Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Ҷабҳаи Ироқ

Қаблан фаҳмидаем, ки Холид бар қисмати зиёде аз хоки Ироқ тасаллут ёфта ва он ҷоро тасарруф карда буд. Инак вақте, ки Холид ба дастури Абубакр (р) ба ҷабҳаи Шом ҳаракат намуд, бист ҳазор нафар аз лашкарашро таҳти амри Мусанно ибни Ҳориса яке аз сардорони кордони ҷабҳаи Ироқ қарор дод, то сарзаминҳоеро, ки фатҳ карда буд нигаҳдорӣ намояд, гарчи Мусанно сардори шуҷоъ буд ва пас аз ҳаракати Холид бар лашкари Ҳурмуз дар ҳудуди Бобул ғолиб шуд ва онҳоро шикаст дод, вале аз худ итминон надошт, ки битавонад то муддати тӯлонӣ навоҳии фатҳшударо нигаҳ дорад, ё ба хубӣ бар ҳифзи назми дохилии онҳо тасаллут дошта бошад. Метарсид, ки ҳаргоҳ давлати Форс лашкари муҳиме фароҳам кунад, ӯ натавонад бо ин идда лашкар ва созу барге, ки дорад аз ӯҳдаи дафъаш барояд.

Аз ин хотир дар Ҳийра, ки маркази ситоди фармондеҳии мусалмонон буд мустақар шуд ва ҳолати дифои ба худ гирифт.

Ин сардор низ вазъи ҳассоси худро ба Абубакр (р) иттилоъ дода, кӯмак хоста буд, вале Абубакр (р) диккати худро мутаваҷҷеҳи ҷабҳаи Ярмук карда, дар талоши фароҳам кардани қувваи ёрирасон ва фиристодани онҳо ба он ҷабҳа гардида буд. Чун Мусанно аз халифа иқдоме надид, шахсе ба номи Башир ибни Ҳисомияро ба ҷои худ таъин кард ва худаш раҳсипори Мадина гардид, то хатари ҷабҳаи Ироқро шахсан ба арзи халифа расонид ва дархости кӯмак намуда, пешниҳод кард, то иҷоза диҳад аз ҳамон мардуми қабоили саркаши араб, ки сари таслим пеш ниҳодаанд ва нишонаи имон ва салоҳ дар онҳо ҳувайдо аст кӯмак гирад, зеро онҳо аҳли разманд ва ба тамаи ғаноими ҷангӣ хуб меҷанганд ва ҳастанд дар миёни онҳо мардуме монанди Амр ибни Маъдикараб ва Тулайҳа ибни Хувайлид, ки дар нақшаи ҷангӣ доно ва дар фунуни размӣ варзидаанд.

Гирифтани онҳо ба кори набард ба хайр ва салоҳи ҳукумати ислом хоҳад буд.

Бо ин тавзеҳ мебинем, ки гарчи лашкари ислом дар ҳаёти Абубакр (р) дар ҳар ду ҷабҳа тибқи дилхоҳ ва он чи тасаввур мешуд пеш рафтанд, вале ахиран ҷабҳаи Ироқ пас аз рафтани Холид аз он ҷо тибқи изҳори Мусанно вазъи хубе надошт. Аз ҷабҳаи Ярмук ҳам хабари умедбахше ба Мадина нарасида буд.

Охирин супоришҳои Абубакр (р) ба Умар (р) дар бораи ҷабҳаҳо

Абубакр (р) ҳақ дошт дар ин чанд рӯзи охири ҳаёташ, ки бемор буд ва дар бистари марг басар мебурд, беқарор бошад, зеро чунон ки гуфтем то он вақт сарнавишти мусалмонон дар ҳеҷ як аз ин ду ҷабҳа барояш равшан набуд ва бадин лиҳоз буд, ки пас аз супурдани аҳдномаи хилофат ба Умар (р), ӯро шабҳангом назди худ мехонад ва бо таъкид аз ӯ мехоҳад, ки пас аз фавташ ҳамин ки ӯ зимоми хилофатро амалан ба даст гирифт, фикри худро сарфи умури лашкари ислом намуда, неру ва тадорукоти кофӣ фароҳам намояд. Ҷангро дар ҳар ду ҷабҳа аз нав шурӯъ кунад ва бидуни вақфа идома диҳад ва дар хоки душман пеш равад.

Гӯё Абубакр (р) гурӯҳҳои ёрирасонеро, ки ба ҷабҳаи Ярмук фиристода буд, барои тақвияти мусалмонон он ҷо кофӣ медонист, аз ин сабаб дар он шаб ба Умар (р) мегӯяд:

-Гумон мекунам фардо бимирам, ҳамин ки мурдам рӯзатро ба шаб нарасонӣ, магар он ки мардумро ба ҳамроҳӣ ва кӯмаки Мусанно даъват созӣ. Мабодо мусибати маргам шуморо аз умури динатон ва аз он чи ки парвардигоратон тавсия фармуда ба таъхир андозад. Дидӣ, ки пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с), ки ҳеҷ мусибати сангинтар ва ҳеҷ фоҷиае фузунтар аз он набуд чи гуна кор кардам.

Ҳамин ки Худо сарзамини Шомро барои шумо фатҳ кард он қисмат аз лашкари ҷабҳаи Ироқро, ки ба он ҷо рафтаанд ба Ироқ боз гардон, чунки онҳо кордида ва ин ҷо далерони он маҳал ҳастанд.

Абубакр (р) дар ҳамон шаб Умар (р)-ро аз умуре, ки аз ин бобат бар халифаи мусалмонон воҷиб аст ва ӯ бояд тибқи масъулияти доштааш иқдом ва анҷом диҳад, огоҳ сохт. Ҳамин ки аз васияташ фориғ шуд, Умар (р) дар ҳоле, ки дар ин мансаби муҳим ва вазоифе, ки бояд адо намояд фикр мекард, аз назди Абубакр (р) хориҷ гардид.

Абубакр (р) дар аввали шаби сешанбе бистудуввуми ҷимодулахири соли 13-уми ҳиҷрӣ вафот ёфт. Ҳамин ки посе аз он шаб гузашт ӯро пас аз анҷоми ташрифоти динӣ, ки ба василаи Умар (р) сурат гирифт дар ҷануби қабри Расулу-л-лоҳ (с) дар ҳуҷраи махсуси умулмӯъминон Оиша (р) ба хок супурданд.

Умар ибни Хаттоб (р) ва афкори ҷабҳа

Умар (р) пас аз ин ки нимае аз он шаб гузашта буд, ба хона рафт. Дар бистари хоб дар фикри фардояш буд, фардое, ки рӯзи аввали хилофаташ хоҳад буд, фардое ки бори сангини ҳукумати исломро бар дӯш мениҳад, фардое, ки бояд худро омодаи набард бо ду императори азими ҷаҳон намояд ва бояд пеш равад, фардое, ки чашми умеди уммати Муҳаммад (с) ба он духта мешавад.

Аввалин кори Умар (р) тибқи васияти Абубакр (р) таваҷҷӯҳ ба лашкари мусалмонон дар ду ҷабҳаи ҷанг — Шом ва Ироқ буд, ки гарчи ҷабҳаи Шом бо расидани кӯмакҳои имдодии Абубакр (р) вазъи дилпуркунанда дошта, аз хатар хориҷ шуда буд, вале аз вазъи онҳо хабари хуше ба Мадина нарасида буд, то мусалмонон хушҳол ва дилгарм шаванд ва ба майдонҳои ҷанг бишитобанд. Вазъи ҷабҳаи Ироқ низ чунон ки гуфтем умедбахш набуд, бинобар ин вазъи ҳар ду ҷабҳа то он вақт дар Мадина номуайян буд. Акнун Умар (р) бояд камари ҳимматро баста, чашми сиёсатро боз намояд, то он чунон натиҷаи дилхоҳе ба даст оварад, ки уммати Муҳаммад (с) аз ӯ мехоҳад.

Аз таърихи гузаштаи Умар (р) фаҳмидаем, ки ӯ марде аст бо ҳиммати оҳанин ва бо қудрати фавқулодаи азим, бинобар ин ӯ ба хубӣ метавонад аз ӯҳдаи ҳар коре, ки бадон қасд намояд барояд ва чунон ки хоҳем дид ба ҳадде дар кораш муваффақ шуд, ки гӯё муъҷизае будааст, чунки дар ҷаҳони башарият то он вақт собиқа надошт, ки касе ҷуз Умар (р) дар як замон бо ду императори азими ҷаҳон даст ва панҷа нарм кунад ва бар онҳо ғолиб шуда бо парчами пирӯзӣ аз маърака хориҷ шавад ва бисоти онҳоро барчинад.

Нахустин рӯёрӯии Умар (р) бо мардум пас аз хилофат.

Оре, Умар шаби аввали вафоти Абубакр (р) -ро бо афкори хастакунандае басар бурд.

Ҳамин ки субҳ барои намоз ба масҷид омад, мардум, ки дар интизори омаданаш буданд, ба тарафаш шитофтанд ва бо ӯ байъат намуданд. Сурати байъати мардум ӯро хушҳол кард ва то андозае шиддати афкорашро фурӯ нишонд. Боз ҳамин ки Умар (р) барои намози зуҳр ба масҷид омад, мардуме ки ғоиб буданд ва муваффақ ба байъат нашуда буданд бо ӯ байъат карданд, чун мардум барои намози зуҳр ҷамъ ва масҷид лабрез аз ҷамъият гардид, Умар (р) ба минбар рафт ва аз рӯи адаб рӯи палае поинтар аз палае, ки Абубакр (р) меистод қарор гирифт ва хутбаи мухтасаре хонд, ки дар зимни он аз азамат ва фазоили Абубакр (р) ва хайрот ва баракоте, ки аз ӯ ба ислом ва мусалмонон расида буд сухан гуфт ва худро фарде аз афроди мусалмонон, ки ҳукумати онҳоро ба даст гирифтааст, муаррифӣ кард. Ибороте, ки Умар (р) бо лаҳни ҷаззоб ва латиф адо кард дар мардум асари нек ба ҷой гузошт, мардум ба гуфтаҳои ӯ далели қонеъкунундае бар дурустии назар ва амиқии сиёсати Абубакр (р) дар таъйни ӯ ба хилофати мусалмонон дарёфтанд ва ӯро ба хубӣ пазируфтанд.

Истиқболи сарди мардум аз дархости Умар (р)

Ҳамин ки намози зуҳр ба ҷамоат хонда шуд, Умар (р) рӯ ба мардум кард ва онҳоро барои ҳаракат ба Ироқ барои кӯмак ба Мусанно даъват кард ва васиятеро, ки Абубакр (р) дар ин бора карда буд ба гуши онҳо расонид. Мардум тақозои Умарро шуниданд, вале ҳеҷ кас аз онҳо ҷавоби на мусбӣ ва на манфӣ надод, шояд хатаре, ки мусалмонон дар ҷабҳаи Шом бо он мувоҷеҳ шуда буданд ва бо он ки гурӯҳҳои ёрирасон ба онҳо расида буд, вале то кунун хабаре аз онҳо нарасида буд, ин номаълумӣ мусалмонони Мадинаро нигарон карда буд, аз ин хотир намехостанд дар Ироқ низ даргир бо душмане бишаванд, ки муҳимтар буда ва дар хатаре афтанд, ки рафъи он мушкилтар бошад, онҳо дар сукуташон нисбат ба тақозои Умар (р) маъзур буданд, зеро шавкат ва шукуҳи шоҳаншоҳии Эрон ва қудрати низомии давлати Эрон пушти давлатҳои он рӯзгорро ба ларза оварда буд. Баъзе аз мардум ақидае доштанд, ки ғалаба ва пешравии Холид дар хоки Ироқ ба ин сабаб буда, ки давлати Эрон амалиёти низомии ӯро ночиз гирифта ва то он ҳад муҳим надониста аст, ки неруи худро барои муқобила ва пешгирии ӯ бифиристад вагарна муваффақ намешуд пирӯз шавад ва пешравӣ кунад, вале акнун Эрон мусалламан кори мусалмононро сарсарӣ нахоҳад гирифт ва нафақат барои пешгирӣ аз ҳуҷуми муҷаддади онҳо иқдоми ҷиддӣ хоҳад гирифт, балки он чиро ки дар асари саҳлангорӣ аз дасташ рафта аст аз дасти онҳо бозпас хоҳад гирифт. Бинобар ин шурӯи муҷаддади ҷанг дар Ироқ дар назари аҳли Мадина ба салоҳи мусалмонон набуд, ба ҳар ҷиҳат касе аз ҳозирин даъвати Умарро барои ҳаракат ба сӯи Ироқ тасдиқ накард ва ба сукут гузаронданд.

Дуввумин дархости Умар (р)

Субҳи рӯзи дуввум Умар (р) дар масҷид ба мардум хитоб карда фармуд ( ман намеписандам, ки касе занон ва кӯдакони арабро ба ғуломи бигирад. Намехоҳам ин равиш ба унвони суннати роиҷ барои ҳамеша дар байни араб боқӣ бимонад, чунки барои ояндаи аъроб зиёнбахш хоҳад буд) ва ба мардум амр кард, то занон ва кӯдаконеро, ки дар замони Абубакр (р) дар ҷанг бо саркашони араб асир ва ва ба унвони ғулом, дар назди онҳо буданд озод намуда, ба хешовандонашон баргардонанд.

Умар (р) бо ин фармон равише ба миён кашид, ки гарчи бо сиёсати собиқи аҳди Абубакр (р)- халифаи аввали мусалмонон мухолиф буд, вале сиёсати кунунии халифаи дуввум инчунин талаб мекард. Ин амр ба сарфа ва салоҳи мусалмонон буд, зеро Умар (р) бо ин иқдом алоқа ва муҳаббати қабоили арабро ба хуби ҷалб намуд ва қалбашонро ба даст овард ва робитаи онҳоро, ки қаблан бо ҳукумати ислом хуб набуд ба робитаи ҳасанае, ки бар пояи муҳаббат устувор мегардад, мубаддал намуд.

Ин сиёсат ба назари Умар (р) барои мусалмонон ҷанбаи ҳаётӣ дошт, зеро чунон ки медонем дар ин ҳангом қисмати умдаи лашкари ислом дар ҷабҳаи Ярмук, Шом мустақар шуда буд, ҳоло Умар (р) агар бақияи лашкари мусалмононро омода намояд ва ба Ироқ бифиристад, дигар касеро надорад, ки аз ӯҳдаи муҳофизати ҷазираи араб барояд. Бими ин мерафт, ки фурсати муносибе ба дасти қабилаҳои мазкур бирасад, то муҷаддадан сар ба туғён бизананд. Дар ин сурат ҷазираи араб дар оташи фитна ва ошӯб хоҳад сӯхт, Умар (р) бо ин иқдоми сиёсии худ на танҳо он қабоилро умедвор ба инояти ҳукумати ислом намуд, балки илова бар ин, ҷилави ин хатарро низ гирифт. Пас ҳоло Умар (р) метавонад ба онҳо итминон дошта онҳоро мусаллаҳ намояд ва вориди ҷабҳаҳои набард намояд.

Суханронии Мусанно барои мардуми Мадина дар мавриди моҳияти низоми Эрон

Пештар гуфтем, ки Мусанно пешниҳод кард, то ин қабоилро барои набард даъват кунад, вале Абубакр (р) фурсати ин корро наёфт ва аз дунё рафт, акнун чун Мусанно аз судури фармони Умар (р) барои озодии зан ва фарзандони он қабоил фаҳмид, ки ӯ мувофиқи ин кор аст, аз нав назарашро ба Умар (р) пешниҳод кард, гарчи назари Мусанно писанди Умар (р) буд ва шояд ҳам худаш дар андешаи ин кор буд, ки фармони озодии занон ва атфоли қабоили мазкурро содир кунад, вале дар ин ҷо ба сукут гузаронд. Чунки ӯ мехост пеш аз ин кор, мардуми Мадинаро, ки чашми дигарон ба онҳо дӯхта буд, мувофиқ ва ҳозир ба набард дар Ироқ кунад, зеро ба ҳар роҳе, ки онҳо раванд дигарон ба ҳамон роҳ хоҳанд рафт.

Мусанно аз қиёфа ва симои ҳозирин дар масҷид дармеёбад, ки азамати шоҳаншоҳӣ ва қудрати низомии Форс ва ғалабаи онҳо бар миллатҳои мухталифи ҷаҳон дар назарашон гиреҳи кӯре аст, ки бовар намедоранд ба дасти онҳо кушода шавад, аз ин рӯ дар миёни онҳо бапо хост ва гуфт:

-Эй мардум! Мабодо шӯҳрат ва ҳайбати Форс дар назаратон зиёд ҷилва кунад, мо чандин бор дар хоки Ироқ бо онҳо ҷангидем ва ба осонӣ бар онҳо пирӯз шудем ва хеле зуд бар шаҳрҳои мутаадиди онҳо, ки беҳтарин ноҳияи он ҷо аст даст ёфтем ва онҳоро тасарруф кардем ва агар Худои азза ва ҷал бихоҳад боз ҳам бар онҳо пирӯз хоҳем шуд.

Умар (р) эҳсос кард, ки изҳороти Мусанно дар мардум таъсири нек намуд ва чеҳраҳояшон боз гардида аст, аз ин хотир фармуд (эй мардум! Хоки хушки Ҳиҷоз ҷои хубе барои шумо нест, ҷуз барои ба даст овардан коҳ ва гиёҳ. Дар сарзамине, ки Худо ба шумо ваъдаи фатҳ дода хоҳед дид, ки чи неъматҳое барои шумо мерос гузошта. Худо ёридиҳандаи дин ва нусратдиҳандаи мададкорони роҳи ҳақ буда, ба пайравони дини худ меросҳои миллатҳои мухталифро хоҳад бахшид, куҷоянд бандагони некукори Худо?)

Вокуниши мардум

Мардум бо ҳама тарс ва хавфе, ки аз Форс доштанд пас аз шунидани суханони кӯтоҳи Мусанно ва таваҷҷӯҳ ба фармоиши мухтасари Умар (р), ки бо далелҳо ба ояи Қуръон ба онҳо навиди пирӯзӣ дод, дар худ эҳсоси оромиш ва итминон намуда, мутамоил ба иҷобати амри Умар (р) шуданд, чаро иҷобат ва фидокорӣ дар роҳи ҳақ накунанд? Магар инон набуданд, ки дар замони нубувват фидокорӣ карданд ва набии Худоро дар пешрафти дини ислом нусрат доданд? Чӣ гуна мешавад, ки барои ҳамин амре, ки қаблан дар таҳқиқи он фидокорӣ карданд акнун барои ҳамеша сукут ихтиёр намуда, аз ҷой наҷунбанд!

Онҳо то ин вақт бадин ҷиҳат дар тасмими худ дудила буданд, ки мушкили корро хеле душвор мепиндоштанд ва бовар намекарданд, ки дар корашон муваффақ шаванд, вале ҳоло ки Мусанно онҳоро аз рӯҳияи размандгони Форс огоҳ сохта, мушоҳидаҳои худро бозгӯ карда ва ҳазрати Умар (р) низ ба онҳо навиди пирӯзӣ ва фатҳи ин сарзаминро медиҳад ва мегӯяд Худо ба онҳо ваъдаи фатҳ дода ва онҳо имон доранд, ки ваъдаи Худо хилоф намепазирад, ҳар мушкиле дар назарашон осон мегардад, аз ин хотир барои рафтан ба майдони ҷанг, ки имон доранд пирӯз хоҳанд шуд, мешитобанд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *