Фанни Таърихи точикон

Ибтидои давлати Бармакиён

Яке аз хонадонҳои машҳури тоҷик — хонадони Бармакиёни Балх буд, ки онҳо дар ташаккули давлатдорию пешрафти илму фарҳанг ба арабҳо муаллим гаштанд. Ин хонадони бонуфуз ҳоло дар замони давлатдории Сосониён (819-999) машҳуру маълум гашта буд. Сарсулолаи ин авлод Бармак аз илми фалсафа, нуҷум бохабар буда, дар замони Сосониён истеъдоди баланди сиёсатмадории хешро ифшо намуд. Вай дар дарбори Ардашери Бобакон вазир буд. Баъди он ки арабҳо Хуросонро тасхир намуданд ва давлати овозадори Сосонӣ аз по афтод, он гоҳ Бармакиёнро дар идоракунии давлати хеш истифода бурданд.[1]

Дар замони салтанати халифа Мансур намояндагони хонадони Бармакиҳо ( аз Балх ) нуфуз пайдо карданд. Гузаштагони Бармакиён дар маъбади буддоии Навбаҳори шаҳри Балх вазифаи саркоҳиниро иҷро мекарданд ва аз зумраи ашхоси ба давлат ва бо нуфуз ҳисоб мешуданд. Дар давраи Сосониён баъзе аз намояндагони ин хонадон мансаби вазириро бар дӯш доштанд. Дар ин давра Дайри Навбаҳор ба оташкада табдил ёфт. Асосгузори сулола Бармак вазифаи саркоҳини оташкадаи Навбаҳорро дошта, шахси донишманд буд. Хонадони Бармакиён барои хизматҳояшон дар назди хилофат ва истеъдоди фавқулоддаи ташкилотчигиашон дар ҳукумати марказӣ соҳиби унвонҳои баланди давлатӣ гашта буданд. Писари Бармак, Холид, наберааш Яҳё дар хилофат солиёни зиёде вазифаи вазириро адо мекарданд. Дигар наздикони Бармак волиёни Эрони Ғарбӣ буданд. Бармакиён дар байни халқ обрӯ ва эътибори баланд доштанд.[2]

Олим ва адиби маъруфи Афғонистон Моили Ҳиравӣ дар мақолаи худ “ Бармакиёни Балх” оид ба намояндагони ин хонадон маълумот дода, аз ҷумла дар бораи Фазл навиштааст: “ Шӯҳрати Фазл ба мартаба буд, ки чиҳил ҳазор тифли навзодро аз Хуросон ба номи “Фазл” номгузорӣ намуданд”. Обрӯ ва эътибори Бармакиён дар байни мардуми тамоми сарзамини Хилофат сол то сол бештар мегашт. Хонадони Бармакиён то андозае соҳибистеъдод буданд, ки баъдтар дар аҳди Сомониён (819-999) ва Ғазнавиён (998-1186) ҳам боз ба мақоми баланд расиданд. Бармакиён дар таърихи халқи тоҷик ва умуман Хилофат нақши бузурге бозиданд.

Онҳо дар даврае рӯи кор омаданд, ки вазъи сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат хеле хароб буд. Аббосиён баъд аз хоинона кушта шудани Абӯмуслим, ки ӯ сабаби бар тахти Хилофат нишастани онҳо шуда буд, мехостанд дар идораи мамлакат боз усули зулму бедодии Уммавиёнро давом диҳанд. Бинобар маълумоти Садриддин Айнӣ, дар ҳамон асно намояндагони Бармакиён ба сифати вазирон идораи мамлакатро ба даст гирифта, ба обод гардонидани Осиёи Марказӣ ва Эрон, барои осудаҳолии халқҳои ин сарзамин кӯшишҳои амалӣ карданд. Бармакиён, аз як тараф, ба мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрон хизматҳои арзанда карда бошанд ҳам, вале Арабистон ва арабҳоро ҳам аз ёд набароварданд. Онҳо исрофоти халифаҳоро маҳдуд карда, қисми калони даромади давлатро ба ободонии мамлакат ва рушди фарҳанг сарф карданд.[3]

Бо ҳамин минвол, эътибору манзалати оли Бармак дар Хилофат чунон боло баромад, ки шуарою удабо ва таърихнависони аср онҳоро чунон мадҳу сано мегуфтанд, ки ҳеҷ халифаро ба он дараҷа насутуда буданд. Масалан ҳамон муаллифе, ки дудмони онро — Холидро сифат карда буд, писараш Яҳё ва наберааш Ҷаъфарро низ тамҳид карда навишт: “ Агар сухан дур ва гавҳар будӣ ё аз сухан лаъл ва гавҳар сохтӣ, бешак каломи он ду бузургворо метавон лаълу гуҳар номид…” [4]

Маҳбубияти Холид дар байни мардум бошад, аз одамияти ў буд. Халқ вайро хеле дўст медошт ва ў низ авомро меписандид. Аз ҷумла вакте, ки коргузории мулки Форсро ба дўш гирифт, хироҷи андозро як дараҷа кам намуда, аҳволи мардумро беҳтар намуд. Халифа Мансур (754-775) кордонии ўро ба назари эътибор гирифта, баъди чанде писараш Яҳёро ҳокими мулки Озарбойҷон таъин намуд. Зеро Яҳё дар ақлу заковат аз падар камӣ надошт. Аз ин рӯ халифа Маҳдӣ ба писараш Ҳорунаррашид васият намуда буд, ки вай бояд эҳтироми ин хонадони бузургро ба ҷо орад. Ҳорун низ дар асоси панди падар амал кард.

Ҳорунаррашид касе набуд, ки ҳукуматаш рӯ ба заъфу сустӣ ниҳад ва касе набуд, ки ғарқ дар лаззатҳо ва шаҳватҳои дунё бошад, балки ҳар сол ҳаҷ мекард ва соли дигар ба ҷиҳод мерафт ва рӯз ба рӯз бар шукӯҳ ва азамати ҳукуматаш афзуда мешуд. Ӯ пеш аз Хилофат аз мардони сиёсӣ ва низомӣ ҳамчун: Яҳё ибни Холиди Бармакӣ, Рабеъ ибни Юнус, Язид ибни Музиди Шайбонӣ, Ҳасан ибни Қаҳтабаи Аттоӣ ва Язид ибни Асияи Салмо истифода бурда сипас баъд аз уҳдадор шудани Хилофат, ин ситорагонро ҷузъи аркони давлати хеш қарор дода ва бо таҷрибаи онҳо, шукуфоӣ ва муваффақият рӯз афзуни хилофати худ гашт. Ӯ барои истиқрори ҳукумати худ аз мардони бузурги сиёсӣ ва динӣ истифода бурда, афроде ҳамчун Яҳё ибни Холиди Бармакӣ дар ҳукумати ӯ вазоратро бар уҳда гирифтанд, ӯ аз барҷастатарин асоси давлати Ҳорунаррашид ба шумор мерафт.[5]

Ривоят шуда, ки вақте Ҳорунаррашид уҳдадори Хилофат шуд, кӯшиш дошт дар кишвар бар қарори адолат ва зидди мазлумон аз молиёт ва хироҷи ҳукуматӣ бикоҳад, ба ҳамин хотир Абӯ Юсуф (р) китоби хироҷро барои ӯ таълиф карда буд, ин ҳаракати Ҳорунаррашид таъсири амиқе ба рушди иқтисодӣ ва пешрафти улуму фунун ва боло рафтани осоиш ва роҳати мардум дошт.

Ҳорунаррашид пас аз таълиму тарбият дар байти хилофат, худро барои майдонҳои ҷанг омода карда, таҷҳизоти ҷангиро фаро гирифта буд ва аз синни 15 – солагӣ дар майдонҳои ҷиҳод ҳозир шуда ва душ ба души муҷоҳиддин барои интишори дини ислом меҷангид; рашодатҳо (пирӯзиҳо) ва диловариҳои ӯ дар майдонҳои ҷиҳод сабаб шуд, то падараш Маҳдӣ лақаби Рашид ба ӯ диҳад ва аз он рӯз ба баъд ба ин лақаб маъруф гашт.[6]

Маҳз кордонии Бармакиён буд, ки хилофати Аббосиён дар замони Ҳорунаррашид (785-809) хеле нашъунамо кард. Болоравӣ ва ба иззату икром caзовор шудани оли Бармакиён рашки арабҳоро ба миён меовард. Онҳо кўшиш менамуданд ба Ҳорунаррашид халал расонанд, то ки вай намояндагони Бармакиёнро аз сари қудрат дур кунад.

Яҳё марди фозилу илмдӯст ба шумор мерафт. Инро ба назар гирифта, халифа Маҳдӣ аз ӯ хоҳиш намуда буд, ки сарпарастии писараш Ҳорунро ба уҳда гирифта ӯро аз илмҳои замона бохабар намояд. Яҳё васияти дӯсташро баҷо овард. Ба Ҳорун на ин, ки дарси илму адаб таълими давлатдорию сиёсатмадориро низ омӯзонид.

Дар пеши назари Яҳё Ҳорун ҳамчун марди сиёсатмадору ботамкин комил ёфт. Ҳамин сифати хуби кордони буд, ки баъди фавти падар ба тахти хилофат нишаст.

Чунончи гуфтем: ӯ тавонист, ки бо кӯмаки вазирони оқилу доно дар идоракунии хилофат аз падар пеш гузарад. Замони ҳукумронии Ҳорунаррашид (785–809) давраи болоравии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналхалқии хилофат гашт.

Вақте ки Ҳорунаррашид ба тахт нишаст, Яҳёро назди худ хонда гуфт: — Ман кори раёсатро ба ту вогузор мекунам ва онро аз дўши худ бар гардани ту ниҳодам. Ҳар қисм, ки лозим медонӣ ҳукум бикун ва ҳар касро, ки мехоҳӣ баргузин ва ҳар киро нахоҳӣ аз кор барканор кун. Ба ҳар кас, ки медони ҳамроҳӣ бикун ва ҳар киро салоҳ медони берун бикун. Ман дар ҳеҷ кори ту назорат намекунам…

Даврони вазорати Ҷаъфари Бармакӣ бешак авҷи қудрати ин хонадон ба ҳисоб мерафт. Дар донишу хирадмандӣ ҳам Ҷаъфар маҳорат нишон медод ва бино бар гуфтаи муаррихон вақтҳои холӣ ба мутолиаи фалсафа ва нуҷум мепардохт. Бо ташаббуси ҳамин хонадон буд, ки пойтахти хилофат аз Димишқ ба Бағдод интиқол ёфт.[7]

Яҳё бо ду писараш – Фазл ва Ҷаъфар бо мардум хуш муомила карда, аз пазируфтани онҳо вақтро дареғ намекарданд. Дар ривоҷу шеъру шоирӣ ва таъмини моддии аҳли фазл ин хонадон саҳми бағоят бузург дорад. Лусин Будо мегуяд: “Дар давроне, ки Бармакиён садорат доштанд, халифаро унвоне беш набуд”. Тамоми мақому вазоратҳо бо салоҳдиди ин хонадон таъйин мегаштанд. Ҳамаи ривояту ҳикоётро таҳлил карда, Ибни Халдун ба хулосае меояд, ки Бармакиён зимоми ихтиёроти кишварро дар даст доштанд ва даромади хазинаро моли худ медонистанд ва ҳар тавре, ки мехостанд, онро сарф мекарданд. Ҳатто хароҷоти халифаро муайян мекарданд.[8]

Дар бахшишу саховатмандӣ Фазли Бармакӣ ниҳоят маъруф буда, забонзади хосу ом гашта буд. Фазилати ин хонадон чунон боло гирифта буд, ки мулкҳои беҳтарини мустамликаҳои хилофатро дар ихтиёр дошт. Ҳамин тавр заминҳои шарқии Эрон дар як вақт аз ҷониби писари Яҳё — Фазл идора мегашт.

Ба ин хонадон бисёре аз ашрофони арабу аҷам ҳасодат меварзиданд. Абӯаюби Мурёнӣ, Яъқуб ибни Довуд аз маъруфтарин чеҳраҳои он рӯза аз ин қабил буданд.

Даврони вазорати Ҷаъфари Бармакӣ бешак авҷи қудрати ин хонадон ба ҳисоб мерафт. Халифа Ҳоруннарашид ӯро мояи фахри дарбори худ медонист. Дар раиятнавози Ҷаъфар саъй намуда, аз ин рӯ маҳбуби ин табақа гашта буд. Ҳама шахсони ҳоҷатманд ба ӯ муроҷиат менамуданд. Дар донишу хирадмандӣ ҳам Ҷаъфар маҳорат нишон медод ва бинобар гуфтаи муаррихон вақтҳои холии худ ба мутолиаи фалсафа ва нуҷум мепардохт. Ба ташаббуси ҳамин хонадон буд, ки пойтахти хилофат аз Димишқ ба Бағдод интиқол ёфт.

Бахшишу саховатмандии Бармакиён то ҷое расида буд, ки бинобар қавли донишманди ҳиндӣ Копурӣ занону модарони араб ба бисёре аз бодиянишонон аз роҳҳои дур омада, дар Бағдод ашъоре месуруданд ва аз Ҷаъфар ҷоиза дарёфт мекарданд.[9]

Оинҳои қабл аз исломии тоҷикон аз ҷумла “Наврӯз” ва “Меҳргон” маҳз бо ташаббуси ин хонадон эҳё гашта, ба авҷи худ расиданд. То ҷое, ки рӯзи бар гузории ин ҷашнҳо ба халифа ҳадя медоданд. Дар даврони Бармакиён ҳатто арабҳо ҳам “Наврӯз” – ро ҷашн мегирифтанд.

Бидуни ҳеҷ тардид хонадони Бамакиёнро оғозгари таҷдиди суннатҳои қадимии мардуми мо метавон номид. Кореро, ки Сомониён ривоҷ дода ба худ ному маҳбубият кашф оғоз намуданд, аз ҷониби ин хонадон тарҳрезӣ шуд. Ҳатто ба сари қудрат расидани Сомониён низ аз самараҳои кори ин хонадон буд. Наҳзати “Шуубия”, ки дар зинда мондани китобҳои зиёди то исломии мо хидмати бағоят бузург карда буд, аз ҷониби Бармакиён ҳимоя мегашт.

Онҳо кӯшиш менамуданд, ки ганҷинаҳои бори мероси хаттии аҷдодон нобуд нашавад. Аз ин рӯ пешироҳи фарҳангбезории арабҳоро мегирифтанд.[10]

Бармакиён чун мардуми бо фазилат дар паҳн намудани ислом барои хилофати араб хизмати хуб карданд. Онҳо кӯшиш намуданд, ки дини ислом бе куштору сӯхтор ҷорӣ гардад. Зеро арабҳо дар ибтидои забт кориҳои хеш мардумонеро, ки исломро намеписандиданд қатл намуда, шаҳру деҳотро оташ мезаданд. Ба ин ваҳшонияти арабҳо харобаҳои шаҳри Панҷакент ва Бунҷекати Истаравшан (Шаҳристон) мисол шуда метавонанд.

Барои рух додани чунин ҳодисаи ногувор Фазл ибни Яҳёи Бармакӣ дар рафти солҳои 770 – 771 дар шаҳри Бухоро масҷиди намози ҷумъа бино кард. Наршахӣ мегӯяд, ки чунин масҷиди бузург дар қаламрави Мовароуннаҳр набуд. Бо ташаббӯси Фазл ибни Яҳё дар давраи моҳи рамазон дар дохили масҷид қандилҳо фӯрӯзон меистоданд.

Болоравии қудрати Бармакиён ба чашми душманони ин хонадон чун хор халид. Онҳо аз пай нест намудани ин мардони номбардор шуданд. Ва охируламр ба он муваффақ гардиданд, ки ба дилу дидаи Ҳорунаррашид ҷой шуда ӯро маҷбур созанд ба куштор даст занад. Ин буд, ки бо амри Ҳорунаррашид 29 — уми январи соли 803 Ҷаъфари Бармакӣ қатл гардид. Яҳё ва писаронаш Фазл, Муҳаммад ва Мӯсо дар шаҳри Рақиқа зиндон карда шуданд, ки дар он ҷо ҷон ба ҳақ супориданд.

Дере нагузашта Ҳорунаррашид аз кори кардааш сахт пушаймон гашт. Зеро бе Бармакиён идоракунии дарбор мушкил шуд шахсони сифлаю ноӯҳдабаро ба ҷои Бармакиён по гӯзошта, аз ӯҳдаи кор набаромаданд. Онгоҳ Ҳорунаррашид “оҳ дареғи оли Бармак” гуфт.[11]

Вале қатли ваҳшиёнаи хонадони Бармакиёни Балх пеши роҳи хонадонҳои дигари тоҷикро гирифта натавонист. Арабҳо бе онҳо дарахти бесамар буданд. Аз ин рӯ маҷбур шуданд, ки кори саркардаи Бармакиёнро ба хонадонҳои Сомониён, Тоҳириён ва Саффориён вогузор намоянд. Ҳорунаррашид дар вуҷуди Бармакиён афзоишу рузафзунӣ таъсири иқтисодӣ ва сиёсию ашрофи ғайри арабро дида ва аз он хавф бурда ва амр кард тамоми намояндагони хонаводаи Бармакиёнро ба қатл расонанд.[12]

Вай ба қасди табдили руҳониёни исломӣ ба такиягоҳи худ мақоми онҳоро хело боло бурд, ӯ заминҳои зиёдеро дар байни руҳониён тақсим кард ва ҳам замон сиёсати ҷалби аъён ва ашрофи маҳллӣ ба хилофатро низ идома дод. Сиёсати хилофатро дар мавриди идораи вилоёти шарқӣ тағир надод. Вилоёти шарқӣ мисли собиқ бо ёрии намояндагони аъён ва ашрофони заминдори маҳаллӣ идора мешуданд.

Мавқеъи ин аъён ва ашроф махсусан аз соли 821 мелодӣ, ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр хонадонҳои маҳаллӣ ибтидо Тоҳириён ва баъд, Сомониён рӯй кор омаданд хело тақвият гирифт.

Вале ба ин нигоҳ накарда муҳаббату эҳтироми доираҳои васеи мардуми Хилофат нисбат ба сулолаи Бармакиён кам нашуд. Баръакс, шӯҳрати намояндагони ин сулола дар байни табақаҳои гуногуни халқ барои дониши васеъ, саховат, адолат доштан ва ғамхории онҳо барои ободонии кишвар барои инсондӯстию одамгариашон чунон бузург буд, ки симои намояндагони ин сулола қаҳрамони ин сулола мусибати афсонаҳои фантастикии асримиёнагӣ (Душанбе, 1981, с. 3 – 16 ва г.) гашт. Ин падида дар мисоли Яҳёи Бармакӣ дар қиссаи “Духтари подшоҳ, мӯйсафед ва се ҷавон” аз қиссаҳои сершумори “Ҳазору як шаб”, аз қиссаҳои “Холид ибни Абдуллои ал – Касрӣ” (шабҳои 297 – 299), “Дар бораи саховатмандии Яҳё ибни Холид” ( 305 – 306 ), “Дар бораи мактуби қалбакӣ” ( 306 – 307 ), “Дар бораи Яҳё ибни Холид ва меҳмонии ӯ” (шабҳои 391 – 392), “Дар бораи Ҷаъфари Бармакӣ ва мӯйсафеди бемор” (шаби 395 – ум) ва дигар қиссаву ҳикояҳо равшан ба назар мерасад. Дар ҳамаи ин қиссаву ҳикояҳо ҳисси меҳру садоқати самимӣ ва ҳурмати беканори халқ нисбат ба намояндагони ин хонадони дар воқеъ афсонавии тоҷику- форс дида мешавад.[13]

Дере нагузашта аз солҳои 80 – уми асри VIII ба арсаи сиёсат намояндагони хонадони дигари тоҷикон – Тоҳириён (821 – 873) баромаданд. Аз соли 821 волигарии сарзамини Хуросон, ки як қисми Хилофат ба ҳисоб мерафт, ба дасти Тоҳириён мегузарад. Ба ҳайати Хуросони шимолӣ Эрон, шимоли Афғонистон ва тамоми Мовароуннаҳр дохил мешуд. Тоҳириён хусусан дар давраи ҳукумронии писари Тоҳир – Абдулло (828 – 844) мустаҳкам шудаанд. Абдуллоҳ Хуросон ва Мовароуннаҳрро амалан мустақилона идора мекард. Пойтахти мулки ӯ шаҳри Нишопур буд. Тоҳириён дар як давраи муайян тавонистанд тартибу низомро ҷорӣ намоянд, ба ривоҷи кишоварзӣ, пешрафти маърифат ва таҷаддуди анъанҳои фарҳангӣ маҳаллӣ мусоидат намоянд. Дар аҳди Абдуллоҳ наҳрҳои нав кофта шуданд, обёрӣ беҳтар гардид. Тоҳириён баъди ҳукумронии арабҳо ва зуран арабӣ гардонидани маданияти маҳаллӣ тоҷикон эҳёи маданияти қадимаи онҳоро оғоз намудаанд. Дарбори Тоҳириён дар қатори забони арабӣ забони форсӣ ҳам амал мекард.[14]

Ба ақидаи Бобоҷон Ғафуров нақши бузургро дар пешрафти маданияти маҳаллӣ на Тоҳириён, балки Саффориён бозиданд. Дар ин ҷо мақсад ҳаргиз муқобилгузории ду хонадони барӯманди тоҷикону эрониён нест. Тазоди таърих дар он аст, ки онҳо ба ҷои муттаҳид шудану ба муқобили душмани умумӣ – Хилофат якҷоя мубориза бурдан ба ҳам дигар дарафтоданд.

Соли 873 намояндаи хонадони Саффориён – Яъқуб ибни Лайс, ки ҳокими Систон буд, ба лашкари Тоҳириён зарбаи ҳалокатовар зада, сарвари охирини Тоҳириён Муҳаммад ибни Тоҳирро (862 – 873) асир гирифта, пойтахти онҳо – Нишопурро ишғол кард. Саффориён (873 – 903) Тоҳириёнро сарнагун намуда, то дараҷае пуриқтидор шуданд, ки соли 874 халифа маҷбур шуд идоракунии Хуросон ва қисме аз дигар сарзаминҳоро ба Яъқуб супорад вале ҳукумронии онҳо дер давом накард.

Дар солҳои 20 – уми қарни VIII ба арсаи сиёсат хонадони Сомониён ҳам қадам ниҳод ва кӯшиш кард, ки ба манфиати худ ва барои манфиати сокинони вилоятҳои худ амал кунад. Баъдтар ба намояндаи барҷастаи ин сулола – Исмоили Сомонӣ муяссар шуд, ки дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон давлати ягонаро ташкил намояд. Ин албатта, заминаҳои худро дошт.[15] Заминаҳои пайдоиши давлати муттамаркази Сомониён чунинанд:

  1. Шӯришҳои пайдарпайи халқӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр, ки бунёди Хилофати арабро суст карданд. Хилофат маҷбур шуд, барои пахш намудани шӯришҳо аскарони худро ба ноҳияҳои шӯришгар фиристад, вале на ҳамеша забткорон ба мақсади худ ноил мегаштанд. Муборизаи халқ тулонӣ буд ва он Хилофатро аз ҷиҳати ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ хароб мекард, аскарони зиёдеро талаф медод.
  2. Дар зери фишори шӯришҳои халқӣ Хилофат маҷбур шуд сиёсати давлатдории худро тағйир диҳад. Акнун ба вилоятҳои шарқии худ баҷои намояндагони араб ашхоси бонуфузро аз сулолаҳои маҳаллӣ тоҷикону эрониён – Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, таъйин мекард.

Ибтидои асри X Систон дар зери тасарруфи Сомониён гашт. Дар ҳамин ҷой зикри далели таърихиро бамаврид мебинам, ки баъд аз мағлубияти Саффориён дар муҳориба бо Сомониён ин хонадон аз арсаи таърихӣ дур нарафт. Намояндагони он, бино ба маълумоти олими ангилис Қ. З. Босворт, боз қариб шаш аср – то охири асри XV қатъи назар аз ғоратгариҳои Маҳмуди Ғазнавӣ, ҷангу ҷидолҳои Салҷуқиён, Ғуриҳо, Муғулҳо ва Темур дар арсаи таърих чун ходимони барҷаста боқӣ монданд.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки Ҳорун кайҳо андармони андешаи аз ин қавм халос шудан гашта буд. Оҷилан Фазлро аз зимомдории Хуросон озод карду ба ҷояш аз қавми худ Алӣ ибни Мӯсо ном аъроби бахилу хасис ва чашмгуруснаро таъин кард. Мӯсо чун ба Хуросон ворид гашт, ба супоришу таъиноти Ҳорун ба тақибу қасдгирӣ аз маъмурини маҳаллӣ машғул шуд.


[1] Мухторов А. М. Сомониён: Замон ва Макон. Душанбе, 1999. –с.

[2] Айни С. Маънои калимаи “тоҷик” // Шукурзода М. Тоҷикон дар қаламрави ориёно. – Душанбе: Деваштич, 2007. –с.

[3] Таърихи Афғонистон. Ҷ. 3, с. 88.

[4] Ҳақназаров Абдуназар. “Таърихи боҳамойӣ ва ташаккули халқи тоҷик”. – Душанбе; “Ирфон” – 2013.

[5] Ибни Касир. “Ал – Комилу – фит – Таърих”.

[6] Ибни Касир. “Ал – Бидоя ва — н – Ниҳоя”

[7] تارييخ الدولة العباسية تالييف محمد سهيل طقوس دارالنفاءس الطبعة الاول 1417 ه 1996 م

[8] Мухторов А. М. Сомониён: Замон ва Макон. Душанбе, 1999.

[9] Таърихи Сиистон. // Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. Давлатдории Тоҷикон, с. 217.

[10] Абдурраҳмон ибни Халдун. Муқаддимаи ибни Халдун. Тарҷумаи Муҳаммади Парвини Гунибодӣ, Теҳрон. – 1366. Ҷ. 1, с. 26

[11] Нурмуҳаммади А. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои 9 – 14.

[12] Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Душанбе, 1983. К. 1. – с. 442 – 521.

[13] “ Ҳазору як шаб” қ. 1, то 4.

[14] Муҳаммад замони солеҳ. Девори Хуросон. Душанбе, 1999.

[15] Неъматов Н.Н. Давлати Сомониён. Душанбе, 1989.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *