Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Муқаддамоти ҳамла ба Эрон ва Рум

Чунон ки дидем ҳазрати Абубакр ин қабоилро муҷаддадан мутеъ ва ором сохт. Пояи ҳукумати худро мустаҳкам намуд. Назм ва амниятро, ба ҷои ихлол (вайронӣ, харобӣ) ва ошуб, барқарор фармуд. Вале оё кори он ҳазрат ва вазифае, ки хилофати исломӣ ба ӯҳдаи ӯ супорида аст, ба ҳамин ҷо хотима меёбад? Албатта не.

Магар на ин аст ки Расулу-л-лоҳ (с) дар авохири ҳаёти худ дар соли шашуми ҳиҷрат ба салотин ва фармонравоёни мамолики муҷовир (ҳамсоя)-и нимҷазираи араб аз қабили Хусрави Парвиз шоҳи Эрон, Ҳерақл (Ҳераклус) императори Руми шарқӣ, Муқавқис фармонравои Миср ва баъзе дигар аз мулук ва умарои Ҳийра ва Яман нома фиристод ва онҳоро ба дини ислом даъват фармуд. Бо ин ки ағлаби онон фиристодагони он ҳазратро гиромӣ дошта ҷавоби муаддабона ба он ҳазрат арз карданд, вале ҳеҷ кадом аз онҳо даъвати он ҳазратро напазируфта мусалмон нашуданд. Чунон ки он ҳазрат дар номаҳои худ ишора фармуда буд, ба муқтазои ин ки «Мардум пайрави дини подшоҳони худ мебошанд» ва мувофиқи ин фармуда имкон дошт, ки миллаташон низ тобеи онҳо шуда мусалмон гарданд. Оё ин номаҳое, ки Расулу-л-лоҳ (с) фиристод, бояд фаромӯш ва бе асар бимонад? Магар мақсади Расулу-л-лоҳ (с) аз даъвати салотин ва фармонравоён ҷуз ин буд, ки чун дини ислом дини умумибашарӣ аст ва бояд ба тамоми миллатҳои ҳамсоя ва дур таблиғ ва интишор дода шавад? Магар на ин аст, ки адолати иҷтимоӣ ва тамаддуни исломӣ, ки бар асоси баробарӣ ва бародарӣ ва маҳви осори қавонини табақотӣ ва табъизи нажодӣ поягузори шуда аст, бояд дар байни бандагони Худо ҳар ҷо ки бошанд, иҷро шавад?

Пас мусаллам аст, ки вазифаи халифа бо сару сомон додан ба умури дохилӣ хотима намеёбад. Халифа вазифадор аст, ки ба номаҳои мубораки расули Худо таваҷҷӯҳ намуда, тибқи он амал намояд, то ҳамон тавр, ки он ҳазрат хоста буд, дини Худо дар он диёр интишор ёбад. Адолати иҷтимоии ислом дар байни он милатҳое, ки аз дер боз зери ҳукми ҳокимони ҷобир ва ситамгар камар хам карда буданд иҷро гардад ва бандагони Худо аз зери юғи ситамгарон наҷот ёбанд, вале таҳқиқи ин амр ҷуз бо мубориза ва салби қудрати ин мулук ва ҳуккоми мустабид, ки бар бандагони Худо тасаллут ёфта буданд, имконпазир набуд. Пас бояд бо онон мубориза бурд то дасти ситамгарашон кутоҳ ва дасти адолат ба ҷои онон бар сари кор ояд.

Аз тарафи дигар дуруст аст, ки ҳазрати Абубакр (р) ба василаи сипоҳи Усома лашкари Румро шикаст дод, вале мусаламан ин давлат, давлате набуд, ки нанги ин шикастро барои ҳамеша ё ҳадди ақал барои муддати тӯлонӣ таҳаммул намояд ва даст аз интиқом бикашад. Ҳамчунин дуруст аст, ки қабоили шуришии араб мағлуб ва сари итоат пеш овардаанд, вале ин эҳтимол аз байн нарафта буд, ки пас аз муддати кутоҳе бо ҳам муттаҳид шаванд ва дубора сар ба туғён ва шуриш бизананд. Гузашта аз ин ҳар гоҳ халифа ба сипоҳиёни фотеҳи худ, ки акнун аз ҷангҳои дохилӣ ва хориҷӣ фароғат ёфтаанд маҷол диҳад, то даст ба кори зироат ё тиҷорат ё ҳар кори дигаре бизананд ва возеҳ аст, ки дил ба кори худ хоҳанд баст ва ҳар гоҳ дар оянда барои давлати ислом ҷанге пеш ояд инчунин сарбозоне, ки фикру ғами худро ба кор ва зиндагонии хусусии худ бастаанд, табъан чунон ки бояд шуҷоати ҷангӣ ва майл ба разм ва пайкор нахоҳанд дошт ва ҳатто дар майдони ҷанг ҳам ба фикри кори шахсии худ буда дар интизори фурсате хоҳанд буд, ки битавонанд аз саҳнаи ҷанг берун шаванд, то ба кори худ бирасанд. Бо ҳамин хотир давлати исломӣ рӯзӣ ва ҳуқуқи сарбозон ва сардорони худро вобаста ба ғаниматҳои ҷангӣ карда, чаҳор панҷум яъне чаҳор саҳм аз панҷ саҳми кулли ғаниматҳоро, ки дар ҷанги бо душман ба даст меоваранд, ба худи онҳо медиҳад, то дил ба кор бибанданд ва барои пирӯзӣ ва ба даст овардани ғанимати зиёд, бештар шуҷоат нишон дода, диловарона биҷанганд ва манфиати худро дар ин кор беҳтар аз кори дигар бидонанд.

Абубакр умуреро, ки гуфтем аз назар дур надошт. Аз ин хотир тасмим гирифт сипоҳиёни фотеҳи худро, ки дар ҷангҳои дохилӣ бо шӯришиёни араб корозмуда ва варзида шуда қудрат ва маҳорати ҷангии таҳоҷумӣ ба даст оварда буданд, омода намуд ва дар як ҷабҳа бо давлати муқтадири Форс дар хоки Ироқ, ки сокинони он араб ва таҳти истисмори ин давлат буданд ва дар ҷабҳаи дигар бо давлати қавии Бизонси Рум дар сарзамини Шом ва Фаластин, ки сокинони онҳо низ араб ва мустамликаи ин давлат буданд, вориди набард ва пайкор шуд, то бо ин иқдом ҳам ба мазмуни номаҳои Расулу-л-лоҳ (с) таҳқиқ бахшад ва ҳам ба давлати Рум фурсат надиҳад, то барои интиқом ва ҷуброни шикасти худ ба ҷамъоварии сипоҳи кофӣ бипардозад ва ба хоки араб битозад ва ҳам қабоили шӯришии мутеъшударо чун пештара дар ҷояшон бинишонад, то андешаи шӯриши навро аз сар бадар оваранд ва ҳам сипоҳиёни худро машғул ва саргарми ҷанг намояд то фурсати коре ҷуз пардохтан ба ҷангро пайдо накунанд. Аз ин хотир ба истилоҳи имрӯза Шӯрои низомӣ ташкил дод. Ҳазрати Умар, Усмон, Алӣ, Абдураҳмон ибни Авф, Талҳа ибни Убайдуллоҳ, Зубайр ибни Авом, Саъд ибни Абуваққос, Абуубайда ибни Ҷарроҳ ва ҷамъи дигар аз амирони размии саҳобаи бузурги Расулу-л-лоҳ (с) аз муҳоҷирон ва ансорро даъват намуд ва бо онҳо ба машварат пардохт.

Ҳамаи онҳо бо як овоз фикри Абубакр (р)-ро барои лашкаркашӣ ва набард дастгири намуданд ва гуфтанд: Мо ҳама мувофиқ ва мутеъ ҳастем ва ба он чи амр фармоӣ иқдом хоҳем кард. Ҳазрати Абубакр (р) махсусан аз ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб назар хост. Ҳазрати Алӣ (к.в.) дар посух фармуд: «Амрат муборак, чи худат биравӣ ва чи дигареро фиристӣ ба мақсад хоҳӣ расид.»

Абубакр (р) гуфт:

— Ин амрро аз куҷо медонӣ?

Фармуд:

— Аз Расулу-л-лоҳ (с) шунидам, ки фармуданд: “Ин дин ва аҳли ин дин ҳамеша ба ҳар ҷое, ки рӯй оваранд ғолиб ва пирӯз хоҳанд шуд”.

Абубакр (р) гуфт:

— Субҳоналлоҳ! Чи нек аст ин башорат! Маро хушнуд намудӣ, Худо туро дар дунё ва охират хурсанд намояд! Сипас Абубакр ба Билол муаззини Расулу-л-лоҳ (с) амр фармуд ба мардум эълон намояд, то худро барои набард ва ҳаракат ба сӯи Ироқ ва Шом муҳайё намоянд. Дар оғози соли 12 ҳиҷрӣ лашкаре таҳти фармони Холид ибни Валид сардори номии ислом муҷаҳҳаз намуд ва фармони ҳамла ба хоки Ироқро содир фармуд. Ҳамчунин лашкари дигаре муташаккилтар аз лашкари Холид шомили чаҳор гурӯҳ ба фармондеҳии чаҳор нафар аз сардорони ҷанговари худ ба мисли Абуубайда ибни Ҷарроҳ, Амр ибни Ос, Шураҳбил ибни Ҳасана ва Язид ибни Абусуфён фароҳам ва фармони ҳамла ба Шом ва Фаластинро содир намуд.

Ҳар як аз ин фармондеҳони иъзоми (сафарбаршуда) ба Ироқ, Шом ва Фаластин ҷосусони (разведкаи) худро барои бадаст овардани ахбори лозима пешакӣ, фиристоданд ва пас аз он бо лашкари таҳти фармондеҳии худ омодаи ҳаракат ба тарафи мақсад гардиданд.

Ҳар фармондеҳ чун омода мешуд ва мехост ҳаракат кунад, ҳазрати Абубакр шахсан дар урдугоҳаш, ки дар хориҷи шаҳри Мадина буд, ҳузур меёфт ва бо ӯ худоҳофизи менамуд. Ӯро аз хилофи амри Худо барҳазар медошт. Аз иқоб ва азоби ухравӣ метарсонд ва тавсия мефармуд бо сарбозони худ ба некӣ рафтор намояд. Бар намозҳои фарз бо ҷамоат ва риояи вақтҳои махсуси ҳар намоз диққат намояд. Хештанро ба салоҳ ва парҳезгорӣ биорояд, то Худованд мардумро барояш ороста ва неку созад. Дастур мефармуд нисбат ба намояндагоне, ки аз тарафи душман барои музокира ба наздаш меоянд, иҳтиром қоил шавад ва худ шахсан бо онҳо ба гуфтӯгӯ бипардозад. Сарбозони худро аз гуфтугӯ бо онҳо манъ намояд ва барои мондани намояндагони душман дар урдугоҳи худ фурсати кам бидиҳад, то чизе аз авзои мусалмононро нафаҳманд. Дар қароргоҳи ҳарбии худ посдорони зиёде ба кори посдорӣ гирифта, онҳоро дар байни қароргоҳи худ пароканда намояд. Ҳар нуқтаеро ба яке аз онҳо вогузораду худи фармондеҳ бар корашон назорати мустақим ва дақиқ дошта бошад. Гоҳ — гоҳ бидуни иттилоъ, ба онҳо сар занад ба тафтиши онҳо пардозад. Ҳар гоҳ бидонад касе аз онҳо дар анҷоми вазифаи посдорӣ ғафлат ё кӯтоҳӣ кардааст, ӯро дар ҳудуди эътидол муҷозот намояд. Дар шаб байни посдорони худ навбат гузорад. Навбати аввалро тӯлонитар аз навбати дуввум қарор диҳад ( зеро навбати аввал осонтар аз навбати дуввум аст). Аз авзоъ ва аҳволи сипоҳи худ дар ҳеҷ ҷое ғафлат накунад, то ҳеҷ гоҳ фасод ва ихтилофе дар онҳо роҳ наёбад. Аз байни сардорон ва сарбозони худ ашхоси солеҳ ва содиқро интихоб намуда, бо онҳо дар кори худ машварат намояд. Ҳаргиз камҷуръатӣ ва тарс аз худ нишон надиҳад, то сарбозонаш қавӣ ва далер бошанд. Дар амволи ғанимат, ки аз душман ба даст меоваранд, хиёнат накунад, зеро натиҷаи хиёнат фақр ва бечорагӣ хоҳад буд ва ҳам маҳрумият аз иноят ва мадади илоҳӣ. Тавсия мефармуд, ки шумо дар сарзамини Шом ва Фаластин мардумеро хоҳед дид, ки аз дунё даст кашидаанд ва дар савмаъаҳо (ибодатгоҳ) ва маъбадҳои хориҷи шаҳрҳо иқомат мекунанд: Онҳоро ба ҳоли худашон вогузорида, абадан коре ба корашон надошта бошед. Дар охири ин васиятҳо барои пешрафт ва фатҳи фармондеҳони худ даст ба даргоҳи муқаддаси парвардигор баланд менамуд ва дуо мекард.

Хонандагони азиз, чунон ки мебинед дар ҳар ҷумлае аз ин васиятҳо ҳикмат ва сиёсате нуҳуфта, ки аслан иртиботе бо моддиёт ва дунёпарастӣ надорад, балки тамоман аз рӯҳонияти холис сарчашма мегирад. Ҳар як аз ҷумлаҳояш бар асоси адолате устувор аст, ки на танҳо дар он рӯзгор бесобиқа буд, балки дар таърихи инсоният аз касе дида ва шунида нашуда буд.

Ҷабҳаи Ироқ

Холид ибни Валид бо сипоҳи таҳти фармони худ ба сӯи Ироқ ҳаракат намуд. Аввалин бархурдаш бо базаи ҳарбии шаҳре буд ба номи Ҳафир, ки ҳокими он паҳлавони ҷанговаре буд ба номи Ҳурмуз. Чун Ҳурмуз, ки муҳофизи марзи Эрон буд аз ҳаракати Холид иттилоъ ёфта, ин амрро қаблан ба давлати Эрон хабар дод ва кӯмак хост, вале қабл аз он ки сипоҳи имдодӣ ба он ҷо бирасад, Холид ба он ҷо расид ва Ҳурмуз ночор шуд, ки бо ҳамон қуввае, ки дар ихтиёр дошт ба дифоъ пардозад ва бо лашкари Холид биҷангад.

Қатли Ҳурмуз ва фатҳи Ҳафир

Қабл аз ин ки ду сипоҳ бо якдигар даровезанд, Холид Ҳурмузро ба мубориза ва ҷанги тан ба тан даъват намуд. Ҳурмуз, ки эронӣ ва паҳлавони номдоре буд ва арабҳоро дар муқобили худ чизе намешумурд ва дар худ маҳорати ҷангӣ ва қудрати кофӣ медид, бе таъхир қабул кард ва ин ду силаҳшури паҳлавони ҷангӣ ба ҳам даровехтанд.

Холид, ки худ аҳли разм ва ҳамакнун аз разми фотеҳона фориғ шуда ва бо он ҷушу хуруш ба ин разм омада буд, ба Ҳурмуз маҷол надод ва ӯро ба зудӣ дар миёни ду лашкаре, ки барои ҷанг бо ҳам саф кашида буданд, ба қатл расонд ва ҷасадашро бар замин афканд.

Дар ин ҳангом Қаъқоъ ибни Амр, савораи машҳури араб аз сафи мусалмонон ба сӯи лашкар тохт. Тамоми неруҳои мусалмон бо мушоҳидаи қатли Ҳурмуз ба ваҷд ва ҳаяҷон афтоданд ва чун як тан ба сипоҳи Эрон ҳамлавар шуданд? Оё сипоҳе, ки қатли фармондеҳашро дида ва акнун бояд бе роҳбар ва бидуни сарпараст биҷангад, рӯҳияи ҷангӣ дорад? Оё чунин афрод умеди фатҳ ва пирӯзӣ доранд. Албатта не. Ин сипоҳиёни мудофеъ, бо он ки кӯшиданд анҷоми вазаифа намоянд, натавонистанд дар муқобили сипоҳи араб, ки фармондеҳаш сармасти фатҳи собиқ аст ва бо қатли фармондеҳи душман ба худ менозад ва монанди шер дар майдони ҷанг, мехурушад ва фармон медиҳад, истиқомат ва истодагарӣ намоянд, ба зудӣ шикаст хурданди фирор намуданд. Ин ҷанг дар назди арабҳо ба ҷанги Зотус салосил (ҷанги занҷир) маъруф аст, зеро чунон ки Табарӣ навиштааст, эрониён занҷирҳое оварда буданд, то асирони мусалмононро ба занҷир кашанд. Баъзе навиштанд, ки пойҳои сарбозони эрониро дар занҷир карда буданд, то фирор накунанд, вале ба назари ман ин матлаби саҳеҳ нест, зеро сарбозе, ки дар занҷир бошад чи гуна метавонад ба дурустӣ биҷангад? Ин фирориён дар роҳи гурези худ, бо сипоҳи имдодие, ки аз Эрон ба дархости собиқ Ҳурмуз барои тақвияти онҳо фиристода шуда буданд, бархӯрданд. Аз ин хотир онҳо бо ин сипоҳи тозанафас муттаҳид шуда ба тарафи Холид бозгаштанд. Байни ду сипоҳи ҷангӣ аз нав дар ҷое бо номи Алис ҷанги сахте даргирифт, вале Холид онҳоро низ шикаст дода, шуморе аз онҳоро ба қатл расонид ва иддаеро асир намуда, онҳо ва бахше аз ғаниматҳои ҷангиро, ки ба дасти мусалмонон афтода буд, назди халифа ба Мадина фиристод. Холид пас аз тасаллут бар ин ноҳия ба сӯи ҳийра, ки таҳти фармони шоҳони бани Лахм буд, ҳаракат намуд. Чун аҳли Ҳийра овоза ва шӯҳрати Холидро шунида буданд, тасмим гирифтанд, ки бо ӯ сулҳ намоянд, аз ин хотир ҳамин ки Холид ба он ҷо расид, амири ҳийра ба номи Айёс ибни Абуубайсаи Тойи бо кормандони дастгоҳи ҳукумат ва аъёну ашрофи ҳийра ба истиқболи Холид шитофтанд то бо ӯ дар бораи сулҳ музокира ва аз вуқӯи ҷанг ва хунрезӣ ҷилавгирӣ намоянд. Холид мақдами онҳоро гиромӣ дошт ва бо дархости сулҳ мувофиқат намуд ва пешниҳод кард, то яке аз ин се пешниҳодро бипазиранд. Пешниҳоди аввал мусалмон шаванд, то бо дигар мусалмонон баробар ва бародари динӣ шуда, таҳти ҳукми давлати ислом дароянд ва тибқи дастури дини ислом солиёна закоти худро ба давлати ислом бипардозанд. Пешниҳоди дуввум чун пештара дар дини худ, ки масеҳӣ буданд, боқӣ монанд, вале таҳти ҳукми ислом ва мутеи ин давлат буда, солиёна ҷизя бипардозанд. Яъне ҳар нафаре аз мардони онҳо ба истиснои пирони солхӯрда ва кӯдакони хурдсол ҳар сол як динор тилло молиёти сарона бипардозанд. Давлати ислом низ ҳаққи дигар дар амволашон надошта бошад. Ҳифзи назм ва амнияти онҳо ба ӯҳдаи давлати ислом буда, онҳоро аз ҳар душмане муҳофизат намояд. Пешниҳоди савум ҷанг.

Онҳо пешниҳоди дуввумро қабул намуданд ва паймони сулҳ ба маблағи дусаду навад ҳазор дирҳам моли сулҳ мунақид гардид, ки пас аз ин солиёна ҷизя бипардозанд.

Пас аз сулҳи Ҳийра деҳқонон ва кишоварзони атрофи Ҳийра низ бо Холид сулҳ намуданд, ки ҳар сол маҷмуан ду милиюн дирҳам ҷизя ба давлати ислом бидиҳанд. Холид пас аз тасарруфи ноҳияи Ҳийра дар шаҳри Ҳийра, ки маркази ноҳия буд иқомат ва ситоди худро дар он ҷо мустақарр (ҷойгир) намуд ва дастаҳо ва гурӯҳҳои лашкари худро аз он ҷо барои фатҳи ин сӯ ва он сӯ равон менамуд. Ба ин тариқ сарзамини Ироқро то канори ҷанубии Даҷла (номи дарё) фатҳ намуд.

Фатҳи Анбор

Пас аз он лашкари худро барои фатҳи шаҳре ба номи Анбор муҳайё ва ҳаракат намуданд. Он ҷоро дар муҳосира гирифт ва чун аҳолии он ҷо қудрате, ки битавонад то муддати зиёде дифоъ намоянд дар ихтиёр надоштанд, ба ночор аз дари сулҳ пеш омада, таслим гардиданд. Сокинони атрофи Анбор низ чорае ҷуз сулҳ бо Холид надоштанд.

Фатҳи Айну-т-тамр

Ҳамин ки Холид аз фатҳи Анбор ва гирду атрофии он фароғат ёфт, лашкарашро барои фатҳи ноҳияе дар Ироқ ба номи Айну-т-тамр ҳаракат дод.

Дар он ҷо лашкари зиёде аз эрониён ва арабҳои масеҳӣ аз бани Тағлиб барои ҷанг бо Холид ҷамъ омада буданд. Фармондеҳи араби масеҳӣ ба эрониён гуфт, ки мо дар ҷанг бо арабҳои ҳамнавъи худ аз шумо донотар ва тавонотарем. Бигузоред, то мо бо сипоҳи Холид биҷангем. Эрониён мувофиқат намуданд ва размандагони Айну-т- тамр бидуни мушорикати эрониён ба муқобила бо Холид шитофтанд. Холид дар ҳамон ҳамлаи аввал муваффақ шуд амирашонро асир намуда, ба қатл бирасонад. Аз ин сабаб сипоҳиёнаш тарсиданд ва тавони ҷангиро аз даст доданд ва шикаст хӯрданд. Шуморае кушта ва асир шуданд ва бақияашон пой ба фирор гузоштанд.

Сипоҳиёни эронӣ, ки вазъиятро ба ин минвол диданд, салоҳи худ надиданд, ки бо Холид рӯ ба рӯ шаванд. Ин буд ки бо фирориёни сипоҳи араби масеҳӣ дар дохили Ҳисори шаҳр қалъанишин шуда, амон хостанд, ки худашон ва амволашон дар амон бошанд, вале Холид ба дархосташон мувофиқат накард ва хост, ки бидуни қайду шарт таслим шаванд ва таҳти ихтиёри Холид қарор гиранд. Чун чорае набуд таслим гардиданд.

Фатҳи Давмату-л-ҷандал

Дар ин ҳангом, ки Холид аз фатҳи Айну-т-тамр фароғат ёфта буд ва ба назми умури дохилӣ мепардохт, Аёз ибни Ғанам яке дигар аз фармондеҳони мусалмонон ба амри Абубакр бо лашкари худ аз Мадина барои фатҳи Давмату-л-ҷандал ҳаракат намуда, ба наздики он ҷо расида буд ва чун мебинанд лашкари зиёде аз қабоили араби масеҳӣ дар он ноҳия барои дифоъ аз ин шаҳр мусаллаҳ ва омодаи ҷанг шудаанд ва сипоҳи мусалмонон ба нисбати онҳо хеле ночиз аст ва барои ҳамла кофӣ нест, номае ба Холид нигошт ва авзои худро ба ӯ иттилоъ дод ва аз вай кӯмак хост.

Ҳамин, ки номаи Аёз ба дасти Холид расид, бе даранг ҳаракат намуд ва бо суръат ба кӯмаки Аёз шитофт. Ду лашкари Холид ва Аёз аз ду ҷиҳат ба шаҳр ҳамла карданд.

Чун мудофиъон натавонистанд аз ӯҳдаи дифоъ аз ду ҷиҳат бароянд аз майдон гурехтанд ва ба дохили ҳисори шаҳр истеҳком гирифтанд, вале лашкари ислом ба зудӣ ба дохили ҳисор роҳ ёфтанд ва шаҳрро тасарруф намуданд. Холид то муддате дар шаҳр иқомат намуд ва ба танзими умури дохилӣ пардохт.

Вақте, ки Холид аз Ҳийра барои фатҳи Анбор хориҷ шуда буд, яке аз умарои сипоҳи худ ба номи Қаъқоъ ибни Амрро, ки яке аз шуҷоони машҳури араб буд, барои муҳофизати шаҳр ва ҳифзи низоми умури мардум он ҷо гумошта буд.

Ирониёни муқими Ироқ ва баъзе аз арабҳои ироқӣ, ки тасаввур мекарданд, чун Холид дар онҷо нест ва миқдори мусалмонон барои дифоъ аз шаҳр кофӣ нест, ба тамаъ афтода, лашкари зиёде ҷамъ ва барои тасарруфи шаҳри Ҳийра дар ҷое ба номи Ҳасид ҷамъ омаданд, то пас аз омодашавии пурра ба ҳаракат дароянд ва ҳамла намоянд.

Қаъқоъ аз ин моҷаро иттилоъ ёфт ва қабл аз он ки онҳо омода ва ҳамла намоянд фурсатро аз дасташон гирифт ва бар онҳо тохт ва торуморашон намуд ва ғаноими зиёде аз онҳо ба даст овард, вале мутаассифона фармондеҳони ин сипоҳи шикастхӯрда маъюс нашуданд ва ҳамон дурӣ ва ғайбати Холид аз маҳал, онҳоро ба тамаъи фатҳ андохт. Аз ин хотир боз ҳам ба ҷамъоварии сарбоз пардохтанд. Ҷанговарони тозанафаси зиёде аз хоки Ироқ ҷамъ намуданд, то сипас ба Ҳийра ҳамла намоянд.

Холид дар Давматул Ҷандал аз ин амр иттилоъ ёфт ва лашкари Қаъқоъро барои дифоъ кофӣ надонист. Аз ин сабаб номаҳое ба ӯ навишта дастур дод дар вақти муайяне аз шаб бо сипоҳи худ мунтазири вурудаш бошад, то бо ҳам ба душман ҳамла намоянд.

Холид бо лашкараш дар ҳамон шаб ва вақти ваъда шуда ба он ҷо расид ва бо лашкари худ ва лашкари Қаъқоъ бар душман, ки ғофил ва дар хоб буданд аз се ҷиҳат ҳамла намуданд ва онҳоро тақрибан ба куллӣ нобуд сохтанд. Бо ин фатҳ тамаъи душманро аз ҳар гуна ҳамлаҳои дигар қатъ намуданд. Холид пас аз фатҳ хабар ёфт, ки шахсе аз умарои араби масеҳӣ ба номи Рабиа ибни Баҷир аз қабилаи бани Тағлиб дар ду шаҳр Сано ва Замил воқеъ дар шарқи Ироқ сипоҳи зиёде ҷамъ намудааст ва худро барои ҷанг бо Холид омода менамоянд. Аз ин хотир Холид пешдастӣ намуд ва Қаъқоъ ва соири фармондеҳони лашкари худро фаро хонд ва онҳоро барои даргири ва ҷанг бо Рабиа ба он ҷо гусел кард. Пас аз он худаш ҳаракат намуд ва ба онҳо расид. Шабҳангом бар Рабиа ва сипоҳаш ҳуҷум намуданд ва онҳоро тӯъмаи шамшер қарор доданд. Ҳар ду шаҳрро тасарруф намуданд. Сипас Холид аз он ҷо ба сӯи шаҳре ба номи Расоб ҳаракат намуд, вале мардуми шаҳр медонистанд, ки аз ӯҳдаи дифоъ барнамеоянд ва тоби муқовимат дар баробари Холидро надоранд, қаблан шаҳрро тахлия (холӣ) намуда, фирор карда буданд. Холид бидуни ҳеҷ гуна вақфае (ист) ба осонӣ онро тасарруф намуд. Аз он ҷо ба шаҳри Фироз, ки дар марзи хоки Ироқ бо Шом буда, ҳаракат намуд. Чун сокинони он шаҳр лашкар ва қувваи кофӣ надоштанд, натавонистанд зиёд муқовимат намоянд. Аз ин рӯ таслим гардиданд ва Холид вориди шаҳр шуд ва маркази ҳарбии онро тасарруф намуд. Чун дар ин ҳангом моҳи рамазон фаро расида буд Холид барои анҷоми фаризаи рӯза дар он ҷо монд. Ба лашкараш иҷозаи истироҳат дод, то онҳо низ ба анҷоми фаризаи рӯзаи рамазон бипардозанд ва фурсате бошад то ба нақшаи ҳамалот ва футуҳоти баъдӣ бипардозанд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *