Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Дида шудани Худованд дар Охират

Дида шудани Худованд дар Охират

Валлоҳу таъоло юро фил охирати ва яроҳул мӯъминуна ва ҳум фил ҷаннати би аъюни руъусиҳим било ташбиҳин вало каммийятин. Вало якуну байнаҳу ва байна халқиҳи масофатун.

Худованди таборак ва таъолоро дар охират дида мешавад. Дар ин масъала аҳли суннат вал ҷамоъат иттифоқанд. Зеро ин дар Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ворид шудаву собит гардидааст. Агар мӯъминон дидори Аллоҳ таъолоро намедиданд, пас дар Қуръони маҷид бандагони рад шударо сарзаниш ва ҳушдор дода намешуд, ки фардо чун Аллоҳ таъоло ҷамоли ҷаҳонорои худро нишон диҳад, пеши онҳоро пардае ҳиҷоб мегардад ва онҳо рӯи холиқи худро намебинанд. Мӯъминон ба дидори холиқи худ мушарраф мегарданд беташбеҳу монанд ва бекайфияту бе камият. Яъне ҳайъату манзарашро гуфта наметавонем.

Мо фақат гуфта метавонем, ки Худои худро дар ҷаннат ба чашми сар мебинем. Ва инчунин нест миёни Аллоҳ таъоло ва халқаш масофаи дуру наздик ва на баҳам часпида ва аз ҳам ҷудо. Ончиро ки ақл тақозо дорад дар ин боб мо инро нафӣ (сарфи назар) мекунем ва ончиро нақл собит мекунад, мо ҳамонро собит медонему имон меорем. Ин ҳам аз ҷумлаи муташобиҳот аст аз рӯи ҷиҳат, миқдор ва чигунагӣ. Албатта хабар мисли муояна нест барои рӯъяти (дидани) Парвардигор (ниг. сураи “Юнус” ояти 26).

Аз Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳадисе омада, ки он дар “саҳеҳи Муслим” ривоят шудааст:

”Ҳарвақто ки дохил шавад аҳли ҷаннат ҷаннатро, Аллоҳ таборак ва таъоло мегӯяд: “Ирода доред чизеро, ки ман ӯро бароятон зиёда созам”.Пас мегӯянд аҳли ҷаннат, ки оё сафед накардӣ рӯйҳои сиёҳи моро бо наҷот додани мо аз нор ба дохили ҷаннат гардонидан? Расулуллоҳ идома медиҳад: ”Пас мебардорад пардаро аз рӯи аҳли ҷаннат ва назар мекунанд ба сӯи Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ва мебинанду мефаҳманд, ки ҳеҷ чизе хубтар аз назар ба сӯи ҷамоли Парвардигор дар ҷаннат надода будааст.»Беташбеҳу бекайфияту беҷиҳат. Валлоҳу аълам.

Ҳаст ашхосе, ки мегӯянд Худовандро дар хобамон дидаем ва дигару дигар дар китоби мӯътабар “қозихон” дар ин боб омада, ки сухан дар ин мавзӯъ набояд бошад. Зеро дар ин масъала сухан кардан ба хурофот мебарад.

Имон

Вал имону ҳувал иқрору ват тасдиқу.

Ва имон (боварӣ) иқрор ба забону ва тасдиқ ба дил аст.

Ҳазрати Имом разияллоҳу анҳу мегӯяд, ки ба як иқрори забонӣ имон ҳисоб намешавад. Агар ин имон шуморида мешуд, мунофиқон ҳамаашон мӯъмин ҳастанд.Ва инчунин шинохтану тасдиқ ба дил ҳам ба танҳоӣ имон ҳисоб намеёбад. Агар ин дуруст мебуд, пас ҳама аҳли китоб ҳам мӯъмин ҳисоб меёфтанд. Худованди мутаъол мегӯяд, ки:

”Мунофиқон дурӯғгӯй ҳастанд дар сухани худ”.

Зеро назди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада рӯякӣ, яъне ба забон имон оварданашонро иқрор намуданд, вале ба дилашон тасдиқ нанамуданд.

Ва аҳли китоб бошад китоби Худо ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро мешинохтанд, вале иқрор нанамуданд. Бинобар он, ки Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба дил шинохтану иқрор накарданд, ба онҳо манфиате аз ин намерасад.Зеро онҳо якравӣ карда гуфтанд, ки ин Пайғамбар барои арабҳо фиристода шудааст. Ҳол он ки собит аст Паёмбари мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам на танҳо барои мардуми араб, балки барои тамоми рӯи замин, чӣ инсу ва чӣ ҷин ба сифати паёмбар ирсол гардидааст. Ҳамин тариқ аҳли китоб як навъ иқрор ҳам карданд, локин холисан не.

Бидон азизам, ки хубтарини рукни имон, ки ҳеҷ вақт эҳтимоли нест шуданро надорад, ин тасдиқ ба дил аст дар ҳаққи мусулмон. Локин иқрор бо забон ин шарти имон ё шатри (нисф ё ҷузъ) имон ва як рукни хубе аз имон аст. Аз ҳамин ҷиҳат дар ҳолати “икроҳ” (маҷбурӣ) муваққатан соқит мешавад. Масалан агар лафзан на қалбан барои наҷоти нафсаш калимаи куфрро зоҳир кунад, кофир намешавад. Ин ба он хотир рӯй додааст, ки хавфи ҳалоки нафс пайдо шуд, барои дур кардани ҳалоккунандаи нафсаш дар ҳолати “икроҳ”зоҳиран на қалбан чунин амал ҷоиз аст. Ин бе ҳеҷ ваҷҳ бадал кардани эътиқод нест (ниг. сураи “Наҳл” ояти 106), аммо бадал кардани эътиқоду имон дар ҳолате рӯй медиҳад, ки инсон қодир аст ва имкон дорад, ки калимаи куфрро ё розигии худро ба куфр надиҳаду нагӯяд, локин мутаассифона гуфту кард, кофир мегардад. Ана инро метавон бадали эътиқод гуфт.

Вақто ки як рукни асосии имон аз дасти он инсон рафт, пас он шахс бояд аз сари нав калимаро арза кунад ва дигар шарту шурутро ба ҷо биёрад.

Имон он аст, ки инсон тасдиқ ба дил дошта бошад, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паёмбари бар ҳақ аст ва ҷамиъи ҳукмҳо ва рукнҳо, ки ба он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҷониби Аллоҳ таъоло омадааст қабул дорад ва ба қадри тоқат ба ҷо меорад. Агар чунин гӯяд, пас он инсон аз ӯҳдаи имондориаш муҷмалан ва гуфта метавонад, ки ман мӯъминам. Локин дараҷаи имони муҷмал аз имони муфассал пасту поён нест.

Агар шахсе имони муҷмалро бар забон ронад, вале ба воҷиб будани намоз ё ҳаром будани хамр ва монанди инҳо тасдиқ надошта бошад, он шахс кофир аст. Зеро, ки воҷиб будани намозу ҳаром будани хамру хуку зино ва дигарро ҳатто оммаи халқ медонанд ва барои донистани ин мӯҳтоҷ ба далелу бурҳон ҳам нест. Мисли воҳид будани Аллоҳ таъоло. Аммо иҷтиҳодиётро агар мункар шавад кофир нест (иҷмоъан).

Аз ин ҷиҳат ҳазрати Имом (раҳимаҳуллоҳ) гуфт, ки “Ал имону иқрорун ва тасдиқун” дар давоми суханаш бил мӯъману биҳиро илова накард. Зеро иқрор ба забон шарти иҷрои аҳкоми дин аст дар дунё ва тасдиқи қалб як амри ботинист. Пас барои амри ботинӣ зарур аст аломати зоҳирӣ. Шахсе тасдиқ ба қалб дорад, аммо иқрор ба забон надорад ӯ назди Худованд маълум аст, на ин назди шаръи шариф.

Ва шахсе тасдиқ ба дил надорад, вале иқрор ба забон дорад мисли мунофиқон аст. Баръакси гуфтаи боло назди шаръи шариф қабул аст, аммо назди Худованд қабул нест (ниг. сураи “Муҷодала” ояти 22, сураи “Наҳл” ояти 106, сураи “Ҳуҷурот” ояти 14).

Ба ривояти ҳадиси Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Тирмизӣ, Насоӣ, ибни Моҷа ва дигарон ба мо расида, ки вақте Усома касеро кушт, он шахс калима арза мекард. Чун хабар ба Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расид, аз Усома пурсид, ки «чаро ӯ калима арза карду вайро куштӣ?” Усома гуфт: Вай аз тарс калимаро ба забон овард. Расулуллоҳ гуфт: ” Оё дили вайро шикофта дидӣ, ки дурӯғ мегуфт ё рост?” Бинобар ин, шариъат ба зоҳир менигарад.

Ва имону аҳлисссамавати вал арзи ло язиду вало янқусу мин ҷиҳатил мӯъману биҳи ва язиду ва янқусу мин ҷиҳатил яқини ват тасдиқи.

Ва имони аҳли самовот аз малоика ва аҳли ҷаннат ва замин ва анбиё ва ҷамиъи мӯъминин аз накӯкорону бадкорон на зиёд мешавад ва на кам аз рӯи мӯъману биҳи (он чизе, ки имон оварданд ба ҳамон чиз зарур аст). Ва зиёду кам мешавад аз ҷиҳати яқину тасдиқ.

Зеро тасдиқ мувофиқи таҳқиқӣ набошад дар мақоми гумон ҷой мегирад. Дар мақоми эътиқод гумон фоидарасон нест. Чунки Аллоҳ таъоло мегӯяд: ”Гумон аз ҳақ чизеро беҳоҷат гардонида наметавонад”. Дар ҳақиқат аз ҳайсияти асли тасдиқ имон зиёд ва кам намегардад. Ҳама баробар аст. Баъди тасдиқу иқрор боз яқину тасдиқи айнӣ лозим аст. Дар ин мартаба инсонҳо гуногунанд ва аз ин ҷиҳат имонашон зиёду кам мешавад. Масалан баъзе инсонҳо “мӯъманубиҳи”-ро ҳаққуляқин тасдиқ мекунанд, баъзе дигар ба таври “ъайналяқин”тасдиқ месозанд. Онҳо дар дин комил шудану динро комил карданашон ба ҳам баробар нестанд. Чунончи ҳазрати Иброҳим ъалайҳиссалом гуфт: ”Ай Парвардигор маро бинмой, ки чи гуна мурдаро зинда мегардонӣ”. Худованд ба ӯ гуфт: Оё бовар надорӣ ба ин?” Ҳазрати Иброҳим ъалайҳиссалом гуфт: «Бовар дорам, аммо мехоҳам дилам ором бигирад».

Далели дигар ин аст, ки масалан мо баромадани офтоб ва офарида шуда будани олам бовар дорем. Ин ҳарду ба бовариамон даромадааст. Аммо тасдиқи мо ба тулӯъи офтоб бештар аст. Чунки онро ҳар рӯз мушоҳида мекунему айналяқин тулӯъи офтобро тасдиқ мекунем.

Агар мардум ҳама соҳиби дарахти имонанд, вале он дарахт аз рӯи баргу мева, обу пӯст, мағзу ранг, бӯю таъм ва навдаю шоха ва дигар ҷиҳат як хел ва ба ҳам баробар нест. Аз ин хотир мо гуфта наметавонем, ки имони мо мисли имони ҳазрати Абубакр разияллоҳу анҳу аст. Ва низ ба таври қатъӣ медонем, ки имони кулли уммат мисли имони ҳазрати Пағамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам нест. Зеро ҳеҷ кас дар яқин, виқор, субот, ирфон ва ғайра ба Паёмбарамон саллаллоҳу алайҳи ва саллам баробар шуда наметавонад.

Ҳазрати Имом Муҳаммад разияллоҳу анҳу гуфта, ки ман макрӯҳ меҳисобам агар гӯям, ки имони ман мисли имони ҳазрати Ҷабраил ъалайҳиссалом аст. Ва аммо баробарӣ дар имон ба ин тарз сурат бигирад, ки бигӯй имон овардам ба ончи ки имон овард ҳазрати Ҷабраил ъалайҳиссалом. Чаро ки имони мо аз ягон ҷиҳат дар ибтидои амал ва чи дар интиҳои амал монанди имони ҳазрати Ҷабраил ъалайҳиссалом шуда наметавонад.

Хулоса зиёд ва кам шудани имон ба эътибори қувват ва заъиф яқин доштани инсон вобаста аст. Тоъату ибодат бошад ин самараи имон аст ва натиҷаи яқин кардани инсон умури шаръиро ва нуронӣ сохтани дил бо нури ирфонии Аллоҳ таъоло аст. Бар хилофи гуноҳ, ки дилро сиёҳ ва муҳаббати Худоро заъиф месозад.

Дар исён доим будан мумкин аст, ки инсонро ба зулумоти куфр бикашад. Зеро такрори гуноҳи сағира инсонро ба сӯи гуноҳи кабира мекашад ва кабира ба сӯи куфр. Ҳамин аст муқтазои мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоъат.

Аз Худо талаб дорем офият ва ҳусни хотимаро.

Вал муъминуна муставуна фил имони ваттавҳиди мутафаззилуна фил аъмоли.

Ва ҷамоъати мӯъминҳо ҳама дар асли имону тавҳид баробаранд. Аммо дар амал бошад аз ҳамдигар фарқ доранд. Дар ин ҷо ҳазрати Имом имону тавҳидро пай дар пай зикр кардааст. Зеро куфр бо ҳамроҳи имон мисли кӯр бо ҳамроҳи бино аст. Албатта он имон эътибор дорад, ки ҳамроҳаш тавҳид бошад.

Агар имон бошаду тавҳид набошад, ё ки тавҳид бошаду олуда ба чизҳои мамнӯъ ба мисли фикру хаёлҳои ношоям дар тоъату ибодат, ингуна имон ҳам суде надорад. Ин бо он монанд аст, ки нури чашми инсон кам мегардад, албатта пӯшида нест, ки чашми камнур мисли чашми солиму пурнур намебинад. Имон ва тавҳиди олуда ба шубҳаву гумону дудилагӣ низ ҳамин тавр аст.

Аз ин хотир ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки имони ман мисли имони ҳазрати Ҷабраил ъалайҳиссалом аст. Балки тавре дар боло гуфтем метавонад бигӯяд, ки имон овардам ба ончи ки ҳазрати Ҷабраил ъалайҳиссалом имон овардааст. Ҳамчунин гуфтан ҷоиз нест, ки имони ман мисли имони ҳазрати Абубакр ё Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ё ҷамиъи анбиё (бар ҳамаи онҳо салоту салавот) аст. Масалан: ҳама дар гуфтани калимаи тавҳид баробаранд, аммо дар баҳра бурдан аз нури имон дар як мартаба қарор надоранд. Нури калимаи тавҳид дар дили аҳлуллоҳ чунон маъво гирифта, ки чигунагии онро танҳо Худованд медонад. Дар баъзе мисли шамс (офтоб), дар баъзе мисли моҳ, дар баъзе мисли ахтари рахшон, дар баъзе дигар монанди машъали бузург ва дар баъзе чун чароғи хира ва монанди инҳо қарор дорад.

Имони касе пурнуру равшантар аст, ки тавҳидаш бузургу қавӣ ва бе нуқсон аст. Тавҳид ҳар қадар, ки пурнуру қавӣ бошад, нури он шубҳаву гумону хаёлоти мағшуши нолозимро сӯзонда дур мегардонад. Барои дур кардани шаҳавот, шубҳаву гумон ва ҷумла бадиҳо, дар комил сохтани тавҳид меҳнату кӯшишу ғайрату дурандешии бисёр лозим аст. Вале баъзеҳо инро саҳл мепиндоранду даст ба амалҳои зидди тавҳид мезананд. Аз ин ҷост, ки ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтаанд:

“Инналлоҳа таъоло ҳаррама ъала-н-нори ман қола ло илоҳа иллаллоҳу ябтағӣ бизолика ваҷҳаллоҳи”.

Ва дар ҳадиси дигар омада, ки:

“Ло ядхулу-н-нора ман қола ло илоҳа иллаллоҳу”.

Албатта Аллоҳ таъоло оташи дӯзахро барои касе, ки “Ла илаҳа иллаллоҳ” гуфта бо ибрози ин калима ризои Парвардигорро таманно кардааст, ҳаром ҳукм фармуда. Ва дар ҳадиси баъд омада, ки дохил намешавад норро гӯяндаи “Ла илаҳа иллаллоҳ”. Ва монанди ин ҳадисҳо бисёранд.

Мардум дар фаҳми ин ҳадисҳо ба мушкилӣ дучор омадаанд. Баъзеҳо гумон карданд, ки ҳадисҳои мазкура мансуханд (яъне амал ба онҳо манъ шуда) ва баъзе дигар ақида карданд, ки онҳо пеш аз омадани амру наҳй ворид шудаанд. Аммо гурӯҳи дигар чунин ҳукм бароварда, ки гӯяндаи калима бо мушрикону кофирон дар як ҷо қарор намегиранд. Шориҳҳое гуфтанд, ки бинобар итлоқ ин ҳадисҳо гуфта намешавад. Зеро далелҳои бисёр мавҷуд аст, ки мӯъминони гунаҳкорро дидани нор ногузир аст. Танҳо баъд аз шафоати шафоаткунандагон ба розигии Аллоҳ таъоло аз нор наҷот меёбанд.

Ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро уламои киром чунин таъвил кардаанд: Ин дар ҳаққи шахсе гуфта шудааст, ки калимаи тавҳидро ба забон ронда онро ба амали солеҳ зинат бахшида бошад. Ё ки ба тамоми сидқ ва қатъияти том гуфта бошаду филҳол ҷон дода бошад. Ё муқтазои калимаро ғолиб оварда бошад.

Зеро, ки инсони муваҳҳид амал мекунад ба тоат ва аз маъсият парҳез месозад. Ё мурод аз ҳаром гардонидани оташ ин буда, ки бо доштани ин калима, дар оташ нигоҳ доштанаш доимӣ ҳаром аст.

Агар ба зоҳири ин ҳадис амал кунем, пас нуфуси оятҳое, ки барои фароиз ва ҳудудро чӣ ҳукм мекунем? Хулоса ин аст, ки дар асли имон мӯъминон баробаранд ва дар амал бо ҳам баробар набуда, тафовут доранд. Чаро ки ҳазрати Имом (раҳимаҳуллоҳ) мегӯянд, ки амал ғайри имон аст ва имон ҳам дар навбати худ ғайри амал аст.

Ба далоиле дар бисёр вақт амал аз мӯъмин бардошта мешавад. Вале гуфтан нашояд, ки ҳамзамон дар ин вақт имон ҳам аз ӯ бардошта мегардад. Барои дарки ин нуқта чунин мисол меорем: Дар ҳангоми ҳайз дидан барои занон гузоридани намоз ва гирифтани рӯза манъ аст. Яъне баъзе ибодатро тарк месозанд. Вале имони инҳо дар онҳо боқӣ мемонад. Гуфтан ҷоиз нест, ки бо бардоштани амал аз онҳо имон ҳам бардошта мешавад. Соҳиби шариат занро гуфта, ки рӯзаро дар айёми ҳайз тарк кун, баъд онро қазо медорӣ ва ӯро нагуфта, ки тарк соз имонро баъд қазоияшро медорӣ. Дуруст аст бигӯем, ки фақиру камбағалро закот додан нест, вале гуфта наметавонем ки фақирро имон нест. Хулосаи гуфтаи боло бар қавли аҳли суннат вал ҷамоъат амал ғайри имон аст. Амал на ҷузъе аз имон ва на рукне аз рукнҳои имон аст.

Чунон ки дар ояти карима омадааст, “Омину ва ъамилу”(сураи “Шуъаро”ояти 227) имон биёред ва амал кунед, чунки амал самараи имон аст. Валлоҳу аълам биссавоб.

Ислом

Вал ислому ҳуват таслиму вал инқиёду лиавомириллоҳи таъоло фа мин тариқил луғати фарқун байнал имони вал исломи. Валокин ло якуну имонун било исломин. Вало юҷаду исломун било имонин фаҳумо казаҳрин маъал батни.

Ислом ботинану зоҳиран ва ба ҷону дил фурӯтанӣ қабул ва иҷрои амрҳои Аллоҳ таъолоро гӯянд. Яъне супурдани худ ба ислом ва ба ҷой овардани фармудаҳои он ба қадри тоқат.

Аз рӯи луғат байни имону ислом фарқият вуҷуд дорад. Зеро имон дар луғат тасдиқ ва ислом маънои таслим шуданро дорад (ниг. сураи “Юсуф” ояти 18).

Таъкидан мегӯем, ки ислом мутлақи фармонбарӣ, яъне пазируфтани ҳама амрҳо, ки аз сӯи Аллоҳ таъоло ба василаи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мо расидааст ва амал намудан аз рӯи онҳост.

Гарчанде чунин аст, вале дар шариати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам имони беислом эътибор надорад. Яъне инқиёди ботинӣ бе инқиёди зоҳирӣ суде надорад. Пас зарур аст, ки имону ислом бо ҳам ҷамъ карда шавад ва на ба мисли аҳли китоб рафтор кард, ки гуфтаанд: Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паёмбар аст, вале танҳо паёмбари арабҳост, на паёмбари мо. Онҳо ҳақиқатро донистанду аммо аз рӯи инод чунин гуфтанду дар ислом сар фуруд наоварданд.

Инчунин Ислом бе имон ба даст намеояд. Ин таъкид аст барои ибораи аввал. Кадоме пеш гузашта шавад боке нест, имону ислом, ислому имон. Ҳарду ба мисли пушту шиками инсонанд, ки бе яке аз ду инсон шуда наметавонад. Ба мисли ҳамин имон бе ислом ва ислом бе имон дини ҳақиқӣ шуда наметавонад. Ҳардуро якҷо бояд ҷамъ намуд ва якҷо бо ҳам дид. Ин ду яке бе дигараш ҳақиқат надорад. Ҳақиқати онро ҳазрати Имом разияллоҳу анҳу бо мисоли боло ба мо равшану возеҳ баён намудааст. Пас зарур аст фикру андешаву таъбиру тадбир, ки ислом ъалония аст дар зоҳир ва имон бошад сиррест, ки дар қалби мӯъмин маҳал дорад. Ва самараи ӯро ва будани онро дар зоҳир ба ислом мушоҳида кардан мумкин.

Ваддину исмун воқиъун ъалал имони вал исломи вашшароиъи куллиҳо.

Дин ба таври мушаххас бигӯем мураккаб аст аз имону ислом ва фармудаҳои шариат.

Бо ибораи дигар бигӯем касе тасдиқ ба дил, иқрор ба забон, амал ба аҳкому аркони дин, ва қабули анбиё ъалайҳимуссалом ва дигар аҳкоми шариатро дорад, метавон онро инсони диндор гуфт. Ҳамаи инро дар маҷмӯъ метавон дин гуфт, вале дар алоҳидагӣ онҳоро дин гуфтан нашояд. Дини Аллоҳ таъоло дар замину осмон як аст, ки он Ислом аст. Он на аз ҳад гузашта ва на кам гашта, на чизе беҳудаву бекор ва на ба чизе ташбеҳ дорад, он байни ҷабр ва қудрат қарор гирифтааст. Яъне на аз қудрати инсон боло ва на бар ӯ ҷабр аст. Ва байни амну яъс аст. Мӯтақиди дин дар амну раҷо нест. Ва инчунин дар яъс ҳам нест. Яъне набояд дар чунин ҳол буд ва нагӯяд, ки Худованд маро дигар намебахшаду, ҳалок шудам. Зеро ҳанӯз дари тавба баста нагардидааст. Пас ба умеди наҷот бояд тавба намуд. Хулоса аз раҳмати Парвардигор ноумед набояд шуд ва аз ғазаби вай битарсаду дар хавф буд.

Дини тамоми Паёмбарон як аст, ки он асли тавҳид шиносист, аммо шариташон гуногун (ниг. сураи “Моида”ояти 48).

Наърифуллоҳа таъоло ҳаққа маърифатиҳи камо васафаллоҳу нафсаҳу фи китобиҳи би ҷамиъи сифотиҳи.

Мешиносем Аллоҳ таъолоро он гуна, ки ҳаққи шинохтан ба ҳасби он ки банда қуввату қудрати шинохтани Худои худро дорад. Албатта қудрати банда кифоя нест барои ба пуррагӣ шинохтани Офаридгор. Вале ҳамчунон ки Аллоҳ таъоло худро дар китобаш бо ҷамиъи асмову сифатҳояш муаррифӣ кардааст банда ҳам ӯро ҳамон гуна мешиносад. Аз ин беш набояд тафаккур дар зоти ӯ кард, зеро ҳақиқати зоти Аллоҳ таъоло аз доираи ақли инсон боло меистад. Аз ин хотир чунин ворид шуда, ки сари ҳар масъалае фикр рондан ҷоиз аст, вале дар зоти Аллоҳ таъоло хомӯшӣ беҳтар аст. Зеро вай “Лайса камислиҳи шайъун” аст. Аз ҳамин сабаб дар ин боб восифони ҷамолаи зоташ гуфтаанд, ки “мо ъарафнока ҳаққа маърифатика”, зеро инсон қудрати идрок ва иҳотаи сифати Аллоҳ таъолоро то нуқтаи охир надорад.

Ва ла яқдиру аҳадун ан яъбудаллоҳа таъоло ҳаққа ъибодатиҳи камо ҳува аҳлун лаҳу.

Ва нест бандае, ки лоиқ бошад ба ҷо биёрад он ибодатеро, ки Аллоҳ таъоло сазовор аст. Зеро банда аз бардавомии шукру зикру ҳамду санову ва ғайра оҷиз аст. Банда қудрати ҳисоби неъматҳои Офаридгорро надорад, кай тавонад аз ӯҳдаи шукргузории онҳо барояд.

Аз ин рӯ дар ояти 102-уми сураи “Оли Имрон” омада, ки:

“Ё айюҳа-л-лазина аману-т-тақуллоҳа ҳаққа туқотиҳи”.

Ва он бо ояти 16-уми сураи “Аттағобун”.

“Фаттақуллоҳа мастатаътум” мансух шудааст, зеро дар адои ҳаққи тақво ҳатто асфиё оҷизанд.

Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тақворо тафсир кардаанд, ки тақво дар дил аст. Ва се мартаба ба сӯи синаи худ ишора карданд. Ҳамчунин илова намуданд, ки: (итоат карда шавад исён наварзад, шукр кунад, зикр созаду куфрони неъмат накунад ва Худоро аз ёд набарорад). Ин ҳадис аст, ки аз аҳли ҳадис саҳеҳ омадааст. Аҳли тақво ва мағфират танҳо Худованд аст. (сураи”Тағо- бун” ояти 16) .

Ҳеҷ кас наметавонад гӯяд, ки ман ҳаққи ибодати Аллоҳ таъолоро ба ҷо овардам.

Локиннаҳу яъбудуҳу би амриҳи камо амара бикитобиҳи ва суннати расулиҳи.

Ва лекин банда ибодат мекунад ба амри Аллоҳ таъоло. Мисли ибодате, ки дар китоби худ ва суннати расули худ амр кардааст: оҷизона барои адои ҳаққи худ анҷом медиҳад.

Зеро он саноеро, ки Аллоҳ таъоло барои нафси худ мегӯяд, ҳеҷ аҳаде онро ҷамъ кардаву ба ҷо оварда гуфта наметавонад.

Ва яставил мӯъминуна куллуҳум фил маърифати вал яқини ват таваккули вал муҳаббати вар ризои вал хавфи вар раҷои вал имони фи залика. Ва ятафавватуна фимо дунал имони фи залика куллиҳи.

Ва баробаранд ҳамаи мӯъминҳо дар маърифат ва яқин донистани амри дин ва дар таваккал кардан ба Аллоҳ таъоло на ба ғайри ӯ. Ва дар муҳаббати Аллоҳу Расулаш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дар ризо ба тақдиру қазо ва дар хавф будан аз азобу уқубаташ ва дар умед кардан ба ризо ва савоби Аллоҳ таъоло ва эътиқод доштан ва боварӣ намудан.

Дар асли ончи зикр шуд ва асли имон, ки тасдиқу иқрор аст, мӯъминҳо баробаранд. Аммо дар фазли ғайри тасдиқу иқрор бинобар мухталиф будани мақоми аброр (инсонҳои накӯкор) дар барпо намудани аҳкоми шаръӣ, чӣ зоҳиран ва чӣ ботинан аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ҳатто фуҷҷору бадкор дар исёну гуноҳ содир намудан аз ҳамдигар низ тафовут доранд. Ҳамаи инсонҳо дар ҳама умур як хел нестанд. Ё баробарии инсонҳо шояд аз ин хотир бошад, ки Худованд инсонҳоро баъди ба балоғат расониданашон ба донистан, ба эътиқоду боварӣ доштан ва амал намудан таклиф кардааст, аз инҷо ҳамаи онҳо мукаллафанду баробар.

Дар боло дар боби хавфу раҷо гуфта гузаштем, аммо чун ин боби бисёр зарурист, такрор шавад ҳам ба хости Худо чанд нуктаи дигаррро баён месозем. Чунки ин мақом мақоми олӣ аст ва ҳолот ҳолоти писандида. Ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу гуфта, ки агар дар рӯзи маҳшар нидо шавад, ки як кас аз шумо дохили ҷаннат мешавад умед мекунам, ки ҳамон шахс манам ва агар садо шавад, ки як каси шумо дохили нор мегардад хавф мебарам, ки он кас манам.

Аз шайхи бузургворе омада, ки хавфу раҷо ба мисли ду боли паранда аст. Агар ҳарду бол баробар бошад, парвози паранда мустақиму мӯътадил аст. Агар яке аз болҳо ноқисӣ дошта бошад, дар парвозаш ҳам ноқисӣ ба назар мерасад ва агар ҳарду бол корношоям бошанд ба ҳукми мурда аст.

Умед дар он сурате дуруст аст, ки агар хавф дошта бошад, рафту чунин набошад он раҷо (умед) набуда, балки “амин% аст.

Хавфи ҳақиқӣ он аст, ки раҷо дошта бошад. Агар чунин нест, он хавф набуд, балки ноумедист.

Хавфи ростӣ он аст, ки байни соҳибаш ва байни ҳаромҳои Худои таъоло парда шуда тавонад. Раҷои ростӣ бошад он аст, ки чун банда ибодат мекунад, умеди савоб ва ба ҳангоми тавба аз гуноҳ умеди мағфирати Аллоҳ таъолоро дошта бошад.

Аммо шахсе, ки як умр гуноҳ содир мекунад ва кори савобро фаромӯш кардаву азоби охиратро аз ёд баровардааст, умри хешро бе тавба паси сар мекунад ва ба ин ҳол умеду раҷо дорад. Ин як навъ ғуруру орзую умеди дурӯғ аст.

Аз мукофоти амал ғофил машав.

Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.

Беҳтар он аст, ки ба айёми ҷавонӣ ва қудратмандӣ хавфи бештар ва ба ҳангоми пирӣ ва маризӣ раҷо бисёртар бошад.

Дар ин мазмун, қавли Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст “Намирад касе аз шумо магар, дар ҳоле ки гумонашро ба Парвардигораш хуб кунад”. Зеро инсони комилақл ҳар вақто аз азоби Парвардигораш тарсад, боз ба сӯи ӯ бармегардад (ниг. сураи “Аззориёт”ояти 5).

Аммо баъзеҳо мегӯянд, ки агар ибодати Аллоҳ таъоло танҳо барои хавфи нор ва тамаъи ҷаннат бошад, он ибодат нест ва соҳиби ибодат мӯъмин нест.

Ин қавл бо даҳҳо оят ва ҳадисҳои Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хилофу мардуд аст. Ибодат барои ҳама бояд бошад чун шукрона, тарс, рағбат, тамаъ, хавф, раҳбат ва ҳоказо.

Валлоҳу таъоло мутафаззилун ъало ъибодиҳи, ъодилун қад юъти минассавоби азъофа мо яставҷибуҳу ъабдун тафзилан минҳу. Ва қад юъоқабу ъалаззанби ъадлан минҳу. Ва қад яъфу фазлан минҳу.

Аллоҳ таъоло ба баъзе бандаҳо ба фазлаш ва ба баъзе бандаҳо ба адлаш амалкунанда аст (ниг. сураи “Юнус” ояти 25, “Алҳадид”29).

Худованд тавфиқу имон бахшад, ин фазли ӯст. Ва хузлон (хори гуноҳ) кунад бандаро, ин адли вай аст.

Масалан гоҳо Аллоҳ таъоло бандаро бар ивази тоъату ибодаташ дар ин дунё ва охират он қадар подош медиҳад, ки он аз ибодати кардагиаш чандин маротиба афзунтар аст, ин фазлу марҳамати илоҳист.

Ва гоҳо иқобу азоб мекунад бандаро бе зиёдатӣ ба қадре, ки банда мустаҳиққи азоб шудааст, ин адли Парвардигор аст (ниг. сураи “Бақара”ояти 261).

Ва гоҳо афв мекунад гуноҳи бандаро ё ба воситаи шафоат ё бе василаи шафоат. Ин фазлу марҳамати Парвардигор аст (ниг. сураи “Шуро” ояти 30 ва сураи “Нисо” ояти 48).

Ба як ҳасана (кори нек) даҳ ҳасана (подоши нек) додани Аллоҳ таъоло ин ом аст, аммо ба як ҳасана аз даҳ зиёд то ҳафсад доданаш ин хос аст. Ин аст фазлу раҳмати Аллоҳ таъоло (ниг. сураи “Бақара” ояти 261 ва сураи “Анъом” ояти 161).

Хулоса, бинобар мувофиқи иродаи амри Парвардигор ба сӯи бандааш аз адлу фазлаш холӣ нест.

Ривоят кардаанд Аҳмад аз Абудовуд ва ибни Моҷа (Худо аз инҳо розӣ бод) ҳадиси зеринро, ки Аллоҳ таъоло аҳли осмонҳо ва заминро азоб кунад, барои онҳо золим нест. Агар онҳоро раҳм кунад, раҳматаш барои онҳо бештар будааст аз амалҳояшон.

Шафоат

Ва шафоъатул анбиёи ъалайҳимуссалоту вассалому ҳаққун ва шафоъату набиййино ъалайҳиссалоту вассалому лил муъмининал музнибин ва ли аҳлил кабоири минҳумул муставҷибинал ъиқоба ҳаққун собитун.

Шафоъат кардани ҷамиъи анбиё ъалайҳимуссалом ҳақ аст. Ва шафоъати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки дар мақоми маҳмуд аст, барои мӯъминоне, ки гуноҳи сағира кардаанду гирифтори ъиқоб шудаанд ва инчунин барои мӯъминҳое, ки гуноҳи кабира кардаанду сазовори азоби илоҳӣ гаштаанд, ҳақ асту рост. Ва собит шудаасту ворид гаштааст, ки ҳазрати Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

“Шафоъатӣ ли аҳли-л-кабоири фи умматӣ».(ал-Ҳадис)

Ин ҳадисест саҳеҳ ва машҳур, ки онро Аҳмад, Абудовуд, Тирмизӣ ва дигарон ривоят кардаанд ва ба ин мазмун (ниг. сураи “Ғофир” ояти 55).

Ва инчунин шафоъати малоикаҳо низ ҳақ аст (ниг. сураи “Набаъ” ояти 38). Ва инчунин шафоъати олимҳо, авлиё, шаҳидон, фақирон ва тифлон ва мӯъминҳои сабркунанда дар бало ҳақ аст.

Ва вазнул аъмоли бил мизонӣ явмил қиямати ҳаққун.

Ва вазн кардани амалҳо ки онҳоро ҷисм гардонида мешавад ё саҳифаҳое, ки дар онҳо амалҳо сабт шудаанд бо тарозуе, ки дар қиёмат аст, ки ӯ забону ду палла дорад, аз ҷиҳати сухани Парвардигор ҳақ аст (ниг. сураи “Мӯъминун” ояти 102, сураи “Анбиё” ояти 47).

Ҳазрати Имом разияллоҳу анҳу гуфта, ки тарозуи рӯзи қиёмату қироати номаи аъмол дар он рӯз ҳақ аст (ниг. сураи “Исро”ояти 14).

Додани китоби аъмоли ҳар як банда ба дасти чап ё рости ӯ ҳақ асту рост. Ҳисоби амалҳо ва додани китоб ҳарду ба ҳам наздиканд ва пеш аз “мизонанд” (тарозуанд) (дар ин масъала хонандаи гиромӣ барои маълумоти муфассал пайдо намудан ба “Тафсирҳои форсӣ” сураи “Ал-иншиқоқ”-ро мутолиъа кунед). Мӯтазилаҳо бо вуҷуди далелҳои қатъӣ тарозую ҳисобу китобро инкор мекунанд.

Вал қисосу фимо байнал хусуми бил ҳасаноти явмал қиямати ҳаққун. Ва ин лам такун лаҳумул ҳасаноту фатарҳус сайиоти ъалайҳим ҳаққун ҷоизун.

Ва қасос гирифтани на каму на зиёди байни золиму мазлум ба ҳасанот ҳақ асту рост. Дар он рӯз симу зар рӯёнидан намешавад, балки танҳо аз хубиҳои золимон ситонида, ба мазлум дода мешавад. Онҷо мукофоти амал аст. Агар рафту ҳасаноти золим кифоя накунад ё умуман ба ҷуз ҷурму гунаҳкорӣ савоб надошта бошад, гуноҳҳои мазлумро гирифта ба дӯши золим мегузоранд.

Ин амал ҷоиз асту ҳақ ва ба он эътимоду боварӣ намудан воҷиб аст. Ҳазрати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтаанд, ки “Имрӯз касе зулм карда бошад дар ҳамин ҷо бо бахшишу инъом ва амали ҳасана онро аз гарданаш соқит созад ва ба қиёмат намонад” Вагарна ӯро фардо “бало” интизор аст. Инчунин ситонидани қасос байни ҳайвонот низ дар он рӯз вуҷуд дорад. Мисол агар гӯсфанди шохдор бешохеро шох зада бошад, Худованди мутаъол ҳаққи гӯсфанди мазлумро гирифта медиҳад. Баъди барқарор кардани чунин адолат Худованд ба чорпоён амр мекунад, ки ҳама хок шаванд. Дарҳол ҳама хок мегарданд. Кофирон инро дида арз мекунанд, ки эй кош мо ҳайвон мебудем, то азоби дӯзахро надида хок мешудем, вале ҳайҳот ин барои онҳо он ҷо суде надорад.

Чун камоли адли Парвардигор байни ҳайвонот ба ин сурат ба роҳ монда мешавад, пас бе шакку шубҳа миёни инсонҳо албатта чунин ҷорӣ мегардад.

Ва ҳавзун набиййи саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳаққун.

Ривоят омада, ки дар қиёмат ҳар Пайғамбар ҳавзе дорад. Ва ҳавзи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳақ аст, ки Худованд гуфт:

“Инно аътайнакал кавсар”.

Инро ҷумҳури уламо бо ҳавз ё наҳр тафсир кардаанд. Ҳарду ҳам қобили қабул аст. Омада, ки мавқифи наҳр дар ҷаннат аст ва ҳавз дар мавқифи қиёмат. Аммо хилоф аст, ки пеш аз пули сирот аст ё баъди он.

Қуртубӣ гуфта, бинобар қавли асаҳ, ҳардуи онҳо ҳавзанд, яке аз онҳо пеш аз сирот ва пеш аз мизон аст. Зеро чун мардумро зинда намуда аз қабрҳояшон бармехезонанд, онҳо ташнаанд. Пас онҳоро ба сӯи ҳавзу Мизону Сирот ворид карда мешавад…

Ва ҳавзи дуюм дар ҷаннат аст, ҳардуро Кавсар гӯянд. Ва инчунин Қуртубӣ овардааст, ки шахсе хилофи ҷамоъати мусулмонон бошад мисли хавориҷӣ, рофизӣ, мӯътазила, золим, фосиқ, ки гуноҳро ошкор месозад ва ғайра аз назди ҳавз дур карда мешаванд. Зеро онҳо ҳавзи набиро, ки зиёда аз 30 саҳобӣ ривоят кардаасту то ба ҳадди мутавотир расидаро инкор намуданд.

Ҳар ки аз ҳавзи Набӣ як қатра нӯшад, ҳаргиз ташна нагардад. Аз аксари аҳли салаф чунин ривоят шуда, ки Кавсар хайри касирро гӯянд. Ва дар аҳодиси саҳеҳ омада, ки Кавсар наҳрест дар ҷаннат, ки дар он хайри касир аст ва уммати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои обнӯшӣ ва ташнагии рӯзи қиёматро шикастан ба назди ҳавз меоянд.

Ва низ ривоят омада, ки Кавсар ишора ба Пайғамбарист ё Қуръон аст. Чунин ривоёт бисёр омада.

Вал ҷаннату ваннору махлуқатони ал явм.

Ҷаннат ва нор имрӯз махлуқу мавҷуданд…

Қавли саҳеҳ он аст, ки ҷаннат дар осмон аст (ниг. сураи “Аннаҷм” ояти 14).

Ҳазрати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуда: Боми ҷаннат арши раҳмон аст. Инчунин омада, ки ҷаннат дар рӯи замин ҷой дорад. Аммо баъзе гуфтаанд, ки Худоро маълум аст, дар куҷо қарор доранд.

Ва норро гуфтаанд: ки таҳти замини 7-ум аст. Баъзе гуфтанд, ки болои замин аст. Аммо баъзе гуфтанд, ҷои онҳо танҳо ба Худованд маълум аст.

Ҳазрати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро пурсида шуд аз мазмуни ояти ”Ва ин минкум илло воридуҳо”(ниг. сураи “Марям ояти 71) .

Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб гуфт:

”Ва нест ҳеҷ касе аз шумо магар, ки ворид мегардад ҷаҳаннамро”. Боз пурсиданд аз ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам: Ин чигуна мешавад? Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб гуфт:

”Вуруд дохил шуданро гӯянд, на нек ва на бад аз дохил шудан раҳо наёбад. Ҳама ворид гарданд ҷаҳаннамро. Аммо чунон, ки нор ба ҳазрати Иброҳим ъалаӣҳиссалом сард гардиду ӯро саломат нигоҳ дошт, он ҷо ҳам бар мӯъминон сарду безарар мемонад. Чунон, ки аз сардии зиёдаш беқарор ҳам мегарданд”. Ин буд мазмуни ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Сирот ҳам ҳақ аст, зеро он бо китоб ва суннат собит гардидааст. Сирот кӯпрукест, ки кашида мешавад болои ҷаҳаннам барои гузаштани мардум. Ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт, ки аввалин нафаре, ки аз расулон бо умматаш аз болои он мегузарад манам. Дар он рӯз касе сухан намекунад ба ҷуз расулон. Ва суханони расул дар он рӯз ин аст, ки ай бор худоё саломат нигоҳ дор, саломат нигоҳ дор гуфта аз сирот мегузаранд.

Ва дар ҷаҳаннам чангҳоест мисли хори дарахти Саъдон ва бузургии онҳоро ба ҷуз Худо касе намедонад. Ҳар инсонро аз рӯи аъмолаш чанг мемонанд. Баъзе дигар мелағжанд ва баъд раҳо меёбанд. Гузаштани мӯъминҳо аз ҳамдигар ҳам фарқ дорад, яке мисли барқ, дигаре фурсати дидани чашм, суръати парвози паранда, давидани аспи тозӣ ва дигару дигар.

Дар ин масъала аҳли мӯътазила хилофи бисёре доранд ва сиротро мункиранд.

Ва ло тафниёни абадан.

Тавре дар боло гуфтем ҷаннату нор махлуқанд ва ҳозир ҳам вуҷуд доранд. Онҳо ва инчунин ҳама ончи ки дар онҳо вуҷуд дорад, абадӣ буда фано нашавандаанд. Аз он ҷумла:

Ва ло тамутул ҳурул ъайну абадан.

Ва ҳурҳои биҳишт, ки онҳоро ҳурул айн соҳиби чашми гирди сиёҳи бисёр зебо мегӯянд, ҳаргиз намемиранд ва фано нашавандаанд. Ҳамеша бо ҳамсаронашон дар ҷаннат боқӣ мемонанд. (Худовандо моро аз онҳо бархурдор гардон, омин).

Ва ло яфно ъиқобуллоҳи таъоло ва савобуҳу сармадан.

Барои кофирон азобу иқоби ҷаҳаннам ва барои мӯъминон савобу раҳмати ҷаннат ҳаргиз несту фано намегардад.

Валлоҳу таъоло яҳди ман яшау фазлан минҳу ва юзилу ман яшау ъадлан минҳу ва излолуҳу хизлонуҳу.

Худованди таборак ва таъоло инсонро ба сӯи тоату ибодату имону ислом ҳидоятгару раҳнамо мешавад, ин фазлу мазҳару ҷамолу маҳалли савоби ӯст, ки инсон ҳамаи инро дӯст медораду муҳаббат дораду ва умедворона савобу ризои Парвардигори худро меҷӯяд, то банда шоистаи даргоҳи илоҳӣ гардад.

Ва хор месозад шахсеро, ки хоҳад. Ва ӯро мебинӣ, ки хилофи гуфтаҳои боло амал мекунад, парвои тарсу ваҳму ҷазо ва ҳисобу китоби рӯзи қиёматро надорад, аз гуфтаву фармудаи Парвардигори худ ғофил монда куфру исёнро ихтиёр кардааст. Ингуна хор кардани Офаридгор ӯро адли ӯ медонем. Хулоса ҳидояти Аллоҳ таъоло дар мақоми ҳақиқат тавфиқу эҳсони ӯст.

Ва тафсирул хизлони ан ло ювофиқал ъабда илло мо ярзоҳу минҳу. Ва ҳува ъадлун минҳу. Ва казо уқубатул махзули ъалал маъсияти.

Ва тафсири хизлон (хор сохтан) ин аст, ки Аллоҳ таъоло ба он чизе, ки ризои вай дар он аст, ба мисли имону эҳсон ва дигару дигар бандаро ба он мувофиқ намегардонад. Яъне насиб набинад. Ҳол он ки Худованд дӯст медорад роҳи имону эҳсонро. Вақте ки банда ба ин роҳ намеравад ва ба ин сабаб аз ризои Худовандаш бенасиб мемонад, ингуна хорсозӣ барои ӯ адли Парвардигор аст. Зеро ки Аллоҳ таъоло ҳар чизро дар мавзеъу дар ҷои худаш вазъ (мениҳад) мекунад. Зеро бар Аллоҳ таъоло ба ҷуз хости худаш аз ҳеҷ кас ҳеҷ чиз воҷиб нест (ниг. сураи “Анъом” ояти 125).

Худованд ҳар касеро хоҳад дили ӯро ба нури тавҳидаш васеъ месозад. Аломати ӯ инчунин зоҳир мегардад, ки муҳаббати дунёи фонӣ дар дили ӯ суст мегардад, дар фикри дорулбақо мешавад ва ба истиқболи марг омода мегардаду дар фикри он мешавад.

Ва шахсеро, ки Аллоҳ таъоло хор созад ӯ тоқати шунидани аҳволи охиратро надорад. Чун сухан аз сарои доимӣ равад дилаш танг мегардад, ҳатто нафаскашӣ барояш душвор мешавад.

Ва инчунин азоб кардани махзул (хоршуда) барои гуноҳаш дар назари арбоби уқул ва асҳоби нуқул, яъне ақлану нақлан ин ҳам адли Парвардигор аст.

Инсон ки махзул шуд гуноҳ мекунад, вақто ки гуноҳ кард ва бетавба аз дори дунё рафт, гуноҳҳои худро ношуста рафт, агар Худованд иқобаш кунад ин адли Парвардигор аст. Сари ин масъала мӯътазилаҳо хилоф доранд.

Вало яҷузу ан нақула иннашшайтона яслибул имона минал ъабдил муъмини қаҳран ва ҷабран. Валокин нақулу алъабду ядаъул имона фа ҳинаизин яслубуҳу минҳуш шайтону.

Барои банда ҷоизу дуруст нест, ки бигӯяд ки шайтон имони бандаи мӯъминро чӣ дар ҳолати сиҳату тандурустӣ ва чӣ дар ҳолати мавташ қаҳрану ҷабрану зӯран кашида мегирад. Ин хел гуфта наметавонем. Ҳар касе, ки бандагии худро холис барои Худо мекунаду мухлиси Худованд аст, шайтон инро хуб медонад. Бинобар ҳамин ҳам шайтон ингуна бандаро ба доми макру найрангу иғвову фиреби бузург кашида наметавонад ва ҳам султони чунин кас будан қудраташ намерасад (ниг. сураи “Ҳиҷр” ояти 42).

Валекин гуфта метавонем, ки банда ба ихтиёри худ ва ба ҳавои нафси худ имонро тарк кард ва аз корҳои зидди имон даст накашид, дар ин сурат шайтон барои имонашро тарк намудан кӯмаку ёрӣ медиҳад, ва он шахс имонро тарк мекунад ва шайтон имони ӯро кашида мегирад ва ӯро тобеъу зери дасти худ мегардонад. Дар расвоӣ мисли шайтон мешавад (ниг. сураи “Ҳиҷр” ояти 42).

Пас Аллоҳ таъоло аз чунин ашхос ва шаётин ҷаҳаннамро пур месозад (ниг. сураи “Алаъроф” ояти 18).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *