Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Зайд Ибни Ҳориса

Суъдо духтари Саълаба ба хотири дидор аз қавми хеш (Бани Муъин) ҳамроҳ бо ғуломи худ Зайд ибни Ҳорисаи Каъбӣ ба роҳ афтод. Вай дар асное, ки ҳанӯз дар диёри қавми худ ба сар мебурд, ки ногаҳон мардони қабилаи Бани Қайн ба онҳо шабохун заданд ва молу дороияшонро гирифтанд ва шутурҳояшонро бурданд ва фарзандонашонро асир сохтанд ва дар ҷумлаи ин асирон, ки бо худ бурданд, фарзандаш Зайд ибни Ҳориса буд. Зайд ибни Ҳориса дар он вақт писарбачаи хурдсол буд, ки тоза дар синни ҳаштсолагӣ қадам ниҳода буд. Вайро гирифта, ба бозори Уккоз оварданд ва барои фурӯш вайро арза намуданд. Шахси сарватманде аз сарватмандони Макка, ки Ҳаким ибни Ҳуҷом ибни Хувайлид ном дошт, вайро дар бадали чаҳорсад дирҳам харид ва ғуломони чандеро низ харида, бо ӯ якҷо намуда, ба бозори Макка овард. Вақте амааш Хадиҷа духтари Хувайлид аз қудумаш ба Макка иттилоъ ёфт, ба дидан ва аҳволпурсии вай рафт ва бар вай салом дод ва қудумашро хуш омадед гуфт. Ҳаким ба ӯ гуфт: Эй амма, ман аз бозори Уккоз чанд писаре харидаам, ҳар кадомро, ки аз инҳо бихоҳӣ, баргузин ва бо худ бубар ва ин аз тарафи ман ба ту ҳадя аст. Ҳазрати Хадиҷа бо фаросате, ки дошт, дар чеҳраи ин навбачаҳо нигоҳ кард ва аз миёни онҳо Зайд ибни Ҳорисаро баргузид. Чун вай дар чеҳраи Зайд осори наҷобат ва ашрофиятро дид, ӯро гирифта, бо худ бурд.

Дере нагузашт, ки ҳазрати Хадиҷа бо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) издивоҷ намуд. Ҳазрати Хадиҷа хост, ки тӯҳфа ба вай тақдим намояд ва ба вай ҳадя бидиҳад. Дид ки чизи беҳтаре аз ин ғуломи гиромиаш Зайд ибни Ҳориса надорад. Ҳамон буд, ки вайро ҳамчун ҳадя тақдими ҳазрати Муҳаммад (с) намуд.

Дар асное, ки ин тифли хушнасаб зери сарпарастии Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ба сар мебурд, аз сӯҳбатҳои ҳаётбахши вай истифода мекард ва аз ахлоқи некӯаш баҳра меандӯхт. Модараш пайваста аз фироқи вай ашк мерехт ва ба сарнавишти маҷҳули вай доду фарёд менамуд ва аз ғами вай лаҳзае ором надошт. Чизе, ки бештар бар ин ғаму андӯҳ афзуда буд, ин буд ки вай намедонист, ки оё фарзандаш дар қайди ҳаёт аст, то умеди худ баон вобаста дорад ва ё мурдааст ва умеди худ аз вай қатъ намоед.

Аммо падараш аз фироқи вай ҳолати дигаре дошт. Вай аз ҳар мусофире, ки меомад, мепурсид ва аз ҳар корвоне, ки мегузашт, аҳволи писарашро ҷӯё мешуд ва аз дарду фироқи вай чунон шеърҳо мегуфт ва ғазалҳо мехонд, ки дил аз шунидани он об мешуд ва чашм аз ғами он хун мегирист. Дар мавсиме аз мавсимҳои ҳаҷ (яъне, дар даврони ҷоҳилият) ҷамъе аз қавми Зайд қасди Байтуллоҳи ҳаром намуданд ва дар асное, ки ишон машғули тавоф буданд, ки бо Зайд рӯ ба рӯ шуданд. Ҳарду якдигарро шинохтанд ва якдигарро аҳволпурсӣ карданд. Вақте маносики ҳаҷро ба ҷо оварданд ва ба диёри худ баргаштанд, ба Ҳориса аз аҳволи писараш хабар доданд ва ҷараёни сухан бо вай гуфтанд. Ҳориса шитобон худро барои сафар омода сохт ва ба андозае ба худ пул гирифт, ки битавонад дар бадали пардохти он ҷигаргӯшаи худро озод созад ва бародари худ Каъбро низ ҳамроҳ гирифт ва ҳарду ба роҳ афтоданд ва ба суръати ба сӯи Макка равон шуданд. Вақте ба он ҷо расиданд, ба ҳузури Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) дохил шуданд ва ба ӯ гуфтанд: Эй фарзанди Абдулмуталлиб, шумо ҳамсояҳои хонаи Худо ҳастед. Паноҳандагонро паноҳ медиҳед ва асиронро раҳо месозед ва гуруснаҳоро нон медиҳед ва ба нидои бечорагон расидагӣ менамоед. Мо ба хотири ин писарбача омадаем, ки дар назди туст ва бо худ ба андозае пул овардаем, ки битавонед фидяи вайро пурра созад. Бар мо миннат гузор ва ба андозае, ки мехоҳӣ, аз мо фидя гир.

Муҳаммад (с) гуфт: Ин писарбачае, ки шумо аз вай сӯҳбат доред, кист?

Гуфтанд: Ғуломи ту Зайд ибни Ҳориса.

Гуфт: Оё пешниҳоди беҳтар аз фидяро аз ман хоҳед пазируфт?

Гуфтанд: Чӣ пешниҳоде?

Гуфт: Ман ӯро ба маҳзари шумо мехонам ва барои вай ихтиёр диҳед, ки кадом яке аз мо ва шуморо ихтиёр мекунад. Агар вай рафтан бо шуморо қабул кунад бидуни фидя ӯро гирифта, бо худ бибаред ва агар будан бо маро баргузинад, ман намехоҳам, ки ӯро аз рағбаташ боздоред. Ҳарду гуфтанд:

Ҳарфи мунсифона гуфтӣ ва болотар аз инсоф низ. Баъд Муҳаммад (с) Зайдро хост ва гуфт: Ин ду кистанд?

Гуфт: Ин яке падарам Ҳориса ибни Иброҳим аст ва дигарӣ амакам Каъб.

Фармуд: Ман туро ба ихтиёри худат гузоштам, агар хоҳӣ, бо ин ду бирав ва агар хоҳӣ бо ман иқомат кун.

Зайд бидуни маътал ва тардид гуфт: Балки мехоҳам бо ту иқомат намоям.

Падараш гуфт: Зайд туро чӣ шудааст. Ту убудият ва бандагиро бар падар ва модарат тарҷеҳ медиҳӣ?

Гуфт: Ман аз ин шахс чизе дидаам, ки намехоҳам ҳаргиз аз вай ҷудо шавам. Вақте Муҳаммад (с) ин мавқифи Зайдро дид, дасти вайро гирифт ва ӯро гирифта, ба Байтулҳаром бурд ва наздики Ҳаҷаруласвад дар миёни ҷамъи Қурайшиён истод ва гуфт: Эй ҷамъи Қурайш, гувоҳ бошед, ин писарбача фарзанди ман аст. Вай аз ман мерос мебарад ва ман аз вай. Аз шунидани ин ҳарфи Муҳаммад (с) табъи падар ва амакаш хуш шуд ва ӯро назди Муҳаммад ибни Абдуллоҳ гузоштанд ва ҳарду ба қавму диёри худ мутмаъин ва ором баргаштанд.

Баъд аз ин рӯз мардум Зайдро ба номи Зайд ибни Муҳаммад мехонданд ва то вақте ки ҳазрати Муҳаммад (с) ба паёмбарӣ мабъус гардид ва оёт нозил шуд ва асли писархондагиро ботил эълон сохт, ӯро бо номи Зайд ибни Муҳаммад мешинохтанд. Зайд вақте Муҳаммадро бар падар ва модараш баргузид, намедонист ки вай чӣ ғанимате бузургеро насиб шудааст ва намедонист, ки таволе, ки вай бар аҳлу хонаводаи худ баргузидааст, мавлои аввалин ва охирин аст ва расул аст барои ҳамаи халқҳо то рӯзи қиёмат. Ӯ ҳаргиз дар хаёлаш намегузашт, ки рӯзе давлати осмонӣ дар рӯи замин барпо хоҳад шуд ва миёни машриқ ва мағрибро пур аз адл ва некӯӣ хоҳад сохт ва намедонист, ки ӯ худ аввалин хиштест, ки ин бинои азим тавассути он ба сар мерасад. Ҳеҷ яке аз ин дурнамоҳо дар зеҳнаш намегузашт. Аммо ин фазли Худост ба касе, ки хоҳад, онро мебахшад. Чанд сол аз ҳодисаи ин ихтиёр нагузашта буд, ки Худованд Муҳаммадро ба сифати Паёмбар ва хотами набийин мабъус гардонид, то дини ҳақ ва ҳидоятро барои башарият ба армуғон биёрад. Бинобар ин, Зайд ибни Ҳориса аввалин касе буд, ки аз мардон ба Муҳаммад (с) имон овард. Оё ҳеҷ аввалият метавонад ба ин аввалият расад ва чӣ касе метавонад ба ин аввалият мусобақа намояд.

Ба ин тартиб, Зайд ибни Ҳориса амини сари ҳазрати Расули Худо (с) шуд ва мақоми сарлашкари дастаҳои амалиётӣ ва ҳайатҳои эъзомиро касб намуд ва илова бар он, дар вақтҳое, ки ҳазрати Расули Худо (с) Мадинаро тарк мегуфт, ӯро ба ҷойи худ бар Мадина муқаррар медошт. Ҳамон тавре ки Зайд ҳазрати Паёмбари Худо (с)-ро дӯст медошт ва ӯро бар падар ва модари худ баргузид. Ҳазрати Расули Худо (с) низ ӯро сахт дӯст медошт ва ӯро аз аҳли худ медонист. Вақте ба сафар мерафт, ба ғайбаш нороҳат мешуд ва вақте бармегашт, ба қудумаш шодмон мегардид ва чунон ӯро истиқбол менамуд, ки ҳеҷ якеро ба ин андоза истиқбол намекард.

Ҳазрати Оиша (р) яке аз чашмдидҳои худро, ки дар он хушӣ ва хурсандии ҳазрати Паёмбари Худо (с)-ро дар мулоқот ва дидори Зайд тасвир менамояд, гуфтааст: “Вақте Зайд ибни Ҳориса ба Мадина омад, Расули Худо (с) дар хонаам буд. Садои дарвоза баланд шуд. Ҳазрати Расули Худо (с) урён, ҷуз либосе, ки ӯро аз ноф то зонуҳояш бипӯшонад, ба сӯи дарвоза дар ҳоле ки либосашро ба замин мекашид, рафт. Ҳамон буд, ки вайро дар оғӯш гирифт ва бӯсид. Қасам ба Худо, ки ман ҳазрати Расули Худо (с)-ро на қабл аз ин ва на баъд аз он ба ин сифат надидаам”.

Мавзӯи муҳаббат ва дӯстдории Паёмбар (с) барои Зайд дар миёни мусалмонон афтод ва он қадар шӯҳрат ёфт, ки мардум ӯро Зайд, маҳбуби Паёмбар фарёд мезаданд ва лақаби маҳбуби Паёмбар ба ӯ доданд ва фарзандаш Усомаро баъд аз вай фарзанди маҳбуби Паёмбар мехонданд.

Дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ иродаи Худованд ба он рафта буд, ки маҳбубро ба фироқи маҳбубааш имтиҳон кунад. Мавзӯъ аз ин қарор буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) Ҳорис ибни Умайр Уздиро ҳамроҳ бо номаи ба малики Бусро фиристод, то ӯро ба Ислом даъват кунад. Вақте Ҳорис ба минтақаи Муъита, ки дар шарқи Урдун аст, расид, дар миёни роҳ яке аз умарои ғасосина ба номи Шарҷил ибни Амр бо ӯ рӯ ба рӯ шуд ва ӯро гирифт ва дасту пояш баст ва баъд ӯро гардан зад. Ин амр бар ҳазрати Расули Худо (с) сахт тамом шуд. Чун ғайр аз вай дигаре ҳеҷ як сафири вай кушта нашуда буд.

Ин лаҳза лашкарро, ки мураккаб аз се ҳазор ҷангҷӯ буд, барои ҷанг Муъита тартиб дод ва маҳбуби худ Зайд ибни Ҳорисаро ба сифати амири ин лашкар баргузид ва гуфт: Агар Зайд мавриди исобат қарор гирад, бояд сарвариро Ҷаъфар ибни Абитолиб ба даст гирад ва агар Ҷаъфар ҳам мавриди исобат қарор гирад, бояд Абдуллоҳ ибни Равоҳа сарвариро ба даст гирад, агар вай ҳам мавриди асобат қарор гирад, он гоҳ мусалмонон худ аз миёнашон касеро амир гиранд.

Лашкар ба сарварии Зайд ибни Ҳориса ба роҳ афтод, то он ки ба минтақаи «Муъон» дар шарқи Урдун расид. Дар ин фурсат буд, ки Ҳирақл ба дифоъ аз Ғасосина сад ҳазор аскари ҷангиро муҷаҳҳаз сохт ва сад ҳазори дигар ҳам аз мушрикини Араб ба он пайвастанд ва ин лашкари ҷарор дар фосилаи начандон дур аз мусалмонон мавзеъ гирифтанд. Мусалмонон дар Муъон ду шабро сипарӣ карданд ва дар тайи ин муддат бо ҳам машварат мекарданд, ки чӣ бояд, кунанд. Касе мегуфт: Бояд нома ба ҳазрати Расули Худо (с) ирсол бифиристем ва ӯро аз ҷараёни касрати душман хабар диҳем ва мунтазири дастури ӯ бошем ва касе ҳам мегуфт, ки мо душманро ба теъдод ва қуввати худ шикаст намедиҳем, балки мо душманро тавассути дини худ шикаст медиҳем. Биноан, бояд аз пайи матлабе, ки омадаем, идома диҳем ва Худованд барои мо яке аз ин ду некиро навиштааст: ё фатҳу зафар ва ё марг ва шаҳодат.

Баъд ин ду даста бо ҳам дар минтақаи Муъита рӯ ба рӯ шуданд ва мусалмонон чунон ҷангиданд, ки румиёнро дар ҳайрат андохтанд ва ҳайбат дар дилашон афканданд, ки ин се ҳазор чӣ гуна дар муқобили дусад ҳазор ишон меҷангад.

Ҳазрати Зайд ибни Ҳориса дар дифоъ аз парчами Расули Худо (с) чунон қаҳрамонӣ аз худ нишон дод, ки таърих назири онро ба ёд надорад. То он ҷое, ки беш аз сад захми шамшер ва найза бар баданаш хӯрда буд ва дар миёни хун шино мекард.

Баъд аз вай парчамро Ҷаъфар ибни Абитолиб ба даст гирифт. Ӯ низ дар баланд доштани байрақи мусалмонон сахт талош намуд ва муқовимати аҷибе аз худ нишон дод ва саранҷом ӯ низ ба сони ҳамтои худ ҷоми шаҳодат нӯшид.

Баъд навбати Абдуллоҳ ибни Равоҳа фаро расид, то байрақро барафрозад. Ӯ низ шаҳомат ва диловарии ҳайратангезе нишон дод, то он ки ба ду ёри қаблиаш пайваст. Он гоҳ муҷоҳидон Холид ибни Валидро, ки ба Ислом гаравида буд, ба сарварии худ баргузиданд. Холид ибни Валид лашкари Исломро яктараф сохт ва онро аз нобудии ҳатмӣ наҷот дод.

Паёми ҳодисаи Муъита ва шаҳодати се тан аз номоваронаш ба иттилоъи ҳазрати Расули Худо (с) расид ва сахт ғамгин ва афсурда шуд, ки ҳаргиз чунин ҳузну андӯҳ аз вай дида нашуда буд ва баъд назди аҳлу хонаводаи ин шуҳадо рафт ва онҳоро таъзият дод. Вақте ба хонаи Зайд ибни Ҳориса рафт, духтари хурдсолаш худро ба ҳазрати Расули Худо (с) овехт ва ба шиддат дар канори вай гирист ва шаҳодати падарашро азо гирифт. Аз гиряи вай ҳазрати Расули Худо (с) низ низ гирист. Саъд ибни Убода ба он ҳазрат гуфт: Эй Расули Худо (с), ин чӣ кор аст? Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Ин гиряи маҳбуб ба маҳбуб аст. Разияллоҳу анҳум ва разу анҳу.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *