Фанни Таърихи точикон

Таърихи оли Бармак

Манбашиносӣ ва таърихнигории мавзуъ

Аз оғози зуҳури ислом то имрӯз садҳо хонадонҳо дар кишварҳои исломӣ бархоста, ки ҳар кадом тавонистанд ба василаи кордонӣ ва ташкилотчигӣ мавқеи худро дар ҳукумат пурзур созанд. Акнун бояд бидонем, ки кадом нависандагони тоҷику-форс таърихи Бармакиёнро омӯхта дар асарҳои худ зикр кардаанд.

“Сиёсатнома”- и Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ, ки бо тахаллуси Низомулмулк машҳур аст роҷеъ ба вазирони номдори даврони худ менависад: Рӯзе Сулаймон ибни Абдулмалик зиёфат дод ва дар онҷо бузургон ва сарони хилофат ҳозир буданд ва ӯ ба сухан омада гуфт: малики ман Сулаймон ибни Довуд агар бештар нест камтар ҳам нест, илло онки ӯро бар деву парӣ фармон буд, маро нест ва аз ганҷ ва таҷамили кишвар ва фармонравоӣ, ки имрӯз марост дар ҳама ҷаҳон касеро нест. Яке аз бузургони ҳозирбуда ӯро гуфт, ки беҳтарин чизе, ки дар мамлакат бояд подшоҳро будааст малики мо надорад гуфт: он чист? Он вазире, ки дархурди ту бошад надори. Гуфт чӣ гуна? Гуфт: ту подшоҳ ва подшоҳзодаи вазир ҳам вазирзода бояд бошад, то даҳ падари ӯ вазири карда бошанд. Гуфт: дар ҷаҳон вазире бад-ин сурат ки ту ёд карди ба даст ояд? Гуфт: ояд. Гуфт куҷо? Гуфт: ба Балх . Гуфт: он кист? Гуфт :Ҷаъфар ибни Бармак аст, ки падарони ӯ то ба Ардашери Бобакон вазир буданд. Навбаҳори Балх, ки оташкадаи қадим аст барояшон муққадас будааст. Чун ислом падид омад ва малик аз хонадони Аҷам бирафт. Падарони ӯ ба Балх мақом гардиданд ва ҳам онҷо бимонданд, вазорат эшонро мерос аст ва китобҳое аз тартиб ва сири вазорат ниҳода, ки чун фарзандони эшон хат ва адаб биомӯхтанд, он китоб ба дасташон доданд, то ба василаи он мақом гирифтанд.

[1]Дигар муаррих Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ менависад: Давлати Бармакӣ аз соли 97(ҳиҷрӣ) оғоз шуд ва аввалини эшон Ҷаъфари Бармакӣ буд, ки ба Балх машҳур буд ва аз тухми Гударз ва дастури Ардашери Бобакон аст ва навад сол ин хонадон вазири кардаанд. Аз эшон панҷ кас вазорат кардаанд. Масъудӣ менависад: Оташкадае, ки мавриди эҳтироми эрониён буд Озарахш ном дошт. Дар забони форсӣ оташи Озар ҳам мегуянд вахш — яъне пок покиза. Ва ҳар вақт шоҳе ба тахт менишаст пиёда ба зиёрати он макон мерафт ва мардум армуғон ба назди оташкада мебурданд. Ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ дар китоби худ “Булдон” менависад: Набаҳор аз биноҳои Бармакиёни бутпараст буд, ки пас аз иттилоъи шаҳри Макка ва хонаи Каъба ва дини Қурайш ва араб ин буткадаро дар Балх сохтанд ва эрониён ба онҷо мерафтанд, тӯҳфаҳо ва ҳадяҳои гаронбаҳо тақдим мекарданд ва бутҳоро бо порчаҳои абрешимӣ зиннат медоданд. Дар чаҳор тарафи ин бино 360 утоқ барои иқомати мардумон ва парастандагон сохта будаанд ва ҳар яки ин мардумон дар як сол як бор ба хизмати маъбад мепардохт. Шоҳони Чин пайрави ин мазҳаб буданд ва ҳангоми зиёрат дар баробари бути бузург ба хок афтода, саҷда мекарданд. Масуъдӣ дар китоби дигари машҳури худ “Муруҷ-уз-заҳаб” роҷеъ ба буткадаҳо ва оташкадаҳои Эрон менависад: Чаҳорумин буткада Навбаҳор буд, ки Манучеҳр подшоҳи Эрон ба номи Моҳтоб дар шаҳри Балх иқлими Хуросон барпо сохт ва ҳар касе мутавалии он мешуд ӯро Бармак мегуфтанд. Ин увони ҳар яке аз мутавалиёни Навбаҳор буд ва аз инрӯ ба номи Бармак шӯҳрат ёфтааст. Ҷаҳонгарди араб Ёқути Ҳамавӣ роҷеъ ба буткадаи Навбаҳори Балх чунин менависад: Навбаҳор дар Балх низ аз биноҳои Бармакиён буд, ки дар чаҳор тарафи он бутҳо барпо дошта ва порчаҳои дебову абрешим онҳоро зинат медоданд. Одати Бармакиён ин буд, ки ҳар вақте дарвозаи тозае ё айвоне месохтанд онро бо дастаҳои гули тозаи райҳон ороиш медоданд. Ва муъбадони бузургро Бармак ва аз назари ташбеҳон ба хонаи Каъба муъбадро фарзандони Макка мегуфтанд. Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ дар китоби “Осор-ул-билод” менависад: Балх муҳимтарин шаҳрҳои Хуросон аст ва Манучеҳр онро бино ниҳод ва Навбаҳор аз бузургтарин буткадаҳо дар ин шаҳр буд. Муаррихи дигар Шаҳобуддини Амрӣ дар китоби худ “Қомуси улум ва фунун” менависад: Ҳафтумин буткадаи Эрониён Навбаҳор буд, Манучеҳри Ҳирбадӣ (пешвои дини зардуштӣ) онро дар шаҳри Балх сохт, ва ситорапарастон барои парастиши моҳ ба онҷо мерафтанд ва мутавалии онро Бармак мегуфтанд. Шоҳони эронӣ Навбаҳор ва мутавалии онро бисёр эҳтиром мекарданд. Дар пештоқи ин маъбад ба форсӣ навишта шуда буд: Луҳроспшоҳ гуфта, ки дар бораи подшоҳон ба се хислат ниёзманданд хирадмандӣ, шикебоӣ ва дороӣ. Муаррихи англис Корол Лойл чи хуб мегӯяд: Аҳамияти таърихи гузашта аз таърихи муосир ба маротиб бештар аст, зеро русум ва одат ойини ҳар қавмро беҳтар мушаххас месозад. Сулаймон ибни Абдумалик мегӯяд: Ӯ гуфт малики ман бештар аз Сулаймон аст, мусоҳибонаш гуфтанд вазире, ки бо ин [2]ҳама мамолик назди ту нест. Аз вазирон Ҷаъфар ном ҷавоне сокини Навбаҳори Балх аст ва ӯро бояд талабид. Мулки Аҷам оташкадае бо номи Навбаҳор дар Балх доштанд, ва дар давраи густариши ислом он оташкада бартараф шуд, аммо зери назорати Бармакиён буд. Ҷаъфар мусалмон шуд аз улумҳои арабӣ, ҳисоб, нуҷум ва ғайра баҳраманд буд. Сулаймон ӯро назди худ талабид, ва умури вазоратро ба ӯ бахшид. Эшон аз авлоди Ҷомосп буд ва Бармак лақаби Ҷаъфар ибни Ҷомосп буд. Аз ин гуфтаҳо ба чандин нуқтаи таърихӣ нигоҳ меандозем.

1. Ниёгони Ҷаъфар аз вазирони Сосониён буданд. 2. Оташкадаи Балх, ки биноҳои муҳими Бармакиён буд, Навбаҳор ном дошт. 3. Бармакиён аз наводаҳои Ҷомоспи Ҳаким буд ва худи ӯ вазири машҳури Луҳросби Кайёнӣ буд ва Ҷаъфари Балхӣ низ аз ҳамон дудмон ва лақаби ӯ Бармак будааст. Ӯ улуми ҳисоб ва кимиёро ба хуби медонист (дар дудмони Бармак фақат як нафар ба номи Ҷомоспи Ҳаким будааст) 4. Дар он, ки лақаби мутавали оташкадаи Балх ё номи Навбаҳор Балх Бармак буда, мадорики таърихӣ, ки дар дастраси Фирдавсӣ, Низомулмулк ва Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ буд мутаасифона аз миён рафта аст. Фақат аз ин бузургон ривоятҳо монда аст. Балозурӣ дар китоби “Футуҳул Булдон” менависад: Балх дар соли 30 ҳиҷрӣ ба фармондеҳии Аҳнаф ибни Қайс ва Абулло ибни Омир кушода гардид ва фармонбардор шуд. Ин шаҳр солона чаҳорсад ҳазор динор ба унвони хироҷ ба кишваркушоён пардохт мекард. Балозурӣ фатҳи Балхро як воқеъаи беаҳмият шумурда ва роҷеъ ба Навбаҳор ва Бармакиён ба тафсил напардохта аст. Дар ҳоле, ки бисёре аз муаррихони эронӣ ва [3]Араб метавонистанд, ки тавлиди Навбаҳор дар баробари хироҷи солона ба Ҷаъфар вогузор шуда буд. Ёқутӣ менависад: Мутавалии Навбаҳори Балх хироҷ мепардохт баъд ислом овард Абдулло номида шуд, он гаҳ наздикон ва фарзандонаш ба Балх бозгаштанд. Балх то замони халифаҳои рошиддин шаҳри обод буд, вале пеш аз ҳамлаи Чингиз рӯ ба таназзул ниҳод. Дар хусуси калимаи бағ Хоразмӣ дар китоби машҳури худ “Мафотеҳ-ул-улум” навишта кардааст: Бағ назди эрониён ба маънои Худо, пешво ва подшоҳ аст. Эрониён бутҳоро эҳтиром мекарданд ва аз онҳо ҳоҷат металабиданд, ва ҳар бутро бағ ва бутхонаро бағистон мегуфтанд. Роҷеъ ба ҷойгоҳи Холид ибни Бармак дар хилофат муаллифи “Таърихи Фахрӣ” чунин менигорад: Холиди Бармакӣ аз бузургони давлати Аббосӣ марди донишманд, бузургвор, ҳушёр ва дурандеш буд ва ӯро Саффоҳ ба вазорат баргузид. Масъудӣ дар бораи маҷлисҳои илмие, ки Яҳё ташкил мекард чунин менависад: Яҳёи Бармакӣ аз соҳибназарон буд, анҷуманҳо дар хонаи худ ташкил медод, ки донишмандони улуми калом аз мусалмонон ва ғайри мусалмон дар он иштирок мекарданд.

Асари муаллифи гумном “Ҳудуд-ул-олам” роҷеъ ба шаҳри Балх, ки баромади Бармакиёнро ба он шаҳр мутааллиқ медонанд чунин овардааст: Балх шаҳре бузург аст ва хуррам ва мустаққари хусравон будааст андар қадим. Ва андар вай биноҳои хусравон аст бо нақшҳо ва коркардҳои аҷаб ва вайрон гашта. Онро “Навбаҳор” хонанд. Ва ҷои бозаргонон аст. Ва ҷое бисёрнеъмат аст ва ободон ва боркадаи Ҳиндустон аст. Ва ӯро рӯдес бузург, аз ҳудуди Бомиён биравад ва ба наздики Балх ба дувоздаҳ қисм гардад ва ба шаҳр фуруд ояд. Ва ҳама андар кишту барзи рустоҳои ӯ ба кор шавад. Ва онҷо турунҷ ва норанҷ [4]ва найшакар ва нилуфар хезад. Ва ӯро шаҳристонест бо бораи муҳкам ва андар рабази ӯ бозорҳои бисёр аст.

[5]Муаррихи машҳур Ибни Халдун дар китоби худ “ Таърихи Ибни Халдун” дар хусуси хонадони Бармакиён овардааст. Ин муаррихи бузург сабабҳои суқути ин хонадони бонуфузро ҷудо карда онҳоро шарҳ дода аст. 1. Вақте ки Ҳоруннарашид барои сулҳ кардан бо Яҳёи Алавӣ ӯро ба Бағдод даъват мекунад, аммо ӯро дастгир карда ба Ҷаъфари Бармакӣ месупорад то, ки Яҳёро дар қасраш зиндони кунад, вале Ҷаъфар Яҳёро озод мекунад ва ин хабарро Ҳоруннарашид шунида хашму ғазабаш нисбати Бармакиён зиёд мешавад.

2. Яке аз рӯзҳо Ҷаъфар ба дидорбини халифаи замон меравад ӯ бе ягон огоҳи ба ҳузури халифа медарояд ва ин боиси хашми халифа мешавад.

3. Ифшо шудани моҷарои Ҷаъфар бо Аббоса ки сабаби аслии суқути хонадони Бармакиён шуд. Шарқшиноси машҳури Рус В.В. Бартолд доир ба шаҳри Балх, ки баромади хонадони Бармакиёнро ба ин шаҳр мансуб медонанд дар асри худ “ История Туркестана” чунин менависад: Замини пурбаракат ва ниҳоят ҳосилхези воҳаи руди Балхоб, ҷойгоҳи шаҳрҳои тиҷорати корвон бо Ҳиндустон фаъолияти меҳнатӣ ва эҷодии мардуми пурбаракат ва мавқеи марказӣ дар сарзаминҳои тоҷикон ба нашъунамои сиёсӣ ва иқтисодии Балх мусоидат намуданд.

Яқубӣ навиштааст: Шаҳри Балх шаҳри бузургтари Хуросон аст ва подшоҳи Хуросон “ Шоҳтархон” дар инҷо манзил дошт ва он шаҳре аст боазамат, ки бар он ду бора ( девори ҳисор- Н.Т) бораҳо пушти бораҳо: ва дар даврони пешин бар он се бора буда аст ва онро шаҳри Балх васати (миёнаи- Н.Т) Хуросон аст”. Зеро ба ақидаи Яқубӣ Балх аз Фағона, Рай, Систон, Кобул, Қандаҳор, Хоразм дар масофаи якхелаи баробар ба сӣ манзил ҷой гиоифтааст.

Шаҳристонҳои Балх чор дарвоза дошт. Аз ҷумла дар алоқаманди ба маҳаллаҳои тоҷирони ҳиндӣ ва яҳудӣ яке аз дарвозаҳо “ Боби Ҳиндувон” ва дигаре “ Боби Яҳудон” ном доштанд. Бозорҳо дар шаҳристон ва рабаз амал мекарданд. Аз биноҳои Балх қабл аз ислом Навбаҳор- маъбади буддоӣ бо гунбази андозааш дар 100 оринҷ ( 1 оринҷ = 0,5 метр- Н.Т) ва роҳравҳои болопӯши ду паҳлӯяш кушода ва қаторсутундор бошкӯҳ буд. Дар атрофи бино 360 ҳуҷра барои ходимони дайр ҷой доштанд. Навбаҳор дар асри YII ва он вақт аз ҷониби зоири буддоӣ Сюан Тзан тасвир шудааст. Мудирияти Навбаҳор бар зиммаи хонадони Бармакиён буд.

Дар манбаҳои хаттӣ аз шаҳрҳои сарзамини Балх номҳои Бағлон, Хулм, Самангон, Сакалганд, Валувилиз, Ҳавза, Орҳан, Рован, Торкон, Ҷирм, Хасия ва Бунҷаҳор сабт шудааст. Дар давраи ҳукумати Ҳайтолиён аз сарзаминни Балх шаҳрҳои Бомиён ва Толиқон марказҳои давлат ба ҳисоб мерафтанд.[6]

  1. 1Муҳаммад Абдуразоқи Конпурӣ. Бармакиён Яҳё, Фазл Ҷаъфар ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дастгоҳи хулафои Аббосӣ – Теҳрон: китобхонаи Саноӣ 1300

  2. Муҳаммад Абдуразоқи Конпурӣ. Бармакиён Яҳё, Фазл Ҷаъфар ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дастгоҳи хулафои Аббосӣ – Теҳрон: китобхонаи Саноӣ 1300

  3. Муҳаммад Абдуразоқи Конпурӣ. Бармакиён Яҳё, Фазл Ҷаъфар ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дастгоҳи хулафои Аббосӣ. – Теҳрон: китобхонаи Саноӣ 1300

  4. Муҳаммад Абдуразоқи Конпурӣ. Бармакиён Яҳё, Фазл Ҷаъфар ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дасгоҳи хулафои Аббосӣ – Теҳрон: Китобхонаи Саноӣ 1300

  5. Муҳаммад Абдуразоқи Конпурӣ. Бармакиён Яҳё, Фазл Ҷаъфар ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дастгоҳи хулафои Аббосӣ – Теҳрон: китобхонаи Саноӣ 1300

  6. Турсунов Н. Таърихи Тоҷикон. Хуҷанд-2001

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *