Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Сухани Оиша(р) ҳангоми кушта шудани Ҳазрати Усмон (Р)

Аз Муҳаммади Таймӣ ривоят аст, ки гуфт: — Усмон кушта шуд Оиша омаду гуфт:

  • Оё амири мӯъминонро куштанд?

Гуфтанд:

  • Оре.

Гуфт:

  • Худо раҳматаш кунад ва мағфираташ намояд. Шумо аз ин, ки бар зидди мухолифони Усмон қиём накардед, хато кардед. Шумо бояд ҳақиқатро пойдор намуда, ба пуштибонии он бармехестед ва коре мекардед, ки сабаби зиёдати иззату мақоми Ислом дар назари дигарон мешуд. Ҳар гоҳе, ки Худо неъматеро дар динатон афзуд ва шумо дар пуштибонию нигоҳдории он сустию танбалӣ кардеду аз пайи тамаъи дунё шудед, қасам ба Худо, нобудсозии неъмат аз муҳайё сохтани он осонтар аст. Шумо ба ҷойи ин, ки бо шукр неъмататонро афзун кунед мешитобед, ки ба ношукрӣ неъматро аз кафатон берун кунед. Қасам ба Худо, агарчӣ ҳаёти Усмон мунқатеъ шуд ва марг ӯро аз миён бурд (ин мақоми вайро паст насохт). Савганд ёд мекунам, ки чӣ гунае, ки ҷавонуштури ҷуфтӣ дар назди зироаткорон қадр дорад ва онро аз дигар амволашон азизтар медонанду ба диданаш хушҳол мегарданд, Усмон дар назди Расули Худо ҳамингуна буд. Вай домоди арзандаи Расули акрам буд. Ҳаройна мебинам, ки мардум аз душворӣ ба ҳарос меафтанду муҳаббати дунё бо қадаҳҳои пур ба комашон рехташудааст ва адлу инсофро ба пушти сар гузоштаанд. Агарчӣ замон бо тамоми неру ба вай фишор овард, вале ӯ ғалаба кард, аммо дигарон бошанд, мусибатро болои худ оварданд. Қасам ёд мекунам, ки агар дасти ҳамаашон ба мақсади нопок ҷониби Усмон дароз мешуд вайро ҳангоми долу зарби ҷанг холӣ аз ханҷар медиданд, зеро вай ҷангҷӯ набуд. Усмон (р) ба хотири худаш ҷангиданро намехост ва агар фармони ҷанг медод, ғолибият насибаш мешуд. Лекин фитнае шуд, ки дасти ситамгарон ба он олуда буд. Усмон(р) дар пуштибонӣ ва нашри Ислом ва нерӯ бахшидан ба дин вазифаашро анҷом дод. Худованд тавассути вай қалъаҳои мустаҳками куфрро нобуду хароб кард ва думи мушриконро бурида сохт ва пояҳои залолатро барканд. Қасам ба Худо, мусибати Усмон вазнинтарину сахттарин мусибат барои мост. Аҳди сарварии Усмон барои уммат нек буд, аммо Худо ба марги вай санги сафеди динро сурох сохт ва қалъаи Исломро мусибати Усмон(р) шикаст. Ҳазрати Алӣ (р) дар миёни қавм нишаста буд ва сухани Оишаро гӯш доду гуфт:
  • Худо бар сари кушандагони Усмон(р) шӯълаи оташ ва азоби алим фурӯ резад.

(Балоғотуннисо, с.28-29)

ПУШТИБОНИИ САРВАРОН АЗ ОИША (Р)

Ибни Абиддунё гуфтааст:

  • Дар болои пуле истода будам, ки Қозӣ Абуҳассони Зиёд омад. Мутаваккил аз шаҳри Сурра (Сурра ман роъа), ки Ҳозир Самарро гуфта мешавад, дар як матои Дабиқӣ (номи маҳал) чандин тозиёнаи нав фиристода, ба қозӣ амр кардааст, ки Исо ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Осимро бо ҳамон тозиёнаҳо ҳазор тозиёни зада шавад. Зеро шахсони мӯътамад шоҳидӣ дода будаанд, ки вай Абубакру Умарро дашном дода, Оишаро тӯҳмат кардааст ва худи Исо ибни Ҷаъфар инро инкор накардааст ва тавба ҳам накардааст. Тозиёнаҳо гиреҳдор буданд. Исо ибни Ҷаъфарро дар ҳузури қозӣ замоне, ки кормандони умури қазоват ҳам ҳузур доштанд, тозиёна заданд.

Вай мегуфт:

  • Эй қозӣ, ту маро куштӣ.

Абуҳассон гуфт:

  • Туро Худо кушт, зеро ба ҳамсари Паёмбар тӯҳмат задӣ ва хулафои рошидинро дашном додӣ.

Талҳа мегӯяд:

  • Чун вайро ҳазор тозиёна заданд ва дар офтобаш гузоштанд, то он ки ба ҳалокат расид. Сипас, вайро ба Даҷла андохтанд.

(Мухтасари «Нишворул муҳозара»-и Танаввухӣ, с141,ҷ.1.)

Муҳаммад ибни Субайҳ ибни Саммок гуфтааст:

  • Ту медонӣ, ки Яҳуд ёрони Мусоро ва Насоро ёрони Исоро дашном намекунанд. Пас, чаро ту, эй ҷоҳил, ёрони Муҳаммадро дашном медиҳӣ? Ту хуб медонӣ, ки аз куҷо омадаӣ. Чаро ту ба ислоҳи гуноҳони худат машғул намешавӣ? Агар чунин мекардӣ, дар вуҷуди ту тарси Худо падид меомад ва ба худат мепардохтию гунаҳкоронро фаромӯш мекардӣ. Пас, чун ту аз ҷаҳл ба ҷое расидаӣ, ки накукоронро айб мегирӣ ва гунаҳкор меҳисобӣ, чӣ гуна гунаҳкорон аз айбҷӯйи ту дар амон хоҳанд монд? Агар ту накукор мебудӣ ва ба айбҷӯйии гунаҳкорону бадкирдорон намепардохтию барои онҳо аз Худо умеди тавфиқу ҳидоятро мекардӣ, бароят беҳтар буд. Лекин афсус, ки ту, эй дашномкунандаи саҳобагон, бадкирдорӣ. Ана аз ҳамин ҷиҳат шаҳидону солиҳонро айб мегирӣ. Эй он, ки асҳоби Муҳаммадро айбгирӣ мекунӣ, агар шаб бихобӣ ва рӯз бихурӣ, ин беҳтар аст барои ту аз намози зиёдатии шаб ва рӯзаҳои нофилаат дар ҳолате, ки дар ҳаққи саҳобагони Муҳаммад(с) беэҳтиромию беадабӣ зоҳир кунӣ. Эй вой ба ҳоли ту! Чун ба бадгӯии хубон машғул шавӣ на шабзиндадории шабу на рӯзадории рӯзат ба ту фоидае нахоҳад бахшид. Агар аз ин корат тавба накунӣ, туро ба шармандагии охират башорат медиҳам. Эй вой бар ту! Онҳо дар Уҳуд ҳозир шуда буданд ва барои авфи онон аз ҷониби Худо ин оят нозил шуд.

Сухани Худо:

«Аз миёни шумо онҳое, ки дар рӯзи муқобалаи он ду гурӯҳ бигрехтанд ба сабаби порае аз амалашон шайтон онҳоро ба хато афканда буд. Инак Худованд онҳоро афв кард».

(Сураи Оли Имрон, ояи- 155)

Пас, ту дар ҳаққи онҳое, ки Худо афвашон кардааст чӣ ҳақ дорӣ бадгӯйи мекунӣ?

Мо ба муқобили ту, эй касе, ки саҳобаро бадгӯйи мекунӣ ва Оишаро суханҳои ношоям мегӯӣ, сухани Халили Худо -Иброҳимро ҳуҷҷат меорем, ки гуфт:

Сухани Худо:

«Ҳар, ки аз ман пайравӣ намояд аз ман аст, ва ҳар касе фармони ман набарад Худоё, ту омурзанда ва меҳрубонӣ».

(Сураи Иброҳим, ояи- 36)

Бубин Иброҳим (а) осиёну гунаҳкоронро дар маърази бахшишу ғуфрони Худои бахшанда қарор додааст. Эй оне, ки дар ҳаққи Оиша ва саҳобагон айбҷӯӣ мекунӣ, ту ба ҷуз ҷаҳл чӣ ҳуҷҷате дорӣ? Бадтарини пасояндагон ононеанд, ки пешиниёни хубкирдорро бадгӯӣ мекунанд. Қасам ба Худо, як нафаре аз пешиниёни накукор аз ҳазоронпасомадагон беҳтар аст.

(«Алҷалисус солеҳ» навиштаи Муоф ибни Закариё, с.392-393,ҷ.2.)

Имом Абулфараҷ ибни Ҷавзӣ, ки номи аслиаш Ҷамолиддин мебошад, яке аз урафо ва донишмандони асри 11-12-и мелодӣ буда дар Басраи Ироқ умр ба сар бурдааст ва аз худ осори гаронбаҳоеро боқӣ гузоштааст ва ба гуфтаи донишмандони асраш беш аз ҳазор китоб тасниф кардааст, ки аз ҷумла: Бустонул-воъизин ва Риёзус-сомиъин, Тазкиратул-адиб фи тафсир, Талбисулиблис ва ғайраҳо мебошанд, дар китобаш «Тазкирату улилбасоир фӣ Маърифати-л-кабоир» (с. 345-353) гуфтааст:

  • Иброҳим ибни Исҳоқро барои касе суол карданд, ки Оишаро дашном медиҳад, пас вай ба қатл расонидани чунин шахсро фатво дод. Уламои зиёде ба ҳамин фатво қоиланд. Абдуллоҳи Ҳамадонии қозӣ ҳикоят карда, гуфтааст:
  • Рӯзе дар ҳузури доъии бузург Ҳасан ибни Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб будам. Ин замоне буд , ки вай дар Табаристон буд. Ӯ он вақт аз эҳтироми бузург бархурдор буд. Марде ба наздаш омаду Оишаро суханони бад ва фаҳшомез гуфт.

Фармуд, ки: Гардани ин мардро бизан! Алавиҳои дигар хеста гуфтанд:

  • Охир ин шахс аз шиаҳои мост, пас вайро макуш. Ҳасан гуфт: Худо нигоҳ дорад, ки чунин шахсе аз шиаҳову пайравони мо бошад. Ин мардест, ки Паёмбарро таъна мезанад, зеро Худои азза ва ҷалла мефармояд:

Сухани Худо:

Занони нопок барои мардони нопок ва мардони нопок барои занони нопок ва занони пок барои мардони пок ҳастанд. Онҳо аз он чӣ дар бораашон мегӯянд муназзаҳанд (поканд). Омурзиш ва ризқи некӯ барои онҳост.

(Сураи Нур, ояи- 26)

  • Пас, агар Оиша нопок бошад шавҳари вай, ки бобои мову шумост нопок хоҳад буд, аммо воқеият чунин нест балки вай поку беолоиш аст. Эй ғулом, гардани ин кофирро бизан.

Ровӣ мегӯяд:

  • Пас, гардани вай зада шуд ва ман дидам.

Боз қозӣ мегӯяд:

  • Рӯзе аз Ироқ марде ба назди бародари Ҳасан Муҳаммад ибни Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб омаду уштурашро хобонда, ба хотири қатли Ҳусайн (р) навҳа карду саҳобагон ва Оишаро суханони носазо гуфт. Муҳаммад аз ҷояш хеста ба сӯяш ҳамлавар шуд ва бар сари вай зад, ки ҷо ба ҷо мурд.

Ба вай гуфтанд:

  • Охир ин аз гурӯҳи мову шумо буд. Муҳаммад гуфт:

Ин кофир буд. Бобои ману шумо -Паёмбари Худоро беғайрат донист ва ҳамсари поку ёрони бовафояшро дашном кард. Қозӣ Аёз дар китоби «Шарафул мустафо» аз Имом Абубакр ибни Тайиб овардааст, ки гуфт:

  • Аллоҳи азза ва ҷалла дар Қуръон замоне, ки нисбатҳои нодурусти мушриконро ба худ баён мекунад покии худашро ёдрас мекунад ва васфи покияшро зикр менамояд. Ҳамчунин вақте Худо нисбатеро, ки мунофиқон ва баъзе дигарон ба Оиша карда буданд ёдовар шудааст:

Сухани Худо:

«Чаро он гоҳ, ки ин сухан яъне тӯҳматеро, ки мунофиқон (Оишаро) карда буданд шунидед, нагуфтед: Моро нашояд, ки онро боз гӯем. Парвардигоро Ту поку муназзаҳӣ, ин тӯҳмати бузургааст».

(Сураи Нур, ояи 16)

Пас мебинем, ки Худованд дар ин оят чун покии Оишаро эълон мекунад, покии зоти бемисоли худашро ёдовар мешавад ҳамон гунае, ки дар радди ширки мушрикон покии худро ёд менамояд. Ин далолат бар бузургии Оиша(р) дорад. Ва далолат бар ин дорад, ки ҳар, ки Оишаро дашному тӯҳмат кунад, вай ба Худо бадгумон шудааст, зеро вай хаёл кардааст, ки Худо ба пайғамбараш занони нопокро додааст ва ҳар касе чунин пиндорад аз дин баҳрае надорад.

Қозӣ Аёз гуфтааст:

— Ин оят сухани Молик(р)-ро тақвият мекунад, ки дашномдиҳандагони Оишаро бояд заҷр кард, зеро чун Худованд дар радди мушрикон мегӯяд:

Сухани Худо:

«Аллоҳ аз ҳар чӣ барои вай шарик қарор медиҳед поку муназзаҳ аст».

Мазҳаби Шофеъӣ (р) ва Ҳанафӣ чуноне, ки дар «Фатҳул қадир» ва «Раддул муҳтор» ҳаст ин аст, ки тӯҳмату таън нисбати Оишаро куфр меҳисобанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *