Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ҳимоят ва муҳаббати Оиша (р) ба ҳиҷоб

Урва аз Оиша(р) ривоят кардааст, ки гуфт:

  • Муҳоҷирон касоне буданд, ки ба хотири ризои Худо ватани худ Маккаро тарк карда, ҳамроҳи расули Худо ба Мадина ҳиҷрат намуданд.
  • Ансор-аҳли Мадинаро мегуянд, ки муҳоҷиронро ҷой дода Расули Худоро дар пешбурди даъваташ ёрӣ доданд.
  • Худованд занони муҳоҷирони30 аввалинро мавриди лутфу марҳамати худаш қарор бидиҳад, ки чун Худо ин оятро нозил кард,

«Ва бояд миқнаъҳои худро то гиребон фурӯ гузоранд, то гардану синнаҳояшон натобанд».

(Сураи Нур, ояи-31)

онҳо чодарҳои худро пора карда, бо он сару гардани худро пӯшониданд.

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Абудовуд ва Табаронӣ ривоят кардаанд).

Сафия бинти Шайба гуфтааст:

  • Мо дар ҳузури Оиша нишаста будем. Пас, занон бузургиҳо ва хубиҳои занони Қурайшро ёдовар шуданд. Оиша гуфт:
  • Занони Қурайш фазилати бузургию хубиро доро ҳастанд, аммо ба Аллоҳ қасам, ки ман аз занони Ансор31 дида бузургтару беҳтарро надидаам. Боварии онон ва имонашон аз дигар занҳо қавитару комилтар аст. Вақте Худованд ин ояти сураи Нурро фиристод, ки «Валязрибна бихумуриҳинна ало ҷуюбиҳинна» мардҳои Ансорӣ ба назди хонадони худ рафта, ин оятро барояшон хонданд. Одати онҳо ин буд, ки чун оятеро мефаҳмиданд онро барои занонашон ва духтарону хоҳарону хешу табор мехонданд. Пас, ояти ҳиҷобро ба занҳои худ расонданд, тамоми занҳои онҳо ҳамчун нишонаи тасдиқу имонашон чодарҳои худро ба сару гарданҳои худ печонда сатр карданд. Вақти намози бомдод аз паси Расули Худо(с) бо ҳайате намоз хондаанд, ки сару гарданашон печонида сатр карда шуда буд. Сарҳои онҳо бо руймолҳои сиёҳ пӯшонида шуда буд ва хаёл мекардӣ, ки бар сарашон зоғ нишастааст.

(Инро ибни Абиҳотим ва Абудовуд ривоят кардааст).

Ҳафса духтари Абдурраҳмон ибни Абубакр, ки духтари бародари Оиша(р) буд, рӯзе ба назди аммааш Оиша(р) омад, дар ҳоле, ки дар сараш рӯймоли тунук дошт. Оиша(р) он рӯймоли тунуки духтари бародарашро пора-пора карда, ба ҷойи он ба вай як рӯймоли ғафсу бузургеро дод.

(Инро Имом Молик ривоят кардааст)

АЗ ИН ҲАДИСҲО ЧАНД НУКТАРО МЕФАҲМЕМ

  1. Дуъои неки Оиша (р) дар ҳаққи занони муҳоҷир, ки ҳиҷоби исломиро хуб риоят мекардаанд.
  2. Таърифу тавсиф ва мадҳу ситоиши Оиша(р) занони Ансорро, ки дарҳол ба ояти ҳиҷоб амал кардаанд.
  3. Оиша ҳиҷобро дӯст медошт, зеро дар ҳаққи занони ҳиҷобпӯш дуъои хуб карду ононро ситоиш ва зикри нек кард, ки ин аз нишонаҳои муҳаббат аст.
  4. Оиша (р) зани бо ғайрате буд, ки кори ғайри шаръиро ба зӯри бозу ҳам боз медошт ва манъ менамуд. Эй кош модарону хоҳарону занону холаву аммаҳои замони мо мисли Оиша (р) шаванд, ки аз баракати

32 Ишроқ -ё зуҳо намозест, ки ҳангоми чошт яъне саҳар баъди баланд шудани офтоб хонда мешавад. Оишаро пурсиданд: “Расулуллоҳ намози зуҳоро чанд ракъат мегузорид”. Гуфт:

— Чаҳор ракъат ва боз чанде мехост зиёд мекард.

ғайрати имони онҳо беҳиҷобию бесатрӣ аз миён биравад.

МУҲАББАТИ БЕАНДОЗАИ ОИША (Р) БА НАМОЗ

Оиша (р) намози ишроқро32 ҳашт ракъат мегузорид ва мегуфт:

— Агар падару модарам зинда карда шаванд ман ин намозро тарк нахоҳам кард. (Яъне агар фаразан ба Оиша пешниҳод мешуд, ки ин намозро тарк бикун, падару модарат зинда карда мешаванд, вай аз шиддати муҳаббаташ ба намоз омода набуд, ки ба ин хотир намозро тарк бикунад).

(Ин ривояти имом Молик ва Муслим буд). (Ривояти Муслим).

ВАСФИ ИМОМ АБУҲАНИФА АЗ ОИША (Р)

Имом Абуҳанифа (р) дар фасли охирини васияташ ба шогирдон мефармояд: «Оиша (р), пас аз Хадиҷа(р) бузургтарин зани дунёст». Оиша модари тамоми мӯъминон ва поку ниҳоят дур аз зиност.

ТАНОВУЛИ ОН ҲАЗРАТ (С) БО ОИША (Р)

Оиша гуфтааст:

— Ман аз зарфе об менӯшидам, ҳол он ки дар ҳолати ҳайз будам ва баъдан он зарфро ба Расулуллоҳ(с) медодам. Он кас даҳонашро дар ҳамон ҷое гузошта менӯшид, ки ман даҳонамро гузошта нушида будам. Гӯштро мегазидам дар ҳоле, ки дар ҳолати ҳайз будам ва баъдан онро ба расули Худо медодам ва он кас аз ҳамон ҷойи даҳонзада ва газидаи ман мехӯрданд.

(Ин ҳадис бо ривояти Муслим аст)

ҚИРОАТИ РАСУЛИ АКРАМ (С) ДАР ОҒӮШИ ОИША (Р)

Оиша гуфтааст:

Расули Худо(с) дар оғуши ман такя зада, Қуръон мехонданд ҳол он, ки ман дар ҳолати ҳайз будам.

(Ин ҳадисро Бухориву Муслим Ривоят кардаанд)

Худоё аз Оиша ва падари вай ва модару бародарону хоҳарону, холаҳову, аммаҳои вай ва ҳамаи дӯстдорони вай хушнуду розӣ бишав! Худоё моро дӯст бидор ва гуноҳони моро биёмурз ва падару модарони мо ва ҳамаи уммати Муҳаммадро дар зери раҳмату мағфиратат қарор бидеҳ! Парвардигоро, дар дунёву охират беҳтарин некиҳоро насиби мо бикун ва моро аз азобат, ки тоқати онро надорем, ба масофаи миёни машриқу мағриб дур бисоз! Дуруду саломҳои бепоён бар Расулу хонадону тамоми ёронаш бод!

Тарҷумаи китоб дар шаби 27-уми моҳи мубораки Рамазони соли 1426 ҳиҷрии қамарӣ анҷом пазируфт. Дар дуъоятон моро фаромӯш накунед. Аз ҳар хатое, ки кардаем, аз хонандаи азиз маъзарат хоста умедворем бар хатои мо қалами ислоҳро ба кор баранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *