Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Нигоҳи дубора ба шахсияти ҳазрати Умар (р)

Акнун мабоҳиси китоб ба инояти Худованди ҷалла ҷилолуҳу ба охир расида аст, вале аҷиб аст, ки эҳсос мекунам ҷозибаи мармузе дастамро ба идомаи кор мекашад ва монеъ аз ин мешавад, ки қалам боз дорам. Бинобар ин ба нидои ин ҷозиба табаррукан ба зикри шаммае аз азамати ҳазрати Умар (р) мепардозам.

Гарчи дар тайи баҳсҳои ин китоб то андозае ба азамати ин шахсияти азими ҷаҳони ислом пай бурдем, вале чи беҳтар, ки ба ин амри муҳим мустақилан таваҷҷӯҳ намоем ва онро ба қалам оварем. Аксари бузургони ҷаҳон ё азамати рӯҳонӣ доранд, ки сабаби маҳбубияти инсон дар байни мардум мешавад ё азамати шахсӣ доранд, ки сарчашмаи қудрат, шавкат ва нуфузи суханонашон мегардад. Дар тӯли таърихи башарият камтар дида мешавад, ки як нафар ҳам азамати шахсиятӣ дошта бошад ва ҳам азамати рӯҳонӣ, вале Умар ибни Хаттоб (р) халифаи дуввуми Расулу-л-лоҳ (с) лоиқи ҳар ду азамат буд.

Мизони руҳии ҳазрати Умар (р) ҳамин бас, ки дар он ҳангом, ки бо як дасти тавонояш бисоти императори Форсро бармечид ва дар ҳамон ҳангом бо дасти пурқудрати дигараш пояҳои маҳками императори Бизонсро аз сарзаминҳои Сурия, Фаластин, Урдун ва Миср бармеандохт. Зоҳиран чунин касе бар ҳасби сиришти башарӣ агар рӯҳонияти азиме дар вуҷудаш набошад, бояд таҳти таъсир воқеъ шавад мутакаббир гардад, вале ҳазрати Умар (р) ба ҳадде азамати руҳӣ дошт, ки аслан таҳти таъсири ин пешрафтҳои ҳайратангез воқеъ нашуд.

Вақте ки ҳазрати Умар (р) бо қосиди эъзомии Саъд ибни Абуваққос дар беруни Мадина мулоқот ва муждаи фатҳи Қодисияро аз ӯ дарёфт кард, фатҳи Қодисия ба ҳадде муҳим буд ба манзилаи кушудани дарвозаи Форс ва тасаллут бар Мадоин пойтахти Сосонӣ буд, камтарин такаббуре дар ӯ роҳ наёфт, балки ҳамон марди рӯҳонӣ ва беш аз пеш фурӯтан ва мутавозеъ монд.

Чун қосиди ҳомили муждаи фатҳ, қаблан ӯро надида буд ва намешинохт, аз шутури худаш пиёда нашуд. Ҳазрати Умар (р) низ дар канори шутур пиёда ва бошитоб роҳ мерафт. Дар ҳамон ҳол ҳар ду бо ҳам ба шаҳри Мадина дохил шуданд. Ин ҷо буд, ки қосид фаҳмид ин касе, ки масофате дар канори шутур то ин ҷо пиёда омада халифаи Расулу-л-лоҳ (с) ва фармонравои ҷаҳони ислом аст, зеро мардум ба номи амиру-л- мӯъминин бар ӯ салом мекарданд. Вақте ки қосид маъзарат хост ва арз кард:

— Чаро нафармудӣ, ки амиру-л-мӯъминин ҳастӣ? Фармуд:

-Боке нест бародарам.

Мардуми Мадина аз шунидани хабари хуши фатҳи Қодисия дар масҷиди Набавӣ ҷамъ шуданд, то ҳазрати Умар (р) бар ҳасби одати он рӯзгор ба минбар биравад ва нисбат ба ин муваффақияти бузурги низомӣ ва сиёсӣ як хутбаи муҳимми ҳамосӣ эрод намояд. Тасаввур мерафт, ки он ҳазрат ба муқтазои хислат ва фитрати башарӣ, худнамоӣ ва худситоӣ мефармояд.

Вале он ҳазрат бобати муваффақияти худ ҳатто як калима рӯи минбар ҳарф назад ва ба ҷои ин ки дар ҷаҳонкушоии худ ва пешрафти лашкараш ҳамосасарои фармояд, хабари фатҳи Қодисия ва ҷараёни ҷангро ба мардум мужда дод ва хутбаашро бо ин ҷумла, ки аз камоли рӯҳоният сарчашма мегирад хатм намуд:

-Эй мусалмонон! Худои таборак ва таъоло ин маҳалро аз мардуме, ки ҳаққи онро надоштанд гирифт ва ба шумо дод, мабодо коре кунед, ки онро аз шумо боз гирад ва ба мардуме диҳад, ки аз шумо бештар ҳаққи онро дошта бошанд.

Дар мабҳаси футуҳоти ҳазрати Умар (р) хондем, ки шаҳри Байту-л-муқаддас пас аз муҳосираи тӯлонӣ дарвозаҳои худро аз тариқи сулҳ барои вуруди ҳазрати Умар (р) боз кард. Усқуфи аъзам, амирон ва бузургони шаҳр ба интизори вуруди халифаи мусалмонон истоданд, ҳазрати Умар (р) ҳамроҳи фармондеҳони пирӯзмандаш дар ин ҳол вориди шаҳр шуд ва онро тасарруф фармуд. Фаҳмидем, ки шаҳри Байту-л-муқаддас шаҳри муҳими динии ҷаҳони масеҳият буд. Масҷиду-л-ақсо, ки номаш дар Қуръон омада дар ин шаҳр воқеъ шуда. Қуръон сариҳан мефармояд:

-Ҳазрати расул (с) дар шаби асро ба ин масҷид дохил гардид. Ин пирӯзии ошкор табъан бояд дар вуҷуди Умар (р) асаре аз такаббур ба вуҷуд оварад, зеро қазия беҳад муҳим буд.

Вале ҳазрати Умар (р) як марди бузурги рӯҳонӣ буд ва на танҳо дар асари ин пирӯзии азим ва ин фатҳи бузург камтарин такаббуре дар ӯ роҳ наёфт, балки худро гаравгони лутф ва азамати Худо ҷалла ҷалолуҳу донист ва ҳамин ки он рӯзи таърихи поён ёфт ва шаб фаро расид дар урдугоҳи лашкари ислом рӯ ба даргоҳи муқаддаси парвардигор ва машғули намози шукр гардид.

Оре, ин бузургвори рӯҳонӣ ба ҷои ин ки дар асари ин пешрафт ва муваффақияти азим мутакаббир шавад, мутавозеъ мегардад ва ба парастиши парвардигораш мепардозад.

Ин матлаб, ки чизе аз маҷмуаи умури муҳими таърихи ҳазрати Умар (р) мебошад, намунаи боризе аз азамати рӯҳонияте аст, ки дар вуҷуди он ҳазрат пинҳон буда, осори он дар паи ҳаводисе, ки рух медод, таҷаллӣ мекард.

Азамати шахсият ва нуфузи сухани ҳазрати Умар (р).

Азамат ва нуфузи сухани Умар (р) барои аввалин бор дар он рӯз мушаххас шуд, ки Расулу-л-лоҳ (с) ва мусалмононро барои анҷоми воҷиботи дини ислом ошкоро ба Масҷиду-л-ҳаром овард.

Дар пиромуни исломи Умар (р) дар ин китоб хондем, ки қабл аз ин ки ӯ мусалмон шавад, мусалмонон ва ҳатто ҳазрати расул (с) ибодаташонро пинҳонӣ ва дар хонаи дарбаста анҷом медоданд. Аз тарси душманон ҷуръат надоштанд дар Масҷиду-л-ҳаром ошкоро намоз бихонанд, аммо ҳамин ки Умар (р) ба дини ислом мушарраф гардид, раво надид ин вазъ идома дошта бошад. Аз ин хотир ҳузури Расулу-л-лоҳ (с) арз кард:

-Эй Расулу-л-лоҳ (с), чаро дини худро пинҳон кунем ва ҳоло он ки мо барҳақем? Хулоса чунон ки дар он ҷо шарҳ додем Расулу-л-лоҳ (с) ва мусалмононро аз хона берун овард ва ба Масҷиду-л-ҳаром бурд, ду бор Байту-л-лоҳро дар назари душманон тавоф карданд. Дар он рӯз барои аввалин бор дар муқобили Каъбаи шариф истоданд ва намоз хонданд ва ҳеҷ кас аз душманон ба худ ҷуръат надод, то монеъи онҳо бишавад.

Дар ин ҷо буд, ки ҳазрати Умар (р) ин ҷумлаи таърихии худро ба гӯши мардум расонд ва фармуд:

-Аз таърихи имрӯз дигар Худоро ҳаргиз пинҳонӣ намепарастем.

Аз ин ҷо аст, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд чунон ки Бухорӣ ривоят карда мегӯяд:

«Аз рӯзе, ки Умар (р) мусалмон шуд, барои ҳамеша тавоно шудем, исломаш барои мо фатҳ ва пирӯзии муҳиме шуд» ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд».

«Ёд дорам, ки наметавонистам дар муқобили хонаи Каъба намоз бихонам, то он ки Умар (р) ба дини ислом мушарраф шуд. Он гоҳ рӯ ба рӯи Каъба намоз хондем».

Чунон ки мебинем ҳазрати Умар (р) чунон азамат ва шахсияти боризе дошт, ки бо ин иқдоми шуҷоонаи худ сафҳаи нуронии ҷадид ва муҳиме дар таърихи ислом боз кард, яъне ибодати исломиро, ки қаблан пинҳонӣ сурат мегирифт барои ҳамеша ошкор сохт.

Оре, он чи акнун мебинем ё мешунавем, ки дар нуқоти гуногуни Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё масҷид сохта шуда ва мусалмонон озодона воҷиботи динии худро дар ин масоҷид анҷом медиҳанд, асоси он ҳамон рӯз бо дасти пурқудрати ҳазрати Умар (р) пайрезӣ шуд, ки мусалмононро ба Масҷиду-л-ҳаром ворид фармуд, то ибодаташонро ошкорро анҷом диҳанд. Инҷо лозим медонам бори дигар шеъри Фирдавсиро дар «Шоҳнома», ки дар ин хусус дар шаъни азими он ҳазрат сурудааст пешкаш мекунам, ки мегӯяд:

Умар кард исломро ошкор.

Биорост гетӣ чу боғи баҳор.

Дар боби адолати Умар (р) дар ин китоб хондем, ки мардуми Макка назди он ҳазрат шикоят карданд, ки Абусуфён бо сохтани садде, оби дарраеро ба тарафи манзили онҳо чархонда ва хонаҳои онҳоро дар маърази хатари сел қарор дода аст. Он ҳазрат ба маҳал рафт, Абусуфёнро низ ба маҳал ҳозир намуд ва дар пеши назари шикояткунандагон ва мардуми дигар ба Абусуфён амр фармуд, то саддеро, ки сохта буд бо дасти худ хароб кунад. Абусуфён фавран итоъат кард ва онро хароб кард ва сангҳои онро бо дасти худ ба ин тараф ва он тараф бурд.

Ин ҳамон Абусуфён, -сарвари бани Умая фармонравои Макка буд, ки рӯзе дар ин шаҳр амр мекард ва мардум итоъат мекарданд ва фармон мебурданд. Ин ҳамон фармонраво аст, ки пеш аз исломро пазируфтанаш аҳзоб ва қабоили арабро ҷамъ намуд ва ба Мадина ҳуҷум бурд, то мусалмононро қатли ом ва Мадинаро ғорат кунад. Акнун ҳамин шери бани Умая дар муқобили азамати ҳазрати Умар (р) заиф шуда фармон мебарад. Мутақобилан ҳазрати Умар (р) низ аз ин бобат на танҳо заррае худхоҳӣ ба худ роҳ надод, балки дар ҳамон ҷо ва дар назари ҳозирон рӯ ба Каъбаи мукарамма кард ва гуфт:

-Худоро сипос, ки бандааш Умар (р) -ро ба ҷое расонид, ки ба Абусуфён дар шаҳри Макка фармон медиҳад ва Абусуфён фармон мебарад.

Бо он ки ҳазрати Умар (р) ба лашкаркашӣ ба ховари миёна дасти Ҳеракл императори Бизонсро аз якояки шаҳрҳои Фаластин, Урдун ва Сурия қатъ кард ва ӯ пас аз ин ки Антокиё — охирин сангарашро аз даст дод, барои наҷоташ аз қатл ё асорат ба дасти лашкари Умар (р) аз ин диёр фирор кард ва ба Қустантания пойтахти қаламрави аслии худ рафт. Ҳангоми тарки ин диёр бо дили пур аз ҳасрат ва андӯҳ бо Сурия видоъ кард ва гуфт:

«Салом бар ту эй Сурия! Саломе, ки баъд аз ин бо ҳам мулоқот нахоҳем кард ва румиён пас аз ин ҷуз бо хавф ва тарс ба сӯи ту боз нахоҳанд омад».

Бо вуҷуди ин пас аз ин ки муддате аз ин қазия гузашт маълум шуд, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузайфа саҳобаи бузурги Расулу-л-лоҳ (с) асир шуда ва дар Қустантания зиндонӣ аст. Густов Лубун менависад:

-Ҳазрати Умар (р) дар ин бора ба Ҳеракл чунин нигошт:

— Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон.

Ҳамду сано Худовандро, ки Парвардигори оламиён аст ва дуруду раҳмат бар расули ӯ бод.

-Аз бандаи Худо Умар (р) ба Ҳеракл императори Руми Шарқӣ. Ба расидани вусули ин нома Абдуллоҳ ибни Ҳузайфаро, ки дар ҳабси шумо аст озод ва ӯро назди мо равон намоед. Агар чунин умед аст, ки Худо шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармояд, вагарна барои набард бо ту мардуме мефиристам, ки дунё ва мол ва матои дунё наметавонад онҳоро аз вазоифи илоҳӣ боз дорад. Ва салом (сулҳ, осудахотирӣ) бар роҳравони роҳи рост.

Номаи ҳазрати Умар (р) ба дасти Ҳеракл мерасад. Зоҳиран бо он зарбаҳои низомӣ, сиёсӣ ва моддӣ, ки аз Умар (р) хӯрда буд, бояд аз ин нома ба ҳадде хашмгин гардад, ки онро пора ва тика — тика намояд ва ба дасти бод бисупорад, вале ӯ ба ҳадде зери таъсири шавкати Умар (р) ва таҳти азамати ӯ воқеъ шуда буд, ки фавран фармон дод Абдуллоҳ ибни Ҳузайфаро аз зиндон озод намоянд ва ӯро бо эҳтиром ва ҳамроҳ бо тӯҳфаҳо ва ҳадя назди Умар (р) фиристод.

Аллоҳу акбар! Чи азамате дар вуҷуди Умар (р) пинҳон буд, ки душманаш бо он ҳашамат ва дабдабаи мулки мамлакати бизонсӣ дар муқобилаш пешони бар замин мениҳад ва фармонашро итоъат ва иҷро менамояд?

Чанд қазияи фавқ намунаи рушане аз осори азамат ва шахсияти бузурги Умар (р) мебошад, ки дар паи ин ҳаводис ошкор гардид.

Ин як амри мусаллам аст, ки ҳар гуна асаре, ки дар паи ҳаводис ва пешомадҳои муҳим аз инсон зоҳир мешавад муайянсозандаи шахсият ва байёнгари мизони азамати ӯ мебошад, чи он ҳаводис аз худи инсон содир шавад ва чи ба таври тасодуф барои ӯ пеш ояд.

Охирин сухани мо дар бораи ҳазрати Умар (р)

Ҳар кас ба таърихи зиндагонии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р), ки дар ин китоб ба таври ихтисор зикр шуд, каме диққат кунад мефаҳмад, ки ҳикмати илоҳӣ дар кор буд, ки он бузургвор бар маснади хилофати хотаму-л-анбиё салавоту-л-лоҳи ва саломуҳу алайҳӣ бинишинад, то шариъати муқаддаси ислом дар асари нуфузи сухан ва шахсияти ӯ ба хориҷи нимҷазира роҳ ёбад ва мунташир шавад ва адолати иҷтимоӣ мутобиқи дастурот ва таълими шариати ислом дар асари эҳтимоми он бузургвор дар байни кулли табақоти мардум дар дохил ва хориҷи нимҷазира на бо гуфтор, балки амалан ва ба таври мусовӣ иҷро шавад.

Хондем, ки ҳазрати Умар (р) чи гуна қувваҳои фармонравоёни машҳури он давраро дар ҳам кӯбид ва бар кишварҳои бузурги он рӯзгор тасаллут ёфт ва худ ба ҷои онҳо нишаст. Аҳкоми китобҳои кӯҳнаи истибдодии он фармонравоёни ҷаборро, ки бар асоси тафриқаи табақотӣ, қарнҳо бар сари кор буд дур афканд ва Қуръони Худоро ба ҷои он китобҳои куҳна ва аҳкоми одилаи дини Худоро дар ҷои он аҳкоми истибдодии зиёнбахш устувор фармуд.

Кохи тамаддуни азиме, ки санги асоси он бо дасти мубораки ҳазрати расул алайҳи салоту ва-с-салом гузорида шуд ва ҳазрати Абубакр (р) дар замони хилофаташ рӯи он кор кард, ҳазрати Умар (р) онро ба тавфиқи парвардигор ба камол расонд ва натиҷатан як инқилоби сиёсӣ, ки зомини саодати ҷомеъаи инсонӣ буд дар ҷаҳони ислом, ба вуҷуд овард.

Агар касе ба умури муҳимме, ки ҳазрати Умар (р) муваффақ шуд дар давраи хилофаташ анҷом диҳад, ба дидаи инсоф нигоҳ кунад, фаҳм хоҳад кард, ки он бузургвор дорандаи сифот ва хислатҳои як фармондеҳи муқтадир ва ботаҷриба дар кишваркушои ва дорои камоли маҳорат ва сиёсат дар идораи умури мамлакат ва императории васеъ буд, ки бо дасти тавонои худи ӯ бунёд ниҳода шуд ва бо инояти худи ӯ ба дурустӣ идора мешуд.

Ҳар гоҳ халифаҳо баъд аз ҳазрати Умар (р) ҳамон сиёсат ва тадбиреро ки ӯ дошт медоштанд ва монанди ӯ маҷлиси хилофат медоштанд ва дар корҳои муҳими хилофат бо аҳли маҷлис дар миён мегузоштанд ва тасмими ниҳоиро мегирифтанд, бешак футуҳоти исломӣ ва дини ислом, ҷаҳонро мегирифт ва мусалламан он ҷангҳои дохилӣ, ки сабабгор ба тазъифи мусалмонон гардид, пеш намеомад ва давлати ислом ҳамон шавкат ва азамати беназири худро ва дини ислом ҳамон ваҳдат ва ҳамон сафо ва равнақи рӯҳонии худро барои ҳамеша ҳифз мекард.

Вале мутаассифона шуд он чи шуд ва ҷалол ва ҷилваи ҳукумати ислом бо вафоти он бузургвор тибқи шаҳодати таърих хотима ёфт. Қалби давлати ислом, то абад дарднок ва нолон шуд ва чашми дини ислом барои ҳамеша гирён ва ашкборон гардид, чунки дигар касе монанди он бузургвор барои онҳо аз модар назоид ва ҳаргиз намезояд.

Ба таърихи шаби ҷумъа бистусаввуми соли 1398 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо понздаҳуми муҳаррами моҳи 1356 ҳиҷрии шамсӣ.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *