Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Фасли Масҳ

Фасли Масҳ

Вал масҳу ъалал хуффайни суннатун.

Ва масҳ болои масҳӣ суннат асту ҷоиз аст.

Аз барои шахси муқим 24-соат ва барои мусофир 72-соат. Яъне баъди ин муддат масҳ ба охир мерасад. Ҷоиз будани масҳ ба суннат собит гаштааст ва касе инкор кунад мубтадиъ аст.

Ваттаровиҳу фи лаёли рамазона суннатун.

Хондани намози таровеҳ дар шабҳои рамазон суннат аст.

Зеро ҳазрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар шабҳои рамазон намози таровеҳ гузорида буданд. Гоҳо барои шафқати умматҳояшон тарк намуданд то ки воҷиб нагардад. Баъдан ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) ин корро барои ҷамъ кардани ҷамоъат ташкил намуданд. Ин ҳам суннат аст зеро ҳазрати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: Бар шумо лозим аст суннати ман ва суннати хулафои рошидин.

Вассалоту халфа кулли баррин ва фоҷирин минал мӯъминина ҷоизатун.

Ва хондани намоз аз қафои кулли мӯъмини неку бад ҷоиз аст. Шахсе тарк кунад намози ҷамоъатро аз рӯи имоми фоҷир назди аксари уламо чунин шахс мубтадиъ (ҷори кардани кори нав дар шаръ) аст. Саҳеҳ ин аст, ки намозро мегузорад ва иъода ҳам намекунад, чунончи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтаанд:

“Саллу ъала кулли баррин ва фоҷирин ва ҷоҳиду маъа кулли баррин ва фоҷирин. “

Ва инчунин гуфтаанд:

“Саллу халфа кулли баррин ва фоҷирин. “

Ҳар баду нек аз мусулмон гузашта бошад ҷанозаашро хонед ва инчунин аз қафои неку бад намозро гузоред, то ҷамоъати мусулмонон пароканда нашавад.

Аз ҳазрати Имоми Аъзам (разияллоҳу ъанҳу) пурсиданд, ки аҳли суннат вал ҷамоъат дар ин масъала ба чӣ ақида аст? ӯ дар ҷавоб гуфт, ки фазл донистани шайхайн, яъне (Абубакру Умар разияллоҳу ъанҳумо) ва дӯст доштани хатанайн, яъне (ду домоди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)) ҳазрати Усмон ва Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ва ҷоиз доштани масҳ бар мӯза ё масҳӣ ва гузоридани намоз қафои ҳар баду нек. Ҳамчунин қасри намоз ва нагирифтани рӯза дар сафар (ниг. сураи “Нисо” ояти 101 ва сураи “Бақара” ояти 184) ин аст ақидаи аҳли суннат вал ҷамоъат, ҷавоб дод он ҳазрат.

Ва ло нақулу иннал муъминина ло тазурруҳумуз занбу.

Ва гуфт ҳазрати Имом (раҳимаҳуллоҳ) албатта мо гуфта наметавонем, ки гуноҳ бар инсони мӯъмин зарару зиён надорад.

Агар баъди ҳосил кардани имону маърифат ҳам муртакиби гуноҳ гардад, бе зарару зиён намонад. Бинобар ин бояд истиғфор кунад.

Сарфи назар аз мақому мартаба шахси гуноҳ содир карда бояд ба истиғфор машғул бошад. Танҳо Паёмбарон аз гуноҳи кабира ва сағира поканд, на дигарон. Дар ин қавл иҷмоъи уммат ҳамақидаанд. Назди мазҳаби шиъа 12-имом низ поканду халос на дигарон, аз ҳамин сабаб онҳо аз қафои касе намоз намехонанд. Равияи “мурҷия” бошад мегӯяд, ки чун мӯъмин бо имонаш ҳамроҳ аст, ҳеҷ гуноҳе ӯро зарар нарасонад. Онҳо худро аз хавф амон гирифта ба “раҷо” (умеди том) гузаштаанд.

Аҳли суннат вал ҷамоъат бошад ба ин ақида аст, ки банда дар миёни “хавф” ва раҷо” қарор дорад.

Ҳар касе дар худ ё пираш ё устодаш чунин эътиқод дошта бошад ва ҳисоб кунад, ки содир кардани гуноҳ зарар надорад, ӯ аз аҳли суннат вал ҷамоъат набуда, балки аз аҳли шиъа ё мурҷия аст. Аз ин хотир ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд:

“Ло татрунӣ камо атрати-н-насоро Ъисо ва қулу ъабдуллоҳи ва расулуҳу”.

Сухани Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки дар мадҳу мартабаи ман аз ҳадди эътидод нагузаред, чунон ки насоро дар нисбати ҳазрати Исо мадҳ намуда аз ҳад гузаштаанд ва гумроҳ шуданд.

Дар ҳақиқат ҳеҷ ҷоиз нест, ки инсон як инсони дигарро, ки на набӣ асту на расул ба дараҷае бишиносад, ки гӯё он нафар ҳеҷ ҷурму гуноҳ, саҳву хато ва камбудие надошта бошад. Гоҳо бе далел мегӯянд дар нисбати касе, ки “ӯ биҳиштӣ аст”. Ин ҳеҷ гоҳ қобили қабул нест. Албатта ҳурмати касеро ба ҷо овардан, касеро азиз донистан аз рӯи одобу илму маърифаташ хуб асту лозим, вале ҳукми ғайбиро дар ҳаққи ӯ баровардан ҷоиз нест. Ва фаромӯш набояд кард, ки инсон сарфи назар аз илму донишу мақому мартаба байни “хавф” ва “раҷо” қарор дорад.

Вало нақулу аннаҳу ло ядхулуннора ва ло нақулу аннаҳу яхлуду фиҳо ва ин кона фосиқан баъда ан яхруҷа минаддунё мӯъминан.

Ва гуфта наметавонем, ки мӯъмини гунаҳкор дохили нор намешавад. Касе ки чунин ақида дорад ӯ дар мазҳаби “Мурҷия”, Мулоҳида” ва “Абоҳия” аст. Ва инчунин гуфта наметавонем, ки мӯъмини гунаҳкор доим дар нор мемонад. Агарчӣ фосиқ бошад ҳам аз дунё бо нури имон хориҷ шуда бошад, чунин соҳиби гуноҳтаҳти машияти Аллоҳ таъоло аст, ба шарте ки бо тавба рафта бошад. Чунин аст ақидаи аҳли суннат вал ҷамоъат.

Ва ло нақулу инна ҳасанотино мақбулатун ва сайиотино мағфуратун кақавлил мурҷиъа.

Ва чунин гуфта наметавонем, ки ҳамаи корҳои хубе ки кардем, покизаву мақбуланд. Ва гуфта наметавонем, ки гуноҳҳои мо ҳама омӯрзида шудаанд. Чунон ки равияи “мурҷия” медонанд.

Локин нақулу ман ъамила ҳасанатан би ҷамиъи шароитиҳи холиятан ъанил ъуюбил муфсидоти вал маъонил мубтилоти ва лам юбтилҳо бил куфри варриддати ҳатто хараҷа минаддуня мӯъминан фа-инналлоҳа таъоло ло юзиъуҳо бал яқбалуҳо минҳу ва юсибуҳу ъалайҳо.

Ва локин гуфта ва эътиқод карда метавонем, ки шахсе амали хайр кунад ба ҷамиъи шароити лозимиаш аз ибтидо то интиҳо ва орӣ бошад, он амалаш аз айбҳои фосидкунанда ва холӣ бошад аз маъниҳои ботилкунандаи ботинӣ ва инчунин он нафар аз ибтидо то интиҳои умраш дар худ куфру уҷбу риёро роҳ надиҳад ва гузашта аз ин таъкидан омада, ки он амалро аз ботилу фосид нигоҳ дорад ва ба ҳамин сифат аз дунё равад, пас албатта Аллоҳ таъоло он амалро зоеъ нагардонад. (ниг. сураи “Тавба” ояти 120 ва сураи “Оли Имрон” ояти 171) .

Аллоҳ таъоло ба фазлу карамаш ин амалро қабул мекунад ва ба муқтазои ваъда ва ҳукми худ ба шахси амали некро анҷом дода савобу аҷри некӣ медиҳад.

Ва мо кона минассайиоти дунашширки вал куфри ва лам ятуб ъанҳо соҳибуҳо ҳатто мота мӯъминан фаиннаҳу фи машиятиллоҳи таъоло ин шоа ъаззабаҳу биннори ва ин шоа ъафо ъанҳу ва лам юъаззибҳу биннори аслан.

Ва ҳар амал ки содир шавад (аз гуноҳе), ки ғайри ширк ва ғайри куфр бошад ва гуноҳ сарфи назар аз он ки ӯ сағир аст ё кабир, агар аз гуноҳи кардааш тавба накунад ва бетавба аз олам раваду бо нури имон бошад, пас албатта он шахс дар машияти Аллоҳ таъоло аст. Агар хоҳад Аллоҳ таъоло бо адли худ миқдори он гуноҳ он нафарро азоб мекунад ва агар хоҳад бо фазли худ ӯро афв намояд ва ба коми дӯзахаш надиҳад, балки ба ҷаннат маъвояшро арзонӣ дорад.

Дар ривояте омада, ки дӯзах дорои табақаҳои гуногун аст. Аз он яке омода карда шудааст аз барои мӯъминҳои гунаҳкор. Чун мӯъминҳои гунаҳкор муртакиби гуноҳшуда дар он табақа ба миқдори гуноҳҳояшон ҷазо мегиранд, ба фазлу карами Аллоҳ таъоло ва ба шафоати шафоаткунандагон аз он ҷо раҳо ёфта ба ҷаннат раванд. Пас он мавзеъ ба як макони беодам ба саҳро табдил мегардад. Аз ин ҷо чунин бар меояд, ки дар дӯзах ҳама бо ҳам омехта нестанд, балки гурӯҳ-гурӯҳ ва табақа-табақа қарор мегиранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *