Фанни Забони точики

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Забони точики

  • Хелҳои омонимҳо ва мавқею хусусиятҳои грамматикию –лексикии онҳо

    Омонимҳо дар забони тоҷикӣ аз рӯи вазифа ва маънои лексикию-грамматикӣ се хел мешаванд. Дар забони тоҷикӣ дар баробари омонимҳо калимаҳое мавҷуданд,ки аз инё он ҷиҳат ба калимаҳои омоними шабоҳат (монандӣ) доранд, дар адабиёт, маъноҳои заюоншиносӣ ва истилоҳи «омофон» «омограф» ва «омоформ» )омофонҳои шакла) меноманд. Хангоми омӯзиши омонимҳо ва ё истифодаи…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми омонимҳо ва нақши он дар дарки маънои воҳидҳои забон

    Дар забони тоҷикӣ мувофиқи талаботҳои замони ҳозира ва талаботҳои роҳбарияти Ҷумҳури Тоҷикистон дар солҳои охир, бе омӯзиши забони миллӣ ва дигар забонҳо (алоқаи донистани ду забони хориҷи) диққати махсус дода мешавад. Мавзӯи фанни лексикология яке аз он масъалаҳо мебошад. Маълум аст,ки ҳангоми омӯзиши ҳисаҳои нутқ махсусан, исм вобаста ба имконият …

    Муфассалтар »
  • Ҷумлаи пайрави мубтадо

    Ҷумлаи пайрави мубтадо Ҷумлаи пайраве, ки ҷонишини ба вазифаи мубтадои сарҷумла омадаро шарҳу эзоҳ медиҳад, ҷумлаи пайрави мубтадо номида мешвад. Ҷумлаи пайрави мубтадо ба саволҳои кӣ?, киҳо?, чӣ?, чиҳо?, ҷавоб мешавад. Ҳар кӣ аз дида дур бошад, аз дил дур аст (Фолклор). Ҳеҷ мумкин нест, ки Фирӯза ягон ҳунар надошта…

    Муфассалтар »
  • Чумлахои мураккаб ва намудхои он

    Ҷумлаҳои мураккаб Ҷумлае, ки аз ду ва зиёда ҷумлаҳои содда ташкил меёбад, ҷумлаи мураккаб мешавад. Ин таъриф чунин маъно дорад, ки таркиби ҷумлаи мураккаб аз ду ҷумлаи содда кам намешвад, вале зиёд шуданашон мумкин аст. Дар ҷумлаи мураккаб амалу ҳодиса ва фикри шахси гӯяндаю нависанда батафсил ва барҷастатар зикр мегардад:…

    Муфассалтар »
  • Сигаи шарти-хохишманди

    Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ Феълҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунанд, ки гeянда воқеъ гардидани онро раво, имконпазир ва ё вобаста ба шарте медонад. Яке аз шаклҳои асосӣ ва аломати сиғавии феълҳои шартӣ-хоҳишмандӣ аорист буда, вобаста ба он ва сохти xузъи асосии феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд. Дар феълҳои таркибӣ…

    Муфассалтар »
  • Аломатхои шартии грамматики

    Аломатҳои шартӣ – условные обозначения мубтадо — подлежащее хабар — сказуемое муайянкунанда — определение _ _ _ _ _ _ пуркунанда — дополнение _. _ ._ . ҳол — обстоятельство асос — основа пешванд — префикс // приставка реша — корень пасванд — суффикс бандак — окончание Ҷумла – предложение…

    Муфассалтар »
  • Сараъзои ва аъзохои пайрави чумла

    Ҷумла Ҷумла воҳиди асосии нутқ ба шумор меравад. Мубодилаи афкор танҳо ба воситаи ҷумла ба амал меояд. Ҳангоми мубодилаи фикр гӯянда дар назди худ метавонад ҳар гуна мақсад гузорад: доир ба ягон чиз маълумот диҳад, ягон ҳодисаро нақл кунад, фикреро тасдиқ ё рад намояд, ё ки баръакс, ягон чизро пурсад,…

    Муфассалтар »
  • Замонхои феъл дар забони точики

    Замонхои феъл дар забони точики Замони гузашта Замони гузаштаи наздик (гузаштаи одди) Феъли замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддӣ) аз асоси замони гузашта ва бандакҳои феълӣ сохта мешавад. Шахси сеюми танҳои ин феъл бо асоси замони гузашта баробар аст. Ҳамаи феълҳои гузаштаи наздик ба тарзи зер тасриф меёбанд: Танҳо Ҷамъ ман…

    Муфассалтар »
  • Зарф ва категорияи морфологии зарф

    З А Р Ф Зарф ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, ҳолат, тарз, вақту ҳангом, маҳаллу макон, сабабу мақсади кору ҳаракатро шарҳу эзоҳ медиҳад. КАТЕГОРИЯИ МОРФОЛОГИИ ЗАРФ Аломатҳои морфологии зарф аз инҳо иборатанд: 1. Зарф ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, тағир намеёбад, яъне категорияи ҷамъ надорад. 2. Гурӯҳи калони зарфҳо дараҷаи қиёсӣ доранд:…

    Муфассалтар »
  • Хучатнигори дар забони тоҷикӣ

    Ҳуҷҷатнигорӣ. Таърихи ҳуҷҷатнигорӣ дар забони тоҷикӣ. Меъёрҳои ҳуҷҷат. Вижагиҳои асосӣ дар нигоштани ҳуҷчат. Номгӯйи ҳуҷҷатҳо. Навъҳои ҳуҷҷат. Намуна аз ҳуҷҷатҳо Ҳуҷҷат калимаи арабӣ буда, дар луғатномаҳо ба чанд маънӣ омада, яке аз маъниҳояш далел, бурҳон ва асос мебошад. Дар ҳуҷҷатнигорӣ ҳамин маънияш дар назар дошта мешавад, ки бо санад муродиф…

    Муфассалтар »
  • Услубхои забони адабии хозираи точик

    Услуб. Услубҳои забони адабии ҳозираи тоҷик Услуб калимаи арабӣ буда, маънои он роҳу равиш ва тарзу тариқ аст. Дар забоншиносӣ услуб дар маънои тарзу равиши сухангӯйӣ меояд. Дар адабиётшиносӣ ба ҷойи услуб вожаи сабк истифода мешавад, ки низ дар маънои роҳу равиши сухангӯйӣ корбурд мешавад. Вале, ин роҳу равиши сухангӯйӣ…

    Муфассалтар »
  • Калимаву иборахои мачози ва мавкеи онхо дар забони точики

    Забони тоҷикӣ аз ҳайси ғанои маъно, яъне бисёрмаъноии вожаҳо яке аз бузургтарин ва нирӯмандтарин забонҳои дунё маҳсуб мешавад. Бисёрмаъноӣ дар забон бештар тавассути маҷоз, ки буруновари маъноҳои ғайриаслӣ мебошад, роҳандозӣ мешавад. Маҷоз дар луғат ба маънои ғайриаслӣ ва ғайриҳақиқӣ аст. Аз ин ҷиҳат, маънои маҷозии калима маънои ғайриаслӣ ё ғайриҳақиқии…

    Муфассалтар »
  • Калимахои малеҳ ва қабеҳ

    Калимаҳои малеҳ ва қабеҳ Вобаста ба арзишгузошти ахлоқӣ ва маънавӣ калимаҳоро дар забони тоҷикӣ ба ду гурӯҳи бузург: малеҳ ва қабеҳ ҷудо мекунанд. Калимаҳои малеҳ дорои бори мусбатанд, яъне арзиши мусбат доранд. Калимаҳои қабеҳ бошанд, дорои бори манфиянд, яъне арзиши манфӣ доранд. Бо истилоҳоти байналмилалӣ калимаҳои малеҳро эвфемизмҳо ва калимаҳои…

    Муфассалтар »
  • Истилох ва истилохшиноси дар забон

    Истилоҳ (от) вожаи арабӣ аст. Решаи он феъли салаҳа/ салуҳа мебошад, ки аз он вожаҳои гуногун ҳамчун: ислоҳ, солеҳ, сулҳ, салоҳ, салоҳият, масолеҳ, мусталаҳ (от), муслеҳ, маслиҳат ва монанди инҳо ба вуҷуд омадаанд. Вожаи истилоҳ низ бо вожаҳои зикршуда ҳамреша аст ва аз он байн бо вожаи мусталаҳ ё гунаи…

    Муфассалтар »
  • Калимахои нав дар забони точики

    Калимаҳои матрук ва маҳдудистеъмол. Калимаҳои нав дар забони тоҷикӣ Калимаҳои кӯҳнашуда (архаизмҳо). Забон доимо дар инкишофу такомул аст. Вожаҳое, ки дар як замон ва дар як марҳала мавриди истифода қарор доштанд, бо мурури замон ва бо сабабҳои гуногун зарфияти корбурдашон тангтар ва маҳдудтар мешаванд ва, ҳатто, дар ҷойи онҳо вожаҳои…

    Муфассалтар »
  • Гурӯҳҳои маъноӣ ва баёнии вожаҳо: ҳаммаъноҳо, ҳамгунҳо, сермаъноҳо, зидмаъноҳо

    Дар ҳар забон яке аз воситаҳои асосии камолоту инкишоф ин ҷиҳати маъниофариниву маънигузинӣ ва гунаофариниву гунагузинии вожаҳои он мебошад. Дар касби ин ҷодаи маъно ва гуна// шакл вожаҳо бо равишҳои мухталиф ва гунаҳои вижаи худ роҳ мепаймоянд. Ҷое як вожа аз ҷиҳати маъно як ё наздик бо вожаи дигар мегардад.…

    Муфассалтар »
  • Таркиби лугавии забони тоҷикӣ

    Вожаҳои бунёдӣ (аслӣ) ва вомгирифта (иқтибосӣ) Дар забони тоҷикӣ вожаҳо аз нигоҳи баромад ба ду гурӯҳи ҷудогона тақсим мешаванд: вожаҳои аслӣ ва вожаҳои вомгирифта. Вожаҳои аслӣ, чунонки дар боло шарҳ дода шуд, вожаҳои бунӣ, яъне аз нигоҳи баромад ва пайдоиш тоҷикӣ мебошанд. Вожаҳои вомгирифта иқтибосиянд, яъне аз дигар забонҳо ба…

    Муфассалтар »
  • Манбаъ ва роххои инкишофи забон

    Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои на танҳо оилаи ҳиндуаврупоӣ, кулли забонҳои дунё ба шумор меравад. Таърихи он ба “Авасто” ва, ҳатто, бештару пештар аз замони ин бостонитарин сарчашмаи хаттии эрониён мекашад. Дар дарозои сарнавишти худ забони тоҷикӣ ба оҳистагӣ марҳилаҳои рушду инкишоф ва таҳаввулоту пешрафтҳои хешро сипарӣ намуда, ба…

    Муфассалтар »
  • Аломатхои китобатии дохили ҷумла

    Аломати нохунак. Аломати мазкур дар чунин мавридҳо гузошта мешавад: а) Ҳангоми навишти нутқи айнан нақлшуда. Як мавриди корбурди аломати нохунак, аллакай, дар боло нишондод шудааст. Чунонки аз муколамаи қаҳрамонҳои маснавии Низомӣ дида мешавад, гуфтугӯйи айнани онҳо дар дохили аломати нохунак гирифта шудааст. Аз ин ҷиҳат, муколама ва гуфтугӯйи миёни чанд…

    Муфассалтар »
  • Аломатхои китобат ва ахаммияти онхо дар навиштан

    Аломатҳои китобат дар навиштор аҳаммияти бас бузург доранд. Бе риояти аломатҳои китобат дар хатти кириллиасоси тоҷикии мо, аввалан, тартибу низоми ҷумлаҳо хуб ба роҳ монда намешаванд, сониян, фикрҳо дар хат пароканда сабт мегарданд. Аз ин ҷиҳат, дақиқӣ ва мушаххасии фикр ва мавзӯи мавриди навиштор қароргирифта аз байн меравад. Аломатҳои китобат,…

    Муфассалтар »
  • Имлои хиссахои ёвари нутк

    Ба ҳиссаҳои ёвари нутқ пешоянду пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссача ва нидо дохил мешаванд. Имлои пешояндҳо. Баъзе пешояндҳо бандаки изофӣ мегиранд ва аз тариқи ин бандак бо вожаи пасини худ алоқа пайдо мекунанд. Намунаҳо: пеши (хона), паси (дар), лаби (ҷӯй), сари (кӯча), сӯйи/ суви (хона), монанди (гул), ранги (вай). Пешояндҳои арабӣ ҳам,…

    Муфассалтар »
  • Имлои зарф

    Имлои зарф Зарфҳое, ки якҷо навишта мешаванд, якҷошавии онҳо ба воситаи пешвандҳо, пасвандҳо, миёнвандҳо ва баҳамойии чанд реша, ки гунаҳои сохтаву мураккабро ба вуҷуд меоваранд, сурат мегирад. 1. Тасассути пешвандҳо. Тавассути пешвандҳои бо -, ба -, бар -, бе -, дар -, но — зарфҳо гунаи сохтаро мегиранд. Намунаҳо: бодиққат…

    Муфассалтар »
  • Имлои феъл ва шаклхои феъли

    Феълҳои сода замони ҳозира ва гузаштаи наздик месозанд: рав, гӯй, хон, соз, рафт, гуфт, хонд, сохт … Якҷо навиштани феълҳо 1. Тавассути пешвандҳо гунаи сохта гирифтани феълҳо. Ин навъи феълҳо тавассути пешвандҳои феълсози ме (ҳаме) -, ни -, би -, бар -, дар -, на (ма) -, ме -, боз…

    Муфассалтар »
  • Имлои сифат, шумора ва чонишин

    Имлои сифат. Баъзе аз сифатҳои шаклан сода ду ё чанд тарзи навишт доранд, ки ҳарчанд ҳама шакли онҳо дар забони адабии имрӯз корбурд нашаванд, дар адабиёти клосикӣ истифода шудаанд ва ё баъзан дар лаҳҷаҳо ба кор гирифта мешаванд. Намунаҳо: сиёҳ- сияҳ, сапед- сафед/ испед- исфед, арғувон- арғавон, равшан- рӯшан Сифатҳое,…

    Муфассалтар »
  • Имлои исм

    Имлои исм Вобаста ба сохтмони исм метавон тарзҳои навишти онро муайян намуд. Аз рӯйи табақабандии морфологии имрӯз исмҳо дар забони тоҷикӣ ба чаҳор қисм ҷудо карда шудаанд: сода, сохта, мураккаб ва таркибӣ. Исмҳои сода аз як реша иборатанд. Аммо, ин сохти исмҳо бархе бо ду гуна ва, ҳатто, се гуна…

    Муфассалтар »
  • Имлои харфхои мушаддад

    Имлои ҳарфҳои мушаддад. Тақсими вожа ба ҳиҷо Мушаддад маънии ташдидгирии овоз ё шиддатнок талаффуз шудани онро дорад. Мушаддад, ташдид ва шиддат— ҳар се вожаи арабӣ буда, аз решаи феълии шадда дар маънои такрор шудан пайдо шудаанд. Бад- ин маънӣ, ҳар се вожа, дар умум, дар маънои такрор шудан корбурд мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Ходисахои савт

    Савт овозро гӯянд.Дар ҳар забон ҳодисаҳои гуногуни савтӣ- овозӣ ба вуҷуд меоянд, чун талаботи табиии ҳар забон рӯ ба ин дигаргуниҳои савтӣ дорад. Инсоният ҳамеша хостгор ва дар пайи осониву суҳулат аст ва забон низ моли инсон ва дар ихтиёри инсон аст. Аз ҳамин ҷиҳат, инсонҳо вожаҳои забони худро, он…

    Муфассалтар »
  • Талаффуз ва имло

    Талаффуз ва имло. Имлои ҳарфҳои и,й, ӣ, ӯ,ъ Соли 1996 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имлои нави забони тоҷикӣ ба тасвиб расид. Имлои нав аз ҷониби комиссияи босалоҳият- гурӯҳи кории иборат аз олимони дастандаркори забону адабиёти тоҷик тарҳрезӣ шуд ва ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод гардид. Бо дигар кардани имлои забони…

    Муфассалтар »
  • Тағйирот дар алифбои забони точики

    Аз таърихи алифбо ва хат. Тағйирот дар алифбои забони тоҷикӣ. Хатти мехӣ. Халқи тоҷик ҳанӯз аз даврони бисёр қадим, оғоз аз асрҳои VII пеш аз милод, дар дарозои таърих дорои хатҳои махсуси худ буд. Аз аввалин хатҳои тоҷикон хатти мехӣ буд, ки ба ҷиҳати ба мех шабоҳат доштанаш олимон чунин…

    Муфассалтар »
  • Андешахои бузургон оид ба макоми забон, сухан ва забони модари

    Бузургони хирад ва шеъру адаби тоҷик, чи клоссикон ва чи муосир дар мавзӯи забон, эҳтироми забон, арҷгузорӣ бар он ва поянда нигоҳ доштани он суханҳои шоиста ва арзанда бисёр гуфтаанд. Ба вижа, дар осори шоирони клоссик ин мавзӯъ бештар ба назар мерасад. Масалан, Саъдии Шерозӣ беҳтарин шеърро дар ин мавзӯъ…

    Муфассалтар »