Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Охирин видоъи Ҳераклус бо Сурия

Ҳераклус ҳамон ҳангом, ки эҳсос кард шаҳри Ҳимс дар хатари ҳуҷуми мусалмонон аст, аз он ҷо ба Антокиё омад ва то қабл аз суқути ин шаҳр дар ин ҷо буд. Ҳамин ки шунид шаҳри Ҳалаб ба дасти мусалмонон афтода, яқин кард, ки акнун навбати Антокиё расида ва мусалмонон бедаранг ба ин ҷо ҳамла хоҳанд кард. Медонист, ки дигар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҷилави чунин касонеро бигирад, ки дар ҳеҷ ҷанге шикаст намехуранд ва ба ҳар ҷо рӯй меоваранд, парчами пирӯзиро ба дӯш мекашанд. Пас маълум аст, ки ситораи бахти давлати Бизонс аз уфуқи Сурия, Урдун ва Фаластин барои ҳамеша ғуруб карда, дигар бар нахоҳад омад то бидурахшад. Мондани ӯ дар ин диёр холӣ аз хатар нест ва ҳамон беҳ то ба дасти мусалмонон наафтода бо ин сарзамин видоъ кунад ва роҳи Қустантиния — пойтахти аслии худро дар пеш гирад. Ба ин назар қабл аз ин, ки мусалмонон ба Антокиё бирасад, аз ин сарзамин хориҷ шуд ва дар масираш ба сӯи Қустантания дар маҳалле ба номи Раҳоа бар рӯи теппаи баланде истод ва рӯ ба тарафи Шом карда, видоъкунон гуфт: «Салом бар ту, эй Сурия, саломе, ки баъд аз ин бо ҳам мулоқот нахоҳем кард ва румиён пас аз ин ҷуз бо тарс ба суят боз нахоҳанд омад».

Пас аз суқути Антокиё куллияи шаҳрҳо ва деҳоти Шом (Сурия) то маҳалле ба номи Ҷарҷума, ки сокинини он ноҳия машҳур ба ҷароҷимия буданд, бидуни истисно итоат пеш оварданд ва бидуни ҳеҷ гуна муқовимате таслим шуданд ва Абуубайд онҳоро дар амон гирифт.

Абуубайд ба ин сон бо ҳамкории Холид дар зарфи чаҳор сол аз аввали муҳаррами соли 12 то охири соли 15 ҳиҷрӣ сар то сари Шом, қисматеро бо зур ва ҷанг ва қисматеро бо сулҳ тасхир намуд ва таҳти ҳукми ҳукумати ислом даровард ва футуҳоти худро дар ин сарзамин то Фурот, ки ба василаи Саъд ибни Абуваққос ба тасарруфи давлати ислом даромада буд, тавсиа дод.

Дар Фаластин

Акнун чун кори Абуубайда ва Холид ибни Валид дар сарзамини паҳновари Шом яксара шуда ва дасти давлати Бизонс аз ин ҷо ба куллӣ канда фатҳ гардида аст ва ин ду нафар сардор бояд ба муҳофизати ин сарзамин иқдом намоянд ва ба назми умури дохилии онҳо бипардозанд, онҳоро дар ҷояшон мегузорем ва бо ҳам ба тарафи Амр ибни Ос ва Шураҳбил ибни Ҳусна дар хоки Фаластин меравем, то мулоҳиза кунем ин ду нафар сардори номи чи кардаанд ва корашон бо душман ба куҷо кашида аст.

Қаблан гуфтем, ки лашкари ислом пас аз тасхири хоки Урдун ба ду шӯъба шуданд, як шӯъба ба роҳбарии Абуубайда ва Холид ибни Валид барои ҳамла бар сарзамини Шом (Сурия) таъин ва шӯъбаи дигаре таҳти фармони Амр ибини Ос ва Шураҳбил ибни Ҳусна маъмури фатҳи сарзамини Фаластин гардид. Мо по ба по ҳамроҳи Абуубайда ва Холид ибни Валид будем ва дидем чигуна дар ҳар ҷо мардона бо душман ҷангиданд ва чигуна моҳирона ба душман ғолиб шуданд. То он ҷо ба хуби аз ӯҳдаи корашон баромаданд, ки дасти Ҳераклусро ба куллӣ аз Шом қатъ карданд ва ӯ ваҳшатзада аз шаҳре ба шаҳри дигар фирор кард ва саранҷом бо дили пур аз ҳасрат ва андӯҳ бо хоки Сурия видоъ кард ва ба Қустантания гурехт.

Пас ҳоло бо ҳам хоҳем дид, ки Амр ибни Ос ва Шураҳбил чи муваффақияте ба даст оварда ё меоваранд?

Дар ҳамон замон, ки Абуубайда ва Холид ҳаракат намуданд ва дар Шом бо қувваҳои Бизонс ба набард пардохтанд, Амр ибни Ос ва Шураҳбил бо қувваҳои худ ба сӯи Фаластин пеш рафтанд, вале бар хилофи интизорашон мувоҷеҳ бо мушкиле шуданд, ки ҳалли он осон набуд, зеро Уртубон, ки сардори ботаҷриба ва кордоне буд, лашкари бузурге аз фармондеҳони варзида ва лашкариёни ҷангдидаро бо таҷҳизоти комил ва захираи кофӣ фароҳам намуда буд ва роҳбарии онҳоро шахсан ба ӯҳда гарифта буд, аз нақшаи кораш чунин бармеояд, ки тасмим гирифта ҳар тавр шуда бар лашкари мусалмонон пирӯз шавад ва нагузорад хоки Фаластин, ки назди масеҳиён муқаддас буд, ба дасти мусалмонон афтад.

Уртубон ҷонибҳои корашро ба хубӣ санҷида буд ва нақшаи дурусте кашида буд. Чунки як қисмат аз лашкарашро дар Ромуллоҳ ва иддаи муҳиме дар Илиё (шаҳри Қудс) ва қисматҳои кучактареро дар Ноблус ва Сабтия ва дар ду бандари тиҷорӣ ва низомӣ Қисория ва Ғазза барои муҳофизат ва дифоъ аз ҳуҷуми мусалмонон ҷойгир карда буд ва худаш бо қисмати азими лашкар дар Аҷнодин урду зада буд ва ба интизори вуруди лашкари ислом нишаста буд.

Амр ибни Ос, ки аз нақшаи кори Уртубон огоҳ шуд, вазъи худро мушкил дид, зеро Уртубон дар тадбири низомӣ басо таҷриба омухта ва дар ҷанги охири Бизонс бо Эрон, ки мехост Сурия, Фаластин ва Мисрро аз Эрон пас бигирад, ширкат кард ва пирӯз гардид ва салиби бузурги масеҳиятро, ки Эрон дар ҷанги собиқ ба ғанимат бурда буд, аз эрониён боз гирифт. Дар ин ҷо ҳам дар муқобили мусалмонон тадбири корро ба хубӣ санҷида ва нақшаи низомӣ дар марказ додани гурӯҳҳо дар шаҳрҳо ва бандараҳо дар Фаластин гузошта комилан мутобиқи усули саҳеҳи ҷангӣ тарроҳӣ карда буд ва ба ин сон пешрафти корро бар ин кор хеле мушкил карда буд.

Зеро агар Амр ба тамоми ин чанд шаҳр, ки Уртубон лашкар гуморида буд, дар як вақте ҳамла мекард, мумкин набуд, зеро иддаи лашкараш то ин андоза кофӣ набуд ва аз ӯҳдаи ин кор бар намеомад ва агар бо тамоми иддаи лашкараш бо ҳам ба яке аз ин шаҳрҳо метохт, шакке набуд, ки Уртубон лашкар ва қувваашро аз бақияи шаҳрҳо фаро мехонд ва лашкари азими комилан муҷаҳҳаз фароҳам ва аз пушти сар ба мусалмонон ҳамла мекард. Маълум буд, ки дар ин сурат Амр наметавонист дар муқобили ин лашкари азим, ки ӯро муҳосира карда буд коре бибарад. Равияи кори мусалмонон дар ҳар ҷо чунин буд, ки даст андар кори ҷанг намешуданд, магар он ки итминони қотеъ ба пирӯзии худ дошта бошанд. Уртубон ҳам намехост худаш ба ҳамла шурӯъ намояд, зеро аз футуҳоти сареҳи мусалмонон дар Ироқ, Шом ва Урдун огоҳ буд ва ба пирӯзии худ дар ин ҷо агар ҳамла кунад, боварӣ надошт. Аз ин сабаб вазифаи худро дифоъ аз Фаластин дониста буд, то агар мусалмонон ҳамла намоянд ба дафъи онҳо бипардозанд вагарна Фаластинро ҳамчунон дар даст дошта осуда нишинад.

Амр ибни Ос бо ин вазъе, ки пеш омада буд на итминон ба пирӯзӣ дошт, то биҷангад ва на салоҳи худ медонист коре ба Уртубон надошта аз ҳамон роҳе, ки омада дасти холӣ баргардад. Пас чӣ кунад? Роҳе набуд ҷуз ин ки мушкилии корашро ба ҳазрати Умар (р) иттилоъ диҳад, ба ин мақсад ҷараёни корро муфассалан ба ҳазрат иттилоъ дод ва кӯмаки фаврӣ хост. Дар номааш маҳорат ва таҷрибаи низомии Уртубонро низ ба арз расонд, то он ҳазрат ба аҳамияти мушкилаш пай барад.

Фатҳи Қисория ва Ғазза

Ҳазрати Умар (р) аз ин, ки Амр ибни Ос, Уртубонро он чунон тавсиф карда буд табассуме кард ва ба ҳозрини маҷлиси хилофат фармуд:

-Ман Уртубони араб (яъне Амр ибни Ос)-ро ба ҷони Уртубони Рум меандозам, то бубинед чи мешавад.

Ҳазрати Умар (р) ба Амр ибни Ос дастур фармуд, то Муовия ибни Абусуфёнро бо гурӯҳе ба бандари Қисория ва Алқама ибни Муҷзарро бо гурӯҳе ба сӯи бандари Ғазза ҳаракат диҳад, ки ба ҳар қимате бошад ин ду бандарро аз дасти Уртубон хориҷ ва тасарруф намояд, то бо тасаллут ба ин ду бандар аз расидани ҳар гуна кӯмаке ба Уртубон аз роҳи баҳр ҷилав гирад. Худаш низ бо аксарияти лашкар дар ҷои худ бимонад ва нозири кори онҳо бошад, то ҳаргоҳ лозим бошад, ба кӯмакашон бишитобад. Муъовия бо қуввае, ки таҳти фармонаш қарор гирифт, ба сӯи бандари Қисория ҳаракат намуд ва онро дар муҳосира гирифт.

Ҳар рӯз гурӯҳе аз қувваҳои Қисория аз шаҳр хориҷ мешуданд ва ҷанги кӯтоҳе бо мусалмонон роҳ меандохтанд ва бо додани талафот маъюсона баргашта ба ҳисори шаҳр паноҳ мебурданд.

Чанде аз ин ваъз гузашт. Кӯмаке, ки дар интизораш буданд ба онҳо нарасид. Қувваҳои дохилии шаҳр дар арсаи ҷангҳои кӯтоҳе, ки бо мусалмонон карда буданд ва талафот дода буданд рӯ ба заъф мерафт, ба ин хотир тасмим гирифтанд ҳар тавр шуда ҳама бо ҳам аз шаҳр хориҷ шаванд ва бо мусалмонон, ки иддаи онҳо ба назарашон кам буд, дар канори шаҳр биҷанганд, то ҳалқаи муҳосира дар ҳам бишканад. Онҳо аз шаҳри худ хориҷ шуданд ва мардона доди ҷанг доданд ва гарчи дар оғози кор пеш рафтанд ва талафоте бар мусалмонон ворид сохтанд, вале бо вуҷуди он ба пирӯзии ниҳоии худ имон надоштанд, зеро хабари пирӯзиҳои пай дар пай ва пешрафти хеле босуръати мусалмонон, ки дар Ироқ, Шом ва Урдун ба даст оварда буданд, ба ҳадде тарс ва ваҳшат дар қулуби мардум афканда буд, ки касе бовар намекард бар онҳо ғолиб шавад. Мардуми Қисория гарчи хуб ҷангиданд ва дар гармогарми ҷанг талафоте бар лашкари Муъовия ворид оварданд, вале ба илати ҳамон тарс ва ваҳшате, ки мусалмонон дар дилҳояшон ҷой карда буданд, хутути муҳосираро раҳо намуданд. Бинобар ин туле накашид, ки сафҳояшон дар ҳам рехт ва лашкари ислом бар онҳо ғалаба ва бар бандари Қиросия тасаллут ёфт, лашкарашро тасарруф карданд ва дар шаҳри Қисория сокин гардиданд.

Дар ҳамон ҳангом, ки Муъовия бо мардуми Қисория меҷангид, Алқама низ дар бандари Ғазза бо мардуми он ҷо вориди ҷанг шуд ва ин бандарро гирифт.

Бо суқути ин ду бандар дар дасти мусалмонон хотири Амр ибни Ос аз расидани кӯмак ба душман аз роҳи баҳр осуда шуд ва дасти Уртубон аз ин ду бандари тиҷорӣ ва низомии муҳим ба куллӣ кӯтоҳ гардид. Қувваҳоеро, ки дар ин ду бандар дошт аз даст дод. Абзор ва захираи ҷангии ин ду бандар ба дасти мусалмонон афтод. Мусаллам аст, ки ҳам вазъи стратегии Уртубон заиф ва ҳам қувваш камтар гардид.

Нигоҳе ба нақшаи ҳазрати Умар (р)

Дидем ҳазрати Умар (р) ба Амр ибни Ос аз Мадина фармон дод, то Муъовияро ба сӯи бандари Қисория ва Алқамаро ба сӯи бандари Ғазза ҳаракат диҳад ва худаш бо иддаи лашкари худ дар ҷои худ бимонад ва даст бар ҷанг дар ҷои дигар бизанад.

Ин нақшаи низомии ҳазрати Умар (р) хеле ҳисобшуда ва комилан дуруст буд ва чунон ки хоста буд, натиҷаи муҳиме гирифт. Ҳазрати Умар (р) аз номаи Амр ибни Ос дарёфт, ки лашкари Уртубон ба чандин гурӯҳ тақсим ва гурӯҳ – гурӯҳ шуда ва ҳар гурӯҳе дар ҷое мутамарказ шуда ва анҷоми вазифа мекунанд, аз ин рӯ ҳеҷ кадом аз онҳо наметавонад ҳатто дар ҳангоми зарурият ва пешомадҳои ғайри мунтазира ҷои худро тарк кунад ва ба кӯмаки гурӯҳи дигар бишитобад, зеро дар ин сурат Амр ибни Ос гурӯҳе аз лашкари омодабоши худро ба он ҷо мефиристод. Пас то вазъи дигаре пеш наомада аст, Амр бояд ин фурсатро ғанимат шуморад ва ин ду бандарро аз дасти Уртубон бигирад, то ӯро аз дарёфти кӯмаки хориҷ аз роҳи баҳр маҳрум ва қувваашро то андозае заиф намояд.

Мусаллам аст, ки ҳаргоҳ худро Уртубони Рум бо аксари лашкари аслиаш аз ҷонибе ба кӯмаки ин ду бандар мешитофт, Уртубони араб (Амр ибни Ос) фавран бо тамоми қуввааш ба ҳаракат медаромад ва ӯ аз пушти сар ва мусалмононе, ки дар канори ин ду бандар ҷойгир буданд лашкари Уртубонро дар миён мегирифтанд. Мусаллам аст, лашкаре, ки дар муҳосираи ду ҷабҳаи душман қарор гирад, камтар ҷон ба саломат бадар мебарад. Уртубон ҳам гӯё ба ин матлаб пай бурда буд, ки дар мавқеи ҳамлаи Муъовия ва Алқама ба ин ду бандар ҳеҷ коре накард ва ҳамон тавр, ки ҳазрати Умар (р) фаҳмида буд, натавонист ба оноҳ кӯмак бирасонад ё худаш ба кӯмакашон бишитобад.

Оре, ҳамин фикрҳои саҳеҳ ва нақшаҳои дурусти фармонравост, ки пирӯзии лашкарашро дар ҷабҳаи ҷанг пешбинӣ ва ҳатто таъмин мекунад ва чи басо, ки як иштибоҳи кучак ё ғафлати кӯтоҳе, ки аз фармонраво ё фармондеҳ сар занад, лашкареро ба боди фоно диҳад. Дастуроте, ки Умар (р) ба роҳбарони лашкари ислом дар ҷабҳаҳои ҷанги Ироқ, Форс ва Шом медод ба ҳадде саҳеҳ ва ба ҳадде натиҷабахш буд, ки моро ба ҳайрат меандозад ва ҷуз ин ки бигӯем саршор аз иноят ва лутфи Худо нисбат ба ин халифаи рошид барои нусрат ва пирӯзии уммати Муҳаммад (с) ва нашр ва тавсиаи дини Худо буда, сабаби дигар надорад.

Ин ҷо аст, ки бояд гуфт фармоиши Расулу-л-лоҳ (с) дар бораи ин бузургвор таҳқиқ пайдо карда ки мефармояд: «Дар байни умматҳои пеш аз шумо буданд, мардуме, ки аз ҷониби Худо ҳақоиқе ба онҳо илҳом мешуд. Пас агар дар уммати ман чунин касе бошад, қатъан ӯ Умар хоҳад буд».

Оре, ин Умар (р) аст, ки дар Мадина дур аз майдонҳои ҷанг нишаста аст ва дастуроти бисёр саҳеҳ ва нақшаҳои ҷангии хеле дуруст ба фармондеҳонаш медиҳад, ки онҳоро ба пирӯзӣ мерасонад. Мусалам аст, ки ин амр ҷуз иноят ва илҳоми Худовандӣ чизе нест.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *