Фанни География.

Низоми чорабинихо оид ба истифодаи самараноки ва мухофизати захирахои замин

Низоми чорабинихо оид ба истифодаи самараноки ва мухофизати захирахои замин.

Захирахои замин махдудияти замин мафхуми нисбӣ мебошад.Аммо аз нуктаи назари иқтисодӣмахдудияти замин мафхуми нисбӣ мебошад,чунки тавассути маблағгузорихои иловагӣ истеҳсоли маҳсулотро аз воҳиди майдои кишт мунтазам зиёд намудан мумкин аст.Нерӯи истеҳсолии замин дар амал беҳудуд аст.Ҳар як марҳилаи нав дар тарақиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ дар оянда афзоиши маҳсулнокии заминдориро таъмин менамояд.Ҳамзамон қайд кардан лозим аст,ки самти муҳими баландбардории самаранокии иқтисодии истифодабарии замин дар кишоварзӣ дар марҳилаи ҳозира интенсификатсияии мунтазам мебошад.Зарурати обективии онро рушди доимии алабот ба нмаҳсулоти кишоварзӣ ва кам шуданиистеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳар яак сари аҳолӣ ба миён овардааст.Масалан,дар соли 1980 ба ҳар як сар аҳолии ҷумҳурӣ 0,20 гектар замини кишт рост меомад.Алҳол ин нишондиҳанда 0,14 га­­­­‑ро ташкил медиҳад.

Дар амал татбиқ гардидани интенсификатсияи заминдорӣ ҳали як қатор масъалаҳоро дарар мегирад,ки на танҳо аз маблағгузориҳои иловагӣ,балки аз такмили технологӣ ва ташили дурусти истеҳсолоту меҳнат нисбати маблағгузориҳои иловагӣ самараи хуби иқтисодӣ медиҳад.Аз ин ҷост,ки танҳо дар ҳолати риоя наудани мутаносибиибайни қисмҳои таркибии маблағгузориҳо (миқдор ва сифати маблағгузорҳо,ки аз нигоҳт илмӣ асоснок шудаанд)афзоиши мунтазами нерӯи истеҳсолии заминро таъмин намудан мумкин аст.Ба фонди замини ҷумҳурӣ хусусиятҳои табиӣ‑иқлими хос мебошад.Ин ҳолат зарурати баҳисобгирии шароитҳои табиию иқлимиро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани саараноки иқтисодии истифодабарии замин ба миён меоварад.Чун зарурият тақозои низоми заминдории аз ҷиҳати илмӣ асоснокшударо дорад.Низоми заминдорӣ вобаста аз шароити ҳар як минтақа ба комплекси омилҳои агро иқлимӣ,биологи,техникӣ,ташкилӣ‑иқтисодӣва иҷтимоӣ асос меёбад.

Низоми заминдорӣ ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии замин ва рушди ҳосилхезии он равона шуда,аз чунин унсурҳои асосӣ (зернизомҳо) иборат мебошад:таази гузаронидани киштгардон,уусулҳои бартараф намудани эрозияи хок ва коркарди ратсионалии он,низоми мошинҳо ва истифодаи дурусти нуриҳо,оҳакандозии хокҳо,обёрӣ а хушконидани заинҳо,тухмикорӣ,корам намудани алафзорҳо ва чарогоҳҳо,мубориза бар зидди алафҳои бегона ва ҳашароти зараровар,чорабиниҳои ташкилӣ‑иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.Чанде аз онҳо мавриди барассӣ қароар медиҳем.

Дар комплекси чорабиниҳо мавқеи махсусро киштгардон ишғол мекунад.Мақсад аз киштгардон мувофиқи нақша иваз намудани кишти зироатҳо набуда,балки таъмини мувозина (баланси)‑и мусбиимодаҳои органикӣ дар хок мебошад,ки ҳосилнокии онро баланд мебардорад.

Пряшников Д.Н самараи ҷамъбастии киштгардонро ҳангоми ҷамъоварии ҳосили ғалла аз ҳисоби дучандшавии ҳосил муаян намудааст.Дар ин бора тадқиқоте гувоҳӣ медиҳад,ки ҳанӯз соли 1912 дар қитъаи истеҳсолӣ‑таҷрибавии академияи кишоварзии ба номи Тимирязеви шаҳри Москва гузаронида шуда буд.Ин тачриба исбот намудааст,ки дар натиччаи дуруст гузаронидани киштгардонбидуни истифодаи нуриҳо ҳосилнокии зироатҳои ғаладонагӣ нисбати якказироатҳо дучанд меафзояд.Дар мавриди киштгардони дуруст ва исстифодаи фақат як намуди нурии минералӣ (NPK) ҳосилнокии зироатҳои ғаладонагӣ сечанд меафзояд.Таҷриба нишон медиҳад,ки натиҷаи таъсири ҳамчояи омилҳ‑киштгардон,нуриҳои минералӣ,оҳакандозӣ,нуриҳои органикӣ ҳосилнокии зироатҳои ғаладонагӣ зиёда аз 40 цент‑ро аз ҳар як гектар ташкил медиҳад.

Ҳангоми интенсификатсия заминдорӣӣ дар шароити тарақиёти махсусгардонӣ,консентратсия ва интегратсияи агросаноатии истеҳсолоти кишоварзӣ нақши киштгардон хеле калон аст.Дар ин ҳолат вазифаҳои асоси киштгардон чунинанд:муаян намудани дараҷаи махсусгардонии замини кишоварзӣ барои кишти ин ва ё он намуди маҳсулот;муаян намудани зироатҳои пешкишт ва зироатҳои мобайниӣ;тоза намудани заминҳои кишт аз ифлосиҳо ва барангезандагони касалиҳои зараровар,ки барои зироатҳо хавфноканд (вазифаи санитарӣ‑гигинии киштгардон).

Мубориза бар зидди эрозияи хок аз таъсири обҳо ва бодҳо низ яке аз унсурҳои низми заминдорӣ ба ҳисоб меравад.Сохтумони иншоотҳои гуногун ба муқобили сел ва обхезиҳо ҳозилхезии мавҷудаи хокро нигоҳ дошта барои истифодаи самаранокии замин ва баландшаввии ҳосилнокии он мусоидат мекунанд. Барои бартарафсозии эрозияи хок усулҳои гуногун ва иншоотҳо мухталифи гидротехникиро истифода мебаранд:сабзонидани дарахтон дар атрофи қитъаҳои замин,кишти алафҳои бисёрсола,сохтмони иншоотҳои оҳану бетонӣ барои обҷамъкунӣ ва обёрӣ.Солҳои охир дар ин самт аз усулҳои навини коркарди замин (хок) истифода мебаранд.Хусусан,низоми ҳамаҷониба асоснокгардидаи заминдорӣ барои муҳофизати хокнақши муҳимро мебзад. Чунин низоми заминдорӣ имкон медиҳад, ки барономаҳои муҳофизати хок аз таъсири обу бодҳо бо таври комплексӣ ҳал карда шаванд бо ин мақсад техник ва технологтяи такмилёфтаи коркарди зироатҳои кишоварзиро истифода бурдан лозим аст.Чунки мошин ва агрегатҳои кмбиниронидашуда якчанд амалиёти агро технткиро якбора анҷом медиҳад.Дар натиҷа, гардиши тракторҳо ва мошинҳо дар қидъаҳри замин кам мегардад.Ин амал фишорро ба қабати болои замин, яъне хк камтар мекунанд.

Таъмин будани корхонаҳои кишоварзи ба воситаҳои механизатсия низ яке аз унсурҳои (зернизомҳои) низоми заминдори ба шуор мравад.Новобаста аз он,ки ҳар сол барои таъминоти техникии киҳоврзӣ маблағҳои калони пули ҷудо кара мешавад, дар ин самт пробемаҳои зал ношуда хело зиёданд ҳам ар корхонаҳои кишоварзии давлати ва ҳам дар корхонаҳои колетивӣ –ҷамъияти энергия муссалаҳии меҳнат ба ҳар сад гектар замини кишт аз дараҷаи муаяншуда хее паст аст.Оид ба ин ниондиҳанда дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳоҷати суха ронданҳам нест.авҷуд абудани комплекси машинҳои кишоварзӣ ва агрегатҳо да хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мушкилиҳои дастрас намудану то ба истеъмолкунанда расонидани онҳо боиси баланд гарднидани харочоти истехсолӣ ва меҳнатӣ барои истесолт воҳиди маҳсулот мегардад.Қайд намудан зарур аст,ки на дар ҳама хоҷагизо барномаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда оид ба таркиб ва созтори воситаҳои меаниизатсия бо назардошти махсусгардонии истеҳсолот мавҷуданд .Дар баъзе корхонаҳои кишоварзӣ ҳатто дар истифода ва таъмиру тармими техника низ камбудиҳо ҷой доранд. Оҳакандозӣ ҳамчун унсури низоми заминлори аз зиёдшавии дараҷаи туршии хоки заминҳои киштшаванда вобаста мебошад.Дар хокҳои турш худхаридкунии нуриҳои менерали хее паст мнгардад.Дар хокҳои араҷаи туршишашон аз ҳад зиёд истифодаи нуриҳои минералӣ ҳато ба натиҷаҳои манфи оварда мерасонад.

Обёрӣ ва хушконидани заминҳо аз шароитҳои табиӣ –объективӣ соири минтақаҳои ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.Қисме аз заминҳои кишти ҷумҳурӣ аз меъёр зиёдтар намноканд, қисми дигараш ба хушкӣ мубтало грдиданд.Гузаронидани чорабиниҳои мелиоративӣ дар ин заминҳо имкон медиҳад,ки ҳлати коркарди онҳо барои кишоварзӣ муофиқ кунонида шуда ва кафолати истеҳсоли маҳсулот таъмин карда шавод.Дар шароити имрӯза зарур аст,ки масъалҳои мелиоративӣ ва аз худ кунии заинҳои киоварзӣ ба таври комплексӣ: баланд бардоштани дараҷаи техникӣ ва сифати сохтумони иншоотҳои хоҷагиҳои об таъмин кунанда, кор карда баромаданд ва амалӣ намудани чорабиниҳо оиди гузариш ба тхнологияе ,ки сарфаи бро ҳангоми объёрӣ таъмин менамояд сарфакорона истифода бурдани захираҳои об ва зами ҳал карда шавад.

Тухмикори ҳамчун унсури низоми заминдорӣ аҳамияти калонро доро мебошад.Тухмикори маҷмуӣ чораҳо оид ба бавуҷудовардани навъҳои нави зироатҳо ва дар амал татбиқ гардонидани онҳо мебошад.Мақсад аз тухмикорӣ ин ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳо мебошад,ки шароити табиӣ-иқлимии ин ва ё он минтақа мувофиқат мекунад ва кишти онҳо дар ин минтақаҳо натиҷаҳои беҳтарини миқдорӣ ва сифатӣ мебошад нақши ҳалкунандаро дар таъмини ин раванд селексия мебозад.Комёбиҳои селексия,албатта,назарасанд.Аммо бо вуҷуди ин селексия ва тухмипарварӣ як зумра муаммоҳои ҳал нашударо доро мебошад:навъҳои интенсивии зироатхои кишоварзӣ хеле сут дар амал татбиқ мешаванд:дар қисмати зиёди заминҳои кишовазиӣ тухмиҳои паст сифат кишт карда мешаванд:устувории экологии навъҳои нави зироатзо ҳангоми озмоишои таҷрибавӣ ба эътибор гирифта намешавад.Дар баробари ин мебояд, дараҷаи истифодаи авъҳои мавҷудаи зироатҳоро беҳтар гардонид.Чунки алҳол неруи истесолии онҳо то ба охир истифода нашудаанд.Яке аз сабабҳои асосии истифода нашудани имконятҳои пурраи навъҳои интенсивии зироатҳо ин риоя накардани агро ехикаи парвариши онҳо ба ҳисоб меравад.

Корам намудани алафзорҳои табиӣ чарогоҳҳо звенои зарурии низоми заминдорӣ мебошад, ки ба саимти истифодаи интенсивии заминҳои хуроки чорво ва баланд ардоштни маҳсулнокии онзо равона карда шудааст.Маҳсулоти умумии алафзорҳои табӣ ва чарогоҳҳои кишоварзӣ 3215,4 ҳаз. Гектарро ташкил едиҳанд, ки аз он 17,8 ҳаз. Гектараш ба алафзорҳо рост меояд. Ин захираҳо заминаро барои мусӣаҳкам гардонии базаи хӯроки чорво ва афзоиши маҳслнокии соҳаи чорводорӣ ба вуҷуд меоваранд.Дар ир инҷода нақши чорабиниҳои мелиоративӣ ва истифодаи дурусти нуриҳои менералӣ хеле муҳим мебошад.Масалан, аз истифодаи 1 кг нуриҳои фосфор, колй ё итрогендор дар алафзорҳои табиӣ ба таври илова 11-12 кг коҳ (беда) ҷамоварӣ намудан мукин аст. Дар алафзорҳое, ки дар шароити хуби табиӣ ва иқлимӣ доман афрохтаанд,ин нишондиҳанда ба 13-17 кг мерасад. Мавриди ба таври комплексӣ анҷом додани чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани сифати алафзорҳо ва чарогоҳҳо маҳсулнокии онҳо балонд гардида ба 4-5 ҳаз воҳиди хӯрока аз ҳар як гектар мерасад.Зимнан қайд кардан мумкин аст,ки арзиши аслии воҳиди хӯрока дар ин ҳолат хеле паст буда харочот дар 1-2 сол худро харид мекунанд.Аммо дараҷаи истифодаи алафзорҳо ва чарогоҳҳ о ҳанӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ба меъёр ҷавобгӯ -нест.Масалан, дар давоми солҳои 1981-87 ҳосилнокӣ аз ҳар як га алафзор ба ҳисоби миёна 6,7 сентнеро ташкил медод, ки ин ба ҳисоби коҳ ба 268 воҳиди рока баобар аст.Маҳсулнокии чарогоҳҳо таи ин солҳо ба 170 воҳиди хӯрока баробар буд.Сабабҳои асосии чунин дараҷаи пасти истифодаи алафзорҳо ва чарогоҳҳо инҳоянд: сари вақт нагузаронидани чорабиниҳои мелиративӣ ва агротехникӣ; ба қадри ҳол таъмин набудани хоҷагиҳо бо техника ва таҷҳизотҳо; ба таври хеле суст амали гардидни усулҳои прогрессивӣ (пеқадами)-и ташкили кор оид ба беҳтар гардонидани алафзорҳо ва чарогоҳҳо дар доираи хоҷагиҳо, ноҳияҳо,вилоятҳ; дараҷаи пасти таъминоти хоҷагиҳо ва тухмиҳои ба тухмиҳои босифат; норасоии нуриҳо минералӣ.

Мубориза ба зидди касалиҳо ва ҳашароти зараровари зироатҳои кишоварзӣ низ яке аз роҳҳои баландбардории ҳосилнокии заминҳои кишт мебошад,ки як зумра чорабиниҳои агротехникӣ биологӣ, химявӣ ва дигар восиӣаҳои муҳофизати рустаниҳоро дар бар мегирад аз ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи растани парварӣ 12% маҳз тавассути ҳамин чорабиниҳо ба даст меояд.Таҷрибаи ҷаҳонӣ дар боби заминдорӣ тамоюли якҷояшавии усулҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳо зироатҳои зараовар ва касалиҳои растаниҳоро дорад. Ин тамоюл тавассути такмилёбии усулҳои биоогии муҳофизати растаниҳо амалӣ мегардад.

Таъминоти ташкилӣ-иқтсодии низоми зминдорӣ чорабиниҳоро ид ба баландгардонии самаранокии исифодаи замин, захираҳои моддӣ, молиявӣ, еҳгати бо назардоштӣшароитҳои мушахасси ҳар як минтакаи алоҳида дар асоси комёбиҳои ПИТ ва дараҷаи тахассуси кадрҳо дарбар мегирадюМаълум аст,ки амалӣ гардидани ин чорабиниҳо тағйиротҳои кулиро дар низоми муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии деҳот талабгор мебошад.Ҷорӣ намуданишаклҳои нави ташкили истеҳсолот ва меҳнат аз зумраи онҳо мебошад.

Низоми заминдорӣ қисми таркибӣ ва муҳими низоми хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад.Аз ин сабаб,барои дар низоми хоҷагидорӣ ба натиҷаҳои беҳтарин соҳиб шудан мавқеи онро (низоми зминдориро) бо назардошти махсусгардонии истеҳсолот ва вазифаҳои дарозмуддати кишоварзӣ муаян намудан лозим аст.

Ба дараҷаи самаранокии иқтисодии истифодаи замин дар кишоварзӣ омилҳои гуногун таъсир мерасонад,ки дар алоқамандии ураккаби байниҳамдигарӣ амал мекунанд.Бинобар ин,таъсири ҳар як звенои алоҳидаи низоми заминдориро бо натичаи ниҳоии истеҳсолот ба инобатгирифтан лозим аст.Истифодаи якҷояи ҳамаи унсурҳои таркибиинизоми заминдорӣ,ки аз нигоҳи илмӣ асоснок шудаанд,ба афзоиши доимии ҳосилхезии хок,ҳосилнокии зироатҳо мусоидат намуда,тарақиёти устувори истеҳсолотро таъмин менамояд.Ҳалли ин мушкилиро танҳо ҷоӣ намудани технологияи интенсивии киштукори зироатҳо анҷом дода метавонад.Ин амал марҳилаи нав дар интенсификатсияи заминдорӣмебошад,ки ба комёбиҳо навтарини илму техника,таҷрибаи пешқадам ва меҳнати баландсифат асос ёфтааст.Чунин тарзи ташкили истеҳсолот имкон медиҳад,ки дар асоси мувофиқати омилҳои истеҳсолот нерӯи генетикии зироатҳои кишоварзиро бо таври пурра истифода бурда,баромади зиёдтарини маҳсулотро ба воҳиди захираҳои моддӣ,меҳнатӣ ва замин таъмин намоем.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *