Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Умед ва дуоъи паёмбари Худо(с) барои мусалмон шудани Умар (р)

Бинобар ин, чун ҳазрати Умар (р) инчунин шахсе буд, набояд таъҷуб кард, ки чаро Расулу-л-лоҳ (с) умед дошт ӯ мусалмон шавад, зеро касе, ки дар замони ҷоҳилияташ инсони комил ва тарафдори ҳақ бошад фосилае намонда, то ба дини ҳақ бирасад ва чун Умар (р) ончунон шахсияте дошт, ҷои таъаҷҷуб намемонад, ки чаро Расулу-л-лоҳ (с) орзу мефармуд, ки ӯ мусалмон шавад, зеро исломи чунин шахсе дар пешрафти дини ислом ва дар тақвияти мусалмонон таъсири босазо дорад ва чунон, ки баъдан мехонем, хоҳем фаҳмид, ки амалан чи таъсири мусбате гузошт.

Пас шоиста буд, ки Расулу-л-лоҳ (с) барои тавфиқ ва исломи ҳазрати Умар (р) ба даргоҳи муқаддаси бузургвори ҷалла ва ало дуо кунад ва бифармояд: «Худоё дини исломро бо мусалмон шудани ҳар кадом аз ин ду марде, ки назди ту маҳбубтар бошад, Умар ибни Хаттоб(р) ё Амр ибни Ҳишом, тақвият бифармо».

Дуои Расулу-л-лоҳ (с) дар бораи Умар ибни Хаттоб(р) мавриди истиҷобати Парвардигори олам қарор гирифт ва чунон, ки акнун бо зикри муқаддимае баён мешавад, ба дини ислом мушарраф гардид, афроди хонаводаҳои ашроф ҳамеша ва махсусан дар замони гузашта хеле пойбанди суннатҳои меросии худ буда ва ҳастанд. Хусусан нисбат ба ақоид ва дини меросии худ, ҳар дине, ки дошта бошанд хеле мутаассибанд ва натанҳо ҳозир намешаванд, мароми мухолиф бо ақида ва мароми мағруронаи худро, ки бо он бузург шудаанд ба осонӣ бипазиранд, балки ҳатто ба худ иҷоза намедиҳанд, ки ба он гӯш диҳанд, то бишунаванд чи мегӯяд ва чи мехоҳад. То он ҷо, ки қудрат доранд мекӯшанд, то мароми мухолифашон ҷон нагирад. Чунон ки Қуръон тибқи ояти 26 сураи Фуссилат қавли чунин касонеро ҳикоят карда мефармояд:

Сухани Худо:

Кофирон ба якдигар гуфтанд гӯш надиҳед ба ин Қуръон, то нашунавед чи мегӯяд.

(Сураи Фуссилат ояи, 26.)

Душмании Умар бо ислом ва мусалмонон

Ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р) чунон ки гуфтем аз хонаводаи ашрофи замони худ буд ва ба ҳукми ҳамин қоидаи куллӣ, ки баён шуд ба дини меросии худ шадидан дил баста буд. Аз ҳамон замоне, ки дини ислом ошкор гардид ва ошкоро таблиғ шуд, бар зидди он қиём кард ва аслан ҳозир нашуд ба моҳияти он таваҷҷӯҳ кунад ё ба таблиғ ва даъватҳояш гӯш фаро диҳад, то аз ҳақиқати он огоҳ шавад.

Бадеҳӣ аст, ки инсон вақте метавонад ақида ва маромеро писанд намояд ва бипазирад, ки ба ҳақиқаташ пай бибарад ва бидонад чи мегӯяд, чи мехоҳад ва чи нафъе дорад. Ҳамин ки ба хубии он пай бурд ва фаҳмид, ки ҳақ аст, онгоҳ агар пардаи таассуб ва лаҷоҷат пеши чашми басираташро нигарад ва қасдан қуфли бадтинатӣ бар даричаи қалби худ назанад, ҳатман, на танҳо онро қабул мекунад, балки аз тарафдорони ҷиддии он хоҳад шуд. Қиссаи ҳазрати Умар(р) бо дини ислом чунин буд, яъне модоме, ки аз тарафи таассуб нисбат ба дини меросии худ, ҳозир набуд камтарин таваҷҷӯҳе ба дини ислом намояд ё ба даъват ва таблиғи мусалмонон гӯш диҳад, душмани ислом ва мусалмонон буд ва ҳамин ки дар хонаи хоҳараш Фотима бинти Хаттоб варақе аз Қуръон ба даст гирифт ва ба диққат хонд ва фаҳмид, ки ҳақ аст бедиранг писандид ва фавран исломро пазируфт.

Достони таърихии мусалмон шудани Умар ибни Хаттоб(р)

Инак достони таърихии исломашро аз таърихи ибни Ҳишом мешунавем, ки мегӯяд:

-Рӯзе ҳазрати Умар (р) шамшерашро ба дӯш мегирад, аз хона хориҷ мешавад ва ба роҳ меафтад, то Расулу-л-лоҳ (с)-ро ҳар ҷо биёбад ба қатл бирасонад. Дар байни роҳ бо яке аз ақвомаш ба номи Нуайм ибни Абдуллоҳ рӯ ба рӯ мешавад. Гӯё Нуайм ӯро ошуфта ва ғайри оддӣ мебинад, аз ин сабаб мепурсад: Ба куҷо меравӣ? Мегӯяд:

— Меравам, то ин касро, ки аз дини Қурайш баргашта ба Худоҳояшон носазо мегӯяд ва дини ҷадиде бино карда аст пайдо кунам ва ба қатл бирасонам. Нуайм мегӯяд:

— Ба Худо қасам, ки худро фиреб медиҳӣ ва фиреби фикри хоми худро мехӯрӣ, агар даст ба ин кори хатарнок ба бизанӣ фарзандони Абдуманоф (яъне бани Ҳошим) туро ҳам бар рӯи замин намегузоранд? Гузашта аз ин оё беҳтар нест, ки фикри хешу қавмат бошӣ, ки пайрави ҳамин кас шудаанд, ки мегӯӣ?

Умар (р) тааҷҷуб карда, мепурсад:

— Кадом хешу қавм? Нуайм мегӯяд:

— Хоҳарат Фотима ва шавҳараш Саъид ибни Зайд (писари амакат) ҳар ду мусалмон ва пайрави Муҳаммад (с) шудаанд.

Ин хабар барои Умар (р) ғайри мунтазира буд. Ӯ ҳаргиз бовар намекард, ки касе аз хешони наздикаш монанди Фотима бинти Хаттоб бо писари амуяш Саъид шавҳари Фотима мусалмон шаванд, акнун ба гӯши худ аз касе мешунавад, ки гумон намекунад, ки дурӯғ бигӯяд. Дар чунин вазъияте оё беҳтар нест аз қатли Муҳаммад (с) даст бардорад ва ба хонаи хоҳараш бишитобад, то қабл аз ҳар коре ба ҳисоби хоҳар ва писари амуяш бирасад?

Умар (р) бедаранг роҳи худро тағйир медиҳад ва ба тарафи хонаи хоҳараш мешитобад. Ҳамин ки ба он ҷо мерасад, садои хондани чизе ба гӯшаш мерасад, вале қабл аз ин ки ба онҳо наздик шавад, хоҳараш эҳсос мекунад касе меояд, аз ин хотир Ҳаббоб ибни Аратро, ки барои онҳо Қуръон мехонд бо варақаи Қуръони дар дасташ буда, дар ҷое аз хона пинҳон мекунад.

Умар (р) наздик мешавад ва аз хоҳараш мепурсад, ки ин чи буд ки шунидам хонда мешуд? Хоҳараш мегӯяд:

-Чизе хонда нашуда, ки бишунавӣ, вале Умар (р) ба гӯши худ шунида буд, магар мешавад тардид кунад? Албата не. Аз шунидани ин ҷавоб Умар (р)фаҳмид, ки он чи Нуайм гуфта буд саҳеҳ буда ва ҳар ду мусалмон шудаанд, вале аз ӯ мепӯшанд, аз ин рӯ мегӯяд:

-Бале, худам шунидам, ки мехондед, ба Худо қасам, хабар ёфтаам ва акнун худам фаҳмидам, ки шумо тобеи Муҳаммад (с) шудаед ва динашро пазируфтаед. Онгоҳ бедаранг ба домодаш Саъид ҳамла мекунад. Фотима ба тарафдории шавҳараш бармехезад ва ба дифоъ мепардозад. Умар (р) хашмгин мегардад ва зарбати сахте бар рухсори хоҳараш мезанад, ки хунолуд мешавад.

Дар ин ҳангоми ҳасос, ки Фотима мебинад бародараш ҳамият ва таассуби динии ботили худро дорад бо худ мегӯяд, оё равост, ки ӯ таассуби динии ботили худро дошта бошад ва мо таассуби динии ҳақ надошта ва онро пинҳон кунем, то кай? Пас ӯ ва Саъид якзабон шуда мегӯянд:

-Бале мо мусалмон шудаем. Ба Худо ва расулаш имон овардаем. Ҳар чи метавонӣ фурӯ магзор, худро таслими амри худои воҳиди худ кардаем.

Умар (р), ки чашмаш ба рухсори хоҳараш меафтад ва мебинад хунолуд шуда аст аз кори худ пушаймон мешавад. Зеро ба ҳар ҷиҳат ӯ хоҳараш мебошад, ки акнун ба ҷои он ки ӯро навозиш кунад, маҷруҳаш карда аст, отифа ва виҷдонаш ӯро сарзаниш мекунад. Ин ҷо аст, ки аз кардаи худ пушаймон мешавад. Пас дар ҳамон ҷое, ки истода аст ва ин афкор аз хотираш мегузаранд бар замин менишинад ва бо худ мегӯяд: — Ин ҳамон Фотима хоҳари ман аст, ки чанде қабл монанди ман дилбохтаи дини Қурайш ва чун табъан занон беш аз мардон дил ба дини худ мебанданд, ӯ ба дини худ дилбохтатар аз ман буд. Пас чи шуда ва чи сирре дар байн аст, ки онро тарк намуда, ба дини ҷадид (нав) рӯй оварда ва то он ҷо пойдор аст, ки ҳар гуна осеберо таҳаммул мекунад ва ҳозир нест даст аз он бикашад. Яқинан сирре дар ин кор ҳаст. Бе шак ҳақиқате дар миён аст, ки ман намедонам, оё беҳтар нест, ки онро бидонам? Ин афкор ба таври табии дар ин соат дар қалби тоҳири Умар (р) хутур мекунад, аз ин рӯ бо мухолифат аз хоҳараш мехоҳад то он чиро ки мехонданд, ба ӯ диҳад, то бихонад ва бидонад он чиро Муҳаммад(с) оварда ва таълим медиҳад чист.

Хоҳараш мегӯяд:

-Метарсам ба мо пас надиҳӣ. Умар (р) қасам ёд мекунад, ки ҳамин ки онро бихонад пас бидиҳад. Фотима ба хубӣ дар меёбад, ки бародараш дигаргун шуда аст ва осори ҳидоят ва тавфиқ дар вуҷудаш таҷаллӣ карда аст. Умед аст дини ҳақро бипазирад, аз ин хотир он варақ аз Қуръони каримро, ки авалҳои сураи Тоҳоро дошт, ба ӯ медиҳад ва Умар (р) онро бо адаб аз дасти хоҳараш гирифта мехонад ва мегӯяд:

-Чӣ нек аст ин калом? Ва чӣ гиромӣ аст ин баён? Ҳаббоб ибни Арат ҳамон касе, ки қабл аз вуруди Умар (р), барои Фотима ва шавҳараш Қуръон мехонд, бо шунидани ин сухани умедбахш фавран аз махфигоҳи худ хориҷ мешавад. Ба назди Умар (р) мешитобад ва мегӯяд:

-Эй Умар! Ба Худо қасам, умед дорам, ки Худованд туро ба иҷобати дуои паёмбараш интихоб намуда бошад, чунки дирӯз шунидам, ки мефармуд:

-Худоё! Дини исломро бо мусалмон шудани ҳар кадом аз ин ду марде, ки назди ту маҳбубтар бошад, Умар ибни Хаттоб(р) ё Абулҳакам Амр ибни Ҳишом тақвият бифармо. Худоро… Худоро… .

Умар мегӯяд: Маро роҳнамоӣ кунед, то ба назди Расулу-л-лоҳ (с) биравам. Он ҳазрат дар ин ҳангом бо иддае аз асҳобаш дар хонаи Ибни Арқам наздики кӯҳи Сафо, ки маҳалли иҷтимооти мусалмонони аввалин буд, басар мебурд.

Умар ба роҳнамоии онҳо ба он ҷо мешитобад ва дар мезанад. Ба Расулу-л-лоҳ (с) иттилоъ медиҳанд, ки Умар (р) шамшерашро ба душ овехта, пушти дар истода, мехоҳад дарояд. Ҳамза (р) амаки Расулу-л-лоҳ (с) ин шамзерзани машҳури бани Ҳошим арз мекунад:

-Ё Расулу-л-лоҳ (с)! Иҷоза бифармоед биёяд. Агар қасди хубӣ дорад ба ёриаш мешитобем ва ҳар гоҳ иродаи бадӣ дар дил дошт, ӯро бо шамшери худаш хоҳам кушт. Ҳазрати расул(с) иҷоза мефармояд, то биёяд.

Ҳамин ки Умар (р) ба хона ворид мегардад фавран ба назди ҳазрати Расул (с) мешитобад ва арз мекунад:

-Гувоҳи медиҳам, ки ту расули Худоӣ, омадаам ба наздат, то ба Худо ва ба он чӣ аз назди Худо ба ту расидааст имон биёварам.

Расулу-л-лоҳ (с) ва мусалмонон, ки дар хона буданд аз хурсандӣ ва хушҳолӣ ба ҳадде бо садои баланд такбир мегӯянд, (яъне Аллоҳу акбар мегӯянд), ки садояшон ба гӯши он даста аз мардуми Макка, ки наздики хона буданд мерасад.

Чунон ки мебинем ҳазрати Умар (р) то даме, ки намедонист Қуръон чист ва чи мегӯяд, ба ҳадде нисбат ба дини меросии худ таассуб дошт, ки ҳатто бовар намекард, ки эҳтимол дорад ҳақ бошад, вале ҳамин ки варақаи Қуръонро аз дасти хоҳараш гирифт ва хонд ва ба ҳақиқат ва ҳаққонияти он пай бурд, маҷзуби он гашт ва фавран аз дини меросии худ, ки пай бурд ботил аст, безор гашт ва аз он даст кашид ва дини исломро писандид ва пазируфт. Пас аз он бо ҳамон гармӣ ва таассубе, ки нисбат ба дини ботили худ дошт, дар эълони эмонаш ва дар иттилоъ ва тақвияти дини ҳақ кушид ва на танҳо раво надид, ки дини ҳаққи худро аз душман бипӯшад, балки нагузошт Расулу-л-лоҳ (с) ва мусалмонон воҷиботи дини худро монанди гузашта ба таври пинҳонӣ ва дар хонаи дарбаста анҷом диҳанд ва чунон ки акнун шарҳ медиҳем, онҳоро барои анҷоми ибодат аз хона хориҷ ва ба масҷидул Ҳарам яъне Макка ворид намуд, то сафҳаи ҷадид ва умедбахше дар таърихи ислом барои ҳамеша ва то абад боз намояд.

Умар (р) мусалмон шудани худро ошкор месозад.

Ҳазрати Умар (р) дар соли панҷум ё шашуми зуҳури ислом (тибқи шарҳи фавқ) ба дини ислом мушараф гардид. Чун иддаи мӯъминон дар он ҳангом аз чиҳил нафар мард ва ёздаҳ нафар зан ҷамъан панҷоҳу як нафар беш набуд, ҷуръат надоштанд дар Масҷидулҳаром ошкор ибодат кунанд, вале Умар (р) касе набуд, ки дини худро аз касе бипӯшад ё аз касе битарсад ва ибодати худро пинҳонӣ анҷом диҳад. Аз ин рӯ ҳамин ки мусалмон гардид, арз кард:

-Ё Расулу-л-лоҳ (с)! Чаро дини худро пинҳон мекунем ва ҳол он ки мо барҳақем? Расулу-л-лоҳ (с) мефармояд:

-Шумораи мо кам аст эй Умар (р) (яъне чун иддаи мусалмонон андак аст ва наметавонанд аз худ дифоъ намоянд, салоҳ дар ин аст, ки воҷиботи дини худро махфиёна анҷом диҳем).

Умар (р) арз мекунад:

-Ё Расулу-л-лоҳ (с)! Қасам ба он касе, ки туро ба ҳақ фиристод, ҳар маҷлисе, ки қаблан дар айёми куфрам дар он ҷо нишастаам, ҳатман ба он ҷо равам, то бо имон бинишинам ва имонамро барои мардум ошкор созам- сипас аз ҷой бархоста ба Масҷидулҳаром дохил мешавад ва исломашро ошкор медорад ва пас аз он Каъбаро тавоф намуда, назди ҳар як аз гурӯҳҳо ва ҷамооте, ки дар Масҷидулҳаром гирди ҳам нишаста буданд менишинад ва дини худро барои онҳо эълон менамояд ва он гоҳ назди Расулу-л-лоҳ (с) боз мегардад ва арз мекунад:

-Падар ва модарам фидоят, ё Расулу-л-лоҳ (с)! Акнун чӣ чизе туро боз медорад, ки ибодатро ошкоро анҷом бидиҳӣ, ба Худо қасам ҳар маҷлисе, ки қаблан дар ҳоли куфр дар он нишаста будам, ба он ҷо рафта исломи худро барои аҳли маҷлис изҳор ва ошкор сохтам, бидуни он, ки аз касе бимнок бошам.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *