Фанни Педагогика

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Педагогика.

  • Ташхиси омӯзиш

    Ташхиси омӯзандагӣ Ташхисро ҳамчун муносибати умумӣ ва ташхискуниро ҳамчун раванди (қисми таркибии) амалии фаъолияти педагогӣ бояд фаҳмид. Ташхис, бори дигар ёдовар мешавем – ин равшантар кардани ҳамаи шароитҳои ҷоригардидаи раванди дидактикӣ, дақиқ муайян кардани натиҷаҳои он бидуни ташхис муфидона идора кардани раванди дидактикӣ, ноилгардӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ дар шароити мавҷуда…

    Муфассалтар »
  • Барномаи педагогии воситаҳои омӯзиш

    Навъҳои барномаи педагогии воситаҳо (БПВ). Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мавзӯи мазкур бо мавзӯи «Методҳои омӯзиш» робитаи ногузастанӣ дорад ва мо нисбати воситаҳои аёнӣ дар мавзӯи номбурда ва «Принсипҳои омӯзиш» ба таври муайян маълумот дода будем. Аммо дар ин ҷо зарурат талаб мекунад, ки бо дастовардҳои навини илми педагогика…

    Муфассалтар »
  • Тайёрии муаллим ба дарс

    Тайёрии муаллим ба дарс ба фаъолияти эҷодкории ӯ зич вобаста аст. Ташкили дарс аз бисёр ҷиҳат ба захираи дониш, таҷриба ва бахусус ба тайёрии муаллим тааллуқ дорад. Ҳар як дарс аз муаллим, хоҳ навкор аст, хоҳ кордидаи таҷрибакор тайёрии ҷиддиро талаб мекунад. Зеро ҳар дарс дар шакли ифодаи дохилии худ…

    Муфассалтар »
  • Хусусиятҳои сохти дарсҳои дигар

    Дарсҳои баёни маводи нав. Одатан, ин намуди дарсҳо мазмунан маводи васеи таълимиро фаро мегиранд ва бо методи нақли эзоҳӣ дар пайвастагии сӯҳбат ва намоишдиҳии воситаҳои аёнӣ мегузаранд. Ин навъи дарсҳо лаҳзаҳои зеринро доранд: а) омода намудани хонандагон ба машғулият; б) пурсиши мухтасари масъалаҳои муҳими мавзӯи гузашта ба матлаби барқароркунии алоқамандии…

    Муфассалтар »
  • Талабот ба дарси муосир

    Дар раванди омӯзиши ибтидоӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбия ва инкишофи шахсияти мактабиёни хурдсол бағоят аҳамияти калон дорад. Чунки тарбия дар хурдӣ нақшест бар санг. Дарс дар ташаккули сифатҳои муфиди кӯдакон нерӯи таконовари беҳамтост. Аснои ҳар дарс вазифаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ ба дараҷаи муайян иҷро карда машеванд. Бинобар…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои омӯзиш

    Шаклҳои ташкили тадрис – ин ифодаи зоҳирии фаъолияти якҷоя мутобиқкардашудаи муаллим ва толибилмон нисбати иҷрокунии тарзи муайяни омӯзиш дар тартиби рӯз. Шаклҳои омӯзиш вобастагии иҷтимоӣ доранд, ба воситаи инкишофёбии системаҳои дидактикӣ пайдо шуда, такомулот меёбанд. Шаклҳои ташкилкунии омӯзиш ба меёри гуногун таснифот карда мешаванд: миқдори талабаҳо; ҷои таълим, давомнокии машғулияти…

    Муфассалтар »
  • Хелҳои омӯзиш

    Системаҳои дидактикӣ бо гузашта ҳеҷ гоҳ бедарак намешаванд. Онҳо ғизои ғоявӣ гирифта, бештар тағйир ёфта, ба талаботи даври прогрессивии ва система ҳамоҳанг мегарданд, ки дар решаи онҳо аломатҳо боз нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, «Системаи педагогии илмӣ» – и Гербарт, ки дар натиҷа анъанавӣ гашт, ба худ унсурҳои пешинаи дидактикии Коменский,…

    Муфассалтар »
  • Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯии таълим

    Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯӣ дар таълими проблемавӣ истифода бурда мешаванд. Проблема истилоҳи юнонӣ (problema – вазифа) буда, ба маънои васеаш масъалаҳои мураккаби назариявӣ ё амалӣ, ки таҳқиқу ҳалли онҳоро тақозо мекунад, фаҳмида мешавад. Проблема ин савол ё масъалаест, ки барои мукаммал гардонидани донишҳои хонандагон ба миён гузошта шуда, онҳоро ба…

    Муфассалтар »
  • Методҳои дар амал истифодабарии донишҳо

    Мақсад аз омӯзиш дар талабагон ҳосил кунонидани дониш, маҳорату малакаҳо, бахухсус дар амал истифода бурдани донишҳо мебошад, ки ин вазифаҳоро методи машқ ва корҳои лабораторӣ иҷро мекунанд. Методи машқ. Маҳорату малакаҳо дар натиҷаи такрор ба такрор машқкунӣ ҳосил мегардад. Ҳамаи фанҳои таълимӣ машқҳои ба худ хос доранд. Дар синфҳои ибтидоӣ…

    Муфассалтар »
  • Методҳои баёни шифоҳии донишдиҳӣ аз тарафи муаллим ва фаъолгардонии талабагон

    Дар ин гурӯҳ моҳият ва вазифаҳои методҳои даҳанакии ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ, тасвир ва намоиш мухтасар маънидод карда мешаванд. Ҳикоя (нақл) – методи хеле маъмули раванди таълими синфҳои ибтидоӣ. Ҳикоя методи баёни нақлу хабардиҳии муаллим нисбати маводи таълимӣ ва барангехтану фаъол гардонидани диққати талабагон ба дарс мебошад. Ин метод барои…

    Муфассалтар »
  • Методҳои омӯзиш

    Мафҳуми методи омӯзиш ва усулҳои он Ба саволи анъанавӣ – чӣ тавр бояд омӯхт – ҷустуҷӯи ҷавоб моро ба категорияи методҳои омӯзиш рӯ меоваронад. Зеро бидуни методҳо ба мақсади гузошташуда ноил гаштан, иҷро кардани мазмуни муайян, таъмин кардани омӯзиш бо фаъолияти фаҳмидагирӣ имконнопазир аст. Метод – маркази раванди омӯзиш. Нақши…

    Муфассалтар »
  • Принсипҳо ва қоидаҳои омӯзиш

    Муносибати принсипҳо ва қоидаҳо Дидактика пеш аз ҳама кӯшиш мекунад, ки қонунҳои воқеиро кашф намояд, ки алоқаи асосӣ ва зарурии байни ҳодиса ва омилҳои омӯзиш инъикос ёфта бошад. Ин қонунҳо ба муаллимон фаҳмиши умумии ҳодисаҳои воқеии инкишофи раванди дидактикӣ медиҳанд. Вале онҳо бевосита барои фаъолияти амалӣ нестанд, фақат асоси назариявии…

    Муфассалтар »
  • Ҳавасмандии омӯзиш

    Дар Юнони Қадим калимаи «стимулус» гуфта чӯбдасти дарози нӯги тездоштаро меномидаанд, ки бо он барзагов ва хачирҳоро меронданд. «Стимул кардан» дар фаҳмиши ҳозира маъноҳои «тела додан, одамро ташвиқ кардан ба ягон коре» мебошад ва ба забони тоҷикии мо маъноҳои мураддифии «ҳавасмандӣ», «рағбатонӣ» – ро ифода мекунад. Инсон ҳамин хел хусусият…

    Муфассалтар »
  • Омӯхтан ва ташаккул додани мотивҳо

    Бо масъалаи амиқи татқиқоти паҳлӯҳои гуногуни раванди педагогӣ ва сифати шахсият мо ҳамеша муроҷиат мекунем. Омӯхтани мотивҳо яке аз вазифаҳои амалии басо душвор буда, вале агар баландбардории сифати омӯзиш мақсад гузошта шавад, ҳалли он ниҳоят зарур аст. Ғайридақиқ тасаввур кардан нисбати нерӯи ҳаракатдиҳандаи омӯзиш ба комёбиҳои онҳо ноил шудан мумкин…

    Муфассалтар »
  • Мотивонидани омӯзиш

    Мотивҳо – нерӯи ҳаракатдиҳандаи идрок Мотивонидани раванди омӯзиш тасодифӣ нест, балки омили умдаи завқу шавқбедоркунӣ ба меҳнати омӯзондагӣ, фаъолияти фаҳмидагирии фанни таълимӣ, муайянкунандаи сермаҳсулии ҷараёни дидактикист. Мотивҳо – қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи раванди дидактикӣ. Омӯхтан ва амалан дуруст истифода бурдани мотивҳо, ки ташаккулдиҳандаи шахсият ва ҳаракати он ба майли зарурӣ –…

    Муфассалтар »
  • Ҳуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб

    Меъёри мазмуни маълумоти мактаби муосирро се ҳуҷҷати асосӣ – нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ муайян мекунанд. Нақшаи таълимӣ, санади муҳими давлатӣ буда, аз тарафи Вазорати маориф тасвиб мегардад. Он меъёру ҳайати фанҳои тадрисии мактабҳоро муайян намуда, тартиби омӯзиши онҳоро ба солҳои хониш ва миқдори соатҳои ҳафтаинаи…

    Муфассалтар »
  • Мақсади омӯзиш

    Қонуни мақсади омӯзишро мо дар фасли аввал дида баромада будем, он ҳамчун ногузир амал мекунад ва дар системаи раванди омӯзиш зерсистема буда, хеле бештар ба тарбия мансубият дорад. Мақсади умумии таҳсилот аз мақсади тарбия ҷорӣ мегардад ва бо он ҳамчун як қисми яклухтро ташкил медиҳад. Қонунҳои асосии инкишофи иҷтимоӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Системаҳои дидактикӣ ва навъҳои омӯзиш

    Дар таҳти система (аз лот. systema – яклухтии аз қисматҳо иборат, пайвасткунӣ) ҷудокунии яклухтии таҳсилот ба маҳакҳои муайянро гӯянд. Системаҳои дидактикӣ хусусияти сохти ягонагии дохилӣ дошта, ягонагии мақсадҳои тахсилот, принсипи ташкилкунӣ, мазмун, шакл ва методҳои омӯзишро ифода мекунад. Сохти гуногун доштани системаҳо ба тадқиқотчии имрӯза имконият медиҳад, ки фарқияти байни…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти раванди омӯзиш

    Раванди омӯзиш яке аз ҷараёни асосии яклухти педагогиро ташкил мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин раванди дар байни ҷараёнҳои таркибии педагогика – тарбия ва инкишоф хеле мураккаб ва ҳақиқати воқеист. Барои ҳамин ҳам пурра ва ҳаматарафа муайянкунии ин ҷараён басо душвор аст. Омӯзиш дар худ миқдори зиёди алоқамандӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Кумитаи волидайни мактаб ва маърифати педагогию психологии он

    Яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти ҳамкории педагогии мактаб ва оила тавассути кумитаи ҷамъиятчигии волидайн пардохта мешавад. Нисбати ҳамкории кумитаи волидайн ва университети падару модарон дар баъзеи мавзӯҳои гузашта аз ҷиҳати мавқеашон каму беш маълумот дода будем, аммо инҷо оиди сохтору фаъолияти онҳо муфассалтар таваққуф мекунем. Кумитаи падар ва модарони мактаб…

    Муфассалтар »
  • Оила – сарчашмаи тарбия

    Оила – гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа. Дар оила ҳамаи мафҳумот, ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои нахустине гузошта мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи тамоми маънавиёти шахсияти мактабиён замина мегузоранд. Тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани…

    Муфассалтар »
  • Мактаб – ташкилотчии ҳамкорӣ дар боби тарбия

    Дар тарабияи солими насли наврас ваҳдат, ҳамкорӣ, мадади ғамхоронаи мактаб, оила ва аҳли ҷамоатчигӣ бағоят зарур аст. Баҳри бунёди чунин такягоҳи боэътимод мактаб эҳтиёҷи зиёд дорад ва маҳз мактаб метавонад барои чунин ҳамкорӣ заминаи устувор гузорад. Зеро соҳибкамолони кордону ботаҷриба дар ин маъво маскан ёфтаанд. Ёдовар мешавем, ки нисбати ҳамкории…

    Муфассалтар »
  • Шакл ва методҳои асосии корҳои беруназсинфии мактибён

    Чунонки дар фавқ ишора карда будем, корҳои беруназсинфии кӯдакон бештар дар шакли оммавӣ ва гурӯҳӣ бурда мешавад. Барои ҳалли вазифаҳои тарбиявии доираи васеи толибон шаклҳои умумии корҳои беруназсинфӣ қобили қабуланд. Дар фаъолияти таҷрибаи муаллимони мактаби ҷумҳурӣ ҳоло системаи гуногуни шаклҳои ташкили корҳои беруназсинфии талабагон арзи вуҷуд дорад. Дар ташкил ва…

    Муфассалтар »
  • Ташкили фаъолияти беруназтаълимии талабагон

    Мазмун ва принсипҳои корҳои тарбиявии беруназтаълимӣ Фаъолияти беруназтаълимии талабагон асосан дар ду мавқеъ бурда мешавад: дар мактаб таҳти мафҳуми «корҳои беруназсинфӣ», яъне фаъолияти ғайридарсии талабагон, ки дар худи мактабашон ва дар дигар муассисаҳо таҳти мафҳуми «корҳои беруназмактабӣ» сурат мегирад. Ин ҳар ду намуди фаъолият бо майлу талаботи талабагон илова бар…

    Муфассалтар »
  • Мазмуни кори роҳбари синф

    Вазифаҳои амалии роҳбари синф Маъмурияти мактаб аз синфи панҷум то синфи ёздаҳум яке аз муаллимони дарсдиҳандаро роҳбари синф таъин мекунад, то ки ба танзими корҳои таълимию тарбиявӣ, нигаҳдорӣ ва пешбурди хуҷҷату санадҳои шахсии талабагон, кор бо волидайни онҳо ва ғайраҳо масъул бошад. Аммо дар синфҳои ибтидоӣ ҳамаи ин вазифаҳо бар…

    Муфассалтар »
  • Касбогоҳӣ дар мактаб

    Дар оянда орзуи соҳиби ягон касб шудани кӯдакон хеле бармаҳал, ҳатто аз давраи синни томактабӣ аснои бо бозичаҳо сару кор доштанашон пайдо мешавад. Аммо ҳоло ин орзу хомакӣ ва тахминӣ буда, ҳини мактабхониашон дар баъзеҳо борҳо тағйиру табдил ёфта меистад. Фақат дар охирҳои мактаби асосӣ, бахусус баъди омӯхтани силсилаи асосҳои…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи меҳнатӣ

    Тарбияи меҳнатии мактаб ба омодагии психологӣ ва амалии мактабиён равона шудааст. Меҳнат – асоси зиндагӣ, ғановати маънавӣ – ва моддӣ, вазифаи муқаддаси инсон, меъёри қадру қимати ҳар фард, рукни рушду камолоти шахсият. Мо аз мавзӯи «Рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият» огоҳем, ки сохти иҷтимоии ғуломдорӣ (феодалистӣ ва капиталистӣ ҳам), меҳнат ба…

    Муфассалтар »
  • Умури тарбияи ақлӣ ва меҳнатӣ

    Тарбияи ақлӣ – асоси ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият. Ақл (хирад, зеҳн, қобилияти фикр) – шакли олии ба инсон хоси маърифати назарии воқеият. Ақлу заковат – поягузори рушди ҷомеа, омили муҳими ихтирооти нав ба нави ҷаҳонӣ. Ақли инсон бо мурури замон зимни таҷрибаҳои амалии зиндагии наслҳо нашъунамо ёфта, мунтазам боло меравад. Тарбияи…

    Муфассалтар »
  • Восита ва методҳои тарбияи ҷисмонӣ

    Пеш аз ҳама ба воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва беҳдошти мактабиён қувваҳои ҳаётбахши табиат, ташкили дурусти истеъмоли ғизо, меҳнат ва дамгирӣ, гимнастика, дарсҳои варзиш, беҳдошти фард, шаклҳои корҳои оммавӣ – спортии беруназсинфӣ, бозиҳои спортӣ, туризм мансубият дорад. Қувваҳои ҳаётбахши табиат – маҷмӯи воситаҳои беҳтарини тарбияи ҷисмонӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва инкишофёбии талабагон.…

    Муфассалтар »
  • Корҳои тарбиявии эстетикӣ ва ҷисмонӣ

    Мафҳуми тарбияи эстетикӣ бо истилоҳи «эстетика» зич алоқаманд аст. Онро бори аввал ҳамчун истилоҳи илмӣ дар қарни XVII файласуфи немис Александр Готлиб Баумгартин (1714 – 1762) баробари истилоҳи этика ва мантиқ истифода намуда, онро қисми мустақили фалсафа пиндоштааст. Эстетика аз истилоҳи юнонии aisthetikos гирифта шуда, манояш ҳис кардан, дарк кардани…

    Муфассалтар »