забони точики
-
Маълумоти умуми дар бораи артиклҳои забони тоҷики
Артикли ишоратии -е бо ҷонишинҳои ишоратӣ ва калимаи | як дар ҷудо кардан ва таъин намудани исми муайяншавандаи ҷумлаи пайрав ҳамвазифа мешавад. Аз ин ҷост, ки бо исми муайяншаванда дар як вақт ҳам артикли -е, ҳам ҷонишини ишоратӣ ё калимаи як ис-тифода мешавад. Дар ин сурат исми муайяншаванда таъкид меёбад.…
Муфассалтар » -
Нигоҳе ба забони рӯзномаҳои тоҷик: Аз «Бухорои шариф» то «Ҷумҳурият»
Матбуот ба забони тоҷикӣ таърихи тӯлонӣ надорад. Аввалин намунаҳои он ҳам бо вазидани насими дигаргуниҳои илмиву техникӣ дар нимаи дувуми асри XVIII дар Ҳиндустон пайдо шудааст. Аввалин рузномаҳо дар Ҳиндустон (рузномаҳои «Ҳигиз газет» ва «Бангол- газет» соли 1780) бо сутунҳои алоҳида ба забони тоҷикӣ ва рузномаи тоҷикии «Ҷоми ҷаҳоннамо» дар…
Муфассалтар » -
Истиқлол ва забоншиносии тоҷик
Истиқлол ва равандҳои сиёсиву фарҳангии давраи навини рушди таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди равшанфикрон ва зиёиёни кишвар вазифаҳои нав мегузорад. Дар ин марҳилаи таърихсоз муайян кардани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа, тарбияи наслҳои имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва бад-ин василаву роҳҳои дигар таъмини…
Муфассалтар » -
Кӯшишҳои навсозии забони адабии тоҷикӣ дар ибтидои саддаи XX
Охири солҳои 20-ва авоили солҳои 30-юми асри гузашта дар таърихи забони тоҷикӣ ҳодисаҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки баҳсу мунозира дар атрофи суду зиёни онҳо то рӯзгорони мо ҳамчунон идома дорад. Ин ҳодисаҳо иборат буданд аз табдили алифбои анъанавии тоҷикон (арабӣ) ба лотинӣ, таҳия ва танзими имлои нав, таъйини чигунагии забони…
Муфассалтар » -
Забони тоҷикӣ нахустунсури пояи фарҳангии миллат
Забон бузургтарин сармояи фарҳангӣ ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои ҳар миллат буда, дар ҳифозати асолати миллӣ ва ба ояндагон мерос гузоштани ҳувияти миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Забон оинаи тамомнамои шуури иҷтимоӣ ва рангу бӯи арзишҳои миллии ҳар қавму миллат аст. Забони модарӣ нахустин…
Муфассалтар » -
Масъалаҳои стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ
Фаъолияти стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти илмиву техникӣ яке аз бахшҳои муҳими истилоҳшиносӣ буда, ҳадафи он ба тартиб ва меъёри муайян даровардани шабакаи истилоҳсозӣ аввалан дар сатҳи як давлати муайян ва сониян дар сатҳи умумиҷаҳонӣ мебошад. Пешрафти бесобиқаи илму техника, пайдо шудани шабакаи нави технологияи (фановарии) компютерӣ ва саросарӣ шудани технологияҳои…
Муфассалтар » -
Чанд мулоҳиза оид ба натиҷаҳои конференсияи забоншиносони Тоҷикистон дар соли 1964
Моҳиоктябри соли 1964 (6-уми октябр) дар шаҳри Душанбе конференсияи умумиҷумҳурии забоншиносӣ доир гардид, ки баъд аз Анҷумани забоншиносии соли 1930 дувумин рӯйдоди муҳим дар фаъолияти фарҳангии ҷумҳурӣ дар солҳои Шуравӣ буд. Ҳарчанд ки баргузоркунандагони ин конференсия даъвати онро баъд аз «совешчания»-ҳои соли 1938 (ду совешчания), ки асосан барои иваз кардани…
Муфассалтар » -
Забони тоҷикӣ мероси таърихии тоҷикон аст
Имрӯз дар бораи забони тоҷикӣ ва заминаҳои таърихии пайдоиши он фикрҳои гуногун пайдо шудаанд ва аз тарафи баъзеҳо фарзияҳо ва тахминҳои бебунёд ва ғайриилмӣ пешниҳод мегарданд. Барои ҳамин, пажӯҳиши муфассал ва ҳамаҷонибаи таърихӣ, этникӣ ва забонии тамаддун ва фарҳанги ориёӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи этноними тоҷик барои устуворсозии босанад ва бодалели мавҷудияти…
Муфассалтар » -
Андешае чанд перомуни забони адабӣ ва садонокҳои он
Меъёрҳо ва қоидаҳои забони адабӣ дар муддати тӯлонии таърихи густариши забони адабӣ ташаккул ёфта, шакли собит ва устувор пайдо намуда, дар шакли дастур ё грамматикаи забон даромада, барои ҳамаи соҳибзабонон иҷрои ин қоидаҳо ҳатмӣ мегардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки меъёрҳои забони адабии тоҷик дар асрҳои IX-X дар давраҳои Саффориёну…
Муфассалтар » -
Сайри таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ
Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам шудааст, дар давоми 20-соли истиқлолият ба муваффақияту дастовардҳои чашмгире ноил шудааст. Забони тоҷикӣ имрӯз дар ҳақиқат ба як забони тавонои расмиву коргузорӣ табдил ёфта, тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар моддаи дувуми он) «Забони давлатии Тоҷикистон…
Муфассалтар » -
Андешаҳо дар атрофи таърихи забони мо
Таърихи такомул ва ташаккули забонҳои эронӣ дар муддати се садаи охир аз тарафи пажӯҳишгарони эроншинос то андозае таҳқиқ шудааст. Аксари ҷанбаҳои асосӣ ва куллии он дастраси ҳамагон гардидааст. Махсусан, таърихи давраҳои бостонии инкишофи забони мо, хосатан асрҳои қадим ва миёна дар ин муддат аз тарафи муҳаққиқони зиёде мавриди баррасӣ қарор…
Муфассалтар » -
Саҳми Боголюбов М.Н. дар таҳқиқи забоншиносии матнҳои суғдӣ
Михаил Николаевич Боголюбов (1918-2010) яке аз олимони эроншиноси машҳури рус, доктори илми филология, профессор, узви пайваста (академик)-и Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Россия тамоми фаъолияти илмиву эҷодии худро ба таҳқиқи забонҳои эронӣ сарф кардааст. Ӯ аз соли 1944 то соли 1946 устоди кафедраи филологияи эрони факултети филологияи Донишгоҳи…
Муфассалтар » -
Ном ва хостгоҳи забони тоҷикӣ аз назари Бобоҷон Ғафуров
Имрӯзҳо мардуми тоҷик 100-солагии устод Бобоҷон Ғафуровро ҷашн мегирад. Осор ва фаъолияти илмиву фарҳангии Бобоҷон Ғафуров асосан ба тарғиб ва ба таври илмӣ асоснок кардани гузаштаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик нигаронида шуда буд, ки пойдевори ин мубориза асари безаволи устод Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мебошад. Махсусан масъалаҳои пайдоиши…
Муфассалтар » -
Назари Айнӣ дар бораи забони адабии тоҷикӣ
Миллати тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи хеш бо фарзонагон ва бузургони илму фарҳанги худ, ки барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши боризе доранд, ифтихор менамояд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз ин гуна абармардон мебошад, ки дар як лаҳзаи сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба майдон омада,…
Муфассалтар » -
Пояҳои густариши забони миллӣ
Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст. Бинобар ин дар таҳким бахшидани сохторҳои идораи давлатӣ ба рушди забони расмӣ ва умумии давлат бояд аҳамияти зиёде дода шавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун забони расмӣ дар давраи шӯравӣ ва баъд аз қабули Қонуни забон дар соли 1989 ба ҳайси…
Муфассалтар » -
Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ
Ҷунбишҳои фикрӣ ва раванди худшиносиву бедории миллӣ, ки дар миёни давлатҳои тоза ба истиқлолрасида пайдо мешавад дер ё зуд тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳоро фаро мегирад. Миллатҳои бостоние, ки дар тӯли садаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро кашидаанд, чун ба истиқлол мерасанд, пеш аз ҳама бо шӯру шавқ…
Муфассалтар » -
Тоҷик: қавм, сарзамин ва забон
Масъалаи қавми тоҷик ва забони он ба масъалаи таърихи қавмҳои эронӣ, пайдо ва густариши қавмҳои ориёӣ, ватану насаби онҳо сахт алоқаманд аст. Бинобар ин, ҷустани решаи калимаи «тоҷик» дар матнҳои бостонӣ аз аҳамият холӣ нест. Ин мавзӯъ дар солҳои охир на танҳо дар илми забоншиносӣ, балки дар дигар риштаҳо низ…
Муфассалтар » -
Забон покиза нигоҳ дор…
Истилоҳот ва истилоҳсозӣ таърихи дуру дароз дорад ва ҳампояи давраҳои аввали пайдоиши забон аст. Ҳар вақте инсоният барои ифодаи мафҳумҳо ва ашёҳои хос калима ва ё ибораи махсусе истифода карда бошад, ҳамон дам ба масъалаи истилоҳ ва истилоҳофаринӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ин гурӯҳи вожагон аз ҳамон замоне, ки одам…
Муфассалтар » -
Суханро қудрати ҷонофарин бояд
Мафҳуми истилоҳ ва истилоҳсозӣ ба тараққиёти босуръати сохтори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, ба забони илм шудани забонҳои миллӣ ва махсусан раванди саросарӣ гирифтани пешрафти илму техника батадриҷ аз маънову моҳияти собиқа озод шуда, хусусияти илмиву фарҳангии нав пайдо мекунад. Аслан истилоҳофаринӣ дар кишварҳои мухталиф бо роҳу равишҳои хос сурат мегирад. Вале…
Муфассалтар » -
Вақти амал аст
Соли2007 дар таърихи забони мо ҳамчун соли дигаргуниҳои азим сабт хоҳад шуд. Агар ба таърихчаи кутоҳи замони Истиқлоли кишвари худ аз нуқтаи назари густариш ва такомули забони тоҷикӣ нигоҳ кунем, ба хубӣ мебинем, ки соли ҷорӣ аз солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. Пеш аз ҳама тадбирҳои мушаххасе, ки барои…
Муфассалтар » -
Заминаҳои ҳуқуқии забони миллӣ дар даврони Истиқлол
Гуногунии забониву фарҳангӣ ва сиёсати забонии давлатҳои мухталифи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ё ҷаҳонигароӣ ба ду масъалаи муҳим – масъалаи якзабонӣ ва таъмини шароити мусоиди меъёриву ҳуқуқӣ барои забонҳои миллӣ ва масъалаи нигоҳдорӣ ва ҳимояи забонҳои маҳаллӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ин масъала на танҳо…
Муфассалтар » -
Марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол
Баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони давлатии мо дар ҷомеа беш аз пеш нақши ҳалкунанда мебозад. Пеш аз ҳама, вақте ки як давлат ба Истиқлолият мерасад, бештар ба анъанаҳову сарчашмаҳои бунёдии давлатсозии худ муроҷиат мекунад ва бинобар ҳамин беасос набуд, ки забони тоҷикии мо — забони модарии мо ҳам, баъд…
Муфассалтар » -
Забони тоҷикӣ ва вазифаҳои он дар даврони истиқлол
Баъд аз эълони Истиқлоли давлатӣ вазифаҳои забоншиносони тоҷик ба куллӣ тағйир ёфт. Шароити нав ва зарурати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони тоҷикиро ба миён овард. Бояд гуфт, ки дар зарфи 18-соли истиқлолияти давлатӣ дар илми забоншиносии мо дигаргуниҳои амиқе ба вуҷуд омад, ки онро метавон ба таври…
Муфассалтар » -
Ваҳдати миллӣ ва забони миллӣ
Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли миллӣ бе забони модарӣ тасаввурнопазир аст. Муҳаққиқони ҷомеашинос дар эҷоди ваҳдати миллӣ забон ва ваҳдати забониро дар қатори нажод, фарҳанг ва авомили дигар яке аз аслҳои асосии ваҳдати миллӣ донистаанд. Забон яке аз василаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳои гуногуни дунё мебошад. Он унсури асосӣ ва…
Муфассалтар » -
Забони тоҷикӣ ганҷи шойгони миллати тоҷик аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирад. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замонӣ саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир…
Муфассалтар »