Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ислом аз нигоҳи олимон

Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон,

Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.

(Румӣ)

Мақоми ниҳоӣ барои ҳар шахси хирадманд Ислом аст.

(Л.Н.Толстой)

***

Ман боварӣ дорам, ки асли ҳақи­қат дар Қуръон аст ва он ода­ми­­­ятро муваффақ мегардо­­­­­­над.

(Наполе­­он)

***

Ислом ҳидоят мекунад, ки маф­туни офариниши Худо бошем. Ҳан­гоме, ки Ғарб дар олами пур аз тарсу ҷаҳолат зиндагӣ дошт, сито­раи Ислом аз Шарқ оламро фурӯ­зон намуда, озодию осудагиро фа­ро­­ҳам меовард.

Ислом бо гузашти замон бебақо намешавд. Агар ҳинду­ён ин динро меомӯхтан­ду эҳти­ром мекарданд, он­­ҳо низ Ислом­ро чун ман дӯст медош­танд. Ман китобҳоеро муто­ила кардаам, ки онҳо аз пайғомбар ва саҳобагонаш ҳикоят меку­нанд. Бинобар ин ба чунин хулоса ома­дам, ки равнақи Ислом бо истифода аз шамшер хато аст. Баръакс хоксо­риву фурӯтанӣ ва таҳамул­пазирии пайғамбар­ашон, садоқату ва­фо­­­до­ри­аш, муносибати меҳру­бонона ва лутфу мар­ҳаматаш дили одамонро маф­тун намуду онҳо Исломро қабул кар­данд.

(Маҳатма Гандӣ)

***

Ман фурсатро ғанимат шу­мур­да, нисбати пайғамбари Акрам Муҳам­мад (с) — яке аз шахсиятҳои бузурги олам, ки нерӯи тоза ва пурқудрати зин­да­гиро барои таърихи баша­рият ато намуд, эҳти­роми худро изҳор меку­нам. Ман содиқона ва аз са­мими дил дуо мекунам, шахсо­не, ки Исломро пази­руф­таанд, сазо­во­ри ин дини пуршараф бошанд, аз таъ­ли­­мо­ти файз­бахши пайғомбар­ашон пайра­вӣ кунанд ва барои бун­ёди тамаддуни нав дар таъри­хи муосири Ҳинд саҳмгу­зор бо­шанд

(Робендранат Тагор)

***

Боварӣ ба Худои ягона ҳамеша рӯҳро илҳом мебахшад ва он барои ваҳдати вуҷуди инсон мусоидат мекунад

Ягон кас нисбати таъсири бузур­ги ин Китоб (Қуръон) шаку шубҳа надорад. Маҳз ба ҳамин хотир, эъ­ти­роф бояд кард, ки он маҳсули дасти пайравони он нест, балки китоби илоҳӣ буда, то абад чун ман­баи қудрат ва тавоноӣ мемонад.

(Гёте)

***

Ман Қуръонро хондам, он як китоби возеҳ аст. Қуръон барои мардум роҳро ба сӯи Ҳақ ниҳоят равшан нишон дода, маънии амиқи мафҳум­ҳои «муҳаббат» ва «бародарӣ»-ро шарҳ медиҳад.

Ман бисёр чизҳои навро оиди Қурон омухтам ва фикр мекунам, ки дар Қуръон бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки омӯх­тани онҳо барои масеҳиён му­ҳим аст.

(Тони Блэр, собиқ сарвазири Ангиля)

Ман ҳамеша дини Муҳам­мад (с)-ро бо эҳтироми бисёр олӣ нига­ристаам. Чаро ки фаъолият ва шо­до­би шигифт­ангезе дар он вуҷуд дорад. Ба назари ман танҳо дине аст, ки бо ҳар давра созгор аст…. Ман башорат додам, ки дини Муҳаммад (с) фардо барои дунё қобил хоҳад буд ва имрӯз оғози қабули он аз тарафи Урупост…ман ин марди ши­гиф­томезро мавриди мутоила қарор додам ва ба ақидаи ман на танҳо ӯ зидди масеҳият нест, балки наҷотдиҳандаи ола­­­ми баша­рият аст. Тасаввур мекунам агар марде назири ӯ бипазирад, ки раҳбарии дунёи ҷадидро ба ӯҳда бигирад, хоҳад тавонист масоили онро тавре ҳал кунад, ки сулҳу сафоро дар ҷаҳон барқарор созад. Урупо кам-кам оғоз намуда, ки бо имони муҳам­мадӣ музайян гардад. Дар қар­ни баъд қадаме фаро­тар хоҳад гузошт ва фоидаи ин имонро дар ҳали масоил хоҳад донист ва шумо ба ин тартиб метаво­нед пешгӯии маро дарё­бед.

(Ҷорҷ Бернард Шоу)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *