Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Фасли Риё ва Фасли Каромот

Фасли Риё

Варриёу изо вақаъа фил ъамали минал аъмоли фаинннаҳу юбтилу аҷраҳу.

Ва риё ҳарвақто ки воқеъ шавад дар амале аз амалҳо, пас албатта он риё ботил мегардонад аҷри он амалро.

Риё корест, ки амал на барои савобу ризои Аллоҳ таъоло, балки барои касбу шӯҳрату ном ва таърифу тавсиф шунида аз мардум ба ҷо оварда шудааст.

Сумъа корест, ки дар иҷрои он ризои Худо мушоҳида намешавад, балки ба он хотир аст ки мардум бишнаванд. Чунин риё ва сумъа дар амале зоҳир шавад чӣ дар ибтидо ё миёна ва ё интиҳо, пас шахси амалкунанда зулм кард бар нафсаш ва амалро тавре лозими савоб буд ба ҷо наовард. Аз ин ҷо ин шахс на инки савоб намегирад, балки гунаҳкор ҳам мешавад. Зеро риё ва сумъа аз ҷумлаи ширки асғар маҳсуб меёбад (ниг. сураи “Каҳф” ояти 110).

Барои он ки амалҳо қабул шаванд, бояд онҳо аз ширки хафӣ (пинҳонӣ) ва ҷалӣ (ошкоро) холӣ бошанд.

Агар дар амале қасди риё ва сумъа бо қасди тоату ибодат зоҳир гардад, яке аз он ғолиб ояд ё ҳарду мусовӣ бошанд, албатта ин савобро ботил ва гуноҳро пайдо мекунад, чунки “ҳадис” ом омадааст.

Ривоят шудааст аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Шахсе амалеро барои ризои Аллоҳ таъоло ба ҷо овард ва ҳамзамон боз каси дигареро ба ҷуз Худованд шарик донист, пас бояд ки савобашро аз ғайри Аллоҳ таъоло дархост намояд, ба дурусти ки Аллоҳ таъоло ғанитарини шарикон аст. Яъне ба ширк Аллоҳ таъоло ниёз надорад, ки ба ҷуз ӯ дар иҷрои амал каси дигаре шарик дониста шавад. Аллоҳ таъоло амалеро қабул мекунад, ки хос барои ризои ӯ бошад. Дурӯягӣ дар иҷрои амал нашояд.

Ва казоликал ъуҷбу.

Ва инчунин уҷб ҳам мисли риё ва сумъа аҷри амалро ботил месозад.

“Уҷб” онро гӯянд, ки шахс ба худ мефахрад, менозад ман-манӣ мекунад. Асосан ботилкунандаи амал ҳамин се аст. Ғайр аз ин, дигар сайиот низ боиси дур гардидани савоби амал шуда метавонад. Вале ҳамаи онҳо асосан ба он се, ки дар боло зикршуда дохил мегарданд. Хулоса дуркунандаи “аҷр” кори фасод аст, ки он иборат аст: аз риё, сумъа ва уҷб. Ва дигар ботилкунандаҳои амал ҳам таҳти ин се шоха қарор доранд.

Вал оёту собитатун лил анбиёи вал каромоту лил авлиёи ҳаққун.

Оёт: ҳодисаи хориқулодат аст (аз одати инсонҳо берун), яъне мӯъҷизаҳо аз сӯи анбиё ъалайҳимуссалом ва каромот аз сӯи дӯстони Худо (авлиё) ба вуқӯъ меояд. Ин ҳақ асту рост ва бо китобу суннат собитшуда аст.

Фасли Каромот

Аҳли бидъат ва мӯътазила каромотро инкор мекунанд, ки ин эътибор надорад. Хулоса агар амали ғайри чашмдошт ва аз ақл берун аз тарафи анбиё сар занад, мӯъҷиза ва аз сӯи авлиё ба амал ояд, онро каромот хонанд. Мисоли мӯъҷиза зинда гардонидани мурдаи чандсола аз сӯи ҳазрати Исо ъалайҳиссалом, берун кашидани уштури сафед аз санги хоро аз ҷониби ҳазрати Солеҳ ъалайҳиссалом, аз оташ солим берун омадани Иброҳими халилуллоҳ ъалайҳиссалом, аз бузи бешир ба таври фаровон шир овардани ҳазрати Муҳаммад ъалайҳиссалом, ки асҳоби онҷо буда сер шуданд ва дигар мӯъҷизаҳои Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бисёр аст. Шунидани асҳоб тасбеҳ гуфтани сангҳои дар дасти Расулуллоҳ буда Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ва сухан гуфтани оҳу дар саҳро вақто ки Расулуллоҳро дид ва ғайра.

Агар чунин амал аз ғайри паёмбар ба вуқӯъ ояд, онро каромот гӯянд. Мисли ин ки ҳазрати Саъд ибни Абиваққос Даҷларо убур кард, вале пояш тар нашуд, ё ҳазрати Умар дар вақти хутба хондан гуфт: ”Ё Сорияту-л-ҷабала”. Мардуми онҷо буда дар ҳайрат монданд, ки он ҳазрат дар миёни хутба чунин гуфт, ки “Ай Сория ба тарафи кӯҳ сангар бигир”. Баъдтар ҳақиқати кор барои эшон кашф шуд. Дар он айём қумандони лашкари ислом Сория ибни Заним дар Ироқ муҳориба дошт дар муҳосира монда буд, аз ин хотир ҳазрати Умар ӯро гуфтанд, ки сангар ба сӯи кӯҳ бигир то раҳо ёбӣ. Сория инро шунида чунин кард ва наҷот ёфт. Чунин корҳо танҳо барои нусрати дин буду бас.

Ба ғайри ин каромот ба манфиати шахс низ рӯй додааст. Шахсе буд ба Худо наздик, ки Солат ибни Ашям ном дошт ба ҷое қасди сафар карда буд, вале дар роҳ маркабаш фавтид. ӯ ба сӯи Худо дасти дуо бардошта бисёр тазарруъу зорӣ кард, то Худованд маркаби вайро аз нав зинда гардонад. Ба амри Худо маркаб зинда гашт. Чун он бузургвор ба хонаи худ расид писарашро гуфт, ки зинро аз маркаб бигирад то замоне он биосояд. Чун писараш зинро аз маркаб бардошт, он ба замин ғалтид, диданд ки он кайҳо мурдааст. Чунин каромотҳо ҳақ асту рост ва исботшуда аз аҳли суннат вал ҷамоъат ва инчунин аз асҳоби киром ҳам чунин кароматҳо ривоят шудааст.

Авлиё шахсест, ки мӯъмину мусулмон ва соҳиби тақво аст (ниг. сураи “Юнус” ояти 63).

Мақому мартабаи валигӣ ба даъво ва таманно ҳосил намешавад, балки он ба имони зиёд ва тақво ба даст меояд. Пеш аз он ки касеро авлиё гӯем бояд ба назар гирифт, ки мӯъмину мусулмони муттақӣ бошад ва дар ҷодаи тақво нисбат ба дигарон хеле боло қарор дошта бошад ва билохира дар чорчӯбаи авлиёӣ, ки шариат муайян намудааст, биғунҷад. Дар ин бора дар китоби сӯфи Аллоҳёр: ”Маслакул муттақин” шарҳи муфассале ҳаст.

Мардуми мо мутаасифона фарқи каромот ва фаросатро намедонанд. Ҳазрати Холид заҳр ошомид, вале сиҳату саломат монд? Ин аст каромот. Чунин каромот аз ғайри асҳоб низ ба вуқӯъ омадааст. Мӯътазилаҳо, ки чунин амалро дар худ надидаанд онро инкор мекунанд. Аҳли Шиъа бошад каромотро хоси 12-имомашон медонанд. Ҳазрати Имоми Аъзам разияллоҳу анҳу бо ҷумҳури уламо мувофиқат карда мегӯяд, ки ҳар кори хориқул одат, ки аз анбиё сар занад мӯъҷиза ва аз авлиё рух диҳад каромот аст.

Аз Абуалои Ҷузҷонӣ разияллоҳу анҳу омада, ки гуфт:

“Кун толибан лил истиқомати, ло толибан лил каромати”

Бош толиби истиқомат дар шаръ ва набош толиби каромат.

еро нафси инсон ба талаби каромот майл мекунад. Парвардигор истиқомати инсонро дар шариат талабгор аст. Хулоса кашф намудани илм ба умури шаръия беҳтар аст аз умури кавния (каромот). Агар аввал набошад ё бошаду бануқсон бошад, пас бар зарари дин аст. Агар аввал бошаду сонӣ набошад боке нест.

Акнун чанд сухан аз боби «фаросат». Фаросат ба се навъ аст:

Аввал фаросати имония. Ин нурест, ки ба дили банда ӯро Аллоҳ таъоло ҷой медиҳад. Ва ба сабаби он қувваи дарк ва фаҳми банда меафзояд. Дар натиҷа ба ҳасби қувваи имони ҳар банда ҳосил мегардад. Шахсе имони қавӣ дошта бошад, фаросаташ ҳам боқуввату баланд мегардад. Баъзе ба ин ақидаанд, ки фаросат мукошафаи нафс ва муайянаи ғайб буда ин ҳам ба ҳукму иродаи Аллоҳ таъоло ва яке аз мақоми олии имон аст. Валлоҳу аълам.

Дуюм фаросати риёзия. Яъне дар натиҷаи риёзат кашидан фаросат ҳосил мегардад. Риёзат кам хоб рафтану бисёр ибодат кардан аст, кам гуфтану кам хӯрдан аст. Дар хилват бештари вақт ибодат намудан ва саркӯб сохтани нафс аст. Фаросате ки аз ин ба даст меояд, муштарак аст байни мӯъмин ва ғайри мӯъмин. Ҳаркадоме аз инҳо метавонанд чунин фаросатро соҳиб гарданд. Ин аз имон вобаста нест, ва онро вилоят гуфтан нашояд.

Чунки ғайри мӯъмин аз чунин фаросат ягон ҳаққи нафъдор ё ягон роҳи росту дурустро кашф карда наметавонад, ин мисли хоб ва мисли таҷриботи табибон аст. Кашфи чунин ашхос ба мисли кашфи табиб аст, ки набзи беморро дошта дарди ӯро муайян мекунад, ин ҳам пешравии фаросат аст ва хуб ҳам ҳаст ба шарте, ки худро ғайбдон эълон нанамояд.

Сеюм фаросати хилқия ё халқия аст. Дар ин масъала табибон китоби бисёре тасниф кардаанд. Дигарон низ чунин китобҳо навиштаанд ва далелҳо ҳам овардаанд. Инчунин аст, ки ба хилқати инсон нигоҳ карда хулқашро баҳо медиҳанд, байни хилқат ва хулқати инсон иртиботе вуҷуд дорад, ки аз рӯи аввал сониро муайян мекунанд. Масалан сари аз ҳад хурдро далел медонанд ба ақлу тамизи кам ва сари шаклан миёнаро далел медонанд ба ақли дуруст. Инчунин аз чашми инсон ҳолати қалбро муайян мекунанд. Ва монанди ин мисолҳо зиёд аст ва лекин ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки:

«Аз фаросати мӯъмин ҳазар кунед, зеро инсони мӯъмин ба нури Худо назар мекунад».

Ва медонад чи бар инсон гузашту чи дар дил дорад. Чунин ҳодисаҳо дар асҳоби киром гузаштааст (ниг. сураи “Ҳиҷр” ояти 75).

Ва аммаллати такуну ли аъдоиҳи мислу Иблиса ва Фиръавна вад Даҷҷола миммо рувия фил ахбори аннаҳу кона ва якуну лаҳум ло нусаммиҳо оётин ва ло каромотин ва локин нусаммиҳо қазоа ҳоҷотин лаҳум.

Аммо корҳои хориқул одате аз душманони Худо (ҷалла ҷалолаҳу) мисли иблис, ки замоне дар машриқ асту замоне дар мағриб ва инчунин дар ботини инсон баҳри васваса андохтан ва мисли Фиръавн, ки дарёи Нилро ба хости худ ҷорӣ мекард (ниг. сураи “Зухруф” ояти 5) ё ҳангоми ба қасраш ворид шудан қадамони аспаш бо хости ӯ дарозу кӯтоҳ, тезу оҳиста, пасту баланд мегашт ва мисли Даҷҷол, ки як инсонро мемиронад боз зинда месозад ва оянда низ чунин амалҳо хориқул одат рӯй хоҳад дод. Мо онҳоро мӯъҷиза намегӯем, зеро мӯъҷиза фақат хоси анбиё аст ва каромот ҳам намегӯем, зеро каромот хоси авлиёву асфиё аст, ки мӯъмину мусулмону парҳезгоранд. Аммо корҳои ғайри одат агар аз ашхоси Худоношинос сар занад ҳам ҳеҷ тааҷуб надорад. Зеро дунё барои Худо арзише надорад ва ба касе чунин ҳунар хоҳад медиҳад. Карам ва ҷуду бахшиши Аллоҳ таъоло ом аст. Ҳоҷати душманони худро ҳам раво месозад. Ин барои истидроҷи онҳост, яъне ривоҷу равнақашон аст. Вале онҳо ҷои он ки рӯ ба Худо биёранду ба худ биёянд, баръакс худро гум месозанд ва ин лутфи Худованд бар зарару зиёни онҳо қарор мегирад. Ва бил охира ин ривоҷу равнақашон сабаби азобу уқубаташон мегардад (ниг. сураи “Аъроф” ояти 182).

Ин ашхосро ҳар қадар неъмат афзун гардад, гумон мекунанд ки бандаи дӯстдоштаи Худоанд ва ба ӯ наздиктаринанд, аммо намедонанд ки назди Худованд бандагони мӯъмину солеҳу батақвову парҳезгор наздиктаранд.

Ва яғтарруна биҳи ва яздодуна туғёнан ва куфран ва золика куллуҳу ҷоизун ва мумкинун.

Инсонҳои Худо бехабар чун дар кори худ ривоҷу равнақ бубинанд, онро эҳсони Худованд медонанд ва аз ин мағрур мегарданд. Агар фоҷир бошанд туғён мекунанд, агар кофир бошанд кофириашонро боз зиёдтар мекунанд, чунон ки Фиръавни лаъин 400-сол умр ба сар бурд ва ягон камбудӣ надид. Ҳатто ки дар ошхонааш зарфе нашикаст, ин ҷои ҳайрат нест, чунин шуданаш мумкин аст ва нақлан собит гаштааст. Бубинед Иблис баъди мардуд шуданаш гуфт: ”Ё раб мӯҳлат деҳ маро, то рӯзи барангехтан”. Худованд инро иҷобат кард ва мӯҳлат дод (ниг. сура “Ҳиҷр” ояти 37).

Боз мегардем хонандаи азиз сари масъалаи каромот. Шайх Сӯҳрвардӣ разияллоҳу анҳу гуфта, ки бисёре аз муҷтаҳидини ибодатгузор шуниданд салафи солиҳинро аз ончи дода шуда буд ба онҳо аз каромот. Онҳо аз ин каромот ва моҳияти он хабардору огоҳ буданд ва дӯст медоштанд, ки ба чизе аз он баҳравар бигарданд. Ва баъзеҳоро, ки каромот ҳосил намешуд дилшикаста буданд ва дар ваҳм мегирифтанд амалҳои худро, ки оё онҳо дурустанд ё на ? Талаб кардани нафс барои истиқомат дар шаръ ин ҳам мисли каромот аст чунончи, ки салафи солиҳин карданд.

Ва коналлоҳу таъоло холиқан қабла ан яхлуқа ва розиқан қабла ан ярзуқа.

Ва буд Аллоҳ таъоло халқкунандаи махлуқот пеш аз халқ кардани он махлуқот. Чунки сифати холиқият дар Аллоҳ таъоло азалан вуҷуд дошт. Ва инчунин Аллоҳ таъоло розиқи махлуқот буд пеш аз ризқ доданаш ва ин сифати азалии вай аст. Аллоҳ таъоло ба илми қадими худ медонист, ки ба сифати холиқияташ махлуқотро халқ мекунад ва ба сифати розиқияташ махлуқотро ризқҳои гуногун медиҳад.

Ҳазрати Имоми Аъзам раҳматуллоҳи ъалайҳи бори дигар ин ду сифатро такрор кард, ки хосу ом бифаҳманд, ки эътиқоди дурусте, ки ба он эътимоду боварӣ карда шавад ҳамин аст. Ва эътиқоди аҳли суннат вал ҷамоъат ҳам ҳамин аст. Зеро гузаштани сифати холиқият ва розиқият дар васфи субҳонаҳу ва таъоло пеш аз вуҷуди халқ ва пеш аз вуҷуди ризқ ҳақиқат аст на баъд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *