Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Шаҳри Фаҳл дар муҳосира

Абуубайда муҳофизат ва нигаҳдории Димишқ ва назми дохилии онро ба ӯҳдаи Язид ибни Абусуфён яке аз умарои кордонаш супурд ва ӯро бо гурӯҳе аз қаҳрамонони саворкори яманӣ дар Димишқ мустақар намуд ва худаш бо ҳамроҳи сардори далераш Холид ибни Валид ва дигар амирон ва афроди лашкараш ба тарафи Фаҳл ҳаракат намуд ва ба Абулаъвари Суламӣ ва гурӯҳаш пайваст ва дар муқобили лашкари ҳаштодҳазор нафараи Бизонс, ки дар дохили шаҳр буданд қарор гирифт.

Лашкари Бизонс чуноне, ки қаблан шарҳ додаем, давродаври шаҳри Фаҳлро ба об баста буданд. Ба тавре ки атрофи шаҳрро аз ҳар сӯ гилолуд карда буданд, ки дар асари он ба сурати ботлоқи хатарноке даромада буд ва на савора ва на пиёда наметавонист ба осонӣ аз он убур намояд ва ба шаҳр бирасад.

Аз ин хотир Абуубайда салоҳ надид мусалмонон аз чунин замини хатарноке убур намоянд ва худро дар хатар андозанд, зеро агар бебокона ба об бизананд ва аз ботлоқи душман убур кунанд ва дар канори шаҳр бо қувваи душман бархӯрд кунанд ва байни тарафайн ҷанг даргирад, мусалмонон миёни душмани ҷанганда аз пеш ва замини хатарнок аз пушти сар, дар муҳосира қарор хоҳанд гирифт. Аз ин рӯ наҷоташон номумкин ё ҳадди ақал хеле мушкил мешавад, чунки дар ин сурат душман пушт ба сангар ва истеҳкомоти худ меҷангад, вале мусалмонон бояд пушт ба замини хатарноке, ки аз душман камтар набуд, биҷанганд. Возеҳ аст, ки чунин иқдоме ба салоҳи мусалмонон набуд. Бинобар ин барои мусалмонон ҷуз ин ки дар пеши замини ботлоқ урду бизананд ва шаҳрро дар муҳосира бигиранд ва ба интизори имкон биншинанд, роҳе набуд.

Ҷанг ва гурез

Сақлор фармондеҳи қувваҳои Рум дар Фаҳл тасаввур мекард чун мусалмонон бо ин вазъе, ки ӯ барои дифоъ пеш кашида нахоҳанд тавонист ба шаҳр ҳамла кунанд ва пас аз муддате хаста ва ноумед гардида ба ночор аз ин ҷо хоҳанд рафт, вале чун муддате гузашт ва мусалмонон дар ҷои худ боқӣ монданд ва даст аз онҳо барнадоштанд, нақшае кашид, ки шабона дар ҳини ғафлат бар онҳо битозанд.

Ӯ пеши худ пиндошта буд, ки чун муддате гузашта ва байни тарафайн бархӯрде дарнагирифта аст, мусалмонон шабҳо осуда мехобанд, пас агар дар дили шаб дар ҳини хоб бар онҳо ҳамла кунад, онҳо вақте аз хоб бедор мешаванд, ки ӯ бо лашкараш бар сари онҳо рехта фурсати тадорук барои дифоъро аз дасташон гирифта онҳоро ба хок ва хун хоҳанд кашид. Ба ин андеша шабе бо тамоми қуввааш аз шаҳр хориҷ гардид, вале ҳамин ки ба урдугоҳи мусалмонон наздик шуд фаҳмид, ки он чи мепиндошт хато буд, зеро мусалмонон дар корашон варзида ва ҳушёр буданд, аз ҳила ва найрангҳои ҷангии душман махсусан дар шабҳо ғофил набуданд ва ҳамеша, ҳатто шабҳо ва дар ҳини хоб мусаллаҳ ва омодаи корзор буданд. Дар тӯли шабҳо посдорон ва нигаҳбонони лоиқе посдорӣ ва нигаҳбонӣ мекарданд. Иттифоқан дар ин шаб навбати кор бо гурӯҳе буд, ки раиси онҳо Шураҳбил ибни Ҳусна фармондеҳи номдори араб буд. Ба маҳзи ин ки Шураҳбил чашмаш аз дур ба душман афтод, ӯ ва ҳамкоронаш бо садои Аллоҳу акбар мусалмононро аз хоб бедор ва бо ҳам ба тарафи душман, ки ба онҳо наздик шуда буд, ҳамла намуд ва дар ҳамон дили шаб бо шиддати ҳар чи зиёдтар байни тарафайн ҷанг даргирифт, ки лашкари Рум чун беҳтар аз мусалмонон омодаи кор буд, талафоте бар онҳо ворид кард.

Ин ҷанг дар тӯли шаб ва фардои он шаб пайваста ҷараён дошт ва диловароне монанди Холид, Зарор ибни Зур, Шураҳбил ибни Ҳусна ва амсоли онҳо, ки барояшон чи разм ва чи базм, фарқе надошт, бори дигар дар ин ҷо бепарво вориди корзор шуданд ва дар охири кор ба ҳадде талафоти сангине бар душман ворид сохтанд, ки фармондеҳонашон дар ҳайрат фурӯ рафтанд ва дасташон аз кор ва пояшон аз истиқрор суст гардид.

Чун шаби дуввум фаро расид, Сақлор фармондеҳи душман ва чанд нафари дигар аз сардорони румӣ, ки ҳама маҷруҳ шуда буданд, аз майдон хориҷ шуданд ва боқимондаи лашкараш, ки тоби муқовиматро аз даст дода буданд, по ба фирор гузоштанд.

Ба куҷо фирор мекунанд? Оё паноҳгоҳе дар наздикии худ доранд? Не, ин фирориёни шикастхӯрда акнун дар ҳамон вазъи хатарноке афтоданд, ки мусалмонон аз он метарсиданд, зеро мусалмонон пушти сарашон бо шамшер ва найза метохтанд ва дар пешашон ҳамон замини гилолуде буд, ки худашон бо дасти худ ба бор оварда буданд, то аз он баҳраи низомӣ бигиранд, вале акнун барои онҳо зиёнбахш гардида аст.

Ба ҳар ҳол ҷон доранд ва ҷони ширин хуш аст. Бояд аз шамшери душмани худ бигурезанд ва худро ҳар тавр шуда ба замини гилолуд бизананд, то шояд аз шамшер наҷот ёбанд.

Шаҳри Фаҳл дар ихтиёри мусалмонон

Вале чун як шабонарӯз мураттаб дар ҷанг буда ва хаста буданд, натавонистанд ба суръат аз чунин замини гилолуде, ки онҳоро то зери зону дар худ фурӯ мебурд убур намоянд. Дар ҳамон ҳоле ки ба кунди ва сахти убур мекарданд ва дар ҳоле, ки аз хастаги қудрат надоштанд, дасте аз худ рад кунанд, мусалмонон бо найзаҳо бар сарашон рехтанд ва ҳамаро аз дами теғ гузарониданд. Аз ҳаштод ҳазор нафари ин лашкар иддае дар майдони ҷанг кушта шуданд ва бақияе, ки аз майдон ҷон бадар бурданд ва фирор карданд, ҷуз теъдоди андаке ҳамаи онҳо дар ин замини гилолуд ба дасти мусалмонон нобуд шуданд.

Чун ин ҷанг бар хилофи интизори мусалмонон пеш омад ва мусалмонон дар он пирӯз шуданд, онро нусрат ва инояти илоҳӣ талаққӣ карданд, зеро Худо барои онҳо иттифоқ ва тасодуфе ба миён кашид, ки онҳо фикрашро намекарданд.

Румиҳо заминҳои атрофи шаҳрро гилолуд карданд, то монеи мусалмонон шавад ва чунон ки хоста буданд ин нақша дуруст буд ва натиҷаи хубе гирифтанд, вале баъдан бо пои худ аз шаҳр хориҷ шуданд ва худро дар хатари ҷанг бо мусалмонон андохтанд. Ҳамин замини хатарнок ба нафъи мусалмонон ва ба зиёни румиҳо ба кор даромад. Пас оё ин фатҳ бо ин моҷаро нусрат ва мадади худовандӣ нест, ки ба уммати Муҳаммад (с) иноят фармуд? Албатта, бале, ҳамин ҳодиса низ ба онҳо итминони хотир бахшид, ки Худо дар фатҳи бақияи сарзамини Шом ва Фаластин мададгорашон хоҳад буд.

Фатҳи Бисон ва Табария

Абуубайд пас аз тасаллут бар шаҳри Фаҳл гурӯҳе аз лашкарашро таҳти фармони Амр ибни Ос ва Шураҳбил ибни Ҳусна ба Бисон ва гурӯҳи дигарро таҳти фармони Абулаъвари Сулаймӣ ба Табария фиристод, то ин ду шаҳрро тасарруф намояд.

Амр ибни Ос ва Шураҳбил шаҳри Бисонро ба муҳосира кашиданд ва чун мардум аз шунидани хабари фатҳи Димишқ тарсон шуда буданд, салоҳи худро ҷуз сулҳ бо мусалмонон надиданд. Ин ду нафар сардор бо дархости сулҳи онҳо мувофиқат карда ба унвони сулҳ вориди шаҳр шуданд ва посбононашонро халъи силоҳ сохта, шаҳрро тасарруф карданд.

Чун аҳли Табария, ки дар муҳосираи Абулаъвар буданд аз сулҳи аҳли Бисон огоҳ шуданд, онҳо низ дасти сулҳ ба сӯи Абулаъвар пеш бурданд ва амон хостанд. Абулаъвар низ тақозои онҳоро пазируфт ва шаҳри Табария низ ба унвони сулҳ ба дасти мусалмонон афтод.

Таслим шудани шаҳрҳои Урдун

Пас аз ин моҷаро мардуми шаҳрҳои Урдун аз қабили Азруот, Уммон, Ҷараш, Муоб ва ғайра ҳама бо мусалмонон сулҳ намуда, таслим гардиданд ва натиҷатан манотиқи сарзамини Урдун хеле осон таҳти султаи мусалмонон даромад.

Абуубайда пас аз фатҳи Урдун лашкарашро ба ду қисмат тақсим сохт. Як шӯъба таҳти фармони Амр ибни Ос ва Шураҳбил, ки акнун аз фатҳи Урдун фориғ шуда буданд, маъмури фатҳи шаҳри Фаластин кард. Шӯъбаи дигар ба роҳбарии худаш бо ҳамроҳии Холид ибни Валид ва баъзе дигар аз сардорон барои фатҳи шаҳрҳои дигари Шом ва Лубнон аз қабили Ҳимс, Ҳамот, Лозиқия, Тартус ва ғайра омода гардид.

Инак мо аввал ҳамроҳи Абуубайда ва Холид ба роҳ меафтем, то бубинем ин фармондеҳи моҳир яъне Абуубайда, ки Расулу-л-лоҳ (с) ӯро амини уммат хонд ва ин сардори кордон яъне Холид, ки набии Худо (с) ба ӯ лақаби сайфуллоҳ дод чи мекунанд ва чи гуна пеш мераванд.

Абуубайд барои тасхири Ҳимс ба ҳаракат даромад

Абуубайда бо қуввааш барои тасхири шаҳри Ҳимс иқоматгоҳи охири Ҳераклус ва тасаллут бар шаҳрҳое, ки дар байни роҳ буд, ва ба маҳалле ба номи Марҷаи -Рум дар шимоли шарқии Димишқ расид. Дар ин ҷо ногаҳон бо лашкаре рӯ ба рӯ гардид, ки маълум буд Ҳераклус онро таҳти фармони сардори машҳур ба номи Патр Теодор дар ин ҷо мустақар карда, то роҳро бар рӯи мусалмонон бибанданд. Абуубайд дар муқобили ин лашкар таваққуф намуд, то биандешад чи бояд кард.

Дар ҳамин ҳангом низ лашкаре аз саворони румӣ таҳти фармони сарлашкари дигаре аз Рум ба номи Шанс ба кӯмаки Теодор расид ва дар маҳалле, ки каме бо ҷойгоҳи Теодор фосила дошт, қарор гирифт ва бадин тартиб гузаргоҳи Ҳимсро бар рӯйи Абуубайд бастанд.

Пас аз ин ки Абуубайд ва Холид шабона дар бораи усули кори худ бо ин ду лашкар ба ҳам музокира карданд, қарор бар ин шуд, ки дар оғози сафедаи субҳ Абуубайда бо гурӯҳе бар лашкари Шанс ва Холид бо гурӯҳе бар Теодор ҳамла намоянд ва онҳоро аз сари роҳи худ биронанд.

Димишқ дар маърази хатари дубора

Вале аҷиб буд, дар ҳангоми субҳ, ки вақти ҳамла буд, ҳеҷ асаре аз Теодор ва лашкараш дар инҷо наёфтанд, чаро, кай ва куҷо рафтанд, маълум набуд.

Холид бузургшудаи ҷанг буд ва фанни низомиро медонист ва ҳила ва найранги ҷангиро дарк мекард. Ӯ пас аз андаке тафаккур, дарёфт, ки нақшае дар кор буда. Ҳарифаш шабона ба қасди тасарруфи Димишқ, ки аз ин ҷо зиёд дур нест, ба он сӯ Рафта, пас бояд пушти сараш тохт.

Гӯё Теодор ва Шанс фикр карданд, ки як қисмати муҳими лашкари ислом таҳти фармони ду нафар сардори бузург, яъне Амр ибни Ос ва Шураҳбил ба Фаластин рафтаанд ва аз ин ноҳия дур шудаанд. Қисмати умдаи лашкар низ ҳамроҳи Абуубайд аст, пас агар ба ҳар тариқе битавонанд Абуубайдро дар роҳ нигаҳ доранд, бозгирифтани Димишқ барои онҳо хеле осон хоҳад буд, зеро иддаи мусалмонони муҳофизи Димишқ он қадар набуд, ки битавонанд аз ӯҳдаи дифоъ аз як сипоҳи муҳим бароянд.

Бинобар ин агар Шанс дар Марҷи- Рум пеши роҳи Абуубайдаро бигирад ва ӯро ба ҷанг ва гурез дар ин ҷо машғул намояд, Теодор метавонад бо сипоҳаш ба сӯи Димишқ битозад ва онро осон ва зуд аз дасти мусалмонон пас бигирад. Тибқи ин нақша буда, ки Шанс бо лашкараш барои машғул сохтани Абуубайда дар ҷои худ монда ва Теодор бо сипоҳаш дар дили шаб ба сӯи Димишқ тохта аст.

Язид ибни Абусуфён фармондеҳи горди Димишқ, ки амири фаҳмидае буд, ҳеҷгоҳ аз оянда ва пешомадҳои эҳтимоли ғайри мунтазира ва махсусан дар замони ҷанг ғофил набуд. Ӯ ба василаи ҷосусонаш ва корогоҳонаш, ки барои касби ахбор дар атроф ва деҳоти дуру наздик пароканда буданд, хабар ёфт, ки Теодор ба сӯи Димишқ дар ҳаракат аст, вале аз Холид, ки пушти сараш метозад, хабар надошт, вагарна дар ҳисори шаҳр паноҳ мегирифт, то Холид бирасад ва аз пушти сар ба Теодор ҳамла кунад. Аз ин рӯ барои он ки аз духули басуръати Теодор ба шаҳри Димишқ пешгирӣ намояд, дарвозаҳои шаҳрро маҳкам баст ва гурӯҳеро дар бурҷҳо барои дифоъ гуморид ва худаш бо гурӯҳе аз афродаш ки ҳама аз саворони ҷанговари Яман буданд, дар хориҷи шаҳр ба интизори вуруди Теодор нишаст. Ҳамин, ки Теодор ва сипоҳаш мағрурона ба шаҳр наздик шуданд ва Язид барои дифоъ бар по хост, ногаҳон Холид бо саворонаш расид ва такбиргӯён аз пушти сар ба сипоҳи Теодор ҳамла кард.

Чун Язид ва гурӯҳаш ба иллати камии иддашон аз сарнавишти худ бимнок буданд, ҳамин ки садои Аллоҳу акбарро аз пушти сари душман шуниданд ва фаҳмиданд, ки касе ба кӯмакашон расида аст, қулубашон қавӣ ва руҳияашон қувват гирифт.

Язид аз пеш ва Холид аз пушти сар, Теодорро дар миёна гиритфанд ва то он ҷо шамшер дар онҳо ба кор бурданд, ки ҷуз иддаи каме, ки тавонистанд моҳирона фирор намоянд, ҳамаи онҳо бо ҳамроҳии Теодор нобуд шуданд ва аспҳову лавозимот, абзор ва захираи ҷангии онҳо ба дасти мусалмонон ғанимат афтод ва ба ин тарз нақшаи Теодор ва Шанс нақш бар об гардид.

Язид ибни Абусуфён бо парчами пирӯзӣ ба Димишқ бозгашт ва Холид ва саворонаш фотеҳона ба сӯи Марҷи- Рум ба роҳ афтоданд. Вақте ба он ҷо расиданд, ки Худованд Абуубайдаро дар ҷанге, ки байни ӯ ва Шанс даргирифта буд, пирӯз фармуда ва худи Шанс ҳам ба қатл расида ва лашкараш торумор шуданд ва ба тарафи Ҳимс гурехтанд.

Фатҳи Баълабак дар роҳи Ҳимс

Холид ва Абуубайда аз ин ҷо барои фатҳи шаҳри Баълабак, ки дар роҳи Ҳимс қарор дошт, ҳаракат кард. Чун аҳолии шаҳр аз футуҳоти мусалмонон ва пирӯзии онҳо дар Марҷаи Рум, ки наздикашон буд, бохабар буданд ва тоби муқовимат дар баробари онҳо надоштанд, бо мусалмонон сулҳ намуданд ва бидуни ҷанг таслим гардиданд ва шаҳр ба унвони сулҳ ба тасарруфи мусалмонон даромад.

Фатҳи Ҳимс

Абуубайда пас аз фатҳи Баълабак дар ҳоле, ки Холид пешопеши лашкараш буд, ба сӯи Ҳимс пеш рафт, аммо ҷуз он ки онро дар муҳосира гирад, коре аз дасташ барнаёмад, зеро дарвозаҳои шаҳр бар рӯи мусалмонон баста буд ва мудофеъон дар бурҷҳои ҳисор мустақар ва ба дифоъ пардохтанд.

Нигаҳбонони шаҳр қуввае надоштанд, ки битавонанд дар хориҷи шаҳр бо мусалмонон ба таври ҷиддӣ биҷанганд, аз ин рӯ дар шаҳр қалъанишин шуданд ва баъзе аз рӯзҳое, ки ҳаво хеле сард мешуд ва мепиндоштанд, ки мусалмонон наметавонанд дар асари сармо ба хуби биҷанганд, аз шаҳр хориҷ мешуданд ва ҷанг ва гурезе ба роҳ меандохтанд ва сипас фавран ба дохили шаҳр паноҳ мебурданд.

Гарчи мардуми шаҳр, то мудатте ба ин минвол гузарониданд, вале яқин буд, ки наметавонанд то муддати зиёде муқовимат кунанд, зеро сахт дар муҳосира буданд ва мумкин набуд аз хориҷ ҳеҷ гуна кӯмаки низомӣ ё иқтисодӣ ба онҳо бирасад, ин аст ки дар тангнои зиндагӣ меафтанд. Агар билфарз муддати зиёде истодагӣ кунанд, ҳам натиҷае аз корашон намегиранд, ҷуз таъхир дар таслим. Бар ҳасби иттифоқ дар ҳамин ҳангом зилзилаи сахте шаҳри Ҳимсро ларзонд ва қисматҳое аз ҳисори шаҳр фурӯ рехт. Миқдоре аз хонаҳои шаҳр вайрон гардид ва шаҳр дар хатари тасаллут қарор гирифт, зеро ҳисори шаҳр дар натиҷаи зилзила хароб шуд, дигар чизе набуд, ки монеи духули мусалмонон ба шаҳр бошад, аз ин хотир тақозои сулҳ намуданд ва шаҳри таърихии Ҳимс низ пас аз муҳосираи тақрибан тӯлонӣ аз тариқи сулҳ ба дасти мусалмонон афтод.

Фатҳи Лозуқия

Чун ҳангоми суқути Ҳимс фасли зимистон буд ва аъроб, ки бо ҳавои гарми Ҳиҷоз ва Наҷд одат карда буданд, наметавонистанд дар сармои он ҷо, ки нисбатан шаддид ва бисёр вақт барф ва борон мешуд, ба хуби биҷанганд, Абуубайда ба лашкараш истироҳат дод, то дар шаҳри Ҳимс бимонанд. То нимаи моҳи аввали баҳор соли 15-уми ҳиҷрӣ дар ин шаҳр иқомат карданд. Инак вақти муносибе барои шурӯъ ба кор пеш омада буд, бинобар ин Убодат ибни Сомит саҳобии бузурги Расулу-л-лоҳ (с) -ро бо гурӯҳе барои муҳофизати шаҳр ва ҳифзи назм ва амният дар он ҷо гуморид ва худаш бо бақияи лашкар ба қасди тасхири бандари муҳими Лозуқия ҳаракат кард. Дар тӯли роҳи худ шаҳрҳои Ҳамот, Ширз ва Саламияро, ки мардуми онҳо бидуни ҷанг таслим шуданд, тасарруф ва дар ҳар кадом аз ин шаҳрҳо гурӯҳеро барои муҳофизати онҳо мустақар кард ва ҳамчунон ба роҳи худ идома дод, то ба Лозиқия расид ва онро дар муҳосира гирифт.

Чун Лозуқия бандари тиҷорӣ ва низомии Бизонс буд, ин давлат ҳисори маҳкаме даври он кашида ва истеҳкомоти низомии муҳиме дар он ҷо барқарор карда буд, аз ин рӯ мардуми шаҳр метавонистанд хеле хуб ва то муддати тӯлонӣ дар муқобили ҳар муҳоҷиме муқовимат кунанд, зеро Лозуқия дар соҳили баҳри миёназамин воқеъ ва гарчи муҳосира шуда буд, аз тарафи баҳр озод ва роҳи баҳрӣ дар ихтиёри аҳли шаҳр буд. Метавонистанд аз роҳи баҳр кӯмаки низомӣ аз хориҷ бигиранд ва низ маводи ғизоӣ ҳар қадар бихоҳанд аз ҷое барои худ биёваранд. Аз ин ҷиҳат онҳо метавонистанд муддати номаҳдуде бидуни он ки дар тангнойи зиндагӣ бошанд, муқовимат ва шаҳри худро аз тасаллути мусалмонон ҳифз намоянд.

Абуубайд тасаввур мекард ин ҷо ҳам монанди дигар шаҳрҳо ба зуди фатҳ мешавад. Вале кор ба андозае мушкил гардид, ки ҷуз найранги низомӣ роҳе барои тасаллут бар шаҳр наёфт. Пас аз чанде нақшаи корро тартиб дод ва лашкарашро шабона берун кашид ва аз ҳамон роҳе, ки омада буд баргашт.

Мардуми Лозиқия, ки диданд мусалмонон кӯч караанд, пиндоштанд, ки онҳо дар асари муддати дароз ва таваҷҷуҳ ба ин ки бо мавҷудияти баҳр наметавонанд мардуми шаҳрро дар фишори зиндагӣ қарор диҳанд, аз тасаллут бар шаҳр маъюс шуда, даст аз корашон кашидаанд ва ба Ҳимс бозгаштаанд, аз ин рӯ мардум монанди аёми оддӣ дарвозаҳои шаҳрро боз ва осудахотир ба корҳои рӯзмараи худ машғул шуданд. Рӯзи аввал ва шаби дуввум ба оромӣ гузашт. Аввоили рӯзи дуввум, ки мардум осудахотиртар ба корашон пардохта буданд, мусалмонон аз роҳ бозгаштанд ва ногаҳон бар сарашон рехтанд. Хеле зуд вориди шаҳр шуданд. Дарвозаҳои ҳисори шаҳрро дар ихтиёр гирифтанд ва аз вуруди мардуми хориҷ ва хуруҷи мардуми дохили шаҳр ҷилавгирӣ ба амал оварданд.

Мардуми фиребхӯрда, ки фурсати ҳар кор аз дасташон рафта буд, тақозои сулҳ намуданд ва таслим шуданд ва шаҳр аз тариқи сулҳ ба тасарруфи мусалмонон даромад ва ҷон, мол, шахсият ва маъбадҳои мардум амон ёфт. Мусалмонон дар наздики калисои бузурги шаҳр барои худ масҷиде бино карданд.

Фатҳи Қиннасирин

Абуубайда пас аз тасарруфи Лозиқия ба Ҳимс боз гашт. Холид ибни Валидро бо аксарияти лашкараш ба сӯи Қинсирин, ки аз тобеи Ҳалаб буд, гусел дошт.

Холид аз истеҳкомоти низомии Қинсирин ва аз кӯмак ва имдодоте, ки барои тақвияти нигаҳбонони он ҷо расида буд, иттилоъ дошт ва низ медонист, ки фармондеҳи лашкари он ҷо сардори диловар аст ба номи Минос, ки марди дуввуми давлати Бизонс ва умре дар ҷангҳои он давлат бо Форс ва ғайра ба сар бурда ва корозмуда ва роҳбари лашкари хеле доно ва дар тадбири умур ва фунуни низомӣ корозмуда аст. Бо ин васф пирӯзӣ ба ин фармондеҳ ва тасаллут бар ин шаҳр хеле мушкил мебошад, вале Холид касе набуд, ки дар муқобили мушкилоти низомӣ зону бизанад. Ӯ ҳамеша дар ҳар ҷанге дил ба Худо мебаст ва эътимод ба нафси хешро дошт. Чунин касе ҳамеша дилгарми кор аст ва ҳаргиз заъф ва яъс ба худ роҳ намедиҳад.

Минос ҳам медонист, ки касе ки ба сӯи ӯ меояд ҳамон Холиди номвар аст, ки дар тамоми ҷангҳои Ироқ бидуни истисно пирӯз шуда ва дар Шом ҳам то ба ин ҷо, ки расида, дар ҳар ҷанге ғолиб шуда ва дар ҳеҷ ҷое мутлақан, ҳатто дар ҷангҳои қабл аз исломиаш шикаст нахӯрда аст. Пас Минос бояд ҳисоби кори худро ба хубӣ бикунад.

Вале ӯ ҳамон Миносе аст, ки дар ҳама ҷо ва чанд сол қабл бар лашкари Эрон ғолиб гардида аст. Ҳанӯз ғурури пирӯзи аз сараш дур нарафта аст, аз ин рӯ ба худ раво надид аз тарси Холид дар шаҳр ва дар паноҳи ҳисори шаҳр нишинад ва ҳолати дифоъ ба худ гирад. Ӯ мехост мардона дар хориҷи шаҳр бо Холид рӯ ба рӯ шавад, то ба ӯ бифаҳмонад, ки ҳисоби ин ҷо бо ҷойҳои дигаре, ки дида, басо фарқ дорад. Ба ин мақсад бо лашкараш аз шаҳр хориҷ шуд ва дар канори шаҳр мустақар гардид ва ба интизори вуруди Холид нишаст.

Холид, ки медонист бо чи касе рӯ ба рӯ мешавад, аз тадобире, ки бояд ба ҳисоб оварад, ғофил набуд. Ӯ медонист гарчи пирӯзӣ дар ҷанг вобастаи қудрати ҷангӣ аст, вале чи басо, ки тадбир ва ҳилла беҳтар аз амалиёти низомӣ пирӯзиро таъмин менамояд, аз ин рӯ бероҳа ва хеле моҳирона ба ҳадде басуръат ҳаракат кард, ки аз ҳисобҳои пешакӣ ва фикри Минос хориҷ буд ва бадин тартиб ҳангоми саҳаргоҳи яке аз шабҳое, ки аз ҳисоб ва андешаи Минос хориҷ буд, ногаҳон бо тамоми қуввааш бар сари қувваҳои Минос рехт ва то Минос хост ин ҳуҷуми ногаҳониро дафъ кунад, вале кор аз фоида гузашт.

Ин лашкар, ки ғофилгир шуда буданд, хеле зуд шикаст хӯрданд ва то хостанд фирор кунанд, Холид роҳро барои онҳо баст ва шамшер дар миёнашон гузошт. Аксари онҳоро, ки худи Минос низ дар байни онҳо буд, ба қатл расонид ва он иддае, ки натавонистанд фирор кунанд, дохили шаҳр шуданд ва дарвозаҳои ҳисорро бар рӯи мусалмонон бастанд.

Холид фавран ба таъқибашон шитофт, шаҳрро дар муҳосира гирифт ва ба мардум пайғоме дод, ки таърихи ҷаҳон то кунун аз забони ҳеҷ сардоре нашунида аст. Ин пайғом гуфтаи моро, ки гуфтем Холид ҳамеша дар ҳар ҷанге дил ба Худо мебаст таъйд менамояд. Холид ба онҳо пайғом дод ва гуфт:

-Бидонед, ки шумо агар дар осмон рӯйи абрҳо қарор бигиред, Худованди ҷалла ҷалолуҳу ё моро назди шумо мефиристонад, ё шуморо азди мо фуруд меоварад мардуми шаҳр муддате муқовимат ва аз камон ва фалохин ба сӯи мусалмонон тирандозӣ намуданд ва дифоъ карданд, вале чун барои онҳо маълум буд, ки аз корашон натиҷае намегиранд, тақозои сулҳ намуданд ва амон хостанд.
Холид ба онҳо амон дод ва шаҳрро тасарруф кард, вале чун ба дархости Холид, ки рӯзи аввал аз онҳо хост таслим шаванд, муқовимат карданд ва ба дифоъ пардохтанд ва талафоте бар мусалмонон ворид сохтанд. Холид барои гӯшмоли онҳо ҳисор ва бурҷҳои шаҳрро ба куллӣ вайрон кард ва нисфи манзили шаҳрро бо калисоҳое, ки дар он буд, ихтисос ба мусалмонон дод. Мусалмонон ин калисоҳоро табдил ба масҷид карданд.

Ғалаба бар Минос сардори забардасти румӣ ва тасхири шаҳри Қинсирин бо он бурҷ ва бораҳояш, то он ҷо кори мушкил буда, ки вақте хабари ин фатҳ ба ҳазрати Умар (р) расид, аз шуҷоат ва кордонии Холид тааҷҷуб кард ва фармуд:

-Худо Абубакр (р) -ро раҳмат фармояд! Ӯ дар мардумшиносӣ донотар аз ман буд.

Фатҳи Ҳалаб

Пас аз ин, ки Қинсирин фатҳ шуд, Абуубайд аз Ҳимс рӯ ба шаҳри Ҳалаб ниҳод ва чун ба он ноҳия расид, деҳқонон ва аҳолии деҳоти Ҳалаб, ки араби масеҳи буданд, бидуни ҳеҷ гуна муқовимате таслим шуданд ва дини исломро пазируфтанд. Аҳолии шаҳри Ҳалаб низ пас аз андаке муқовимат чорае ҷуз тақозои сулҳ надиданд. Абуубайда тақозои онҳоро пазируфт ба онҳо амон дод ва бадин тартиб шаҳри Ҳалаб ва рустоҳои тобеъ дар ихтиёри мусалмонон қарор гирифт.

Фатҳи Антоқия

Шаҳри муҳим ва таърихии Антоқия ё Антокиё сесаду ҳафт сол қабл аз мелоди ҳазрати Масеҳ ба фармони императори Румӣ ба номи Селевкус бино шуда буд. Ин шаҳр дар таърихи ҳамлаи мусалмонон, пас аз шаҳри Димишқ пойтахти Руми Бизонс дар ин ноҳия буд. Чун ин ҷо наздиктарин шарҳои Шом ва Қустантания — пойтахти аслии Бизонс дар хоки Рум буда, мавриди таваҷҷуҳи хосси он давлат қарор гирифта буд истеҳкомоти низомии муҳим ва маобид ва осоишгоҳҳои зебое дар он ба вуҷуд оварда буд, ки шояд камтар аз Димишқ набуд.

Гузашта аз мавқеияти низомии он, ки барои он давлат аҳамият дошт, ин шаҳр дар назари масеҳиён ҷанбаи муқаддасӣ низ дошт, зеро Қуддиси Барнобо, ки ба ақидаи мо мусалмонон ҳам шахси мӯъмин ва муҳтараме буда аст, дар ин шаҳр иқомат дошта ва Инҷили Барноборо, ки Инҷили саҳеҳ буда ва мутобиқи тақрири Қуръони карим маслуб шудан, яъне ба дор задани ҳазрати Масеҳро рад карда аст, дар дасти ӯ буда ва мардуми Антокияро бо таълими саҳеҳи ин Инҷил ҳидоят мекард. Ӯ пайравон ва шогирдони парҳезкоре дошт. Ин шаҳрро ба тадриҷ маркази таълими саҳеҳи дини ҳазрати Масеҳ карданд, гарчи низомиёни Антокиё қавви буданд ва истеҳкомот ва абзор ва захираи зиёде дошт, вале дида буданд ки мардуми Қиннасирин, Ҳалаб ва махсусан Лозиқия, ки бандар ва пайваст ба баҳр буд, коре ҷуз таслим аз дасташон барнаёмад. Мусалламан аз дасти мардуми ин шаҳр ҳам дар муқобили мусалмонон коре бар намеояд, аз ин рӯ бидуни он ки камтарин муқовимате бикунанд, амон хостанд ва таслим шуданд. Мусалмонон бидуни ҳеҷ гуна бархӯрде вориди шаҳр шуданд ва мудофионашро тасарруф карданд ва умури шаҳрро ба даст гирифтанд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *