Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Тарғиб намудан ба ростӣ ва барҳазар доштан аз дурӯғгӯӣ

23 — Аз Абдуллоҳ писари Масъуд ривоят шуда, ки гуфт: Паёмбари Худо фармуд: “Бар шумо ростгӯӣ лозим мебошад, зеро ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи некӯкорӣ раҳнамоӣ мекунад ва накӯкорӣ инсонро ба биҳишт мерасонад ва ҳамоно инсони мусалмон рост мегӯяд ва ростиро ҷустуҷӯ менамояд, то ин ки дар назди Худованд сиддиқ (бисёрростгӯ) навишта мешавад. Парҳез намоед аз дурӯғ гуфтан, зеро дурӯғ инсонро ба сӯи гуноҳҳо раҳнамоӣ мекунад ва маъсияту гуноҳҳо инсонро ба сӯи дӯзах мекашонад ва шахси мусалмон дурӯғ мегӯяд, то ин ки дар назди Худованд каззоб (бисёрдурӯғгӯ) навишта мешавад.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд)

1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 11 зикр шудааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур ин нуктаро бозгӯ менамояд, ки ҳар касе дар қавлу сухани худ ростиро ҷустуҷӯ кунад, ба ростгӯӣ хӯ мегирад ва инчунин ҳар касе дунболи ҳарфҳои дурӯғ гашта дурӯғ гӯяд, ба амали мазкур одат мекунад. Бо касб намудану

такрор кардани коре сифатҳои нек ва бад дар инсон пойдор мемонад. Инчунин аз ин ҳадис бармеояд, ки ростӣ кори бузург буда, соҳибашро вориди биҳишт месозад ва дурӯғгӯӣ кори ниҳоят зишт буда, соҳибашро ба дӯзах меандозад.

3 — Фавоид ва андарзҳои ҳадис:

  1. — Ростӣ аз ахлоқи ҳамида мебошад, ки Ислом пайравонашро ҳамеша ба он тарғиб намудааст.
  2. — Яке аз нишондодҳои Ислом ин аст, ки сухани инсон мувофиқи дилаш (рост) бошад.
  3. — Ростӣ беҳтарин васила ва омили растагорӣ дар дунёву охират мебошад.
  4. — Мусалмони ростгӯ ва росткор дар назди Худо ва дар назди мардум маҳбуб мебошад.
  5. — Бояд ба рафиқон ва дӯстон чунин насиҳат карда шавад, ки ростӣ роҳи наҷот дар дунё ва охират мебошад.
  6. — Бояд барои устоди мадраса вақти аз сабаби тайёр накардани вазифаи дарсӣ пурсиданаш, посухи рост гуфта шавад.
  7. — Дурӯғ гуфтан ахлоқи бадест, ки Ислом аз он манъ кардааст.
  8. — Бояд мо шахси дурӯғгӯро насиҳат намоем.
  9. — Дурӯғ гуфтан роҳест, ки соҳибашро ба дӯзах мебарад.

4 — Пурсишҳо:

1 — Яке аз зарарҳои дурӯғгӯиро баён намоед. 2 — Кадом вақт инсон дар назди Худо ва мардум маҳбуб мегардад?

3 — Бо истифода аз мазмуни ҳадис дар мавзӯъи ростӣ ҳарф занед!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *