Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

ШАҲИДЕ, КИ БАР РӮИ ЗАМИН РОҲ МЕРАВАД

Ному насаб ва куния:

Талҳа‎ писари Убайдуллоҳ бини Усмон бини Амр бини Каъб бини Саъд бини Тим бини Мурра [1] бини Каъб бини Луай бини Ғолиб‎ бини Фаҳр бини Молик бини Назр бини Кинона ва модараш Сабъа духтари Абдуллоҳ ‎ бини Молик ал-Ҳазрамия мебошад.[2]

Аз тоифаи Тим ва аз қабила ‎и ҳазрати ‎Абубакри Сиддиқ ‎ (р) аст. Кунияи ӯ Абумуҳам ‎ ‎мад‎ ва ба Талҳа‎т-ул- хайр ва Талҳа‎т-ул-файёз машҳур‎ буд.[3]

Талҳа‎ аҳли Макка ва аз ҳам ‎ ‎он даврони ҷавонӣ ба кори тиҷоратва бозаргонӣ машғул‎ буд. Дар кораш яке аз бозаргонони машҳур‎ чобуку чолок ба шумор мерафт. Аммо ин бозаргонони ҷавон ва ин толиби дунё чи гуна масири зиндагияш тағйир ёфт ва тиҷорат ва бозаргониро раҳо кард ва вориди муомила бо парвардигори худ гашт? Чи нерӯ ва ҷозибае ӯро аз лаззатҳои‎ дунё, зинату зевари олоти дунявӣ боздошт, то фақр‎, فاقه ва тангдастиро бар ҳар‎ чиз тарҷеҳ‎ диҳад‎.

Ин чи ҷозибаву кашишест, ки аксари ҷавонониМакка ва Мадинаи он рӯзро ба худ ҷалб кард ва имрӯз низ бисёре аз ҷавонони ин кураи хокиро ба сӯйи худ мекашонад, бидуни ин ки зоҳиран‎ аз касе қавл‎ ва қароре ‎гирифта бошанд? Магар инҳо ‎Худовндро дидаанд? Магар биҳишт ‎ ва чаҳаннамро ‎мушоҳида ‎кардаанд, ки ин гуна ба сӯйи яке майл ва рағбат ‎доранд ва аз дигаре гурезонанд ва …

Оре! Талҳа‎и чавону зирак ба воситаи яке аз шогирдони Муҳам‎мади ‎Мустафо (с) ба гурӯҳи ‎чавонмардон ва исоргарони ин дин даромад. Абубакри Сиддиқ ‎(р) ҳам ‎ ‎он бузургмарде, ки худ амир ва сардори тоҷирон, бозаргонон ва аввалин фарде буд, ки тамоми сарват ва дороиашро барои пешрафти дини Ислом сарф намуда, ба табъийят аз ӯ бақия ‎ҷавонмардони Макка ин шеваро баргузидаанд. Чаро ки то ба ҳол ‎касе аз Абубакр (р) хилофе мушоҳида ‎накардааст. Садоқат‎, покию ихлос, сифоти боризи ӯст. Пас ҳар‎ кас метавонад ба ӯ иътимод кунад. Талҳа‎ панҷумин касе буд, ки ба василаи ҳазрати ‎Абубакри Сиддиқ ‎(р) мушарраф ба Ислом шуд ва ҷузъи собиқон ‎ва пештозони мактаби муҳаммадӣ‎ ба шумор меояд.

Ӯ ҳаштумин ‎ёр ва раҳрави ‎Расулуллоҳ ‎(с) аст. Ҳаштумин ‎фарде, ки қабул намуд ҷону мол ва сарвату мақоми ‎хешро фидои маъшуқи ‎худ намояд.


[1] Њазрати Талҳа дар ин ҷо насабаш бо насаби Расулуллоҳ (с) пайванд мехўрад.

[2] Асад-ул-ғоба, ҷилди 3, саҳ.475.

[3] Њамон.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *