Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Хадисхо дар бораи қабр

Қабр

Ва суолу-л-Мункари ва-н-Накири фи-л-қабри ҳаққун коинун.

Дар қабр барои суол кардану пурсидани бандаҳо ду малоика вазифа доранд. якеро ном Мункар ва дигарро ном Накир (ношинос) аст, ки мепурсанд аз рабб ва набӣ ва дин ва китоб. Агар дар гӯристон неву дар ҷои дигар мадфун шудааст, ё дар зери об аст, хулоса маййит дар ҳар куҷое ки бошад, дар сари ӯ зоҳир мегарданд ва мепурсанд: рабби ту кист, дини ту чист, набии ту кист. Ва ин ҳақ асту рост ва шуданист.

Дар саҳеҳи Бухорӣ омада, ки азоби қабр ҳақ аст, зеро Расулулллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ду қабр гузашт ва гуфт: ”Ҳарду ин қабрро (соҳибашонро) албатта азоб карда истодаанд”. Ояти 27-уми сураи “Иброҳим” ба маънои ин ҳадис далолат мекунад.

Анбиё ъалайҳимуссалом аз суолу пурсиши қабр истисноанд ва инчунин атфолу шуҳадо низ, дигар ҳама пурсида хоҳанд шуд. Баъзе бар ин ақидаанд, ки барои тифлон саволи қабр аст. Ҳазрати Имом разияллоҳу анҳу дар мавриди пурсиши тифлҳои кофирон таваққуф карданд. Ва инчунин дар вуруди онҳо ба ҷаннат низ таваққуф варзиданд. Дар ин боб баъзе бар ин ақидаанд, ки тифлҳои кофирон дохили ҷаннат гашта ходими аҳли ҷаннат мегарданд. Ин ақидаи заъиф аст, зеро ҳуру ғулмон ҳаст.

Ва иъодатурруҳи ило ҷасадил ъабди фи қабриҳи ҳаққун.

Дар боз гардонидану ворид сохтани рӯҳ чӣ дар маҷмӯъ ё ба ҳар як аъзояш ҷудо-ҷудо ба ҷасади инсон барои ҷавоб гуфтан ва пурсиши малоикаҳо ҳақ аст. Мӯъминон дар ҷавоб мегӯянд, ки рабби ман Аллоҳ, дини ман Ислом ва набии ман Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва китоби ман Қуръон аст. Аммо кофирон бошанд, ба ҷои ҷавоб “ҳоҳ-ҳоҳ” мегӯянд, ки маънои “намедонам, намедонам”-ро дорад.

Умуман дар масъалаҳое, ки мӯътазилаҳо ва баъзе аз рофизиҳо ихтилоф доранд, пурсида мешавад, ки онҳо бо ин ихтилофашон ҳукми ояти 46-уми сураи “Ғофир”-ро чигуна арзёбӣ мекунанд? Тафсири мухтасари ин ояти карима ҳамин аст, ки дар қабр пагоҳу бегоҳ, қабл аз қиёмат дӯзах ба инсони кофир арз карда мешавад… Дар ин боб оёт ва далел бисёр аст, аз ҷумла ояти 46-уми сураи “Ғофир” ва ояти 21-уми сураи “Саҷда”.

Ва зағтату-л-қабри ҳаққун.

Ва оғӯш гирифтан (танг гаштани гӯр) ва сахт фишор доданаш майитро ҳақ асту собит аст.

Ҳатто барои мӯъмини комил ҳам ҳақ аст. Аз ҷиҳати ҳадисе, ки ворид шудааст, он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: ”Агар мебуд нафаре, ки аз сахтии фишор додани гӯр наҷот меёфт, албатта Саъд ибни Маъоз наҷот меёфт. Зеро ӯ шахсе буд, ки Арши раҳмон аз мавти ӯ дар ларза даромада буд”. Фишори гӯр чунон аст, ки вай бар маййит чунон танг мегардад, ки қабурғаҳояш аз якдигар гузашта мераванд. Баъд аз он Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло кушоиш медиҳад барои мӯъмин ва васеъ месозад гӯрро, то чашм дидан. Ва ин барои мӯъмин чунон гуворо аст, ки ба мисли фарзанди аз сафар бар мегардаду модар ӯро гарму ҷӯшон ба оғӯш мегирад, ба ин монанд аст.

Ба ҳар тақдир ба зоҳири ҳадис имон меорем, аммо фишори ӯ аз ҷумлаи муташобиҳот буда чигунагии онро мо гуфта наметавонем, инро танҳо Худо медо-над.

Ва ъазобуҳу ҳаққун коинун билкуффори куллиҳим аҷмаъин ва либаъзи ъусотил муслимин.

Ва азобу амалҳои қабр барои ҷамиъи кофирон ва барои баъзе мусулмонони осию гунаҳкор ҳаққу имконпазир аст. Ва инчунин бонеъмат будан дар гӯр барои баъзе мӯъминон тибқи ҳадиси поён ҳақ асту рост.

Дар ҳадис омада: “Қабр боғе аз боғҳои ҷаннат ё чоҳи азобе аз чоҳҳои азоби дӯзах аст”. Зеро ин қабр яке аз аввалин манзилҳои охират аст. Агар инсон аз ҳамин наҷот ёбад, Худо хоҳад аз дигарҳояш наҷот меёбад ва мобаъд барои ӯ осонтар аст. Агар аз ин наҷот наёбад, мобаъдаш барои ӯ сахттару душвортар мегардад. Ин аз ривояти ҳазрати Усмон ибни Аффон иқтибос оварда шуд. Бидон ба дурустие, ки Аллоҳ таъоло навъи ҳаётро миқдоре, ки азоб мебинад ё лаззат мебарад, дар қабр халқ месозад. Назди аҳли ҳақ дар ин сухан ихтилоф нест. Аз ҳазрати Абуҳанифа разияллоҳу анҳу дар ин боб таваққуфро хабар доданд. Аммо қалами Абуҳанифа разияллоҳу анҳу бар иъодаи рӯҳ далолат мекунад, чунки ҷавобу суолоти Мункару Накир феъли ихтиёрии банда аст ва он бе рӯҳ имконнопазир аст.

Аммо дар рӯзи ҷумъа ва моҳи рамазон кофир аз олам равад, азоб аз он бардошта мешавад, ақида кардаанд баъзе. Дар ин хусус баҳси бисёр аст, чунки азоби кофир доимист.

Писандида ин аст, ки мӯъмини мутеъу фармонбардор дар рӯзи ҷумъа ва ё моҳи рамазон чашм бипӯшад, азоби қабр набошад.

Аммо фишори гӯрро диданаш ногузир аст. Онро мебинад, зеро аз неъматҳои Худо бархурдор гашта шукронаи онро ба ҷо наовард. Ва агар гунаҳкор бошад, барои ӯ ҳам фишори гӯр ва ҳам азоби гӯр ҳаст, локин рӯзу шаби ҷумъа ва моҳи рамазон аз азоб озод аст. Баъзе ашхосе ба таври умум мегӯянд, ки касе рӯзи ҷумъа бифавтад, то рӯзи қиёмат азобро намебинад. Тавре дар боло гуфтем, аз дидани азоб дар амон набудааст ва сухани ин гурӯҳ ягон асосе надорад, магар барои мӯъмини мутеъ.

Мо ба он имон меорем, ки азоби гӯр ҳақ аст ва чи хел буданашро ба Худованди кариму мутаъоли ба ҳама чиз қодиру тавоно ҳавола мекунем ва худ машғули он намешавем.

Акнун чанд нуқта дар бораи рӯҳ гуфтанро ин ҷо зарур мешуморем. Рӯҳ як ҷавҳари бисёр латифу нозук аст. Чунончи об дар навда ё шохи дарахт барои ҳаёту нумӯи он, навдаву шохаву дарахт хизмат мекунад, рӯҳ ҳам дар бадани инсон ба ҳамин монанд аст. Ҳаргоҳ, ки об хушк мешавад, навда ҳам хушк мегардад ва шохаву дарахт ҳам. Ва рӯҳи инсону ҷасади инсон ҳам ҳамин гуна аст, аммо худи рӯҳ дар аслаш чӣ гуна аст ин барои мо ҳамчун як муаммо боқӣ мемонад. Худованд аз илми рӯҳшиносӣ ба мо бандагонаш дониши кам додааст. Бо ин дониши ночиз донистани рӯҳ ба пуррагӣ барои мо имконнопазир аст. Зеро инсон мураккабтарин махлуқи Худованд ва то ҳадди охир донистанашаванда аст, магар Худованд худаш доност (ниг сураи “Алисро” ояти 85).

Имон овардан ба ”Миъод” (бозгашт) дар рӯзи қиёмат ҳақ аст. Зеро ин дори дунё барои инсон маҳалли коркарди имтиҳон аст. Модоме ки чунин аст, барои кас дори дигаре лозим аст, ки аъмоли инсонҳо мавриди санҷиш ва ҳисобу китоб қарор бигирад ва барои амали накӯ аҷру савоби арзанда ва барои афъоли шаррашон ҷазо бигиранд. Рӯзи бозгашт, майдони маҳшар, дашти арасот рӯзи қиёмат аст, ки миқдори он рӯз 50-ҳазор соли ин дунё аст (ниг. сураи”Алҳаҷ” ояти 70).

Агар чунин набошад, пас зиндагӣ дар ин дунё бемақсаду беҳуда аст. Пас Офаридгор ин дунёро бе мақсад офаридааст? Пас дӯзаху биҳиштро барои чӣ халқ кардааст? Пас накӯкор ва ё бадкор будан аҳамияте надорад? Пас расулонашро миёни мардум фиристонидани Худо барои чист? Пас Қуръон барои чӣ омадааст? Не, не мерасад рӯзе, ки ҳар як инсон барои аъмоли худ назди Худованд ҷавоб хоҳад гуфт. Зеро Аллоҳ таъоло ба воситаи анбиё, авлиё ва уламо ва китобҳояш бандагонашро аз дорулфано ба дорулбақо ва он чи, ки дар ин ду мегузарад, огоҳ кардааст.

Ва кулли шайъин закараҳул ъуламау бил форсийяти мин сифотиллоҳи таъоло ъазза исмуҳу фаҷозал қавлу биҳи сивал яди билфорсийяти.

Ва ҳар ончиро аз сифатҳои Аллоҳ таъоло, ки аз ҷумлаи муташобиҳотанд, уламои киром аз ибораи арабӣ ба забони форсӣ тарҷима намудаанд мисли ”ваҷҳ”, “қадам”, “айн” ва исмҳои Аллоҳ таъоло, ки фаҳмову олӣ ва аз ваҳмҳо ғолибу баланд аст, ҷоиз ва сухан намудан равост. Ба ҷуз ”яд”, ки онро наметавон ба форсӣ “даст” гуфт. Яъне мумкин нест, ки бигӯем “ба дасти Худо”.

Ва яҷузу ан яқула” ба рӯйи Худои ъазза ва ҷалла” било ташбиҳин ва ло кайфиятин.

Ва ҷоиз аст, ки “ваҷҳуллоҳ”-ро ба форсӣ (Ба рӯи Худои азза ва ҷалла) бигӯем. Ин иҷозат аст, аммо беташбеҳ ва бемонандсозӣ ва беқиёскунӣ. Чунон, ки ”ядуллоҳ”-ро мумкин нест ”дасти Худо” бигӯем ва низ иҷозат нест, ки бигӯем “ядуллоҳ” ин қудрати Аллоҳ таъоло аст ё неъмати вай аст. Зеро, ки ботил сохтани сифат лозим меояд.

Ва лайса қурбуллоҳи ва ло буъдуҳу мин тариқи тулил масофати ва қасриҳо валокин ъало маънал каромати вал ҳавни.

Ва нест қурби (қариби) Аллоҳ таъоло ба итоаткорон, ва нест дурӣ Аллоҳ таъоло аз гунаҳкорон, ҳамчунон ки дар ҳадис омада, ки албатта сахтӣ қариб аст ба сӯи Аллоҳ таъоло, ин қарибӣ ва дуриро ҳамчун масофа набояд фаҳмид. Онҳо маънои арзу тӯлро надоранд. Ин қарибу дур он қарибу дуре, ки инсон медонад он маъно нест. Ва ҳамчунин он қарибу дур маънои боқадрию-беқадрӣ ва азизию-хору залилиро надорад. Агар онҳоро чунин маънидод кунем, таъвили калом мешавад. Ин ҷоиз нест. Ва метавонем бигӯем ки:

Вал мутиъу қарибун минҳу било кайфин. Вал ъоси баъидун ъанҳу било кайфин вал қурбу вал буъду вал иқболу яқаъу ъала муноҷи.

Ва бандаи итоаткор қариб аст ба сӯи Аллоҳ таъоло бидуни ташбеҳ бо дигар қарибӣ. Ва бандаи гунаҳкор дур аст ба сӯи Аллоҳ таъоло беташбеҳу монандкунӣ ба дигар дурӣ.

Ва қарибӣ ва дурӣ ва иқбол (рӯ ба рӯ) ва зидди ӯ рӯй гардонидан ин сифот ба бандае, ки сӯи Парвардигори худ муноҷот мекунад, воқеъ мешаваду рӯй медиҳад. Зеро ҳар қадар, ки банда ба сӯи Парвардигори худ саҷда кунад, ҳамон қадар қариб мегардад (ниг. сураи “Алақ” ояти 19).

Вале на мисли қарибшавии заминӣ. Қарибгардӣ шабеҳ надорад, аз ин хотир ҳазрати Имом разияллоҳу анҳу ин масъаларо аз ҷумлаи муташобеҳот гуфтанд.

Ва казолика ҷиворуҳу фил ҷаннати вал вуқуфу байна ядайҳи било кайф.

Ва инчунин дар ҷивори Парвардигор будани банда дар ҷаннат ин ҳам аз ҷумлаи муташобиҳот аст. Бандаи муқарраби даргоҳ метавонад дар ҷивори Аллоҳ таъоло қарор бигирад. Ва дар ҷивори Аллоҳ таъоло будан беташбеҳу монандкунӣ ва бе чигунагӣ аст. Ҳамчунин вуқуфи банда дар қиёмат дар назди Офаридгор аз ҷумлаи муташобиҳот аст. Вуқуфи банда худ маълум аст, аммо ин вуқуф чигуна аст, ба кадом сурат мешавад, банда сифат карда наметавонад, зеро он бе мислу монанд аст (ниг. сураи “Арраҳмон”ояти 46, сураи “Аннозиъот”ояти 40).

Дар ҳақиқат дар мақоми тавфиқ оем ихтиёри имом разияллоҳу анҳу он аст, ки “Қурби ҳақ ба сӯи халқ” ва “қурби халқ ба сӯи ҳақ” ин як сифатест бе кайф (чигунагӣ) ва наътест бе кашф.

Ва ҷумҳур бошанд инро чунин таъвил мекунанд, ки “Қурб” раҳмати Аллоҳ таъоло аст аз рӯи тоату ибодат ва “Буъд” дур шудани неъмати ӯст аз рӯи маъсият. Худо донотар аст.

Вал Қуръону муназзалун ъало расулиллоҳи саллалллоҳу ъалайҳи васаллам ва ҳува фил масоҳифи мактубун.

Қуръон ки каломи Аллоҳ таъоло аст, ба Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам муддати 23-сол ба воситаи ҳазрати Ҷабраил ъалайҳиссалом нозил шудааст. Ва Қуръон ҳозир дар мусҳафҳо (саҳифаҳо) навишта шуда мазбуру мастур аст. Ин сухан ишора ба он аст, ки байни ду муқова қарор дошта (сухани Худо Қуръон) ба Каломуллоҳ машҳур аст.

Ва оётул Қуръони фи маънал каломи куллуҳо муставиятун фил фазилати вал ъазамати.

Ва оятҳои Қуръон дар маънои калом хоҳ дар бораи раҳмати худо бошад ва хоҳ мадҳи анбиё ва хоҳ сифати авлиё, хоҳ ғазаби ӯ таъоло, ё мазаммат кардани душманони Худо бошад ва ё вобастагӣ дошта бошад ба ҷамиъи аҳкому аркон, ё барои имтиҳони бандагонаш, ҳама аз рӯи фазилат ва лафзият ва азамати маънавият ба ҳамдигар баробаранд.

Илло анна либаъзиҳо фазилатаз зикри ва фазилатал мазкури мислу оятил курси.

Магар ин ки албатта баъзе оятҳои Қуръонро ду фазилат аст: Яке фазилати зикри ояти Қуръон ва дигаре фазилати он чи ки дар оят зикр шудааст, мисли “Оятулкурсӣ”.

Лианнал мазкура ҷалолуллоҳи таъоло ва ъазаматуҳу ва сифотуҳу фаҷтамаъат фиҳо фазилатони фазилатуз зикри ва фазилатул мазкури.

Зеро ончи ки дар “оятулкурсӣ” зикр мегардад, ҷалолу ҳайбату бузургию сифати ҳоли ӯ таъоло аст.

Пас ҷамъ шудааст дар ин оят ду фазилат: Яке вай ояти Қуръон аст ва дуюм фазилаташ ин аст, ки дар он исмҳо ва сифоту тавсифи Аллоҳ таъолост. Ва монанди ҳамин сураи “Ихлос” аст, зеро дар он сифати хоси ӯ таъоло зикр гардидааст. Валлоҳу аълам.

Ва фи сифатил куффори фазилатуз зикри фаҳасбу мислу қиссатил куффори. Ва лайса фил мазкури ва ҳумул куффору фазилатун.

Ва оятҳое, ки дар шаъни куффору қиссаи онҳо омадаанд, фақат як фазилат вуҷуд дорад ва он ин аст, ки ояти Қуръонанд, вале дар мазкур фазилат нест. Мисли оятҳое, ки мансуб ба Фиръавну Иблису Абу Лаҳабу дигару дигаранд. Зеро онҳоро Худованд наҳй кардааст.

Ва казоликал асмоу вассифоту куллуҳо муставиятун фил фазилати вал ъазамати ло тафовута байнаҳумо.

Ва инчунин байни исмҳои Аллоҳ таъоло ва сифатҳои ӯ таъоло дар аслу азамат ва фазл бо эътибори аслу маъно байнашон тафовут набуда, ба ҳамдигар баробаранд. Мисли сифатҳои ”лаҳул мулк”, “лаҳул ҳамд”, “лаҳул кибриё”, “валмаҷд” ва исмҳои “алвоҳид”, “алфард” ҳамаашон тавре дар боло гуфтем, дар мартаба ба ҳамдигар баробаранд. Вақто ки исмҳо ва сифатҳоро ба зоти Аллоҳ таъоло нисбат медиҳем, ин маънои онро дорад, ки ҳама баробаранд. Аммо баъзе исмҳо ё баъзе сифатҳо аз ҳамдигарашон азаматтаранд. Зеро як нукта дар ривоёт ва дар аҳодис собит шудааст. Аз ҷумла доир ба исми аъзам ҳамин гуна ақида мавҷуд аст. Валлоҳу аълам.

Аз ин хотир аз Абуҳанифа ривоят шудааст, ки мегӯянд: ”Ҳар кас, ки ҷоҳилу нодон монад аз Холиқи худ, он шахс узрдор нест. Зеро халқи осмону замин ва нафси худашро ва ғайраро мебинад. Агар рафту чунин шуд, ки расулон фиристода намешуданд, ба халқ воҷиб буд, ки ба ақлҳояшон Холиқи худро ба роҳи инсонӣ бишносанд. Ҳол он ки расулонашро ба сӯи халқ фиристод то ӯро муаррифӣ кунанд ва аз ҳастии ӯ халқро фаҳмонанд, дигар ҷои узру маъзарат нест”.

Ва Расулуллоҳи саллаллоҳу алайҳи ва саллам мота ъалал имони.

Дар баъзе нусхаҳои шарҳи «Фиқҳи Акбар» чунин омадааст, ки ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дунё бо имон гузаштанд. Ин ибораи аслӣ набудааст, ки шореҳ дар ин майдоне, ки зоҳир аст дар садри баён худро нишон додааст ва эҳтиёҷ ба зикр ҳам надорад. Зеро ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин ҳолу шаън олист. Зеро анбиё ъалайҳимуссалом аз гуноҳи сағира ва кабира маъсуму поканд. Чӣ дар ибтидо ва чӣ интиҳо ва шояд мурод аз ин ибора он бошад, ки инсон метавонад эътиқод кунад ва ҷазму яқин кунад бар имони Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам). Ва аммо ба ғайри имони Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мисли авлиё, уламо, асфиё ва аъён ва дигарон дар имон ва бо имон рафтанашон ҷазм карда наметавонанд. Агар чи аз онҳо каромоту илми ҳол ва ҷамиъи навъи тоъатҳо зоҳир шуда бошад.

Зеро асли ҳукми ин кор бар илми яқин вобаста аст, ӯ бошад аз илми афроди инсон пӯшида аст, пас бояд дар миёни хавфу раҷо боқӣ монад ва мақомашро чи барои худ ва чи барои дигарон на як тараф балки байни хавфу раҷо донад. Магар Анбиё (алайҳиму-с-салом)-ро метавонад натарсида ба онҳо ҷазму ҳукм кунад. Валлоҳу аълам.

Аз ин ҷост, ки ҳатто (ашараи мубашшара) даҳ ёри биҳиштӣ ва монанди онҳо аз инқилоби аҳволашон ва суъи (бади) амалашон дар хавф буданд.

Хонандаи азизу мухлис Худованд ақидаи ҳамаи шуморо тоза бигардонад, аҳли салафро Худованд раҳмат кунад. Омин!

Аҳли салаф дар шоҳидӣ додани кас ба ҷаннат ба се қавланд:

1-ум ба ғайри анбиё ъалайҳимуссалом ба ҳеҷ кас гуфта наметавонем, ки ту ҷаннатӣ ҳастӣ. Ман шоҳид! Ин амрест, ки қатъӣ дар он ҳеҷ ихтилоф нест.

2-юм ба ҷаннатӣ будани он мӯъмине шоҳидӣ дода метавонем, ки дар ҳаққи он шахс (ё шахсон) нассе (далеле) ворид шуда бошад, чӣ оят бошад он насс чӣ ҳадис мисли ашараи мубашшара (даҳ ёри биҳиштӣ) мисли саҳобагони Байъатурризвон ва аҳли ҷиҳоди Бадр. Локин ин ҳукм заннист (гумонист).

3-юм агар мӯъминон шоҳидӣ диҳанд, метавон шоҳидӣ дод. Масалан дар «Саҳеҳайн» омада, ки аз назди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷанозае гузашт, асҳоб ба он маййит санои хайр гуфтанд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Ваҷабат». Боз ҷанозаи дигаре ҳамчунин гузашт, асҳоб санои шарргуфтанд. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам боз гуфтанд: «Ваҷабат».

Ҳазрати Умар инро шунида гуфт: «Ай Расули Худо чӣ чиз воҷиб шуд, ки ба ҳар ду як хел ҷавоб додӣ?» Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Онеро, ки санои хайр гуфтед бар ӯ ҷаннат воҷиб шуд ва онеро, ки санои шар гуфтед бар ӯ нор воҷиб гашт. Шумо шоҳидони Худоед дар рӯи замин».

Албатта байни шоҳидони ин замон ва он даври саодат тафовути зиёде ҳаст. Бояд шоҳидон аз аҳли шаҳодат бошанд. Умед аст, ки ин кор зоҳир аст, зеро Худованд қодир аст.

Ва Абутолиб мота кофиран.

Амаки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки падари Алӣ разияллоҳу анҳу буданд, аз олам беимон рафт.

Дар ривояте омада, ки ҳарвақто ки мавти Абутолиб наздик расид, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам назди ӯ омад. Абуҷаҳлро онҷо нишаста дид. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Эй амак, калимаеро бигӯ, ки барои ту назди Худо ҳуҷҷат шавад». Абуҷаҳл инро шунида гуфт: «Оё аз миллати Абдулмутталиб (ай бародар) бармегардӣ?» Абуҷаҳл ин суханонро чандин такрор кард, ки дар охирин маром Абутолиб гуфт: «Ман бар миллати падарам Абдулмутталиб мемонам». Ва аз калимаи тайибаро гуфтан рӯй гардонид. Онгоҳ ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Қасам ба номи он Худо, ки истиғфор мекунам барои ту то даме, ки наҳй накунад маро Аллоҳ таъоло».

Ривоят шудааст, ки пас аз ин дар хусуси Абутолиб ва даъват намудани Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро ва ибо кардани Абутолиб аз ин, Аллоҳ таъоло оятҳои каримаи Худро нозил кард. Мазмуни оят ин аст, ки агар чанде хешони наздиканд, вале онҳо мушрику кофир бошанд, барои онҳо аз Худо истиғфору омӯрзиши гуноҳҳояшонро талаб накун. Чунки чунин ашхос асҳоби ҷаҳиманд. Ва дар ояти 113-уми сураи «Тавба» мефармояд, ки албатта ту (паёмбар) ҳидоят карда наметавонӣ шахсеро, ки дӯст медорӣ ва лекин Аллоҳ таъоло ҳидоят мекунад шахсеро, ки хоҳад.

ФАРЗАНДОНИ ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Ва Қосим ва Тоҳир ва Иброҳим кону банӣ Расулиллоҳи саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам.

Ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) се писар дошт. Қосим нахуст-фарзанди ӯ буд пеш аз нубувват ба дунё омад, аз ин хотир ба лақаб «куният» муроҷиат мекарданд ва Абулқосим мегуфтанд Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро. ӯ зинда монд то даме, ки роҳрав шуд. Ба ривояте 2-сола буд. Ва баъзе гуфтанд, ки ҳатто маркабро савор шуда метавонист. Саҳеҳтар ин аст, 17-моҳа шуда буд ва пеш аз фаромадани ваҳй аз олам чашм пӯшид. Дар «Мустадрак» оварда, ки вафоти Қосим ба айёми ислом ва аввалин фарзанди фавтидаи Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд.

Фарзанди дуюми Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Тоҳир ном дошт. Тоҳир баъди нубувват ба дунё омад. Падараш ӯро бо се ном нидо мекард: Абдуллоҳ, Тайиб, Тоҳир. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки Абдуллоҳ ғайри Тоҳир аст. Аз ҷумла «Дорулқутни» чунин ривоят оварда. Аммо баъзеи дигар гуфтанд, ки Тайибу Мутайиб аз як шикам ва Тоҳиру Мутаҳҳир аз дигар шикам ба дунё омадаанд. Соҳиби «Сафва» ба ин ақида аст. Худо донотар аст.

Аммо Иброҳим бошад, аз ҷорияи Қибтия, ки ба Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳадя шуда буд, ба дунё омад. Иброҳим баъди 70-рӯз ё бештар, ин оламро падруд гуфт. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вафоти Иброҳим гуфтанд: «Дил ғамгинӣ меварзад, дидаҳо ашк мерезанд ва намегӯем он чиро, ки Худованд ба гуфтанаш розӣ нест ва албатта мо ба фироқи ту эй Иброҳим, аз ҷумлаи маҳзунонем». Ва омада аст, ки ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд, ки дафн мекунем назди бародари разоъиям Усмон ибни Мазъун. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷанозаи ҷигарбанди худро хонда, бо дили реш дар гӯристони «Бақеъ» паҳлӯи бародари разоъияш ба хок супурданд. Валлоҳу аълам.

Ва Фотимату ва Зайнабу ва Руқайяиу ва Уммукулсума кунна ҷамиъан баноти Расулиллоҳи (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва разияллоҳу ъанҳунна.

Ва духтарони Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чаҳор нафаранд: Фотима, Зайнаб, Руқайя ва Уммукулсум (Худованд аз ҳамаашон розӣ бод). Дар дигар нусха Руқайя пеш аз Зайнаб омадааст. Ин аз он аст, ки байни шореҳон ихтилоф вуҷуд дорад. Гурӯҳе Зайнабро калон медонанд ва гурӯҳи дигар Руқайяро калон медонанд. Назди ибни Исҳоқ Зайнаб дар соли 30-юми мавлиди набӣ ба дунё омада, исломро дарёфтааст ва ҳиҷрат намуда дар соли 8-уми ҳиҷрат аз дунё гузаштааст. ӯ завҷи писархолааш Абил Ос Лақит буд ва барои вай фарзанд оварда, ки ӯро Алӣ ном ниҳода буданд. Ва Алӣ ҳанӯз ба балоғат нарасида аз олам дар гузашт. Алӣ дар рӯзи фатҳ дар радифи Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) савори уштур буд. Аз Зайнаб инчунин духтаре ба дунё омада, ки ӯро Амома ном ниҳода буданд. Ин ҳамон Амома аст, ки ба ҳангоми гузоридани намози субҳ бар китфи бобояш Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста буд. Вақто ки ҳазрати Фотима разияллоҳу ъанҳо чашм аз олам пӯшид, ҳазрати Алӣ Умомаро ба занӣ гирифт.

Ва аммо Фотиматуз-заҳро бошад дар соли 41-уми мавлиди набӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Пеш аз Зайнаб омадани Фотима барои мақоми олияш аст. ӯ аз занони ҳамсараш дар фазл, дин ва ҳасабу насаб бартарӣ дошт. ӯро дар синни тақрибан 15-16 солагӣ, дар соли 3-уми ҳиҷрат ба ҳазрати Алӣ никоҳ бастанд. Ба амр ва ваҳйи илоҳӣ. Назди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Фотима (разияллоҳу анҳо) аз дӯсттарини аҳлаш буд. Вақто ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сафар мебаромад, охирин видоъ (сухани хайрбодӣ)-ро ба ӯ мегуфт ва ҳар гоҳе аз сафар бармегашт, аввал ба хонаи ӯ медаромад.

Ва ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба чунин мазмун сухан кардаанд ё мисли чунин суханро гуфтаанд, ки Фотима (разияллоҳу анҳо) чанде нишонае аз ман аст, касе буғз ӯро кунад, маро буғз кардааст (Равоҳул Бухорӣ).

Дар ривояти Аҳмад чунин омада, ки Фотима (разияллоҳу анҳо) афзали занҳои ҷаннат аст. Ӯ баъди 6-моҳи вафоти Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар синни 29-солагӣ аз ҷаҳон реҳлат намудааст. ӯ барои ҳазрати Алӣ Ҳасан ва Ҳусайн саййиди шабоби аҳли ҷаннатро таваллуд кард.

Инчунин собит шудааст дар суннат. Ҳамчунин Муҳсинро ва Уммукулсумро ва Зайнабро ба дунё овард. Муҳсин дар хурдсолӣ аз олам рафт. Баъди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷуз авлоди духтараш дигар авлоде боқӣ намонд. Ва он насли шариф дар олам мунташир шуду тамом. Он авлоди Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайнанд, ки то имрӯз идома дорад.

Руқайя бошад дар соли 33-уми мавлиди Набӣ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таваллуд шуда, бо хоҳараш Уммукулсум келинҳои Абулаҳаб буданд. Руқайя зани Утба ва Уммукулсум зани Утайба буд. Ҳар гоҳе сураи «Масад» нозил шуд, Абулаҳаб писарони худро гуфт, ки агар шумо духтарони ӯ (Расулуллоҳ)–ро талоқ надиҳед, сари ман аз сари шумо ҳаром. Пас онҳо аз завҷагони худ ҷудо шуданд (ин қисса дароз аст, ҳикояти он дар китоби «Тафсири осонбаён» хеле муфассал омадааст).

Руқайяро ҳазрати Усмон ибни Аффон ба занӣ гирифт. Онҳо бо ҳам ду маротиба ҳиҷрат намуданд. Вақте ки Руқайя вафот карданд ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Бадр буданд.

Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) чунин ривоят кардаанд, ки вақте Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро таъзия баён карданд, ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин гуфт: «Алҳамдулиллоҳ, ки дафни банот (духтарон) аз ҷумлаи ҳурматшудаҳо аст» Валлоҳу аълам.

Аммо Уммукулсум духтари чоруми Расулуллоҳанд. Чунин ворид шуда, ки вақте Руқайя оламро падруд, ҳазрати Усмон (разияллоҳу анҳу) духтари ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу)-ро хостгор шуд, ки ӯ Ҳафса ном дошт. Ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) дархости ҳазрати Усмон (разияллоҳу анҳу)-ро рад намуд. Инро ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунида гуфт: «Ё Умар ман туро аз Усмон дида беҳтаре ва Усмонро ба беҳтаре аз ту дида далолат кунам?» Ҳазрати Умар гуфтанд: «Оре ё Расулуллоҳ». Пас Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Духтари худро ба занӣ ба ман деҳ ва ман духтари худ Уммукулсумро ба Усмон (разияллоҳу анҳу) ба занӣ бидиҳам». Чунин ҳам шуд.

Ва чунин ривоят низ омада, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мар ҳазрати Усмон (разияллоҳу анҳу)-ро гуфт: «Қасам ба зоте, ки нафси ман ба яду қудрати вай аст, агар назди ман сад духтар будӣ ва яке паси дигар фавтидӣ, ман дигарашро ба занӣ барои ту медодам. Ин аст, ки ҳазрати Ҷабраил (алайҳи-с-салом) хабар дода маро ки Аллоҳ таъоло амрам мекунад, духтарам Уммукулсумро ба ту тазвиҷ кунам».

Аммо ҳазрати Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) азвоҷи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро зикр накарданд ва мо иҷмолан ин ҷо зикр месозем-мегӯяд шориҳ.

Азвоҷи мутаҳҳарот, модарони мӯъминон 11-нафаранд, чун Хадиҷа, Савда, Оиша, Ҳафса, Умми Салама, Умми Ҳубайба, Зайнаб бинти Ҷаҳш, Зайнаб бинти Хузайма, Маймуна, Ҷувайра, Сафия (Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ бод). Байни аҳли салаф ихтилоф нест, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳамаи онҳо издивоҷ доштааст. Ҳазрати Имом (раҳимаҳуллоҳ) гуфта, ки Оиша баъди Хадиҷа беҳтарин занҳои рӯи замин ва модари мӯъминон ва аз зиною он чи ки рофизиҳо мегӯянд пок аст.

Ҳар касе ӯро тӯҳмат ба зино кунад, тибқи оятҳои Қуръон, ки ба бароати ӯ нозил шудаанд, кофир аст.

Ва аммо шахсе ӯро ба сабаби мухолифату мӯҳорибате, ки ба ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) дошт дашном диҳад, ӯ гумроҳ ва бидъаткору фоҷир аст.

Ва изо ашкала ъалал инсони шайъун мин дақоиқи ъилмит-тавҳиди фаиннаҳу янбағи лаҳу ан яътақида филҳол мо ҳувассавобу ъиндаллоҳи таъоло илло ан яҷида ъолиман фаясъалаҳу. Ва ло ясаъуҳу таъхирут талаби, вало юъзару бил вақфи фиҳи. Ва якфуру ин вақафа.

Акнун хонандаи азизу гиромӣ, мухлиси «Фиқҳи Акбар» бояд бидонӣ, ки ҳар гоҳе бар ту чизе мушкил ояду пӯшида монад, ва ё масъалае аз дақоиқу нозукиҳои «Илми Тавҳид», кушода нагашту таҳқиқ наёфт ва ақл барои исботаш нарасид, лозим аст ки дар ҳол эътиқод бояд намуда бигӯй, ки «он чи назди Худованд савобу дуруст аст, бовар дорам».

Ҳар касе ба чунин ҳол рӯ ба рӯ омад, зарур аст ба олиму орифе, ки ҳақиқати ҳолро медонад муроҷиат кунад. То олим ба ваҷҳи тафсир ин гиреҳро бикушояд ва ба тафсил бифаҳмонад. Ва ҷоиз нест, ки шахс ба чунин ҳолат афтаду дар донистани он таъхир варзад.

Таъкидан мегӯем, ки ҳар гоҳе дар сифате аз сифатҳои ҷалолӣ ё ҷамолӣ мутараддиду шакку шубҳа пайдо шавад, ҳатман бояд ба олими донандаи хуби ин масоил рӯ биёрад ва ҳақиқатро дониста бигирад. Агар чунин ҳолат рӯӣ диҳаду кас ғафлат варзад, бепарвоӣ кунад ва аз паси пурсуҷӯӣ нагардаду зери гумону шакку шубҳа умр ба сар барад, наъузанбиллоҳ кофир гардад.

Хулоса, дар ин боб таваққуф кардан мӯҷиби шакк аст, шакк дар он чизе ки эътиқод ба он фарз аст мисли инкор аст.

Ва пӯшида нест, ки шахси мункир кофир аст. Ба ибораи дигар ба ҳар як мӯъмину мусулмон фарзи айн аст, ки эътиқоди худро ба ягонагии Худованди мутаъол ба ҳама исмҳо ва сифатҳояш саҳеҳу дуруст созаду яқин гардонад. Донистани илми тавҳиду худошиносиро барои худ муҳим донад. Ҳар як масъалаи ин илмро дар алоҳидагӣ аз худ намудан барои ҳар як мусулмон заруру ҳатмист. Дар талаби илми тавҳид ҳарис бояд буд. Мисолеро ин ҷо меорем, ки сари ҳар лаҳза онро мешунавем ва аз надонистани илми тавҳид гувоҳӣ медиҳад. Мо «ийёка настаъин» мегӯем. Ин он маъноро дорад, ки мо тамоми ёриро фақат аз Худо мепурсему медонем, на аз ғайри ӯ. Аммо борҳо шоҳид мегардем, ки касе ба сахтӣ афтод ва боз аз он мушкилӣ раҳо ёфт. Вақте аз ӯ мепурсӣ чӣ гуна раҳо ёфтӣ? Мегӯяд: «Худову арвоҳҳо мадад карданд» ё « арвоҳҳо пурзӯрӣ карданд» ё «арвоҳҳо дар пуштам буданд» ва монанди ин. Агар ин шахсро тавҳидаш комил мешуд, ҳаргиз чунин ҷавоб намегуфт. Ва агар касе чунин посухро шунид, агар исбот карда тавонад, бояд ба гӯяндаи ин сухан бифаҳмонад, ки ба ҷуз Худо ҳеҷ касе, арвоҳ низ ёрӣ расонида наметавонад. Рафту ҷудо кардаву фаҳмонида натавонад, пас бояд ба донишманде муроҷиат кунад. Донишманд инро донаду нафаҳмонад, гунаҳкор мегардад. Худо доност.

Аммо таваққуфи ҳазрати Имом (раҳимаҳуллоҳ) дар чандин масъала на дар бахши масъалаҳои эътиқодӣ буда, балки дар баъзе масъалаҳои шариъат аст. Зеро ихтилоф дар илми аҳкоми шариъат ин раҳмат ва ихтилоф дар илми тавҳид ва ислом ин залолат (гумроҳӣ) аст. Ихтилоф дар масъалаи шариъат рӯй диҳад, мағфират карда шавад ӯро ва ҳатто аҷр дода шудааст. Чунки ин қасдан ба вуқӯъ наомада, балки аз рӯи иҷтиҳод аст. Аммо дар илми калом далолат ба куфр аст.

Зиёда аз ин возеҳтару таҳқиқноктар метавон ин масъаларо баён намуд, аммо дар ин рисолаи хеш ба ҳамин қадар иктифо меварзем, зеро он барои ашхоси аз илми тавҳид кам маълумотдошта пешбинӣ гаштааст. Онҳое ки соҳибмаълумотанду ба ин эҳтиёҷ надоранд, онҳо аз дигар китобҳои муфассал қонеъи худро бароварда метавонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *