Фанни Адабиёт

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Адабиёт

  • Ман Туғрали зори туям… .

    Бо барги рухсори гулат, эй гулбадан хорам макун, Нози ғаматро лоиқам, сӯзону дар норам макун… . Касе чунин мисраъҳоро аз назар мегузаронад, ҳис мекунад, ки чунин мисраҳои ҷолибро аз забони ноби худи муаллиф шунида истода бошад. Аз забони шоире, ки ошиқ аст ва ҳамеша дӯстдори ёру ғамзадаи кӯҳи ишқ мебошад.…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти ҚОРИ РАҲМАТУЛЛОҲИ ВОЗЕҲ

    ҚОРИ РАҲМАТУЛЛОҲИ ВОЗЕҲ Яке аз шоирони тавонои адабиёти нимаи дуюми асри XIX тоҷик Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ буда, соли 1818 дар шаҳри Бухоро дида ба дунё кушодааст. Возеҳ дар ибтидо дар дабиристони Қориён таҳсил намуда, баъди хатми таълимкадаи мазкур ба мадраса дохил мешавад. Яке аз устодони бонуфузи ӯ дар мадраса домулло…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти МУҲАММАДСИДДИҚИ ҲАЙРАТ

    МУҲАММАДСИДДИҚИ ҲАЙРАТ Яке аз шоирони тавонои ибтидои асри XX тоҷик Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат аст, ки бо эҷодиёти худ ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири муайян гузоштааст. Ҳайрат соли 1878 дар гузари Арӯсони Бухоро таваллуд ёфтааст. Номи шоир Муҳаммадсиддиқ буда, «Ҳайрат» тахаллуси адабии ӯст. Падари шоир дар масҷиди гузари Арӯсон муаззин буда,…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти ШАМСУДДИН ШОҲИН

    ШАМСУДДИН ШОҲИН Шамсуддин Муҳаммад махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро, дар оилаи мулло Амони Хатлонӣ таввалуд шудааст. Мулло Амони Хатлонӣ дар овони ҷавонӣ барои илмомӯзӣ ба Самарқанд омада, баъди ду соли таҳсил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии Мовароуннаҳр мадрасаро хатм мекунад. Пас аз хатми мадраса Мулло Амон…

    Муфассалтар »
  • АНВОЪИ ҚОФИЯ БО ҲУРУФИ ХУРУҶ, МАЗИД ВА НОЙИРА

    Донишмандони илми қофия вобаста ба иштироки ҳарфҳо, ҳаракатҳои қофия ва мавқеъи ҳарфи равӣ 25 навъи қофияи пурбаҳоро чудо кардаанд, ки дар шеъри шоирони гузашта ва имрӯзаи форс — тоҷик мавриди истифода қарор гирифтаанд. Мо дар дарси гузашта даҳ навъи қофияи пурбаҳоро бо мисолҳои шеърӣ шарҳ додем. Ҳоло понздаҳ навъи онро…

    Муфассалтар »
  • НАВЪҲОИ ҚОФИЯ

    НАВЪҲОИ ҚОФИЯ Дар боло гуфтем, ки вобаста ба ҳарфи равӣ ва иштироки ҳарфҳои дигар қофияро ба ду навъ ҷудо мекунанд: қ о ф и я и м у қ а й я д ва қ о- ф и я и м у т л а қ. Қофияи муқайяд ва қофияи…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти Абдулқодирхоҷа Савдо

    САВДО Яке аз шоирони хушзавқи нимаи дуюми асри Х1Х-1-8 Абдулқодирхоҷа Савдо дар рушди адабиёти давр саҳми сазовор гузоштааст. Ӯ асосан шоири ғазалсаро буда, дар таҳаввули навъҳои адабии дигар низ ҳиссагузор аст. Абдулқодирхоҷаи Савдо дар Бухоро ба дунё омадааст ва санаи валодати ӯро миёнаи солҳои 1823-1825 муқаррар кардаанд. Тибқи шаҳодати Возеҳ…

    Муфассалтар »
  • Дониш

    Ҳаёт ва эҷодиёти АҲМАДИ ДОНИШ

    АҲМАДИ ДОНИШ Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби «Калла» ҳам шӯҳрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Аҳмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдҳо барои таҳсил ба Бухоро омада муқимӣ шудааст. Падару модари Аҳмади Дониш аз аҳли фазл буданд.…

    Муфассалтар »
  • САДОНОКҲОИ КУТОҲ (ҲАРАКАТҲО) ДАР ҚОФИЯ

    Дар системаи қофияи шеъри форсӣ — тоҷикӣ мафҳумҳои ҳ а р ф, ҳ а р а к а т ва ҳ и ҷ о мақоми махсус доранд. Ин қоида ба забоншиносӣ ва шеършиносии мо аз забони арабӣ омадааст. Дар алифбои арабӣ мафҳуми ҳарф ва мафҳуми ҳаракат аз ҳамдигар тафовут доранд.…

    Муфассалтар »
  • АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

    АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна Нимаи дуюми асри XIX дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёеа давраи нави сиёсӣ мебошад. Зеро Россия аз ибтидои асри XVII бо Осиёи Миёна робитаҳои тиҷоратӣ дошт. Аврупои Ғарбӣ низ ба Шарқ таваҷҷӯҳ мекард. Хусусан, Англия мехост нуфузи худро дар Осиёи Миёна бештар…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Ҳабибуллоҳ (ҚООНИ)

    ҚООНИ Адиби тавоно Мирзо Ҳабибуллоҳ мутахаллис ба Қоонӣ 20-уми октябри соли 1808 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Падари ӯ Мирзо Муҳаммад Алӣ худ шоир буда, бо тахаллуси Гулшан шеър мегуфтааст. Гулшан аслан аз Кирмоншоҳон буда, баътар ба Шероз меояд. Дар овони мактабхонии Коонӣ падараш аз олам гузаштааст. Қоонӣ баъдтар…

    Муфассалтар »
  • гулани

    Ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммадшарифи Гулханӣ

    ГУЛХАНИ Адиби зуллисонайн, шоир ва нависанда Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам дар шаклҳои гуногуни назм ва ҳам дар наср мавқеи намоён дорад. Номи адиб Муҳаммадшариф ва тахаллуси адабии ӯ «Гулханӣ» буда, дар ин бора Фазлии Намангонӣ дар «Маҷмӯаи шоирон» мегӯяд: Хушо, Гулханӣ шоири пурфан аст, Чӣ гулхан, ки…

    Муфассалтар »
  • ҚОФИЯИ МУТЛАҚ ВА ҲАРФҲОИ ОН

    Дар илми бадеъи классикӣ қофияеро мутлақ меноманд, ки агар ҳарфи р а в ӣ бо ҳарфи в а с л часпида бошад, яъне баъди ҳарфи равӣ ҳарфи дигаре омада бошад. Мисол: Раъият ба зулми ту чун олиманд, Зи зулми ту бар якдигар золиманд. Дар ин байт (вазнаш — Мутақориби мусаммани…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти ҶУНАЙДУЛЛОҲИ ҲОЗИҚ

    ҶУНАЙДУЛЛОҲИ ҲОЗИҚ Яке аз шоирони тавонои асри XIX Ҷунайдуллоҳ ибни Исломшайх Ҳозиқ буда, доир ба ному насаби хеш дар достони «Юсуф ва Зулайхо» мегӯяд: Ҳамин «Ҳозиқ» тахаллус дораму ном, Ҷунайдуллоҳи ибни Шайхислом. Инчунин Абдулкарим Фазлии Намангонӣ («Маҷмӯат-уш-шуаро») низ чунин таъкид кардааст: Ҷунайд он ҳакими билоди сухан, Ки шаҳри Ҳирот аст…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти МИРЗОСОДИҚИ МУНШИ

    МИРЗОСОДИҚИ МУНШИ Мирзо Муҳаммади Содиқи Муншӣ тақрибан байни солҳои 1753-58 дар деҳаи Ҷондори Бухоро таваллуд шудааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ Мирзосодиқ ба яке аз мадрасаҳои Бухоро дохил шуда, онро бомуваффақият хатм менамояд. Шоир пас аз хатми мадраса ҳамчун донишманди закӣ, олими тавоно, муаррихи пухтакор ва котиби чирадаст эътироф карда мешавад.…

    Муфассалтар »
  • АДАБИЁТИ АСРИ XVIII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

    Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна Вазъияти сиёсию таърихӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри XVIII ва оғози асри XIX басо сангину мураккаб гардида, ин ҳолат ҳанӯз аз аҳди Абдулазизхони Аштархонӣ (1645-1680) ва Субҳонқулихон (1680-1702) шурӯъ шуда буд. Убайдуллоҳхон (1702-1711) кӯшиши пешгирӣ намудани онро карда бошад ҳам, натиҷа надод ва…

    Муфассалтар »
  • Bedil

    Ҳаёт ва эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ

    БЕДИЛИ ДЕҲЛАВИ Бедил, маро ҳарзасароӣ шон нест, Мадҳи миру ситоиши султон нест. Ҳаёт ва эцодиёти Бедили Деҳлавӣ Бузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи забардаст Мирзо Абдулқодири Бедил, яке аз он эҷодкоронест, ки на танҳо ба адабиёти давр балки ба ҷараёни минбаъдаи таърихи адабиёт низ ҳамаҷониба таъсир расонидааст. Бедили Деҳлавӣ соли 1644…

    Муфассалтар »
  • Андарзҳо Аз «Гулистон»-и Саъдӣ

    Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирдкардани мол! Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахтӣ чист?Гуфт: Некбахт он, ки хўрду кишт ва бадбахт он, кимурду ҳишт Макун намоз бар он ҳеҷ кас, ки ҳеҷ накард,Ки умр дар сари таҳсили мол карду нахўрд! Ду кас ранҷи беҳуда бурданду…

    Муфассалтар »
  • Ғазали Бадриддин Ҳилолӣ

    Бархез то ниҳем сари худа пои дўст,Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дўст.Дардўстӣ мулоҳизаи маргу зист нсст.Душманбеҳаз касе, ки намирад барои дўстҲошо, ки ғайри дўст кунад ҷо ба чашмиман,Дидан наметавон дигареро ба ҷои дўст.Аздўст ҳар ҷафо, ки расад ҷои миннат аст,Зеро ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафои дўст. Бо…

    Муфассалтар »
  • Шахсияти академик Ахрор Мухторов хамчун муаррих

    Академик Аҳрор Мухторов 5-ноябри соли 1924 дар шаҳри Уротеппа (ҳозира шаҳри Истаравшан ) ба дунё омадааст. Солҳои 1941-1945 ба Ҷанги Бузуриги Ватаниӣ рафта дар озод кардани Украина Полша ,Чехославакия ва Германия иштирок карда аст . У солҳои 1939-1941 аввал донишҷӯи факултаи коргарӣ, баъд донишҷӯи институти муаллимии Душанбе гардид, соли 1942…

    Муфассалтар »
  • Иқболи Лоҳурӣ – нуктасанҷи ховарӣ

    Хуш биё, эй нуктасанҷи ховарӣ, Эй, ки мезебад туро ҳарфи дарӣ. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин суханварони форсизабон ва мутафаккирони исломии нимаи аввали қарни ХХ нимҷазираи Ҳинд буда , бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондўстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландеро ишғол…

    Муфассалтар »
  • Муночот дар тазарруъ ва ибтихоли хазрати зулчалол

    Эй зухури ту бо бутун дамсоз, В-эй бурузи ту бо кумун хамроз. Дхадй, лек марчаъи аъдод, Вох,идй, лек мачмаи аздод Аввалию туро бадоят не, Охириву туро нихоят не. Зохирй бо камоли яктой, Ботинй ба вуфури пайдой. Эминй аз тагайюру табдил, Форигй аз тахайюру тахвил Зоти ту дар сародикоти чалол Аз…

    Муфассалтар »
  • Дар бораи: Мирзо Турсунзода

    Ба хотири шоири бузург, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷози сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам. Ч. Айтматов Мирзо Турсунзода соли 1911 дар оилаи устои сангтарош, чармгару чармдӯз -Турсун таваллуд ёфтааст. Таваллуди Мирзо барои усто Турсун беҳад хурсандӣ овард. Ӯ писари ягонаи падар буд. Маҳаллаи…

    Муфассалтар »
  • Абӯалӣ ибни Сино

    Абӯалӣ ибни Сино Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино олим, табиб, файласуф ва адиби бузурги ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Падараш аслан аз тоҷикони Балх буда, бо даъвати амирони сомонӣ, ки худ балхиасл буданду бо ҳамдигар шиносоӣ доштанд, ба Бухоро – пойтахти давлати Сомониён меравад ва вазифаи давлатии омили молиётро ба ӯҳда мегирад.…

    Муфассалтар »
  • Абдулвоҳиди Сарири Балхӣ

    Абдулвоҳиди Сарири Балхӣ Қозӣ Абдулвоҳиди Сарир дар соли 1224 ҳиҷрии қамарӣ дар Балх таваллуд ёфта ва ҷиҳати фаро гирифтани улум вориди Бухоро мегардад. Мавсуф шахси каримуттабъ ва порсо будааст. Дар илми фиқҳ ва фалсафа ва тасаввуф сахт ворид буд. Дар назм ва насри арабиву форсӣ қудрати комил дошт. Дар Мовароуннаҳр…

    Муфассалтар »
  • Абулмуайяди Балхӣ

    Абулмуайяди Балхӣ Абулмуайяди Балхӣ аз ҷумлаи шоирон ва нависандагони шинохтаи қарни даҳи милодӣ мебошад. Давраи зиндагии ӯ ба замони ҳукмронии Абулқосим Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ (976- 997 милодӣ) рост меояд, зеро ӯ асари худ «Аҷоибу-л-дон» ба ин амир бахшидааст. Дар ин асос тахмин кардан мумкин аст, ки қисми умдаи ҳаёти…

    Муфассалтар »
  • Абушакури Балхӣ

    Ӯ аз суханварони маъруфи адабиёти форсӣ ба шумор меравад ва кӣ будани падару модари вай ва ба кадом табақа ва қишри ҷомеъа мансуб будани хонаводаш маълуми муҳаққиқон нест. Аз рӯйи рақами 336 ҳиҷрии қамарӣ (947- 948 милодӣ), ки шоир онро соли таълифи асари худ «Офариннома» қарор додаст ва дар ин…

    Муфассалтар »
  • Шеърхо аз Абушакури Балхи

    Паричеҳра фарзанд дорад яке, К-аз шӯхтар кам бувад кӯдаке. Мар ӯро хирад неву тимор не, Ба шӯхиш андар ҷаҳон ёр не. Шуд, омадаш бинам сӯйи заргарон, Ҳамора сутӯҳанд аз ӯ дилгарон. Бихонд он гаҳ заргари дандро, Зи ҳамсоягон ҳам тане чандро. *** Чаҳондидагонро ба нодидагон, Накарданд яксон писандидагон. Ки позаҳр…

    Муфассалтар »
  • Адои Мазорӣ

    Адои Мазорӣ Мирзо Атоуллоҳ ки бо номи Шайх Атоуллоҳ низ шӯҳрат дошта, ба падараш яке аз шахсиятҳои маъруфи шаҳри Балх — Шайх Ҳабибуллоҳ писари Халифа Соҳиби Доруламон аст. Адо тахаллуси шоирии ӯст. Вай як шахсияти сӯфимашраб ва порсоманиш буда, аксар вақти худро ба таҳқиқ ва пажӯҳиши «Маснавии Маънави»-и Мавлоно Ҷалолиддини…

    Муфассалтар »
  • Аттори Балхӣ

    Мавлоно Аттор Шайх Аттори Нишопурӣ нест ва ӯ дар қарни ёздаҳи ҳиҷрӣ муқими Балх будааст. Ӯ пешаи атторӣ дошта, гоҳ – гоҳе шеър месуруда, ки рубоии зерин аз табъи равони вай аст. Эй гашта хиҷил оби ҳаёт аз даҳанат, Сарв аз қаду маҳ аз руху сим аз баданат. Соҳибназаре куҷост…

    Муфассалтар »