Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Таърихи хулафои рошидин:

Абубакр (р) ва Умар (р)

(зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)

Муаллиф:

Сайид Абдурраҳими Хатиб

Баргардонанда:

Муҳаммадиқболи Садриддин

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Худоро шукр мегӯям, ки китоби «Шайхайн»-и Абдураҳими Хатибро, ки аз зиндагонии комили Абубакри Сиддиқ (р) ва Умари Форуқ (р) баҳс мекунад аз ҳуруфи форсӣ ба алифбои кириллӣ баргардон ва пешкаши хонандагони азиз гардонидам, то бошад, ки миллати тоҷик аз ин ду абармарди таърихи ислом ва ду ёри босафои ҳазрати Муҳаммад (с) огоҳии комил ва фарогире пайдо намоянд ва ба хубӣ он дуро бишносанд, зеро то ба ҳол китобе, ки чеҳраи нуронӣ ва зиндагиномаи ин ду ёри паёмбари исломро барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бо алифбои кириллӣ муаррифӣ намояд надидам ва пеши худ мақсад гузоштам, ки баргардонии онро шурӯъ намоям, агарчи хеле мушкил буд, вале онро ба анҷом расонидам.

Он ҳам бошад, бо лутфу инояти Худованди карим ва фазои орому мӯътадили Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, ки Худоро шукр ҳама мардуми он орому осоишта дар гирди роҳбари фарзонаи он аз як гиребон сар бароварда, кору фаъолият доранд, ки ин қобили ситоишу шукр аст ва Худо онро насибамон гардонидааст.

Сухане чанд доир ба мӯҳтавои китоб

Аз мазмуни китобе, ки дар даст доред ба хубӣ пай хоҳед бурд, ки Абубакри Сиддиқ ва Умар ибни Хаттоб чи шахсияти зотӣ ва азамати фитрӣ доштаанд ва барои пешрафти дини ислом ва тақвияти мусалмонон чӣ корҳои бузурге анҷом додаанд. Бо вуҷуди ин азамату бузургӣ хоксору фурутан буда, заррае худхоҳӣ ва такаббур дар онҳо роҳ наёфтааст. Дар муқобили ҳар пирӯзӣ ва пешрафти муҳимме, ки насибашон мешуд худро роҳини лутфи Худо дониста, Худоро ситоиш ва шукргузорӣ мекарданд.

Далелу аснод ва рақамҳое, ки дар ин китоб зикр шудааст, аз китобҳои муаррихони машҳури Ғарбу Шарқ гирифта шудааст ва сирфан ҷанбаи таърихӣ дорад, на сиёсӣ.

Дар гузаштаи начандон дур мардуми шарифи тоҷик дар бораи ҳаёту фаъолияти ин ду абармарди таърихи ислом, яъне Абубакру Умар маълумоти пурраи бо далелҳои таърихӣ асоснок надошт, зеро дар даврони пешазистиқлол арзишҳои динии мардуми мо ба таври бояду шояд аҷргузорӣ намешуд.

Биноан, бо мақсади хубтар шиносонидани ин шахсиятҳои беназир ва ғанӣ гардонидани маънивиёти хонандагони гиромӣ ба ин кори хайр камари ҳиммат бастам. Дар ин китоб, ки аз таассуби динӣ орӣ аст, санаду рақамҳои таърихии саҳеҳ, беғаразона, бо асосҳои илмӣ дарҷ гардидааст. Муаллиф ҳангоми ибрози ҳодисаҳои таърихии марбут ба футуҳоти исломӣ дар баробари зикри сарчашмаҳои муаррихони исломӣ, ҳамзамон дидгоҳи муаррихони ғайримусалмонро, ки донандагони хуби таърих маҳсуб мешаванд, бо овардани иқтибос, ёдрас мекунад.

Аз ҷумла муаррихи номдори фаронсавӣ Густов Лубун, ки мавзӯи футуҳоти исломӣ дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб (р)-ро дар китобаш бо номи «Тамаддуни ислом» ҳамаҷониба омухтааст, беғаразона чунин мегӯяд: «Дар дунё кишваркушоёне меҳрубонтар ва фотеҳоне одилтар аз арабҳо дида ва шунида нашудааст.»

Гузашта аз ин тамоми муаррихони ҳақбини олам эътироф мекунанд, ки мардуми шаҳри Байтулмуқаддас дар даврони хилофати Умар (р) новобаста ба мансубияти динию қавмияшон аҳлона, бо эҳтироми ҳуқуқҳои якдигар зиндагонӣ кардаанд. Ин давраи таърихӣ барои ин шаҳри муқаддас даврони тиллойии ҳамзистии осоишта эътироф гардидааст, ки ин худ нишондиҳандаи адолатпешагии Умар ибни Хаттоб (р) мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин китоб нақши асҳоби бузурги паёмбари ислом низ ҳамаҷониба ва ҳақбинона нишон дода шудааст. Саҳобаҳои киром, ки шахсиятҳои беназири таърихи башаранд дар атрофи Расули акрам(с) чун як тану ҷон гирд омада, барои таҳқиқи рисолаташ ба Ӯ содиқона хидмат карданд. Асҳоб, ки шогирдони мактаби муҳаммадӣ буданд, дар густариш ва устувор гардонидани дини мубини ислом дар нимҷазираи Араб ва берун аз ҳудуди он ҷону молашонро фидо кардаанд. Ин мардони бузург ба монандӣ Абубакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон, Алӣ ибни Абутолиб, Амр ибии Ос, Абуубайда ибни Ҷарроҳ, Саъд ибни Абуваққос ва бисёр дигарҳо мебошанд, ки корномаҳояшон дар таърихи башар назир надорад.

Муҳаммадиқболи Садриддин.

Муқаддима

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Алҳамду лиллоҳи раббил оламин ва-салотул-лоҳи ва саломуҳу ало сайиди-л-мурсалин ва ало олиҳи-т-тоҳирина ва асҳобиҳи аҷмаъин.

Муддате буд, ки баъзе аз дӯстон дар Бандараббос дархост мекарданд, китобе дар таърихи хулафои рошидин дар ихтиёрашон бигузорам, то мутолиа кунанд ва аз зиндагонии ин бузургворон ба хубӣ огоҳ шаванд, вале мутаассифона, чунин китобе ба забони форсӣ надоштам. Дар ҳар ҷои дигаре, ки ҷӯстуҷӯ кардам, низ китоби муфиде дар ин хусус наёфтам. Барои ҳамин тасмим гирифтам, то бо муроҷиа ба китобҳои муътабари таърихи исломӣ, мухтасаре дар таърихи хулафои рошидин бинависам. Чун дар асари шуғле, ки дорам, фурсати ин кор хеле кам буд ва анҷоми он тӯл мекашид, салоҳ дидам таърихи мавриди назарро дар ду қисмат бинависам.

Қисмати аввал таърихи шайхайн Абубакр ва Умар ҷудогона дар як китоб ба нигориш омад, то зудтар хотима ёбад ва дар ихтиёри дӯстони гиромӣ қарор диҳам.

Сипас қисмати дуввум, таърихи Усмон ва Алиро дар китоби мустақили дигаре бинависам.

Инак, алҳамду-лиллоҳ ба тавфиқи Худо қисмати аввали таърихи хулафои рошидин бо номи (Шайхайн) хотима ёфта ба чоп мерасад. Умед аст, ин шоа-л-лоҳ муфид ва мавриди истифодаи хонандагони гиромӣ воқеъ шавад.

Мақом ва шахсияти ҳар яке аз хулафои рошидин бартар аз ин аст, ки забон битавонад он гуна, ки шоиста аст баён ё қалам аз ӯҳдаи он барояд. Ончи гуфта ё навишта шуда, метавонад то ҳадде муаррифи шахсияти азими онҳо бошад ва ман ҳам бо навиштани ин китоб саҳми кучаке аз ин бобат дошта бошам.

Шумо хонандагони азиз бо мутолиаи ин китоб то ҳадде пай мебаред, ки шайхайн чӣ шахсияти зотӣ ва чи азамати фитрӣ доштаанд ва барои пешрафти дини ислом ва тақвияти мусалмонон чи корҳои бузурге анҷом додаанд. Бо он фазоил ва ҷоннисориҳое, ки ин ду абармарди беназири таърихи ислом дар густариши ин дини илоҳӣ дар канори паёмбари Худо доштанд, бозҳам мутавозеъ ва фурутан буданд, заррае худхоҳӣ ва такаббур дар онҳо роҳ наёфт, ҳеҷ гоҳ худнамоӣ аз онҳо сар назад ва дар асари пирӯзӣ ва пешрафти муҳимме, ки насибашон мешуд, худро амонатдори иноят ва лутфи Худо дониста ӯро ситоиш ва шукр мекарданд. Гарчи ҳар вақт зикре аз футуҳоти исломӣ ба миён меояд, номи Умар пеш аз номи Абубакр таҷаллӣ мекунад, зеро он чӣ Умар (р) дар даврони хилофаташ фатҳ кард ва бар ду импературии бузурги ҷаҳон пирӯз гардид, фавқулода муҳим буд. Тавфиқе, ки дар кораш ёфт ба муъҷиза бештар шабеҳ буд то ба амри оддӣ. Вале аз ҳақ набояд гузашт ва бояд гуфт, ки Умар доманаи футуҳотеро, ки Абубакр пайрезӣ ва рӯйи он амал карда пеш рафта буд, тавсиа дода буд. Зеро Абубакр дуруст замоне вафот ёфт, ки аз як тараф ба хоки Ироқ ва аз сӯи дигар ба Шом ва Фаластин лашкар кашида буд ва бар қисмати зиёде аз Ироқ тасаллут ёфта буд ва дар хоки Шом, ки таҳти султаи имперотурии Бизонс (Византия) буд, пеш мерафт.

Пас чунончи дар поёни китоб хоҳед дид, ҳазрати Умар кореро, ки ҳазрати Абубакр шуруъ карда буд, идома ва тавсиъа дода ва онро то ба камол расонид. Возеҳ аст, ки такмили як кор, осонтар аз шуруъ ба коре аст, ки оянда ва саранҷомаш номаълум аст.

Бинобар ин омили аслии ин футуҳотро бояд ҳазрати Абубакр ва такмил кунандаи онро ҳазрати Умар разиял-лоҳу анҳумо донист.

Дар хотима ногуфта намонад, ки матолиб ва умуре, ки дар ин китоб зикр шуда аст, аз китобҳои таърихии мувассақ гирифта шуда ва сирфан ҷанбаи таърихӣ дорад, на мазҳабӣ. Аз ин хотир на ақидаи мазҳабии касеро дастгирӣ мекунад ва на ақидаи мазҳабии касеро рад мекунад. Бинобар ин умед аст мавриди истифодаи умуми мусалмонон қарор гирад. Дар бораи порае аз матолиби таърихии ин китоб ақида ва назари шахсии худамро зикр кардаам, ки умед аст иншоа-л-лоҳ ба хато нарафта бошам.

Ба таърихи якшанбе нӯҳуми зулқаъдаи соли 1397-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ бо аввали обонмоҳи 1356 ҳиҷрии шамсӣ.

Сайид Абдураҳими Хатиб

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Абубакри Сиддиқ (р)

Абубакри Сиддиқ ба иттифоқи тамоми таърихҳои исломӣ ва бегона, халифаи аввали Расули Худо буд. Номи Абубакр, Абдуллоҳ аст ва калимаи Абубакр ба истилоҳи араб кунияи ӯст.

Ҳазрати Абубакр, қурайшинасаб ва аз хонаводаи ҳазрати Расулу-л-лоҳ(с) буда, насабаш ба (Мурра) мерасад, ки аз аҷдоди гиромии он ҳазрат аст. Мурра бобои шашуми он ҳазрат ва бобои панҷуми Абубакр аст. Чун Абубакр дар замони қабл аз зуҳури ислом дар байни оммаи табақоти араб ба ростгӯйи ва сидқгуфторӣ мавсуф ва ба ин сифати камоли инсонӣ шӯҳрат ёфта буд, аз ин рӯ ӯро Сиддиқ мехонданд ва чун рӯзе пас аз зуҳури ислом ба ҳузури Расулуллоҳ мушараф шуд, он ҳазрат фармуд: «анта атиқуллоҳи минаннор» яъне ту аз оташи ҷаҳаннам раҳо ва аз аҳли биҳиштӣ. Аз он рӯз машҳур ба Атиқ низ шуд.

Абубакр ду солу чанд моҳ баъд аз милоди мубораки Расулуллоҳ дар шаҳри муқаддаси Макка мутаваллид шуд. Бинобар ин ду солу чанд моҳ кучактар аз ҳазрат мебошад.

1. Дар истилоҳи араб ба ҳар исме, ки ибтидои он (аб) бошад Абубакр, Абутуроб ва амсоли онҳо (куния) гуфта мешавад. Ҳамчунин ҳар исме, ки ибтидои он (ум) бошад монанди Умму-л-банин, Умму-л-хайр ва ашбоҳи онҳо низ (куния аст), машрут (ба шарти ин) ба ин, ки шахси соҳиби куния исми асли дошта бошад, монанди Абубакр ва исми аслии ӯ Абдуллоҳ аст ва монанди Абулқосим, ки кунияи ҳазрати Расулуллоҳ аст ва номи мубораки аслии он ҳазрат Муҳаммад аст.

Хонаводаи Абубакр

Номи падари Абубакр, Усмон ва кунияи падараш «Абуқуҳофа» аст.

Дар соли ҳаштуми ҳиҷрат шаҳри муқаддаси Макка фатҳ ва ба тасарруфи Расулу-л-лоҳ (с) даромад, Абубакр дасти падарашро, ки пир ва нобино шуда буд, гирифт ва ба ҳузури Расулу-л-лоҳ (с) овард. Расулу-л-лоҳ фармуд: Чаро нагузоштӣ ин шайх дар хонааш бошад то ман ба наздаш биравам? Абубукар арз кард, ки ҳаққаш ин аст, ки ӯ ба ҳузурат мушарраф гардад. Сипас Расулу-л-лоҳ (с) ӯро ба рубарӯи худ нишонд ва дасти муборакро ба синааш кашид ва фармуд: «Мусалмон шав, эй Абуқуҳофа». Ӯ фавран даъвати мустақими он ҳазратро пазируфт ва ҳамон ҷо дар ҳузури Расулу-л-лоҳ (с) ба дини ислом мушарраф гардид.

Абуқуҳофа пас аз он дар тӯли ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) ва дар тӯли ҳаёти фарзандаш Абубакр дар қайди ҳаёт буд ва ҳамеша дар шаҳри Макка басар мебурд. Шаш моҳ пас аз вафоти Абубакр дар давраи хилофати ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р) дар шаҳри Макка вафот ёфт ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд.

Исми модари Абубакр Салмо ва машҳур ба Умму-л-хайр буд. Ӯ дар авоили зуҳури ислом дар Макка ба дини ислом мушарраф шуда ва дар хонаи Ибни Абуарқам дар наздикии кӯҳи Сафо қарор дошт ва дар он айём маҳалли иҷтимооти мусалмонони аввалия буд, ба ҳузури Расулу-л-лоҳ (с) шарафёб шуд ва бо он ҳазрат барои анҷоми вазоиф ва таколифи дини ислом, байъат кард.

Нақши Абубакр (р) дар ислом

Абубакр (р) қабл аз зуҳури ислом дар шаҳри Макка ба тиҷорат иштиғол дошт ва аз ин роҳ сармояе ба маблағи чиҳил ҳазор дирҳам, ки дар он рӯзгор сарвати қобили таваҷҷуҳе ба шумор мерафт, ба даст овард. Пас аз он ки мусалмон шуд, сарвати андӯхтаашро дар роҳи пешрафти дини Худо ва рифоҳи ҳоли мусалмонони бебизоъат ба тадриҷ сарф кард. Дар шаби ҳиҷрат, ки ифтихори ҳамсафарӣ бо Расулу-л-лоҳ (с)-ро дошт, панҷ ҳазор дирҳам, ки аз он маблағ боқӣ монда буд ва шояд махсусан барои чунин вақте захира нигоҳ дошта буд, барои рафъи эҳтиёҷоти эҳтимолии ин сафар бо худ дошт.

Ҳазрати Абубакр (р) баъзе аз бардагонеро, ки дар хонаҳои ашрофи Макка буданд ва мусалмон шуда буданд ва аз ин сабаб мавриди шиканҷа ва озори арбобонашон қарор гирифта буданд, то аз дини ислом даст бикашанд, аз онон мехарид ва озодашон месохт.

Яке аз ин бардагон Билоли ҳабашӣ муаззини машҳури Расулу-л-лоҳ (с) буд, ки оқояш (хоҷааш) Умайя ибни Халаф мушрики бутпараст, ҳар рӯз дар вақти зуҳри тобистони гарми Ҳиҷоз, ки ҳаво ба шиддат сӯзон мешуд, ӯро ба ҷурми ин ки ба дини ислом мушарраф шудааст, рӯйи регҳои доғ меафканд ва бар рӯйи синааш низ санги доғи бузурге мениҳод ва мегуфт: «Бо ту чунин мекунам, то аз дини Муҳаммад даст бикашӣ ё ба ҳамин ҳол ҷон диҳӣ» ва Билол, ки имони ба Худо бо тору пуду вуҷудаш омехта шуда буд ва наметавонист ҷуз ин бошад, ин ҳолати маргофаринро таҳаммул мекард ва мегуфт:

— Аҳад, Аҳад. Яъне Худо яктост. Худо яктост.

Билол дар чунин вазъи тоқатфарсое эмони худро ҳифз карда, дил ба Худо баста, дар интизори фараҷу кушоише буд, то ин ки Абубакр аз ҳолаш огоҳ шуд ва ӯро аз оқояш харид ва озод кард.

Ҳамчунин шаш нафари дигар аз бардагон, ки мусалмон шуда буданд ва ба ин сабаб аз арбобони ситамкорашон ҷабру ҷафо медиданд, Абубакр онҳоро харид ва озод кард. Яке аз онҳо Омир ибни Фуҳайра буд, ки баъдан чупонии чорвои Абубакрро мекард ва дар айёми иқомати Расулу-л-лоҳ (с) ва Абубакр (р) дар ғори Ҳиро дар сафари таърихии ҳиҷрат, ҳар шаб гусфандони худро ба наздики ғор мебурд, то Расулу-л-лоҳ (с) ва Абубакр (р) аз шири онҳо бинушанд.

Яке дигар аз ин бардагон дӯшизае буд бо номи «Лабина», ки оқояш ӯро ба ҷурми ин ки мусалмон шуда буд, озор медод. Ҳамин ки Абубакр (р) аз моҷаро хабар ёфт, ӯро харид ва озод сохт. Ба ин лиҳоз аст, ки Расулу-л-лоҳ (с) мефармояд:

-«Ҳаргиз ҳеҷ моле монанди моли Абубакр ба ман нафъ нарасонд».

Абубакр (р) бо шунидани ин фармоиш, аз фарти шаъаф ва хушҳолӣ ба гиря афтод ва арз кард:

-Ҳамоно ман ва молам ҷуз барои ту нест, эй Расули Худо.

Абубакр аз содот ва сарварони Қурайш ва мутахаллиқ ба хисоли карима ва ороста ба ороиши покию парҳезгорӣ буд. Аз ин рӯ бо он ки шурби хамр (майнушӣ) қабл аз зуҳури ислом ҳалол буд ва дар байни аҳли Макка хусусан бузургонашон хеле шӯҳрат дошт, Абубакр (р) монанди баъзе дигар аз сарони доно ва муваққари (муҳтарам) араб дарёфта буд, ки натоиҷ ва асароти зиёнбахши шароб абадан бо киён ва каромати инсон созгор нест. Аз ин хотир шаробро бар худ таҳрим кард ва ҳаргиз лаб ба он наёлуд.

Абубакр (р) пеш аз зуҳури ислом ҳам марди накукор ва худсохта ва ғарибдӯст ва меҳмоннавоз буд. Аз кӯмак ба мустамандон ва дастгирӣ аз дармондагон ва мусоидати зиёндидагон аз ҳаводиси рӯзгор дареғ намедошт. Бар асари ҳамин хисоли сутуда буд, ки мавриди дӯстӣ ва муҳаббати умуми араб гардида ва дар назди куллияи табақоти араб махсусан аҳли Макка дорои эҳтироми камназир буд ва аз ҳар лиҳоз ҳама ба ӯ эътимод мекарданд.

Абубакр (р) дар таъаққул ва идроки ҳақоиқ ва қазоёи ғомиз ва печида дар мақоме буд, ки бузургони Қурайш барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва кашфи муъзилоти (проблема) умури умумии худ бо ӯ машварат мекарданд ва аз роҳнамоиҳои саҳеҳ ва орои нишонраси ӯ суд меҷӯстанд ва ба гуфтаҳояш амал мекарданд.

Абубакр (р) нахустин мусалмон

Чун фаҳмидем, ки Абубакр (р) ҳатто пеш аз зуҳури ислом инсони комил ва шахси барҷастае буд, пас таъаҷҷуб намекунем, ки чаро аз ҳамон овони ҷавонӣ ва қабл аз ин ки Расулу-л-лоҳ (с) ба рисолат фиристода шавад, бо он ҳазрат, ки дар ин сифоти сутуда дар ҳадди аъло ва дараҷоти комил буда, дӯсти самимӣ будааст. Зеро хеле возеҳ аст, ки «кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз» ё ба қавли араб ҳамоно парандагон бо гурӯҳи ҳамҷинси худ аз ҳаво ба замин менишинанд.

Ҳамчунин чун Абубакр (р) -ро тибқи таърифи таърих шинохтем, набояд таъаҷҷуб кунем, ки чаро нахустин кас аз гурӯҳи мардони бузург буда, ки пас аз рисолати Расулу-л-лоҳ (с) ба ӯ имон овардааст. Зеро мусаллам аст, ки ӯ аз рафоқат ва мусоҳибати чандинсолаи худ бо он ҳазрат ба сиҳати рафтор ва сидқи гуфтораш пай бурда буд ва яқин дошт, ки он ҳазрат дар даъвати худ ростгӯ ва расули Худованди бузург аст. Магар мешавад чунин кас, ки аслан дурӯғ гуфтанро раво намедонад ва дар тули чиҳил сол қабл аз беъсати худ ҳаргиз нисбат ба халқи Худо дурӯғ нагуфта аст, акнун нисбат ба холиқи ҷалла ва ало дӯрӯғ бигӯяд ва бе ҳақиқат ин иддиои бузург ва муҳимми рӯҳониро бикунад, ки холиқи мутаъол ӯро барои рисолат баргузида ва барои ҳидояти бандагонаш мабъус фармуда аст. Ҳаргиз. Ин аст, ки Абубакр (р) бо иштиёқи комил қабл аз ҳар марде ба нубувати расули худо имон овард.

Абубакр (р) пас аз мушарраф гардиданаш ба дини ислом монанди гузашта ёвар, мухлис ва ёри вафодори Расулу-л-лоҳ (с) буд. Дар шаби таърихии ҳиҷрат шарафи мусоҳибати расули Худо ва ифтихори унвони ёри ғорро шарафёб гашт. Худованд ӯро тибқи ояти қуръонӣ ёд мефармояд:

Сухани Худо:

«Агар ӯро ёрӣ надиҳед, пас бидонед, ки худованд ӯро бо қудрат ва таъйди худ нусрат дода аст, бадонгоҳ, ки куффор аз Макка берунаш карданд, дар ҳоле ки ӯ як нафар буд, аз ду нафаре, ки дар он ҳангом дар ғор буданд, онгоҳ, ки ба рафиқаш «Абубакр» мегуфт: ғам махур, Худо бо мост».

(Сураи Тавба, ояи 40.)

Яке аз ин ду нафар, ки дар оят зикр шуданд, Расулу-л-лоҳ (с) ва нафари дигар ба иттифоқи куллияи муфассирин ва донишмандони таърихҳои исломӣ Абубакр (р) аст.

Бешак ҳар мусалмоне бояд ба ин ҷумлаи «Худо бо мост», ки дар ин оят омадааст, бо диққат нигарад, зеро чунон, ки мебинем Расулу-л-лоҳ (с) тибқи ин чумла аз ин оят ба рафиқаш Абубакр (р) мефармояд: Худо бо мост, яъне Худо ду нафари моро дар паноҳи худ нигоҳ дошта аст ва наҷот ва нусрат медиҳад. Ин амрро маҳдуд ба макон ва муваққат ба замони ғор нафармуда аст. Худо ҳамеша чӣ дар ғор ва чӣ дар ҷои дигар ва чӣ дар замони ғор ва чӣ пас аз он доимо бо онҳо будааст. Аз ин хотир расули Худоро пас аз ғор ва дар айёми дигар низ дар анҷоми вазифаи рисолаташ ба ҳадди ҳайратангез ёрӣ ва нусрат дод. Ин мавзӯъро дар китоби «Ақоиди исломӣ»-и худ ба қадри кофӣ шарҳ додаам.

Ҳамчунин Худованди мутаол, Абубакр халифаи расулашро дар анчом додани умури хилофат то ҳадди эъҷобовар муваффақ фармуд, чунонки дар ин китоб шарҳ медиҳам, тибқи фармоиши Қуръон, сирраш ҳамон аст, ки Худо бо онҳо буд.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *