Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Маънои калимаи Ширк

Ширк


Ширк муқобили имон овардан ба улуҳияти Худованд мебошад, вақте ки, имон овардан ба улуҳияти Худованд ва парастидаи ягонагии ў аз бузургтарин воҷибот бошад, пас барои Худованд шарику ҳамто қарор додан бузургтарин гуноҳ ба шумор меравад, ки Худованд онро намеомурзад. Аллоҳ таъоло мегўяд:
«Ҳароина Худованд касеро, ки ба Ў ширк орад, намеомурзад ва ғайри ширк дигар гуноҳонро барои касе ки хоҳад мағфират менамояд.» (Нисо-48)
Инчунин дар ҷои дигар фармуда:
«Ҳамоно ширк гуноҳи бузург аст.» (Луқмон-13)
Вақте ки аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пурсиданд, кадом гуноҳ дар назди Худо бузургтар аст? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфт: «Бузургтарин гуноҳ ин аст, ки барои Худо шарик ва ҳамто қарор бидиҳӣ дар ҳоле ки Ў туро офаридааст.»
Ширк ҳама тоъатҳои инсонро фосиду вайрон намуда, сабабгори ин мешавад, ки соҳибаш дар оташи дўзах ҷовидона месўзад, Худованд мефармояд:
«Ва агар ба Худо шарику анбоз биёваранд ҳароина маҳв хоҳад шуд подоши савоби аъмолашон.» (Анъом-88)
«Ҳамоно касе ки ба Худо ширк меорад, яқинан Худованд биҳиштро бар ў ҳаром гардонда, ҷойгоҳи ў дўзах мебошад.» (Моида-72)

Ширк ду қисм аст;

Яке ширки акбар (бузург).

Дуввумӣ ширки асғар (хурд).


Шикри акбар ин аст, ки банда яке аз ибодатҳоро барои ғайри Худо анҷом диҳад бино бар ин ҳар қавлу амали писандидае ки барои Худо карда шавад, тавҳид ва имон номида мешавад ва агар он амали мазкурро барои ғайри Худо анҷом дода шавад, пас он қавлу амал ширку куфр ба ҳисоб меравад, монанди ин ки банда аз ғайри Аллоҳ таъоло ризқу рўзи, саломатӣ ва тандурусӣ бипурсад ва ё барои ғайри Худо саҷда кунад. Худованд дар ин маврид мефармояд:
«Ва гуфта аст Парвардигоратон, дуо кунед маро то қабул кунам дуоятонро.» (Ғофир-60)
«Ва бар Худо таваккал намоед, аар муъмини воқеъ ҳастед.» (Моида-23)
«Баъд аз ин барои Худо саҷда ва ибодат намоед.» (Наҷм-62)

Чун дуо кардан, таваккал намудан, саҷда кардан аз ибодатҳои фармудаи Худост, аз ин рў касе, ки ин амалҳоро фақат барои Худо анҷом диҳад, муъмини муваҳҳид (яктопараст) буда ва касе ки ибодатҳои мазкурро барои ғайри Худо иҷро намояд, мушрик ва кофир мебошад.
Ширки асғар: Ҳар қавлу амале ки сабаби расидан бар ширки акбар бошад, ширки асғар номида мешавад, монанди ихтиёр кардани масҷид дар қабристон. Ба ин тариқа, ки намозро дар қабристон гузорад ё дар дохили қабристон масҷиде бино кунад, тамоми ин корҳо дар Ислом ҳаром буда, кунандааш аз раҳмати Худо ронда шуда, мавриди лаънати Аллоҳ таъоло қарор мегирад, зеро ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфта аст: «Лаънати Худо бар яҳудон ва насрониён, қабри паёмбаронашонро масҷид қарор доданд.» (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Бино бар ин ихтиёр намудани қабрҳо барои саҷда кардану намоз хондан ҳаром буда, гуноҳи бузург мебошад, зеро ки амали мазкур мухолифи ақидаи саҳеҳи исломӣ буда авоқиби хатарнок дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *