Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Таҳлили мӯҳтавои хутбаи Абубакр(р)

Ин хутбаи таърихӣ аввалин хутбае аст, ки аввалин халифа ва фармонравои ҳукумати исломӣ пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) дар аввалин иҷтимои мусалмонон дар масҷиди Мадинаи мунаввара рӯи минбари муқаддаси расули Худо иброз ва хатти машйи сиёсии худро баён кард. Дар ин хутба ба хубӣ дида мешавад, ки халифаи мусалмонон ҳукумати исломиро комилан бар асоси демократия ва адолати иҷтимоӣ қарор дода аст, зеро:

Аввал: Мебинем, ки халифа ошкоро дар ин ҷамъомад мегӯяд: (Бо он ки фармонравои шумо ҳастам, вале худро аз ҷиҳати ин мақом ва мансаб беҳтар аз шумо намедонам).

Дуюм: Худро мутеи қонуни ислом (Қуръони Худо ва суннати Расулу-л-лоҳ (с)) медонад на ҷабркунанда ва диктотур. Аз ин хотир ошкоро ба уммат ҳақ дода, то бар аъмолаш на танҳо назорат намоянд, балки амалан дахолат кунанд. Чунон ки мегӯяд: Ҳаргоҳ (дар иҷрои умури уммат) бар тибқи аҳкоми Худо ва расулаш амал кунам, маро ёрӣ кунед ва дар ғайри ин сурат ҷилавгирӣ намуда, роҳнамоиям кунед.

Саввум: Умматро то онгоҳ вазифадор ба итоати амри худ намуд, ки ӯ тибқи қонуни ҳукумати ислом амал намояд, на худхоҳона ва бар тибқи ҳавои майли шахси худаш. Чунон ки дар хутбаи худ мегӯяд: (Маро фармон баред модом, ки Худо ва расулашро фармон барам.)

Халифа дар ин хутба ҳам умматро мукаллаф намуд, то мутеи халифа бошанд ва ҳам ба онҳо ҳақ дод, то ба кораш назорат ва мудохила намоянд, то он ки умури умумии уммати Муҳаммад (с) мувофиқи қонуни ҳукумати исломӣ анҷом ва равнақ гирад ва ҳаргоҳ дар коре бар хилофи қонун рафтор намояд, дасташро гирифта монеъ шаванд.

Чаҳорум: Афроди умматро аз ҳайси ҳуқуқи маданӣ дар муқобили қонун ва адолат баробари ҳам дониста аст, то он ҷо, ки мегӯяд: Барои татбиқи ҳақиқат ва рафъи зулм фарқе намедонад, ки ситамгар тавоно бошад ва ситамдида нотавон, ё баракси он бошад, зеро асоси судури ҳукм, қонун ва адолат аст. Ҳадаф аз судури ҳукм иҷрои адолат ва муҳофизати ҳуқуқи афроди уммат аст ва он чи набояд дар ин бора ба назар овард, ҳамон тавон ва нотавонии тарафайни қазия аст.

Панҷум: Барои ҳифзи ҳуқуқ ва корҳои ҷамъият ва муҳофизати дин ва посдори аз марзҳои кишвар ва густариши адолати иҷтимоӣ ва нашри дини Худо, уммати Муҳаммадро ба шуҷоат ва салаҳшурӣ даъват ва тарғиб менамояд, бидуни он ки дар иҷрои ин амри муҳимме, ки бақо ё аз кор рафтани халифа дар ихтиёри ин қудрат қарор мегирад, худ ва барои бақои худ шароите пешбинӣ намояд, то шолудаи (бунёд, асос, поя) бақои худро зери сояи ин қудрат мустаҳкам кунад. Зеро мусаллам аст, ки ҳамин қувва аст, ки агар хост халифа бимонад, хоҳад монд ва ҳаргоҳ ирода кунад набошад, наметавонад бимонад.

Халифаи мусалмонон дар охири хутбаи худ комилан дилбастагии худро нисбат ба уммат нишон медиҳад. Онҳоро ба ахлоқи ҳасана даъват менамояд. Аз дурӯғ ки фасоди фардӣ ва иҷтимоии зиёде дар бар дорад, барҳазар медорад. Онҳоро ба ростгӯӣ, ки яке аз хасоиси азими инсонӣ ва маншаи ҳусули итминон ва лозимаи ҳаёти ҳар фард ва ҳар қавме аст, тарғиб менамояд ва ба илова авоқиби хонумонсӯзи фаҳшо ва маъсиятро ба онҳо таззакур медиҳад, то бипарҳезанд ва бад-инсон ҷомеаи исломӣ, як ҷомеаи фозила ва ороста ба камолоти инсонӣ, ҷомеае, ки шоистаи ҳаёти матлуб ва қобиляти таҳаррик, тараққӣ ва пешрафт дошта бошад, дар байни худ ба вуҷуд оваранд.

Дар ин ҷо:

Дар ин ҷо андаке тааммул мекунем ва аз худ мепурсем: Оё хилофати ҳазрати Абубакр(р) бар асоси шӯро анҷом гирифт? Оё ин моҷаро, ки дар Сақифаи Бани Соида сурат гирифт ва мунтаҳӣ ба байъат бо он ҳазрат гардид (шӯро) маҳсуб мешавад ва барои интихоб ва таъини халифаи мусалмонон кофӣ буд?

Оре, хилофати ҳазрати Абубакр (р) бар асоси матини шӯро сурат гирифт ва он чи дар Сақифа гузашт, (шӯро) буд. Ин шӯро чунон ки баён мешавад, комилан саҳеҳ ва барои интихоби халифа ва байъат бо ӯ кофӣ буд.

Возеҳ аст, ки шароит ва дастурамали шӯро ҳамеша бояд мутобиқи масолеҳ ва муқтазоёти замонӣ ва маконийи ҳар миллате қабул ва тадвин гардад ва низ мусаллам аст ки масолеҳи ҳар миллате дар тӯли таърихи вуҷудашон яксон нест, балки бо тараққӣ ё таназзули авзоъ ва аҳволи иҷтимоии онҳо ва бо шиддат ва заъфи салоҳи маънавӣ ва амонат ва дурусткории онҳо махсусан бо тафовути мизони шоистагӣ ва маориф ва маълумоти онҳо фарқ мекунад, аз ин рӯ барои ҳеҷ миллате имкон надорад нисбат ба ҳеҷ мавзӯе аз мавзуоти иҷтимоии худ, як ойиннома ва дастурамали оддӣ ва тағйирнопазир барои худ тадвин намояд. Махсусан дар бораи шӯро, ки сарнавишти онҳо тамоми ҷанбаҳро аз хатти машйи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, дифоъ ва умури дохилӣ то корҳои байналмилалӣ ва ғайраро таъин менамояд, ин амр ғайри мумкин аст.

Пас ҳар миллате дар ҳар даврае аз давраҳои ҳаёти худ бояд бо таваҷҷӯҳ ба авзоъ ва хусусияти иҷтимоъии худ ва тибқи талаботи замонӣ ва маконии худ ва бо риъояти шароит ва имконоти умумии худ қонун ва оинномаи шӯро ё ҳар қонун ва оинномаи дигареро барои худ тадвим ва бар асоси он амал намояд. Аз ин сабаб аст, ки на дар Қуръони карим низомномае барои амалӣ кардани шӯро зикр шуда ва на ҳазрати Расули Худо (с) дар ин бора дастурул-амале ба уммати худ дода аст, то чунонам гуфтем ҳар миллате аз миллатҳои исломӣ дар ҳар даврае ҳар таври салоҳи ҳоли худ бидонад низом ва қонуне барои эҷоди маҷлиси шӯро дар назар бигирад ва ба ҳар наҳве (тарзе), ки маслиҳаташ иҷоб намояд шароите барои тасвиби (савоб дид) қонунҳои маданӣ, ҷазоӣ ва дигар ва дигар умури иҷтимоъии худ, ки дар шӯро тарҳ (пешниҳод) мешавад раъйпурсӣ намояд. (Он чи ки аз аҳкоми маданӣ, ҷазоӣ ва ё ҳар ҳукми дигаре, ки дар Қуръон сариҳам (ошкоро) зикр шудааст ва ё тибқи аҳодиси набавӣ баён шудааст, мусалмонон ҳақ надоранд бар асоси шӯро тағйиру табдиле дар онҳо ҷорӣ намоянд, магар ин ки мувофиқи қоъидаҳои усулӣ, маҷоле (имконият маврид) барои иҷтиҳод дар онҳо бошад.

Пас чун мусалмонони садри ислом аз ҳайси сидқигуфтор, салоҳирафтор, саломат ва сафои қалб, дар имон ба ҳақ, фурутанӣ дар муқобили ҳақоиқ ва риояти комили ҳуқуқи башар, дар мақом ва манзалате буданд, ки назар ба мавҷуди хокӣ ба фариштагон шабеҳтар буданд ва гузашта аз ин умури ҳукумати онҳо ибтидоӣ ва хеле содда буд, шӯрои онҳо бар ҳасби иқтизои ҳамин авсофи ҳасана ва хислатҳои шоиста, ки доштанд, хеле содда ва мухтасар сурат мегирифт. Дар айни ҳол барои ҳифзи масолеҳашон дар муҳите комилан рӯҳонӣ, босафо ва содиқона, комилан кофӣ буд. Шӯрое, ки хилофати ҳазрати Абубакр (р) дар он ба тасвиб расид, дар муҳити ҳамон авзои рӯҳонӣ ва сидқу сафо, ки гуфтем, ташкил ёфт ва аҳли шӯро, мардони муъмин ва содиқ ва солеҳ аз муҳоҷирон ва ансор буданд, ки Қуръони карим тибқи ояи 100 сураи Тавба онҳоро ситуда ва ба салоҳ ва ҳусни сират ва рафторашон гувоҳӣ дода аст ва он бехтарин гувоҳ аст, Қуръони карим чун мефармояд:

Сухани Худо:

«Муъминони собиқини аҳди аввали зуҳури ислом, ки иборатанд аз муҳоҷирон ва ансор ва онон, ки дар некӣ пайрави онҳо шуданд, Худо аз ҳамаи онҳо хушнуд аст. Онҳо низ аз Худо хурсанданд ва Худо барои онҳо боғҳое фароҳам сохта аст, ки дар онҳо ҷӯйҳо ҷорӣ аст ва онҳо дар ин ҷо ҷовидонанд ва ин аст растагории бузург.»

(Сураи Тавба, ояи 100)

Ҳамчунин Қуръон дар ояи дигаре дар шаъни ин мардуми шариф мефармояд:

Сухани Худо:

«Ононе ки имон оварданд ва (барои ҳифзи ақида ва имонашон аз шаҳрашон) ҳиҷрат карданд ва (барои пешрафти дини Худо) бо душманони дин ҷангиданд (яъне муҳоҷирон) ва ҳамчунин ононе, ки (муҳоҷиронро дар шаҳри худ ва дар хонаҳои худ) ҷой доданд (ва расули Худоро барои пешрафти дин ва пешбурди ҳадафи муқаддасаш) ёрӣ намуданд (яъне ансор) ин ду гурӯҳи бузург, муъмини ҳақиқианд.»

(Сураи Анфол, ояи 74)

Оре, ҳаминҳое, ки Худо ба насси Қуръони карим онҳоро ситуда ва аз онҳо розӣ ва онҳо низ аз Худо розӣ буданд ва растагории басе азиме доштанд ва Худо онҳоро дар Қуръони маҷид тибқи ояти аввал аҳли биҳишт ва тибқи ояи дуввум, муъмини ҳақ дониста аст, аҳли шӯрое буданд, ки Абубакр (р)-ро бар курсии хилофати исломӣ шинонданд.

Оё чунин мардуме, ки салоҳ ва имони онҳоро Худо таъйид кард ва дар насси сареҳи Қуръони осмонӣ ситуда шудаанд, имкон дорад, ки ғаразварзи намуда, тобеи ҳаво ва мутеи ҳаваси нафсонии хеш бошанд ва касеро бидуни лаёқат бар дигарон тарҷеҳ диҳанд ва ӯро ба ноҳақ ба хилофат баргузинанд? Албата не, зеро вақте чунин амре имконпазир аст, ки шавад Қуръон дар зикри авсоф ва хасоиси онҳо ба хато рафта аст. Мусаллам аст, ки ҳеҷ мусалмоне ҳатто суст имон ҳам чунин гумоне намекунад, то чи расад ба ин ки чунин ақидае дошта бошад.

Натиҷагирӣ

Бинобар ин хилофати ҳазрати Абубакр (р) аз ҳар ҷиҳат ҳақ буд ва бар асоси шӯро сурат гирифт ва ин шӯро мутобиқ ба авзои он рӯзи уммати Муҳаммад (с) ва дар он асри тиллоии сидқу сафо ва дар шуои ақида ва имон анҷом гирифт ва комилан кофӣ буд, зеро сарони ансор ва сарварони муҳоҷирон, ки авсофи ҳар ду гурӯҳ дар Қуръон ба некӣ зикр шуда дар як маҳал ҷамъ шуданд ва барои интихоби халифа ба музокира ва ба истилоҳи имрӯзӣ, ба муборизаи интихоботӣ, пардохтанд. Ҳар як аз гурӯҳи ансор ва муҳоҷирон бо якдигар ба ҷидол пардохтанд, далели худро дар муҳити ором баён карданд ва дар ниҳоят далели муҳоҷирон мавриди дастгирии ансор воқеъ гардид ва таслими пешниҳоди муҳоҷирон шуданд ва натиҷатан чунон ки хондем, оғози маҷлиси шӯро ҷуз чанд нафаре аз ансор, ки дар ақалият буданд бо хилофати Абубакр (р) мувофиқат намуданд ва дар ҳамон маҷлис бо ихтиёри худ бо он бузургвор байъат намуданд. Як рӯз баъд аз ин байъат низ умуми саҳобаи гиромии Расулу-л-лоҳ (с), ки Абубакр (р) -ро ба хубӣ мешинохтанд ва ӯро лоиқи ин мансаби муҳим медонистанд, дар масҷиди Мадина дар ҳоле, ки Абубакр (р) рӯйи минбари Расулу-л-лоҳ (с) нишаста буд, бо ӯ байъат карданд.

Пас хилофати ҳазрати Абубакр (р) ибтидо ба василаи интихоби аҳли шӯро ва байъати онон дар маҷлиси шӯро ва баъдан бо байъати умумии мусалмонон дар масҷиди Мадина ки маркази ҳукумати ислом буд, анҷом пазируфт ва барҳақ буд.

Посух ба як шубҳа

С: Оё назар ва тасвиби (раъй) ин иддаи андак, ки дар шӯро ҳозир буданд, барои интихоби халифа кофӣ буд ва интихоби ин идда, ки нисбат ба маҷмӯи уммати Муҳаммад (с) унвони ақаллиятро доштанд, барои бақияи афроди уммат, ки ҷанбаи аксарият дошта ва ғоиб буданд, тақдирсоз ва қобили қабул аст?

Ҷ: Чунон ки қаблан гуфтем дар он замон дастурамале барои шуро тадвин нашуда буд, ки шароите барои он муқарар ва иддаи интихобкунандагонро таъин намояд то гуфта шавад интихоб ва байъати ин идда дар шӯро ба ҳади нисоб нарасида буд, бинобар ин ҳузури он иддаи ҳозир дар шӯро кофӣ ва тасвиб ва интихоби онҳо саҳеҳ ва барои соири афроди уммат қобили қабул буд ва чи далели қавитар аз фармоиши ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб, ки ба муҷиби хутбаи 374-уми «Наҳҷу-л-балоға» дар тайиди ин матлаб сариҳан мефармояд: «Эй мардум, ҳамоно, ҳақтар аз ҳама кас барои мақоми хилофат, он касе аст, ки барои идора кардани умури хилофат тавонотар ва ӯ ба амри Худо дар умури хилофат донотар бошад, ҳаргоҳ касе пас аз ҳусули байъат ба мухолифат бархост, то фитна ангезад, бояд ӯро насиҳат намуд ва аз ӯ хост то даст аз фитна кашида таслим шавад ва агар боз исрор намояд ва таслим нагардад, дар ин сурат лозим аст барои хомӯш намудани оташи фитна бо ӯ ҷангид, ба ҷонам қасам, агар чунин бошад, ки хилофат танҳо дар сурате по бигирад, ки ҳамаи афроди уммат дар як ҷо ҷамъ ва ҳамаи онҳо дасти байъат бидиҳанд, пас ҳаргиз ҳеҷ роҳе барои анҷом гирифтани хилофат нахоҳад буд. (Зеро имкон надорад ҳамаи мардум барои интихоби халифа дар як вақт дар як ҷо ҳозир шаванд) пас барои таъйини халифа ҳузури иддае лозим аст, ки аҳлияти интихоб намудан дошта бошанд ва ҳамин ки онҳо касеро ба хилофат баргузиданд ва бо ӯ байъат карданд, интихоби онҳо ҳалкунанда ва ҳукм бар касоне аст, ки ғоиб буда, дар он ҷо ҳозир набошанд. Онон ки дар шуро ҳозир будаанд, ҳақ надоранд аз фикри худ баргарданд ва онон, ки ғоиб будаанд ва дар маҷлиси шӯро ҳозир набудаанд, ҳақ надоранд ба узри ин ки дар шӯро ширкат надоштаанд, каси дигарро баргузинанд ва бо ӯ байъат кунанд».

Арзёбии суханронии Алӣ ибни Абутолиб дар боби тарзи интихоби халифа

Тавре ки мебинем ҳазрати Алӣ (к.в.) дар гуфтори худ, ки дар бораи хилофат баён фамуда аст, тасреҳ карда, ки интихобшаванда бояд беш аз дигарон шавкат (обрӯ) ва қудрат дошта бошад, то битавонад ба дурустӣ бар авзоъ тасаллут пайдо кунад ва ба хубӣ аз ӯҳдаи анҷоми умури муҳимми хилофат барояд. Дар иҷрои аҳком ва умури Худо дар муҳити хилофат ва сиёсати мамлакат донотар аз дигарон бошад ва низ шарт карда, ки интихобкунандагон бояд аҳлияти интихоб намуданро дошта бошанд, вале ҳадди нисобе барои таъдодашон таъин нафармуда аст. Сипас сариҳан мефармояд ҳамин ки ин идда, ки аҳлият доштанд бо касе байъат карданд, барои худи онҳо ва мардуме, ки дар шӯро ҳозир набошанд ба ҳадде лозим аст, ки на худи онҳо ҳақ доранд аз фикри худ баргарданд ва на дигарон ҳақ доранд бар мухолифат бархоста, бо каси дигар байъат кунанд, ҳаргоҳ касе оташи фитна барафрӯзад ва мухолифат намояд, бояд ӯро насиҳат кард ва ба роҳ овард ва агар боз ҳам ба якравии худ идома диҳад, бояд бо ӯ ҷангид (ва хунаш мубоҳ аст).

Бо таваҷҷӯҳ ба фармоиши ҳазрати Алӣ (к.в.) хилофати ҳазрати Абубакр (р) бо байъати ҳамин идда, ки дар шӯро ҳозир ва байъат карданд кофӣ буд, зеро ҷамоати муҳоҷирон ва ансор бо ӯ байъат карданд ва онҳо ҳам бо таввҷҷӯҳ ба сароҳати он ду ояи муқаддасаи Қуръони карим, ки дар баландии шаън ва манзалаташон нозил гардида аст, мардуме буданд мӯъмини ҳақ ва худотарс ва биҳишатӣ ва бадеҳӣ аст, ки чунин мардуме аҳлияти интихоб намуданро доштанд.

Интихоби мӯъминоне, ки мавриди қабул ва дастгирии Худованд ҳастанд

Мумкин аст гуфта шавад саҳеҳ аст, ки муҳоҷирон ва ансор ба муҷиби насси (ояти) Қуръони карим мӯъмини ҳақ ва худотарс ва биҳиштӣ буданд, вале аз куҷо маълум шуд, ки барои интихоб кардани халифае,ки сирфан ҷанбаи сиёсат ва тадбири мулк ва мамлакат дорад, аҳлият доштаанд?

Ҷавоб.

Аввалан: Чунин мардуме^ ки тибқи насси сареҳи Қуръон ончунон буданд, имкон надорад иқдом ба коре кунанд, ки набояд бикунанд, вагарна на мӯъмин ҳақ ва на мавриди ризои Худо ва на биҳиштӣ мебошанд, ва ҳол он ки Худо онҳоро ба ин авсофи бас муҳим сутуда аст. Пас иқдоми онҳо ба ин амри муҳимми иҷтимоӣ саҳеҳ ва ҳақ ва ҳалкунанда мебошад.

Сониян: Ҳазрати Алӣ (к.в.) пас аз хутбаи шашуми «Наҳҷулбалоға» сариҳан таъйид намуда, ки муҳоҷирон ва ансор аҳлияти интихоб намудани халифаро доранд. Дар ин бора чунин фармуда аст:

Шӯро ҳаққи муҳоҷирон ва ансор мебошад, ҳар гоҳ онҳо дар интихоби фарде бо ҳам тавофуқ намуданд ва ӯро эмом хонданд, ин амр мавриди ризо ва хушнудии Худо аст.

Бинобар ин илова бар ин, ки аз авсофи ҳасанаи онҳо маълум мешавад, ки аҳлияти интихоб намудан доштаанд, ҳазрати Алӣ низ бо таваҷҷуҳ ба сифатҳои Қуръонии онҳо сариҳан фармуда аст, ки фақат онҳо ин ҳақро доранду бас.

Интихоби Абубакри Сиддиқ (р), ҷилавгирӣ аз ошуби бузург

Дар хотимаи ин мабҳас бояд ба ин матлаб ба хубӣ таваҷҷуҳ дошт, ки чунон ки қаблан зикр шуд ду тоифаи Авс ва Хазраҷ дар Сақифаи бани Соида ҷамъ шуданд ва бар сари таъйини халифа бо якдигар рақобат карданд. Сарони муҳоҷирон низ ба Сақифа ворид ва ба нафъи худ ба онҳо ба гутфугӯ пардохтанд ва ба ин гуна се тоифа аз Авс, Хазраҷ ва муҳоҷирон дар муқобили якдигар қарор гирифтанд. Ҳар як ба нафъи худ ба муборизаи интихоботӣ бархостанд. Ҳатто корашон ба мушоҷара ва низоъ кашид то он ҷо, ки Ҳаббоб ибни Мунзири Ансорӣ шамшер кашид ва дар ниҳоят ҳар ду тоифа- Авс ва Хазраҷ таслими назари муҳоҷирон гардиданд ва ҷуз Саъд ибни Убодаи Ансорӣ, ҳамаи онҳо дар ҳамон маҷлис бо ҳазрати Абубакр(р) байъат карданд.

Ҳаргоҳ бо ин вазъе, ки пеш омада буд, қазияи хилофат дар ҳамин маҷлис хотима намеёфт ва аз имрӯз ба фардо меафтод, мусалламан фурсати муносибе, ки ба даст омада буд, аз даст мерафт ва имконоти саҳл ва осоне барои бурузи афкоре падид меомад ки кори ҳар се тоифа ба задухурди мусаллаҳона ва фитна ва ошӯби дохилии мусалмонон мекашид.

Магар надидем, ки Ҳаббоб дар ҳамин маҷлис ансорро ба шӯриш таҳрик кард ва шамшер кашид ва агар фавран шамшерро аз дасташ намегирифтанд, ҳама ошуфтаи фитна ва фасод мегашт ва кор аз маҷрои табиъи хориҷ мешуд ва ба ҷойи мушкиле мерасид, ки ҳалли он ҷуз бо ҳукми шамшер ва найза имкон надошт. Натиҷаи ин низоъ ва ҷанги дохилӣ ҷуз бадбахтӣ, бечорагӣ ва тақвияти душмани хоирҷӣ чизи дигаре набуд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *