Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Китоби руза

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Бародар ва хоҳари азиз дар ин боб бо изни Худованд аз фарзияти рӯза фоидаю одобҳои он баён хоҳем кард, ки рӯзаи медоштаи мо дар назди Худованд қабул бигардад. Худованди таъоло барои уммати Муҳаммадй рӯзаи моҳи шарифи рамазонро фарз гардонидааст, то ки аз азоби дӯзах наҷот ёбем ва ба ҷаннати Худованд дохил бигардем.

Фарзияти руза

Рӯзаи моҳи рамазон аз рукнҳои чаҳорумини ислом шуморида мешавад ва дар бораи фазилат ва савоби он дар Қуръони карим ва аҳодиси Паёмбар алайҳиссалом бисёр зикр шудааст, чуноне ки Худованд фармудааст:

«Ёайюҳал лазина оману кутиба алайкумус сиёму камо кутиба ъалал лазина мин қабликум лаъаллакум таттақун»сургм Бақара, ояти 183.

Яъне, (Эй шахсоне, ки ба яккаву ягонагии Худованд имон овардаед барои шумо рузаи моҳи рамазон фарз гардонида шуд, чуноне ки фарз шуда буд бар умматони пешинаи аз шумо, албатта шумоёнро рӯзадорй ба тақвою худотарсй тайёр мекунад). Ҳамчуноне, ки

Паёмбар алайҳиссалом фармудааст:

«Ман сома рамазона имонан ваҳтисобан ғуфира лаҳу мо тақаддама мин занбиҳи»

равоху Бухорй ва Муслим.

Яъне касе, кн рӯзаи моҳи Рамазонро бо имон ба ҷо орад ва савобашро аз Худованд талаб бикунад, гуноҳҳои пеш кардаи ӯ бахшида мешаванд.

Бародар ва хоҳари азиз, албатта рӯза ибодатест, ки

Худованд ба ҳар як муслиму муслимаи болиғу оқил фарз гардонидааст. Рӯза доштан фоидаҳои бисёре дорад ва барои шумо баъзеи инҳоро бо изни Худованд зикр хоҳем кард.

Аз фоидаҳои руза

1. Ба ҷо овардани амри Худованду расулаш.

2.Истироҳат кардани ҷиҳози ҳазмй ва меъда аз машаққатҳое, ки доимо дар амал буд.

3.Тоза шудани ҷисм аз микробҳои зиёдатй.

4. Рӯза тарбияткунандаи нафс ва ба хайру тоъату сабру низом ҷалбкунанда мебошад.

Аз одоби рузадорӣ

1.Саҳариро дар охири вақт кардан то дамидани субҳ.

2.Баъд аз саҳарй кардан ба сӯи масҷид равона шудан барои адо намудани намоз ҳамроҳи чамоъат.

3.Бо зикр ва хондани Қуръони карим машғул шудан.

  1. Рузаро аз амалҳо ва қавлҳои фосидкунанда нигоҳ донгган(яъне инсони рӯзадор бояд худро аз суханҳо ва амалҳои бад нигоҳ дорад) агар шахсе ӯро дашном диҳад гӯяд, ки ман рӯзадор ҳастам.
  2. Дар вақти ифтор бо дуо машғул шудан, зеро ки ин вақт вақти иҷобати дуо мебошад.

6.Бисёр нахӯрдани таом дар вақти ифтор кардан, то ин ки ба саломатй зарар накунад.

7.Намози таровеҳро бо ҷамоат хондан, то ки аз аҷри бузурги он сазовор бигардад чуноне ки Паёмбар алайҳиссалом фармудаанд:

«Ман қома рамазона имонан ваҳтисобан ғуфира лаҳу мо тақаддама мин занбиҳи» равоҳу Бухорй ва Муслим.

•Вайрон кунандаҳои руза

1 .Дар рӯзи рамазон қасдан хӯрдан ё нӯшидан. Аммо хӯрдан ё нӯшидан фаромӯшона ё маҷбурона рӯзаро намешиканад, чуноне ки паёмбар алайҳиссалом фармудаанд:

«Ман насия ва ҳува соимун фаакала ав шариба фалютимма савмаҳу фаиннамо

атъамаҳуллоҳу ва СақОҲу» равоҳу Бухорй ва Муслим.

Яъне агар шахси рӯзадор фаромӯшона бихӯрад ё бинӯшад рӯзаашро давом бидиҳад (яъне, рӯзаи ӯ комил

аст) албатта Худованд ӯро хӯрондаву нӯшонидааст.

2.Суханҳон бад ва ғайбат кардан ё дашном додани каси дигар..

  1. Бо зан дар рӯзи рамазон хуфтухоб кардан. (Шахсе агар дар рӯзи рамазон бо зани худ хуфтухоб кунад бар ӯ тавба кардан ва додани кафорат фарз мешавад. Кафорат: ду моҳ пайдарпай рӯза допгган ё 60 мискинро таом додан ё ин ки ғуломеро озод кардан аст аз ин се навъ якеашро ихтиёр карда иҷро мекунад).
  2. Қасдан қай кардан. Бинобар қавли паёмбар алайҳиссалом, ки гуфтаанд:

«Манистақоа фаалайҳи қазоун»

Яъне воҷиб мегардад қазогй бар шахсе, ки қасдан қай бикунад.

  1. Ҳайзу нифос. Агар зан ҳайз ё нифос гардад воҷиб мешавад барои ӯ қазогй агар чй камтар пеш аз ифтор воқеъ шуда бошад.

Бо ҳамин таълифи китоб ва тарҷима ба охир расид аз Худованд умед дорем, ки ин амалҳои моро холис бар ваҷҳи худ бигардонад ва аз ин китоб хонда истифода бурданро ба ҳар яки монасиб гардонад. Омин.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *