Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

МАЗЛУМИЯТИ ДАРДНОКИ МӮЪМИНОН

Ибни Ҳишом, Аллома Ибни Касир ва Ибни Исҳоқ нақл ‎ мекунанд:

Ҳар‎ як аз қабоили Қурайш ҳангоме‎, ки афроде аз қабилаашон муслмон мешуданд онҳоро таҳти фишору мавриди ситам қарор медоданд, то аз дини Ислом даст бардоранд. Мусалмонҳорозиндонӣ карда, онҳоро бо шиканҷа, гуруснагию ташнагӣ дар гармои нимарӯзи Ҳиҷоз азоб ва шиканҷа медоданд.[1] Ибни Аббос (р) аёми шиканҷаю озори мусалмонҳоро чунин ба тасвир мекашад: Мушрикони Макка асҳоб ва ёрони Расулуллоҳ ‎(с)-ро ба ҳадде шиканҷа медоданд, онҳоро гуруснаю ташна медоштанд, ки бр сари он шиканҷаҳо қодир ба нишастану рост кардани пушташон набуданд.[2]

Ибни Исҳоқ ‎ мегӯяд:

Абуҷаҳли фосиқ ҷавонони Қурайшро алайҳи мусалмонон таҳрик мекард. Ҳар‎гоҳ мешунид, ки фарде тоза мусалмон шуда, агар он фард аз ашроф ва арбобиззат мебуд, ӯро таҳдид мекард, хораш медошт ва ба вай мегуфт: Ту дини обову аҷдоди худро тарк кардаӣ, дар ҳоле, ки онҳо аз ту беҳтар будаанд. Мо туро аҳмақ ва раъйятроо ғалат медонем ва иззататро нобуд хоҳем сохт. Агар фарди мусалмоншуда аз тоҷирон мебуд ба вай мегуфт: Мо тиҷорати туро аз байн хоҳем бурд ва молу манолатро талаф хоҳем кард.

Ва агар фарди мусалмоншуда шахси нотавону заъиф мебуд, ӯро шиканҷа медод ва авбошони дигарро низ алайҳи ‎ вай мешӯронид.[3]

БОЗТОБИ МУСАЛМОН ШУДАНИ ТАЛҲА ДАР МИЁНИ ХОНАВОДААШ ВА ҚАБИЛААШ

Дар аввалин рӯзҳои ‎ ҳаёти ‎ Ислом ҳар‎гоҳ ‎ ‎касе бо Расулуллоҳ ‎(с) дасти дӯстию муҳаббат ‎ ва қабул кардани исломро медод, билофосила аз сӯи хонавода, қабила ва атрофиёнаш зарар медид ва бештари авқот ‎бо шиканҷаҳои ҷисмии зиёде мувоҷеҳ мегашт. Талҳа‎ низ аз ин амр мустасно набуд. Вақте ‎ хонавода ва наздиконаш хабари мусалмон шуданашро шуниданд, ҳамагӣ барошуфта шуданд, хашму асабоният саросари вуҷудашонро фаро гирифт. Модараш, ки орзу дошт Талҳа‎ раис ва сардори қабила ‎ шавад, комилан маъюс, ғамгину ‎ нигарон шуда буд. Талҳа‎ дорои сифоти ҳасана‎, матонати бузурге буд. Ба ҳамин далел модараш интизор дошт ӯ раҳбари ‎ қавми ‎хеш гардад.[4]

Афроди қабила ‎ назди Талҳа‎ омаданд, аз ӯ хостанд то аз ин дини ҷадид даст бардорад, аммо Талҳа‎ ҳамонанди кӯҳи ‎ устувору мӯҳкам ‎ дар муқобилашон истод. Ҳеҷ ‎ ваъдаю ваъиде натавонист заррае дар иродаю азми оҳанини ‎ вай тазалзул пайдо кунад. Балки ҳар‎ рӯз мӯҳкам‎тар аз рӯзи қабл бар ақидаи ‎ худ пой мефишурд ва аз ҳеҷ ‎ чиз ибое надошт.

Афроди қабилааш вақте ‎ медиданд нармиш ва созиши онҳо ‎ Талҳа‎ро аз тасмимаш боз намедорад, ба азияту озор ва шиканҷаи вай рӯй оварданд.

Имом Ибни Саъд дар “Табақот” овардааст:

Пас аз мусалмон шудани Талҳа‎ рӯзе Навфал ибни Хувайлид, ки ба шери Қурайш машҳур‎ буд, Абубакр (р) ва Талҳа‎ (р)-ро ба василаи ресмоне ба ҳам ‎баста, онҳоро ба нодонон ва авбошони Макка таҳвил дод, ки ба шадидтарин шакл онҳоро азият диҳанд. Ба ҳам ‎ ‎ин ҷиҳатт Талҳа‎ ва Абубакрро “ал-қаринайн” , яъне ҳамроҳ ‎ ва ҷуфт мегуфтанд.

Гӯянд рӯзи дигар мардум дастҳояшро ‎ ба гарданаш баста буданд ва бо ҳам ‎ин ҳолат ‎ ӯро рӯи замин мекашиданд, ( ин ҳолат ‎ ба ҳадде фоҷиавор буд) ки модараш ба дунболаш медавид ва нолаю зора мекард ва дашном медод.[5]

Масъуд бини Харрош ((مسعود بن خراش )) низ ҳам ‎ ‎инро нақл ‎ мекунад:

Рӯзе машғул‎и саъй байни Сафо ва Марва будам, ки дидам афроди зиёде ҷавонеро дунбол мекунанд. Вақте ‎ нигоҳ ‎ ‎ кардам ҳар‎ ду дасташро бар гарданаш баста буданд, пушти сараш медавиданд ва ӯро аз пушт мезаданд ( ҳавола медоданд). Вақте ‎ меафтод бар сару сураташ лагад мезаданд. Пушти сари ҷавонпиразане ҳам ‎ ‎ медавид ва фаҳшу носазо мегуфт, доду фарёд мекард. Гуфтам: ин ҷавон чӣ кардааст? Гуфтанд : Ин Талҳа‎ бини Убайдуллоҳ аст. Аз динаш баргашта ва ба писари бани Ҳошим гаравидааст. Пурсидам : Ин пиразан кист? Гуфтанд: Саъба духтари Ҳазрамӣ , модари ҳам ‎ ‎ин ҷавон аст.[6]

Аммо он чи ки қобили тааммул аст, ин ки тамоми озоре, ки сарони Қурайш барои мунсариф кардани Талҳа‎ аз Ислом ба кор гиифтанд, ҳамагӣ бефоида буд. Чаро ки ӯ муҳкамтар аз қабл ва бо ишқу ‎шӯри бештаре нисбат ба Ислом ва Расулуллоҳ ‎(с) дар муқобили шиканҷаҳои сахти душманони Ислом истодагӣ мекард. Бо ин амалаш ба дигар ҷавонон ва навмусалмонон ҷони тозае мебахшид ва ба яке аз муҳимтарин ҳаводорони Ислом дар Макка табдил шуд.


[1] Масоиби саҳоба ба нақл аз Сираи Ибни Њишом ва Ибни Касир.

[2] Манбаи собиқ, саҳ. 56.

[3] Манбаи собиқ, саҳ.57.

[4] Суварун мин ҳаётис-саҳоба, саҳ.324.

[5] Табақоти Ибни Саъд, ҷилди 3, саҳ.215.

[6] Суварун мин ҳаётис-саҳоба, саҳ.325.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *