Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

ҲУКМИ КАСОНЕ, КИ МАСХАРА БА СУННАТИ ИШОРАИ САББОБА МЕКУНАНД

Шояд ин рисолаи нафис ва дар маънои худ беназири Мулло Алиқорӣ бори аввал аст дар диёри мо табъу нашр мешавад. Агар ба ҷои Фиқҳи Кайдонӣ ва Фарзи айн навиштаҳои чунин муҳаққиқон дар диёри мо мунташир мебуд ва дар дастраси омма қарор мегирифт, ҳеҷ гоҳ мардуми мусалмони мо бо тақлиди кӯр-кӯрона чунин суннати ҳасанаро бидъати қабеҳа ва ё ҳаром ва макрӯҳ намехонданд. Ва худро аз фазилату савоби он маҳрум ва бенасиб намегардонданд. Ва ё ҳаргиз онро ба боди масхара гирифта, тавҳину таҳқир намекарданд. Ҷои хеле таассуф ва андӯҳ аст, ки гоҳо тавҳину таҳқир ва беадабӣ нисбати ин суннати саҳеҳа аз забони баъзе афроде, ки худро аҳли фазлу илм мегӯянд, шунида мешавад. Яке аз олимҳои инчунонӣ бо ифтихор ва вақоҳат мегӯяд: «Ман то кунун дар намоз ишораи саббоба накардаам». Гӯё ишон маъсият ва гуноҳи бузургеро тарк карда бошанд.

Дуввумӣ, ки имомхатиби масҷид ҳам буда, дар яке аз намозҳои ҷумъа дар ҷавоби суол аз ишораи саббоба гуфта: «Алҳамду лиллоҳ дар байни намозгузорони масҷиди мо нафаре аз танбурнавозҳо нестанд» (Яъне ишораи саббоба мекардагиҳо нестанд).

Ҷоҳили дигаре онро ба таҳрик ва ҷунбидани олати кӯдак ташбеҳ кардааст. Аз ин ҳолати ҷаҳл Худоё паноҳ!

Воқеан ин ҳарфҳо масхара ва таҳқири сареҳест ба суннати санийяи Расули Акрам (с), ки таъвилу тафсирнопазир аст. Албатта дар судури чунин беадабиҳо нисбат ба суннати мутаҳҳари Расули Акрам (с) пеш аз ҳама уламои уммат гунаҳгоранд. Зеро баъзе аз уламо бо вуҷуде, ки аз аҳодиси ишораи саббоба огоҳӣ доранд, вале боз аз рӯи таъассуб бошад ва ё иллати дигар ҳангоми шунидани ин навъ тавҳин ва таҳқирҳо сукут ихтиёр мекунанд. Дар ҳоле, ки вазифаи онҳо дар чунин маврид алалақалл манъ кардани масхаракунандагони аблаҳ аст аз густохӣ кардан ба соҳати муқаддаси Расули Акрам (с). Вақте ишон чун шайтони ахрас (безабон) дар баробари ин аблаҳон сукут ихтиёр мекунанд ва наҳй аз мункар намекунанд, пас бидонанд, ки дар кайфари ин гуноҳи кабира онҳо низ шарик хоҳанд буд.

Муаллифи Хулосат-ул-фатово Тоҳир ибни Аҳмади Бухорӣ дар китоби «Алфоз-ул-куфр» менависад:

ولو قال لِشَعرِ رسولِ الله (ص) شُعَيرًا يَكفُرُ إِن قال بِطَريقِ الإِستِخفَافِ. «Ҳар ки мӯи Расули Акрамро (с) аз рӯи истихфоф[1] ва таҳқир «мӯяк» ва ё «мӯякча» бигӯяд, кофир мешавад».

Ва боз аз Абуюсуф (р) нақл мекунад, ки ишон дар ҳузури халифа Ҳорунаррашид аз Расули Акрам (с) ривояти ҳадис карданд, ки он ҳазрат (с) кадӯро дӯст медоштанд[2]. Шахсе аз ҳозирини маҷлис гуфт: ман кадӯро дӯст надорам. Абуюсуф дастур доданд, то шамшеру натъ[3] биёранд ва ӯро гардан бизананд. Фавран он мард аз ин гуфтаи худ пушаймон шуда, истиғфору тавба кард ва Абуюсуф аз хуни ӯ даргузашт. Муаллиф дар давоми он меорад[4]:

«Агар мусалмоне ҳадисе (албатта ҳадиси саҳеҳ) аз аҳодиси набавиро рад кунад (ва гӯяд қабул надорам), баъзе аз мутақаддимини машоихи мо он шахсро мутлақан ҳукм ба куфр кардаанд (баробар аст, ки ҳадиси радкардаи ӯ мутавотир бошад ё не) ва тоифае аз мутааххирини машоих фатво ба куфри ӯ додаанд, дар сурате ки он ҳадиси мутавотир бошад». (Поёни иқтибос).

Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ дар фатовои хеш пиромуни ин масъала ба тариқи суолу ҷавоб навиштааст:

Суол: шахсе аз ҳадиси шариф мункир шавад, чӣ ҳукм дорад?

Ҷавоб: инкори ҳадиси шариф чанд эҳтимол дорад:

Якум ин ки тамоми аҳодисро инкор кунад. Ин худ куфр аст. Дуввум ин ки ҳадиси мутавотири бетаъвилро инкор намояд. Ин инкор ҳам куфр аст. Сеюм ин ки ҳадиси саҳеҳеро, ки аз оҳод бошад, маҳз ба ҳавои нафсонӣ назар бар ин ки ҳадис мунофии табъ (ва ё мухолифи мазҳаб) ва ё хилофи маслиҳати дунявист, инкор намояд. Ин навъ инкор гуноҳи кабира аст ва ин мункир мубтадеъ ба бидъати сайиа аст…[5]»

Муло Алиқорӣ дар рисолаи «Тазйин-ул-ибора литаҳсин-ил-ишора» тақрибан 35 ҳадис бо тариқаҳои (роҳҳои, ривоятҳои) мухталиф аз саҳобиҳои мутаъаддид (сершуморе) дар боби ишораи саббоба аз Расули Акрам (с) ривоят карда, дар охир хулоса кардааст, ки аҳодиси ин боб ба ҳадди тавотури маънавӣ расидаанд[6]. Вале баъзе аз уламо онро ба дараҷаи ҳадиси машҳур расонидаанд. Гуфтаҳои боло дар фатовои Дорулулуми Девбанд бо қалами аллома Муҳаммадтақии Усмонӣ низ чунин омадааст.

Хулосаи калом: инкори аҳодиси ишораи саббоба дар ҳар ду сурат ва ё таҳқири суннате, ки бо ҳадисҳои саҳеҳ собит гаштааст, агар аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ бошад, бар мункир ва қоили он воҷиб аст, ки фавран аз гуфтаи худ тавба ва истиғфор бикунад. Чунонки дар қиссаи Абуюсуф (р) гузашт. Вале агар инкор ва тавҳини ӯ дониста аз рӯи таъассуб ва истихфоф бошад, пас ҳукми ӯ ҳамон аст, ки муаллифи Хулосат-ул-фатово дар китоби худ ва Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ дар фатовои хеш ва Мулло Алиқорӣ дар рисолаи беназираш зикр кардааст. Албатта бар ӯ тибқи фатвои ин азизон аввалан таҷдиди имон, баъдан таҷдиди никоҳ – агар соҳиби зан бошад – лозим ва зарур аст.

فما جزاء من يفعل ذلك منكم إلا خزى فى الحياة الدنيا ويوم القيامة يردون الى أشد العذاب وما الله بغافل عما تعملون[7]

«Пас ҷазои чунин мардум (тавҳингар) ба ҷуз зиллату хорӣ дар зиндагии ин ҷаҳон ва сахттарин азоб дар рӯзи қиёмат дигар чист? Ва Худо ғофил аз кирдори шумо нест».

Хидмати мо дар табъу нашри вижарисолаи Алиқорӣ (р) ба ғайр аз муқаддима, тарҷума ва замима иборат аст аз:

  1. Шарҳу тафсири баъзе калимот ва ҷумалот дар байни () қавсайн.
  2. Кӯчонидани санадҳои ҳадис аз матни рисола ба поварақи он ва илова намудани бархе маълумоти изофӣ дар он ҷо.
  3. Танзиму тартиб ва унвон гузоштани мавзӯъҳо. Яъне мавзӯъбандӣ кардани он.
  4. Бо шумораҳо муайян ва муҳаддад сохтани ҳадисҳо ва ривоятҳои фиқҳӣ.

Ин ҷониб бо ин хидмати ночизи худ аз Худованди бахшоянда ва меҳрубон умед дорам, ки дар миллати мусалмони мо чашми басират, иттифоқу ваҳдат, тавфиқи пайравӣ намудан ба Қуръону суннат, хосса бар ин масъалаи ихтилофия нуқтаи таммат иноят бифармояд. Омин, ё Арҳама-р-роҳимин.

Агар хонандагони мӯҳтарам дар навиштаи мо саҳву хатое пайдо намоянд, умедвор ҳастем, ки бо фазлу карами хеш моро маъзур медоранд. Зеро ягона нусхае, ки мо аз ин рисола дар ихтиёр доштем ва аз он истифода кардем, хеле мағшушу норавшан ва он ҳам дар ҳошияи Фиқҳи Кайдонӣ навишта шуда буд.

БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ

الحمد لله الذي هدانا للتوحيد وأشار لنا إلى معنى التفريد والصلاة والسلام على من أظهر العجز عن القيام بتمام التحميد وعلى آله وأصحابه أرباب الطريق السديد. أما بعد:

Пас аз санои Худованди ҷаҳон ва дуруди Паёмбари инсу ҷон, Алӣ ибни Султонмуҳаммад маъруф ба лақаби Алиқорӣ (р) мегӯяд: Ин рисолаи кӯчак масъалаи хеле муҳиммеро таҳқиқ ва баррасӣ мекунад. Мавзӯъи мавриди баҳс масъалаи ишора кардан ба ангушти шаҳодат ва ё саббоба дар ташаҳҳуди намоз аст.

Дар рисолаи мазкура далелҳои фаровоне роҷеъ ба исботи ишораи саббоба дар намоз, кайфияти адо кардани он, нақли ривоятҳои мухталифа перомуни он ва интихоби қавли муътамад аз байни он ривоятҳо зикр хоҳад шуд. Умедворам ба баракати зинда гардонидани ин суннати таркшуда банда низ дар сафи эҳёгарони суннатҳои Расули Акрам (с) дохил шуда, машмули башорати ишон гардам, ки фармуда:

مَن أحيى سُنَّتِي فَقَد أَحَبَّنِي ومَن أَحَبَّنِي كانَ مَعي في الجَنة[8]

«Ҳар кӣ як суннати аз байн рафтаи маро зинда кунад, дар ҳақиқат муҳиб ва дӯстдори ман аст. Ва ҳар кӣ муҳиб ва дӯсти ман шуд, бе шакку шубҳа ҳамроҳи ман дар биҳишт аст».

Рисолаи худро «Тазйин-ул-ибора литаҳсин-ил-ишора» номгузорӣ кардаам[9].

ДАЛЕЛҲОИ ИШОРАИ САББОБА АЗ

ҚУРЪОН ВА ҲАДИС

Дар Қуръони азимушшаън далоили ин масъала ба сурати муҷмал ва фишурда омадааст. Ва он, ҳамон оятҳоест, ки амр ба мутобиат намудан аз суннати Расули Акрам (с) мекунад. Мисли:

ومَا آتَاكُم الرسولُ فَخُذُوهُ ومَا نَهاكُم عَنهُ فَانتَهُوا واتَّقُوا اللهَ (أَي فِي إطاعةِ مَن سِوَاهُ) إِنَّ اللهَ شَدِيدُ العِقابِ

«Ҳар он чӣ Паёмбар ба шумо биёрад, бигиред! Ва ҳар чӣ наҳй кунад во гузоред! Ва (дар нофармонӣ кардани Паёмбар) аз Худо битарсед, ки Худо сахт азобкунанда аст (осиёнро)» [10].

مَن يُطِعِ الرَسولَ فَقَد أَطَاعَ اللهَ وَمَن تَوَلَّى فَمَا أَرسَلنَاكَ عَلَيهِم حَفِيظًا

«Ҳар кӣ Расулро итоат кунад, Худоро итоат кардааст. Ва ҳар кӣ мухолафат кунад, (кайфари мухолафаташ бо Худост) ва мо туро ба нигаҳбонӣ (ва муҳосибаи аъмоли онҳо) нафиристодаем. (балки барои таблиғ ва даъват фиристодаем)» [11].

Дар Қуръони карим назири ин ду оят роҷеъ ба ин мавзӯъ оятҳои зиёде ҳастанд. Аммо далоили ин масъала аз суннати Расули Акрам (с) ҳадисҳои фаровонест, ки порае аз онҳоро соҳиби Мишкот-ул-масобиҳ Шайх Валиюддин Хатиби Табрезӣ (р) дар китоби худ зикр намудааст.


[1] Сабӯк шумурдан ва хор доштан ва ҳақир донистан.

[2] كان يُحبُّ القرع

[3] Суфра ё фарши чармӣ, ки маҳкумшудаи ба қатлро рӯи он гардан мезаданд.

[4] ولو رد حديثا، فقال بعض مشائخنا يكفر (أي مطلقا سواء كان الحديث متواترا أو غير متواتر) ومن المتأخرين من قال: هذا إذا كان متواترا. انتهى. (خلاصة الفتاوى، كتاب الفاظ الكفر، 4\386

[5] Фатовои Азизӣ, саҳ 15.

[6] Ҳадиси мутавотир ҳадисест, ки онро дар ҳар табақае аз табақоти санадаш ровиёни зиёде ривоят карда бошанд (ҳадди ақал дар ҳар табақа адади ровиён 10 нафар бошад), ки ақл иттифоқи ин ҳама ровиёнро дар сохтан ва бофтани он ҳадис муҳол ҳукм мекунад.

Ҳадиси мутавотир ба ду қисм ҷудо мешавад. 1 — Мутавотири лафзӣ, ки лафз ва маънои он мутавотир бошад. Мисли ҳадиси من كذب عليَّ متعمداً فليتبوأ مقعده من النار، ки ҳафтоду чанд нафар аз саҳобӣ онро бо ҳамин лафз ривоят кардаанд. 2 — Мутавотири маънавӣ, ки маънои он мутавотир бошад, на лафзи он. Мисли аҳодиси рафъи ядайн (бардоштани дастон) дар ҳолати дуо. Тақрибан 100 ҳадис аз Расули Акрам (с) дар ин боб ривоят шудааст (албатта бо ривояти саҳобиҳои мутааддид ва зиёде). Локин дар қазияҳои мухталиф, масалан дар дуои истисқо (талаби борон) ва дуои қунут ва дуои баъд аз намоз ва ғайра. Аммо ҳар кадом аз он қазияҳо ба танҳоӣ ба дараҷаи тавотур нарасидааст. Вале қадри муштарак дар ин ривоятҳо ҳамин аст, ки он ҳазрат (с) дар ҳолати дуо дастҳоро баланд мекардаанд. Ин маъно ба эътибори маҷмӯи ривоятҳо ба дараҷаи тавотур расидааст.

Аз таҳқиқ ва мутолиаи рисолаи Алӣ Қорӣ маълум мешавад, ки маҷмӯъи саҳобиҳое, ки ишораи саббобаро аз Расули акрам (с) нақл кардаанд, ёздаҳ нафаранд. Нуҳ нафари эшон сароҳатан бо ному насаби худ зикр шудаанд, ки онҳо Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Воил ибни Ҳуҷр, Абуҳурайра, Абуҳумайди Соъидӣ, Хаббоби Ғифорӣ, Муъоз ибни Ҷабал, Абдурраҳмон ибни Абзо, Уқба ибни Омир (разияллоҳу таъоло анҳум) ҳастанд. Вале аз ду нафар саҳобии дигар ному насабе зикр нашудааст. Балки фарзандони эшон, ки аз ҷумлаи тобиъин ҳастанд, аз забони онҳо ривояти ҳадис кардаанд. Яке аз онҳо бобои Осим ибни Кулайб ва дигари падари Молик ибни Нумайри Хузоъӣ ҳастанд. Ногуфта намонад, ки маълум набудани ному насаб ва тарҷумаи ҳоли саҳобӣ дар сиҳати ҳадис айбу таъне ворид намекунад. Зеро аз назари аҳли Суннат ҳама саҳобагони паёмбари акрам (с) ровиёни одил ва содиқ ҳастанд.

Дар ҳар ду сурат ҳадиси мутавотир илми зарурӣ ва яқиниро ифода мекунад ва инсон бидуни тардид мукаллаф (маҷбур) ба қабули он мебошад ва инкори он куфр аст. Чунончӣ дар усули фиқҳ мазкур аст.

Дар истилоҳи муҳаддисин – Ҳадиси машҳур ҳадисест, ки ҳадди ақал ровиёнаш дар ҳар табақа аз се нафар кам набуда, вале ҳадди аксари он камтар аз адади ровиёни ҳидиси мутавотир аст. Аммо донишмандони илми фиқҳ ҳадиси машҳур ҳадисеро гӯянд, ки дар табақаи аввал (яъне саҳобиҳо) ҳадди ақали ровиёни он се нафар буда, вале дар табақаи сонӣ (дуввум) ва солис (сеюм) чунон машҳур гаштааст, ки ба ҳадди ҳадиси мутавотир расидааст ва ҷумҳури уммат онро ба сару чашм пазируфтаанд.

حكمه: وهو يوجب علم الطمأنية ويكون إنكاره بدعة. ولا خلاف بين العلماء في لزوم العمل بالمتواتر والمشهور.

Ҳадиси машҳур аз назари ҳукм маълумоти оромбахше ба кас ифода мекунад ва инкори он бидъат буда бо иттифоқи уламо амал кардан ба ҳукми ҳадиси мутавотир ва машҳур воҷиб аст.

Хулоса, аҳодиси ишораи саббоба хоҳ мутавотир бошад, хоҳ машҳур, бар мо лозим аст, ки ба муқтазои он амал кунем. (Ниг. Мусталаҳ-ул-ҳадис с.-19 ва Тасҳили усули шошӣ с.-146).

[7] (Сураи Бақара, ояти 85).

[8] Пораи аз ҳадисест, ки Тирмизӣ аз Анас ибни Молик (р) дар китоби Ҷомиъи Тирмизӣ ривоят кардаанд. Вале дар нусхаҳои Ҷомеъи Тирмизӣ каме тафовут аст. Масалан дар нусхае, ки соли 1315 ҳиҷрӣ дар Деҳлӣ чоп шудааст, чунин омадааст:

من أحيى سنتي فقد أحيانى ومن أحيانى كان معي في الجنة

Баъдан шореҳ дар зери ҳадис ишора кардааст: Дар нусхае: من أحيى سنتي فقد أحبني ومن أحبّني كان معي في الجنة Ин ҳамон ривоятест, ки Алиқорӣ (р) дар рисолаи худ интихоб кардааст. Аммо дар фатовои Азизии Шоҳ Абдулазиз муҳаддиси Деҳлавӣ ҳамин ҳадисро бо ривояти Тирмизӣ чунин навиштаанд:

من أحب سنتي فقد أحبني ومن أحبني كان معي في الجنة

[9] Шояд барои ин суннати санийя, чун зинат ва зеваре шавад, ки ҳусн бар ҳусни он зам намояд ва таваҷҷӯҳи муслиминро бар он мунсариф бигардонад.

[10] Ҳашр, ояи 7.

[11] Сураи Нисо, ояи 80.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *