Фанни Фалсафа
Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Филасофия
-
Марги инсон ва марги инсон
Инсон ягона мавҷудест, ки миранда будани худро медонад, вале маргро бартараф карда наметавонад. Фаҳмишу маънидодкуниҳои гуногуни марг вуҷуд доранд. Яке аз фаҳмишу маънидодкунии марг аз мавқеи динӣ аст, ки мувофиқи он зиндагии муқаррарии индунёӣ худ аз худ бе бақо аст, одамон ба дунё меоянд, меҳнат мекунанд, касал мешаванд, азобу шиканҷа…
Муфассалтар » -
Маънои ҳаёт ва таъиноти инсон
Маънои ҳаёт масъалаест, ки ҳамеша барои инсон пеш меояд, ҳам вақти кору амали муқаррарии ҳаррӯза, ҳам вақти маърифати талаботу манфиатҳо, ҳам вақти андешарониҳо дар хусуси зиндагии кунунӣ ва ояндаи наздику дури он… Инсон ҳамеша дар андешаи он аст, ки барои чӣ ӯ зиндагӣ мекунад, ҳол он ки ӯро дар пеш…
Муфассалтар » -
Зуҳуроти озодии ботинӣ
Барои инсон аз озодӣ дида дигар арзиши азизтару болотаре нест. То имрӯз ду фаҳмиш дар бораи озодӣ вуҷуд дорад. Ба маънои маҳдуд озодӣ худмухтории инсон, мустақилияти ӯ ва фишоронавардан ба он аст. Ин фаҳмиши на умумию мутлақ ва бе сабаб муайян кардани озодӣ аст. Вале дар олам ягон инсонро ёфтан…
Муфассалтар » -
Назарияи объективатсияи Н.А.Бердяев
Н.А.Бердяев фалсафаро ҳамчун илм дар бораи рӯҳ ва вуҷудияти инсон муайян мекунад. Ӯ бо қатъият изҳор мекунад, ки ба устувории олами объективӣ, табиат ва таърих боварӣ надорад. «Воқеъияти объективӣ фақат хаёли ботил, фиреби ҳиссӣ ва шуур аст, — мегӯяд ӯ. Вай воқеъияти объективонидашуда аст ва ба ин сифат маҳсули рӯҳ…
Муфассалтар » -
Предметикунонӣ ва Бегонашавӣ
Дар боби пешина зикр кардем, ки инсон ягона мавҷудест, ки ба воситаи олоту предметҳое меҳнат мекунад, ки худи ӯ аз маводу ашёҳои табиӣ месозад. Олоту предметҳоро, ки вай месозад ва истифода мебарад «давоми сунъӣ»-и узвҳо ва қувваҳои бадани органикии он аст. Олоту предметҳое, ки инсон месозад ва дар ҷабҳаҳои гуногуни…
Муфассалтар » -
Ахлоқи инсонӣ
Инсон мавҷуди ахлоқӣ аст. Ахлоқ яке қувваҳои моҳиятии он аст. Ахлоқи ӯ мазмуну мундариҷаи таърихӣ дошта, вобаста ба тағйиротҳои таърихӣ ҳадду ҳудудҳо ва зуҳуроти нав пайдо мекунад. Ахлоқ системаи арзишҳо ва муқарраротеро дар бар мегирад, ки ба танзими рафтори одамон нигаронда шудааст. Мафҳуму категорияҳои ахлоқӣ таъиноти муқарраротӣ доранд, самтҳои умумии…
Муфассалтар » -
Талаботҳои инсонӣ
Инсон ҳамчун мавҷуди зинда манфиату талабот дорад. Талаботҳои он ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоиву маданӣ ва фарҳангиянд. Талабот шакли зарурӣ ва объективии робитаи тамоми мавҷудоти зинда бо олами беруна, манбаъи фаъолнокӣ ва зиндагии онҳост. Талабот ҳамчун қувваи моҳиятӣ, ботинӣ мавҷудоти зиндаро ба ягон тарзу шакли фаъолият водор месозад, ки барои…
Муфассалтар » -
Фард, фардият, шахс
Макс Шелер қайд мегӯяд, ки ҳам мафҳум ва ҳам калимаи «одам» дар истеъмоли ҳаррӯзаю муқаррарии онҳо духӯраанд. Аз як тараф, дар зери мафҳум ва калимаи «одам» инсонро ҳамчун намояндаи олами ҳайвонот, қуллаи олии он мефаҳманд. Аз тарафи дигар, калимаи «одам»-ро истеъмол карда, мо тамоми зоти одамро мефаҳмем, масалан мегӯем, ки…
Муфассалтар » -
Табиат, моҳият ва мавҷудияти инсон
Бар хилофи иҷтимоият, тамадуну маданият ва фарҳанг, дар зери мафҳуми табиат ҳама он чи ки худи инсон наофаридааст ва намеофарад, ҳамаи он протсессҳо, ашёҳо, ҳодисоту руйдодҳоеро мефаҳмонад, ки дар олами табиӣ вуҷуд доранд. Барои ҳамин ҳам, мафҳуми умумии «табиат»-ро аз «табиати инсон» бояд фарқ кард, ҳарчанд, ки табиати инсон ба…
Муфассалтар » -
Робитаи биологият ва иҷтимоият
Барои инсон ду роҳи асосии зиндагӣ ва фаъолият вуҷуд дорад: генетикӣ, ки дар робита бо муҳити атроф асоси эволютсияи биологии онро ташкил медиҳад ва иҷтимоӣ -маданӣ. Роҳи дуюм чунин нотакрорӣ ва махсусияти инсонро, ба монанди қобилияти бошууронаю мақсаднок меҳнату истеҳсол кардан, ташаккул додани муносибатҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд овард, ки қиёси…
Муфассалтар » -
Пайдоиши инсон ва нотакрории ҳаёти ӯ
Инсон шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рӯи Замин, субъекти протсессҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих ва бунёдгари маданият аст. Инсон намуди биологии иҷтимоишуда аст. Инсон падидаи беназиру пурасрори эволютсияи табиӣ ва таърих аст. Табиати инсон чигуна аст, моҳияти инсонии вай чи тавр сурат мегирад,…
Муфассалтар » -
Шуур ҳамчун инъикоси воқеият ва фаъолияти ҷамъиятӣ
Мафҳуми шуур. Шуур ҳамчун инъикоси ҳастии олами материалӣ.Пайдоиши шуур ва моҳияти иҷтимоии он.Таносуби рӯҳониёт ва моддиёт.Шуури инфиродӣ ва шуури ҷамъиятӣ, робитаи диалектикии онҳо.Сохтори шуури ҷамъиятӣ ва дараҷаҳои он.Шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва меъёрҳои фарқияти онҳо.Шуури ахлоқӣ. Типҳои таърихии ахлоқ.Сиёсат, ҳуқуқ ва дарки зебогии олам.Хусусиятҳои шуури динӣ. Озодии виҷдон. Мафҳуми шуур. Шуур…
Муфассалтар » -
Ҷомеа чун низоми инкишофёбанда
Мафҳуми ҷомеа. Фаҳмиши материалистӣ-диалектикии ҷомеа.Мафҳуми истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тарзи истеҳсолот.Диалектикаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ.Форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ. Таносуби фаҳмиши форматсия ва тамаддун дар инкишофи ҷомеа.Мафҳуми сохтори иҷтимоии ҷомеа ва унсурҳои он.Инкишофи ҷомеа чун низоми табиӣ-таърихӣ.Тарзҳои инқилобӣ ва таҳаввули инкишофи ҷомеа.Моҳияти пешрафт (прогресс)-и ҷамъиятӣ ва меъёрҳои он.Навъҳои таърихии пешрафт (прогресс)-и ҷамъиятӣ.Мафҳуми сохтори…
Муфассалтар » -
Фаҳмиши фалсафии ҳастӣ
Категорияи ҳастӣ, моҳияти фалсафӣ ва хусусиятҳои асосии он.Шаклҳои асосии ҳастӣ.Тавсифи умумии категорияи ҷавҳар (субстансия), ҳалли диалектикӣ-материалистии он. Категорияи ҳастӣ, моҳияти фалсафӣ ва хусусиятҳои асосии он. Ҳалли масъалаи ҳастӣ ба саволҳо оиди моҳияти олам, пайдоиш ва ташаккули он, таъинот ва нақши инсон, муносибати ӯ ба олам ва умуман перомуни мазмуни ҳаёт…
Муфассалтар » -
Фаҳмиши фалсафии материя
Категорияи материя дар низоми фалсафаи материалистӣ.Ташаккули фаҳмиши илмӣ-фалсафии материя.Илми муосир оид ба сохтори системавии материя. Категорияи материя дар низоми фалсафаи материалистӣ. Мафҳуми «ҳастӣ» мушаххасияти худро пеш аз ҳама дар мафҳуми «материя» соҳиб мешавад. Проблемаи материя ва мафҳуми он дар тулии таърихи фалсаф аз ҷониби файласуфони материалист кор карда шудааст. Дар…
Муфассалтар » -
Фалсафа, доираи проблемаҳо ва нақши он дар ҷомеа
Мафҳуми ҷаҳонбинӣ. Хусусиятҳои ҷамъиятӣ-таърихии ҷаҳонбинӣТаркиб ва зинаҳои ҷаҳонбинӣШаклҳои (тип, навъ) таърихии ҷаҳонбинӣ Мафҳуми ҷаҳонбинӣ. Хусусиятҳои ҷамъиятӣ-таърихии ҷаҳонбинӣ Ҷаҳонбинӣ як қисмати таркибии шуур ва маърифати инсон мебошад. Ҷаҳонбинӣ-маҷмӯи ақоиди умумӣ роҷеъ ба воқеият, табиат, ҷамъият, мақоми инсон дар ҷомеа, тазоҳури ақидаҳои мазкур дар рафтору амалиёти онҳо мебошад. Мафҳуми ҷаҳонбинӣ нисбат ба…
Муфассалтар » -
Фалсафа ҳамчун илм
Фанни фалсафа ва таркиби донишҳои фалсафӣ.Масъалаи асосии фалсафа ва ду паҳлуи он.Мақоми фалсафа дар низоми фарҳанг. Вазифаҳои фалсафа.Фалсафа ва илм. Мафҳуми ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ. Фанни фалсафа ва таркиби донишҳои фалсафӣ. Фалсафа (Философия) аз калимаҳои юнонии fileo (phileo) – дӯст медорам ва sofia (sophia) – ҳикмат гирифта шуда, маънии ҳикматдӯстӣ, муҳаббат ба…
Муфассалтар » -
Тарз ва шаклҳои мавҷудияти материя
Мафҳуми ҳаракат. Ҳаракат ва материя.Типҳо ва шаклҳои асосии ҳаракат.Фаҳмиши фалсафии фазо ва вақт. 1. Мафҳуми ҳаракат. Ҳаракат ва материя. Дар фалсафа, таҳти мафҳуми ҳаракат ҳамаи шаклҳои тағйирёбӣ, аз оддитарин ҷойивазкунии маконии предметҳо оғоз карда, то тафаккури инсоният фаҳмида мешавад. Ҳаракат тарзи мавҷудияти материя, хосияти асосӣ ё худ атрибути материя мебошад.…
Муфассалтар » -
Ояндабинии иҷтимоӣ ва муаммоҳои куллии замони муосир
Мафҳуми ояндабинии иҷтимоӣ. Меъёрҳои илмӣ ва эътимодбахши он.Усулҳои асосии ояндабинӣ.Муаммоҳои куллии замони муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо. 1.Мафҳуми ояндабинии иҷтимоӣ. Меъёрҳои илмӣ ва эътимодбахши он. Пешгӯӣ – дониш дар бораи оянда, яъне дониш дар бораи он аст, ки ҳануз дар воқеият вуҷуд надошта, фақат дар шакли заминаҳои имконпазирии айнию зеҳнии…
Муфассалтар » -
Назария (консепсия)-и диалектикии инкишоф
Диалектика ҳамчун таълимот дар бораи робитаҳои кулл ва инкишоф.Мафҳуми қонун ва категорияҳо.Таснифи умумии категорияҳои диалектика.Робитаҳои таркибии ҳастӣ (ҷузъ ва том), унсур ва система (низом), мазмун ва шакл.Робитаҳои сабабӣ. Назарияи сабабият.Категорияҳои ғояи маърифатидошта (фард, махсус, кулл, моҳият ва зуҳурот).Категорияҳои айният, тафовут, ваҳдат. Баҳамзидҳо ва зиддият.Зиддиятҳои диалектикӣ. Типҳои асосии зиддият.Қонуни ягонагӣ ва…
Муфассалтар » -
Навъхои таърихии фалсафа
Фалсафаи антиқа. Пайдоиши тафаккури фалсафӣ ва заминаҳои фарҳангӣ-таърихии он.Хусусиятҳои кайҳонмарказии фалсафаи атиқа.Таълимот оид ба ҳастӣ.Ташаккули диалектикаи атиқа. 1. Пайдоиши тафаккури фалсафӣ ва заминаҳои фарҳангӣ-таърихии он. Пайдоиши фалсафа амалан ба қарни VI то милод рост меояд, ки дар давлатҳои Шарқи Қадим (Ҳиндустон ва Чин) ва Юнон интиқол аз ҷаҳонбинии мифологӣ ба…
Муфассалтар » -
Муаммои инсон дар фалсафа
Табиат, моҳият ва таиноти инсон.Ҷанбаҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инсон.Инсон ва инсоният. Таносуби ҳаёт ва марг. Табиат, моҳият ва таиноти инсон. Ба ақидаи академик Т.И. Ойзерман «… то он даме, ки инсоният вуҷуд дорад, масъалаи инсон замонавӣ ва доғи рӯз аст». Мувофиқи илми табиатшиносӣ ва антропологияи муосир инсон намояндаи типи…
Муфассалтар » -
Маърифат ва эҷодиёти илмӣ
Нақша Мафҳуми маърифат. Субъект ва объекти маърифат.Ваҳдати маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ.Масъалаи ҳақиқат дар фалсафа.Маърифати илмӣ ва хусусиятҳои хоси он.Зинаҳои таҷрибавӣ ва назариявии маърифати илмӣ.Хусусиятҳои маърифати иҷтимоӣ.Методҳои маърифати илмӣ.Мафҳуми эҷодиёти илмӣ.Мақоми интуитсия (фаросат) дар маърифат. Мафҳуми маърифат. Субъект ва объекти маърифат. Назарияи маърифат (Гносеология) ин бахши фалсафиест, ки дар он табиати…
Муфассалтар » -
Акидахои философхо оиди фалсафаи марксизм
Ф.А. Степун (1884-1965, файласуфи дар мусофират зистаи рус ) : «Тафсири сотсиализм ва роҳе, ки Ленин ҳамчун назариётчӣ ва тактик ба он ворид сохта буд, қабл аз ҳама далели он аст, ки доҳии инқилоби ҷаҳонӣ ( Ленин ҳамин тавр ҳам эҳсос мешавад) на танҳо инқилобчии муқаррарии рус, балки инсони типии…
Муфассалтар » -
Сарнавишти таълимоти Маркс дар Россия ва марксизми рус
Муносибати файласуфони рус ба марксизм гуногунназар ва ихтилофоҳанг буда, аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи фалсафии онҳо ва муҳити иҷтимоӣ-таърихии мушаххасе, ки он ҷо раванди азбар кардан, ҳалу фасл ва пазируфтани идеяҳои марксистӣ сурат мегирифт, вобаста буд. Бисёре аз файласуфони рус, ки эҷоди андешаҳои фалсафӣ ва оғоз шудани мавқеи фалсафиашон ба…
Муфассалтар » -
Марксизми ҷадид: «диалектикаи гуманистӣ» ва равияи «сийентизм»
Марксизми ҷадид ё неомарксизм истилоҳи шартии маҷмӯи ҷараёнҳои марксистӣ ва майлони марксистӣ доштаро ифода мекунад, ки ҳам ба капитализм ва ҳам ба «сотсиализми воқеии» солҳои 30-80 ум ва идеологияи марксистӣ-ленинии он, назари танқидӣ дорад. Неомарксизм аз марксизм ба он фарқ мекунад, ки дар консепсияи чапрадикалии намояндагони он идеяҳои алоҳидаи психоанализ…
Муфассалтар » -
Марксизми ғарб — равияи мутазоди «марксизми шарқӣ»
Ибтидои асри 20 дар Аврупои ғарбӣ «марксизми ғарб» дар симои Антонио Грамши, Дёрд Лукач, Карл Корши ва диг. эҷод мегардад, ки дар баробари «марксизми шарқӣ» ҳамчун равияи мутазод ҳисобида мешавад. Антонио Грамши (1891-1937) асосгузори Партияи Коммунистии Италия, яке аз шинохтатарин марксисти Аврупои Ғарбӣ, ки ёздаҳ соли охири умри кӯтоҳашро дар…
Муфассалтар » -
Марксизми Аврупои Ғарбӣ
Марксистон — назариётчиёни Интернатсионали Барои фалсафаи асри 20 чунин идеяҳои К.Маркс аз қабили назар ба қонунҳои иҷтимоӣ ҳамчун раванд, тадқиқи танқидии меҳнати бегонашуда, шарҳи озодӣ ҳамчун раҳо ёфтану озодшавӣ аз муқаррароти тоқатфарсо дар шароити феълан вуҷуддоштаи объективӣ, нуқтаи назари он ки илми иҷтимоӣ хамчун назарияи интиқодии ҷамъиятӣ аст ва ғ.…
Муфассалтар » -
Масъалаи шуур, назарияи маърифат ва мантиқ
Бунёди методологии ҳалли масъалаи шуур ва консепсияи «масъалаи асосии фалсафа»-ро метавон дар осори муштаракан навиштаи К.Маркс ва Ф.Энгелс «Идеологияи немис», «Хонадони валиён…» ва ғайра дарёфт намуд. Ташаккули инсон ба марҳилаи аз худ намудани предметҳои тайёр ва гузаштан ба меҳнат алоқамандии зич дорад. Дар ҷараёни меҳнат таназзули инстинктивии (ғаризаи) бунёди психикаи…
Муфассалтар » -
Методи диалектики ва материализм
Бунёдгузорони марксизм диалектикаи Гегелро ҳамчун таълимоти ҳамаҷониба, ғанимазмун ва амиқ оид ба инкишоф баҳогузорӣ карда, онро бузургтарин бозёфти фалсафаи классики немис арзёбӣ намуданд. Хидмати бузурги Гегелро дар он диданд, ки ӯ бори аввал тамоми олами табиӣ- таърихӣ ва маънавиро ҳамчун протсесс, яъне дар ҳаракати муттасилу беист, тағйирот, инкишофу табодул дида,…
Муфассалтар »