Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Бо мусалмон шудани Умар (р), ислом ошкор мешавад.

Аз ин рӯ Расулу-л-лоҳ (с) байни ду саф аз мусалмонон қарор мегирад. Дар пеши саф дар ҷониби росташ ҳазрати Умар (р) ва дар пеши саф дар ҷониби чапаш ҳазрати Ҳамза ибни Абдулмутталиб буд. Ин гуна ба тарафи Масҷидулҳаром ҳаракат менамоянд ва Байту-л-лоҳро дар пеши чашми мушрикон тавоф мекунанд. Пас аз он рӯ ба Каъба истода намози зуҳр мехонанд. Мушрикон аз ҳайбати Умар (р), марди азими бани Адйи ва аз шавкати Ҳамза — шуҷоъи бузурги бани Ҳошим ҷуръат накарданд монеи тавофашон шаванд ё пеши намозашонро бигиранд ё ҳадди ақал эътироз намоянд.

Инҷо буд, ки ҳазрати Умар (р) ин калимаи таърихии худро бо садои расо бар забон овард ва гуфт:

-Пас аз имрӯз дигар ҳаргиз Худоро пинҳон намепарастем.

Оре, мусалмонон пас аз ин, ҷуръат пайдо карда, ба тавофи Байту-л-лоҳ мепардохтанд, ва рӯ ба рӯи Каъба истода намоз мехонданд, гарчи мавриди истеҳзо ва тамасхури мушрикон қарор мегирифтанд ва чи басо ки аз онҳо азият ва озор медиданд, вале ба ҳар ҳол даст намекашиданд ва ибодати худро дар Масҷидулҳаром ошкор анҷом медоданд ва ба динашон дар асари ислом ва иқдоми бобаракати Умар (р) сафҳаи ҷадид ва муҳиме дар таърихи ислом барои мусалмонон кушода шуд. Мусалмонон муваффақ шуданд ошкор изҳори вуҷуд намоянд.

Таъсири мусалмон шудани Умар (р) бар таърихи ислом.

Аз ин ҷиҳат аст, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд чунон, ки Бухорӣ ривоят карда, мегӯяд:

-Аз рӯзе, ки Умар (р) мусалмон шуд, барои ҳамеша тавоно шудем. Исломаш барои мо фатҳ ва кушоиш буд.

Ҳамчунин Ибни Саъд ва Табаронӣ аз Абдуллоҳ ибни Маъсуд ривоят кардаанд, ки мегӯяд (исломи Умар (р) барои мусалмонон фатҳ, ҳиҷраташ пирӯзӣ ва хилофаташ раҳмати илоҳӣ буд, ёд дорам, ки наметавонистем рӯй ба Каъба истода намоз гузорем, то он ки Умар (р) мусалмон шуд. Ҳамин, ки ӯ мусалмон шуд, исломашро ошкор сохт ва мардумро ошкоро ба дини ислом даъват намуд. Мо гурӯҳ- гурӯҳ дар ҷонибҳо ва атрофи Каъба менишастем ва Каъбаро тавоф мекардем ва бо ҳар касе, ки бо мо бо хушунат рафтор мекард ба муқобила мепардохтем, ҳақи худро аз ӯ боз меситондем).

Оё боре фикр кардаед, ки ин ибодат ва шиори динӣ, ки дар масҷидҳои мусалмонон ҳатто дар мамолики масеҳӣ ва дар панҷ қораи дунё ошкор анҷом мегирад ва ин азон ва тиловати Қуръони карим, ки аз манораҳои масоҷид аз баландгуҳо дар фазо танин меандозад ё ба василаи родю ва тиливизюн пахш мешавад, маншаи аслии ҳамаи инҳо ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р) аст?

Магар ӯ набуд, ки асоси онҳоро ҳамон рӯзе гузошт, ки дар маҳзари Расулу-л-лоҳ (с) арз кард, то ба Масҷидулҳаром омада, ибодаташро ошкор анҷом диҳад? Магар ӯ набуд, ки пеши сафи тарафи рости ҳазрати Расул (с) қарор гирифт ва мусалмононро ба Масҷидулҳаром бурд, то бо ҳам намоз бихонанд ва Байтулоҳро дар пеши чашми душманони ислом тавоф намоянд ва Қуръонро ошкоро тиловат намоянд ва ба гӯши мардум бирасонанд?

Пас чи қадар ҳақиқат дорад ва чи қадар ҳақ аст, ки Фирдавсӣ шоири шаҳири форсу тоҷик, ки дар «Шоҳнома»-аш дар шаъни Умар (р) мегӯяд:

Умар (р) кард исломро ошкор,

Биорост гетӣ чу боғи баҳор.

Муқоисаи мусалмон шудани Абубакр (р) ва Умар (р)

Дар таърихи Абубакр (р) хондаем, ки ӯ ҳангоме мусалмон шуд, ки дини ислом нав зуҳур ва ба афроди хонадони Расулу-л-лоҳ (с) ва дар муҳити чаҳор девори хонаи он ҳазрат мунҳасир буд ва ҳамин, ки ӯ мусалмон шуд, дини ислом дар асари таблиғи муассири ӯ ба хориҷи хонаи нубувват роҳ ёфта ва шурӯъ ба интишор намуд.

Акнун дар ин ҷо мебинем ки ибодат ва воҷиботи дини ислом, ки қабл аз исломи Умар (р) дар хонаи ибни Арқам махфиёна анҷом мешуданд, дар асари баракати исломи Умар (р) ва эҳтимоми ӯ, аз хонаи ибни Арқам хориҷ гардид ва ба Масҷидулҳаром роҳ ёфт ва пас аз он, то кунун ва то абад на танҳо дар Масҷидулҳаром, балки дар тамоми нуқоти ҷаҳон ошкоро анҷом гирифта ва хоҳад гирифт.

Пас ҳазрати Абубакр (р) асли дини исломро аз ҳисори хонаи Расулу-л-лоҳ (с) ба хориҷ кашид ва ҳазрати Умар (р) ибодат ва воҷиботи дини исломро аз чордевори хонаи ибни Арқам хориҷ намуда, ба Масҷидулҳаром расонид, то барои ҳамеша ва дар ҳама ҷо ошкор гардад.

Ҳиҷрати Умар ибни Хаттоб(р)

Умар (р) на танҳо ислом ва ибодаташро аз касе пинҳон надошт, балки ҳиҷраташро аз душманон напӯшид, дар он ҳангом, ки Расулу-л-лоҳ (с) ба мусалмонон дастур фармуд ба Мадина ҳиҷрат намоянд, Қурайш бимнок шуда намегузоштанд мусалмонон ба он ҷо равад, зеро иддаи зиёде аз аҳли Мадина мусалмон шуда буданд ва дини ислом дар он ҷо ба суръат пеш мерафт. Онҳо метарсиданд, ки бо рафтани мусалмонони Макка ба он ҷо шумораи онҳо хеле зиёд гардад ва қудрате ба даст оваранд, ки дар оянда барои Қурайш хеле хатарнок бошад аз ин ҷиҳат буд, ки аз ҳиҷрати онҳо ҷилавгирӣ мекарданд. Мусалмонон ночор буданд шабҳангом махфиёна аз Макка хориҷ шаванд ва роҳи Мадинаро пеш гиранд.

Вале Умар (р) бар худ написандид махфиёна ҳиҷрат намояд, ҳамин ки тасмим гирифт ба Мадина равад, дар хона силоҳ пӯшид ва ба Масҷидулҳаром рафт, Байту-л-лоҳро тавоф намуд ва намоз хонд. Онгоҳ ба мушрикон, ки гурӯҳ — гурӯҳ дар атрофи Каъба нишаста буданд, гузар кард ва гуфт:

-Зишт ва қабеҳ бод ин суратҳо ва равияҳое, ки мебинам. Ман ҳам акнун ҳиҷрат мекунам ва назди бародаронам ба Мадина меравам, ҳар касе мехоҳад фарзандонаш ятим, ҳамсараш бева ва падар ва модараш дар азояш бинишинанд, пас дар роҳ бо ман рӯ ба рӯ шавад. Ҳеҷ кас ҷуръат накард ӯро аз рафтан боз дорад ё дар роҳ таъқибаш намояд. Бидуни ҳеҷ гуна пешомаде ба саломат ба Мадина расид ва фавран ба назди Расулу-л-лоҳ (с) шитофт.

Оё Умар (р) ошкор ҳиҷрат намуд?

Ин ривоят нисбат ба ҳиҷрати ҳазрати Умар (р) гарчи машҳур шуда, вале Ибни Ҳишом ва ибни Саъд ва Табарӣ онро қабул надоранд, мегӯянд:

-Ҳазрати Умар (р) ҳам тибқи дастури ҳазрати Расул (с), ки фармуда буд мусалмонон махфиёна ҳиҷрат кунанд, монанди дигар мусалмонон махфиёна ҳиҷрат кард. Ин матлабро аз худи Умар (р) мешунавем, ки мегӯяд (ман ва Аёш ибни Рабиа ва Ҳишом ибни Ос бо ҳам музокира кардем, ки дар вақти муайян дар ҷое бо ҳам мулоқот намоем ва аз он ҷо пинҳонӣ бо ҳам ҳиҷрат кунем). Қарор гузоштем, ки агар як нафар аз се нафари мо ба ҳар иллате муваффақ нашуд ба ваъдагоҳ бирасад, ду нафари дигар метавонанд бо ҳам ҳаракат кунанд, ман ва Аёш ибни Рабиа дар ҳамон вақти муайян ба ваъдагоҳ расидем, вале Ҳишом натавонист биёяд, аз ин рӯ мо ду нафар бо ҳам ҳиҷрат кардем.

Доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал дар китоби худ ба номи ҳаёти Умар (р) низ ин ривоятро бар ривояти аввал тарҷеҳ дода мегӯяд:

— Чун Расулу-л-лоҳ (с) фармуда буд мусалмонон махфиёна ҳиҷрат кунанд Умар (р) касе набуд, ки аз низом ва дастуре, ки Расулу-л-лоҳ (с) муқаррар фармуда буд саркашӣ намояд, гарчи ӯ дар тӯли ҳаёташ ҳаргиз заъф ва тарс надошт ва метавонист бо камоли ҷуръат ошкорро ҳиҷрат кунад, вале чун марди назм ва инзибот буд, ба худ иҷоза намедод аз дастури соҳиби рисолат сарпечӣ намояд.

Ҳазрати Умар (р) дар канори Паёмбар (с)

Ҳазрати Умар (р) пас аз мушарраф шудан ба дини ислом, ҳамеша дар суҳбатҳои Расулу-л-лоҳ (с) буд ва чи некусуҳбатҳое! То он ҷо ки қудрат дошт дар нусрати он ҳазрат ва дар тақвияти дини ислом мекӯшид. Ҳаёти худро вақфи дифоъ аз дини Худо ва пешрафти Расули Худо (с) намуд.

Ҳазрати Умар (р) дар ғазовот ва ҷангҳои Бадр, Уҳуд, Хандақ ва Ҳудайбия, ки мунҷар ба ақди сулҳ тарки ҷанг байни ҳазрати Расул (с) ва Қурайш гардид, ҳамчунин дар фатҳи Макка ва Хайбар ва ғайра ҳамроҳи Расулу-л-лоҳ (с) буд.

Ҳазрати Умар (р) то он ҷо мавриди боварии Расулу-л-лоҳ (с) буд, ки он ҳазрат дар бисёре аз умури муҳими худ бо ӯ машварат мефармуд. Чунон ки Табарӣ ривоят мекунад, он ҳазрат дар бораи ӯ фармуд:

«Умар (р) бо ман аст ва ман бо Умар (р) ва пас аз ман ҳар ҷо, ки Умар (р) бошад ҳақ ҳамроҳи ӯ аст».

Ҳамчунин Абубакр (р) дар умури муҳими хилофаташ бо Умар (р) машварат ва тибқи роҳнамоии ӯ амал мекард ва натиҷаи нек мегирифт, зеро ҳар чи ӯ маслиҳат медод ҷуз хайр ва салоҳ набуд. Гузашта аз ин Абубакр (р) ҳалл ва фасли қазоёи мушкили сиёсии худро ба ӯ вогузор менамуд. Умар (р) дар ҷангҳои зидди муртадин, ки дар ин китоб ба тафсил гузашт, бозӯи рости Абубакр (р) буд.

Ҳазрати Умар (р) ба ҳадде дӯст ва муҳиби мухлиси Расулу-л-лоҳ (с) буд, ки ҳаргоҳ касе андаке ба он ҳазрат беадабӣ мекард бармеошуфт ва ӯро танбеҳ медод ва ҳаргоҳ ин беадабӣ дар ҳузури он ҳазрат воқеъ мешуд иҷоза мехост, то фарди хатокорро муҷозот кунад.

Фазоили ҳазрати Умар (р)

1. Ҳазрати Умар (р) марде буд илҳом ёфта, чунон ки Бухорӣ аз Расулу-л-лоҳ (с) ривоят карда, ки мефармояд:

«Дар умматҳои пеш аз шумо мардуме буданд, ки ба онҳо ҳақоиқ илҳом мешуд, агар дар уммати ман чунин касе бошад, қатъан ӯ Умар (р) хоҳад буд».

2. Ҳазрати Умар (р) лаёқати паёмбарӣ дошт, чунон ки Тирмизӣ ва Ҳоким ҳар ду аз Расулу-л-лоҳ (с) ривоят кардаанд, ки фармудааст:

«Агар ман хотами анбиё набудам ва баъд аз ман паёмбаре мабъус мешуд он паёмбар, Умар ибни Хаттоб буд».

Саъдӣ шоири шаҳири Шерозӣ ба ин ҳадис таваҷҷӯҳ дошта, ки дар васфи Умар (р) мегӯяд:

Дигар Умар, ки лоиқи паёмбарӣ будӣ,

Гар сайиди русул набудӣ хатми анбиё.

3. Ҳазрати Умар (р) тарафдори ҳақ буд, чунон ки Ибни Моҷа ва Ҳоким ҳар ду аз Расулу-л-лоҳ (с) ривоят караанд, ки фармуда аст:

«Худо ҳақро бар забони Умар қарор дод, то ҳақ бигӯяд».

Дар ривояти дигар омада аст:

«Худо ҳақро бар забон ва дили Умар қарор дод».

Тавозӯъ ва фурӯтании Умар (р)

Ҳазрати Умар (р) ба ҳадде хоксор буд, ки ҳатто дар замони хилофаташ, ки фармонравои императори васеи ислом буд ва фармондеҳони лашкараш дар ҷабҳаҳои набард пеш мерафтанд ва ҳар рӯз хабари хуши тозае аз футуҳот ба ӯ мерасид ва ғаноими зиёде аз тилло ва нуқра ва ғайра монанди сел ба Мадина сарозер мешуд ва ҳама таҳти ихтиёраш қарор мегирифт ва бадеҳӣ аст, ки ин умури нишотангез дар рӯҳияи ҳар фармонравое таъсир мегузорад ва ӯро мағрур ва худхоҳ мекунад, вале дар руҳияи ин шахси азим ва ин фармонравои бузург кучактарин таъсире нагузошт ва рафтор ва ахлоқашро заррае тағйир надод. Дар ҳамон айём, ки дар авҷи қудрат ва азамат буд, дар ҳини хутбаи ҷумъа рӯи минбар дар масҷиди Мадина, ҳамон либоси соддаи оддиро, ки ҳозирин мепӯшиданд ӯ низ мепӯшид ва аз ин лиҳоз ҳеҷ фарқе аз дигарон надошт.

Ҳазрати Умар (р) дар замони иззати императории худ ҳаргоҳ барои адои ҳаҷҷи Байту-л-лоҳ ба Макка мерафт на танҳо боргоҳе ҳамроҳ надошт, ҳатто хайма ва чодири соддае, ки ҳар мусофири одди дар он айём дошт бо худ намебурд. Ҳар вақт мехост дар ҷое истироҳат кунад ё пустеро бар шохаи дарахте меандохт ё меовехт, то зери сояаш истироҳат кунад. Ин матлабро аз Абдуллоҳ ибни Аббос мешунавем, ки мегӯяд:

-Ман ҳамроҳи Умар (р) ҳаҷ кардам, ӯ дар сафари ҳаҷ на хаймае мезад ва на соябоне дошт, пӯсте дар ҷое меовехт ва зери он соя истироҳат мекард.

Ҳазрати Умар (р) дар ҳамон айёми шавкаташ, ки пушти ду императори бузурги ҷаҳонро меларзонд, дида мешуд, ки машке пур аз об ба дӯш гирифта, ба ҷое меравад, иллати ин корро аз ӯ пурсиданд ҷавоб дод:

— Чун нохудогоҳ худамро писандидам, аз хавфи он ки мабодо такаббур бошад, нафси хешро бо ин кор фурӯ нишонданиам. Ин матлаб аз Убайдуллоҳ ибни Умар ибни Ҳафс ривоят шуда, ки мегӯяд:

-Умар ибни Хаттоб(р) машки оберо бар дӯшаш гирифта буд, баъзе гуфтанд: Чаро чунин мекунӣ? Гуфт:

— Худро писандидам, хостам бо ин кор нафси худро заиф кунам.

Рӯзе, ки қосиди Саъд ибни Абуваққос дар беруни шаҳри Мадина бо ҳазрати Умар (р) мулоқот мекунад ва хабари пирӯзии мусалмонон дар Қодисияро, ки фавқуллода муҳим буд, ба ӯ медиҳад ва табъан ҳар кас бошад дар ин ҳангом ба чунин пирӯзии дурахшоне даст ёбад, худхоҳ ва мағрур мешавад, вале ин хабар дар ҳазрати Умар (р) асаре накард ва ҷуз ин ки аз ин пирӯзӣ дилхуш шуда, Худоро шукр кунад чизи дигаре аз ӯ мушоҳида нашуд ва то он ҷо фурӯтан монд, ки чун он қосид, ӯро намешинохт ҳамчунон бар шутураш савор буд ва ҳазрати Умар (р) пиёда дар канораш бо шитоб қадам бармедошт ва бо ҳам дар бораи ин пирӯзии бузург савол ва ҷавоб мекарданд ва бо ҳамин ҳол, ки қосид савори шутур ва ҳазрати Умар (р) пиёда буд, вориди шаҳр шуданд ва чун қосид шунид мардум бар ҳазрати Умар (р) ба номи амиру-л-мӯъминин салом мекунанд, ӯро шинохт ва арз кард чаро нафармудӣ, ки амиру-л-мӯъмининӣ? Ҳазрати Умар (р) бо ҳамон тавозуъ фармуд:

— Бародарам боке нест.

Хилофати ҳазрати Умар (р)

Дар боби хилофати Абубакр (р) хондаем, ки дар маконе ба номи Сақифаи бани Соида бар сари интихоби халифа чӣ гузашт ва фаҳмидем, ки чи фитнае дар камин буд ва агар Умар (р) бо он сиёсат ва дурандешие, ки аз хусусиятҳои машҳури ин марди бузург буд, кори хилофатро дар ҳамон маҷлис ба суръат хотима намедод мунозира ба низои дохилӣ мекашид ва мушкиле ба бор меовард, ки маълум набуд кори мусалмонон ба куҷо мерасид.

Ҳангоме ки Абубакр (р) бемор шуд ва эҳсос кард, ки ба марг наздик мешавад, беш аз ду сол ва чанд моҳ аз моҷарои сақифа нагузашта буд ва ҳанӯз шабеҳи бадҳайбати он воқеа аз ёдаш нарафта буд, ӯ марди сиёсат буд ва дар муддати хилофаташ бо сиёсат сару кор дошт, мардони сиёсӣ аз рӯйдодҳои гузаштаи олам илм ва маърифат пайдо мекунанд ва бо рӯшанбинии басираташон мушкилоти ояндаро зери назар гирифта, илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ меандешанд.

Дурандешии Абубакр (р)

Оре, Абубакр (р) аз моҷарои Сақифа дарс гирифта буд ва метарсид, ки ҳаргоҳ аз дунё биравад ва амри хилофат ва ҷонишини худро барои мусалмонон равшан накунад, боз ҳамон ихтилоф ва низое пеш меояд, ки дар интихоби худаш дар Сақифа пеш омад ва дар сафҳои муттаҳиди мусалмонон ихтилофе падид оварад, ки душманони дин ва давлати ислом аз ин ихтилоф баҳра бардошта ба ҷудоиандозӣ ва фасодкорӣ дар байни мусалмонон бипардозанд.

Ҳаргоҳ чунин амре пеш ояд маълум аст, ки мусалмононро бо мушкилоте рӯ ба рӯ менамояд, ки забонааш хеле беш аз ошӯби муртадон ё хатари давлати Рум мебошад, ки дар ибтидои хилофаташ пеш омад, чи мусалмонон дар он рӯз барои муқобила бо ин ду душман муттаҳид буданд ва ҳама зери ливои иттиҳод вориди корзор шуданд ва ба натиҷае расиданд, вале ихтилофи дохилии онҳо, ду сафи мухолифи ҳамдигарро дар баробари ҳам қарор медиҳанд. Маълум аст, ки ҳар кадом аз ин ду саф, ки шикаст бихӯрад, ба зиёни ислом ва мусалмонон ва дар ҳар тараф, ки куштор сурат бигирад ба суди душман хоҳад буд, яъне он чиро, ки душмани хориҷӣ мехоҳад, худи мусалмонон бо дасти худ барояш анҷом медиҳанд. Дар ин сурат пайкор ва муборизаи мусалмонон, ки дар ноҳияи Ироқ ва Шоми Шарқӣ шуруъ шуда буд ва ба хуби пеш мерафт, на танҳо мутаваққиф мегардид, балки мусалмонон мувоҷеҳ бо шикасте мешуданд, ки дигар ҳаргиз наметавонистанд худро сафу ҷамъ намоянд ва даст ба кор зананд. Натиҷатан таблиғи дини ислом ва иҷрои адолати иҷтимоии ҳақиқӣ, ки ҳар як аз ин ду амр ҳадафи аслии дини ислом ва набард мебошад барои ҳамеша боз меистод.

Ҳазрати Абубакр (р) ба хубӣ мутаваҷҷеҳи ин хатари хавфнок шуда буд, аз ин рӯ аз роҳи шафқат ва дилсӯзӣ, салоҳи уммати Муҳаммад (с)-ро дар ин дид, ки қазияи хилофатро дар ҳаёташ ҳал намояд, то роҳ ба сар задани ҳар гуна ихтилоф ва мунозиае, ки балои беилоҷи ҳар уммате аст, бар рӯйи ин уммати ислом масдуд (баста) шавад.

Барои таҳқиқи ин матлаб, асҳоби бузурги Расулу-л-лоҳ (с)-ро якояк ба назар овард ва дар хусусиятҳо ва сирати онҳо ба тафаккур пардохт, то аз байни онҳо касеро номзади хилофат намояд, ки дар умури хилофат сахтгир бошад, вале на то сарҳади саркашӣ ва табъан ором бошад, вале на то ҳади заъф ва нотавонӣ. Пас аз баррасии комил, ду нафар аз онҳоро, ки ҳар як дорои ин сифот буданд мавриди назараш қарор гирифтанд, яке Умар ибни Хаттоб(р) ва дигаре Алӣ ибни Абутолиб. Фармуд Алӣ дар иҷрои умури хилофат ба ҳадде рост меравад, ки ҳаргоҳ дар пешбурди амре аз умури хилофат монеае пеш ояд, тасмим хоҳад гирифт аз рӯи монеа убур кунад ва чи басо, ки он монеа то он ҷо сахт бошад, ки убур аз рӯи он номумкин гардад, аз ин рӯ ба ҳадафи матлуби худ нарасад ва ҳамин амр кофист, ки дар кораш вақфа ҳосил шавад ва ба таъхир афтад ва чи басо, ки андаке таъхир дар кори сиёсати мамлакат, авзои умумии миллатеро дигаргун ва масири таърихи онҳоро аз тараққӣ ба таназзул тағйир дода аст.

Ройзании Абубакр (р) барои интихоби Умар (р)

Умар (р) низ ба роҳи мустақим меравад ва ҳаргоҳ дар анҷоми амре аз умури хилофаташ бо монеае бархурд намояд, моҳирона масири худро тағйир медиҳад ва аз канораи он монеа убур мекунад то ба мақсад бирасад (ва маълум аст, ки дар ин сурат он монеа бе асар буда, табъан аз байн меравад ва чунин кас бори хилофатро чунон ки шояд ба саломат ба сарманзили мақсуд мерасонад).

Бо ин тавваҷҷӯҳ тасмим гирифт дар ҳаёти худ ҳазрати Умар (р)-ро аз тариқи шӯро ба хилофат баргузинад. Барои анҷоми он амр аз бузургони асҳоби Расулу-л-лоҳ (с), ки ба аёдаташ меомаданд, дар бораи ҳазрати Умар (р) бозҷӯйи ва барои вогузор кардани хилофат ба ин шахси бузург бо онҳо машварат намуд.

Дидгоҳи Абдураҳмон ибни Авф дар бораи Умар (р).

Аз Абдураҳмон ибни Авф суол кард. Ӯ ҷавоб дод:

— Вазъи касеро аз ман мепурсӣ, ки худат беҳтар аз ман огоҳӣ, Абубакр мегӯяд:

-Гарчи огоҳам, мехоҳам назаратро бидонам, мегӯяд:

-Ба Худо қасам, ӯ беҳтарин касе аст, ки интихоб мекунӣ, вале дар кораш хушунат ва сахтгирӣ дорад, Абубакр (р) мегӯяд:

— Хушунаташ дар муқобили оромӣ ва нармиши ман лозим буд, то кори хилофат мувозинат пайдо карда, ба хубӣ пеш равад. Ҳаргоҳ хилофат ба худаш бирасад, аз бисёри аз хушунаташ мегузарад.

Дидгоҳи Усмон (р) дар бораи Умар ибни Хаттоб(р)

Сипас аз Усмон ибни Афон мепурсад. Ӯ низ мегӯяд:

-Ту ӯро беҳтар аз ман медонӣ. Абубакр (р) мегуяд: Бо ин ҳол мехоҳам назаратро бидонам.

Усмон мегӯяд:

-Худоро гувоҳ мегирам, он чи медонам ин аст, ки ботинаш аз зоҳираш беҳтар аст. Дар миёни мо барои хилофат касе беҳтар аз ӯ нест.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *