Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абусуфиён Ибни Ҳорис

Бисёр кам аст, ки асбоб ва авомил битавонад иртибот ва ва ҳамрангии қавиро миёни ду шахс падид оварад чунончи, ки ин ҳам ранги ва иртибот миёни Абусуфён ибни Ҳорис ва ҳазрати Муҳаммад (с) падид овардааст. Абусуфён ибни Ҳорис яке аз ҳамсолони ҳазрати Расули Худо (с), ки тақрибан дар як вақт ба дунё омада ва дар як оила зиндагӣ намуда ва калон шудаанд. Абусуфён амузодаи асили ҳазрати Расули Худо (с) падараш Ҳорис ва Абдуллоҳ падари ҳазрати Муҳаммад бо ҳам бародари асил буданд, ки аз канори Абдулмуталлиб ба дунё омадаанд.

Матлаби дигар ин ки ҳазрати Муҳаммад ва Абусуфён бо ҳам бародари разоъӣ буданд ва ҳарду аз Ҳалимаи Саъдия шир хӯрдаанд ва дар даврони қабл аз нубувват ҳардуяшон ба ҳам сахт дӯст буданд ва бо ҳамдигар мушобаҳати зиёде доштанд.

Оё қаробати қавитар аз ин вуҷуд хоҳад дошт, чунон қаробате, ки миёни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ва Абусуфён ибни Ҳорис вуҷуд доштааст?

Аз ин рӯ, гумон ба он мерафт, ки бояд Абусуфён нисбат ба ҳар каси дигар дар қабули даъвати вай сабқат меҷуст ва бояд пеш аз ҳар каси дигар ба даъваташ лаббайк мегуфт. Аммо ҳолат бар хилофи ин таваққӯъ пеш омад, тавре ки вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба даъвати худ оғоз намуд, ва онро дар миёни қавм ва хешу табори худ пахш кард, оташи кину ҳасад бар зидди ҳазрати Расули Худо (с) дар дили Абусуфён адо бод ва ин онон ба душманӣ мубаддал гашт ва бародари ишон ба эъроз ва рӯйхати аз ҳам бархӯрд. Вақте Расули Худо ба даъвати худ огоҳ намуд. Абусуфён ибни Ҳорис яке аз пешқавулони Қурайш ва яке аз каҳрамонони номӣ ва шоири баландовозаи анбуд. Ҳамон буд ва найза забони хешро дар ҷанг ва душманӣ алайҳи Паёмбар (с) ба кор бурд ва ҳамаи саъю талоши худро дар ҷиҳати зарба задан ба Ислом ва мусалмонон омода намуд.

Қурайш ҳеҷ ҷангро бар алайҳи Паёмбар ба роҳ наандохт, магар он ки оташафрӯзон Абусуфён буд ва ҳеҷ азиятеро бар мусалмонон ворид намудааст, магар он ки Абусуфён дар он бевосита даст дошт. Абусуфён шеър ва забони худро дар ҳаҷв ва бадгӯии ҳазрати Расули Худо (с) ба кор андохт ва бисёр ҳарфҳои зишт ва масхара дар ҳаққи вай мегуфт.

Душмании Абусуфён бар зидди ҳазрати Расули Худо (с) бисёр давом намуд ва тӯлонӣ шуд ва тақрибан бист солро дар бар гирифт, Дар ин муддат аз ҳеҷ гуна тавтиа ва дасиса алайҳи вай даст набардордошчӣ ва анвоъи азияту озорро дар ҳаққи он ҳазрат муртакиб шуд ва худро ба гуноҳи он олуда сохт.

Андаке қабл аз фатҳи Макка иродаи Худо бар он рафта буд, ки Абусуфён мусалмон шавад. Достони имон овардани вай ҳикояти бас дилчаспе дорад, ки китобҳои таърих ва сират онро нигаҳ доштааст ва мо акнун худ вайро мегузорем, то достони имон овардани худро барои мо ҳикоят намояд.

Вай гуфт: Вақте даъвати исломӣ ба пешрафтҳои чашмгире ноил гардид ва ахбори рӯйоварии ҳазрати расули карим (с) барои фатҳи Макка пахш шуд, замин бо ҳама паҳноие, ки дошт, бароям танг шуд. Ба худ гуфтам: Куҷо равам? Ва бо ки сӯҳбат кунам? Ва бо кӣ зиндагӣ намоям? Баъд назди ҳамсар ва авлоди худ омадам ва ба онҳо гуфтам: Худро барои реҳлат аз Макка омода созед, ки Муҳаммад дар ҳоли расидан тасарруфи ин шаҳр аст. Ва агар вай ба ин ҷо бирасад ва мусалмонон бар ман даст ёбанд, ҳатман маро хоҳанд кушт.

Онҳо ба ман гуфтанд: Оё ҳанӯз ҳам вақти он фаро нарасидааст бидони, ки Араб ва Аҷам ба вай сар ниҳода ва дини вайро қабул ва итоъати вай намудаанд ва ту ҳанӯз ба инод ва душманиат алайҳи вай идома медиҳӣ. Бар ӯ имон биёвар ва аз вай итоат кун. Лозим он буд, ки ту нисбат ба ҳар каси дигар дар ин амр сабқат менамудӣ ва дар канори вай қарор мегирифтӣ ва аз вай пуштибонӣ менамудӣ. Ишон пайваста маро ба ин амр ташвиқ менамуданд, то ин ки Худованд қалбамро ба қабули Ислом кушуд. Аз ҷой бархостам ва ба ғуломи худ гуфтам: Як шутур ва як аспро бароям омода соз. Фарзанди худ Ҷаъфарро бо худ гирифтам ва ба роҳ афтодем ва босуръат ба сӯи Абвоъ-минтақаест миёни Макка ва Мадина шитофтем. Хабар шудем, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин минтақа расидааст. Чун ба ин минтақа расидем, худро бо нобаладӣ задем, то касе маро нашносад ва қабл аз расидан ба ҳузури Паёмбари Худо (с) ва эълони мусалмонии худ дар маҳзари вай кушта нашавам.

Бинобар ин, як милро пиёда роҳ мерафтам ва пеши қаровулони мусалмон даста-даста яке паиҳам ба сӯи Макка меомаданд ва ман худро аз масирашон як тараф месохтам, аз хавфи он ки мабодо кадом як аз ишон маро бишносад ва дар чанги ишон дар афтам.

Ногаҳон ман дар чунин ҳолат будам, ки қофилаи ҳазрати Расули Худо (с) рӯй овард, сар баровардам ва рӯ ба рӯи вай истодам ва чеҳраи худ кушудам. Ҳамин ки чашмаш ба ман афтод ва маро хуб шинохт, аз ман рӯй тофт ва ба сӯи дигар рӯй гардонд. Бадон сӯе, ки рӯй намуда буд, рафтам, боз аз ман рӯй тофт ва эъроз намуд. Боз ба вай рӯй овардам ва чандин бор ин кор намудам ва вай эъроз намуд ва рӯй гардонд. Ман дар ин шак надоштам, ки вақте ба ҳузури вай худро расонам ва дар пеши рӯи вай мусалмон шавам, ҳатман аз ман хушҳол хоҳад шуд ва ёронаш ба хушии вай низ хушҳол хоҳанд шуд.

Аммо вақти мусалмонон эъроз ва рӯйтоби ҳазрати Расули Худо (с)-ро аз ман диданд, ҳамаи онон бар ман рӯй турш карданд ва аз ман рӯй гардонданд ва эъроз карданд. Бо Абубакр мулоқотам афтод ва аз ман сахт эъроз намуд ва ба сӯи Умар ибни Хаттоб назар афкандам, то ба ман назари раҳмат кунад ва дилашро нарм созам, дидам ки вай аз ёри худ Абубакр эърози бештар намуд. Балки вай яке аз мусалмонони Ансорро бар алайҳи ман таҳрик намуд. Ансорӣ бар ман гуфт: Эй душмани Худо, ин ту набудӣ, ки ҳазрати Расули Худо (с)-ро азият менамудӣ ва ёронашро азоб медодӣ ва ҳикояти таъзиби ту шарқу ғарбро фаро гирифта буд ? Ин Ансорӣ пайваста бар ман забон мекушуд ва мусалмонон бар ман хашмгин чашм дӯхта буданд ва аз вазъи ногуворе, ки бо он рӯ ба рӯ будам, дар миёни худ гӯшакӣ менамуданд. Дар чунин фурсате амаки худ Аббосро дидам ва ба ӯ гуфтам: Эй амак, гумонам чунон буд, ки шояд ҳазрати Расули Худо (с) ба мусалмон шуданам хушнуд шавад, чун вай ба ман қаробат дорад ва ман сайид ва ашрофи қавми худ ҳастам. Аммо дидед, ки ҳеҷ илтифоте ба ман нишон надод, бо вай дар хусуси ман сӯҳбат кун, то аз ман розӣ шавад. Гуфт: На, ҳаргиз, баъд аз он ки эъроз ва рӯйтобии вайро аз ту дидам, бо вай сухан нахоҳам гуфт, магар он ки фурсат муяссар гардад. Ман аз Расули Худо (с) метарсам, ки дар хусуси ту бо вай сӯҳбат кунам. Гуфтам: Эй амак, пас маро барои кӣ мегузорӣ? Гуфт: Ман ҷуз ин ҳарф, ки ба ту гуфтам, дигар чизе аз дастам намеояд. аз шунидани ин ҷавоб бештар ғаму андӯҳ маро фаро гирифт. Дере нагузашта, ки амузодаи худ ҳазрати Алиро дидам. Бо вай низ дар ин хусус сӯҳбат кардам, ӯ ҳам ҳарфи амакам Аббосро такрор кард.

Дар чунин фурсате боз назди амакам Аббос баргаштам ва ба ӯ гуфтам: Агар наметавонӣ, ки қалби Расули Худо (с)ро ба ман моил кунӣ, ҳадди ақал ин шахсро, ки ба ман носазо мегӯяд ва азиятам мекунад, боздор, то забон аз бадгунае баста дорад. Гуфт: Бароям бигӯ, ки ӯ кадом шахс аст, ӯро ба вай нишон додам, гуфт: Ӯ Нуъаймон ибни Ҳориси Наҷнорӣ аст. Аббос шахсеро ба назди вай фиристод, то ба вай бигӯяд: Эй Нуъаймон, Абусуфён амузодаи ҳазрати Расули Худо (с) ва бародарзодаи ман аст. Агар ҳазрати Расули Худо (с) бар вай имрӯз хашмгин аст, шояд рӯзе аз вай розӣ шавад, аз азияташ даст бардор. Ва пайваста ин ҳарфро бар вай такрор мекард, то он ки вай розӣ шуд, ки аз азияташ даст бардорад ва гуфт: Баъд аз ин лаҳза ӯро азият нахоҳам кард.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) дар Ҷуҳфа (номи ҷое аст дар миёни Макка ва Мадина) фуруд омад, ҳамроҳ бо фарзандам Ҷаъфар бар дарвозаи вай истодам. Вақте вай аз манзилаш берун шуд, маро дид ва рӯй тофт, вале бо вуҷуди он аз розӣ сохтани вай ноумед нашудам, балки дар ҳар ҷое, ки фуруд меомад, бар дарвозаи вай қарор мегирифтам. Вақте чашмаш ба ман меафтод, аз ман рӯй мегардонд ва муддати замонеро ба ин минвол сипарӣ кардам. Вақти ин амр бар ман гарон афтод ва ба танг омадам, ба ҳамсарам гуфтам: Қасам ба Худо, ё ҳазрати Расули Худо (с) аз ман розӣ мешавад ва ё он ки дасти ин писарам гирифта ва саргаштаву ҳайрон дар гӯшаву канори заминхоҳам баромад, то он ки аз гуруснагӣ ва ташнагӣ ҷон диҳем. Вақте ин хабар ба ҳазрати Расули Худо (с) расид, дилаш бароям сӯхт. Вақте аз қуббаи худ берун шуд, ба сӯям андаке нигарист, ки дар назараш осори раҳмат ва дилсӯзӣ ёфтам ва орзу намудам, ки кош бар ман табассум намояд.

Баъд ҳазрати Расули Худо (с) дохили Макка шуд ва ман аз ақиби вай дохил шудам. Вақте вай ба масҷид даромад, ман низ аз паи вай даромадам. Дар пешопеши вай медидам ва дар ҳеҷ ҳолате аз вай ҷудо намешудам. Вақте рӯзи Ҳунайн фаро расид, арабҳо худро барои ҷанги ҳазрати Расули Худо (с) чунон сохтанд, ки ҳаргиз ба ин андоза нашуда буданд ва барои рӯёрӯи бо вай чунон омодагӣ гирифтан, ки қаблан чунин омодагиро нагирифта буданд ва тасмим бадон гирифтанд, ки ин ҳамлаи онҳо ҳамлаи ҳалкунанда барои Ислом ва мусалмонон бошад.

Ҳазрати Расули Худо (с) ба ҷамъиятҳои бузурге аз ёронаш барои рӯёрӯи онон баромад ва ман низ ҳамроҳ бо вай баромадам. Вақте ҷамъиятҳои бузурги мушрикинро дидам, ба худ гуфтам: Қасам ба Худо, имрӯз бояд чунон коре анҷом диҳам, ки кафораи гуноҳонам шавад ва тақсироти гузаштаамро, ки дар ҳаққи ҳазрати Паёмбари Худо (с) намудаам, ҷуброн кунад ва имрӯз чунон шаҳомат аз худ нишон диҳам, ки Худо ва Расулаш аз ман розӣ шаванд.

Вақте ин ду гурӯҳ ба ҳам афтоданд ва фишори мушрикин бар мусалмонон афзунӣ ёфт ва заъф ва шикаст дар миёни суфуфи мусалмонон роҳ ёфт, оҳиста-оҳиста шурӯъ ба дур шудан аз перомуни ҳазрати Паёмбар (с) намуданд ва наздик буд, ки шикасти шадиде домангирамон гардад.

Дар чунин фурсат дидам, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар матни ҷанг савор бар хогири шаҳбои худ чун кӯҳ собитқадам ва устувор истода, шамшер аз наём баркашида ба дифоъ аз хештан ва касоне, ки дар мо ҳавли ваянд, шамшер мезанад. Дар ин вақт буд, ки аз аспи худ фуруд омадаи ва ниёми шамшери худ шикастам ва Худо худ медонад, ки дар дифоъ аз ҳазрати Расули Худо (с) ҷуз марг ҳадафе надоштам ва амакам Аббос лаҷоми хачири ҳазрати Расули Худо (с)-ро ба даст гирифта ва дар паҳлӯяш истода буд ва ман дар паҳлӯи дигари вай мавқеъ гирифта будам, дар дасти ростам шамшер буд, то аз ҳазрати Расули Худо (с) дифоъ кунам ва дар дасти чап рикоби вай гирифта будам. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) муқовимат ва пойдориамро дар баробари душман бидид, ба амакам Аббос гуфт: Ин кист? Вай гуфт: Ин бародар ва омузодаат нусуфиён ибни Ҳорис аст, эй фасули худо. Аз вай розӣ шав. Ҳазрати Расули Худо фармуд: Розӣ шудам ва Худованд аз ҳар душмание, ки бо ман кардааст, ӯро бибахшад. Аз шунидани ин ҳарфи вай қалбам аз шиддати сурур ба парвоз даромад ва дарёфтам, ки Ҳазрати Русули Худо аз ман розӣ шудааст ва пойҳояшро дар рикоб бӯса задам. Баъд рӯ ба сӯи ман намуд ва гуфт: Бародар пеш биё ва шамшер зан. Ҳарфҳои Расули Худо маро ба ваҷд овард ва бар мушрикирон чунон ҳамла кардам, ки онҳоро аз мавзеашон мутаҷалзал сохтам ва соири мусалмонон ҳамроҳ бо ман ҳамла карданд то он, ки онҳоро як фарсах дур рондем ва дар ҳар ҷиҳат онҳоро пароканда намудем.

Аз даврони Ҳунайн ба ин сӯ Абусуфён аз хушнудӣ ва ризои ҳазрати Расули Худо (с) баҳраманд гардид ва худро хушбахту саодатманд ёфт. Аммо ҳаргиз чашми худро аз шиддати ҳаё ва шарм, ки аз кардаҳои гузаштаи худ дошт, ба сӯяш накушуд.

Аз он рӯз ба баъд Абусуфён ба гузаштаҳои сиёҳи худ, ки дар даврони ҷоҳилият сипарӣ намуда буд, ангушти ҳасрат ба даҳон менамуд ва афсурда аз он буд, ки чаро дар ин муддат аз нури Қуръон маҳрум мондааст. Ҳамон буд, ки худро ба рӯи Қуръон андохт ва шабу ва рӯз онро тиловат менамуд ва ҳифз мекард ва аҳкоми Исломро меомӯхт. Аз дунё хобу зинати он гӯша гирифт ва бо тамоми рӯҳу ва равони худ ба Худованд рӯй овард, то он ҷо ки рӯзе ҳазрати Расули Худо (с) онро дид, ки дохили масҷид мешавад, барои Ойиша (р) онҳо гуфт: Эй Оиша, медонӣ ин кист? Ҳазрати Оиша гуфт: На, эй Расули Худо (с). Гуфт: Ин амузодаам Абусуфён ибни Ҳорис аст. Бубин ӯ аввалин касе аст, ки дохили масҷид мешавад ва охирин касе аст, ки аз он берун мегардад ва ба банди наълайнаи чашм дӯхтааст ва аз он сарбар намедорад.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба ҷивори Ҳақ пайваст, Абусуфён бар фироқаш сахт гирифт ва ғаму андӯҳ ба рӯҳу равонаш соя афканд ва марсияи хеле олӣ ва дилангезро дар реҳлаташ суруд, ки аз шунидани он дил об мешуд ва чашм ашк мерехт. Дар замони хилофати ҳазрати Умари Форуқ (р) Абусуфён омадани марги худро эҳсос намуд. Ҳамон буд, ки қабрашро ба дасти хеш канд ва аз ин кор се рӯз сипарӣ нашуда буд, ки марг ба суроғаш расид ва чунин менамуд, ки гӯӣ бо аҷал ваъда доштааст. Лизо ба зану фарзандаш рӯ оварда гуфт: Бар маргам гиря накунед. Қасам ба Худо, аз рӯзе, ки мусалмон шудам, муртакиби ҳеҷ гуноҳ нашудаам ва баъд рӯҳи покаш аз тан ҷудо шуд ва ҳазрати Умари Форуқ ҷанозаи вайро хонд. Ӯ ва бақияи асҳоби киром бар маргаш сахт андӯҳнок шуданд ва марги вайро мусибати бузурге барои Ислом ва мусалмонон хонданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *