Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Фатҳи Аҷнодин

Дар фосилаи байни ҳаракати Муовия ва Алқама ба сӯи ду бандар, Қисория ва Ғазза ва тасаллути онон бар ин ду бандар, гурӯҳҳои имдодие, ки ҳазрати Умар (р) дар Мадина фароҳам мекард, паёпай ба Амр ибни Ос мерасид ва қувваашро тақвият мекард. Акнун вақти он расида, ки кори худро бо Уртубон дар Фаластин яксара намояд. Бадин манзур ду нафар аз сардоронашро ба номҳои Алқама ибни Ҳакими Фаросӣ ва Масруқи Аккӣ бо иддаи лашкараш ба сӯи Қудс ва яке дигар фармондеҳонашро ба номи Абуаюби Моликӣ ба сӯи Ромуллоҳ ҳаракат дод, то низомиёни ин ду шаҳрро машғул намояд ва аз кӯмакрасонӣ ба Уртубон дар Аҷнодин ҷилав гиранд. Худаш низ бо неруҳои аслии худ бо ҳамроҳии Шураҳбил барои ҳамла ба Уртубон бо суръат ба сӯи Аҷнодин ҳаракат кард ва дар канори шаҳр ҷойгир гардид.

Шаҳри Аҷнодин яке аз марказҳои муҳими низомии Фаластин ва дорои истеҳкомоти муҳиме буд. Дар атрофи он хандақе буд, ки убур аз он барои ҳамла ба шаҳр мушкил ва хатарнок буд. Илова бар ин ҳисори маҳкаме дошт бо бурҷҳои баланд, ки мудофиони шаҳр метавонистанд аз даруни онҳо ба хубӣ тирандозӣ ва аз наздик шудани ҳар душмане ҷилавгирӣ намоянд.

Бинобар ин Уртубон то муддати мадиде дар шаҳр паноҳ гирифта, ба интизори кӯмаки Ҳераклус нишаст ва ба дифоъ пардохт. Зеро Амр ибни Ос наметавонист бо он васоили тахрибии ибтидоие, ки дар даст дошт, ин шаҳри маҳками низомиро бо қудрати низомӣ тасхир кунад. Танҳо коре, ки аз дасташ бар меомад идомаи муҳосира буду бас. Вале Уртубон, диловари хирасаре буд, ки барои худ намеписандид дар муқобили аъроб аз худ заъф нишон диҳад ва аз тарси онҳо дар пушти деворҳои ҳисор ё дар бурҷҳои шаҳр паноҳ бигирад. Аз ин рӯ ҳамин ки Амр ибни Ос дар канори шаҳр қарор гирифт, Уртубон бо тамоми қувваи ҳаштод ҳазор нафараи худ аз шаҳр хориҷ шуд ва ду лашкари мутахосим дар канори шаҳр барои ҳамла ба якдигар бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Уртубони Рум дар ин фикр буд, ки ин аввалин ҷанги муҳиме аст, ки хоки Фаластин ба таври ҷиддӣ бо аъроб мекунад ва агар аз онҳо шикаст бихӯрад, мусаллам аст, ки дигар лашкари Рум дар ин сарзамин ҷуръат нахоҳад кард бо аъроб рӯ ба рӯ шавад ва натиҷатан аъроб бар тамоми Фаластин тасаллут хоҳанд ёфт, вале агар дар ин ҷанг бар мусалмонон ғолиб шавад, рондани онҳо аз Фаластин осон ва сипас таъқиб ва ихроҷи онҳо аз дигар шаҳрҳо гарчи амре аст басе душвор, вале имконпазир хоҳад буд.

Табъан Уртубони араб (Амр ибни Ос) низ дар ин ҳангом аз ин андеша ғофил набуд, зеро сардори басире монанди ӯ дар чунин ҳангоми ҳассосе дар фикри ин қабил умур аст ва онҳоро мавриди эҳтимом қарор медиҳад.

Бинобар ин чун ин ҷанг ҳам барои давлати ислом ҷанбаи сарнавиштсоз дошт, ҳар як аз ду лашкар бояд ба тавре аз худ гузашта, фидокорӣ кунад, ки он чиро дар андешаи худ дорад ба таҳқиқ бирасонад ва он чи дар андешаи ҳарифаш бошад нақш бар об намояд.

Барои таҳқиқи ҳамин андеша буд, ки ду тараф ба шиддати ҳар чи зиёдтар ба сӯи якдигар ҳамла карданд ва дар ҳам омехтанд ва бепарво ҷанге ба роҳ андохтанд, ки гарчи иддаи нафароти ҳар ду тараф камтар аз ҷанги Ярмук буд, вале аз ҳисси фидокорӣ, рашодат, тасаллут бар амалиёти низомӣ ва ҳирси шадид барои ба даст овардани ғалаба ва пирӯзӣ, камтар аз Ярмук набуд. Гоҳе ин тараф бар он тараф ғолиб мешуд ва онро ба ақиб меронд, вале ошкор буд, ки лашкари ислом фаъолтар ва пойдортар меҷангид.

Мусалламан, онҳо ба худ раво намедонистанд, ки аз бародаронашон, ки дар Шом ба пирӯзиҳои шоёне расида буданд камтар бошанд. Агар шикаст бихуранд ин зиштиро ба куҷо баранд ва дар назди бародарони пирӯзмандашон чи ҳоле пайдо хоҳанд кард ва чи узре хоҳанд дошт?

Мусалмонон таҳти таъсири ин афкори муҳаррик, ба ҳадде дар муқобили лашкари Уртубон субот ва шиддати амал ба харҷ доданд, ки онҳоро қабл аз фаро расидани шаб бо таҳмили талафоти сангин маҷбур ба ақибнишинӣ карданд ва дар ҳоле, ки худи Уртубон дар байни онҳо буд ба тарафи шаҳри Қудс фирор карданд.

Дар баъзе аз таърихҳо дида мешавад, ки мегӯянд Алқама ва Масруқ, ки бо гурӯҳе таҳти фармонашон қаблан ба дастури Амр ибни Ос дар роҳи шаҳри Қудс ҷойгир шуда буданд, роҳро барои Уртубон ва фирориёни ҳамроҳаш боз карданд ва аз убур ва вурудашон ба дохили шаҳр ҷилавгирӣ накарданд, вале иллаташро зикр накардаанд. Шояд бадин иллат буда, ки Амр ибни Ос ба онҳо фақат дастур дода буд, аз расидани кӯмак аз ин шаҳр ба Уртубон дар Аҷнодин мамониат кунанд ва вазифае ҷуз ин ба ӯҳдаи онҳо набуда. Аз ин рӯ ҳақ надоштанд барои пешгирии онҳо даст ба ҷанге бизананд, ки маълум набуд оқибаташ чи хоҳад шуд.

Амр ибни Ос чунон ки орзу дошт дар аввалин ҷанги худ бар Уртубон марди низомии машҳури Рум дар Фаластин пирӯз гардид ва бар Аҷнодин шаҳри муҳим ва низомии Бизонс тасаллут ёфт, ӯ дар ин шаҳр иқомат кард ва дастур дод, ки Алқама Масруқ ва Абуаюб аз ҳудуди Қудс ва Ромуллоҳ ба ин ҷо биёянд, то дар бораи ҳамла бар Илиё (шаҳри Қудс) бо ҳам машварат ва пас аз тадорукоти лозим ҳама бо ҳам ба он сӯ ҳаракат кунанд. Пас аз мушовира тасмим гирифтанд, ки қабл аз ҳамла ба Қудс шаҳрҳои Рафоҳ, Ноблус, Ҳайфо, Амус ва Сабтияро, ки қабри ҳазрати Яҳёи набиюллоҳ дар он буд, тасарруф намоянд, то ҳангоми ҳаракат ба Қудс хотирашон аз ин навоҳӣ осуда бошад.

Амр ибни Ос ба ин манзур гурӯҳҳое аз лашкарашро таҳти фармони сардорони озмуда ба он навоҳӣ ҳаракат дод. Баъзе аз ин шаҳрҳоро бо ҷанг ва қудрат ва пораҳои дигарро бо сулҳ ва амон нусрат карданд.

Ба сӯи шаҳри Қудс

Ҳоло навбати ҳаракат ба сӯи Илиё (шаҳри Қудс) расида аст. Қаблан хуб аст ба ин матлаб ишора кунем, ки баъзе аз таърихҳо навиштаанд ва доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал низ дар китоби Форуқ нақл карда, ки мегӯянд:

-Уртубон пас аз шикаст ва вуруд ба шаҳри Қудс, ҳангоме, ки Амр ибни Ос дар садади ҳаракат ва ҳамла ба ин шаҳр буд, номае ба ӯ навишта мегӯяд: (Ману ту дар миёни қавми худ монанди якдигарем. Ту дӯсти манӣ. Ба Худо қасам ту пас аз фатҳи Аҷнодин чизе аз хоки Фаластинро тасарруф нахоҳӣ кард. Чи беҳтар ки мағрур нашавӣ ва аз ҳамон роҳе, ки омадаӣ боз гардӣ, варна ту ҳам монанди гузаштагон шикаст хоҳи хӯрд).

Амр ибни Ос дар ҷавобаш навишт: (Яқин бидон ман ин манотиқро тасхир хоҳам кард).

Ба назари ман табдили ин номаҳо аслан сиҳат надорад. Оё Уртубон ин сардори сиёсатмадор ва шаҳири Рум то ин ҳад зудбовар буд, ки хаёл мекард Амр ибни Ос бо он пирӯзӣ ва фатҳи муҳиме, ки дар Аҷнодин ба даст оварда буд ва барои ҳама кас возеҳ буд, ки бо суқути Аҷнодин роҳи фатҳи бақияи Фаластин бар рӯяш боз гардида аст, бо дарёфти ин нома даст аз кор мекашад ва роҳи бозгаштро дар пеш мегирад ё ба фатҳи Аҷнодин иктифо мекунад ва дар он ҷо мемонад? Оё Уртубони шикастхӯрдаи фирорӣ, ки қувваашро дар аввалин ҷанг аз даст дода ва аз ҳар даре ноумед гашта ба худ иҷоза медиҳад, ки чунин номаи таҳдидомезе ба касе бинависад, ки ӯро шикаст дода ва лашкарашро торумор намуда аст? Гузашта аз ин, магар на ин аст ки ин ду нафар то он ҷо душмани якдигар буданд, ки шамшер бар рӯи ҳам кашида ва ҳар як мехост дигареро бикушад? Бинобар ин маълум нест Уртубон дар номааш чи гуна ва рӯи чи асле Амр ибни Осро дӯсти худ медонад? Бо таваҷҷӯҳ ба ин таҳлил бояд гуфт судури чунин номае аз Уртубон дур аз ҳақиқат буда ва ба он набояд бовар кард.

Ба ҳар ҳол Амр ибни Ос ба сӯи Қудс ҳаракат кард ва онро дар муҳосира гирифт. Ин шаҳр пас аз муддати муқовимат ба дасти мусалмонон афтод. Ривоёти муаррихин чи мусалмон ва чи ғайри мусалмон дар бораи фатҳи Қудс бо ҳам ихтилоф дорад. Он чи мавриди иттифоқи ҳамаи онҳо буда ин аст ки:

1. Ин шаҳри муқаддас аз тариқи сулҳ фатҳ гадид, на бо ҷанг ва қудрати низомӣ.

2. Худи ҳазрати Умар (р) халифаи мусалмонон шахсан бо мардуми шаҳр сулҳ кард ва сулҳномае навишт ва онро муҳр ва имзо кард ва ба гурӯҳе чанд нафар аз умарои бузурги лашкараш расонид.

3. Мардуми шаҳр пас аз ин сулҳ дарвозаҳои онро боз карданд ва халифаи мусалмонон бо ҳамроҳонаш ба муҷиби ин сулҳнома вориди шаҳр шуд ва онро тасарруф кард.

4. Ҷон, мол, номус ва ибодатгоҳҳои мардум дар амон шуд ва дар баргузории маросими дин тибқи таълими динашон озод гардиданд.

5. Касе нисбат ба қабули дини ислом маҷбур нагардид.

Вале дар бақияи умури марбут ба фатҳи ин шаҳр бо ҳам ихтилоф доранд. Баъзе навиштаанд: Абуубайда ва Холид аз Шом ба ин ҷо омаданд . Ин ду нафар буданд, ки шаҳри Қудсро дар муҳосира гирифтанд. Баъзе дигар мегӯянд: Абуубайда ва Холид бо ҳамкории Амр ибни Ос ва Шураҳбил ба ин кор пардохтанд.

Вале ҳеҷ кадом аз ин ду ривоят сиҳҳат надорад. Зеро Абуубайда ва Холид дар ин ҳангом машғули задухӯрд бо лашкари Ҳераклус дар Шом буданд ва пеш мерафтанд. Ҳаргиз маҷол надоштанд даст аз кори худ бикашанд ва ба кори ин ҷо бипардозанд.

Таҷзия ва таҳлили омадан ё наомадани Умар (р) барои фатҳи Қудс

Ривояти саҳеҳи таърихӣ ин аст, ки дар соли 15 ҳиҷрӣ мутобиқи соли 635 мелодӣ дар ҳамон замон, ки Абуубайда ва Холид дар Шом бо лашкари Ҳераклус дасту панҷа нарм мекарданд, Амр ибни Ос пас аз фатҳи Аҷнодин ва тасарруфи чанд шаҳри муҳим, ки ном бурдем бо ҳамкории Шураҳбил ва соири сардорони кордидааш, тибқи нақшае, ки дар Аҷнодин кашида буданд, ба сӯи Қудс ҳаракат кард ва онро дар муҳосира гирифт, вале чун мардуми ин шаҳр, ки маркази дини масеҳият буд, аз истеҳкомоти хеле хуб ва аз захира ва озуқаи зиёде бархурдор буданд, тавонистанд чандин моҳ ба хуби муқовимат намоянд. Амр ибни Ос натавонист бар онҳо даст ёбад ва бар шаҳрашон тасаллут ёбад, аз ин рӯ мушкилии корашро ба ҳазрати Умар (р) дар Мадина иттилоъ дод ва чора хост, ҳазрати Умар (р) лашкар фароҳам намуд ва ба кӯмакаш фиристод, то бар шиддати муҳосира ва ҳамлаҳояшон биафзояд.

Баъзе аз ривоёт инро мерасонад, ки худи Умар (р) роҳбарии ин лашкарро ба ӯҳда гирифт ва ба Фаластин омад, то шахсан чораи корро биандешад. Баъзе дигар навиштаанд Умар (р) ҳамроҳи ин лашкар набуд, балки дар Мадина монд, то он гоҳ, ки байни Амр ибни Ос ва мардуми шаҳр музокираи сулҳ ба миён омад ва шарт шуд, ки худи халифаи мусалмонон аз Мадина биёяд, то ин сулҳ ба василаи шахси халифа анҷом шавад ва сулҳнома ба имзои худаш бирасад. Аз ин рӯ Амр ибни Ос ин матлабро ба Умар (р) иттилоъ дод ва он ҳазрат бо иддаи каме аз асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) барои анҷоми ин кор аз Мадина ба Қудс омад.

Гарчи ин ривоят машҳуртар аз бақияи ривоёт аст, вале ба дил намечаспад, зеро аз ҳақиқат дур аст, ки Амр ибни Ос дар ин ҳангом, ки мардуми шаҳр дар тӯли ин муддати муҳосира, то он ҷо дар тангдастӣ афтода буданд, ки дасти сулҳ ба сӯяш дароз карда, тақозои амон мекарданд, тан диҳад, ки дар пушти ҳисори шаҳр бимонад, то дархости онҳоро ба ҳазрати Умар (р) иттилоъ диҳад, то ки он ҳазрат ин тақозоро пазирад ё на ва агар фарзан пазирад, ӯ бояд дар интизор бимонад, то он ки ҳазрати Умар (р) бо тай кардани масофати зиёд ва гузашти замони тӯлонӣ аз Мадина ба ин ҷо биёяд, он ҳам фақат барои ақди сулҳ.

Амр ибни Ос, ки сиёсатмадори низомӣ буд ва дар ин ҳангом аз вазнинии авзои дохилии мардуми шаҳр огоҳ гардида ва аз муқовимати чандинмоҳаи онҳо дар хашм буда аст, мусаламан ин ки ба дарвозаи пирӯзӣ расида, рӯи хуш ба онҳо нишон намедиҳад, то ба онҳо чунин муҳлате бидиҳад ва бо дархости онҳо мувофиқат намояд, ки натиҷатан ифтихори имзои мустақими сулҳи ин шаҳри муқаддаси таърихиро аз даст бидиҳад.

Доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал дар китоби худ «Ал – форуқ» пас аз нақли чанд ривояти таърихӣ дар ин боб ба таҳлил ва баҳс дар онҳо пардохта, дар охири баҳси худ мегӯяд:

-Ба ақидаи ман беҳтар ва маъқултар аз ҳамаи ривоят ин ривоёт мебошад, ки мегӯянд: Чун муҳосираи шаҳр хеле тӯл кашид ва Амр ибни Ос натавонист бар он тасаллут ёбад, ҷараёни амрро ба халифа иттилоъ дод. Аз ин рӯ халифа қабл аз ин ки исме аз музокираи сулҳ ба миён ояд, шахсан ҳамроҳи лашкаре, ки барои кӯмак ба Амр ибни Ос фароҳам карда буд, барои фатҳи ин шаҳр аз Мадина ҳаракат кард ва дар шаҳри Ҷобия, ки қаблан ба дасти мусалмонон афтода буд манзил гирифт. Дар ин ҳангом Абуубайда ва Холид сар то сари Шомро нусрат карда буданд ва аз корашон фароғат ёфта буданд. Ба ин хотир Умар (р) онҳоро ба Ҷобия иҳзор кард ва аз онҳо, ки дар футуҳоти Шом аз фунуни низомӣ махсусан дар шикастани ҳисори шаҳрҳо таҷриба омӯхта буданд ва аз дигар фармондеҳони лашкари ислом, ки дар Фаластин ба пирӯзиҳои муҳим расида буданд, иҷтимоъ ташкил дод, то дар бораи фатҳи ин шаҳри муқаддас, яъне Қудс машварат ва беҳтарин роҳ барои ин кор пайдо намоянд. Онҳо назди халифа шитофтанд ва дар Ҷобия иҷтимоъ карданд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *