Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Иллатҳои футуҳоти мусалмонон

Чун футуҳоти исломиро, ки дар замони шайхайн — Абубакр ва Умар сурат гирифт тақрибан ба тафсил баён кардам, лозим медонам ин мавзӯро бо баҳс дар иллатҳо ва сабабҳои ин футуҳоти ҳайратангез хотима диҳам.

Ростӣ чӣ сабабҳое дар кор буд, ки саҳронишинони нимҷазираи араб, ки дар назари аҳли он замон мардуми гумном, забун ва нодон буданд, на аслиҳаи комил ва на захираи кофӣ доштанд ва на таълимоти низомӣ бар тибқи низоми он рӯзгор омӯхта буданд ва на бо ҷанги муназзами хориҷӣ ошноӣ доштанд, аз як тараф бидуни тарс ба императори азими Форс, ҳамла карданд ва аз сӯи дигар дар ҳамон вақт бар мустамликаҳои императори Рум, бо камоли ҷуръат ҳуҷум бурданд ва дар ҳар ду ҷабҳа ба суръат пеш рафтанд ва ба зудӣ пирӯз шуданд ва дасти тасаллути ин ду давлати бузурги ҷаҳонро аз ин заминҳои обод ва пурбаракат, ки дар он даврон беҳтарин нуқоти ҷаҳон буд, дафъ карданд ва худашон ба ҷои онҳо нишастанд ва фармонравоӣ карданд.

Оё ин моҷаро дар таърихи илм як муваффақияти истисноӣ ва муъҷизае набуд, ки Худои ҷалла ҷалолуҳу барои уммати Муҳаммад (с) офарид? Оё сабабҳо ва иллатҳои табии дошт?

Муаррихини садаҳои аввали ислом бо он ки ин футуҳотро муфассал навиштаанд, аслан баҳс дар пиромуни сабабҳои онҳо ба миён наовардаанд, вале таърихнависони баъдӣ махсусан хориҷиҳо, ки беш аз мусалмонон ба таҳлил ва зикри сабабҳо ва иллатҳои ҳаводиси таърихӣ мепардозанд дар ин мавзӯъ баҳс кардаанд ва пирӯзии мусалмонон дар ин ҷангҳоро вобастаи ин се иллат донистаанд:

1. Дар он замон, ки мусалмонон лашкаркашӣ ва ба ин сарзаминҳо ҳамла карданд, ин ду императорӣ дар асари ҷангҳои сахте, ки дар тӯли таърих чандин бор бо якдигар карда буданд ва мутаҳаммили талафоти ҷонӣ ва молии зиёде шуда буданд, ҳар ду ҳам аз ҳайси шумори фармондеҳ ва сарбоз ва ҳам аз ҳайси таҷҳизот ва захираи ҷангӣ ба ҳадде заиф шуда буданд ва аз қудрати низомӣ то он ҷо соқит шуда буданд, ки аз ӯҳдаи дафъи ҳамлаҳои мусалмонон ва ҷилавгирӣ аз пешрафти онҳо бар намеомаданд;

2. Илова бар ин ки ду давлат дар он замон қудрати низомии худро аз даст дода буданд, дар байни раъияти онҳо ихтилофи шадиди динӣ сар зада буд ва онҳоро то он ҷо машғул ва гирифтор карда буд, ки дучори заъфи миллӣ шуда буданд.

Дар Эрон байни пайравони Монӣ ва зардуштиён ва дар Шом ва Миср байни бутпарастон ва масеҳиён ва низ байни масеҳиёни ортодокс ва католикҳо ва яъқубиҳо ихтилофи шадид вуҷуд дошт ва басо вақтҳо низоъ ба ҷое мекашид, ки ба ҷони ҳам меафтоданд ва даст ба ғорат ва куштори якдигар мезаданд. Возеҳ аст, ки бар ивази ихтилоф ва низоъ дар ҳар миллате, махсусан кашмакаши динӣ натоиҷи зиёнбахш дорад, ки наметавон инкор кард. Махсусан дар он замон, ки таассуби динӣ бо тору пуди мардум омехта ва ҷузъи ҷудонопазири вуҷуди онҳо буд;

3. Чун Шом ва Миср таҳти истеъмори румиҳо буд на хоки асли онҳо, бо мардуми ин сарзаминҳо, ки дар назарашон аҷнабӣ буданд, бадрафторӣ мекарданд мутлақан мансаб ва вазифаи муносибе на низомӣ ва на сиёсӣ дар хокашон ба онҳо намедоданд ва то он ҷо молиёти сангин ва гуногун бар онҳо таҳмил карда буданд, ки асбобу анҷоми манзил ва дафни мурдаҳо ҳам аз он истисно набуд. Гузашта аз ин мисриёнро маҷбур мекарданд, ки ғизо ва алафи сарбозони румиро бепул фароҳам кунанд ва дар ихтиёрашон бигузоранд.

Ин қабил рафтор, ки румиён бо мардум мекарданд адоват ва хашми онҳоро барангехта буд. Мусалламан, орзу мекарданд, ки аз зери юғи истеъморгарони ситамгари хориҷӣ озод шаванд, гӯё ки таҳти истеъмори каси дигаре дароянд, шояд ҳолашон беҳтар шавад ва беҳтар ҳам шуд ва худи мисриён чунон ки баъдан мехонем этироф кардаанд. Ин умури сегона буд, ки роҳро барои пешрафти мусалмонон дар Форс, Шом ва Миср боз кард ва муваффақияти онҳоро дар ин футуҳот хеле осон намуд. Ин се амр дар заъфи қувваҳои низомии ин ду давлат ва заъфи дохилии ин маҳалҳо ва адами ҳамбастагии тӯдаи мардум бо давлат хулоса мешавад.

Дидгоҳи ман

Ба назари ман саҳеҳ аст, ки вуқӯи чандин ҷанг миёни ин ду давлат дар заъфи қувваи низомии онҳо асари зиёде карда буд, вале мусалламан на то ин ҳад, ки дар муқобили қабоили саҳрогард ва бодиянишини араб зону бизананд.

Магар нахондаем, ки вақте намояндагони гуфтушунидии мусалмонон барои музокираи сулҳ бо Яздигурд — шоҳи Сосонӣ ба Мадоин дохил шуданд, форсҳо онҳоро ба ҳадде ҳақир ва бечора шумурданд, ки мегуфтанд:

«Ростӣ, ҳамин мардуманд, ки ба худ ҷуръат додаанд ва мехоҳанд бо мо биҷанганд? Аҷабо! Инҳо умед доранд бар мо пирӯз шаванд»? Фирдавсӣ ин матлабро ба назм кашида дар Шоҳнома мегӯяд:

Зи шири шутур хӯрдану сусмор,

Арабро ба ҷое расидаст кор.

Ки тоҷи Каёнро кунад орзу,

Туфу бод бар чархи гардун туфу.

Хондем, ки шоҳи Сосонӣ чун аз музокира бо мусалмонон натиҷаи мусбат нагирифт, ба онҳо гуфт:

«Фармон медиҳам ҳамаатонро дар хандақи Қодисия дафн кунанд». Низ хондаем, ки Рустами Фаррухзод чун дар гуфтугӯи сулҳ бо мусалмонон ба тавофуқ нарасид, ба Муғийра ибни Шӯъба-намояндаи Саъд ибни Абуваққос гуфт:

«Қасам ба хуршед ва моҳ, фардо қабл аз ин ки хуршед ба осмон барояд, ҳамаатонро хоҳам кушт».

Агар ба матлаби фавқ андаке диққат кунем пай мебарем, ки форсҳо бо он ки заиф шуда буданд, бо вуҷуди ин худро хеле қавитар аз мусалмонон медонистанд.

Ҳамчунин агар ба гуфтугӯе, ки байни намояндагони мусалмонон ва сарфармондеҳони лашкари Рум дар бораи сулҳ, ки қаблан шарҳ додем таваҷҷӯҳ кунем, пай мебарем, ки румиён низ арабҳоро дар муқобили худ заиф ва забун мепиндоштанд ва худро бартар аз онҳо медонистанд.

Пас намешавад гуфт, ки яке аз иллатҳои пирӯзии мусалмонон, заъфи қувваҳои низомии он ду император буда аст.

Аммо ихтилофи динӣ гарчи нисбат ба тӯдаи мардум асари зиёнбахш дорад, вале дар тазъифи қувваҳои низомии давлат махсусан қувваҳои Рум, ки нисбат ба раияти мустамликаи худ аҷнабӣ буд, кучактарин таъсир надошт.

Набудани ризоят ва ҳамбастагии онҳо бо давлат гарчи наметавонад яке аз иллатҳои аслии пешрафти мусалмонон бошад, метавон қабул кард, ки то андозаи зиёде дар муқовимати онҳо муассир буда аст, чунки дар таърих мехонем, ки яҳудиён дар Шом тавротро ба даст гирифта, дуъо мекарданд, то арабҳо бар румиён ғолиб ва пирӯз шаванд. Қибтиён низ дар айёми муҳосираи шаҳри Миср аз дохили ҳисори шаҳр ба мусалмонон кӯмак мекарданд. Дар айёми муҳосираи шаҳри Искандария, ки чаҳор моҳ тӯл кашид то он ҷо ба мусалмонон кумак мекарданд, ки ҳатто хӯрок ва дигар лавозимот барои онҳо бепул фароҳам мекарданд.

Нависандагони муҳаққиқи исломӣ, ки дар садаҳои охир ба баҳс дар ин мавзӯъ пардохтаанд, иллати аслии пешрафти мусалмононро дар маҷмӯъ вобаста ба ин чаҳор амр медонанд.

1. Имон ба Худои азза ва ҷалла ва эътиқоди ҷозим ба нусрат ва мадади Худо, ки дар Қуръон ба онҳо навид дода ва ба онҳо фаҳмонда аст, ки шарти пирӯзӣ дар ҷанг зиёдии шумораи низомӣ нест, балки ихлос дар амал ва субот дар кор лозим аст. Чунон ки Қуръон мефармояд

Сухани Худо:

Чи басо ки иддаи каме, бар ҳукми Худо бар иддаи зиёде пирӯз шуданд ва Худо ҳамеша бо касоне аст, ки сабр ва субот доранд.

(Сураи Бақара ояти, 249.)

Ин амр ба онҳо руҳия медод аз ин ҷиҳат дар оғози ҳар ҷанге ба ғалаба аз болои душман боварӣ доштанд ва барои расидан ба ҳадафу мақсаддашон дил ба Худо мебастанд ва вориди кор мешуданд.

2. Имон ва яқин ба гирифтани натиҷаи мусбӣ аз ҷанги худ, чи бар душман ғолиб шаванд ва чи душман бар онҳо пирӯз шавад, зеро тибқи гуфтаи Қуръони карим ҳар гоҳ мусалмонон бар душман ғолиб шаванд, ба ифтихори пирӯзӣ ва касби ғанимати дунявӣ мерасанд ва агар мағлуб ва дар ҷанг кушта шаванд, ба шаҳодат ва савоби ухравӣ расида, мушарраф ба биҳишти ҷовидон мегарданд, ки Қуръон дар ин бора мефармояд:

Сухани Худо:

Бигӯ ба душманонат! Оё аз ҷанги мо бо шумо ҷуз таҳаққуқи қатъии яке аз ду амри неку чизи дигаре барои мо интизор мекашед.

(Сураи Тавба, ояти 52.)

Ин ду амри неку яке пирӯзӣ ва ғанимат дигаре шаҳодат ва касби савоби ухравӣ аст. Ҳамин ақида буд, ки мусалмононро дар ҳама ҳол ба гирифтани натиҷаи нофеъ ва мутмаин ва онҳоро ба корашон дилгарм месохт, зеро ба таври қатъӣ ё ба ғанимат мерасиданд, ё ба шаҳодат. Мусаллам аст, ки чунин мардум бебок хоҳанд буд ва тарс ва ҳарос аз ҷанг нахоҳанд дошт.

Ин матлабро аз ҷавобе, ки Убода ибни Сомит саҳобаи бузурги Расулу-л-лоҳ (с) ҳангоми музокираи сулҳ, ба Муқавқис фармонравои Миср дод, ба хубӣ маълум мешавад.

Муқавқис ба намояндагони низомии мусалмонон, ки барои музокираи сулҳ ба наздаш рафта буданд хитоб карда мегӯяд:

-Давлати Рум иддаи бешумори сарбози румӣ ҷамъ карда аст ва агар ин лашкар ҳаракат карда бар сари шумо бирезанд, нафаре аз шумо боқӣ нахоҳад монд Убода ибни Сомит мегӯяд:

-Ҳон, эй Муқавқис! Мабодо ба худ мағрур шавӣ, ё ин ки ёронат туро мағрур созанд. Моро метарсонӣ, ки иддаи хеле зиёди сарбози румӣ барои ҷанг бо мо ҷамъ шудаанд. Мегӯӣ моро тоби муқовимат дар баробари онҳо нест. Ба ҷонам қасам ин амр дар ҷанг барои мо на чизе аст, ки бадон битарсонӣ ва на чизе аст, ки моро суст ва аз корамон боз дорад, агар он чи мегӯӣ рост бошад, ба Худо қасам, ки ин амр беҳтарин ташвиқкунанда аст ва ҳирс ва азми моро нисбат ба ҷанг бо онҳо шадидтар мекунад. Чунки агар ҳамаи мо то охирин нафар кушта шавем, дар назди Худои худ он рӯз, ки ба сӯяш боз мегардем, маъзур хоҳем буд ва моро беҳтар ба хушнудии Худо ва зудтар ба биҳишти Худо мерасонад. Ҳеҷ чизе назди мо беҳтар ва хушояндтар аз ин амр нест. Мо дар муқобили шумо ҳатман яке аз ин ду амри некуро хоҳем дошт ё ғанимати дунявӣ, агар мо бар шумо пирӯз шавем, ё ғанимати ухравӣ (шаҳодат), агар шумо бар мо ғолиб шавед. Агар дар майдони ҷанг пас аз кӯшиш ва фидокорӣ кушта шавем ва ба ғанимати ухравӣ бирасем, барои мо беҳтар аст аз ин ки зинда бимонем ва ба ғанимати дунявӣ бирасем. Ҳар кадом аз мо ҳар бомдод ва шомгоҳ ба даргоҳи Худо дуъо мекунад, ки ӯро ба шаҳодат бирасонад ва ӯро ба шаҳраш боз нагардонад ва ба дидори аҳл ва авлодаш нарасонад. Худо дар китобаш (Қуръон) ба мо фармуда аст:

Сухани Худо:

Чи басо, ки иддаи каме, ба ҳукми Худо бар иддаи зиёде пирӯз шуданд ва Худо ҳамеша бо касоне аст, ки сабру субот доранд.

(Сураи Бақара, ояти 249.)

Мусалмонон дар оғози ҳамла ба ин ду давлат на аслиҳаи тахрибӣ аз қабили манҷаниқ ва фалахмон доштанд ва на ба ҳадди кофӣ аслиҳаи сабуки муосир аз қабили купол, гурз, каманд ва на либосҳои ҳифозатӣ аз қабили зиреҳ, ҷавшан ва кулоҳ.

Аслиҳаи онҳо иборат буд аз шамшер, найза, тиру камон, ки ҳамин се навъи аслиҳаи онҳо ҳам ба ҳадде ночиз буд, ки форсҳо ҳангоми вуруди намояндагони Саъд ибни Абуваққос ба Мадоин ба тирҳояшон, ки ба камар баста буданд, нигоҳҳои масхараомез мекарданд ва мегуфтанд:

-Дук-дук, яъне: чӯби чархаки нахресӣ аст, вале ҳамин мардум бо ҳамин дукҳо бо онҳо ҷангиданд ва аслиҳаи пешрафтаи онҳоро аз дасташон гирифтанд ва бар анборҳои аслиҳаи онҳо даст ёфтанд ва сипас бо аслиҳаи худи онҳо бар онҳо тохтанд ва кори худро бо онҳо яксара карданд. Кори мусалмонон бо румиён низ инчунин буд. Чаро? Барои он ки дини ислом тибқи дастуроти Қуръон ва таълими қавлӣ ва амалии Расулу-л-лоҳ (с) аз роҳи имон дар чуқуриҳои қалбҳои мусалмонон устувор шуда буд ва шуҷоат, сабр ва пойдорӣ дар вуҷудашон ба ҳадди комил расида буд аз ин рӯ, заъф ва забуниро ба худ роҳ намедоданд ва ба қувваи моддӣ ва бисёрии шумора ва олоти ҷангии душман ҳеҷ эътино намекарданд. Оре, ислом, мусалмононро тавре тарбият карда буд, ки гӯё дар шабҳо роҳиби рӯҳонӣ ва рӯзҳо паҳлавони майдони ҷанг мебошанд. Ин сифати комил дар тӯли таърихи башар дар ҳеҷ уммате дида ва шунида нашудааст.

Ҳамин умур буд, ки бо он ки аз ҳайси шумори неруҳо ва олоти ҷангӣ дар баробари лашкари Форс ва Рум хеле ночиз буданд, ба онҳо эътино накарданд ва бидуни тарс бар онҳо тохтанд, ва бар онҳо пирӯз шуданд ва бар ҷойи онҳо нишастанд ва фармонрвоӣ карданд.

Намунаи имон ва шуҷоати мусалмононро метавон аз баъзе бархӯрдҳои қавлии онҳо бо душман фаҳмид. Ҳангоме ки намояндагони мусалмонон барои музокираи сулҳ ба Мадоин омада буданд, яке аз форсҳо барои масхара кардан ба онҳо мегӯяд (ин шамшери кӯтоҳ, ки ба дӯш овехтаи дар ҷанг ба чӣ кор ояд?) Ин мӯъмини далер ҷавоб медиҳад (оташпора ҳарчанд кӯчак бошад, хеле чизҳои бузургро хокистар мекунад) яке дигар аз онҳо ба яке аз мусалмонон, ки шамшери кӯҳнае ба камар баста буд, истеҳзо мекунад ва мегӯяд:

-Ғилофи шамшерат хеле кӯҳна ва пӯсида аст, ин мусалмон фавран ҷавоб медиҳад (ман бо шамшере, ки дар ғилоф аст меҷангам, на бо ғилофаш).

3.Ҳусни ахлоқ ва рафтори одилонае, ки мусалмонон пас аз фатҳ бо мардуми шаҳрҳои тасхиршуда мекарданд. Дар таърих мехонем, ки Холид ибни Валид яке аз шаҳрҳои Ироқро ба унвони сулҳ фатҳ кард ва аз мардум ҷизя гирифт, вале пас аз чанде бино ба муқтазои шароит ва тибқи фармони ҳазрати Абубакр (р) онро тахлия кард аз ин хотир пулу молеро, ки бобати ҷизя аз мардуми шаҳр гирифта буд, айнан ба онҳо пас дод, зеро ҷизя дар муқобили ҳифзи назм ва амнияти шаҳр аз мардум гирифта мешуд. Пас ҳоло ки шаҳрро тахлия мекунанд ва аз ин ҷо мераванд ва кори мардумро ба худашон вогузор мекунанд, бояд пулеро, ки аз онҳо аз ин бобат гирифтаанд ба онҳо пас диҳанд.

Ин рафтори одилона, ки барои мардуми шаҳр тааҷҷубовар буд, дилҳояшонро нисбат ба ин фотеҳин ба ҳадде гарм кард, ки вақте аз шаҳрашон хориҷ мешуданд, ба овози баланд дуо карда мегуфтанд:

— Худо шуморо ба саломат назди мо боз орад.

Яҳудиён, ки дар Шом ва Миср таҳти фишори румиён буданд, пас аз тасаллути мусалмонон бар он диёр Тавротро ба даст мегирифтанд ва мегуфтанд:

— То зиндаем нахоҳем гузошт қайсари Рум боз ба ин ҷо боз гардад.

Қибтиҳо пас аз тасаллути мусалмонон ба Миср ба ҳадде хушҳол шуданд, ки яке аз усқуфҳои бузурги Искандария ба номи Бинёмин дар яке аз хутбаҳои худ гуфт:

-Дар Искандария ҳамон наҷот, итминон ва осоише, ки ҳамеша орзу доштам акнун ёфтам. Яке аз масеҳиён ба номи Вирас мегӯяд:

-Рӯзе, ки аз калисои Макарус дар Миср пас аз фатҳи мусалмонон дидан кардам, дидам мардум монанди говҳое, ки аз банд озод шуда бошанд, ғарқи шодӣ шудаанд.

Қаблан хондем, ки духтари Муқавқис фармонравои Миср ҳангоми фатҳи шаҳри (Фармоа) асир шуд. Амр ибни Ос бар хилофи ҳар фотеҳи муқтадире ӯро мавриди эҳтиром қарор дод ва дар ҳоле, ки ба василаи чанд нафар мусалмон ҳифозат мешуд, назди падараш фиристод.

Чунон ки дар таърихи ислом ва ғайри исломӣ дида мешавад, мусалмонон ба ҳар шаҳре, ки тариқи сулҳ дохил мешуданд на даст ба қатли касе мезаданд ва на амволи ғайри давлатиро соҳибӣ мекарданд, на чашм ба мол ва номуси мардум медоштанд, на ибодатгоҳҳояшонро вайрон мекарданд, на аз иқомаи ибодат ва маросими динӣ ё маросими миллии онҳо ҷилав мегирифтанд. Чизе ки ба унвони ҷизя (молиёти саронаи сол) аз мардум мегирифтанд хеле камтар аз маблағе буд, ки қаблан ба давлати вақт медоданд. Пас агар мардум нисбат ба ин фотеҳини одил муҳаббат кунанд ва онҳоро бо оғӯши боз пазиранд, амре аст табиӣ.

Густов Лубун донишманд ва нависандаи машҳури фаронсавӣ дар китобаш ба номи «Тамаддуни ислом» мегӯяд:

«Дар дунё кишваркушоёни меҳрубонтар ва фотеҳини одилтар аз арабҳо дида ва шунида нашудааст».

Инҳо ки ба унвони намуна зикр кардем нишондиҳандаи ҳусни ахлоқи мусалмонон ва нишондиҳандаи адолати онон бо мардум аст.

Ҳаққан, агар бигӯем мусалмонон ба василаи ҳусни ахлоқ ва адолати бесобиқаи худ беҳтар ва бештар аз адолати низомӣ ба пирӯзии ҳайратангезашон расиданд, сухани бедалел нагуфтаем, зеро ҳаргоҳ ба футуҳоти онҳо, ки ба тафсил баён кардем муроҷиа ва таваҷҷӯҳ кунем, мебинем шаҳрҳоеро, ки дар ҳар кишваре аз тариқи сулҳ тасхир кардаанд, беш аз шаҳрҳое аст, ки бо қудрат ва ҷанг гирифтаанд ва ин худ далели возеҳ аст бар ин, ки ҳусни рафтор ва ахлоқашон дар байни мардум ба хуби шӯҳрат ёфта буд ва мардумро таҳти таъсир қарор додаанд. Бадин сабаб хоҳони он буданд, биноан бидуни муқовимат ё пас аз андаке муқовимат таслим мешуданд.

4.Фармондеҳӣ ва роҳбарии дуруст.

Ин матлабро, ки муҳимтар ва асоси се матлаби қаблӣ аст, ба унвони ҳусни хотима дар охири ин мабҳас зикр мекунем.

Мусаллам аст, ки афроди лашкар вақте дар майдони ҷанг дилгарм мешаванд ва ба хубӣ меҷанганд ва ба дурустӣ аз ӯҳдаи корашон бар меоянд, ки фармондеҳашон нақшаи ҷангии саҳеҳе дошта бошад ва дар кораш ҳушёрӣ, тадбир ва маҳорати ҷангӣ дошта бошад. Яқин аст, ки фармондеҳи ҷабҳа низ он гоҳ аз ӯҳдаи вазифааш ба хубӣ бармеояд, ки фармонравои бузургаш дар марказ, умури саҳеҳ ва дастурамали дурусти низомӣ ба фармондеҳи ҷабҳа равон кунад варна ҳаргоҳ, яъне нақшаи фармондеҳи ҷабҳа дуруст набошад ё фармондеҳ маҳорат ва тадбири низомӣ надошта бошад, умур ва дастурамали фаромонравои бузурги марказӣ носанҷида ва иштибоҳ бошад, сарнавишти лашкар дар майдони ҷанг ҷуз нокомӣ ва шикаст чизе нахоҳад буд.

Агар ба футуҳоти исломӣ дар хилофати ҳазрати Абубакр (р) халифаи аввал дар нимҷазираи араб ва хориҷи он ва ба футуҳоти пирӯзмандонаи ҳазрати Умар (р) халифаи дуввум дар хориҷи шибҳи ҷазира таваҷҷӯҳ кунем, хоҳем дид, ки мусалмонон ҷуз дар ҷанги Ҷиср, ки Абуубайди Сақафӣ фармондеҳи майдон дар асари адами риояти дастури фармонравои олӣ, яъне ҳазрати Умар (р) носанҷида амал кард ва шикаст хӯрд, дигар бидуни истисно чи дар хоки Ироқ, чи дар Эрон, чи дар Сурия ва Фаластин ва чи дар Миср хулоса дар ҳар ҷо, ки бо ҳарифи зурманди худ рӯёрӯ шуданд, ғолиб гардиданд ва аҷибтар он, ки ба ҳадди ошкор ба пирӯзии ниҳоӣ расиданд, ки гӯё муъҷиза буд.

Чаро? Барои ин ки фармондеҳони лашкари мусалмонон дар корашон кушо буданд ва маҳорати низомӣ доштанд ва лашкарро тибқи нақшаи саҳеҳи ҷангӣ, ки ғолибан аз фармонравои бузург дар Мадина мегирифтанд, роҳбарӣ мекарданд ва худи фармондеҳон монанди афроди лашкар силоҳ ба даст мегирифтанд ва пешопеши онҳо бо душман меҷангиданд, на монанди фармондеҳони тарафи муқобил, ки пушти ҷабҳа ва дар хайма рӯи тахти заррин ва фарши қимате менишастанд ва амалиёти низомии афродашонро аз дур назорат мекарданд ва фармон медоданд.

Агар таърихи умумиро баррасӣ ва бетаассуб қазоват кунем, ошкор хоҳем кард дар нимҷазираи араб ин сарзамини гумноми дурафтода аз тамаддун, фармондеҳони далер ва доно аз қабили Абуубайда ибни Ҷарроҳ, Холид ибни Валид, Саъд ибни Абуваққос, Амр ибни Ос, Мусанно ибни Ҳориса, Шураҳбил ибни Ҳусна, Қаъқоъ ибни Амр, Ҳишом ибни Утба, Тулайҳа ибни Хувайлид, Абумусои Ашъарӣ, Нӯъмон ибни Муқрин ва амсоли онҳо ба вуҷуд омаданд, ки назири онҳо дар маҳорати ҷангӣ, пешрафт ва муваффақияти низомӣ дар ҷойи дигари ҷаҳон пайдо нашуда аст.

Таҳоҷумот ва ҳамалоти низомие, ки аз ин фармондеҳон махсусан аз Холид ибни Валид, Саъд ибни Абуваққос, Амр ибни Ос ва Абуубайда сар зад ва бар ҳарифҳои муқтадири худ пирӯз шуданд, бузургтарин ҳамалот ва пирӯзиҳое аст, ки таърихи умумии ҷаҳон барои диловарони номдори ҷангӣ сабт карда аст.

Ҳаққан ин ҳамалоти муваффақ, ки ҳама пешрафт ва ҳама пирӯзӣ бар душман буд, илова бар ин ки аз шуҷоат ва диловарии онҳо ҳикоят мекунад, ин нубуғи низомӣ ва тавфиқи онҳо дар шеваҳо ва фунуни ҷангӣ парда бар медорад. Таърихи умумии ҷаҳон ном ва кори ин фармондеҳони пирӯзмандро беҳтарин аз номи Искандари Мақдунӣ императори юнонӣ ва Наполеон фармонравои Фаронсавӣ барои ҳамеша дар сафҳаҳои равшани худ нигаҳ медорад, чунки ин ду марди таърихӣ гарчӣ дар оғози корашон хуб пеш рафтанд, вале корашон дар охир ба чи нокомӣ кашид.

Илова бар он чи гуфтем дастурот ва фармони ҷангие, ки ин фармондеҳон ҳангоми ҳаракат аз Мадина аз ду роҳбари бузург Абубакр (р) ва Умар (р) дарёфт медоштанд ё баъдан ҳангоми ҳамла ба шаҳре аз роҳбари бузург ба онҳо мерасид, ба ҳадди саҳеҳ ва мутобиқ бо авзоъ ва талаботи ҷангии мусалмонон буд, ки корашонро хеле осон ва пирӯзии онҳоро таъмин менамуд.

Магар нахондаем, ки Абуубайда қабл аз шурӯи ҷанги Ярмук аз ҳазрати Абубакр (р) ва ҳангоми ҳамла ба Димишқ аз ҳазрати Умар (р) дастур хост ва низ Саъд ибни Абуваққос дар замони ҳаракат ба Ироқ қабл аз ҳамла ба Қодисия низ дар бораи ҳамла ба Мадоин, Ҷилавло ва Наҳованд ва ҳамчунин Амр ибни Ос дар гирудори ҳамла ба хоки Фаластин, ки ҳама бархӯрд бо мушкилоти низомӣ карда буданд, аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р) роҳбари марказӣ дастур дархост карданд ва ин роҳбари бузург чунон ки гӯё худаш дар маҳалли корашон ҳозир аст ва мушкили кори онҳоро дар майдони ҷанг айнан мебинад, аз Мадина умур ва дастуроте ба онҳо дод, ки мушкили онҳоро хеле осон ҳал фармуд ва мусалмононро зуд ба пирӯзӣ расонд.

Инак ба унвони намунаи айни фармони ҳазрати Умар (р)-ро ба Абуубайда дар бораи ҳамла ба Димишқ, ки аз он дучори мушкили шуда буд, аз таърихи Табарӣ нақл мекунем, то бидонем ин роҳбари бузург чи гуна вазъи мусалмононро аз дур месанҷад ва мушкили онҳоро нодида ҳал мекунад.

Ҳазрати Умар дар ҷавоби Абуубайда мефармояд:

— Қабл аз ҳамла ба шаҳри Фаҳл ба сӯи Димишқ битозед, зеро Димишқ қалъа ва пойгоҳи низомии Шом аст (ва тасаллут бар ин шаҳр тасхири дигар шаҳрҳоро осон менамояд) як гурӯҳ аз саворони худро дар муқобили шаҳри Фаҳл ҷойгир намоед ва аҳли шаҳрро машғул созед (то дар ҳини ҳамла ба Димишқ аз пушти сар бар шумо натозанд).

Ҳамчунин гурӯҳи дигар аз саворони худро дар муқобили роҳи Фаластин ба Димишқ ва гурӯҳи дигарро дар муқобили роҳи Ҳимс ба Димишқ бигуморед. Агар Худо шаҳри Фаҳлро қабл аз фатҳи Димишқ барои шумо фатҳ кард, чи беҳтар, зеро ҳамон чизе аст, ки мо мехоҳем. Агар фатҳи Фаҳл то пас аз фатҳи Димишқ ба таъхир афтад бояд дар Димишқ касе бимонад, то онро муҳофизат ва нигаҳдорӣ кунад ва худат бо соири фармондеҳон аз Димишқ хориҷ ва бо ҳам ба Фаҳл ҳамла кунед. Ҳамин ки Худо шаҳри Фаҳлро барои шумо фатҳ фармуд, он гоҳ ту ва Холид ба сӯи Ҳимс бишитобед. Шураҳбил ва Амр ибни Ос барои тасхири Урдун ба он сӯ ҳаракат кунанд. Амири ҳар шаҳре ва низ амири ҳар гурӯҳе аз лашкар бояд чун пештара дар вазифаи аморати худ боқӣ монад, то он гоҳ ки худашон ба майл ва хоҳиши худ аз аморати худ истеъфо диҳанд.

Дар ин фармон чӣ мебинем

Мебинем ҳазрати Умар (р) бо он ки дар Мадина ва дур аз саҳнаи ҷанг аст, нақшаи ҳамла ба Димишқ, Фаҳл, Ҳимс ва Урдунро медиҳад, дастур медиҳад қабл аз ҳаракат ба сӯи Димишқ роҳи Фаластин ба Димишқ ва низ роҳи Фаҳлро, ки лашкари муҳими румӣ дар он ҷо мутамарказ буд, ҳамчунин роҳи Ҳимс ба Димишқро, ки Ҳераклус бо лашкараш дар он ҷо мустақар буд дар ихтиёр бигиранд ва бар рӯйи мардуми Димишқ масдуд намоянд, то аввалан ҳангоми ҳамла ва муҳосираи Димишқ, душман натавонад аз ин роҳҳо ворид шавад ва аз пушти сар бар мусалмонон ҳамла намояд ва корро бар онҳо мушкил созад, сониян аҳли Димишқро аз дарёфти ҳар гуна кумаки низомӣ ва расидани озуқа ва лавозими зиндагӣ маҳрум намоянд, то дар мушкилоти низомӣ ва тангнои зиндагӣ биафтанд ва маҷбур ба таслим шаванд.

Чунон ки қаблан шарҳ додем, Абуубайда бо иҷрои ин нақша пирӯз гардид. Лашкари Димишқ таслим шуд. Чун Димишқ ҳамон тавр, ки ҳазрати Умар (р) фармуда буд пойгоҳи низомии Рум дар Шом буд ва дигар нуқоте, ки қаблан ба тафсил баён кардем ба ҳадде итминонбахш кард, ки ҳазрати Умар (р) пас аз фатҳи он амр фармуд, то сипоҳе, ки қаблан дар замони хилофати ҳазрати Абубакр (р) аз Ироқ ба кумаки ҷабҳаи Шом омада буд, ба Ироқ бозгардад ва ба кумаки Саъд ибни Абуваққос биштобад.

Барои ин ки фармондеҳони ҷузъ аз фармондеҳони кул наранҷанд ва дӯстӣ ва ҳамбастагии онҳо, ки лозимаи муваффақияти лашкар аст ба ҳам нахурад, ҳазрати Умар (р) дар охири фармонаш дастур медиҳад, ҳар яке аз онҳо дар ҳамон вазифаи аморотӣ, ки ҳаст боқӣ монанд, то он гоҳ, ки худашон ба хоҳиши худ истеъфо диҳанд.

Дар ин китоб хондаем, ки чун кори Амр ибни Ос ҳангоми ҳамла ба Фаластин мушкил гардид, вазъи худро ба ҳазрати Умар (р) иттилоъ дод. Он ҳазрат аз Мадина нақшаи ҷанг ва дастурамали корро ба ӯ дод ва мушкили низомии ӯро бартараф фармуд ва мусалмонон ба зудӣ бар Димишқ пирӯз шуданд.

Ростӣ, ҳаргоҳ ба нақшае, ки ҳазрати Умар (р) барои иҷро ба Амр ибни Ос фиристод, ба диққат бингарем, пай мебарем, ки он ҳазрат чи қадар маҳорати кор доштааст. Аз хонандаи азиз тақозо мекунем ба он ҷо боз гардад ва бори дигар онро ба диққат мутоила фармояд, то беҳтар ба азамати фитрии ин роҳбари бузург пай барад.

Оре, ҳамин нақшаҳо ва ҳамин фармонҳои дурусти низомии фармонравои бузург буд, ки фармондеҳони диловари мусалмононро ба сӯи пирӯзӣ роҳбарӣ ва ғалабаи онҳоро бар душман таъмин мекард.

Низоми сиёсӣ дар замони ҳазрати Умар (р)

Давраи хилофати ҳазрати Умар (р) илова бар ин ки давраи футуҳот ва тавсиаи доираи ҳукумати исломӣ ва густариши дини ислом буд, назми сиёсии ҳукумати ислом низ дар давраи хилофати ин халифаи бузург суръат гирифт.

Ҳазрати Умар (р) дар давраи хилофаташ созмонҳо ва таъсисоте дар ислом ба вуҷуд овард, ки қаблан собиқа надошт ва инак ба таври ихтисор ба иттилои хонандагони гиромӣ мерасад.

А- Тақсимоти кишварӣ

Чун дар аҳди хилофати Умар (р) императории бузурги ислом ба вуҷуд омад. Маркази хилофат ҳам наметавонист бо он созмони содда, ки дар замони рисолат ва дар давраи хилофати халифаи аввал дар кор буд аз ӯҳдаи идора кардани он барояд. Ҳазрати Умар (р) мамлакати императориро ба расми созмонҳои давлати Эрон ва Рум ба чандин аёлат тибқи шарҳи зер тақсим фармуд, то идораи умур, ҳифзи назм, назорат бар назми умури лашкар ва ҳисобу китоби дахлу харҷи мамлакат осон ва муназзам шавад:

1. Мадинаи мунаввара – маркази кишвар;

2. Макка;

3. Тоиф;

4. Санъо;

5. Куфа;

6. Басра;

7. Димишқ;

8. Ҳимс;

9. Фаластин;

10. Урдун;

11. Баҳрайн;

12. Аҳвоз;

13. Қиннсирин;

14. Миср;

15. Озорбойҷон;

16. Рай;

17. Исфаҳон;

18. Курдистон;

19. Истахр;

20. Кирмон ба изофаи Мукрон ва Сиистон;

21. Форс;

22. Хуросон;

23. Табаристон.

Волиёни ин аёлот аз тарафи худи халифа таъин ва ба маҳал фиристода мешуданд ва унвон ва вазифаи волии омми аёлат доштанд ва чунон ки Моварадӣ дар китобаш ба номи «Аҳкоми салотиния» мегӯяд:

-Вазифаи волии ом иборат аз шаш амр буд:

1. Роҳбарӣ ба умури лашкари аёлат ва ҷойгир кардани онҳо дар ҳар ҷое, ки лозим бошад;

2. Назорат ба иҷрои ҳуқуқи давлатӣ аз қабили закот, хироҷ, ҷизя ва сарф намудани онҳо дар мавориде, ки қонуни шариати ислом қарор карда аст ва гуморидани маъмурин барои гирифтани ҳуқуқи давлатӣ аз мардум тибқи низоми молии ислом;

3. Таини қозиҳо, назорат бар аҳкоми содира ва таини ҳокимон бар шаҳрҳои тобеи аёлат;

4. Таблиғи дини ислом ва ҳимоят ва дифоъ аз ҳарими дин;

5. Иҷрои ҷазо ва ҳадди шаръӣ бар гунаҳгорон;

6. Имомат дар намозҳои панҷгона, намози ид ва ҷумъа дар маркази аёлат ва муҳайё кардани корвони ҳаҷ ва таини раиси корвон.

Кори ҳокимони шаҳрҳои тобеи аёлат, ки гоҳе аз тарафи халифа дар маркази мамлакат таъйин ва баъзе вақтҳо аз тарафи волии аёлат таъйин мешуданд, аз ин иборат буд:

1. Тадбири умури нигаҳбонони шаҳр, ҳифзи амният ва идораи умури умумии мардуми шаҳр;

2. Муҳофизати ҳудуди марбут ба он ноҳия;

3. Имомат дар намозҳои панҷгона, намози ҷумъа ва намози ид;

Ҳокими шаҳр ҳаққи дахолат дар умури қазоӣ ва дарёфти ҳуқуқи давлатӣ надошт. Ин ду амр чунон ки, гуфтем аз вазоифи ихтисосии волии аёлат буд.

Б – Таъсиси пулис.

Ҳазрати Умар (р) аввалин халифае буд, ки пулиси соддае дар давлати ислом ба вуҷуд овард. Кори афроди он дар шабҳо ҳифзи назм ва амнияти шаҳр ва рӯзҳо иҷрои аҳкоми қазо ва қисос ва ҳадди шаръӣ буд. Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) дар замони хилофаташ ба ин созмон аҳамияти бештаре дод ва онро таҳти низоми беҳтаре даровард.

В- Таъсиси гумрук.

Гирифтани ҳуқуқи гумрукӣ бори аввалин ба фармони ҳазрати Умар (р) дар ислом барқарор гардид.

Абумусои Ашъарӣ ба ҳазрати Умар (р) навишт:

-Давлатҳои хориҷӣ аз тоҷирони мусалмонон, ки молҳои тиҷоратӣ ба кишварашон мебаранд, ба мизони ду дар сад (яъне 2 №) ҳуқуқи давлатӣ мегиранд. Он ҳазрат дар ҷавоб навишт:

-Ту ҳам ба ҳамон мизоне, ки онҳо аз мусалмонон мегиранд аз аҷносе, ки аз хориҷ меоваранд вусул кун.

Г – Таъсиси дабирхона ва низоми умури молии давлат.

Мусалмонон дар замони ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) низ дар тӯли хилофати Абубакр (р) ҳуқуқи муқарраре дар давлати ислом надоштанд. Агар дар арсаи ҷанг бо душман ғанимате ба даст меоварданд фармондеҳи лашкар тибқи муқаррароти шариати ислом чаҳор панҷум аз кулли ғаниматро байни худ ва фармондеҳони ҷузъӣ ва афроди лашкар тақсим мекард ва як панҷуми дигарро ба Мадина мефиристод. Ҳазрати расул(с) дар ҳаёти худ ва низ Абубакр (р) дар замони хилофаташ ҳамчунин Умар (р) дар авоили хилофаташ ин як панҷуми амволи ғаниматро дар масҷиди Мадина байни мусалмонон тақсим мекарданд.

Чун баъдан дар давраи хилофати ҳазрати Умар (р) ҳукумати ислом тавсиа ёфт ва сарвати он аз пули нақд, тилло, нуқра ва амволи дигар аз ғаниматхо ба Мадина сарозер шуд, ҳазрати Умар (р) лозим дид низоми молии дурусте барқарор фармояд ва дафтархонаи муназзаме барои байтулмоли мусалмонон ба вуҷуд оварад, то дахлу харҷи давлат ва ҳуқуқи лашкариён ва бахшишҳои мардум таҳти назми саҳеҳ дарояд. Аз ин рӯ он ҳазрат тибқи ишораи яке аз дабирони эронӣ, ки дар Мадина буд, дастур дод мутобиқи низоме, ки дар Эрон маъмул буд, дабирхона ва дафтархонаҳои молӣ барқарор намоянд.

Ривояти дигаре мегӯяд:

-Ҳазрати Умар (р) барои ин кор бо мусалмонон машварат фармуд. Валид ибни Ҳишом ибни Муғийра гуфт:

-Ман дар Шом дидаам, ки ҳокимони румӣ барои низоми идорӣ ва молии худ дафтархонаҳои махсусе доранд, ки харҷу дахли давлат ва ҳуқуқи вазифадорон ва лашкариёни худро дар он сабт мекунанд. Чи беҳтар, ки ту низ чунин куни. Ҳазрати Умар (р) ин пешниҳодро писандид ва анҷоми ин корро ба ӯҳдаи Ақил ибни Абутолиб, Махрума ибни Навфал ва Ҷубайр ибни Мутъим супурд. Онҳо номҳои мусалмонони ом аз марду занро барои таини мизони маоши муқаррарии онҳо аз байтулмол дар дафтари махсусе ба тартиби дараҷаҳои, собиқа ва хидмати онҳо дар исломро сабт карданд. Тибқи фармони ҳазрати Умар (р) кори худро бо сабти номҳо ва таъйини ҳуқуқи ҳамсарон ва хешовандони Расулу-л-лоҳ (с) шурӯъ карданд.

Дафтари дигареро барои тадвини номҳои фармондеҳон ва афроди лашкари ислом ва таини мизони маоши онҳо ва масрафҳои дигари лашкариро таҳия ва ба қайд гирифтанд. Ҳамчунин дафтари молии хоссе ба номи (дафтари хироҷ) барои сабти амволе, ки аз ҳар ҷо ва ҳар бобат ба байту-л-моли мусалмонон мерасад ва сабти амволе, ки аз байту-л-мол хориҷ мешавад ва ба масраф мерасад, барқарор карданд ва бадин тарз дабирхонаи муназзаме ба фармони ҳазрати Умар (р) дар давлати ислом бар сари кор омад, ки қаблан собиқа надошт.

Д – Таъйини мабдаи таърихи ислом

Аъроб дар айёми ҷоҳилият ва низ дар садри ислом таърихи муайяне надоштанд, то барои тадвини ашъор, воқеа ва номаҳои худ таърих қайд намоянд.

Ҳазрати Умар (р) пас аз гузашти ду сол ва ним аз хилофаташ, ки доираи сарзамини ислом тавсиа ёфт ва ҳаводис ва равандҳои муҳиме пеш омад ва номаҳо ва муросилоти зиёде радду бадал шуд, лозим донист, ки барои сабти ҳаводис, муросилот ва ҷараёни умури давлати ислом як мабдаи таърихӣ, муайян фармояд.

Мусалламан мабдаи таърихӣ бояд амри муҳиме бошад ва ихтисосе ба уммат дошта бошад, тавре ки мабдаи таърихи масеҳиён тавлиди ҳазрати Исои набию-л-лоҳ қарор дода шуда аст.

Аз ин рӯ он ҳазрат бо асҳоби бузурги Расулу-л-лоҳ (с) машварат фармуд, ки чи амре аз умури муҳими исломиро мабдаи таърихи мусалмонон қарор диҳад.

Пас аз табодули назар бар ҳасби пешниҳоди ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) мабдаи таърихи исломро аз соли ҳиҷрати Расулу-л-лоҳ (с) аз Макка ба Мадина қарор доданд, зеро ин воқеа муҳимтарин ва муассиртарин воқеаи ислом аст. Чунки ин воқеа ҳадди фосил байни заъф ва қудрати мусалмонон буд. Пешрафти босуръати дини ислом ва қудрат ва шавқати мусалмонон пас аз ҳиҷрат оғоз гардид. Ҳазрати Умар (р) ин пешниҳодро, ки мавриди иттифоқи асҳоб воқеъ шуд тасвиб фармуд ва аз он рӯз байни мусалмонон маъмул гардид.

Даромадҳои давлати ислом

Даромадҳои давлати ислом ва амволе, ки ба байту-л-мол дохил мегардид аз амволи зерин иборат буд:

1. Хироҷ- яъне молиёти маҳсулоти зироатӣ, ки тибқи ривояти Яъқубӣ ба мизони 2% (ду дар сад) аз мулкдорон ва кишоварзони ғайримусалмон ҳангоми бардошти маҳсули ғаллагӣ дарёфт мегардид.

Хироҷи Ироқ дар давраи хилофати ҳазрати Умар (р) солиёна 120000000 (як саду бист милион) дирҳам нуқра ва хироҷи Миср солиёна маблағи 16000000 (шонздаҳ милион) динори тилло буд. Хироҷи дарёфтӣ аз зардуштиён ва дигар афроди ғайримусалмони Эрон, Шом ва Фаластин низ миқдори муҳиме буда аст;

2. Ҷизя- яъне молиёти сарона, ки солиёна аз мардуми ғайри мусалмони муқими қаламрави давлати ислом дарёфт мегардид. Мардони солманд ва занон новобаста ба синну сол ва писарони ноболиғ аз ҷизя озод буданд;

3. Андози гумрукӣ, ки аз амвол ва аҷноси воридоти хориҷиёни ғайри мусалмон ба мизони 10% (даҳ дар сад) арзиши коло дарёфт мешуд;

4. Закот, ки мутобиқи қонуни ислом фақат аз мусалмонон гирифта мешуд ва шомили пули тилло, нуқра, ҳайвонот ва маҳсулоти зироатӣ буд ва шарҳи он дар китобҳои фиқҳ ба тафсил баён шуда;

Дар аёми ҳаёти соҳиби рисолат, яъне Расулу-л-лоҳ (с) ва дар тӯли хилофати халифаи аввал ва дуввум, давлати ислом ин закотро ба василаи кормандон ва коркуноне, ки ба номи (омилини закот) гуморида мешуданд, аз мардум ҷамъ мекард ва ба байту-л-моли мусалмонон ворид менамуд. Давлати ислом мутобиқи дастури Қуръон онҳоро дар мавриди ҳаштгонае, ки Қуръон муайян фармуда аст сарф мекард.

Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) халифаи саввум дар давраи хилофаташ мушоҳида фармуд, ки байту-л-моли мусалмонон ғанӣ шуда аст ва мардум низ ба сарвате расидаанд, ки дигар бениёз шудаанд, аз ин рӯ лозим надид, ки боз ҳам закот ба василаи ҳукумат аз мардум гирифта ва ба байту-л-мол дохил шавад ӯ иҷоза дод, ки худи мардум закоти амволашонро ба масрафи шаръӣ бирасонанд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *