Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Саввумин рӯзи набард

Ба ҳар ҷиҳат тарафайн дар муқобили якдигар саф кашиданд. Ҷанг барои саввумин бор даргирифт. Ин бор қабл аз ин ки филҳо ва филбонон ба фаъолият бипардозанд саворони мусалмонон пешдастӣ карда, ба сӯи онҳо ҳамлаи сангине намуданд, то аз фаолияташон пешгирӣ созанд. Доираи ҷанг гоҳе ба нафъи ин тараф ва гоҳе ба суди он тараф давр мезад.

Саъд, ки аз дур нозири кор буд аз харобкорӣ ва талафоте, ки мумкин буд аз филҳо ба мусалмонон бирасад, сахт метарсид, аз ин хотир аз форсиёне, ки аз лашкари Форс ҷудо ва ба лашкари ӯ пайваста буданд, пурсид:

-Фил аз куҷои ҷасадаш зудтар садама мебинад ва мемирад? Гуфтанд:

-Аз чашм ва хартум. Бинобар ин Саъд ба Қаъқоъ ва Осим паём дод, то кори ду фили бузургро, ки дар пешопеш қарор доранд ва бақияи филҳо пайрави он ду ҳастанд ба ӯҳда гирифта, аз ҳамон роҳе, ки форсиён гуфта буданд, онҳоро бикушанд. Онҳо неруҳои худро ба кор андохтанд. Ҳар ду филро аз ноҳияи чашм маҷрӯҳ карданд. Филҳо аз шиддати дард ба ақиб баргаштанд ва филсаворонро ба замин партоб намуданд. Бақияи филҳо, ки вазъи ин ду филро чунин диданд аз майдон фирор карданд. Мусалмонон, ки фирори филҳоро аломатҳои нусрат ва мадади илоҳӣ донистанд, ба корашон дилгарм ва ба пирӯзии худ мутмаин шуданд.

Ҳар ду лашкар, ки медонистанд сарнавишти қатъии ҷанг дар ин рӯз муайян мешавад, мардона ва аз худ гузашта ба якдигар тохтанд, то пирӯзиро ба оғӯш кашанд. Чун дар асари шиддати ҷанг ғубор аз майдон бархоста буд ва мутобиқи он, шаб фаро расид ва дар торикии шаб фурӯ рафтанд, на Саъд медид ва медонист ғалаба бо кадом аст ва на Рустам. Ба тавре, ки таърихномаҳо мегӯянд ҷанг дар ин шаб ба ҳадде ба авҷ расида буд, ки садои ба ҳам хӯрдан ва чакочаки аслиҳаи тарафайн монанди садои путки оҳангарон дар фазо танинандоз буд. Ҳар ду тараф рӯ ба рӯ дар ҷанге шуда буданд, ки бесобиқа буд. Ҳеҷ кас намедонист пирӯзӣ бо кадом як хоҳад буд. Саъд, ки шаби сахтеро мегузаронд ҷуз дуо ва зорӣ ба даргоҳи муқаддаси Худо ҳеҷ коре аз дасташ барнамеомад. Дар он шаб на хоб ба чашми ӯ омад ва на ба чашми дигарон.

Ҳамин, ки субҳ фаро расид, Саъд дид баъзе аз мусалмонон ба суи урдугоҳ бозмегарданд. Аз вазъ ва осори ҳаракаташон фаҳмид, ки мусалмонон бартарӣ ёфтаанд. Вақте ин матлабро ба яқин донист, ки шунид Қаъқоъ дар майдони ҷанг шеъре бадин маънӣ месарояд(мо гурӯҳи зиёдеро куштем, мо аз шерони неруманди форс бартар шудем) он шаби ваҳшатнок ба поён расид ва гарчи мусалмонон пеш рафтанд, вале боз ба пирузии ниҳоӣ даст наёфта буданд.

Идомаи ҷанг дар рӯзи чаҳорум

Оё тасаввур мешавад, ки чун мусалмонон як шабонарӯз мудом ҷангида ва хаста шудаанд, ба хоб ва истироҳат мепардозанд? Не, чунин ба назар мерасид, ки аҳд кардаанд то ба пирӯзи нарасидаанд ва ба таври кулли ба ҳариф ғолиб нашудаанд силоҳ аз даст нагузоранд, махсусан лаҳзаҳое, ки пирӯзиро қариб медонистанд, зеро ҳангоми субҳ осори нотавонӣ дар сипоҳи Форс ба хуби мушоҳида мешуд. Пас агар ба ҷанги худ идома диҳанд яқин аст, ки ба пирӯзи хоҳанд расид, вале агар барои истироҳат ва рафъи хастагӣ даст аз кор бикашанд, мусалламан барои сипоҳи Форс фурсате хоҳад буд, то сафҳои худро беҳтар муназзам ва худро тақвият намоянд. Дар ин сурат пешрафтеро, ки мусалмонон дар шаб ба даст овардаанд аз даст медиҳанд ва чи касе медонад, ки баъдан чи пеш меояд.

Сарони мусалмонон аз ин амр ғофил набуданд, бинобар ин аз таърих мешунавем, ки Қаъқоъ ҳангоми субҳ мегӯяд:

— Эй мардум! Пас аз соате сарнавишти ниҳоии ҷанг ба нафъи мо пеш хоҳад омад, сабр ва субот дошта мардона бар шиддати ҳамлаҳои худ биафзоед ва фидокорӣ кунед, пирӯзӣ ҳамеша дар асари сабр ба даст меояд.

Мусалмонон ба тарзи беҳтаре сафороӣ карданд, гӯё ки тозанафас вориди набард шуда бошанд, мардона бар душман тохтанд. Ҳангоми зуҳр қисматҳои чап ва рости лашкари Форсро ақиб ронданд ва қисмати миёнаи онҳоро ба куллӣ барҳам заданд ва дар мавзеашон рахна карданд. Ба ин тартиб назми лашкари Форсро ба куллӣ дарҳам рехтанд. Чунон ки таърихнависони араб ва ғайри араб навиштаанд дар ҳамин гирудор боди сахте, ки ғолибан дар ин ноҳия мевазид рӯ ба рӯи форсиён вазид ва ба ҳадде гарду хок дар чашмашон афшонд, ки муқовиматашонро номумкин сохт. Ин бод то он ҷо шиддат дошт, ки соябон ва тахти фармондеҳ Рустамро аз ҷо барканд. Рустам ба ночор ҷояшро тарк намуд ва по ба фирор гузошт ва барои он ки асири дасти мусалмонон нашавад худро дар наҳр андохт, то шинокунон ба ҷое бирасад ва наҷот ёбад. Ҷуз ин роҳе надошт, зеро ба чашми худ дид, ки лашкараш дар ҳоли фирор аст, вале Рустам аз кораш натиҷа нагирифт ва аз дасти мусалмонон наҷот наёфт, зеро Ҳилол ибни Алқама- яке аз сардорони мусалмонон ӯро дид ва шинохта, ба таъқибаш шитофт ва ӯро аз об берун кашид ва сарашро аз тан ҷудо сохт ва фарёд баровард:

— Ман Рустамро куштам. Ба Парвардигори Каъба қасам, биёед ва бубинед. Мусалмонон такбиргӯён ба давраш ҷамъ шуданд ва аз ин муваффақияти азим хушҳол гардиданд, дар ҳамин вақт дирафши ковиёни парчами миллии Эрон, ки ба навъҳои ҷавоҳири гаронбаҳотарин оро ёфта буд ва эрониён онро дар ҷангҳои муҳим бо худ мебурданд ва аз он фоли нек мегирифтанд, ба дасти Зарор ибни Хаттоб афтод.

Ҳамин ки лашкари Форс аз қатли Рустами сипаҳсолорашон ва аз даст рафтани дирафаши ковиёнӣ иттилоъ ёфтанд, ғарқ дар андӯҳ шуданд ва руҳияи худро ба куллӣ аз даст доданд. Чорае ҷуз ин набуд, ки барои наҷоти худ аз наҳр убур кунанд ва худро ба Мадоин бирасонанд, вале мусалмонон даст аз онҳо барнадоштанд ва ба таъқибашон пардохтанд ва онҳоро хеле осон асир ва ё ба қатл мерасонданд. Бо ҳеҷ гуна муқовимат рӯ ба рӯ намешуданд. Ҳатто баъзе аз ривояти таърихӣ мегӯяд, ки сипоҳи шикастхӯрдаи Форс ба ҳадде худро бохта буд, ки мусалмонон ҳангоми фирорашон бар онҳо даст меёфтанд ва ба худашон амр мекарданд, ки якдигарро бикушанд. Онҳо итоат менамуданд ва чунин мекарданд ва чи басо ки як нафар мусалмон чандин нафар аз онҳоро асир мекард ва пеш меандохт ва онҳо тибқи амраш ҳаракат мекарданд. Ин пирӯзӣ, ки насиби мусалмонон шуд, пирӯзии муҳим ва қотеъ буд ва онҳоро барои расидан ба орзуяшон, ки тасаллут бар Мадоин пойтахти Сосониён буд, комилан мутмаин сохт, зеро дигар барои Яздигурд имкон надошт лашкаре ба ин иқтидор фароҳам намояд, ки пеши мусалмононро бигирад. Аз бақоёи ин лашкари шикастхӯрда ҳам коре барнамеомад.

Дар тӯли ин ҷанг (ҷанги саввум), ки сивушаш соат тӯл кашид ва дар таърих ба номи (Лайлату-л-ҳарир)ва (Лайлату-л-қодисия) номида шуда, аз мусалмонон шаш ҳазор нафар ва дар ду рӯзи Армос ва Ағвос ду ҳазору понсад нафар ба шаҳодат расиданд.

Аз лашкари Форс он чи дар майдони ин ҷанг ва он чи дар вақти фирор кушта шуданд, илова бар куштагонашон дар рӯзҳои Армос ва Ағвос даҳ ҳазор нафар буд.

Илова бар дирафши ковиёнӣ, ки як милиону дусад ҳазор дирҳам ба пули он замон арзиш дошт ва илова бар тахт ва боргоҳ ва асбобу аслиҳа ва либосаи ҷангии гаронбаҳои Рустам, ки хеле муҳим ва қимати зиёд дошт, амвол, захираи хӯрока, аслиҳа ва пули нақде, ки дар ин ҷанг ба ғанимат ба дасти мусалмонон афтод ба қадре зиёд буд, ки аз тасаввурашон берун ва то он рӯз чашми араб чунин чизҳоеро надида буд.

Саъд ибни Абуваққос тибқи қонуни ислом аз панҷ як ҳиссаи кулли ғаниматҳоро ба Мадина назди ҳазрати Умар (р) фиристод ва бақияро байни мусалмонон тақсим кард, вале ба тавре, ки дар таърихҳо омада Умар (р) пас аз машварат бо мусалмонон ва касби мувофиқати онҳо он чиро, ки Саъд ба Мадина фиристода буд бозгардонд, то барои ташвиқи лашкариён байни онҳо тақсим кунад.

Чунонки аз гузашта фаҳмидем, буданд дар байни мусалмонон касоне, ки хеле беш аз дигарон фаолияти низомӣ карда буданд ва беш аз дигарон мутаҳаммили машаққат ва душвориҳои ҷангӣ шуда буданд, монанди Қаъқоъ ибни Амр, Амр ибни Маъдикарб, Ҳилол ибни Алқама, Зарор ибни Хаттоб ва Тулайҳа ибни Хувайлид ва амсоли онҳо, ки паҳлавонони ҷангӣ буданд ва корашон дар пешрафт ва пирӯзии лашкари ислом беш аз дигарон муассир буд, аз ин ҷиҳат Саъд дар вақти тақсими ғаниматҳо ба онҳо беш аз дигарон саҳм дод.

Хабари пирӯзӣ дар Мадина ба ҳазрати Умар (р) мерасад.

Саъд ибни Абуваққос моҷарои Қодисия ва муждаи пирӯзии мусалмононро навишт ва ба василаи қосиде ба номи Саъд ибни Амилаи Фазорӣ барои ҳазрати Умар (р) фиристод.

Аҳли Мадина махсусан халифаи мусалмонон қабл аз ин ки қосид он ҷо бирасад, нигарони ин ҷанг буданд ва байни тарс ва умед дар интизори хабар буданд. Гарчи онҳо медонистанд, ки мусалмонон дар Қодисия мардона ва бо имон ва эътимод ба нусрат ва ёрии Худованди азза ва ҷал меҷанганд ва мусалламан барои пирӯзии онҳо дар Мадина дуо мекарданд ва умед ба пирӯзии онҳо доштанд, вале аз тарафе ҳам медиданд, ки ин ҷанг аз ҷангҳои собиқи мусалмонон дар Ироқ фарқи калон дорад. Ин ҷанг гарчи дар хоки Ироқ аст, вале ҷанг аст байни араб ва давлати бузурги Форс, байни араб ва лашкари азими Форс, лашкаре, ки ҳамеша бо румиён дасту панҷа нарм мекард ва акнун фармондеҳоне чун Рустами Фаррухзод — паҳлавони донои ҷангӣ ва Баҳман ва Фирӯзонеро дорад, ки ҳар як варзида ва парвардаи ҷанг мебошанд, пас бо ин васф наметавон ба пирӯзии қатъии мусалмонон мутмаин шуд. Аз ин ҷиҳат мардуми Мадина дар изтироб ва бесаброна интизори хабар буданд.

Ҳазрати Умар (р), ки беш аз дигарон дар андеша буд, ҳар рӯз аз шаҳри Мадина хориҷ ва барои дарёфти хабари ҷанги хавфнок аз мусофирине, ки аз роҳ мерасиданд то зуҳр мемонд ва сипас ба шаҳр боз мегашт ва ҳамчунин нимаи дуввуми рӯзро чунин мекард, то он ки дар яке аз рӯзҳо, ки ба ҳамин манзур аз шаҳр хориҷ шуда буд, шутурсаворе, ки ҳамон Саъд ибни Амила қосиди фиристодаи Саъд буд, аз роҳ мерасад, ҳазрати Умар (р) аз ӯ ҷӯёи хабари ҷанг мешавад ва ӯ бидуни он ки Умар (р) -ро бишиносад, башорат дода, мегӯяд:

-Худои азза ва ҷалла мусалмононро фотеҳ ва лашкари Форсро мағлуб сохт ва сипас бо ҳамин ҳол, ки қосид савори шутураш буд ва Умар (р) дар паҳлуи шутур пиёда ҳаракат мекард ва бо ҳам гуфтугӯ мекарданд вориди шаҳр мешаванд, чун қосид мешунавад ки мардум ба ин касе, ки ҳамроҳаш мебошад, ба номи амиру-л-мӯъминин салом мекунанд, мефаҳмад, ки ӯ халифаи мусалмонон аст, ки дар канори шутураш масофате пиёда ба роҳ афтода аст, аз ин рӯ узр талаб мекунад. Умар (р) мефармояд:

— Бародарам боке нест. Номаи Саъдро аз ӯ мегирад ва мехонад ва ба мардум дар масҷид муждаи фатҳ медиҳад. Ҳама хурсанд мегарданд.

Оре, инчунин аст шахсияти рӯҳонии Умар (р) бо он ки амиру-л-мӯъминин ва фармонравои ҷаҳони ислом буд ва акнун мужда ёфта, ки бар Форси бузург пирӯз шуда аст. Ба ҷои ин ки аз касби ин муваффақияти муҳим, худхоҳ шавад, ҳамчунон хоксор буда худро ба қосиде, ки яке аз раияташ буд, муаррифӣ намекунад ва дар канори шутураш пиёда ба роҳ меафтад ва барояш ҳамин бас, ки муждаи фатҳро мешунавад. Ӯ муддате дар интизори ҳамин амр буд ва ҷуз ин намехост. Ӯ барои худ пиёда рафтанро айб ва зишт намедонад, ӯ саодати мусалмононро мехоҳад на роҳати хешро.

Дар Мадоин чӣ мегузарад?

Хабари пирӯзии мусалмонон ба Мадоин қабл аз Мадина расид, зеро чунон ки гуфтем Яздигурд дар қасри худ нишаста буд ва хабари ҷараёни ҷангро ба василаи хабаррасонҳое, ки ба фосилаҳои муаяне истода буданд, дар ҳол дармеёфт. Пас мусалламан хабари ғалабаи мусалмонон бар лашкари Форсро хеле зуд шунида аст, вале акнун чи коре аз дасташ бар меояд? Ҳеҷ коре.

Яздигурд пеши худ яқин карда буд, ки дар ин ҷанг бар мусалмонон ғолиб ва онҳоро ба куллӣ нобуд хоҳад кард, чунон ки дар поёни музокира бо намояндагони мусалмонон дар Мадоин ба онҳо гуфт (биравед ба раисатон хабар диҳед, ки ман Рустамро ба сӯяш хоҳам фиристод, то ҳамаатонро дар хандақи Қодисия дафн кунад) ӯ ба зоҳир ҳақ дошт чунин биандешад, зеро иддаи лашкараш яксаду бист ҳазор нафар буд, ки бо беҳтарин аслиҳа муҷаҳҳаз буданд ва фармондеҳ ва раҳбари забардасте монанди Рустами Фаррухзод ва диловароне монанди Фирӯзон ва Баҳманро дар ихтиёр дошт. Ҳол он, ки иддаи лашкари мусалмонон беш аз сивушаш ҳазор нафар набуд ва аслиҳаи ибтидои доштанд, аз ин рӯ шакке ба дил роҳ намедод, ки лашкараш бар лашкари мусалмонон пирӯз мегардад, вале акнун мебинад, ки лашкари бузургаш аз лашкари кучаки мусалмонон шикасти фоҳиш хурда ва Рустам ва Баҳман кушта шуданд ва Фирӯзон ҳамроҳи боқимондаи афроди лашкараш фирор карда аст. Бинобар ин Яздигурд акнун ҳеҷ умед ба бақоёи лашкари шикастхурда надорад, ва умедаш ба ноумедӣ мубаддал гардида аст. Возеҳ аст, ки ба зуди коре аз дасташ бар намеояд. Муддате бояд, то битавонад лашкари дигаре фароҳам кунад, ки битавонад ба мусалмонони пирӯзманд рӯ ба рӯ шавад.

Вале Саъд ибни Абуваққос ба ӯ маҷоли ин корро нахоҳад дод, чунки ӯ сармасти ин пирӯзии азим шуда ва нафс ҳарчанд ба орзуҳояш бирасад, қонеъ нашуда, боз бештар мехоҳад. Махсусан, ки ҳадафи аслии Саъд тибқи фармони Умар (р) тасаллут бар Мадоин пойтахти
Сосонӣ буд ва ҷанги Қодисияро муқаддима барои расидан ба ин ҳадаф пеш кашид.

Бинобар ин агар Саъд дар ин ҳангом, ки авзоъ ва аҳволи ҷангӣ барояш комилан мусоид шуда ва барои Яздигурд мушкил, ба Мадоин ҳамла кунад, ба зудӣ ва хеле осон дар кораш муваффақ мешавад, зеро чунон ки гуфтем, Яздигурд қуввае надорад, ки битавонад аз ӯҳдаи дафъи ҳуҷуми мусалмонон барояд. Бинобар ин тасаллути Саъд бар Мадоин барои ҳама кас ба ҳадде ошкор гардида буд, ки сокинин ва ҳатто худи Яздигурд бояд ба фикри кӯч кардан аз ин шаҳр бошанд ё Яздигурд дасти сулҳ ба сӯи Саъд дароз кунад, то ба тавофуқ бирасанд, ки Мадоин аз дасти мусалмонон дар амон буда битавонад ва дар ҷои худ бимонад. Вале оё Саъд дар ин авзоъ ва аҳволе, ки дар Қодисия фатҳи шоёне карда ва медонад, ки тасхири Мадоин барояш хеле осон гардидааст, дасти сулҳи Яздигурдро мепазирад? Албатта, не чунон ки “Tаърихи Эрон” навиштаи Пирниё (дар сафҳаи 235) мегӯяд: «Яздигурд (пас аз фатҳи Қодисия) ба Саъд пешниҳод карда, ки сарзаминҳои он тарафи Даҷла барои мусалмонон ва ин тарафи Даҷла мисли гузашта барои ӯ бимонад ва тарафайн ба ин тарз сулҳ намоянд ва даст аз ҷанг бикашанд, вале Саъд пешниҳоди Яздигурдро бо истеҳзое рад намуд».

Гарчи барои Саъд фатҳи Мадоин осон шуда буд, вале ӯ бидуни амри халифа даст ба коре намезад. Шояд яке аз асрори пешрафт ва муваффақияти мусалмонон дар корҳояшон ҳамин амр буд, ки ҳеҷ кадом аз сарфармондеҳонашон бидуни машварат бо халифа ва бидуни амри халифа ва ҳеҷ кас аз фармондеҳон ва афроди таҳти фармонашон бидуни амри саркардаи худ даст ба ҳеҷ коре намезананд. Ҳамин ки аз халифа ё фармондеҳи худ дастуре меёфтанд ва ба он амал мекарданд ва хилофи амри саркарда амал карданро аз назари дини ислом маъсият ва гуноҳи бузург медонистанд.

Ба ҳамин лиҳоз буд, ки Саъд пирӯзии ҷанги Қодисия ва вазъи умедбахши ояндаи худро ба ҳазрати Умар (р) иттилоъ дод ва дархости дастур барои иқдомоти баъди намуд ва мунтазири ҷавоб шуд.

Ҳазрати Умар (р) ҷавоб дод, то вақте ки фармонам ба ту нарасад, дар ҷои худ бимон ва зимнан ба Саъд дастур дод, ки барои ҳиҷрати қабоили араб шаҳре дар Ироқ бино намоянд. Саъд шаҳри Куфаи кунуниро ба ҳамин манзур пайрезӣ кард. Ин шаҳр ба тадриҷ то он ҷо обод ва пурҷамъият гардид, ки ҷои Ҳийраи қадимро дар Ироқ гирифт.

Ба сӯи Мадоин — пойтахти Сосониён

Саъд бо лашкараш ду моҳ дар Қодисия истироҳат кард. Дар ин муддат хастагӣ ва осори ҷанги даҳшатноки Қодисия аз онҳо бартараф ва шуҷоату нишоти низомии онҳо боз омад. Худи Саъд ҳам аз марази ниқрис, ки ӯро ранҷ медод ва аз ин сабаб натавонист дар ҷанги Қодисия амалан иштирок намояд, шифо ёфт.

Инак Умар (р) чунон ки гӯё худи ӯ дар байни мусалмонон ҳузур дорад ва аз ҳолаташон огоҳ аст, итминон меёбад, ки мусалмонон барои ҳамла ба Мадоин омодагии лозимро доранд. Аз ин рӯ ба Саъд фармон медиҳад, то ба сӯи Мадоин ҳаракат ва онро ба ҳар қимате, ки бошад тасхир намояд, зеро тасаллут бар Мадоин, яъне тасаллут бар тамоми сарзамини Форс аст. Умар (р) зимнан дастур дод, ки занон ва атфоли мусалмононро дар шаҳре ба номи Атиқ, ки истиҳкомоти мутмаин дошт, сукунат диҳад ва гурӯҳе аз мусалмононро барои нигаҳбонии онҳо дар он ҷо бигуморад. Навишт: «Гарчи ин нигаҳбонон дар ҷангҳои баъдӣ ширкат намекунанд, вале анҷоми вазифа намуда, посбонӣ мекунанд, дар ғаниматҳое, ки мусалмонон дар ҷангҳо ба даст меоваранд монанди ҷанговарон саҳим мебошанд».

Саъд чунин кард ва худро барои ҳаракат ва ҳамла бар Мадоин омода намуд. Қабл аз ҳаракаташ гурӯҳе аз лашкарро ба унвони муқаддимату-л-ҷайш (пештозони лашкар) ба тарафи Мадоин фиристод ва сипас худаш бо бақияи лашкар ҳаракат кард.

Саъд худ роҳравон ба канори шаҳри Бобул расид. Фирӯзон ҳамон фармондеҳи шикастхӯрдаи фирорӣ бо ҷамъе аз шикастхӯрдагони Қодисия дар ин шаҳр паноҳ гирифта буданд, вале чун умеде барои пешгирӣ аз вуруди мусалмонон надоштанд, ҷуз фирор коре аз дасташон барнаёмад. Шаҳри Бобул ба дасти Саъд афтод.

Ин шаҳр ҳамон шаҳри Бобул аст, ки рӯзе шоҳиди яке аз тамаддунҳои башар буд, ҳамон шаҳре, ки аввалин қонуни адолати ҳамуробӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар он ҷо тадвин гардид, шаҳре, ки рӯзе бо деворҳои зебо ва баланд маъбадҳои бузург ва бурҷҳои мустаҳкам ва қасрҳои бошукӯҳ ва боғҳои сарсабз бо гулҳои атрогини дилангез ва неъмат ва айш ва хуш дар наҳви худ беназир буд, ин шаҳри таърихӣ, ки рӯзе пойтахти яке аз империяҳои азим буд акнун ба дасти мусалмонон фатҳ гардид.
Гарчи ба ҷо буд Саъд чанд рӯзе дар ин шаҳри таърихӣ биосояд, вале намонд, зеро мақсадаш ҳамла ба Мадоин буд, шаҳре ки дар ҳоли ҳозира хеле беҳтар ва бошукӯҳтар аз ин шаҳри қадимӣ аст, ки ҷуз бақоё ва осоре аз тамаддун ва азамати гузашта надорад.

Саъд ба ҳаракати худ идома дод. Пас аз тасхири шаҳри муҳими Ардашер (Селевк), ки ду моҳ дар муҳосираи мусалмонон буд, ба канори ғарбии Даҷла расид ва бо пеш қаровулони горди Мадоин, ки дар ин ҷо нигаҳбонӣ мекарданд ба ҷанг пардохт ва хеле зуд бар онҳо пирӯз шуд, вале гарчи монеи низомиро барои убур аз дарё аз пеши пои худ бардошт, боз ҳам натавонист убур кунад, зеро форсиён қаблан пулеро, ки ба рӯи дарё қарор дошт, ба кулли хароб ва ҳар чи киштӣ ва қаиқе, ки дар он ҷо буд ба соҳили шарқии Даҷла интиқол доданд.

Бинобар ин Саъд ба ночор дар ҷояш монд, вале бекор нанишаст. Аз як сӯ ба тасхири ободиҳое пардохт, ки байни Фурот ва Даҷла буд ва аз тарафе ба ҷамъоварии озуқа барои лашкар ва алаф барои аспҳо машғул гардид, то ҳаргоҳ фурсате ба даст оварад, ки ба Мадоин ҳамла кунад, хотираш аз ҷанги мобайни Фурот ва Даҷла осуда ва дар камбуди озуқа ва алаф набошад.

Инак Саъд рӯ ба рӯи Мадоин — пойтахти Сосониён қарор гирифта ва ҷуз соҳили Даҷла чизе байни ӯ ва Мадоин монеъа нест.

Мадоин аз дер замоне пойтахти Эрон ва аз ҳисси азимат хеле бештар аз Бобул буд ва бо он ки то ин вақт (таърихи ҳамлаи мусалмонон) чандин бор мавриди ҳуҷуми румиён қарор гирифта ва зиёд садама дида буд ва илова бар ин ахиран бенизомиҳое дар дохили худ дида буд. Бо вуҷуди он боз ҳам азамат ва ҷалоли худро аз даст надода буд ва ҳамчунон чашм ва дили халқи ҷаҳон аз нуқоти дур ва наздик бадон дӯхта, ба дидаи таҳсин бадон менигаристанд. Номи Мадоин хеле беш аз номи Рум ва Қустантания мардумро таҳти таъсири азамат қарор медод, анвои айшу нӯш ва зиндагонии гуворои шарқӣ, ки дар ин ҷо буд дар ҳеҷ ҷои дунё барои касе муяссар набуд.

Саъд ва лашкараш дар канори ғарбии соҳил рӯ ба рӯи Мадоин қарор мегиранд ва пеши рӯи худ манзараи бениҳоят зебо ва ҳайратангез мебинанд. Хонаҳои зебои мардум ва қасрҳои бузурги шоҳаншоҳӣ, ки дар шаҳри Мадоин нидои азамат мезаданд, мислашро то кунун ба чашм надида буданд. Сафедии ин кохҳои бошукӯҳе, ки ҳатто дар торикии шаб зери равшании ситорагони осмони шаффоф аз дур намоён буд, ҷилваи хосе ба онҳо медод. Дарахтони сарсабз, боғҳои ботароват, ки аз деворҳои шаҳр сар баланд карда буданд ва насими рӯҳпарваре, ки махсусан дар вақти саҳар аз он сӯ мевазид ба ҳадде бар азамати шаҳри Мадоин афзуда буд, ки инсонро дар олами дигар фурӯ мебурд.

Пас бо ин васф аҷиб нест, ки Саъд ва лашкариёнаш дар соҳили наҳр мутаваққиф шаванд ва дар он ҷо ба шиддат таҳти таъсири ҷалол ва шукӯҳи Мадоин қарор гиранд, ки (ба навиштаи дуктур Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал донишманди мисрӣ) чашм ва даҳонашон аз шиддати тааҷҷуб боз гардид ва чунон, ки гӯё мехкӯб шудаанд, дар ҷои худ истода ғарқи тамошои он гардиданд.

Аҷиб нест, ки мусалмонон то ин ҳад мафтуни ин манзараи бошукӯҳ бишаванд! Зеро инҷо пойтахти шоҳаншоҳони бузурги Эрон буд ва қасри Хисравро, ки яке аз аҷоиботи иморати ҷаҳони он замон буд, дар дили худ ҷой дода буд. Қисмате аз ин қаср дар давраи Хусрави Анушервон дар соли 550-уми мелодӣ ба василаи бузургтарин муҳандисон ва меъморони румӣ ва юнонӣ бино шуда буд. Гулдастаҳои панҷгонаи он, ки сабки сохтмонҳои фармонравоёни румӣ рӯи сақфи қаср қарор доштанд, зебоии аҷибе ба он дода буданд.

Ин шаҳри азим ва ин қасри боазамат, ки Худо медонад чи сурате дар худ гирифта аст, дар муқобили дидагони мусалмонон қарор гирифта аст ва ҷуз соҳил фосилае дар байни онҳо нест, вале мушкили кор ин буд, ки на пуле ба ҷо монда ва на киштие дар ихтиёр доранд. Пас, аз чи роҳе ва чи гуна бояд убур намоянд ва ба он ҷо бирасанд, то он чиро ки Худо ба онон ваъда фармуда ва набии Худо ба онҳо навид дода, ба даст оваранд ва молики ҳамин чизҳое бишаванд, ки онҳоро маҷзуби зебоӣ ва мафтуни азамати худ карда аст? Табъан Саъд беш аз дигарон дар ҷустуҷӯи илоҷи кор буд, вале намеёфт, зеро роҳе ҷуз сохтани пул ё таҳияи киштӣ набуд ва ҳар кадом аз ин ду кор замони зиёде мехост ва тул кашидани замон бо амалиёти низомӣ созгор нест.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *