои китобхонаи мазбурро шаш моҳи пай дар пай зери хазонаи ҳаммомҳои Искандария, ки чаҳор ҳазор ҳаммом дошта ба ҷои ҳезум барои гарм кардани оби хазонаҳо месӯзонданд», он вақт аст, ки хуб пай мебарем достони сӯзондани китобхонаи Искандария чи қадар беасос аст ва ҷуз дурӯғ чизе нест. Магар шаҳри Искандария чи қадар бузург буд ва чи қадар сокин дошта, ки ниёз ба чаҳор ҳазор ҳаммом дошта бошад? Оё магар китобҳои китобхона, то чи ҳад зиёд будаанд, ки то шаш моҳи дароз шабу рӯз оташи чаҳор ҳазор ҳаммомро афрухта ва оби хазонаҳои чаҳор ҳазор ҳаммомро гарм кунад? Субҳоналлоҳ.

Бинобар ин ё дар ҳангоми ҳамлаи мусалмонон ба Искандария китобхонае, ки китоб дошта бошад аслан вуҷуд надошта ё агар мавҷуд буда, румиҳо, ки вазъи худро дар хатар дидаанд, қабл аз ин ки шаҳр ба дасти мусалмонон афтад, китобҳои онро аз роҳи баҳр ба пойтахти Рум интиқол додаанд.

Ҳамчунин оташ задани китобхонаи Эрон ба дасти фотеҳини ислом чунон ки муҳаққиқон гуфтаанд афсонаест мавҳум, чунки дар ҳеҷ як аз манбаи муътабари саддаҳои аввали ислом зикре аз ин амр дида намешавад. Муаррихони маъруфи Ғарб, ки бо бетарафӣ ва дур аз таасуб ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ ва бо диққат онро баррасӣ кардаанд, таъкиди сареҳ кардаанд, ки ин матлаб ҷуз дурӯғ ва буҳтон чизе беш нест. Дуктур Мокс Мерҳуф — исломшинос ва шарқшиноси маъруф дар китоби худ бо номи «Мероси ислом» мегӯяд:

«Марокизе барои таҳсили илм дар қисматҳои мухталифи Эрон буд, ки пас аз тасаллути мусалмонон бар Эрон даст нахӯрда боқӣ монданд ва ҳатто Ҷанди Шопур яке аз марокизи илмии императори ислом гардид» («Мероси ислом» саҳ. 103).

Бинобар ин тӯҳмате, ки баъзе аз ноогоҳон дар боби оташ задани китобхонаи Искандария ба мусалмонон мезанад ҳеҷ гуна мадраки таърихи надорад ва ҷуз буҳтон чизи дигаре нест.

Дар таърих мехонем, ки румиҳо дар соли 70-уми мелодӣ ба шаҳри Байту-л-муқаддас, ки дар он замон шаҳри мазҳаби яҳудиён буд, тасаллут ёфтанд. Кутуби динии ононро барои таҳқир лагадмол карданд ва пас аз он ҳамаи китобҳоро дар Масҷиду-л-ақсо — ибодатгоҳи бузургашон оташ заданд ва сӯзониданд. Худи масҷидро низ ба оташ кашиданд.

Ҳамчунин масеҳиён дар кашмакашҳои динӣ, ки бар зидди яҳудиён дар Андалус (Испания) ба роҳ андохтанд, тамоми кутуби динии онҳоро тӯъмаи оташ сохтанд ва аз байн бурданд.

Чунон ки дар ин китоб навиштаем мусалмонон бар Эрон, Сурия, Фаластин, Урдун ва Миср тасалут ёфтанд, вале дар ҳеҷ таърихе ҳатто таърихи ҳамин мардуме, ки мамлакаташонро аз даст доданд дида намешавад, ки мусалмонон ба кутуби динии онон таҳқир кардаанд ва онро аз байн бурдаанд ё биноҳои динии онҳоро хароб ё оташ задаанд. Ҳол он ки мусалмонон барандаи ливои дини ислом буданд. Яке аз асбоби набардашон таблиғи дини ислом ва даъвати мардум ба сӯи ин дин буд. Зоҳиран мебоист кутуби динии дигаронро аз байн бибаранд ва маобидашонро хароб кунанд, вале на танҳо даст ба чунин коре назаданд, балки баракс ба маъбадҳояшон эҳтиром мегузоранд, ки ҳазрати Умар (р) пас аз фатҳи ҳамин шаҳри Байту-л-муқаддас, ки румиён чунин ва чунонаш карданд, дар калисои бузурги Қиёмат намоз нахонд, он ҳам ба ин далел, ки мабодо мусалмонон дар оянда бадин иллат, ки халифа дар он намоз хонда, онро аз дасти масеҳиён бигиранд ва табдил ба масҷид намоянд.

Дар ҷанги Хайбар, ки дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) ва ба роҳбарии он ҳазрат воқеъ шуд, чанд ҷилди таврот, ғанимат ба дасти мусалмонон афтод. Яҳудиён пас аз поёни ҷанг аз ҳазрати Расул (с) тақозо карданд, то муҷалладоти тавротро ба онҳо бигузоранд. Он ҳазрат низ амр фармуд, то ба онҳо баргардонида шавад.

Мардуме, ки бо кутуб ва биноҳои дини дигарон чунин хуб рафтор мекарданд, оё имкон дорад, ки дигар китобҳои онҳоро аз қабили китоби фалсафа ва фалак ва ғайра, ки аслан мухолифи дини ислом нестанд, оташ бизананд? Ҳаргиз.

Мусалламан, душманони ислом хостаанд бо бофтани чунин достони дурӯғин мусалмононро бад ҷилва диҳанд, вале ин таърихи саҳеҳ аст, ки мушти маҳкаме бар даҳонашон мезанад.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *