Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Арзёбии набард ва баррасии ихлос ва фидокории сипоҳи ислом

Муҳимтарин ва хатарноктарин ҷангҳои исломӣ дар Шом ҳамин ҷанги Ярмук буд, ки сарнавишти муслиминро барои пешрафти баъдӣ ва сарнавишти душманро барои шикастҳои баъдӣ ва суқути тамоми Шом ва Фаластин ба дасти мусалмонон таъин намуд. Роҳро барои футуҳоти пайдарпайи дигар барои мусалмонон осон кард ва императори (рум) ва сардоронашро аз ҳар гуна муваффақияте дар муқобили арабҳо барои ҳамеша маъюс ва ноумед сохт. Чунон ки таърихҳо мегӯянд, Икрима дар ҷанги Ярмук хеле бебокона меҷангид. Дар ҷанг чеҳра ва синааш ҷароҳат бардошт. Баъзе ба ӯ гуфтанд бар худ ирфоқ (раҳм) намояд ва бо эҳтиёт биҷангад, вале аз ҷавобе, ки дод маълум мешавад, муҳаррики ӯ дар ин ҷанг камоли имон буда ва наметавониста ҷуз инчунин бошад, зеро ҷавоб дод: «Ман ва падарам аз душманони сарсахти Расулу-л-лоҳ (с) будем. Барои бутҳои Лот ва Уззо фидокорӣ менамудем ва бо расули Худо меҷангидем. Акнун чи гуна метавонам хештанро аз Худо ва расулаш дареғ дорам? На, ба Худо қасам ҳаргиз».

Байҳақӣ низ дар ривояти худ мегӯяд: «Чун Холид (р) дид, ки Икрима (р) пиёда бо душман меҷангад, ӯро хост ва гуфт: Дар корат эҳтиёт кун, зеро кушта шудани ту барои мусалмонон хеле гарон мешавад. Икрима (р) ҷавоб дод: Эй Холид! Маро ба ҳоли худ вогузор. Ту назди Расулу-л-лоҳ (с) ҳусни собиқае дорӣ, ки ман надорам. Ман дар замоне аз сахттарин душманони Расулу-л-лоҳ (с) будам (мехоҳам бо иқдоми ҷасуронаи худ ҷуброни гузашта намуда, барои ризои Худо ва расулаш дар пешрафти дини Худо ва тақвияти давлати ислом фидокорӣ намоям то ба савоби ухравӣ даст ёбам».

Икрима (р) ба ҳамин тариқ мардона ва собитқадам меҷангид ва пай дар пай монанди балои осмонӣ бар сари душман фуруд меомад ва онҳоро дар даҳонаи марг меафканд, то он ки дар асари заработи зиёд, чунон ки худаш мехост ва орзӯяшро дошт, дар роҳи Худо ба шаҳодат расид.

Барои он ки аз мизони ихлос ва муҳаббат ва исори (аз худгузаштагон) муслимиини садри ислом мутталеъ бошем то иллат ва сирри пешрафти босуръати онҳоро бидонем, ба ин воқеае, ки дар ҷанги Ярмук воқеъ шуда буд, таваҷҷӯҳ мекунем.

“Алфутуҳоту-л-исломия” аз Ҳузайқату-л-адавӣ ривоят карда, ки мегӯяд:

-Пас аз хотимаи ҷанги Ярмук зарфи оберо ба даст гирифта рафтам, то писари амуямро, ки дар байни маҷрӯҳон дар майдони ҷанг афтода буд, пайдо кунам ва ба ӯ об диҳам. Вақте ӯро пайдо кардам, ки мушриф бар мавт ва дар ҳоли назъ (ҷондиҳӣ) буд.

Гуфтам:

— Мехоҳӣ ба ту об диҳам? Бо ишора гуфт:

— Бале, иттифоқан дар ин ҳангом садои нолае ба гӯшаш расид. Аз ин хотир ишора кард, то обро ба он касе диҳам, ки нола мекунад. Дидам он кас, ки нола мекунад, Ҳишом ибни Ос аст. Иттифоқан, ӯ ҳам дар ҳамин вақт садои нолаи дигаре шунид ва аз қабули об худдорӣ намуд ва ишора кард:

-Обро ба касе бирасонам,ки нола мекунад. Рафтам то ба ӯ бидиҳам, вале то расидам, фавт карда буд. Аз ин рӯ баргаштам, то ба Ҳишом бирасонам. Дидам ӯ низ дар ҳамин фосила вафот ёфта аст. Рафтам то обро ба писари амуям бирасонам, дидам, ки ӯ низ фавт (вафот) карда аст, Худо раҳматашон кунад. Дар баъзе таърихҳо айни ин моҷаро нақл шудааст, ки мегӯянд: Ин се нафар маҷруҳон Икрима, Ҳорис ибни Ҳишом амаки Икрима ва Айёш ибни Рабиа бародари модарии Ҳорис ибни Ҳишом будаанд, вале ин ривоят саҳеҳ нест, зеро Икрима ва писараш Умарро пас аз хотимаи ҷанг дар охирин нафас ба назди Холид ибни Валид, ки дар хаймаи худ буд, оварданд. Холид аз диданашон дар ин ҳолат, хеле ғамгин гардид, зеро ин ду нафар аз ҷанговарон ва саворакорони варзида ва бетарс буданд. Холид сарашонро ба рӯи зонуи худ гузошт ва об дар даҳонашон рехт ва ҳар ду дар ҳамон ҷо ҷон супурданд ва рӯҳи покашон ба олами улвӣ парвоз намуд.

Барканории Холид аз аморати лашкар

Хондем, ки Холид пас аз вуруд ба Ярмук то як моҳ авзои он ҷоро баррасӣ ва дар фикри нақшаи ҷангии худ буд ва ҳеҷ гуна бархӯрди ҷиддӣ бо душман надошт. Дар ин асно ҳазрати Абубакр (р) дар Мадина вафот ёфта ва ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ба ҷои ӯ ба хилофат расид. Ҳазрати Умар (р) фардои он шабе, ки Абубакр (р) вафот ёфт, вафоти ӯро тавассути ғуломи худ Ярфо ва ҳамчунин барканории Холид ва насби Абуубайда ба ҷои ӯро ба василаи Маҳмия ибни Зайнам ва Шаддод ибни Ивси Ансорӣ дар номае ба Абуубайда иттилоъ дод.

Баъзе аз ривоятҳо инро мерасонад, ки фиристодагони ҳазрати Умар (р), ки ҳомили ҳукми барканории Холид буданд, субҳи рӯзе, ки набарди Ярмук даргирифта буд ва мусалмонон ба шиддат саргарми ҷанг буданд, ба онҷо расиданд ва фармони Умар (р) -ро ба Абууайда таслим намуданд, вале Абуубайда ин фармонро то поёни ҷанг ва фатҳи комили мусалмонон назди худ нигоҳ дошт. Ҳамчунин вафоти Абубакр (р)-ро ба касе изҳор надошт ва ҳамин ки мусалмонон ба пирӯзии қатъӣ расиданд, мазмуни номаи ҳазрати Умар (р)-ро ба Холид иттилоъ дод ва мавзӯи онро ва хабари вафоти Абубакр (р)-ро ба лашкар эълон намуд. Аз ин пас фармондеҳии кулли лашкарро ба ҷои Холид ба ӯҳда гирифт.

Баъзе дигар мегӯянд Абуубайда мазмуни номаи ҳазрати Умар (р) -ро пас аз фатҳи Ярмук низ ҳамчунон назди худ махфӣ нигоҳ дошт ва камокон таҳти фармони Холид озими душман гардид. Ҳамин ки онҷо низ фатҳ ва ба тасарруфи комили мусалмонон даромад, хабари фавти Абубакр (р) ва фармони Умар (р)-ро дар бораи барканории Холид эълон намуд ва фармондеҳии кулли лашкари исломро ба ӯҳда гирифт.

Доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал донишманди мисрӣ дар китоби худ ба номи «Алфоруқ» мегӯяд: «Ба назари ман дурустар аз ҳамаи ривоятҳо ин аст, ки Абуубайда хабари барканории Холидро ба касе нагуфт ва чанд рӯз онро пинҳон намуд ва дар ин бора фикр кард, ки чи бояд кунад ва чи гуна онро ифшо намояд, дар ин асно хабари вафоти Абубакр (р) дар байни лашкар паҳн гардид ва хабардор шуданд, ки ҳазрати Умар (р) ба хилофат расида аст.»

Холид аз собиқае, ки байни ӯ ва ҳазрати Умар(р) вуҷуд дошт, эҳсос мекард, ки ӯро аз фармондеҳии кулли лашкар барканор хоҳад кард, аз ин хотир ин мазӯъро бо баъзе аз ашхоси боварии лашкар ва наздикони худ дар миён гузошт. Шояд бо Абуубайда ҳам дар ин бора музокира карда бошад ва Абуубайда дар ин фурсати муносиб фармони Умар (р) -ро ба ӯ иттилоъ дода бошад.

Ба ҳар ҳол, Холид тибқи фармони Умар(р) аз сарфармондеҳии лашкар барканор гардид, вале ӯ касе набуд, ки аз ин пешомад дилтанг шавад ва биранҷад. Ӯ барои ризои Худо ва нафъи мусалмонон кор мекард, на риёе дошт, на тафохуре мекард ва на баҳраи моддие ба нафъи хусусии худ бар медошт. Холид(р) пас аз ин бо майлу рағбат таҳти амри Абуубайда(р) кор мекард ва фармондеҳии яке аз гурӯҳои лашкарро ба ӯҳда гирифта буд ва анҷоми вазифа менамуд. Абуубайда (р) низ онгоҳ ки Абубакр (р) ӯро аз фармондеҳи кулли ҳамин лашкар маъзул ва Холид (р)-ро ба ҷояш гузошт, наранҷид ва бо хотири болида таҳти фармони Холид анҷоми вазифа намуд. Тибқи дастури Холид роҳбарии қисмати қалби лашкари мусалмононро дар Ярмук ба ӯҳда гирифт ва ба сифати як фармондеҳи ҷузъӣ кор кард.

Чун тағйири фармондеҳии кул аз Холид ба Абуубайда пас аз пирӯзии қотеъи мусалмонон сурат гирифт, дар низом ва нишоти лашкари ислом ҳеҷ гуна асари номатлубе ба бор наёвард ва чун пештара дилгарми кор буданд.

Холид чӣ касе буд ва чӣ гуна мусалмон шуд?

Ҷавоби саволи аввалро аз он чи ки то ин ҷо дар боби футуҳоташ дар Ироқ ва Шом хондем, ба дурустӣ дар меёбем, зеро дидем, ки чи гуна амири басир ва фармондеҳи донову забардасти ҷангӣ буд. Дар тамоми ҷангҳо ҷуз фатҳу пирӯзӣ надошт. Ҳатто дар ҷанги Уҳуд замоне, ки ҳанӯз мусалмон нашуда буд ва фармондеҳи гурӯҳи саворкорони Қурайшро ба ӯҳда дошт, ӯ буд ки моҳирона дар як фурсати муносиб аз пушти сар бар мусалмонон тохт ва саҳнаи ҷангро ки дар аввали кор ба наъфи мусалмонон буд ва тақрибан ба нафъи мусалмонон хотима ёфта буд, тағйир дод ва бар мусалмонон ғолиб гардид. Ӯ буд, ки тақрибан тамоми қисмати ҷанубии Фурот аз хоки Ироқро фатҳ кард. Ҳамчунин ӯ буд, ки тибқи нақшаи моҳиронае бар лашкари Рум дар Ярмук пирӯз гардид ва ба ин тарз роҳи пешрафтро барои бақияи футуҳот дар Шом ва Фаластин ҳамвор ва осон намуд.

Ҷавоби саволи дуввумро аз худи Холид (р) мешунавем, ки мегӯяд: «Ҳамин ки Худо хост маро ба саодат бирасонад, муҳаббати Расулу-л-лоҳ (с) ва рағбат ба дини исломро дар қалбам афканд.

Рӯзе ки Расулу-л-лоҳ (с) пас аз сулҳи Ҳудайбия барои анҷом додани умраи қазоӣ ба Макка омад, бародарам Валид, ки қаблан мусалмон шуда, ба Мадина ҳиҷрат карда буд, ҳамроҳи мусалмонон дар канори Расулу-л-лоҳ (с) ба Макка омада буд. Ӯ маро хост, вале ман он рӯз дар Макка набудам, аз ин хотир номае ба ин мазмун бароям навишт:

«Бисмилоҳир раҳмонир раҳим. Аммо баъд, ман хеле таъаҷҷуб мекунам, ки ту бо ин ақл ва маърифате, ки дорӣ, худро аз ислом дур медорӣ. Расулу-л-лоҳ(с) аз ман ҷӯёи ту шуд ва фамуд Холид куҷо аст? Ман арз кардам, ки Худо ӯро меоварад. Расулу-л-лоҳ (с) фармуд: Оё чунин шахсияте пай ба ҳақ намебарад? Эй бародарам! Акнун дарёб он чиро, ки то кунун аз даст додӣ».

Холид мегӯяд: Ҳамин ки номаи бародарам ба дастам расид беш аз пеш ба дини ислом моил шудам ва махсусан хушҳол шудам, ки Расулу-л-лоҳ (с) ҷӯёи ман шуда аст. Аз ин хотир тасмим гирифтам, ки аз Макка ба Мадина назди Расулу-л-лоҳ (с) равам. Хостам барои худ рафиқ ва ҳамсафар пайдо кунам. Аз ин хотир ин матлабро назди Сафвон ибни Умайя дар миён гузоштам. Ӯ пас аз андаке тафаккур ва андеша мувофиқат намуд. Қарор гузоштем дар ҷое ба номи «Яъҷаҷ», хориҷи шаҳри Макка мулоқот ва бо ҳам раҳсипори Мадина шавем. Итифоқан дар роҳи худ бо Амр ибни Ос бархурд кардем. Маълум шуд ки ӯ низ монанди мо ҳидоят ёфта, мехоҳад ба Мадина равад. Аз ин хотир ҳар се нафар бо ҳам ба роҳ афтодем. Дар моҳи сафари соли ҳаштуми ҳиҷрат ба Мадина расидем. Расулу-л-лоҳ (с) аз хабари вуруди мо хушҳол шуда буд ва дар интизори мо нишаста буд. Холид мегӯяд: -Пас аз вуруд ба Мадина назди Расулу-л-лоҳ (с) шитофтем. Ҳамин ки маро аз дур дид, ҳамчунон ба рӯям табассум ва лабханди шодмонӣ мезад, то бар ҳузураш машарраф шудам ва ба унвони набии Худо бар он ҳазрат салом намудам ва шаҳодат арз карда, гуфтам:

-Ашҳаду ан ло илоҳа илла-л-лоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулу-л-лоҳ.

Расулу-л-лоҳ (с) фармуд: Худоро меситоем, ки туро тавфиқ дод ва ба дини ислом роҳнамоӣ фармуд. Медонистам дар ту ақле аст, ки умедвор будам, туро ҷуз ба роҳи хайр набарад.

Холид арз мекунад: Аз гузаштаи худ ки алайҳи (зидди) Расулу-л-лоҳ (с) қиём ва бар зидди ислом иқдом намуда ва ба ҷанг пардохта, бимнок аст. Расулу-л-лоҳ (с) мефармояд: Дини ислом осори аъмол ва гуфтори бади ҳар касро, ки дар замони куфр аз ӯ сар зада аст, маҳв мекунад ва сипас мефармояд: Худоё барои Холид ибни Валид корҳоеро, ки бар зидди ислом анҷом додааст, бибахш». Чунон ки мебинем Холид дини исломро ба майлу рағбат қабул намуд ва чунон ки Расулу-л-лоҳ (с) фармуд:

«Ақле дошт, ки ӯро ба роҳи ҳақ кашонид».

Мусалмонон аз қудум ва исломи Холид басо хушҳол шуданд, зеро ӯро ба хубӣ мешинохтанд ва медонистанд, ки ӯ дар майдони ҷанг чи кас аст.

Холид пас аз исломи худ дар лашкаркашӣ барои фатҳи Макка дар канори Расулу-л-лоҳ (с) буд. Расулу-л-лоҳ (с) ӯро ба фармондеҳии қисмати майманаи лашкари ислом, ки аз афроди қабоили Аслам ва Музайна ва Ҷуҳайна ва дигарон ташкил ёфта буд ва ҷуз як фармондеҳи моҳир наметавонист онҳоро роҳбарӣ кунад, муфтахир фармуд ва парчами ифтихори ин қисматро ба дасти мубораки худ ба дасташ супурд.

Ҳамчунин Холид дар ҷанги Ҳунайн ва Тоиф ифтихори ҳузур дошт. Ӯ дар сафҳои мусалмонон бо гурӯҳе таҳти фармонаш бо душманони дин ҷангид ва чунон ки қаблан фаҳмидем ва баъдан дар ин китоб хоҳем дид, пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) бо камоли ихлос ва фидокорӣ дар роҳи ризои Худо барои нашри дини ислом ва набард бо душманон пардохт ва маҳорат, кордонӣ ва шуҷоату басираташ дар нақшакашӣ ва амалиёти ҷангӣ мавриди қабули дӯсту душман гардид. Ҳазрати Абубакр (р) ӯро хеле хуб шинохта буд ва яқин дошт, ки ӯ беҳтар аз ҳар кас метавонад аз ӯҳдаи лашкаркашӣ ва набард бо лашкари муқтадири Рум барояд. Ба ин ҷиҳат буд, ки фармондеҳии лашкари исломро дар Шом аз Абуубайда (р), ки гарчи марди ҷангӣ буд, ва маҳорат дошт, вале нармхӯ буд, ба Холид, ки дар худ шиддати амал дошт, вогузор намуд ва чунон ки хондем мусалмононро бо пирӯзӣ расонид. Лашкари Румро торумор намуд. Баъдан ҳам бо он ки ба фармони Умар (р) аз фармондеҳии кулли ҷабҳаи Шом барканор гардид, аслан дилсард нашуд ва камтарин танбалӣ ва сустӣ дар ӯ роҳ наёфт. Дар ҷангҳои баъдии Шом таҳти фармони Абуубайда (р) ба симати (сифати) як фармондеҳи ҷузъ фидокорӣ намуда, меҷангид ва пешравӣ мекард. Дар ин ҳол боз ҳам мусалмонон аз ӯ бениёз набуданд ва аз раъй (фикр) ва назараш истифода мекарданд ва дар мушкилоти ҷангӣ, ки пеш меомад, назарашро мехостанд ва он чи назар медод ба кор мебастанд ва хайр медиданд. Ҳатто худи Абуубайда (р) ҳам бо он ки фармондеҳи кулли қувваҳои ҷабҳа буд, дар умури муҳимме, ки рух медод, бо ӯ машварат менамуд ва ба он чи раъй медод, амал мекард.

Оре, Холид пас аз ин ҳам ба пешравии худ дар хоки душман идома дод то он ки ба шаҳри муҳим Қансирин аз тавобеъи Ҳалаб расид ва чун хабари рашодат ва шаҳомат ва пешравии Холид ба ҳазрати Умар(р) расид, таҳсинкунон фармуд: «Худо раҳмат кунад Абубакрро, Ӯ беҳтар аз ман мардумро мешинохт.»

Холид дар соли 22-юми ҳиҷрӣ дар шаҳри Ҳалаб шаҳре, ки худаш қаблан фатҳ карда буд вафот ёфт ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд. Акнун қабраш дар он ҷо маъруф аст ва мардум онро зиёрат мекунанд.

Холид дар бемории маргаш мегуфт:

«Дар хеле аз майдонҳои ҷанг, ҷангидам. Дар баданам як ваҷаб (ҷое) нест, ки асаре аз зарбати шамшер ё пайи найзае надошта бошад ва инак бар рӯи бистар дар хона мемирам. Вой бар буздилоне, ки аз майдони ҷанг гурезонанд ва аз марг тарсон». Холид пеш аз маргаш васият кард, ки тамоми аслиҳа ва аспашро ба халифаи мусалмонон ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) бидиҳанд ва доданд.

Гуфтем лашкари ислом дар Ярмук таҳти фармондеҳии Холид ба пирӯзӣ расид ва сипоҳи Румро торумор намуд ва онҳоро то шаҳри Димишқ таъқиб намуд. Бозмондагони онҳо ба шаҳри Димишқ паноҳ бурданд ва мутаҳасин (қалъанишин) гардиданд ва Холид ба фармони Умар ибни Хаттоб (р) аз фармондеҳии лашкар барканор ва Абуубайда ба ҷои ӯ мансуб гардид.

Пас мо акнун лашкари исломро дар ҳамин ҳоли нишотангезашон дар ин ҷо ба ҷой мегузорем то муҷаддадан дар шарҳи таърихи ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р) халифаи дуввум боз ба ин ҷо баргардем ва футуҳоти дурахшони баъдии онҳоро ба қалам оварем ва ба иттилои хонандагони азиз бирасонем.

Пас ҳоло меравем ба баҳс дар мазӯи аслии худ, яъне идомаи шарҳи таърихи ҳазрати Абубакр, ки футуҳоташ дар ҳамин ҷо хатм мегардад.

Хилофати ҳазрати Абубакр (р)

Дар ҳамон рӯзе, ки ҳазрати Расулу-л-лоҳ вафот ёфт, ҷамоате аз ансор яъне мусалмонони аҳли Мадина аз ду тоифаи Авс ва Хазраҷ дар маҳаллаи хазраҷиҳо ба номи Сақифаи бани Соида Сақифа ҷойгоҳ ва макони сарпӯшидаеро мегуфтанд, ки мардуми қадим дар маҳаллаи худ месохтанд ва дар лаҳзаҳои даркорӣ он ҷо ҷамъ мешуданд ва дар корҳои муҳим ва мушкилоти ҳамагонӣ бо якдигар гуфтугӯ ва мақсадгузорӣ мекарданд. иҷтимоъ намуданд, то аз миёни худашон яъне ансор халифае барои мусалмонон баргузинанд.

Саъд ибни Убода раиси тоифаи Хазраҷ дар байни онҳо ба по меистад ва мегӯяд: «Эй ҷамоати ансор, дар дини ислом собиқа ва фазилате доред ки ҳеҷ қабилаи дигаре, надорад. Худои азза ва ҷал бо шамшерҳои шумо барои паёмбараш заминро аз хуни душманон рангин сохт. Қабилаҳои араб ба василаи шамшерҳои шумо барои паёмбараш гардан ниҳоданд. Худо ӯро дар ҳоле аз миёни шумо гирифт ва ба назди худ фаро хонд, ки аз шумо розӣ ва хушнуд ва чашми муборакаш ба шумо рӯшан буд (яъне аз шумо хурсанд буд). Пас ин амр (хилофат)-ро сахт ба даст бигиред, чунки ин ҳақ ба шумо беш аз дигарон мерасад ва шумо нисбат ба ин амр беҳтар аз дигаронед.»

Гӯё хутбаи Саъд дар қулуби ансор ба хубӣ таъсир менамояд, зеро он чи аз авсофи онҳо дар хутбаи худ гуфта буд, ҳақиқат дошт, вале бояд фаҳмид, ки он чи ба он тасреҳ карда буд, наметавонист онҳоро нисбат ба бадаст овардани мақоми хилофат аз дигарон беҳтар бидонад, зеро хилофат амре аст сиёсӣ ва гарчи бо авсофе, ки гуфта буд, мубойанат (ҷудост носозгорӣ) надорад, вале лозимаи он нест. Ба ҳар ҷиҳат, ансор пас аз ин хутбаи ҳаяҷоновар, мехостанд Саъдро ба хилофат баргузинанд то бо ӯ байъат кунанд. Агар Абубакр, Умар ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) аз моҷаро иттилоъ намеёфтанд ё андаке дертар ба он ҷо мерасиданд, мардум бо ӯ байъат мекарданд ва кори хилофат яксара мешуд ва чунон, ки баъдан баён мешавад, оқибати бисёр хатарноке ба бор меовард, зеро қабоили араб ҷуз сарварӣ ва аморати Қурайшро намепазируфтанд ва аз ҳамин ҷо ихтилофи калима пайдо ва натиҷаи кор ба низоъи дохилӣ мекашид. Чун Абубакр, Умар ва Абуубайда (р) аз иҷтимои ансор ва мақсудашон аз ин иҷтимоъ хабар ёфтанд, бедаранг ба назди онҳо шитофтанд ва ҳамин ки ба онҷо расиданд, Абубакр (р) дар байни онҳо ба по хост ва матолиберо гуфт, ки ҳадафи тамоми муҳоҷирон буд:

«Албатта, Худои азза ва ҷал Муҳаммадро барои роҳнамоӣ ва таблиғи дини ҳақ ба рисолат барангехт. Ӯ мардумро ба сӯи дини ислом даъват фармуд. Худо рӯйҳо ва дилҳои моро ба сӯи он чи ки даъват фармуд ҷалб сохт ва мо ҷамоати муҳоҷирон аввалин касоне будем, ки дини Худоро пазируфтем. Тамоми мардум баъд аз мо мусалмон шуданд. Мо хешони Расулу-л-лоҳ (с) ҳастем ва илова бар ин аз ҳайси бисёрии насаб то он чо бартарем, ки ҳеҷ қабилае аз қабоили араб нест, магар ин ки барои Қурайш дар онҳо фарзанде мутаваллид гардид (яъне бо тамоми қабоили араб пайванди хешӣ ва қавмият дорем). Ростӣ қавм ва қабоили араб аморат ва хилофатро нахоҳанд шинохт ва қабул нахоҳанд кард, ҷуз барои ин ҷамоат (Қурайш). Шумо ҷамоати ансор ба Худо қасам он касоне ҳастед, ки муҳоҷиронро (дар шаҳри худ ва дар хонаҳои худ) ҷой додед ва расули Худоро дар паноҳи худ гирифта ёрӣ кардед. Дар пешрафти дини Худои азза ва ҷал дар ғаму шодӣ ҳамкор ва шарики мо будед. Пас, шумо маҳбубтарин ва гиромитарин мардум ҳастед ва месазад, ки ба қазо ва қадари Худо ва таслим дар баробари амри Худо ва низ дар он чи ки Худо ба шумо ва бародарони муҳоҷиратон дода аст, розӣ шавед. Ҳасад наварзед. Шумо касоне ҳастед, ки аз худ гузаштед ва дигаронро дар ҳангоми зарурат ва эҳтиёҷ бар худ авлотар доштед. Ба Худо қасам, шумо ҳамеша бародарони муҳоҷиратонро нисбат ба дороии худ мақаддам медоштед. Пас беҳтар месазад, ки ихтилоф дар ин амр аз дасти шумо сар назанад ва аз ҳасодат нисбат ба амри хайре, ки Худо ба онҳо дода аст, дур шавед. Мо муҳоҷирон амирон хоҳем буд ва шумо ансор вазирони мо. Ҳеҷ машварате бидуни дахолати шумо сурат нахоҳад гирифт ва ҳеҷ амре бидуни ширкати шумо анҷом нахоҳад ёфт. Аз шумо мехоҳам, то бо Абуубайда ё Умар ибни Хаттоб (р) байъат кунед, чунки ҳар як аз онҳо аҳлияти ин корро доранд.»

Хутбаи Абубакр, ки ҳам ҳақиқат дошт ва ҳам бо меҳрубонӣ ва мулотифат (лутф) баён намуд ва ҳам ҳуқуқи муҳоҷирон ва авлавияти онҳоро барои хилофат тавзеҳ дод ва ҳам ҳаққи маънавӣ ва авсофи ансорро ҳифз намуд ва онҳоро ба вазорат дар хилофат пазируфт, қулуби ансорро нарм ва онҳоро хеле таҳти таъсир қарор дод. Гӯё дар тоифаи Хазраҷ беш аз Авс муассир шуда, зеро Қайс ибни Саъид яке аз сарваронашон фавран бархоста мегӯяд: «Эй ҷамоати ансор, агар мо аҳли фазилат ва набард ва собиқаи неку дар ин дин будем, ба Худо қасам ҷуз ризои Худо ва итоати набии хеш чизе нахостем, пас барои мо намесазад, ки худро аз ин ҷиҳат бар мардум бартар бидонем, мо аз ин бобат толиби матоъ ва мансаби дунявӣ нестем, чунки Худо бар мо миннат дорад (ки моро муваффақ фармуд). Бидонед, ки Муҳаммад (с) аз Қурайш аст ва қавмаш ба ин амр (хилофат) ҳақтар ва беҳтаранд. Ба Худо қасам, Худо ҳаргиз маро нахоҳад дид, ки дар ин амр бо онҳо низоъ ва кашмакаш кунам. Аз Худо битарсед ва бо онҳо низоъ ва мухилофат накунед».

Дар ин асно тоифаи Авс, ки гӯё барои худ эҳсоси хатар мекарданд ба якдигар гуфтанд: «Ҳаргоҳ касе аз қабилаи Хазраҷ ҳарчанд як бор ба хилофат бирасад барои онҳо ин фазилат ва ифтихор то абад барқарор хоҳанд монд ва ҳаргиз шуморо дар корашон шарик нахоҳанд кард. Бархезед ва бо Абубакр (р) байъат кунед».

Ҳазрати Умар (р) дар ҷавоби Абубакр (р) ки дар охири хутбаи худ фармуд, бо Абуубайда ё Умар, ки ҳар ду аҳлият доранд, байъат кунед, гуфт:

-Паноҳ мебарам ба Худо аз ин ки чунин шавад (яъне, яке аз ду нафари мо халифа шавад) ва ҳоло он ки ту бо ин фазоили барҷаста дар байни мо бошӣ. Ту ба ин амр аз мо ҳақтарӣ. Чунки аз мо (ҳамаи мардум) зудтар ба дӯстӣ бо Расулу-л-лоҳ (с) мушарраф шудӣ ва аз ҳайси базли (сарфи) мол дар роҳи дини Худо аз мо беҳтар ва бартарӣ. Ту дар байни муҳоҷирон беҳтарин ҳастӣ ва аз ду нафаре, ки дар сафари ҳиҷрат дар ғор буданд, ту нафари дуввум ҳасти. Туи ки барои имомати намоз ҷойгузини Расулу-л-лоҳ (с) шудӣ. Намоз беҳтарин аркони дини ислом аст. Пас бо ин васф чи касеро месазад, ки аз ту пештар шавад. Ту бояд ҷонишини Расулу-л-лоҳ (с) шавӣ, пас мо бо беҳтарин касе, ки Расулу-л-лоҳ (с) ӯро аз миёни ҳамаи мо бештар дӯст медошт, байъат мекунем. Дастатро бидеҳ то бо ту байъат кунам.»

Аз хутбаи Қайс (р) ва хутбаи ҳазрати Умар (р) мефаҳмем, ки замина барои байъат (аҳд) бо Абубакр (р) ба хубӣ фароҳам ва мавриди мувофиқати ин ҷамъият, ки ҷанбаи шӯро дошт, воқеъ гардида аст, зеро бузургони ҳар ду тоифаи ансор аз Авс ва Хазраҷ (ба ҷуз Саъд ибни Убода) ба далелҳои Абубакр(р) қонеъ шуданд, вале баъзе аз ҷавонони мутаассиби Хазраҷ, ки дар ақаллият буданд, қабл аз анҷом ёфтани байъат ба мухилофат бархоста, мехостанд хилофат дар тоифаи худашон бошад. Аз ин саббаб ҷанҷол ва низоъ ба роҳ андохтанд ва кор ба ҷое расид ки Ҳаббоб ибни Мунзири хазраҷӣ дар он маҷлис шамшер кашид ва агар фавран шамшерро аз дасташ намегирифтанд ва касе аз ҳозирон маҷрӯҳ мегардид, балво ва фитнае рух медод, ки бадии оқибаташро ҷуз Худо касе намедонист, ки чи гуна ва ба куҷо мекашид. Хулоса лаҳзаи хеле буҳронӣ ва хатарнок падид омад, ки мумкин буд иттиҳод ва ягонагии мусалмонон, ки Расулу-л-лоҳ (с) дар миёни онҳо ба вуҷуд оварда буд ва онҳоро бародари ҳам карда буд, барҳам хурад ва дар натиҷа ҳастии дини ислом, ки душманон дар каминаш буданд, дар хатар афтад.

Ҳазрати Умар(р) ин доҳии бузурги иҷтимоӣ ва ин нобиғаи сиёсии ислом дарёфт, ки фитнаи бузурге дар шарафи таквин ва пайдоиш аст ва ҷуз бо хотима додан ба амри хилофат ва қарор гирифтани мардум дар муқобили амри анҷомёфта, ҳеҷ илоҷе надорад. Ӯ фаҳмид, ки аксарият ба иттифоқи ҳозирон дар Сақифа, моил ба байъат бо Абубакр (р) ҳастанд. Аз ин хотир ҳар гуна фурсатеро аз дасти фитна ва ошӯб гирифт ва хитоб ба Абубакр (р) карда, гуфт:

«Дастатро бидеҳ, то бо ту байъат кунам».

Ҳазрати Умар (р) ба дин сон даст ба дасти Абубакр (р) дод ва ба унвони хилофат бо ӯ байъат фармуд. Пас аз ӯ мардум ба Абубакр (р) рӯй оварда яке пас аз дигаре бо ӯ байъат карданд.

Фардои ин рӯз низ ҳазрати Абубакр (р) барои байъати умумии мардум дар масҷиди Расулу-л-лоҳ (с) ва бар минбари Расулу-л-лоҳ (с) нишаст. Аммо қабл аз ин ки шурӯъ ба суханрони намояд, ҳазрати Умар (р) дар паҳлӯи минбар истод ва пас аз ҳамди Худо чунин гуфт: «Албатта Худо умури шуморо ба касе вогузор намуд, ки беҳтарини шумо ва рафиқи Расулу-л-лоҳ (с) ва шахси дуввум аз ду нафар аст, ки дар ғор буданд, пас бархезед ва бо ӯ байъат кунед.

Онгоҳ мардум ба тарафи минбар шитофта бо майлу рағбати комил бо ҳазрати Абубакр (р) байъат намуданд. Бо ин байъати умумие, ки пас аз байъати аҳли шӯро дар Сақифа анҷом гирифт, хилофати Абубакр (р) мавриди мувофиқат ва дастгирии аксарияти онон ва иттифоқи уммати Муҳаммад (с) иборат аз муҳоҷирон ва ансор қарор гирифта ва ӯ ба унвони халифаи аввали Расулу-л-лоҳ (с) зимоми ҳукумати исломиро ба даст гирифт, ба тавре, ки дар ин китоб хоҳем дид чи баракате барои мусалмонон ва дини ислом дар бар дошт.

Аввалин хутбаи халифаи мусалмонон пас аз интихоб

Ҳазрати Абубакр (р) пас аз ин байъат, ки каме қабл аз вақти зуҳр (пешин) хотима ёфт, рӯи минбари Расулу-л-лоҳ (с) ба по истод ва пас аз ин ки Худоро ситоиш кард ва паёмбарашро сутуд, чунин гуфт: «Эй мардум, ростӣ ман акнун ҳукмфармоӣ шумо шудам, вале намехоҳам аз ин ҷиҳат, ки ҳукмфармо ҳастам, худро беҳтар аз шумо бидонам. Пас ҳаргоҳ дар анҷоми корҳоятон хуб кор кардам, маро ёрӣ кунед ва ҳаргоҳ бад кор кардам, маро ба роҳи рост роҳнамоӣ кунед. Ростӣ амонат аст (бояд онро риоят кард) дурӯғ хиёнат аст (бояд аз он парҳез кард). Ҳар заиф ва нотавон аз шумо назди ман қавӣ ва тавоно аст, то он гоҳ, ки иншоаллоҳ ҳаққашро аз ситамкор гирифта, ба ӯ бозгардонам ва баракс ҳар шахси қавӣ аз шумо назди ман заиф ва нотавон хоҳад буд, то он ки иншоаллоҳ ҳақи ситамдидагонро аз ӯ боз ситонам. Ҳар қавме, ки сустӣ намоянд ва аз мубориза дар роҳи Худо даст бикашанд, ҳатман Худо онҳоро хор ва залил хоҳад фармуд. Ҳаргоҳ фаҳшо ва маъсият ривоҷ ёбад, Худованд қатъан онҳоро ба балои оми худ гирифтор хоҳад сохт. Маро фармон баред модом ки Худо ва расули Худоро фармон барам ва ҳаргоҳ бар хилофи ҳукми Худо ё мухолифи амри расулаш амал намоям, ҳақ надорам маро фармон баред.

Чун дар ин ҳангом вақти намози зуҳр расида буд, дар охири хутбааш фармуд:

-Бархезед барои намозатон, Худо шуморо ба раҳмати худ гирад.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *