Фанни Суханвари (риторика)

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Суханвари (риторика)

  • Меъёри хурок дар санъати сухангуён

    Онҳое, ки ба санъати суханварӣ меҳру муҳаббат доранд, бояд меъёри хурдани хурокро қатъӣ риоя намоянд. Ба ҳеч кас пушида нест, ки хурдани ғизои барзиёд ва бемаврид зиён дорад, бахусус, ашхосе, ки ба илму маърифат таваҷҷуҳи бештаре дошта, барои ҳифзи сабақи лозима камар бастаанд. Хурок барои дарки маънӣ, бахотироварӣ, неруи босира…

    Муфассалтар »
  • Навъҳои сухан

    Суханронӣ ҳануз дар Юнони қадим бештар ҷанбаи сиёсӣ, низомӣ, панд ва андарз, равиши доварӣ ва умури ҳунарӣ доштааст. Пас аз зуҳур ва густариши дини мубини ислом дар кишвари Шарқ ойини мубоҳиса кам- кам байни толибони улуми динӣ ривоҷ меёбад ва ҳама !. Баҳоим — ҳайвонот. аз он пайравӣ мекунанд ва…

    Муфассалтар »
  • Навъҳои машқ барои суханронӣ

    Пешрафти комил ва ҳамаҷониба дар пешбурди амри суханварӣ (илова бар истеъдоди фитрӣ ва алоқа, завқи ботинӣ) бар машқи муназзам пешкору устувор аст. Ҳар гоҳ шуре дар сар ва шавқе дар дил барои бозгу кардани нуҳуфтаҳои қалбӣ ҳис кардем ва вақте тасмим гирифтем, ки худро барои пушидани либос иршод ва роҳбарӣ,…

    Муфассалтар »
  • Каломи зебо саиқали дилҳост

    Дил ҳам монанди фикр бояд хеле чизҳоро бидонад ва эҳсос намояд, лоақал бояд бидонад, ки дилхоҳаш чист ва дустдораш кист. Зиндагӣ кардан бо мардум ва бо онон сухан гуфтан. Лозимтараш ин аст, ки суханони онҳоро бифаҳмем ва бикушем, ки ба ҳоли онҳо ошноӣ пайдо кунем. Агар нафаҳмем, ки касе ранҷе…

    Муфассалтар »
  • Таваҷҷуҳ ба лавозими суханварӣ ва шароити бархурдорӣ аз онҳо

    Омили асили сухан шахсияти сухангуй аст. Табиатан одамӣ подшоҳи кишвари нафс, бинишу дониш, басират, шахсияти инсониро дорост, аммо дар ҳақиқат, суханвар бо маънавият, лавозими моддии ҳар ду ниёзманд аст. Бештар иттифоқ меафтад зоҳир ва рафтору нигоҳ қарор гирифтани суханвар (нотиқ) пушти минбар таъсири матлубе ба шунавандагон боқӣ мегузорад. Пеш аз…

    Муфассалтар »
  • Дониши лозима барои суханвари

    Ру овардан ба суйи дониш ва биниш, ҳосили таҷрибаҳо ва нақши фикрро дар қолабе рехтан, шунавандагонро таҳти нуфуз қарор додан аст. Барои муваффақ гардидан дар ин амали воло бояд аз бисёр донишҳо, кайфияти руҳӣ мадад бигирем, то гуфторамон ҷолибу муассир бошад. Ба ҳамин ҷиҳат суханвар бояд бо улуми маъмулии замон…

    Муфассалтар »
  • Тамсилу ҳикоёт дар суханварй

    Масал яке аз рукнҳои муфиду дилписанди маъонӣ ва баён ба шумор аст. Ибни Муқаффаъ мегуяд: «Агар сухан ба сурати масал гуфта шавад, таъсири мусбат бисёр дораду шояд исботи мақсуд бо тамсил, ки хушоянду ширин аст, беҳтар битавонад шунавандаро қаноатманд ва тарғиб намоянд». Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ , ки аз мутафаккирони бузурги…

    Муфассалтар »
  • Асрори суханронӣ ва хусусиятҳои хоси он

    Ҳар кӣ дасташ бар забон сабқат кунад, мард аст, мард, В-арна ҳар ноқис ҷавонмард аст, дар майдони лоф. Соиби Табрезӣ Яке аз омилҳои асосии суханронии хубу гуворо «майл доштан ба суханронӣ ва хуб ҳарф задан аст». Ин саньат низ василаи бештар омухтан ва майлу рағбат доштан ба каломи бадеист. Бинобар…

    Муфассалтар »
  • Дар одоби сухан гуфтан

    Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ одоб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барои ин нутқ басавоб (сухани рост) бояд ва илло хомушӣ беҳ аз он бувад, чунонки Шайх Саъдӣ фармуда: Баҳоим хомушанду гуё башар, Забон баста беҳтар, ки гуё ба шар. Ва…

    Муфассалтар »
  • Боэътимод суханронӣ кунед ва нутқи худро тайёр намоед!

    Муҳимтарин нуктаи ҳунари сухандонӣ он аст, ки бояд қабл аз шуруъ ба суханронӣ, он чи ҳарфи гуфтанӣ ҳаст, бояд комилан тайёр карда шуда бошад ва нотиқ хуб бидонад, ки чӣ мехоҳад бигуяд ва чӣ муддао дорад. Шахсе, ки ба паси мизи суханронӣ меравад, ин дастурро бояд комилан иҷро карда бошад.…

    Муфассалтар »
  • Табиӣ будани қонунҳои суханварӣ барои суханварӣ

    Суханварӣ қонуну қоидаҳо ва роҳу расм ва ойинномаи худро дорост. Ҳар як суханвар бояд ойинномаро риоя намояд, ки он бо одоб, одат, муътақидот, хусусияти муҳити зиндагӣ, нажод, роҳати қалбӣ ва дилбастагиҳои хонаводагӣ, равиши тарбияту таълими у тавфиқу ҳамоҳангӣ дошта бошанд. Қонун ҳамеша ба манзури таъмини саломатӣ ва саодати воқеӣ, таъйини…

    Муфассалтар »
  • Машқи овоз ва нафаскашӣ

    Барои он ки шахс овози хушу форам дошта бошад, бояд озодона нафас кашида тавонад. Тарзи дуруст кашидани нафас омили асосии гуфтори хуб аст. Бинобар ин, агар хоҳед, ки садои хуш дошта бошед, бояд тарзи нафаскашии худро муоина ва мушоҳида кунед. Нафаскашии озод ва дуруст на танҳо барои овози хуб, балки…

    Муфассалтар »
  • Суханварӣ ва нигориш

    Барои нутқи насрӣ дар пешаи нависандагӣ каломи дигар ба кор меравад. Басо нависанда, рузноманигор, олимони чирадасте ҳастанд, ки мақсаду ҳадафи худро ба таври шифоҳӣ баён карда натавониста, оҷизу нотавон мондаанд. Ва баръакс, басо суханварони барҷаста, ки қудрати навиштани як номаи дилписандро надоранд. Ҳақиқат он аст: ҳамин ки ба воқеа ва…

    Муфассалтар »
  • Латофати табъ ва риояти одоб дар санъати суханварӣ

    Гуфтаи Эзопро, ки дар оғози рисола оварда будем, ба хотир биёред: «Забон беҳтарин ва бадтарин чизҳои дунёст». Сухане, ки муҳимтарин омили гуфтугуст, ҳамин сифатро дорост. Забон аслиҳаест, ки дар натиҷаи кору таҷрибаи солиёни зиёди суханварон ба дараҷаи камоли имрузӣ расида ва ҳар кореро аз хуб ё бад метавонад анҷом бидиҳад.…

    Муфассалтар »
  • Сухан аз лиҳози кайфият ва мафҳум

    Вобаста ба таносуби мавзуъҳо ва тобишҳои мухталифи зиндагии иҷтимоӣ гуфторҳо чанд навъанд: Гуфтори сиёсӣ: Нутқи сиёсӣ бояд бо ҳадафи лозима манзури ошно сохтани афроди миллат бо ҳақиқати зиндагии иҷтимоӣ бар забон ронда шавад. Гоҳе иттифоқ меафтад, ки намояндагони сиёсӣ, иқтисодӣ ё фарҳангии ду ва ё зиёда миллат дар ҷаласаи муштарак…

    Муфассалтар »
  • Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад

    Бояд донист, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. Дар маҷлисҳо, шабнишинҳо, маҳфилҳо ва суҳбатҳои хосса дониста, андешида ва бомавқеъ бояд сухан гуфт. Дар чунин анҷуманҳо пеш аз ҳама сухан бо лутфу меҳрубонИ бояд гуфт. Ҳарфи беҷо, таънаю таҳқири ошное, рафиқе, бегонае сабаби ранҷиши ҳамнишинон мегардад ва номақбулу нописанд…

    Муфассалтар »
  • Офариниши сухан

    Аз нестӣ ба ҳастӣ овардан, эҷод кардан, сохтан ва пардохтани чизеро, ки то ҳол ба миён наомадааст, офариниш мегуянд. Офариниши сухан бар чаҳор омил устувор аст: -Ҳадаф. -Маводи лозима (модда). -Тарҳ. -Шахсияти созанда (муаллиф). Агар хонае мехоҳед бисозед, пораи матое барои таҳияи либос дар назар бигиред, китобе ба риштаи таҳрир…

    Муфассалтар »
  • Таносуби шунавандагон бо якдигар ва суханвар бо онон

    Равиши ба расмият даромадаи таълимоти ҷаҳон тариқи ҷамъист, ки дар он гуруҳе бо дараҷаи таҳсили яксон ва суннатӣ наздик ва ҳам дар ҷое гирд меоянд ва чун аз назари истеъдод, қудрати дарк, ҳофиза, амалу алоқа аз якдигар тавофут доранд, устод ногузир аст, ки омузиши худро ба меҳвари кайфиёти руҳӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Панҷ омили муҳим дар суханпайвандӣ

    Омили аввал: Даромади сухан — гуфтор аксар вақт даромад мехоҳад ва мақсуд аз даромад ин аст, ки гушҳо барои шунидан ва зеҳну дидаҳо барои таваҷҷуҳ кардан ба сухан омода шаванд. Ҳангоме ки суханвар сухан оғоз мекунад, шунавандагон аҳволи мухталиф доранд. Мумкин аст, касе зеҳни эшонро нисбат ба гуянда ё матлабе,…

    Муфассалтар »
  • Зарофатгуйи ва латифаҳо

    Дар ҷараёни суханварӣ гоҳ иттифоқ меафтад, ки барои аз хастагӣ баровардани табъи шунавандагон ба овардани матолиби дилчасп ва нағз, ки ҳам мояи кушоиши хотир ва ҳам омузанда бошад, ниёз пайдо мекунем. Овардани чунин гуфторҳо, ки хоҳ дар сурати назм бошад ё наср, ба суханвар имкон медиҳад, ки дар тарғиби шунавандагон…

    Муфассалтар »
  • Суханвари ва Суханвар

    Суханварӣ бо каломи зебо ва лаҳни шево баён кардани мақсад, ҷалб намудани таваҷҷуҳи шунавандагон ва ҳунари сухан гуфтанро меомӯзонад. Суханварӣ фаннест, ки ба воситаи он гӯянда шунавандаро бо сухани хеш қаноатманд намояд ва бар ҳадафи худ тарғиб кунад. Бинобар ин, ҳадаф аз суханварӣ ҳамин ду натиҷа аст, ки шунаванда сухани…

    Муфассалтар »
  • Суханвари дар Арабу Аҷам

    Мулки Машриқзамин низ дар тули таърих суханварони забардастеро ба майдон оварда, машҳури олам гардонид. Суханварӣ дар Шарқ бо дини мубини ислом пайванди ногусастанӣ дошта, бо номҳои «хатиб», «воиз», «қиссахон», «ровӣ» ва амсоли он дар ин ҷомеа зуҳур кардаанд. Аз саррофони сухан ва кашшофони таърихи куҳан чунин бармеояд, ки сухандониву суханварзӣ…

    Муфассалтар »
  • Суханварӣ дар рум

    Дар қарни дувуми пеш аз милодӣ дар Мағрибзамин давраи румиён оғоз гардид. Румиён дар аввал қавми дурушту дағал, бадху ва бетарбият буданд. Онҳо ба ҷуз зуриву ҷанговарӣ ва кишваргирӣ дигар ҳунаре ва хираде надоштанд. Дар зарфи чандин аср, ки аз таърихи он огоҳӣ дорем, ҳарфе аз илм, адабу ҳикмат, санъат…

    Муфассалтар »
  • Тақвияти қувваи ҳофиза

    Тақвияти қувваи ҳофиза ба омилҳои зайл робитаи зич дорад: суханронӣ бояд дар асоси нақшаи муайян сурат бигирад ва ин нақша пешакӣ танзим гардад, вагарна сухани гуянда берабт ва хушку беруҳ садо медиҳад. Дар чунин маврид ақидаву афкори гуянда низ ба ҳам пайвандие надошта пароканда аст. Пас барои таҳияи гуфтор наметавонем…

    Муфассалтар »
  • Танзими сухан ё суханпайвандӣ

    Суханвар чун марҳалаи суханофариниро паймуд, он маъниҳое, ки бо овардани далелу ҳуҷҷат ва санад барои исботи мақсад лозим аст, дар хотир нигоҳ дорад. Зеро ҳар андоза маънӣ хубу мақбул бошад ҳам, агар суханвар ҳар якеро дар ҷову мавқеи худ нагуяд, тартиби муйянеро дар он риоят нанамояд, парешонгуйӣ хоҳад кард ва…

    Муфассалтар »
  • Асари либос дар суханрони

    Равоншиносон зимни пурсишномаҳо собит сохтаанд, ки ба таври куллӣ ҳар вақт инсон либоси хуб бипушад, эътимоду боварро ба худ бештар эҳсос мекунад. Дар мавқеи суханронӣ либоси хуб ҳамин асарро дорад. Масалан, агар суханвар бо шими дарзмолнокарда, риши расида, муйҳои парешон дар муқобили шунавандагон истода ҳарф занад, онҳо ба у аҳамият…

    Муфассалтар »
  • Адабиёт ва муносибати он бо санъат

    Адабиёт дар илми ҳозиразамон китобҳоеро мегўянд, ки дар ягон соҳаи илму дониш таълиф шуда бошанд. Масалан, дар таркиби «адабиёти илмӣ» ҷомеи китобҳои мансуб ба таҳқиқу тадқиқдахлдор дар назар дошта мешавад. Ба ин маъно мафҳуми адабиёт дар замони нав, аз охири садаи нуздаҳ ва авали садаи бистуми мелодӣ маълум гаштааст. Дар…

    Муфассалтар »
  • Суханварй дар юнони қадим ва аврупо

    Суханварй ҳанўз дар аҳди қадим интишор ёфта ва қонуниятҳояшро пайдо карда буд. Шоирони араб аз аҳди ҷоҳилият ровиёни худро доштанд , ки шеърашонро бо лаҳну оҳанги махсусе қироат мекарданд. Дар Чини қадим суханрониҳои бофтаи шоҳон дар маҷмўаҳои бузурге ҷамъоварӣ ҷамъоварӣ ва тадвин мешуданд. Аммо ҳунари суханварӣ аз ҳама бештар дар…

    Муфассалтар »
  • Тарзҳои суханварӣ

    Давлатҳои қадим, аз қабили Ҳахоманишиҳо ва Сосониён системаи бо низоми сиёси, маъмурй, динй ва таълимй доштанд. Аз ин рў, нутқу суханварй дар мавзўъҳои сиёсй, низомй, давраҳои сиёсию иҷтимой, мазҳабй ва ахлоқй эрод мешуданд. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсй қариб ҳамаи ин навъҳои суханвариро мушоҳида мекунем. Аз он ҷумла, шоир пандҳои Бузарҷмеҳри…

    Муфассалтар »
  • Балоғат ва Фасоҳат

    Маънои балоғат Маънии балоғат расидан ва ба интиҳои кор қадам мондан, камол ва расоии сухан аст, ки аз он беҳтар имкон набошад. Аз назари истилоҳ, ба балоғат дурустй ва бе Каму кости сухан аст. Сухан аз ҷиҳати мавқеи калимаю таркибот ва талаби грамматики нуқсу камбуд надошта бошад, онро каломи балеғ…

    Муфассалтар »