Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Асмоа Духтари Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (Зотуннитоқайн)

Ин зани саҳобия ҳама шамоили маҷду азаматро дорост. Падараш саҳобӣ, бобояш саҳобӣ, худаш саҳобӣ, шавҳараш саҳобӣ ва фарзандаш саҳобӣ аст. Ва ӯро ҳамин қадар шараф ва иззат кифоят кунад.

Падараш Абубакри Сиддиқ ёри ғори ҳазрати Расулуллоҳ (с) ва халифа ва ҷойнишини вай баъд аз вафоташ.

Бобояш Абуатиқ, падари Абубакри Сиддиқ, хоҳараш Уммул мӯъминин Оишаи Сиддиқа ҳамсари Расули Худо (с).

Шавҳараш Зубайр ибни Аввом, ёри бовафои ҳазрати Паёмбар (с).

Фарзандаш Абдуллоҳҳ ибни Зубайд (с.). Хулоса ин саҳобияи гаронқадр Асмоъа духтари Абубакри Сиддиқ аст. Ва ҳамин қадар ифтихор ӯро кофист.

Асмоа аз занони пештоз ва собиқадорони ба Ислом аст. Ва ба ҷуз ҳафдаҳ тан мард ва зан дигар ҳеҷ кас бар вай дар ин фазл сабқат надоштааст.

Ин зан ба Зотун нитоқайн мулаққаб гардида ва ба он шӯҳрат ёфтааст.

Ваҷҳи ин лақаб ба он ҷиҳат аст, вақте ҳазрати Расули Худо (с) ва падараш Абубакри Сиддиқ азми сафари ҳиҷрат ба Мадинаро намуданд, вай барои ҳазрати Расули Худо (с) ва падараш Абубакри Сиддиқ тӯша омода сохт. Ва кӯзаи об барояшон омода кард. Дар чунин фурсате чизе наёфт, ки ба он даҳони халтаи тӯшаро бандад. Лизо дастмолеро, ки тавассути он камари худро мебаст, ду пора намуд ва ба он яке даҳани халтаи тӯшаи хӯрданиро баст ва дигареро ба миёнаш баст. Ҳамон буд, киҳазрати Расули Худо (с) дар ҳаққи вай дуо намуда ва гуфт: Худоё, ин ду натоқи вайро ба ду натоқ дар биҳишт мубаддал соз, ва аз он рӯз ба баъд ба лақаби Зотунни Тоқайн шӯҳрат ёфт.

Зубайр ибни Аввом, ки ҷавони фақир ва бебизоат буд, бо вай ақди издивоҷ баст. Ӯ на ходиме дошт, ки хидматашро мекард ва на пуле дошт, ки бо он зиндагӣ ҳамсарашро равнақ бахшид. Фақат як сар асп, ки барои ҷиҳод нигаҳ дошта буд, дигар дасташ аз моли дунё тиҳӣ буд.

Асмоа барои Зубайр ибни Аввом ҳамсари некниҳод ва солеҳ буд. Хидматашро мекард ва аспашро нигаҳдорӣ менамуд. Алаф ва хӯриши онро баробар мекард. То он ки Худованд дарвозаи зиндагиро барояшон кушуд. Ва Зубайр ибни Аввом чунон ғанӣ ва сарватманд гардид, ки камтар кассе аз асҳоб ба пойи ӯ мерасид.

Вақте фурсати он фаро расид, ки Асмоа бо дини хештан ба Мадина ҳиҷрат кунад ва ризои Худо ва Расулашро касб намояд, бо вуҷуди он ки дар ин вақт Абдуллоҳҳро дар батн дошт ва рӯзҳои охири ҳамлро сипарӣ менамуд, бо вуҷуди он ин амр монеъи ҳиҷрати вай нашуд. Ва бо қабули мушкилоти роҳ ва ранҷҳои сафар ба роҳ афтод. Вақте ба Қабо расид вазъи ҳамл намуд. Мусалмонон аз шодмонӣ аз ин навзод садои такбир баланд намуданд. Чун ин аввалин навзоде буд, ки аз муҳоҷирин дар Мадина ба дунё омада буд. Ва ӯро дар зонуи ҳазрати Расули Худо (с) гузошт. Он гоҳ ҳазрати Расули Худо (с) андак аз луъоби худро гирифта дар даҳани вай ниҳод ва сипас хуриши андак дар даҳани вай гузошт ва дар ҳаққаш дуо кард. Ва ба ин тартиб аввалин чизе, ки дар батни ин навзод дохил шуд луъоби даҳани ҳазрати Расули Худо (с) буд.

Дар Асмоа бинти Абубакр, чунон хусусиятҳои нек ва шамоили фазлу ақли саршор ҷамъ аст, ки ҷуз дар иддае каме аз бузургмардон наметавон онро дар дигарон дарёфт.

Ӯ он қадар зани саховатпеша буд, ки ӯро намунае аз ҷуду сахо мехонданд. Фарзандаш Абдуллоҳҳ дар бораи вай гуфтааст:

Ман дар саховат ҳеҷ гоҳ занеро ба андозаи хонли худ Оиша ва модарам Асмоа надидаам. Аммо ҷуду сахои ин ду аз ҳам фарқ дошт. Холаам одат дошт, ки чанд чизро бо ҳам ҷамъ мекард. Вақте ба ҳадде мерасид, ки кифояташ мекард, бақияро тақсим менамуд. Аммо модарам ҳеҷ чизро то фардо намегузошт.

Ва илова бар ин Асмоа зани оқила, ҳушёр ва дар ҳолати нобасомонӣ тасмими лозим ва дуруст мегирифт. Ва аз он ҷумла ин ки: Вақте Ҳазрати Абубакри Сиддиқ бо ҳамроҳии ҳазрати Расули Худо (с) роҳи ҳиҷрат дар пеш гирифт ва ҳамаи доштаи худро, ки ба шаш ҳазор дирҳам мерасид бо худ гирифт ва барои аҳлу аёли худ чизе нагузошт… Вақте падараш Абукаҳофа, ки ҳанӯз мушрик буд хабар шуд, ки писараш ҳиҷрат намудааст, ба хонаи Абубакр омад ва ба Асмоа гуфт: Фикр мекунам ӯ ҳамаи чизро бо худ бурдааст ва барои шумо чизе нагузоштааст ва ба ин тартиб ҳамон тавре, ки шумора бо рафтани худ дар мусибат ниҳодааст, бо бурдани пули хештан низ шуморо ба бало дучор намудааст.

Асмоа ба ӯ гуфт: На, бобо. Чунин нест. Ӯ барои мо пули зиёде гузошта рафтааст. Ва он гоҳ миқдоре аз сангрезаҳоро гирифт ва дар холигоҳ ниҳод ва порчаи матоеро бар он ниҳод ва дасташро бар он зад. Чун бобояш нобино буд ва намедид, ба ӯ гуфт: Эй бобо, нигоҳ кун, ки чи миқдор пул барои мо ниҳодааст. Он пирамарди нобино чун дасташро бар он ниҳод гуфт: Боке надорад… Агар чунин карда ва ин миқдор пул бароятон ниҳода бошад, кори хубе намудааст.

Асмоа бо ин кор хост, ки хашми ин пирамардро фурӯ нишонад ва хотири вайро роҳат созад. Ва набояд пирамард эҳсоси он кунад, ки масорифи аҳлу аёли фарзандаш Абубакр ба гардани вай афтодааст ва ё аҳли вай чизе аз молу зиндагии вайро хостор шаванд. Чун Асмоа хуш надошт, ки миннати мушрикро бишнавад ва ё эҳсони вайро бар худ ёбад. Ҳар чанд, ки ин мушрик бобояш бошад ҳам.

Агар таърих ҳама мавоқифи Асмоаро фаромӯш кунад, наметавонад ақли саршор ва қотеъияти ирода ва қуввати имони ӯро дар ҳоле, кивайохирин бор фарзандашро мулоқот мекунад, фаромӯш намояд.

Вақте фарзандаш Абдуллоҳ ибни Зубайр баъд аз марги Язид ибни Муъовия ба сифати халифа интихоб шуд ва мардум ба вай байъат намуданд ва Ҳиҷоз, Миср, Ироқ, Хуросон ва аксари шаҳрҳои Шом итоати худро аз вай эълон доштанд бани Умайя лашкари бузург ва ҷарори худро таҳти қиёдат ва роҳбарии Ҳиҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ барои муқобила бо вай фиристод. Дар миёни тарафайн ҷанги сахте сурат гирифт, ки дар он Ибни Зубайр қаҳрамонӣ ва шуҷоатеро, ки зебандаи як қаҳрамон аст, аз худ нишон дод. Магар он ки пайравони вай оҳиста-оҳиста аз даври ӯ дур шуданд. Лизо ӯ маҷбур шуд, то ба Байтуллоҳил ҳаром паноҳанда шавад. Ҳамон буд, ки худ ва ҳамраҳонаш ба Каъбаи Муаззама паноҳанда шуданд.

Лаҳазоте қабл аз шаҳодаташ ба ҳузури модараш Асмоа, ки пиразани кӯҳансоле шуда, биноии худро аз даст дода буд, дохил шуд ва гуфт: Модар! Ассалому алайким ва раҳматтуллоҳи ва баракотуҳу.

Модараш гуфт: Ваалайкасалом эй Абдуллоҳ… Чӣ омиле туро дар ин лаҳзае, ки манҷаниқҳои Ҳаҷоҷ ҳар сангҳои бузургро бар сипоҳиёни ту дар дохили ҳарам партоб мекунад ва Маккаро ба ларза даровардааст, инҷо овард?!

Абдуллоҳ ҷавоб дод: Омадаам, ки аз ту машварат гирам. Модараш гуфт! Дар бораи чӣ аз ман машварат хоҳӣ?!

Гуфт: Мардум маро танҳо гузоштанд ва аз ман ё ба иллати тарс аз Ҳаҷҷоҷ ва ё ба сабаби тамаъ дар дунё фосила гирифтанд. То он ҷойе, ки фарзандон ва наздиконам низ аз ман гӯша гирифтанд. Ва ҷуз афроде чанд дигар ҳеҷ кас бо ман намондааст. Ва ин теъдоди каме ҳам, ки боқӣ мондаанд, ҳарчанд сабру бурдборӣ ҳам намоянд, ба ҷуз чанд соате давом нахоҳанд кард. Ва паёмоварони бани Умайя бо ман гуфтугӯ намуда ва мегӯянд, ки дар сурати силоҳ гузоштан бар замин ва байъат кардан бо Абдулмалик ман ва касонам ҳарчи аз Абдулмалик тақозо кунем бароямон медиҳанд. Худат дар бораи ин пешниҳоди онон чӣ назар дорӣ ва барои ман дар ин хусус чӣ машварат медиҳӣ?

Модараш Асмоа рӯ ба сӯи вай намуд ва гуфт: Абдуллоҳ, ту кори худро хубтар медонӣ ва ту худро хубтар аз ман мешиносӣ… Агар туро ақида бар ин аст, ки дар роҳи ҳақ гом бардоштаӣ ва даъвои ҳақ будан мекунӣ, пас сабр пеша кун ва шуҷоона ба сони ёронат, ки дар зери парчами ту кушта шудаанд, биразм… Ва агар на ин аст, ки ту ба хотири ба даст овардани дунё қиём кардаӣ, пас ту бандаи носолеҳ будаӣ, ки ҳам худро дар ҳалокат афкандаӣ ва ҳам касонеро, ки аз ту дифоъ карда ва аз пайи ту рафтаанд.

Гуфт: Эй модар, имрӯз ман ҳатман кушта мешавам.

Гуфт: Ин кушта шудан барои ту беҳтар аз он буд, ки худро ихтиёрӣ ба дасти Ҳаҷҷоҷ таслим кунӣ, то писарбачаҳои бани Умайя бо сари ту бозӣ кунанд.

Гуфт: Ман аз мурдан тарсе надорам, вале аз он бим дорам, ки баъд аз марг маро мусла кунанд.

Модараш гуфт: Баъд аз марг чизи дигаре нест, ки одамӣ аз он битарсад. Гӯсфанди забҳшударо чи бок, ки пӯст аз танаш ҷудо кунанд.

Бо шунидани ин ҳарфҳо чеҳраи Абдуллоҳ шукуфт ва изҳор кард: Модар, Худованд туро баракат диҳад. Ва дар фазоил ва маноқиби неки ту биафзояд. Ва ман дар ин лаҳза ба ҳузури ту наомадам магар он, ки ҳамчу ҳарфҳоеро аз ту бишунавам. Ва Худованд худ медонад, ки ман дар худ эҳсоси заъифӣ ва тарс намекунам. Ва Худованд, худ ҳозир ва шоҳид аст, ки ин қиёме, ки ман кардам ба хотири он набуд, ки молу матоъи дунёро ба даст орам. Магар ба хотири он қиём кардам, ки ҳурумоти Аллоҳро зери по нагузоранд. Ва акнун ин манаи дар роҳе, ки ту дӯстдори он ҳастӣ, идома медиҳам. Вақте ман кушта шавам, бар маргам ашк марез ва сабри худ бар Худо кун.

Гуфт: Ман вақте ғамгин мешавам ва бар маргат ашк мерезам, ки дар роҳи ботил кушта шавӣ.

Гуфт: Мутмаин бош, ки фарзандат ҳаргиз ба амри мункар иқдом накарда ва тасмим нагирифтааст ва дар зиндагӣ кори баде аз вай сар назадаст ва дар ҳукми Худованд бар худ ҷуръат надода ва дар амонат хиёнат наварзида ва ба мусалмоне зулмро раво дошта ва бар зимми ситам накардааст,ва ҳеҷ чизе назди вай беҳтар ва бартар аз ҳосили ризои Худованди азза ва ҷалла нест. Ман бо ин ҳарфҳо намехоҳам худро табриа ва поксозӣ кунам. Чун Худованд беҳтар аз худам бар ман олим аст. Ва ман ин ҳарфҳоро аз он ҷиҳат бар забон овардам, ки сабр ва бурдбориро дар дилат афканам.

Модараш гуфт: Ҳамду ситоиш Худойрост, ки туро ба он чи, ки ман дӯстдори онам маҳбуб гардонидааст…Эй фарзандам, ба ман наздик ой, то туро бибӯям ва ба сару рӯят даст кашам, шояд ин охирин бор бошад, ки туро мебинам.

Абдуллоҳ худро бар дасту пойи модар андохт то хуб бар сару рӯяш даст кашад ва ӯро бибӯсад ва модараш бо дастҳои ларзони худ бар бадани фарзандаш даст кашид. Ногаҳон дастҳои худ аз бадани вай дур намуд ва гуфт: Эй Абдуллоҳ, ин чист, ки ту пӯшидаӣ?

Гуфт: Ин зиреҳ аст, ки бар тан пӯшидаам. Модараш гуфт: Фарзандам, касе, ки хоҳони шаҳодат бошад ин зиреҳ ӯро намезебад.

Гуфт: Ба хотири он пӯшидаам, ки хотири туро хуш созам ва қалби туро ором гардонам.

Гуфт: Ин либосро аз бадани худ берун кун. Чун берун кашидани он бар шуҷоъат ва мардонагиат афзояд ва виқоратро боло бубарад, ва дар ҷасту хез туро сабук созад ва қувват бахшад. Аммо дар ивази ин зиреҳ либоси дароз ба тан намо. Чун агар ба шаҳодат расӣ, авратат зоҳир нашавад. Абдуллоҳ ибни Зубайр зиреҳ аз тан кашид ва шалвори худ маҳкам баст. Ва дар ҳоле, ки вай барои идомаи ҷанг дохили Ҳарам мешуд, дар хитоб ба модараш гуфт: Эй модар, дуоятро аз ман қатъ макун.

Модараш даст ба сӯи осмон баланд намуд ва гуфт:

Худоё, ба қиёмҳои тӯлонӣ ва гиряҳои ғамангези вай, ки дар дилҳои шаб дошт ва мардум ба хоб рафта буданд, тараҳҳум намо…

Худоё, ба гуруснагӣ ва ташнагии вай, ки дар шадидтарин лаҳазоти гармӣ дар Мадина ва Макка онро рӯзадор сипарӣ менамуд, тараҳҳум фармо.

Худоё, ба поси некӣ, ки ба падару модараш дошт, бар вай тараҳҳум кун… Худоё, ман ӯро ба қудрат ва ризои ту таслим намудам ва ба қазое, ки дар мавриди вай намудаӣ, розӣ ҳастам. Худоё, маро бар мусибати вай савоби собирон ато кун. Офтоб он рӯз ҳанӯз ғуруб накарда буд, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр ба ҷивори раҳмати ҳақ пайваст.

Ва беш аз даҳ рӯз бар шаҳодати вай сипарӣ нашуда буд, ки модараш Асмоа духтари Абубакр, ки сад сол умрро пушти сар ниҳода буд, ба ҷивори раҳмати ҳақ пайваст ва то ин муддат ҳеҷ дандони вай наафтода ва ақлаш халал наёфта буд.

Разияллоҳу анҳо ва онҳу.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *