Фанни Накди адабӣ

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Накди адабӣ

  • Нақди равоншиноси

    Дар ин равияи нақд ҷаҳони ботинии адиб ва ҷанбаи психологии асар мавриди пажӯҳиш қарор мегирад. А.Зарринкӯб менависад, ки «Ин даста аз наққодон мекӯшанд ҷараёни ботини ва аҳволи дарунии шоир ё нависандаро идрок ва баён намоянд, қудрати таълиф ва истеъдод, таркиби завқ ва қариҳаи ӯро бисанҷанданд, нерӯи авотиф ва тахаюлоти ӯро…

    Муфассалтар »
  • Нақди иҷтимои

    Дар ин равияи нақд суханшинос ҷанбаи иҷтимоии асарро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. Ба қавли А.Зарринкӯб «Дар равиши нақди иҷтимои таъсиреро, ки адабиёт дар ҷомеа дорад ва низ таъсиреро, ки ҷомеа дар осори адаби дорад мавриди мутолиа аст. Ба ибораи дигар дар назди ин даста аз наққодоне, ки дунболи ин шева…

    Муфассалтар »
  • Нақди адаби дар Русия

    Маънои луғавии «декадент» афтодарӯҳи аст. Як ҷараёни адаби, ки аввал дар Фаронса пайдо шуда, баъд дар тамоми мамлакатҳои Ғарб паҳн гардид. Дар ин ҷараёни адаби тарғиби афтодарӯҳи, ҳаёти он дунё, нафрат ба аҳли меҳнат, дури аз ҳаёти иҷтимои, бовари ба қувваҳои ғайритабии, санъат барои санъатвар мебошад. Дар асри нуздаҳам револютсионер-демократҳои…

    Муфассалтар »
  • Масъалаи мувозана

    Аз сарчашмаҳо ва осори адабию таърихи бармеояд, ки дар таърихи нақди адабии олам, аз замони Юнони Қадим сар карда, масъалаи мувозана яке аз масоилест, ки суханшиносон ва аҳли завқро борҳо ба муноқишаву моҷароҳо барангехтааст. Мувозана дар асли луғат чунин маъноҳоро дорост: «ҳамвазн кардан, санҷидани ду чиз, муқоиса кардан, овардани ду…

    Муфассалтар »
  • Масъалаҳои нақди адаби дар гузашта. Сирқат ва анвои он

    Имрӯз фанни нақди адаби аз нигоҳи дарбаргирии масъалаҳо қаламрави густурдаро соҳиб аст. Ноқид аз як асар масъалаҳои гуногунро ҷустуҷӯ менамояд. Аммо дар нақди асримиёнагии мо суханшиносон бештар ба ҷанбаи лафзи аҳамият медоданд. Дар баробари ин чанд масъалаи дигар ҳам вуҷуд дошт, ки сари он ҳам суханварон ва ҳам суханшиносон муноқишаву…

    Муфассалтар »
  • Нақди адабии форсу тоҷик дар асрҳои xiii-xv

    Новобаста ба вазъияти ноороми сиёси, яъне ҳуҷуми муғул адабиёт дар ин давра аз равнақ намонд ва бо вуруди суханварони маъруфе чун Мавлавии Руми, Аттори Нишопури, Саъди, Маҳмуди Шабистари, Амирхусрави Деҳлави, Ҳасани Деҳлави, Фахриддини Ироқи,Бадри Чочи, Носири Бухорои, Ҳофиз, Камол, Ҷоми ва дигарон адабиёт марҳилаи таҳаввул ва ташаккули дигареро пеш гирифт.…

    Муфассалтар »
  • Нақди адаби дар аҳди Сомониён ва Ғазанавиён

    Дар ин давраҳо адабиёт ташаккул ёфт ва нақди адаби ҳам маҳдуд ба сухансанҷиҳои шоирон дар мавриди ашъори худу дигар суханварон мебошад. Аз қадимтарин намунаҳои нақди адаби дар ин давра муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абӯмансури аст, ки онро куҳантарин намунаи мавҷуди насри форси мешиносанд. Дар он баҳси ҷолибе дар бораи «Шоҳнома» ва ривояту…

    Муфассалтар »
  • Қудома ибн Ҷаъфар (888-984)

    Дар Бағдод ба дунё омадааст. Китоби машҳури ӯ «Нақд ан-наср ва нақд аш-шеър» аст, ки дар нақди каломи манзуму мансур баҳс мекунад. Баъзе муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки ӯ шеъри арабиро бо усули юнони санҷидааст ва аз осори Арасту воқиф будааст. Баъзи ин қазияро инкор мекунанд. Ӯ шеърро каломи мавзуну…

    Муфассалтар »
  • Намояндагони нақди адабии араб

    Ал-Ҷоҳиз (775-868) Яке аз бузургтарин мутакаллим, шоир, нависанда, ноқиди аҳди Аббосиён Абӯусмон Амр ибн Баҳр мулаққаб ба ал-Ҷоҳиз (барҷастачашм) дар Басра таваллуд ёфтааст. Дар Басра ӯ илмҳои замонашро фаро гирифта, ба Бағдод меояд. Дар ин марказ ӯ дар назди бузургтарин донишмандон аз қабили Муаммар ибн ал-Мусанно, Абӯзайд ал-Ансори, Наззом Иброҳим…

    Муфассалтар »
  • Нақди адабии араб

    Адабиёт, яъне шеъру шоири дар Араби пеш аз ислом ҳам мавҷуд буд. Ва дар бораи сухансанҷиҳо низ аз он рӯзгор ҳикоёте боқи мондааст. Дар оғози ислом шеъру шоири як дараҷа аз равнақ монд. Нозил шудани Қуръон бо услуби олияш шоиронро аз шеъргӯи боздошт ва як дам хомӯши ҳукмфармон буд. Пайғамбари…

    Муфассалтар »
  • Нақди адабии форсу тоҷик пеш аз ислом

    Бо вуҷуди фарҳангу тамаддуни воло аз Эрони пеш аз ислом маводи дақиқе аз сухансанҷию нақди адаби дар даст нест. Баъзе аз муаллифон араб аз қабили Ҷоҳиз нақл кардаанд, ки Эрониён дар давраҳои қабл аз ислом китобҳое дар боби балоғат доштаанд, ки ҳар кас бихоҳад рамузи балоғат биёмӯзад бояд ба катаби…

    Муфассалтар »
  • Нақди адаби дар Юнону Рими Бостон

    Таҳаввул ва ташаккули нақди адаби дар Юнони қадим дар тадқиқоти дастҷамъии олимони замони шӯрави «Древнегреческая литературная критика».- Москва: Наука, 1975.- 480 с. ба тафсил шарҳ ёфтааст. Он чи аз рӯи тадқиқоти пажӯҳишгарон бармеояд нақди адаби дар Юнони қадим маҳз дар мисоли осори Афлотуну Арасту ташаккул ёфтааст. Муҳаққиқони таърихи адабиёт Пизейстротро…

    Муфассалтар »
  • Муқаддимаи нақди адаби

    Вожаи «нақд» дар луғат маъноҳои гуногун дорад. Як маънояш чизи омода ва тайёр, яъне дар муқобили нася. Маънои дигараш назар кардан ба симу зар ва сараро аз носара ҷудо кардан. Ба маънои эроду сарзаниш низ меояд, чунончи танқид кардан. Дар истилоҳи адабиётшиноси нақди адаби илмест, ки барои муайян кардани арзиши…

    Муфассалтар »