Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Дидгоҳи дигар асҳоб

Бо Усайд ибни Ҳузайри Ансорӣ машварат менамояд, ӯ ҷавоб медиҳад:

-Худоро гувоҳ мегирам, ки ақида дорам баъд аз ту, ӯ беҳтарин касе аст, ки аҳлияти ин мансабро дорад, ӯ дар маҳали ризо розӣ мешавад ва дар ҷои ғазаб хашмгин мегардад. Ниҳонаш аз аёнаш беҳтар аст. Барои хилофат касе тавонотар аз ӯ нест.

Аз Саъид ибни Зайди Ансорӣ ва ҷамоати дигаре аз муҳоҷирон ва ансор дар бораи ҳазрати Умар пурсуҷӯ менамояд. Ҳамаи онҳо ӯро меситоянд ва лоиқи мақоми хилофат медонанд.

Интихоби Умар (р) ва аҳдномаи Абубакри Сиддиқ (р)

Абубакр (р) пас аз анҷоми ин таҳқиқот ва итминон аз фикри мувофиқи бузургони асҳоби Расулу-л-лоҳ (с), ки аҳли ҳал ва ақд буданд Усмон ибни Аффонро ба ҳузури худ мехоҳад ва амр мефармояд, то ин аҳдномаро, ки худи ӯ имло менамояд бинависад. (Ин аст аҳдномае, ки Абубакр (р) ҷонишини Муҳаммад Паёмбари Худо дар охирин рӯзи кораш дар дунё ва аввалин рӯзи кораш нисбат ба охират анҷом медиҳад. Ин аҳдномаро дар ҳоле анҷом медиҳад, ки дар чунин ҳол ҳар кофире имон меоварад ва ҳар бадкоре дурусткор мегардад, ман Умар ибни Хаттоб(р)-ро ба хилофат баргузидам, агар ба некӣ ва адолат рафтор кунад, ин ҳамон тасаввур ва бардошти ман дар мавриди ӯ аст ва агар ситам пеша намуд ва аз роҳи ҳақ бероҳ гашт ман бе гуноҳам зеро илми ғайб надорам ва ман бо ин иқдом ҷуз хайр қасди дигаре надорам. Ба ҳар касе чизе мерасад, ки худаш анҷом диҳад ва онон, ки ситам кунанд зуд хоҳанд донист, ки ба чи ҳоли баде мерасанд). Сипас Абубакр (р) ду дасташро ба сӯйи осмон баланд карда ва гуфт:

— Худоё! Ман бо ин иқдом ҷуз хайр ва хубӣ барои мусалмонон чизи дигаре нахостаам ва чун аз сар задани фитна дар байни онҳо тарсидам, ба ин коре, ки медонӣ иқдом кардам, дар ин кор ба хуби таваҷҷӯҳ ва диққат кардам, аз ин рӯ бар онҳо касеро ба аморат баргузидам, ки барои ин кор беҳтар ва қавитар аз ҳамаи онҳо аст. Худоё! Ӯро аз халифаи ҳидоятёфтаат қарор деҳ ва миллаташро барояш солеҳ ва дурусткор фармо.

Чунон ки дар таърихҳои эътимоднок мехонем ин аҳднома дар ҳаёти Абубакр (р) мавриди қабули бузургони асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) қарор гирифт. Пас аз вафоташ асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) иборат аз муҳоҷирон ва ансор ва дигарон дар масҷиди муқаддаси Мадина ҷамъ шуданд ва дар ҳоле, ки Умар (р) бар рӯи минбари Расулу-л-лоҳ (с) нишаста буд, бо майл ва ихтиёри комил бо он бузургвор байъат ва хилофатро ба ӯ вогузор карданд.

«Таърихи Эрон» таълифи Пирниё Муширу Давла дар ин бора мегӯяд:

-Дар айёме, ки Абубакр (р) бемор буд, ба ишораи ӯ Умар (р) барои мардум намоз мегузорид ва чун марги худро эҳсос кард, оммаи мардумро бо байъат бо Умар (р) ба хилофат даъват намуд ва мардум ҳам аксаран ба фикри ӯ рафтанд ва пас аз вафоти Абубакр (р) ба Умар ибни Хаттоб(р) дасти байъат доданд.

Ба тавре, ки мебинем ҳазрати Умар (р) аввал ба василаи шӯро дар ҳаёти Абубакр (р) ба хилофат баргузида шуд. Магар надидаем, ки Абубакр (р) дар ҳаёти худ ба бузургони муҳоҷирон ва ансор, ки баъзе аз онҳоро ном бурдем ва аз аркон ва пояҳои солеҳи давлати ислом ва тибқи фармоиши Алӣ ибни Абутолиб, ки дар Наҳҷ-ул- балоға баён карда аст, аҳли интихоб намудан буданд, машварат фармуд ва онҳо ҳамагӣ Умар (р) -ро сутуданд ва ба хилофаташ раъйи мувофиқ доданд ва шӯро ҷуз ин нест.

Мансус набудани наҳваи интихоби халифа

Мумкин аст пурсида шавад, ки аввалан шӯрои хилофат бояд пас аз марги халифа сурат гирад, на дар замони ҳаёташ. Сониян:

-Шӯро бояд ба василаи ҷамоате аз аҳли шӯро, ки ҳама дар як ҷо иҷтимоъ намоянд анҷом гирад, на бо раъйгирӣ аз ҳар яки онҳо ба сурати ҷудогона.

Ҷавоб: Дар пиромуни интихоби Абубакр (р) ба тафсил баён кардам, ки на дар Қуръон дастур ва низоме барои таҳқиқи шӯро зикр шуда ва на дар суннати Расулу-л-лоҳ (с) баён шуда аст, то маълум шавад шӯро бояд пас аз вафоти халифа бошад ё қабл аз он ё бояд дар ҳузури ҷамоате аз мусалмонон, ки дар як ҷо ҷамъ бошанд сурат гирад ва агар ба василаи фард фарди онҳо ҷудо ҷудо бошад, саҳеҳ нест.

Бинобар ин мусалмонон ҳақ доранд, ки дар ҳар даври хосе барои шӯро ҳар равия ва равишро, ки салоҳи худ бидонанд интихоб намуда, амал намоянд, чи дар вақти ҳаёти халифаи вақт бошад ва чи баъд аз вафоташ. Чи дар ҳузури ҷамоате аз аҳли шӯро, ки дар як маҳал иҷтимоъ намоянд анҷом шавад ва чи ба василаи фард фарди онҳо ҷудогона. Шарти асосии сиҳтаи интихоб фақат аҳлияти интихобкунандагон ва интихобшаванда аст.

Ба ҳар ҳол пас аз ин шӯро, ки дар хонаи халифа анҷом ва мунҷар ба тадвини аҳднома гардид, бақияи муҳоҷирон ва ансор ва соири мусалмонон низ пас аз вафоти халифа дар масҷиди Мадина ба Умар (р) дасти байъат дода, ӯро ба хилофат баргузиданд.

Пас якбор ӯро шӯро ба хилофат ихтиёр намуд ва бори дигар умуми мусалмонон дар масҷиди Мадина бо шӯро ҳамсадо шуда, назари шӯроро таъйид ва аҳдномаеро, ки Абубакр (р) навишт, тасбит карданд ва ба ин наҳв хилофати ҳазрати Умар (р) мавриди дастгирии уммати Муҳаммад(с) қарор гирифт.

Пас ҷои кучактарин шак ва тардиде дар сиҳҳати хилофати пурбаракати Умар (р) вуҷуд надорад, оё медонед, ки ҷомеаи исломӣ ва дини ислом чи хайре аз хилофаташ дид? Ин таърих аст, ки бо забони гӯё ва қазовати саҳеҳаш ба ин пурсиш посух медиҳад. Мо гӯшае аз ин таърихро дар ин китоб ба қалам меоварем.

Аввалин хутбаи ҳазрати Умар (р) дар оғози хилофаташ

Саъд ибни Мусайяб мегӯяд:

— Ҳамин ки Умар (р) ба хилофат расид, барои хутба рӯи минбари Расулу-л-лоҳ (с) нишаст ва пас аз зикри муқаддимаи хутба чунин гуфт:

-Эй мардум, медонед, ки шумо дар гузашта аз ман сахтгирӣ ва хушунат дидаед.

Рафтори хушунатомезам аз ин чиҳат буд, ки ман бо Расулу-л-лоҳ (с) будам, ғулом ва хидматгузораш будам. Он ҳазрат чунон ки Худо фармуда аст, нисбат ба мӯъминон рауф ва меҳрубон буд. Ман дар канораш монанди шамшери бараҳна будам, нисбат ба ҳар ҷасур ва беадабе, ки аз нармӣ ва меҳрубонии Расулу-л-лоҳ (с) суистифода менамуд, амри он ҳазратро итоат намуда, иҷро мекардам, назди он ҳазрат ҳамеша чунин будам, то он гоҳ, ки Худо ӯро аз дунё бурд, ӯ аз ман розӣ буд ва ман аз ин бобат Худоро меситоям ва худро хушбахт медонам.

Баъд аз Расулу-л-лоҳ назди Абубакр (р) халифаи Расулу-л-лоҳ (с) низ чунин будам ва чунон ки медонед ӯ шахси ором буд ва дар кораш нармиш нишон медод. Бинобар ин ман дар кораш монанди шамшери аз ниём кашида будам, хушунатамро бо нармиши ӯ меомехтам ( то умури хилофат таодул ёфта ба хуби пеш равад) ҳамроҳи Абубакр (р) инчунин будам, то он ки Худо ӯро аз дунё гирифт, дар ҳоле ки аз ман розӣ буд ва Худоро аз ин бобат шукр мекунам ва худро аз ин ҷиҳат некбахт медонам.

Акнун пас аз Абубакр (р) хилофат ба ман расид. Медонам, ки баъзе мегӯянд:

-Дар гузашта, бо он ки умури мо дар ихтиёри каси дигаре буд, бар мо сахт мегирифт, акнун ки хилофат ба худаш расида ва умури мо мустақиман дар ихтиёраш қарор гирифта, чӣ хоҳад кард?

Бидонед, ки шумо барои шинохтанам ниёзе надоред, ки аз касе бипурсед, зеро маро ба хуби шинохта ва омухтаед. Худоро сипосгузорам, ки аз Муҳаммад (с) паёмбарамон фаҳмидам он чиро ки бояд фаҳмам, бидонед, ки он шиддат ва хушунатам, ки дидаед акнун чандин баробар шуда аст, вале фақат нисбат ба ситамгарон ва барои гирифтани ҳақии заифон ва нотавонон аз зурдастон ва тавонгарон. Ман ҷуз дар ин маврид дар муқобили покдоманон ва парҳезкорон рухсорамро бар замин мениҳам, эй бандагони Худо! Аз иқоби Худо битарсед ва маро дар амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва дар иҷрои корҳоятон, ки Худо ба ман лоиқ дидааст, кӯмак ва ёрӣ кунед ва ҳама хайрхоҳам бошед.

Таҳлили мӯҳтавои нахустин суханронии Умар ибни Хаттоб(р)

Ин аст аввалин хутбаи Умар ибни Хаттоб(р) халифаи дуввуми Расулу-л-лоҳ (с), ки матлаби худро зимни ин хутба барои мардум баён карда мегӯяд, ман ҳамеша дар хидмати Расулу-л-лоҳ (с) будам ва он чи бояд, аз он ҳазрат ёд гирам, ёд гирифтам. Низ дар тӯли хилофати Абубакр (р) ҳамроҳаш будам ва он чи бояд аз ӯ бидонам донистам, баъзе ҳамон сиёсат ва тадбири умури мусалмонон, ки онҳо дошта ва анҷом медоданд, ман ҳам ба ҳамон роҳ хоҳам рафт, аммо шиддат ва сахтгирӣ, ки дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) ва дар замони хилофати Абубакр доштам, аз ин хотир буд, ки он бузургворони нармхӯ ва меҳрубон дар кори сиёсат ва идораи мулк ва мамлакат намешавад бо умуми мардум чунин рӯ ба рӯ шуд. Бояд бар ҳасби иқтизо дар ҷое бо меҳрубонӣ ва дар маҳалли дигар бо хушунат рафтор кард, то ба ин наҳв корҳо ба дурустӣ пеш равад, бинобар ин ман хушунатамро бо меҳрубонии онҳо меомехтам.

Акнун ки худам ба хилофат расидаам ва тамоми умури мусалмононро ба даст гирифтаам, барои пешбурди корҳои хилофатам меҳрубонӣ ва сахтгириро дар ҷанби (паҳлӯи) ҳам қарор хоҳам дод. Бо бадкорон ва ситамгарон беш аз пеш сахт хоҳам гирифт ва нисбат ба дурусткорон ва парҳезкорон бо камоли муҳаббат ва меҳрубонӣ рафтор хоҳам кард.

Чун таърих намоёнгари ин матлаб мебошад, ки ҳамеша он уммате саодатманд аст, ки афродаш худошинос, худопараст ва худотарс бошанд, Худоро нозир бар аъмолашон бидонанд ва аз тарси иқоби Худо даст ба кори бад назананд (яъне дар зоташон пулиси ботинии боздорандае вуҷуд дошта бошад) бинобар ин, Умар (р) дар ин хутба хитоб ба мардум карда мефармояд, аз азоби Худо барҳазар бошед, то аз роҳи ҳақ бадар наравед ва хушбахт бошед ва чун ин матлаб имкон надорад умумият дошта бошад ва бешак дар байни ҳар миллате ҳастанд мардуме, ки имонашон заиф ва инсонияташон ноқис аст ва бинобар ин аз азоби дардноки ухравӣ наметарсанд, инҳо бояд аз дастгоҳ ва созмони интизомӣ ва пулиси зоҳири битарсанд, то даст ба кори бад назананд ва агар зананд аз ин созмон ҷазо бубинанд, аз ин сабаб Умар (р) дар поёни хутбаи худ хитоб ба мардум карда, мефармояд:

— Маро дар ҳар маврид, ки мардумро ба кори нек фармон диҳам ва низ дар ҳар ҷо, ки мардумро аз кори бад боз дорам, ёрӣ кунед.

Равиши ҳукумати исломӣ дар давраи нубувват ва хилофати Абубакр (р) ва Умар (р)

Равия ва равиши ҳукумати исломӣ дар асри нубувват ва дар давраи хилофати Абубакр (р) ва Умар (р) бар мабнои ҳамин сиёсате буд, ки Умар (р) дар хутбаи худ баён фармуд. Умар (р) давлати кучаки исломро бо ҳамин сиёсат ба як императории азим расонид ва онро бо ҳамин сиёсати саҳеҳ идора ва муназзам фармуд.

Дар таърих мехонем, ки хилофат ва ҳукумати халифаҳо баъд аз Умар (р) фоқиди ин сиёсат буд ва бар мабнои сарфи меҳрубонӣ ва нармиш устувор буд ва монанди ҳукумати замони нубувват ва ҳукумати халифаи аввал шахсе монанди Умар (р) надошт, то меҳрубонӣ ва нармиши онҳоро бо сахтгирии худ такмил намояд, бинобар ин душманони дин ва мухолифони давлати ислом, ки ҳамеша дар паи фурсати муносибе буданд, вақтро муносиб ва фурсатро ғанимат шумурда даст ба фитна ва харобкорӣ заданд. Корро ба ҷое расониданд, ки назми дохилии ҳукумати ислом халалдор ва ҳукумат ва императории давлати ислом аз ҳайбат ва қудрат соқит гардид ва натиҷатан худи халифаҳои вақт қурбони ин фитна шуданд ва дин ва давлати ислом бо забони ҳоли худ фиғон бароварданд, ки фитна бар по шуда, вале Умар (р) нест, то онро моҳирона ва бо қудрат аз бех барканад ва нобудаш кунад.

Аз хутбаи Умар (р) ба хубӣ маълум мешавад, ки ӯ дар пешбурди умури ҳукумати ислом дар замони Расулу-л-лоҳ (с), бо он ҳазрат ба таври муассир ҳамкорӣ карда ва сипас дар тӯли муддати хилофати Абубакр (р) бо ӯ низ дар иҷрои умури хилофаташ ҳамкорӣ кардааст. Умар (р) ин матлабро дар зимни хутбаи худ сариҳан дар ҷамъомади мусалмонон баён кард ва касе инкораш накард.

Ҳамчунин аз ин хутба маълум шуд, ки ҳамаи мардум Умарро хеле хуб мешинохтанд, пас лаёқат ва қобиляташ барои хилофат амре набуда, ки аз онҳо махфӣ бошад, аз ин сабаб бо илми кофӣ аз шахсияташ бо ӯ байъат карданд ва хайр диданд. Ҳазрати Умар (р) дар охири хутбааш баён месозад, ки хилофаташ дар ҳақиқат тавфиқи Худо буд, пас ҳукумати хилофат ҷанбаи руҳоният дорад, бинобар ин халифа бояд ин амрро доиман мадди назари худ қарор дода Худоро дар назар бигирад, то дар иҷрои умури мамлакат аз ҷоддаи ҳақ дур наравад ва аз масири адолат убур накунад. Ҳазрати Умар (р) ба гувоҳии таърихнависони ҷаҳон комилан ба ин матлаб иноят дошта ончунон буда, ки дар хутба гуфт. Мо акнун таҳти унвони зер ба нақли воқеае мепардозем, ки ин матлабро ба хубӣ равшан менамояд.

Адолати Умар (р)

Ҳазарти Умар (р) ба ҳадди намунаи комил ҳақ ва рамзи адолат буд, ки адли Умар (р) зарбулмасали хосу ом қарор гирифта шӯҳрати таърихӣ дорад. Акнун се воқеа аз воқеаҳои муҳимеро, ки ҳар як аз онҳо намунае аст шуниданӣ аз адолати Умар (р) барои хонандагони гиромӣ нақл мекунем.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *