Андоз

  • Имтиёзҳои андоз

    Ҳамаи имтиёзҳои андоз як мақсад доранд, яъне ҳавасманд кардани андозсупоранда ба иҷрои ягон кору амал (беамалӣ) бо роҳи ихтисор намудани ҳаҷми ӯҳдадориҳои андози ӯ. Масалан, пешниҳод шуда буд, ки ба воситаи имтиёзҳои андоз дар Тоҷикистон чунин навъҳои соҳибкорӣ равнақу ривоҷ дода шаванд: -соҳибкорие, ки даромаднокии дараҷаи меъёри миёнаи фоидаро таъмин…

    Муфассалтар »
  • Тартиби ҳисоб кардани андоз

    Усул, мӯҳлат ва тартиби пардохти андоз Одатан, қонунгузорӣ вазифаи ҳисоб кардани маблағи андозро ба зиммаи андозсупоранда (ва ё намояндаи ӯ) гузоштааст. Дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ вазифаи ҳисоб кардани маблағи андозро ба зиммаи мақомоти андоз (гумрук) ва агентҳои андоз гузоштан мумкин аст. Андозро метавон аз рӯи системаи ғайрикумулятивӣ (манбаи андоз қисм…

    Муфассалтар »
  • Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

    Меъёри андоз37 миқдори маблағи андозро барои ҳар воҳиди андозбандӣ муайян мекунад. Меъёрҳои андоз аз рӯи тарзу усули муқарраргардида қатъӣ ва фоизӣ мешаванд. Масалан, меъёри андози замин қатъӣ буда, барои воҳиди андозбандӣ ба андозаи муайян (қатъӣ) муқаррар карда шудааст (ба ҳисоби сомонӣ барои 1 гектар ё метри мураббаъ вобаста ба минтақаи…

    Муфассалтар »
  • Объект ва мояи андозбандӣ

    Манбаъ ва миқёси андоз Мутобиқи назарияи маъмул[1]34 объекти андозбандӣ воқеияти ҳуқуқие (амалиёт, ҳодисот, ҳолот) мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ба миён омадан, тағйир ёфтан ва ё қатъ гардидани ҳуқуқу вазифаҳои андозро бо онҳо алоқаманд медонанд (Нақши 6.3.). Ба чунин воқеиятҳое (амалиёт, ҳодисот, ҳолот), ки бо ба миён омадан, тағйир ёфтан ва…

    Муфассалтар »
  • Тарзи ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

    Воҳиди андозбандӣ Тарзи баҳисобгирии манбаи андоз одатан масъалаи муҳосиботӣ буда, ба масъалаҳои андозбандӣ бевосита алоқаманд нест. Дар амалия ин дар тавсифу таърифи андоз масъаларо ё чигил мекунад ва ё дар таърифу тавсифи раванди андозбандӣ боиси аз ҳад зиёд тафсил кардани масъаламешавад. Ҳанӯз дар Мисри қадим дар ҳазораи II пеш аз…

    Муфассалтар »
  • Давраи андозсупорӣ

    Давраи андозсупорӣ36 давраест, ки дар ин муддат ҷараёни ташаккули манбаи андоз анҷом меёбад ва андоз супоридани шахс муайян мегардад. Ин унсури андоз аз он ҷиҳат зарур аст, ки ба бисёр объектҳои андозбандӣ (фоида гирифтан, фиристодани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дарозмӯҳлатӣ ва такрор хос мебошад. Барои ҷамъбасти натиҷаи фаъолият (давлат,…

    Муфассалтар »
  • Субъекти андозсупоранда

    Субъекти андозсупоранда[1]33 шахсест, ки вазифаи ҳуқуқии аз ҳисоби маблағи худ пардохтани андозро ба зимма дорад. Ин шахсро ҳамчунин андозсупоранда (хироҷӣ) меноманд. (Нақши 6.2.). Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамаи истилоҳоти мавриди истифода тафсиру маънидод шудааст. Истилоҳи «шахс» дар қонунгузории андоз ба маъное истифода шудааст, ки ба истилоҳи Кодекси граждании…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва аҳамияти ҳуқуқии тавсифи унсурҳои андоз

    Яке аз усулҳои (принсипҳои) асосии классикии андозбандӣ тавсифи аниқи андоз мебошад. Барои ин тавсифи ҳар андоз бояд маълумоти пурраеро доро бошад, ки аз рӯи он: — шахси мутасаддӣ, андозаи ӯҳдадории андоз ва тартиби иҷрои он; — ҳадду андозаи талаботи давлат нисбати амвол ва даромади андозсупоранда аниқу мушаххас тасдиқ карда мешавад31.…

    Муфассалтар »
  • Андозҳои мустақим ва ғайримустақим

    Ҳамаи андозҳоро дар рафти таснифоташон (гурӯҳбандӣ) вобаста ба асосу заминае, ки ба сифати меъёри таснифот қабул гардидаанд, ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо кардан мумкин аст[1]29 (Нақши 5.1.). Андозҳоро одатан вобаста ба ин хусусиятҳояшон ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд: тарзи ситонидани онҳо;аз рӯи сатҳи идора;субъекти андозсупоранда;хусусияти меъёри татбиқшавандаи андоз;имтиёзҳои андоз, манбаъ ва объекти…

    Муфассалтар »
  • Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии кредитӣ ҳамчун миёнарави байни буҷет ва андозсупоранда

    Агентҳои андоз Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии кредитӣ ҳамчун миёнарави байни андозсупорандагон ва хазинаи давлат, ба ҳайси як навъ пулроҳаи пардохти андоз ба буҷет ё фонди давлатӣ вазифаҳои муайянро дар соҳаи андозбандӣ низ ба ҷо меоваранд. Вобаста ба ин дар қонунгузорӣ рӯйхати ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти онҳо дар соҳаи андозбандӣ…

    Муфассалтар »
  • Андозсупоранда ҳамчун иштироккунандаи муносибатҳои ҳуқуқии андоз

    Андозсупоранда дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз симои асосӣ мебошад. Дар Кодекси андоз мафҳуми «андозсупоранда» аниқ муайян карда нашудааст, агарчӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои андозсупоранда ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқии андоз, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои асосии қонунии (юридикии) ӯ ва намудҳои масъулият дар Кодекс зикр шудаанд. Андозсупоранда шахсест, ки мувофиқи қонун бояд андоз супорад. Дар Молдавия андозсупоранда,…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми андоз, боҷу хироҷ

    Чанд вақтест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз принсипи хоҷагии халқро идора кардани давлат даст кашидааст. Он вақтҳо давлат ва мақомоти он бевосита ба фаъолияти молиявию хоҷагии ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ роҳбарӣ мекарданд ва ҳамин тариқ барои иҷрои вазифаҳои ба зимма гирифтаашон маблағ мекофтанд. Дар ин гуна шароит манбаъи бо пул таъмин намудани…

    Муфассалтар »
  • Андозҳо ва дигар даромадҳои давлатӣ

    Муҳимтарин шакли фаъолияти ҳар як давлат, тавре ки маълум аст, ташаккул додани (сафарбарии) даромадҳои давлатӣ мебошад. Даромади давлатӣ — инҳо захираҳои молиявие (пулие) мебошанд, ки аз манбаъҳои гуногун ба ихтиёри давлат дохил мешаванд ва давлат онҳоро барои ҳалли масъалаҳои худ ва иҷрои ӯҳдадориҳояш истифода мебарад. Даромади давлат аз ҳисоби даромади…

    Муфассалтар »
  • Таъриф, мавзӯъ ва усули ҳуқуқи андоз

    Аксари давлатҳо, аз он ҷумла Тоҷикистон ҳам хазинаи худро тавассути манбаъҳои гуногуни даромади давлатӣ, аз ҷумла андоз пур мекунанд. Масалан, даромади буҷети мамлакат маъмулан[1] аз ҳисоби мадохилоти андози фурӯш, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳое, ки мақомоти гумрук ҷамъ меоваранд (андози арзиши иловашуда, аксизҳо ва андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард), хироҷи замин…

    Муфассалтар »
  • Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқии андоз

    Соҳаи андозбандӣ муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро дар бар кардааст. Муносибатҳои воқеии иқтисодӣ асоси ин муносибатҳоро ташкил медиҳанд. Мақсад аз танзими ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ ба манфиати умуман давлат ва ҷамъият мутобиқ гардонидани онҳост. Соҳаи андозбандӣ ё муҳити андоз соҳаест, ки ваколатҳои идораи давлатиро оид ба муқаррар намудан ва ҷамъ овардани андоз фаро…

    Муфассалтар »
  • Манбаъҳои ҳуқуқи андоз

    Манбаи ҳуқуқ истилоҳи ҳуқуқӣ буда, барои ифодаи шаклҳои гуногуни иродаи давлат (ҷамъият) хизмат мекунад, ки тавассути онҳо ин ирода ба ҳуқуқ табдил меёбад. Манбаи ҳуқуқ ба маънои махсуси ҳуқуқӣ шакли зоҳирии ифодаи ҳуқуқ, яъне ҷамъи асноди меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо меъёрҳои ҳуқуқро дарбар кардаанд. Дар навбати худ меъёрҳои ҳуқуқ…

    Муфассалтар »
  • Принсипҳои асосии ҳуқуқи андоз

    Танзими ҳуқуқии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои муайян асос ёфтааст. Принсипи ҳуқуқӣ асоси дастуриест, ки чун қоида дар қонун ё санадҳои иловагии (зерқонуни) меъёрӣ муайян карда шудааст. Ҳамин тавр принсипи дар асоси ҳуқуқ тартибёфтаи системаи андоз манбаи бунёдгузор аст, ки нишонҳои умумӣ ва махсуси ҳуқуқи (қонунгузории) андозро устувор мегардонад.…

    Муфассалтар »
  • Маълумоти умумӣ оиди ҳуқуқи андози ҶТ

    Нақша 1.Мафҳум, предмет ва принсипҳои ҳуқуқи андоз 2. Система ва намудҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3. Андоз ва боҷи гумрукӣ 4. Вазифаи андозбандӣ ва шаклҳои амалӣ гардонидани он дар муносибатҳои бозоргонӣ 1. Мафҳум, предмет ва принсипҳои ҳуқуқи андоз Ҳуқуқи андоз гуфта, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятии фаъолияти дар…

    Муфассалтар »
  • Санадҳои асосии қонунгузории андоз

    Санадҳои асосии қонунгузории андоз ва асноди дигаре, ки андозбандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардонанд 1. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 №664 (бо тағйироту иловаҳои минбаъда). 2. Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар референдуми умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст. Дар референдуми умумихалқии 26 сентябри соли 1999…

    Муфассалтар »
  • Ҷавобгарии ҷиноятии ҳуқуқӣ

    Ҷавобгарии ҷиноятии ҳуқуқӣ аз рӯи оқибати худ аз тамоми намудҳои дигари ҷавобгарии ҳуқуқии андозсупорандагон барои қонуншикании молиётӣ ҷиддитар аст. Қонуншикании (ҳуқуқвайронкунии) ҷиноятии соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии молиётиро ба тарзи дигар ҷинояти молиётӣ меноманд. Ин қонуншиканӣ ва ҳамчунин муҷозоти содир гардидани он дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҶ ҶТ) пешбинӣ шудааст. Ба…

    Муфассалтар »
  • Ҷавобгарии маъмурии ҳуқуқӣ

    Соҳибкорони алоҳида (инфиродӣ) намояндагони онҳо ва намояндагони андозсупоранда (агенти андоз) дар баробари ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (минбаъд — КҲМ). Ҷавобгарии маъмурӣ як навъи ҷазои ҳуқуқӣ аст. Он танҳо ҳангоми ҳуқуқвайронкунӣ сар мезанад. Намудҳои гуногуни рафтору кирдори…

    Муфассалтар »
  • Масъулияти риоя нашудани қонуни андоз

    1. Муқаррароти умумӣ Масъалаи муқаррар кардани системаи самарабахши андоз ва назорати пардохти андоз имрӯз барои аксари мамлакатҳои ҷаҳон масъалаи муҳим ва доғ гаштааст. Бо вуҷуди он ки кишварҳои тараққикарда дар такмили қонунгузории андоз ва назорати молия ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд, миқёси сар печидан аз пардохти андоз дар ин мамлакатҳо…

    Муфассалтар »
  • Чораҳои маъмурӣ (маъмуриятчигӣ) дар соҳаи андоз

    Яке аз муҳимтарин шартҳои устувории системаи молиявии ҳар давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон муттасил ситонидани андоз ва боинтизомии андозсупорандагон мебошад. Ҳамаҷониба риоя гардидани ин шартҳо бо системаи ягонаи тартиб додани қонунгузории андоз, назорати ягона ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

    Муфассалтар »
  • Андозҳои омехта

    Дар Тоҷикистон ба андозҳои омехта (андозҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пардохташаванда) инҳо марбутанд: Андози арзиши иловашуда (ААИ)АксизҳоПардохтҳои иҷтимоӣХироҷи заминХироҷи ягонаи замин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) — то 31.12.2003 ҷорӣ шудаастАндози соҳибони воситаҳои нақлиётАндози фурӯши пахта ва алюминийАндози маҳаллии савдои чаканаАндози маҳаллӣ барои нигоҳдории нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣБоҷи гумрукӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Андозҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ месупоранд

    Дар Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) намудҳои зерини андоз гирифта мешаванд: андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;андози истифодабарандагони конҳо;андози амволи корхонаҳо;андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд аз рӯи системаи соддакардашуда месупоранд. 1) Андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ яке аз муҳимтарин пардохтҳои ҳатмии низоми (системаи) андози ҷумҳурӣ мебошад. Ин андозро ба ҷумлаи…

    Муфассалтар »
  • Системаи андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Пардохтҳои ҳатмии ба системаи андозҳо шомилро ба гурӯҳҳои марбути субъектҳои пардохт ҷудо кардан айни мақсад аст. Дар ин асос гурӯҳҳои мазкурро ин тариқ ҷудо кардан мумкин аст: андозҳое, ки шахсони воқеӣ месупоранд;андозҳое, ки корхонаҳо месупоранд;андозҳое, ки ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеӣ месупоранд (андозҳои омехта). Боҷу пардохтҳои ҳатмии дигар…

    Муфассалтар »