Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Шаҳодати ҳазрати Умар (р)

Дар ин китоб ба тафсил гузаштем, ки императорони Эрон ва Рум натавонистанд бо он қудрати низомии муҳим, ки доштанд пеши кишваркушоии мусалмононро бигиранд. Мусалмонон бисоти ҳар дуро хеле зуд бар ҳам зада барчиданд ва императории бузурги исломиро ба вуҷуд оварданд ва худ ба ҷои онҳо нишастанд.

Оё мешавад, ки ин шикастхӯрдагоне, ки мулк ва мамлакати худро аз даст додаанд маъюс шаванд ва то абад даст рӯи даст бигузоранд ё панҷа бар рӯи зону ниҳода, барои ҳамеша дар мотами мамлакаташон бинишинанд?

Албатта не, ва ҳоло ки натавонистанд ва наметавонанд бо ҷанг ва василаҳои низомӣ коре кунанд, бояд фикри дигаре бикунанд. Ақл ва шуури худро ба кор баранд, то роҳи ғайр аз ҷанг пайдо кунанд, ки битавонанд мусалмононро заиф ва асоси ҳукуматашонро суст намоянд ва қасоси хешро аз онҳо бигиранд ва қулуби худро аз ғаму андӯҳи шикаст ва маҳрумият холӣ кунанд.

Ростӣ, аз чи роҳе ба ҳадаф мерасиданд? Онҳо фаҳмиданд, ки ҳамалоти муваффақона ва ғалабаи мусалмонон бар онҳо дар асари қудрати табии ва моддӣ набуд, балки бо қувваи маънавӣ пеш омаданд ва ба василаи қудрати маънавӣ пирӯз шуданд. Омили аслии ин амр низ ваҳдати динӣ, иттиҳоди калима ва ягонагии маром буд, яъне он чунон иттиҳоди динӣ ва сиёсӣ доштанд, ки дар дунё бе собиқа ва бе назир буд. Пас, модоме ки ин омил боқӣ бошад ва мусалмонон инчунин бошанд, мусалламан ҳар гуна иқдоми ҷанг ва ҳар найранг нисбат ба онон номувофиқ ва нақши бар об хоҳад шуд.

Биноан ҳар тавр шуда бояд мусалмононро аз ин манфиати рӯҳонӣ маҳрум кунанд, яъне ваҳдати динӣ, сиёсӣ ва қавмии онҳоро барҳам зананд ва дар байни онҳо низоъ ва душманӣ ба вуҷуд оваранд, то натиҷатан ба ҷони ҳам биафтанд ва ҷангҳои дохилӣ дар байни худ ба роҳ андозанд, зеро ҳеҷ балое монанди тафриқа ва кашмакаши дохилӣ харобкунандаи давлат ва хонабарандози миллат ва раъият нест ва ҳеҷ чизе барои тарафи муқобил беҳтар аз ин нест, ки душманаш бо дасти худ теша бар решаи мавҷудияти худ бизанад ва ӯ дур аз маърака, роҳат ва осудахотир бинишинад ва нозири аъмол ва мунтазири натиҷаи қатъӣ ба нафъи худ бошад. Худованди азза ва ҷалла тибқи (Сураи Анфол ояи 46) ба ин амр тасреҳ фармуда мусалмононро аз ин кор манъ намуда аст ва аз бадии оқибати ин кори хатарнок ононро барҳазар сохта, мефармояд:

Сухани Худо:

Бо якдигар низоъ ва кашмакаш накунед, зеро заъф ва забун мешавед ва ҳайбат ва эҳтироматон зоеъ мешавад ва аз миён меравад.

(Сураи Анфол, ояи 46.)

Саъдии Шерозӣ низ дар ин бора мегӯяд.

Бирав бо дустон осуда биншин,

Чу бинӣ дар миёни душманон ҷанг.

Саҳеҳ аст, ки онҳо метавонистанд аз ин роҳ рахна кунанд ва мусалмононро ба ҷони ҳам андозанд, то ба мақсади худ бирасанд, вале акнун чи гуна дар корашон муваффақ мешаванд, ки ҳазрати Умар (р), ин марди бузурги сиёсат дар раъси давлати мусалмонон нишастааст ва барои бақои ваҳдати мусалмонон ва ҳифзи иттиҳоди аъроб пойдор аст ва дар кораш то он ҷо мекӯшад, ки Сайид Мир Алӣ мегӯяд:

-Агар Умар (р) беш аз он чи умр дид, дар ин ҷаҳон зинда мемонд, дар асари шиддати тасаллут, нуфузи калима ва шахсияти азиме, ки Худо ба ӯ иноят ва муҳаббат фармуда буд, метавонист ваҳдат ва қавмияти арабро ба ҳадде тақвият намояд, ки аз сарзадани ҷангҳои дохилӣ, ки мавҷудияти исломро таҳдид ва онро дар хатар андохт, ҷилавгирӣ кунад.

Ба ин хотир тасмим гирифтанд қабл аз ҳар коре ӯро, ки мушкили корашон буд аз миён бардоранд, то аввалан бо қатли ӯ роҳро барои эҷоди фитна ва тафриқа дар байни мусалмонон бар рӯи худ боз кунанд. Сониян, дарди дили хешро андаке таскин диҳанд, зеро қисмати азими зарбаҳо ва шикастҳое, ки бар онҳо ворид шуд, манбаъ ва маншаи аслии он ҳазрат Умар (р) буд, ки фармон медод ва роҳбари мефармуд.

Онҳо медонистанд, ки ҳазрати Умар (р) на дар хона ва на дар масҷид ва на дар ҷои дигар, муҳофиз ва нигаҳбоне надорад ва яккаву танҳо дар кӯча ва бозор мегардад.

Пас бо ин ҳол даст ёфтан ба қатли ӯ осон аст. Аз ин рӯ найранги куштори ӯро, ки мусалламан нақшаи он дар хориҷ тарҳрезӣ шуда буд, дар Мадина амалӣ намуданд. Дастандаркорони иҷрои нақша аз инҳо иборат буданд:

1. Ҳурмузон- ҳамон сардори эронӣ, ки навиштам дар ҷанги Шуштар аз Абумусои Ашъарӣ фармондеҳи сипоҳи мусалмонон шикаст хӯрд. Абумусо ӯро асир намуда, ба Мадина назди ҳазрати Умар (р) фиристод ва ӯ дар Мадина бо найранг аз қатл наҷот ёфт ва ба зоҳир мусалмон гардид.

Мусалламан, ӯ нангу ори шикасти муҳлики худро аз ёд намебарад ва зиштии асораташро фаромуш намекунад. Ӯ ҳамон рӯзе, ки ба унвони асир ба Мадина ворид шуд ва дид ҳазрати Умар (р) бидуни муҳофиз ва нигаҳбон дар гушае аз масҷид ба хоб рафта аст, барқи умед дар дили нопокаш тобид ва мутмаин шуд, ки куштори ӯ мушкил нест, биноан дар либоси ислом даромад ва дар Мадина монд, то фурсате ба даст оварад, ки битавонад он бузургворро ба қатл расонад ва моҷароеро, ки бар сараш омада буд, ҷуброн ва қалбашро аз буғз ва кина сабук созад;

2. Марде бо номи Ҷуфайна аз масеҳиёни мутаассиб ва араби шаҳри Ҳийра, ки Саъд ибни Абуваққос ӯро ба унвони омузгори хондан ва навиштан аз он ҷо ба Мадина овард. Ӯ бо Ҳурмузон ошно шуд ва гарчӣ ин ду нафар аз назари дин бо якдигар мухталиф буданд, чун Ҳурмузони зардуштӣ ва Ҷуфайна масеҳӣ буд, вале дар мароми сиёсӣ, яъне зиддият бо дини ислом ва адовати ботинӣ бо мусалмонон ва гирифтани қасоси ҳамкешонашон аз мусалмонон иттиҳоди ақида доштанд. Аз ин рӯ дар найранги қатли халифаи мусалмонон даст дар даст ниҳоданд.

Нақши душманони ислом дар қатли Умар (р)

(аз нигоҳи нависанда)

Дар китобҳои аҳодиси набавӣ ва таърихи ислом мехонем яҳудиёни Хайбар, ибни Қурайза, ибни Назир, ибни Қайнақоъ ва ғайра, ки ҳам дар шаҳри Мадина ва ҳам атрофи дуру наздики он сукунат доштанд бо он ки Расул (с) дар авоили нузулаш ба Мадина ба онҳо аҳдномае ато фармуд ва онҳоро дар амон гирифт ва ба онон ҳамон ҳуқуқ ва имтиёзҳои сиёсиеро дод, ки мусалмонон доштанд. Мусалмонон низ бо онҳо ба беҳтарин наҳве муносибат ва рафтор карданд. Ин яҳудиёни ҳақношинос меҳрубонӣ ва лутфи набавиро ба назар наёварданд. Хуллас рафтори мусалмононро нодида гирифтанд ва аҳдшиканӣ карданд ва бо расули Худо (с) ва мусалмонон то он ҷо душманӣ карданд, ки мушрикони бутпарастро дар ҳар ҷо барои ҷанг бо онҳо таҳрик мекарданд ва худашон низ амалан бо мушрикон ҳамдаст ва бо ҳам дар ҷанги Хандақ ба Мадина рӯи оварданд, то мусалмононро қатли ом кунанд ва аз сафҳаи вуҷуд нобуд карда, шаҳрро ғорат намоянд ва натиҷатан номе аз дини ислом дар дунё намонад. Мусалламан агар мусалмонон гирдогирди шаҳри Мадина хандақ намеканданд ва агар зиракии баъзе аз мусалмонон, ки бо машварати Расулу-л-лоҳ (с) буд, ба кор намеафтод, душманон ба мақсадашон мерасиданд.

Ҳазрати расул аз ноҳияи онҳо эҳсоси хатари қатъӣ кард, бо онҳо ҷангид ва онҳоро мағлуб намуд ва бар диёрашон тасаллут ва бар амволашон ба унвони ғанимат даст ёфт ва онҳоро халъи силоҳ намуд.

Чун яҳудиёни кинатуз натавонистанд бо қудрати низомӣ коре аз пеш баранд, баъзе аз ҳушёрони онҳо аз қабили Ваҳаб ибни Мунаббаҳ ва Абдуллоҳ ибни Сабо дар либоси ислом омаданд, то дар либоси дӯст, кори душман бикунанд ва қасоси яҳудиёни ҳамкеши худро аз мусалмонон бигиранд.

Ҳамчунин пас аз ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) дар давраи хулафои рошидин, буданд мардуме махсусан аз яҳуд, ки ба зоҳир мусалмон шуданд ва барои роҳ ёфтан ба вайронсозии ақидаи мардум ва барангехтани фитна дар байни онон ба ҳадде моҳирона зоҳиран тақво мекарданд, ки ҳеҷ касе ба куфр ва нифоқашон пай намебурд.

Хатари ин мунофиқин дар ҷаҳони ислом беш аз хатари мунофиқин дар замони Расулу-л-лоҳ (с) буд, зеро инҳо ба унвони ин ки аҳли дин ва китоби осмонии собиқ мебошанд, ривояте аз худ месохтанд ва ба даъвои ин, ки аз кутуби анбиёи гузашта мебошад дар байни мусалмонон паҳн мекарданд. Ваҳаб ибни Мунаббаҳ ва Абдуллоҳ ибни Сабо аз ҷумлаи чунин мардум буданд.

Тибқи ривояти Бухорӣ ( саҳ.146, ҷ.9) омадааст:

-Интишори ахбор ва ривоёт аз аҳли китоб корро ба ҷое расонд, ки Абдуллоҳ ибни Аббос аз ин амр ба ваҳшат афтода мегӯяд:

-Эй мусалмонон! Чаро аз аҳли китоб мепурсед ҳоло он ки китобатон «Қуръон», ки Худо бар расулаш «Муҳаммад» нозил фармуда ҷадидтарин китобе аст, ки мехонед ва танҳо китобе аст, ки холис аст ва ҳеҷ шубҳа ва дастоварде дар он роҳ наёфта аст. Ин китоб ба шумо тазаккур дода, ки аҳли китоб «яҳуд ва насоро» китоби Худо «Таврот ва Инҷил»ро табдил ва тағйир доданд ва аз пеши худ ва аз фикри худ матолибе навиштанд ва гуфтанд аз назди Худо нозил шуда, то аз ин роҳ аз пайравонашон каме пул ба даст оваранд. Оё он чи аз дониш, ки дар «Қуръон» омада аст барои шумо кофӣ нест ва оё улуми Қуръон набояд шуморо аз муроҷиа ба онҳо бениёз ва аз пурсиши онҳо боз дорад ? На, ба Худо ҳеҷ гоҳ надидем, ки ҳатто як нафар аз онҳо чизе дар бораи китобе, ки бар шумо нозил шуда бипурсад.

Гуфтем дастандаркорони қатли Умар (р) халифаи мусалмонон, яке Ҳурмузони зардуштӣ буд, дуввум Ҷуфайнии масеҳӣ, ки тарҷумаи ҳоли онҳо гузашт. Инак мерасем ба нафари сеюм, ки шахсе буд ба номи Фирӯзон машҳур ба Абулуълуи аҳвозӣ. Ӯ низ зардуштӣ ва ғуломи Муғийра ибни Шӯъба буд ва дар Мадина ба шуғли оҳангарӣ иштиғол дошт.

Ин нопок иҷрои қатли халифаи мусалмононро ба ӯҳда гирифт ва барои ин кор ҳангоми субҳ дар масҷид камин нишаст ва замоне, ки он ҳазрат дар меҳроби масҷид истод ва барои ифтитоҳи намози субҳ такбир гуфт, бо ханҷаре, ки худаш сохта буд ва онро заҳрогин карда буд, чандин зарба ба он ҳазрат ворид кард ва сездаҳ нафари дигар аз мусалмононро, ки мехостанд ӯро дастгир намоянд низ маҷрӯҳ намуд. Ҳафт нафари онҳо дар асари шиддати ҷароҳати ворида даргузаштанд ва чун ба василаи як нафари мусалмонон, ки рӯймол дар рӯйяш андохт, дастгир шуд, худро фавран бо ҳамин ханҷар кушт, то ҷараёни макр фош нашавад.

Ҳазрати Умар (р) дар асари заробати ханҷари душманони ислом субҳи рӯзи чаҳоршанбе бистушашуми моҳи зулҳиҷҷа соли бистусаввуми ҳиҷрат вафот ёфт ва дар ҳуҷраи умму-л-мӯъминин ҳазрати Оиша ҷое, ки қабл аз ӯ ҳазрати расул (с) ва Абубакр (р) мадфун шуда буданд дар канори қабри Абубакр (р) ба хок супурда шуд.

Муддати хилофати ҳазрати Умар (р) даҳ солу, шаш моҳ ва ҳаждаҳ рӯз буд ва монанди ҳазрати расул(с) ва Абубакр (р) дар синни шастусесолагӣ падруди ҳаёт гуфт ва ба олами аъло шитофт.

Чунон ки фаҳмидем ташкилкунандагони қатли ҳазрати Умар (р) худӣ набуданд, балки бегонагон ва душманоне буданд аз қавми зардуштӣ ва яҳуд ва насорӣ, ки мулк ва мамлакаташонро аз даст дода буданд ва буғзи ислом ва кинаи мусалмонон дар қулубашон меҷӯшид. Дар мабҳаси хилофати Абубакр (р) аз ривояти Ҳузайфа ибни Ямон саҳобии ҷалили Расулу-л-лоҳ (с) фаҳмидем модоме, ки ҳазрати Умар (р) дар ҳаёт бошад дарвозаи маҳкаме бар рӯйи фитна баста шуда ва ҳамин ки он ҳазрат аз дунё биравад он дарвоза шикаста ва фитна озод мешавад ва берун меҷаҳад.

Дар «Футуҳоту-л-исломия» (саҳ.179 ҷ.2) низ ҳадисе аз ҳазрати расул (с) ривоят шуда, ки мегӯяд:

— Рӯзе Умар ибни Хаттоб(р) аз муқобили Расулу-л-лоҳ (с) мегузашт. Ҳазрати расул (с) фармуданд:

-Модоме ки ин мард дар миёни шумо бошад байни шумо ва фитна дарвозае аст, ки ба шиддат баста шуда ва ҳамин ки ӯ аз миёни шумо биравад он дарвоза боз хоҳад шуд.

Агар ба сайри таърих ва ҳаводисе, ки баъд аз шаҳодати ҳазрати Умар (р) дар ҷаҳони ислом ба миён омад, андаке назар кунем ба таври возеҳ дармеёбем, ки он чи аз Ҳузайфа шунидем ва он чи аз ҳазрати Расулу-л-лоҳ (с) ривоят шуда саҳеҳ буда ва он чи фармуд амалан воқеъ гардид.

Оре, баъд аз шаҳодати он бузургвор майдони басо васеъ барои фаолияти душманони ислом ва мусалмонон фароҳам шуд ва чунон ки мехостанд ба хубӣ ба ормон ва орзуи худ расиданд. Дар байни мусалмонон фитна барангехтанд ва ихтилофоти хурдкунандае дар байни онон ба роҳ андохтанд, ки мунҷар ба ҷангҳои дохилӣ ва қатли халифаи саввум, баъдан мунтаҳӣ ба қатли халифаи чаҳорум гардид. Пас аз он дар тӯли таърих фитнаҳо ва ошӯбҳои пай дар пайе, ки яке пас аз дигаре ба ҷаҳони ислом ва мусалмонон расид ва натиҷатан императори азими ислом, ки бо дасти тавонои Умар (р) ба вуҷуд омад ва бар ҷои ду императори азими дунё нишаст, аз азамат афтод ва қитъа-қитъа шуд ва ба ҳукуматҳои зиёд ва заиф мубаддал гардид, ки ҳеҷ кадом қодир набуд мустақилан рӯи пои худ биистад ва битавонад ба хуби аз худ дифоъ намояд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *