Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

ФАРОЗЕ АЗ ТАВСИЯҲОИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР БАЁНИ ТАМАССУК БА ҲАДИСИ РАСУЛИ АКРАМ (С)

Инак, бо чанд ҷумалоте аз суханони имоми мазҳаби худ, имоми Аъзам – Абуҳанифа (р) дар мавзӯи тамассук (чанг задан) ба ҳадиси Расули Акрам (с) таваҷҷӯҳ мекунем:

1- إذا قُلتُ قَولاً يُخالِفُ كِتابَ اللهِ تعالى وَخَبَرَ الرسولِ (ص) فَاترُكُوا قَولِي[1].

«Хар гоҳ сухани ман бо ҳукми Қуръон ва Ҳадис мухолиф бошад, пас қавли маро раҳо кунед ва тамассук ба Қуръон ва Ҳадис кунед!»

2- إذا جَاءَ الحَدِيثُ عن رسولِ اللهِ فَعَلى الرَّأسِ وَالعَينِ. وإذا جَاءَ عَنِ الصَحَابَةِ فَعَلى الرَأسِ وَالعَينِ. وإذا جَاءَ عَنِ التَابِعِينَ فَهُم رِجَالٌ وَنَحنُ رِجَالٌ[2].

«Агар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) ривоят шавад, онро бар сару чашм ниҳода мепазирем ва агар ҳадисе аз саҳоба ривоят шавад, боз онро бар сару чашм ниҳода мепазирем. Вале агар ҳадисе аз тобиъин ривоят шавад (дар пазируфтан ва напазируфтани он мухайярем), зеро ишон инсонанд ва мо ҳам инсонем».

3- إذا صَحَّ الحَدِيثُ فَهُوَ مَذهَبِي.

«Мазҳаби ман ҳадиси саҳеҳ аст»[3].

Дар шарҳи ин мақулаи имоми Аъзам ибни Обидин аз ибни Шаҳнаи Кабир, ки шайх ва устоди ибни Ҳумом шореҳи Ҳидояи шариф аст, масъалаеро зикр кардааст:

إذا صَحَّ الحَدِيثُ وكَانَ عَلى خِلاَفِ المَذهَبِ، عُمِلَ بِالحَدِيثِ وَيَكُونُ ذلك مَذهَبَهُ ولا يَخرُجُ مُقَلِّدُهُ عن كَونِهِ حَنَفِيًّا بِالعَمَلِ بِه. فَقَد صَحَّ عَن أَبي حنيفةَ أنه قال: إذا صَحَّ الحَدِيثُ فَهُوَ مَذهَبِي.

«Ҳар гоҳ дар масъалае ҳадиси саҳеҳе ривоят шуда бошад ва он ҳадис бар хилофи мазҳаб (ва қавли имоми Аъзам бошад), пас дар чунин сурат амал ба ҳукми ҳадиси саҳеҳ карда мешавад. Ва ин навъ амал бар хилофи мазҳаби имоми Аъзам набуда, балки мутобиқ ба мазҳаби ӯст. Муқаллидони мазҳаби ишон бо ин навъ амал аз мазҳаби ҳанафӣ хориҷ намешаванд. Зеро бо ривояти саҳеҳ аз забони имоми Аъзам омада: «Ҳадиси саҳеҳ мазҳаби ман аст».

4- ولا يَحِلُّ لِأَحَدٍ أَن يَأخُذَ بِقَولِنَا مَا لَم يَعلَم مِن أَينَ أَخَذنَاهُ.

«Модоме, ки маъхаз ва манбаъи қавли мо маълум набошад, барои ҳеҷ касе амал кардан ба қавли мо ҳалол намебошад»[4].

Ин маъно дар ривояти дигар бо чунин лафз омада:

حَرَامٌ عَلى مَن لَم يَعرِف دَلِيلِي أَن يُفتِي بِكَلامِي.

«Ҳар муфтие далели қавли маро надонад, ки аз кадом маъхаз ва сарчашма аст, пас ба қавли ман фатво додан бар ӯ ҳаром аст».

Дар ривояти дигар калимоти зер низ изофа шудааст:

فَإِنَّنَا بَشَرٌ نَقُولُ القَولَ اليَومَ وَنَرجِعُ عَنه غَداً.

«Зеро мо башар ҳастем (эҳтимоли саҳву хато дорем). Шояд имрӯз сухане бигӯем, фардо эҳтимол дорад аз сухани худ баргардем (ва қавли дигар ихтиёр кунем)».

5 — وَيحَكَ يَا يَعقُوبُ (هو أَبُو يُوسُفَ رحمه الله) لا تَكتُب كُل ما تَسمَعُ مِنِّي. فَإِنِّي قَد أَرى الرَأىَ اليَومَ وَأَترُكُهُ غَداً. وَأَرى الرَّأيَ غَداً وَأَترُكُه بَعدَ غَدٍ[5].

«Азизам Яъқуб! (яъне Абу Юсуф) Ҳарчи аз ман мешунавӣ китобат макун! Зеро ман (башар ҳастам) имрӯз раъйеро меписандам, эҳтимол дорад фардо онро тарк намоям. Фардо ва пасфардои дигар низ ин эҳтимол дар банда роҳ дорад».

Шориҳон мегӯянд: эҳтимоли тағйири раъй барои имоми Аъзам ба хотири он буда, ки чун дар рӯзгори ишон аҳодиси набавӣ ба сурати комил ҳанӯз ҷамъоварӣ нашуда буд. Аксари вақт имом қавли худро мабнӣ бар қиёс ва раъй мекарданд. Вақте дар масъалаи мавриди назар қиёси қавитаре дар зеҳни ишон пайдо мешуд ва ё ҳадисе аз Расули Акрам (с) ба ишон мерасид, табъан қиёси аввалиро дар он масъала тарк мегуфтанд ва ба ҳукми ҳадиси набавӣ ва ё ба муқтазои қиёси сонӣ амал мекарданд.

Дар ин робита Абулҳасанот Мавлоно Абдулҳайи Лакҳнавӣ[6] дар китоби «Аннофиъ-ул-кабир» аз алломаи Шаъронӣ чанд ҷумалоте нақл кардааст, ки мо иқтибоси онро баъд аз тарҷума дар ин ҷо хеле муносиб донистем. Алломаи Шаъронӣ мегӯянд:

«Эътиқоди мо ва эътиқоди ҳар донишманди мунсиф (бо инсоф) дар шаъни имоми Аъзам (р) ин аст, ки агар ишон то замони тадвин ва ҷамъоварии аҳодиси набавӣ зинда мебуданд ва ба маҷмӯи аҳодиси Паёмбари акрам (с) дастрасии комил пайдо мекарданд, албатта ишон низ чун дигар аиммаи мазҳаби аҳли суннат дар фатовои хеш бештару пештар ба аҳодиси набавӣ тамассук ва такя мекарданд. Бешубҳа раъй ва қиёсро дар аксари масоил тарк мегуфтанд. Дар натиҷа истидлол ба раъйю қиёс дар мазҳаби ишон низ коҳиш меёфт. Ончунон ки ин навъ истидлол дар мазҳабҳои дигари аҳли суннат кам аст.

Лекин дар асри имоми Аъзам (р) ҳадис, ки дуввумин манбаъ ва маъхази аҳком дар шариати муқаддаси ислом аст, дар шаҳру кишварҳои мухталиф бо тобиъин ва табаа тобиъин ба сурати пароканда мунташир буд, аз ин ҷиҳат имом дар баъзе масоил аз сабаби мавҷуд набудани насс ва далел аз ҳадиси набавӣ заруратан такя бар қиёс ва раъйи худ мекарданд, ки аз назари ҳадис ва илми усули фиқҳ, қиёси муҷтаҳид ҳам яке аз чаҳор сарчашмаҳои аҳком дар дини мубини ислом аст.

Ин аст иллати касрати истидлол ба раъю қиёс дар мазҳаби имоми Аъзам (р). Аммо дар мазҳаби се имоми дигар аз аиммаи аҳли суннат – яъне имом Шофеъӣ, имом Молик ва имом Аҳмад ибни Ҳанбал – истидлол ба раъю қиёс нисбат ба мазҳаби имоми Аъзам хеле кам иттифоқ афтодааст, зеро дар замони онҳо ҷамъоварии ҳадис кайҳо шурӯъ шуда буд. Баъзе аз ишон дар ривояти ҳадис имоми аҳли ҳадис дар рӯзгори худ будаанд»[7].

МӮҲТАВОИ НАВИШТАИ МО

Хонандагони азизу арҷманд! Навиштае, ки алъон пеши чашми шумо қарор дорад, ба ҷуз муқаддима бар ду бахши асосӣ тақсим мешавад:

Бахши аввал – тарҷумаи вижарисолаи Мулло Алӣ Қорӣ (р) мавсум ба «Тазйин-ул-ибора литаҳсин-ил-ишора» мебошад, ки онро ба тоҷикӣ «Рисолаи пероста дар ишораи саббоба» номгузорӣ намудем ва он перомуни масъалаи ишораи саббоба баҳс менамояд.

Бахши дуввум – замима аст бар ин рисола, ки дар он далелҳои мухолифини ишораи саббоба дар ҳудуди мазҳаби ҳанафӣ баҳс ва баррасӣ мешавад.

Аз номгузории рисола ва меҳвари баҳси замима мӯҳтавои навиштаи мо низ ба хубӣ возеҳ ва равшан мегардад.

Пас масъалае, ки дар ин рисола таҳқиқ ва баррасӣ мешавад, масъалаи ишорат кардан ба ангушти саббоба[8] дар ташаҳҳуди намоз аст. Ин масъала дер боз боиси ихтилоф ва низоъ байни мусалмонони диёри мо, хосса байни уламои кишвар гашта ва то ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст. Ихтилоф то ҷоест, ки дар баъзе макон агар Худо хоста шахсе бо тавфиқи илоҳӣ дар намоз ишораи саббоба кунад, баъзе мутаассибони мазҳаб (на муқаллидони мазҳаб) қиёмате алайҳи он бандаи Худо барпо мекунанд. Аввалан ӯро ба боди масхара мегиранд. Сониян аз рӯи ҷаҳолат бошад ва ё аз рӯи лаҷоҷат он бечораро ба ваҳобигарӣ ва ё ба бемазҳабӣ муттаҳам мекунанд. Дардовараш он аст, ки басо вақт ин тӯҳматзаниҳо ва масхарагириҳо амдан (қасдан) аз забони баъзе уламо шунида мешавад. Дар ҳоле, ки шахсони ба ишораи саббоба амалкунанда, берун аз мазҳаби ҳанафӣ ҳарфу ҳуҷҷате надоранд. Ҳар истидлоле, ки ишон дар ин масъала доранд, аз китобҳои мазҳаби ҳанафӣ аст.

Дар ҳақиқат масъалаи мазкур ҳеҷ иртиботу алоқае ба мазҳаби ваҳҳобӣ ва ё салафӣ надорад. Оре, ишораи саббоба дар мазҳаби эшон низ суннат аст, на танҳо дар мазҳаби эшон, балки дар тамоми мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат низ ба иттифоқи раъй суннат аст. Ба вижа дар мазҳаби мо – ҳанафиҳо – ҳам бо иттифоқи се имоми мазҳаб, ва бо фатвои аксари фуқаҳо машрӯъ ва суннат аст.

Мавлоно Абдулҳай (р) дар «Умдат-ур-риъоя», ки ҳошияе ба китоби «Шарҳ-ул-виқоя» аст, чанд номгӯй аз китобҳои мазҳаби ҳанафиро, ки баъзе қоил ба ҷавозият ва маснунияти ишораи саббоба ва бархе қоил ба кароҳияти он ҳастанд зикр кардааст. Мо тасмим гирифтем феҳраст ва номгӯи он китобҳоро ба назари шумо азизон бирасонем, то бубинед ва худ қазоват кунед, ки раъйу фатвои аксари фуқаҳои мазҳаби мо дар кадом ҷониб аст.

Мавлоно Абдулҳай перомуни ин масъала аввалан исми чанд китоб аз китобҳои ҳадисро овардаааст. Аз маълумоти ӯ чунин бармеояд, ки ҳадиси ишораи саббоба ба ҷуз китоби Саҳеҳи Бухорӣ дар тамоми китобҳои муътабари ҳадис аз Расули Акрам (с) ривоят шудааст.

Минҷумла: Саҳеҳи Муслим, Ҷомеъи Тирмизӣ, Сунани Абудовуд, Сунани Насоӣ, Сунани ибни Моҷа, Сунани Байҳақӣ, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, Муваттаъи Молик ибни Анас, Мӯъҷами Табаронӣ, Мусаннафи Абдурразоқ, Сунани ибни Абишайба, Сунани Саъид ибни Мансур, Шарҳи Маъони-ул-осори имом Таҳовӣ ва Муваттаъи имом Муҳаммад.

Сипас чанд номгӯй аз фатвоҳои муътабари мазҳаби ҳанафиро овардааст, ки онҳо ҳамагӣ ба ҷавозият ва ё маснунияти ишораи саббоба рафтаанд. Мисли: Аз-захира, Ал-ғуня, Ал-ҳуля, Фатҳ-ул-қадир, Ал-баҳр-ур-роиқ, Ан-наҳр, Ал-хония, Ал-муҷтабо – шарҳи Мухтасари қуддурӣ, Ад-дурр-ул-муҳтор, Ар-рад-ул-мухтор, Мавоҳиб-ур-раҳмон ва Шарҳи Мавоҳиб-ур-раҳмон бо номи Ал-бурҳон, Ал-муҳит, Шарҳҳои Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Мароқ-ил-фалоҳ, Нур-ул-изоҳ, Дурар-ул-биҳор, Ғурар-ул-азкор – шарҳи Дурар-ул-биҳор ва Ал-биноя.

Мешавад ба ин номгӯи китобҳо изофа кард: Мунят-ул-мусаллӣ бо шарҳаш, Аз-зоҳидӣ, Ал-мултақат, Ал-ҳалвоӣ, Ас-санъоӣ, Мухтор-ун-навозил, Сироҷ-ул-ҳидоя, Фатовии Азизӣ, Ашиъъат-ул-ламаъот ва Сифр-ус-саъода ва ғайра, ки маҷмӯи онҳо тақрибан ба 30 адад китоб мерасад. Албатта шумораи 30 барои ифодаи ҳасру таъйини адад набуда, балки баёнгари маълумоти мост, то ҷое ки ба он даст ёфтаем. Ин номгӯи китобҳо аз таснифоти фуқаҳои гузаштаи мазҳаби ҳанафист. Аммо фуқаҳои муосири мазҳаби ҳанафӣ тақрибан кулли ишон ба суннат будани ишораи саббоба иттифоқи назар доранд. Мисли муаллифи Ал-фатҳ-ур-раҳмонӣ ва Хулосат-ул-масоил ва Ал-фиқҳ-ул-исломӣ ва Эъло-ус-сунан, Фатовои Дорулулуми Девбанд, фатовои Дорулулуми Зоҳидон ва ғайра.

Мавлоно дар охир бо камоли тааҷҷуб исми китобҳоеро, ки қоил ба кароҳат ва манъи ишораи саббоба ҳастанд, низ баршумурдааст, ки иборатанд аз Заҳирия, Хулосат-ул-фатово, Ал-итобия, Ал-баззозия, Ат-тоторхония, Ҷомеъ-ул-музмарот, Оламгирӣ (Ал-ҳиндия) ва ғайра.

Дар китоби Ҳидоя ва Шарҳ-ул-виқоя ва Мухтасар-ул-виқоя наҳй аз ишораи саббоба тасреҳ нашудааст, вале аз иборатҳои «басата асобиъаҳу» ва «мабсутатан», ки дар ин китобҳо мазкур аст, мафҳум мешавад, ки назди мусаннифони онҳо мухтор, тарки ишораи саббоба аст, на кардани он. Аммо соҳиби Ҳидоя дар китоби дигари худ бо номи Мухтор-ун-навозил гуфта аст, ки ишорат дар вақти Ло Илоҳа Иллаллоҳ нек аст.

Аз шумораи китобҳои зикршуда хулоса мебарояд, ки агар мо аз китобҳои ҳадис сарфи назар бикунем ҳам, (дар ҳоле ки он дуввумин маъхаз ва манбаи аҳком дар дини мубини ислом аст) боз мебинем, ки теъдоди китобҳои фиқҳии мо, ки қоил ба ҷавоз ва суннат будани ишораи саббоба ҳастанд, чанд баробар бештар аз китобҳоест, ки ба кароҳат ва наҳйи он рафтаанд.

Шояд ин ҷо суоле ба миён ояд, ки вақте аксари китобҳои мазҳабии мо роҷеъ ба ин масъала ҳукм ба ҷавоз ва маснуният кардаанд, пас чаро дар диёри Мовароуннаҳр ва ғайри он, макрӯҳ ва ё ҳаром будани ишораи саббоба шӯҳрат дорад?

Албатта ҷавоби ин суол аз номгӯи китобҳои қисмати ахир возеҳ мешавад. Зеро ағлаби китобҳое, ки дар диёри мо шӯҳрат доранд ва ё дар мадориси мо тадрис мешаванд, мисли Хулоса ва Ҳидоя ва Шарҳ-ул-виқоя ва Мухтасар-ул-виқоя ва Фиқҳи Кайдонӣ ва ғайра[9] дар масъалаи ишораи саббоба ё ҳукм ба кароҳат ва адами ҷавоз кардаанд ва ё сукуту хомӯшӣ ихтиёр намудаанд. Мардуми диёри мо ҳар маълумоте, ки роҷеъ ба ин масъала доранд, аз китобҳои номбурда хондаанд ва ё шунидаанд. Пас лоҷарам мавқеи ишон нисбат ба ин суннати набавӣ мухолафат ва манъ мебошад. Зеро гуфтаанд: «аз кӯза бурун таровад он чӣ, ки дар ӯст»[10]. Аммо ин мавқеъи ишон аз назари шариат ҳеҷ эътиборе надошта ва заррае дар тахфиф ва беэътибор кардани ҳукми ин суннати саҳеҳа таъсир надорад. Алӣ Қорӣ дар вижарисолаи худ иҷмои умматро барои исботи ишораи саббоба далел оварда мегӯяд[11]:

«Аз ҳеҷ нафар асҳоби Паёмбар (алайҳиссалом) ва на аз уламои салаф ва халафи уммат, хилофе дар тасҳеҳу ҷавози ин масъала (масъалаи ишораи саббоба) маълум нагашта ва ривоят нашудааст. Балки имоми Аъзам ва шогирдони ӯ – Абуюсуф ва Муҳаммад (р) ҳукм ба маснуният ва ҷавози он кардаанд. Инчунин маснунияти ишораи саббоба бо ахбор ва осори саҳеҳа аз имом Молик ва имом Шофеъӣ ва имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва ҷамеъи уламои уммат дар ҳар асру шаҳре собит гаштааст, ки фуқаҳои мутақаддимин ва мутааххирини мо тасреҳ ба он кардаанд. Баъд аз собит шудани далелҳои зикршуда дигар қавли мухолифони ишораи саббоба мардуд ва ғайри муътабар аст. Албатта маълум аст, ки сокинони Мовароуннаҳр ва аҳли Хуросон, Ироқ, Рум ва билоди Ҳинд махсусан касоне, ки пойбанди тақлиди (кӯркӯрона) буда ва аз неъмати таҳқиқу баррасии далоил маҳрум гашта, амали худро ба қавли саҳеҳ таъйид[12] намекунанд, тарки ин суннати набавӣ кардаанд. Вале тарки онҳо низ (аз назари шариат) аҳамият ва эътиборе надошта ва дар сиҳати ин суннати санийя хадша ва нуқсоне ворид намекунад».

Аз мухолифони ишораи саббоба умедвор ҳастем баъд аз қироати навиштаи мо дигар касеро ба хотири анҷоми ин суннати саҳеҳа ба ваҳобигарӣ ва бемазҳабӣ бӯҳтон ва тӯҳмат намекунанд. Аввалан, ба хотири он ки масъалаи ишораи саббоба ҳеҷ рабте ба мазҳаби ваҳҳобият надорад. Балки он масъала – чунонки дидед – марбут ба мазҳаби мо ҳанафиҳост. Зеро агар муҷарради ишораи саббоба кардан маънои ваҳҳобӣ ва ё салафӣ буданро дошта бошад, чунонки баъзе ҷоҳилон мегӯянд, пас пеш аз ҳама бояд Расули Акрам (с) ваҳҳобӣ бошанд. Баъдан имоми Аъзам ва имом Муҳаммад ва Абуюсуф бояд ваҳҳобӣ бошанд. Билахира бояд ибни Ҳумом, Алиқорӣ, Мавлоно Абдулҳай ва кулли фуқаҳое, ки номгӯи китобҳояшон гузашт, ваҳҳобӣ бошанд. Зиҳӣ ҷаҳолат ва ҳамоқат!

Сониян, миллати мо як бор таъми ногувор ва бӯи нохуши ин калимаи мунтина (бадбӯ ва тафриқаангез)-ро[13] чашидаву шамида ва зарбаи муҳлике аз он хӯрдааст.

Солисан, бӯҳтон гуноҳи хеле бузург аст. Аз ҷумлаи гуноҳони кабира аст. Гуноҳест, ки аз назари шариъат дар дунё таъзиру шиканҷа дорад ва дар охират уқубату кайфар. Таъзир ва ҳадди дунёии он ҳаштод тозиёна буда, кайфар ва уқубати ухравиаш лаънати Худо ва азоби дардноки ҷаҳаннам аст[14].

Кайфари ин гуноҳи кабира замоне бузургтар мешавад, ки он ба мақсади кӯбидани шахсияти инсоне ва ё ба ғарази беобрӯ ва бадном кардани бародари муъмине гуфта мешавад. Мавлоно Абдулҳай дар Умдат-ур-риъоя дар китоби ҳудуд гӯиё барои мардуми мо навиштааст:

«Агар шахсе нафареро ба ноҳақ, фақат ба мақсади таҳқир ва бадном кардан ваҳҳобӣ ва ё рофизӣ гӯяд (ва тӯҳматшуда аз рӯи ӯ шикоят ба маҳкамаи исломӣ бикунад), албатта бар шахси бӯҳтонкунанда таъзир ва шиканҷа лозим мешавад»[15].

Хонандагони азиз! Шумо худ мунсифона ба ин суол посух бидиҳед! Вақте бадном кардани шахсе ба тӯҳмати ваҳҳобӣ чунин кайфаре дар дунё ва охират дошта бошад, пас замоне, ки ин тӯҳмати фитнаангез боиси хиёнат ба ислом ва сабаби фитнаву тафриқа байни миллати мусалмон гашта ваҳдат ва улфати он миллатро барҳам занад, то дараҷае, ки хуни бародари ҳамдин ва ҳаммазҳаби худро бо ин шиори дурӯғин ҳалол бидонад ва хатарноктарин силоҳ ба дасти душманони ислом гардад, пас назари шумо азизон дар муҷозоти касоне, ки ин шиори дурӯғинро мебароранд ва дар байни мардум мунташир мекунанд ва оташи ин навъ фитнаро доман мезананд, дар пешгоҳи Худованди қаҳҳор ба ҷуз оташи қаҳру ғазаби Худо дигар чӣ хоҳад буд?

Вой, сад вой бар афроде, ки дар гузаштаи начандон дур нахустин бор ин калимаро бардурӯғ бар сари забонҳо гузоштанд ва аз ин роҳ тафриқа ва парокандагӣ дар байни миллат андохтанд ва оқибат он фитнаи бузургро бар сари ин миллати шариф оварданд. Албатта дар кайфари ин ҳама мусибатҳои бар сари миллат омада ва он ҳама хунҳои баноҳақ рехта ба мазмуни ҳадиси шариф:

مَن سَنَّ سُنَّةً سَيِّئَةً كَانَ عَلَيهِ وِزرُهَا وَوِزرُ مَن عَمِلَ بِهَا مِن بَعدِهِ مِن غَيرِ أَن يَنقُصَ مِن أَوزَارِهِم شَيئاً[16].

онҳо низ саҳим ва шарик хоҳанд буд. Зеро ҳар кӣ ба мазҳаби ваҳҳобият ошноӣ дорад, хуб медонад, ки ин калима дар он замон тӯҳмати маҳзе буд дар ҳаққи тоифае аз ҷавонони мусалмони мо.

Акнун пас аз пушти сар кардани ин ҳама ранҷу мусибатҳо, вақти он расидааст, ки мо бояд аз гузаштаи худ дарси ибрат гирифта, дигар ин навъ ҳарфҳои фитнаангезро бар сари забон наорем ва аз ваҳҳобӣ шудану ваҳҳобӣ гуфтан ва дигар мазҳабҳои ғайр парҳез намоем. Зеро на ин ва на он ба суди ислом ва нафъи муслимини кишвар намебошад.


[1] Дар китоби «Ал-ийқоз» ривоят шудааст. Баъзеи уламо ин мақуларо ба имом Муҳаммад низ нисбат додаанд.

[2] Тасҳилу усулиш-шошӣ.

[3] Ибни Обидин – муаллифи китоби машҳур ва муътабар дар фиқҳи ҳанафӣ «Рад дул муҳтор» дар ҳошияи «Баҳр-ур-роиқ» ҷ.1, саҳ.63 ва дар рисолаи «Расм-ул-муфтӣ» ин мақоларо аз имоми Аъзам нақл кардааст. Мақулаи мазкурро муҳаддиси шаҳир ибни Абдулбар низ аз имоми Аъзам ривоят кардааст. Ин сухан аз имом Шофиъӣ низ ривоят шудааст.

[4] Ибни Обидин дар ҳошияе, ки бар Баҳр-ур-роиқ навиштааст (6/293) ва дар рисолаи Расм-ул-муфтӣ, ки он ҳам моли ишон аст, ривоят кардааст. Алиқорӣ ҳам ин ҷумларо дар рисолаи Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора нақл кардааст.

[5] Аббос-уд-Даври дар торихи ибни Муъин ба санади саҳеҳ аз имом Зуфар (р) ва Абуюсуф (р) ривоят кардааст. Ибн-ул-Қайим дар китоби Иълом-ул-муваққиъин (2/344) ривояти онро аз Абуюсуф тасҳеҳ намудаанд. Нақли ин мақуларо аз Абуюсуф ибни Абдулбар низ овардааст.

[6] Мавлоно Абдулҳай яке аз фуқаҳои муҳаққиқ, муҳаддис ва соҳибиҷтиҳод дар мазҳаби ҳанафӣ буда, ба соли 1241 ҳиҷрӣ мутобиқ ба санаи 1848 мелодӣ дар шаҳри Бондеҳи Ҳиндустон дар хонадони марди фозилу донишманд ва фақеҳи асри худ Мавлоно Абдулҳалим чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушода ва ба соли 1303 ҳиҷрӣ мувофиқ ба соли 1886 мелодӣ чашм аз ҷаҳони фонӣ баста, ба ошёни малакутӣ ва ватани аслии хеш раҷъат намуданд.

Эшон дар фосилаи ин умри кўтоҳ, ки аз назари торих (ба солшумории қамарӣ) ҳамагӣ 39 солу чаҳор моҳ аст, вале аз назари интоҷ хеле пурмаҳсул ва пурбаракат аст, тавонистанд тақрибан 115 китобу рисола, баъзе дар ҳаҷми чанд саҳифа ва бархе дар ҳаҷми чанд муҷаллад дар муҳимтарин ва душвортарин мабоҳиси динӣ тасниф бикунанд.

Фақеҳи муосир Абдулфаттоҳ Абуғудда, ки аз уламои ҳанафимазҳаб дар кишвари Сурия буд ва рӯи навиштаҳои Мавлоно Абдулҳай таҳқиқот бурдааст. Мавлоноро ба унвони имоме аз аимаи ахир дар мазҳаби ҳанафӣ хонда, чунин васф мекунад:

وقد عرف رحمه الله تعالى بالتحقيق والإستيفاء والدقة وعمق البحث والنصفة والإعتدال في كل ما يؤلفه سواء كان ما يؤلفه في المذهب الحنفي الذي هو إمام من أئمته المتأخرين أم في غيره من المباحث الفقهية العامة أو الحديثية الشائكة، ولهذا تلقى أهل العلم مؤلفاته بالقبول والثناء والتقدير.

«Ӯ ба таҳқиқу дақиқкорӣ, маълумоти комил, пажӯҳишу жарфнигарӣ ва инсофу миёнаравӣ дар тамоми муаллафоту навиштаҳояш шинохта шуда аст – Раҳмати Худои бузург бар ӯ бод! Баробар аст, ки ин навиштаҳо дар мазҳаби ҳанафӣ бошад, ки ӯ яке аз имомони мутааххирини ин мазҳаб буд, ё дар мабоҳиси оммаи фиқҳи ғайри ҳанафӣ бошад, ё дар масоили нозуки илми ҳадис бошад. Бинобар ин аҳли илм муаллафоту навиштаҳои ӯро бо маҳбубият ва санову қадрдонӣ пазируфтаанд.

[7] «Аннофеъ-ул-кабир», саҳ.135

[8] Ҳар ангушти дасти инсон дар забони арабӣ номи ба худ хос дорад, ки ба тартиби зер аст:

1) Ибҳом, ангушти нахустин, ки ба форсӣ онро ангушти бузург, нарангушт ва ангушти шаст гӯянд;

2) Саббоба, ангушти дуввуми даст аст, ки онро ангушти шаҳодат ва мусаббиҳа низ гӯянд. Торихчаи саббоба ном гирифтанаш ин аст, ки арабҳо дар замони ҷоҳилият ҳангоми дашном ва носазо гуфтан ба воситаи он таҳдид ва ишора ба сӯи ҳариф мекарданд. Зеро вожаи «сабб» дар луғати араб ба маънои дашном додан ва носазо гуфтан аст. Ба шарофати дини мубини ислом исми шарифе ба ин ангушти даст мулҳақ шуд. Чун дар ташаҳҳуди намоз ба василаи он ишора ба ваҳдоният ва покии Худованд карда мешавад, ба ин муносибат онро ангушти шаҳодат ва мусаббиҳа гуфтанд. Вожаи «тасбеҳ» низ ба маънои танзиҳ – яъне ба покӣ ёд кардани Худо – ояд. Пас номи шаръӣ ва исломии ангушти саббоба мусаббиҳа ва шаҳодат аст, вале дар ҳадис ва ривоятҳои фиқҳӣ овардани ҳар се вожа дида шудааст;

3) Вусто, ангушти миёнаро гӯянд;

4) Бинсир, ангушти чаҳорум, ки байни ангушти миёна ва лелак қарор дорад;

5) Хинсир, ангушти панҷум, ки ба форсӣ онро ангушти кӯчак, лелак ва ё колуч гӯянд.

[9] Рисолаи Фиқҳи Кайдонӣ ва Фарзи Айнро низ метавон дар феҳрасти китобҳои машҳур ва маъруф дар назди мардуми мо зикр кард, вале мутаассифона ин ду рисола ба сабаби надоштани муаллифони мушаххас ва маъруф назди фуқаҳо аз ҷумлаи китобҳои муътабари фиқҳӣ ҳисоб намешаванд. Ҳар номе, ки дар таъйини муаллифи Фиқҳи Кайдонӣ зикр кардаанд, ҳама ҳадсу тахмин аст, на ҳақиқату яқин. Алломаи Шомӣ мусаннифи Радд-ул-муҳтор дар Шарҳи Уқуди расмил муфтӣ дар ин бора менависад: «Танҳо мутолаа кардани чунин китобе, ки муаллифаш мушаххас набошад, дуруст нест ва фатво додан аз он ҷоиз нест». Мавлоно Абдулҳай низ дар муқаддимаи Умдат-ур-риъоя Фиқҳи Кайдониро аз ҷумлаи китобҳои ғайри муътабари ҳанафӣ шумор кардааст. Чунонки баъдан зикр хоҳад шуд.

[10] كل إناء يتشرح بما فيه

[11] «إذ لم يعلم من الصحابة ولا من العلماء السلف والخلف خلافا في هذه المسألة، ولا في جواز هذه الإشارة ولا في تصحيح هذه العبارة بل قال به إمامنا الأعظم وصاحباه وكذا الإمام مالك والشافعي وأحمد بن حنبل وسائر علماء الأمصار والأعصار أجمعين رحمهم الله لما ورد به صحاح الأخبار والآثار وقد نص عليه مشايخنا المتقدمون والمتأخرون. فلا اعتماد ولا اعتبار لما عليه المخالفون ولا عبرة لما ترك هذه السنة الأكثرون من سكان ما وراء النهر وأهل خراسان والعراق والروم وبلاد الهند ممن غلب عليهم التقليد وفاتهم التحقيق والتأييد من التعليق بالقول السديد»

[12] Таъйид – тақвия, таъкид

[13] Иқтибос аз ҳадиси Расули Акрам (с) аст.

[14] Чунонки дар ояҳои аввали сураи Нур омадааст.

[15] Ҳошияи Шарҳи Виқоя, китоби ҳудуд, саҳ. 312.

[16] Ҳар кӣ як суннат ва шева (ва ё ҳарф)-и баде (дар байни мардум) ҷорӣ созад, пас гуноҳу ваболи он суннат (ва ҳарфи) бад ва бори маъсияти касоне, ки амал ба он суннати бад мекунанд, ҳама бар дӯши ӯст. Бе он ки аз бори гуноҳони ишон чизе каму коста шавад. Пораи ҳадисест, ки имом Муслим аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ Албаҷалӣ ривоят кардааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *