Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Чорасозии Умар дар Мадина

Аввалин касе, ки худро пас аз воқеаи Ҷиср ба Мадина расонд, Абдуллоҳ ибни Зайд саҳобаи Расулу-л-лоҳ (с) буд. Ҳамин ки ӯ ба масҷид дохил шуд, Умар (р) пурсид чи хабаре дорӣ? Абдуллоҳ ҳодисаи Ҷисрро ба ӯ хабар дод. Умар (р) хеле аз ин воқеа қалбан мутаассир ва рӯҳан аламнок гардид, зеро шахсе монанди Абуубайд (р) ва чандин нафар аз ашхоси бузурги худро аз даст дода буд, вале бо вуҷуди он таъсир ва ҳузнашро пинҳон дошт ва худро матин ва ором ҷилва дода, ҷиддан ба фикри оянда шуд.

Умар (р) медонист, ки агар як бор мусалмонон дар Ироқ шикаст бихӯранд дигар касе ҳозир намешавад ба он ҷо биравад ва ба набард бипардозад. Дар ин сурат на танҳо умеде ба фатҳи бақияи Ироқ нест, балки он чиро ки фатҳ ва ба даст оварда аст аз даст хоҳад дод. Аз ин хотир лозим медонист, лашкари Мусанно зудтар ба ҳадде тақвият шавад, ки на танҳо эҳтимоли шикасти онҳо дар байн набошад, балки пешравӣ ва пирӯзии онҳо ҳатмӣ гардад.

Қаблан гуфтем, ки Абуубайда дар тӯли роҳаш аз Мадина ба Ироқ аз қабоили шӯришии таслимшуда кӯмак гирифт. Онҳо низ дар ҷангҳои Намориқ, Сақотия Қасулнотиф, Ҷиср ва Борсамо душодуши лашкараш ҷангиданд, аз ин рӯ Умар (р) нисбат ба тавба ва ихлос ва фидокории онҳо итминон пайдо кард ва онҳоро барои набард дар Ироқ даъват намуд. Онҳо низ мутақобилан даъвати Умарро иҷобат намуда, аз навоҳии мухталифи дур ва наздики нимҷазира гурӯҳ — гурӯҳ ба Мадина шитофтанд, то онҳоро омода намуда, ба майдони ҷанги Ироқ бифиристад.

Дар ин асно Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷлӣ раиси бузурги қабилаи Баҷлӣ назди Умар (р) омад пешниҳод мекунад, ки тоифаҳои силаҳшури Баҷиларо, ки дар атрофи нимҷазира дар байни қабоил пароканда буданд ба Мадина фаро хонад ва онҳоро таҳти фармонаш қарор диҳад ва ба Ироқ бифиристад.

Умар ба коргузорони худ дар ҳама ҷо фармон дод, то онҳоро фаро хонда дар як ҷо ҷамъ намоянд. Ҳамин ки ҷамъ шуданд Умар (р) фармондеҳии ононро ба Ҷарир супурд, то ба кӯмаки Мусанно бишитобанд.

Ҳамчунин аз аҳли Мадина онҳое, ки пас аз шикасти ҷанги Ҷиср фирор намуда ба Мадина боз гашта буданд, омодагии худро барои рафтани дубора ба Ироқ эълон намуданд ва сипас тамоми қабилаи бани Азд, бани Кинона ва чанде аз қабоили дигар довталаби ҳаракат ба Ироқ гардиданд.

Ҳазрати Умар (р) ин қабоилро, ки лашкари азиме аз ҷангҷӯёни бетарсро ташкил медоданд, омода ва ба сӯи Ироқ ҳаракат дод. Ин буд иқдом ва чорасозии Умар (р) дар Мадина барои имдод ва тақвияти қувваи Мусанно дар Ироқ.

Акнун мебинем, ки худи Мусанно дар Ироқ қувваи кофӣ дорад ва ҳазрати Умар (р) ҳам қувваи имдодии муҳиме муҳаё ва аз Мадина ба кӯмакаш фиристода, пас бо ин ҳол Мусанно қуввае дар даст дорад, ки мутмаинан на танҳо метавонад аз ӯҳдаи дафъи ҳамлаи Форс барояд, балки қудрат дорад бар онҳо битозад ва пеш равад, то ба орзуи ниҳоии худ бирасад.

Дар Мадоин чӣ мегузарад?

Оё бо он ки қувваи мусалмонон тақвият ёфта ва дар Марҷулсабох- қисмати ҷанубии Ироқ истиқрор ёфта аст, боз ҳам дар Мадоин ҳамон ихтилоф ва низоъ ҳамчунон идома дорад?

Оре, то ин вақт чунин буд, вале чун хабари қувваи имдодӣ барои тақвияти лашкари Мусанно ба Мадоин расид, форсҳо ваҳшатзада шуданд ва эҳсоси хатар карданд ва пай бурданд, ки ҳамин ихтилофи дохилии онҳо буда, ки ба мусалмонон фурсати хубе дода, то қувваи шикастхӯрдаи худро тармим ва тақвият кунанд ва дубора ба сӯи онҳо сарозер шаванд. Аз ин рӯ Рустам ва Фирӯзон ин ду сардори номӣ ихтилофоти худро канор зада, дасти сулҳ ва иттиҳод ба ҳам доданд ва лашкари бузурге ба роҳбарии Меҳрони Ҳамадонӣ- сардори номии Форс муҳайё ва дар ҳоле, ки се фили ҷангӣ дар пешопеши онҳо дар ҳаракат буд, ба сӯи Мусанно ба ҳаракат даромаданд.

Меҳрон орзу дошт дар набарде, ки дар пеш дорад, чунон пирӯзии бузурге ба даст оварад, ки пирӯзии Баҳман дар ҷанги Ҷиср дар муқобилаш ночиз ҷилва кунад ва аз хотираҳо гум шавад, вале ин орзу чунон, ки хоҳем дид амалӣ нагашт ва ба шикасти лашкар ва қатли худаш мубаддал гардид.

Мусанно дар Марҷу-л-сабох аз ҳаракати лашкари Форс иттилоъ меёфт ва лозим надонист, ки ба интизори вуруди қувваҳои имдодии Мадина дар ҷояш, ки барои ҷанг муносиб набуд биншинад, аз ин рӯ ба Ҷарир ибни Абдуллоҳи Буҷалӣ ва дигар сардорони бузург, ки дар роҳ буданд паём фиристода, мегӯяд:

-Мо бо коре рӯ ба рӯ шудем, ки натавонистем, то расидани шумо дар ҷои худ бимонем. Пас шитоб кунед, то ба мо бирасед, ваъдагоҳи мо Бувайб мебошад.

Сипас бо лашкараш ҳаракат кард ва дар Бувайб мустақар гардид.

Меҳрон низ бо лашкараш дар маҳалле ба номи Нахила ба тавре, ки байни ду тараф ҷуз наҳри Фурот фосила набошад, рӯ ба рӯи лашкари Мусанно қарор гирифт ва ба ин тартиб ҳар ду тараф барои ҷанг муҳаё ва омодаи кор шуданд.

Ҳарчанд қувваи лашкари Мусанно дар баробари қувваи бузурги Форс зоҳиран чизе набуд, ки мояи умедворӣ бошад ва ба илова форсҳо филҳои ҷангӣ ба майдон оварда буданд. Фил дар он замон монанди танкҳои имрӯза ба кор гирифта мешуд, яъне тирандозон аз утоқаке, ки бар пушти он баста мешуд осуда ба сӯи душман тирандозӣ мекарданд. Мусанно ба ҳар ҳол ба пирӯзиаш умедвор буд. Зеро амирон ва неруҳояш аз қабоили саҳронишин буданд, ки ба сахтиҳои зиндагӣ одат карда ва умре дар ҷанг ва пайкор басар бурда ва якдилу якақида буданд. Чунин мардуме ҳар гуна машаққатеро таҳаммул мекунанд ва дар саҳнаи ҷанг, пуркор ва побарҷо мебошанд.

Аммо форсҳо гарчи барои ҷанг гирди ҳам ҷамъ шуда буданд, вале бе шак ба ин зудӣ осори ихтилофи дохилии онҳо аз байн нарафта буд ва имкон надошт дилҳояшон бо ҳам улфат ёфта бошанд. Чунин мардуме дар муқобили сахтиҳои ҷанг пойдор нахоҳанд монд.

Ба ҳар ҳол Меҳрон ба Мусанно пайғом дод, ки шумо аз Наҳр убур мекунед ва ба тарафи мо меоед ё мо биёем? Мусанно мусибатеро, ки дар асари убур аз наҳр дар ҷанги Ҷиср ба мусалмонон расида буд, ба ёд дошт. Ҳазрати Умар (р) низ пас аз ҷанги Ҷиср ба ӯ супориш дода буд, ки то ба пирӯзи чашмгире нарасида, аз Наҳр ба он тараф наравад, аз ин хотир ҷавоб дод, то Меҳрон ба ин сӯи наҳр биёяд.

Меҳрон бо лашкари сангинаш аз Наҳр гузашт ва ба тарафи Мусанно омад. Лашкарашро сафорои намуд ва дар се саф канори ҳам биёрост. Дар пеши ҳар сафе як фил қарор дод.

Мусанно низ лашкарашро дар сафҳое ба тарзи маймана, майсара ва қалб ороиш дод ва дар ҳоле ки либоси ҷангӣ ба тан ва аслиҳа дошт бар аспаш ба номи Шамус, ки махсуси вақтҳои ҷангаш буд, савор шуд. Ӯ сафҳои мусалмононро боздид намуд ва ба онҳо ваъда ва навиди пирӯзӣ дод ва онҳоро барои ҷанг ва фидокорӣ ташвиқ ва эҳсосоташонро барангехт ва роҳнамоиҳои лозимро кард. Дар муқобили ҳар парчаме аз парчамҳои фармондеҳон каме истод ва гуфт:

-Мабодо шикаст нахуред. Зиштӣ ва зиёни шикаст барои мо ғайри қобили таҳаммул аст. Мардум аз суханони Мусанно ба ҳаяҷон омада ҷавоби мусбат доданд, сипас гуфт:

-Ман се бор такбир мегӯям. Шумо худро дар фосилаи ин се такбир барои ҳамла омода созед. Ҳамин ки такбири чаҳорумро гуфтам фавран бо ҳам ба душман ҳамла кунед.

Ҳамин ки Мусанно аввалин такбирашро гуфт, лашкари Меҳрон фурсати бештаре ба ӯ надод ва чунон ҳамлаи шадиде бар лашкараш кард, ки қисмате аз сафҳои муқаддамашон, ки аз бани Баҷил — ҷангҷӯёни машҳур буданд, дар ҳам рехт ва талафоте бар онҳо ворид шуд, вале бани Баҷил дубора худро ороста ва бо шуҷоат ва суботе, ки махсуси қабоили биёбоннишин аст бо ҳамкории бақияи лашкар бар сипоҳи Форс ҳамла карданд. Бо ин ҳамла аз нав сафҳои худро муназзам сохтанд. Пас аз он ҳар ду тараф ба ҳам тохта дар ҳам омехтанд ва ҷанги шадиде ба миён омад, ки сарнавишти ҳеҷ кадом аз онҳо маълум набуд.

Мусанно мебинад, ки ҳар ду тараф хеле сарсахт ва бо шиддати ҳар чи зиёдтар меҷанганд. Ҳар кадом мекӯшад, то ҷоизаи ифтихори пирӯзии ҷангро бирабояд. Бо ин авзоъ тӯл хоҳанд кашид, то маълум шавад кадом як пирӯз ва кадом як шикаст мехӯрад. Аз ин рӯ Мусанно дар андешаи коре шуд, ки пирӯзии мусалмонон фароҳам гардад ва ҷанг ба зудӣ хотима ёбад. Роҳе наёфт ҷуз ин ки бар Меҳрон- фармондеҳи лашкари Форс ҳамла кунад ва ӯро аз миён бардорад, чунки бо қатли ӯ шикасти лашкараш қатъӣ хоҳад шуд.

Аз ин рӯ барои ин кор ду нафар аз фармондеҳони варзидаро ба номи Анас ибни Ҳилоли Намирӣ ва Ибни Феҳри Тағлибӣ, ки ҳар ду араби масеҳӣ ва дар лашкари ислом бо душман меҷангиданд назди худ хост ва гуфт:

-Шумо гарчи пайрави дини ислом нестед, вале арабед ва ин ҷанг ҷанге аст байни араб ва ғайри араб. Ман мехоҳам шахсан бар Меҳрон ҳамла кунам. Ҳамин ки ҳамла кардам шумо ҳар ду бо ҳам ба кӯмакам шитофта ҳамкорӣ кунед, то ин шоаллоҳ ба натиҷа бирасем.

Сипас Мусанно дар як фурсати муносиб ба сӯи Меҳрон тохта, ӯро аз ҷояш ба ақиб ронд. Чун лашкари Форс аз моҷаро огоҳ шуд, қисмате аз онҳо ба посбонии фармондеҳи худ пардохтанд, фурсати фаолияти низомиро аз даст доданд ва ба ин тартиб гарчи Меҳрон аз ҳалокат наҷот ёфт, вале қисмати рости лашкараш, ки ба муҳофизаташ пардохтанд аз кор афтоданд.

Мусанно, ки вазъи онҳоро чунин дид дилгарм шуд ва ба лашкараш навид дод ва онҳоро далер намуд, то бар шиддати ҳамлаҳояшон биафзоянд. Дар ин ҳангом ҳар ду лашкар ба ҳадде сахт ба сӯи ҳам тохтанд, ки ғубори ғализе бар ҳаво бархост ба он гунае, ки маълум намешуд кадом яке аз тарафайн ғолиб ё мағлуб аст. Ҳамин ки каме аз ғализии ғубор коста шуд, маълум гардид, ки назми сипоҳи Форс дар асари шиддати ҳамлаи мусалмонон ба ҳам хурда ва ба тарафи пул фирор мекунанд, то худро ба он сӯи соҳил бирасонанд.

Чун Мусанно пешдастӣ кард ва монеи убурашон аз пул гардид, ночор ба тарафи соҳили наҳр шитофтанд, то ҳар тавр шуда, худро ба об андозанд ва аз шамшер наҷот ёбанд, вале мусалмонон фурсати ин корро ҳам аз дасташон гирифта онҳоро дар муҳосира гирифтанд ва ба ёди талафоти ҷанги Ҷиср онҳоро бебокона аз дами шамшер гузарониданд. Дар ҳамин гирудор як нафар ғуломи масеҳӣ бар Меҳрон даст ёфт ва ӯро ба қатл расонид ва бо садои баланд гуфт:

-Ман ғуломи Тағлибӣ ҳастам, ман Меҳронро куштам, бадин тартиб ҷанг бо пирӯзии мусалмонон хотима ёфт.

Мусалмонон дар ин ҷанг барои ба даст овардани пирӯзӣ ва шустани зиштии шикасти воқеаи Ҷиср ба ҳадде фидокорӣ карданд, ки гӯё аслан маргро намешиносанд. Масъуд ибни Ҳориса бародари Мусанно дар ин ҷанг кушта шуд, вале ҳаргиз андӯҳ ва сустӣ ба Мусанно роҳ наёфт, балки барои гирифтани қасос бар фаолияти хеш афзуд. Ҳамин ки Масъуд дар асари расидани зарбаи шаддиди шамшери душман ба замин афтод, ёронаш ғамгин шуданд ва ба давраш халқа заданд, вале Масъуд, ки андӯҳашонро эҳсос кард, дар ҳоле ки нафасҳои охиринро мекашид ба онҳо гуфт:

-Эй ҷамоати бани Бакр ибни Воил! Парчамҳоро баланд нигаҳ доред. Худо шуморо иззат диҳад, набояд маргам шуморо дучори андӯҳ кунад ва аз коратон боз дорад.

Анас ибни Ҳилоли масеҳӣ- амири Тағлиб то он ҷо фидокорӣ кард, ки кушта шуд. Вале афроди таҳти фармонаш мардона то хотимаи ҷанг чунон хуб меҷангиданд, ки гӯё амирашон зинда ва дар пушти сарашон истода, фармон медиҳад.

Дар ин набард иддае аз номварони мусалмонон маҷрӯҳ ва иддае ба шаҳодат расиданд. Пас аз ин ки маърака хотима ёфт, амирон бо афродашон тибқи фармони Мусанно аз наҳри Фурот гузаштанд ва бидуни ҳеҷ гуна бархурде, то маҳалле ба номи Собот пеш рафта ва он ҷоро тасарруф карданд ва аз неъматҳои ин навоҳӣ чунон ки Умар (р) дар масҷиди Набавӣ ба онҳо навид дода буд бархурдор гардиданд, пас аз ин фатҳи худ Мусанно ба шаҳри Ҳийра маркази ситоди мусалмонон бозгашт, то хасорот ва талафотеро, ки дар ин ҷанг бар лашкараш ворид шуда буд ҷуброн намояд ва неруяшро аз нав тақвият кунад ва аз халифа низ кӯмак хост.

Осор ва пиёмадҳои ин шикаст дар Форс

Форсҳо пас аз фурӯ нишастани осори ҷанги Бувайб дубора ба таври ҷиддӣ ба фикри сарнавишти ояндаи худ шуданд. Рустам ва Фирӯзоне, ки мутаваҷҷеҳи хатари оянда шуда буданд, Яздигурд шоҳзодаи ҷавони бисту як сола аз силсилаи Сосониро ба подшоҳӣ баргузиданд, тоҷ ва тахти мамлакатро ба ӯ супурданд ва ҳар ду барои ҳамкорӣ бо шоҳ ҳампаймон гардиданд.

Ба ҳамин лиҳоз буд, ки Рустам ва Фирӯзон ва соири амирон ва кордонони низомӣ аз ҳар тарафи Эрон ҳаракат ва дар Мадоин ҷамъ шуда, омодагии худро барои ин кор ба арзи шоҳ расониданд ва аз ӯ тақозои ҷамъоварии сарбоз ва муҳайё сохтани лашкари азиме карданд, ки битавонад ба таври қотеъ аз ӯҳдаи дафъи мусалмонон барояд.

Ахборе, ки аз ин бобат ба Мусанно мерасид ӯро сахт ба тарс андохт. Аз ин рӯ ҷараёни корҳоро муфассалан ба Умар (р) дар Мадина иттилоъ дод ва чун бо ин лашкаре, ки дошт наметавонист аз ӯҳдаи дафъи лашкари азиме, ки Форс мехост фароҳам намояд барояд, чорае надид ҷуз ин ки аз маҳалли худ ҳаракат ва ба сӯи нимҷазира ақибнишинӣ кунад, аз ин рӯ гурӯҳҳои лашкарашро фаро хонд ва дар ҷое ба номи Зиқор мустақар гардид ва то он ҷо, ки мумкин буд ба ҷамъоварии мардуми қабоили араб пардохт. Сипас ба интизори кӯмаки Мадина нишаст, то бо расидани қувваи имдод аз Мадина дубора ба ҷои аввала баргардад ва бо лашкари Форс рӯ ба рӯ шавад.

Чун номаи Мусанно ба Умар (р) расид, ҷавоб навишт аз аҳли Наҷд, ки мардуми заҳматкаш ва шикебо буданд ва тоби муқовимат бо душвориҳои ҷангиро доранд кӯмак бигирад ва аз маҳалли худ ба сӯи Ироқ боз гардад ва дар канори Фурот аз ҳам ҷудо шаванд.

Вале Мусанно қабл аз расидан ба ҷое, ки Умар (р) дастур дода буд дар асари ҳамон захме, ки дар ҷанги Ҷиср ба ӯ расида ва шифо наёфта буд дар шаҳри Ҳийра вафот ёфт.

Мусанно кист?

Чун то ин ҷо номи Мусанноро ба қалам овардем, чи хуб қабл аз ин ки бо ҳаводиси оянда дар Ироқ рӯ ба рӯ шавем, шахсияти ин пешвои доноро барои хонандагони азиз бозгӯ кунем.

Мусанно аввалин мусалмоне буд, ки ба резишгоҳи наҳри Даҷла ва Фурот омад, то аз авзои он ҷо касби маълумот кунад. Агар ӯ ба ин ҷо намеомад ва иттилоотеро, ки ба даст овард, ба Абубакр (р) халифаи мусалмонон бозгӯ ва ӯро ба фатҳи ин сарзамин тарғиб намекард, Абубакр (р) ҷуръат намекард ба ин зуди ба ин ҷо, ки мустамликаи давлати азими Эрон буд, лашкаркашӣ намояд.

Абубакр дар пайи иттилооти муҳиме, ки аз Мусанно дарёфт, тасмим гирифт ба хоки Ироқ даст ёбад. Ба ин манзур Холид ибни Валидро ба он ҷо фиристод ва ӯ бо ҳамкорӣ ва роҳнамоии фикрӣ ва низомии Мусанно қисмати зиёде аз Ироқро гирифт. Ин моҷаро дар таърихи Абубакр (р) баён шуд.

Мусанно марди покдил буд ва ҷуз хайри ислом ва салоҳи мусалмонон чизе намехост. Дидем, ки дар воқеаи Намориқ ва Ҷиср ҳамроҳи Абуубайд ҷангид. Дар ҷанги Ҷиср пас аз шаҳодати Абуубайд ва чанд нафар аз фармондеҳони ҷонишинаш, ки парчами ҷиҳод бар дӯш гирифта паёпай кушта шуданд, ӯ буд, ки дар вақти ноумедӣ парчам ба дӯш кашид ва масуълияти ҷанги мусалмонони шикастхурдаи фирориро ба ӯҳда гирифт ва онҳоро аз маҳлака наҷот дод. Дар ҷанги Бувайб, ки худаш роҳбарии мусалмононро ба ӯҳда дошт, шахсан фидокорӣ ва нақшаи ҳамла ба фармондеҳи лашкари Форсро тарроҳӣ намуд ва муваффақ гардид, ҷангро ба зуди хотима диҳад ва мусалмононро ба пирӯзӣ бирасонад ва шикасти мусалмононро дар ҷанги Ҷиср бо пирӯзӣ дар ин ҷанг ҷуброн кунад.

Ӯ имон дошт ва ҳавову ҳаваси нафсониро, ки бахше аз сиришти башар аст ночиз медонист. Ӯ як ҷанговари ба тамоми маънӣ ва як муъмини комил буд. Чунин кас ҷуз анҷоми вазифа ва ихлос дар кораш чизе намеписандад.

Ӯ чунон ки гузашт, орзу дошт ба сӯи Мадоин битозад ва агар қувваи имдодӣ аз Мадина пас аз фатҳи Бувайб ба зудӣ ба ӯ мерасид, ҳатман, ба сӯи Мадоин лашкар мекашид, вале ин имдод ба зудӣ нарасид ва ӯ дар ҳоле, ки парчами пирӯзӣ ва муваффақият дар кораш буд вафот ёфт ва дайнашро ба давлати ислом адо кард, пас акнун бо ин мухлис видоъ мекунем ва ба баёни бақияи матолиби мавриди баҳс мепардозем.

Набарди Қодисия

Ҳазрати Умар (р) дар асари талаби мадади Мусанно, ки қабл аз вафоташ аз ӯ карда буд, ба фармондеҳони худ дар саросари нимҷазира дастур дод, то ҳар савора ва пиёдаи силаҳшур ва ҳар соҳибназари ботадбир ва ҳар кордидаи ҷангӣ чи аз қабоили шӯришии замони Абубакр (р), ки тавба карда таслим шуда буданд ва чи дигаронро фаро хонанд ва ба Мадина бифиристанд ва дар ин кор бояд хеле шитоб кунанд.

Онҳо тибқи фармони Умар (р) бо суръат иқдом карданд ва дар корашон ба зудӣ муваффақ шуданд. Мардум аз атрофи нимҷазира баъзе ба тамаи амволи ғанимат ва баъзе барои набард дар роҳи дини Худо ба сӯи халифаи мусалмонон дар Мадина рӯй оварданд. Дар муддати кӯтоҳе чаҳор ҳазор нафар аз бебоктарин ҷанговарони қабоил бо таҷҳизоти кофӣ барои Умар (р) фароҳам гардид.

Чун Мусанно вафот ёфта буд ва касе дар лашкари Ироқ набуд, ки мавриди назари Умар (р) бошад, то роҳбарии онҳоро ба ӯ бисупорад, қарор дод,ки касеро аз ин ҷо бифиристад. Ҳангоме, ки мардум аз ашхосе, ки аҳлияти фармондеҳии ин лашкарро дошта бошад ном мебурданд, номае аз Саъд ибни Абуваққос ба Умар (р) расид, ки эълон карда буд аз қабилаи Ҳавозин ҳазор нафар савора, ки онҳоро аз ҷангҷӯёни варзида баргузида аст ба Мадина эъзом намуда, то ба Ироқ бифиристад.

Ҳамин ки номаи Саъд хонда шуд ва номи Саъд ба миён омад, ҳозирини маҷлиси хилофат гуфтанд он касе, ки ту мехоҳӣ акнун пайдо кардӣ. Умар гуфт:

-Кист?

Арз карданд:

-Саъд ибни Абуваққос аст, ки дил ва панҷаи шер дорад.

Аз ин хотир Умар (р) ӯро аз Наҷд фаро хонд ва мансаби фармондеҳии ин лашкарро ба ӯ супурд.

Саъд ибни Абуваққос кист?

Саъд ибни Абуваққос аз ақвоми модари ҳазрати расули акрам (с) ва аз собиқадорони мусалмонон буд. Дар соли аввали зуҳури ислом дар синни 17 солагӣ дар асари таблиғи Абубакр (р) мусалмон шуд. Оиша духтари Саъд мегӯяд:

-Падарам марди кӯтоҳқад, вале дуруштандом ва дорои панҷа ва бозуи неруманд ва саворкори моҳир ва қаҳрамони диловар ва аз тирандозони номвари асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) буд. Саъд дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд, Хандақ ва фатҳи Макка дар канори Расулу-л-лоҳ (с) буд. Он ҳазрат дар фатҳи Макка яке аз парчамҳои сегонаи муҳоҷиронро ба дасти ӯ супурд.

Ӯ дар ҷанги Уҳуд, дар он ҳангоми хатарнок, ки мусалмонон шикаст хӯрданд, барои ҳифзи ҷони Расулу-л-лоҳ (с) фидокорӣ кард ва худро дар даҳонаи марг қарор дод ва бепарво ва бе сангар ба сӯи душман тир андохт ва нагузошт касе аз душманон, ки мехостанд ба он ҳазрат ҳамла намоянд дар корашон комёб гарданд. Дар ин ҷо буд, ки Расулу-л-лоҳ (с) фармуд:

— Тир биандоз эй Саъд! Падар ва модарам ба фидоят.

Саъд аввалин мусалмоне аст, ки дар таърихи ислом тир ба сӯи душман андохт ва ин замоне буд, ки бо гурӯҳи кучаке таҳти қиёдати Убайд ибни Ҳорис барои қудратнамоӣ дар муқобили Абусуфён фармонравои Макка, ки аз Шом ба Макка боз мегашт дар маҳалле дар наздикии Робиғ камин гирифта буданд. Дар ин воқеа ҷанги байни тарафайн дар нагирифт ва танҳо Саъд буд, ки як тир ба сӯи душман раҳо кард ва чун Абусуфён салоҳи худ надид, ки пойдорӣ ва посух диҳад, то мабодо қофилаи кучаки ҳомили моли тоҷирон, ки ҳамроҳ дошт дар хатар афтад, аз ин хотир бидуни аксуламал фирор кард. Ба ин лиҳоз аст, ки Саъд мегуфт:

— Ман аввалин мусалмоне ҳастам, ки дар ислом дар роҳи Худо тир андохтам.

Пас аз ин, ки Умар (р) ӯро фармондеҳи ҷабҳаи Ироқ баргузид, дар зимни дастуроте, ки дар бораи лашкаркашӣ ба ӯ дод, ӯро насиҳат карда чунин фармуд:

-Эй Саъд! Дар ин роҳбарӣ мағрур нашавӣ, ки пайрави паёмбар ва саҳобӣ ва ёри он ҳазрат ҳастӣ. Худои азза ва ҷалл бадии касеро бо бадияш намешӯяд, балки бадиро бо некӣ пок месозад. Байни Худо ва ҳеҷ касе робитае вуҷуд надорад, ҷуз робитаи тақво ва тоъат. Тавонгар ва нотавон назди Худо баробаранд. Ҳеҷ касе бар дигаре бартар нест, ҷуз ба тақво ва парҳезкорӣ. Ризо ва муҳаббати Худо ҷуз аз тариқи тоат ба даст намеояд. Ҳамеша он чиро, ки расули Акрам (с) лозим донист, лозим бидон ва доиман ва дар ҳар ҷо асоси коратро бар сабр ва субот бигузор.

Саъд ба фармони Умар (р) бо лашкаре, ки ҷамъ шуда буд, дар ҳоле, ки занон ва фарзандонашонро ҳамроҳ доштанд, аз урдугоҳи Мадина ба сӯйи Ироқ ҳаракат кард. Боз ҳам неруҳое, ки пас аз ҳаракати ин лашкар ба Мадина мерасид, ҳазрати Умар (р) онҳоро ҳаракат медод, то дар роҳ ба Саъд бипайванданд. Ба ин тартиб лашкари Саъд ба тадриҷ зиёдтар ва тақвият гардид. Ҳангоме ки ба маҳалле бо номи Зарвуд расид, иддаи лашкари ҳамроҳонаш ба бист ҳазор расида буд. Иддаи лашкари Мусанно дар Ироқ низ ҳашт ҳазор буд аз он ҷо, ки мусалмонон дар Шом ба пирӯзи расида буданд ва дигар хавфе аз шикасти онҳо набуд, ҳазрати Умар (р) ба Абуубайд- фармондеҳи лашкари ислом дастур дод, то иддае аз қувваҳояшро, ки қаблан ҳамроҳи Холид ибни Валид аз Ироқ ба он ҷо рафта буданд, барои тақвияти қувваи Саъд ба Ироқ боз гардонад, аз ин рӯ Абуубайд ҳашт ҳазор нафари онҳоро таҳти роҳбарии Ҳошим ибни Утба ба сӯи Ироқ ҳаракат дод. Ин идда замоне ба Ироқ расиданд, ки ҷанги Қодисия даргирифта буд.

Ба ин тартиб шумораи лашкари Саъд ба сивушаш ҳазор нафар расид, ки навадунуҳ нафарашон аҳли Бадр буданд, яъне аз асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) буданд, ки дар ҷанги Бадр, ки аввалин ҷанги мусалмонон бо мушрикон буд ҳамроҳи он ҳазрат мубориза бурданд ва бар мушрикон ғолиб шуда бо парчами ифтихории фатҳ ва пирӯзӣ ба Мадина бозгаштанд. Сесад нафарашон низ аз саҳобаи Расулу-л-лоҳ (с) буданд, ки дар фатҳи Маккаи муазамма бо он ҳазрат ҳамроҳӣ мекарданд.

Гузашта аз ин вуҷуди аҳли Бадр ва фотеҳони Макка дар байни ин лашкар барои Саъд имон ва баракат дошт, бақияи афроди лашкараш низ ӯро дилгарм ва ба ояндааш умедвор сохта буданд, зеро лашкараш аз фармондеҳони кордида, хабир ва силоҳбозон ва савортозони моҳир ва диловар монанди Ашъас ибни Қайси Киндӣ, ки аз сарварон ва хутабои машҳури араб буд, Тулайҳа ибни Хувайлиди Асадӣ, — раиси қабилаи силаҳшури бани Асад, Амр ибни Маъдикараб, Зубайди Ямонӣ — паҳлавони далери араб ва Зарор ибни Хаттоб- шуҷоъи машҳури Қурайш ташкил шуда буд. Лашкаре, ки барои Саъд фароҳам шуд гарчи аз ҳайси идда муҳим нест, вале аз нерумандтарин мардуми нимҷазира ташкил ёфта ва Саъд метавонад ба такяи онҳо орзуи фатҳи Мадоинро дар сар бипарваронад.

Ҳазрати Умар (р) дар Мадина аз тамоми ҳаракоти лашкари Саъд аз Мадина то хоки Ироқ ва интиқоли онҳо аз ҷое ба ҷои дигар, ба василаи мардоне, ки махсусан барои ин манзур дар роҳ интихоб карда буд, иттилоъ меёфт. Аз Мадина дастуроте, ки лозим буд мунтазам ба Саъд медод ва хати сайрашро таъйин мекард.

Ҳазрати Умар аз оянда ва сарнавишти ин лашкар бимнок буд, чунки медонист ба куҷо лашкаркашӣ карда ва бояд бо чи касоне биҷангад, аз ин рӯ бори дигар мардуми нимҷазираро ба кӯмак хост, то мардони ҷанги ба сӯйи Ироқ сарозер шаванд.

Умар (р) медонист, ки агар бар Мадоин тасаллут наёбад, на танҳо Ироқро аз даст медиҳад балки нимҷазираи араб низ мавриди ҳамлаи интиқомии силаҳшурони Форс қарор хоҳад гирифт, пас ҳар тавр шуда бояд қудратеро, ки ба нимҷазира таҳдид мекунад аз миён бардорад ва Мадоинро бигирад.

Ҳазрати Умар (р) ба Саъд дастур дод аз Шароф (номи мавзеъ), ки урду зада буд кӯч баста ба Қодисия биравад, зеро Қодисия дарвозаи Форс аст ва дар он ҷо маводи ғизоӣ ва хурокӣ бештар аз ҷои дигар ба даст меояд ва агар бо лашкари Форс даргирӣ пайдо кунад дар тангно қарор намегирад.

Саъд ба дастури Умар (р), дар соли 14 ё 15-уми ҳиҷрӣ (мутобиқ ба 636 мелодӣ) дар Қодисия мустақар гардид ва то як моҳ бидуни ҳеҷ гуна бархӯрде дар он ҷо монд. Мусалмонон аз ҳайси ғизо ва об ва ҳаво комилан роҳат буданд. Ҳеҷ кадом аз онҳо то он рӯз ба чунин зиндагони гуворо нарасида буданд. Зеро дар хоки нимҷазира чунин зиндагони барои касе муяссар набуд.

Гӯё Форс гарчи ба ҷамъоварии лашкари зиёде пардохта буд, вале намехост аз нав ба зудӣ бо мусалмонон даргир шаванд, зеро мехост ин дафъа тавре ҷамъ ва муҷаҳҳаз шаванд, ки шакке дар пирӯзии худ надошта бошанд.

Саъд аз ин ҷо авзои мавҷударо ба Умар (р) иттилоъ дод ва махсусан навишт, ки то ин ҳангом аз тарафи Форс ҳеҷ гуна иқдоме барои ҷилвагарӣ аз ӯ нашуда ва аксуламале аз онҳо надида аст, вале дере нагузашта хабар расид, ки Яздигурд барошуфта ва ба Рустам фармон дода, то ҳар чи зиёдтар кори мусалмононро яксара намояд, аз ин рӯ Саъд моҷароро ба Умар (р) иттилоъ дод.

Ҳазрати Умар (р) ба Саъд навишт:

— Набояд аз ин кор битарсед. Дар вазифаи худ пойдор бошед ва аз Худои азза ва ҷалл мадад бихоҳед. Бар ӯ таваккал кунед ва қабл аз ҳар коре гурӯҳе аз аҳли басиратро назди онҳо бифирист, то онҳоро ба қабули дини ислом ва таслим дар муқобили лашкари ислом ё пардохти ҷизя даъват намояд.

Гуфтугӯи ҳайати намояндагони Саъд бо Яздигурд

Саъд гурӯҳе иборат аз шаш нафар: Нуъмон ибни Муқаррин, Муғийра ибни Шуъба, Ашъас ибни Қайс, Осим ибни Амр, Амр ибни Маъдикарб ва Муанно ибни Ҳориса (бародари Мусанно ибни Ҳориса)-ро, ки ҳамаи онҳо мардони соҳибназар, сиёсатмадор ва шуҷоъ буданд назди Яздигурд подшоҳи Сосонӣ ба Мадоин фиристод. Ба онҳо дастур дод, то Яздигурдро ба қабули дини ислом даъват кунанд ва агар мувофиқат накард пешниҳод намоянд, то ҷизя бидиҳад (яъне солиёна молиёти сарона ба давлати ислом бипардозанд), то даст аз ҷанг ва хунрезӣ бикашанд ва ҳаргоҳ ҳеҷ кадом аз ин ду пешниҳодро напазируфтанд, ба онҳо эълони ҷанг намоянд, зеро ҷуз ин чорае нест.

Гурӯҳи намояндагон, ки мардуми лоғар ва бо чеҳраҳои офтобзада буданд ва қатифаҳои соддае бар дӯш афканда ва попӯшҳои аҷибе, ки кафи онҳо як порча чарм буд ва бо чанд тасмаи борик ба по баста ва савор бар аспҳои арабӣ буданд ба Мадоин ворид шуданд, то ба ҳузури шоҳи Сосонӣ ворид шаванд.

Мардуме, ки онҳоро бо ин вазъ дар Мадоин мушоҳида карданд гуфтанд:

-Шигифто! Қавми араб, ки пешвоёни онҳо чунин мардуме ҳастанд чи гуна ҷуръат карда омадаанд, то бо мо биҷанганд ва аҷибтар, ин ки тамаъ доранд бар мо пирӯз шаванд?

Ин гурӯҳ ба унвони намояндагони мусалмонон иҷозаи ҳузур хостанд. Яздигурд пас аз мушовира бо атрофиёнаш иҷоза дод ва гарчи зоҳирашон боиси масхараи дарбориён буд, вале Яздигурд онҳоро бо эҳтиром пазируфт ва ибтидо гуфт:

-Чи шуморо водор сохта, то ба манотиқи таҳти султаи мо биёед? Оё аз ин ҷиҳат, ки медонед дар байни мо ихтилоф афтода машғул ба умури дохили хеш будем, шумо ба худ ҷуръат додаед ва ба хоки мо рӯй овардаед?

Нуъмон ибни Муқаррин бо мувофиқати ҳамроҳонаш ба ҷавоб пардохта гуфт:

— Худо бар мо тараҳҳум фармуд ва барои мо паёмбаре фиристод, ки ба мо амр фармуд, то ба сӯйи корҳои нек бишитобем ва аз ҳар кори ношоиста парҳез намоем. Ба мо навид дода, ки ҳаргоҳ чунин кунем ба хушиҳои дунё ва охират мерасем. Акнун мо шуморо даъват мекунем, то динашро пазиред агар ин динро напазиред, пас дар марҳилаи дуюм барои шумо амре пешниҳод мекунем, ки аз сеюмӣ осонтар аст ва он пардохти ҷизя мебошад. Агар инро ҳам напазиред, пас бояд тан ба ҷанг дардиҳед.

Суханонашро бо зикри ин матлаб хотима дод ва гуфт:

— Агар дини моро бипазиред китоби Худоро дар миёни шумо мегузорем ва кори ҳукумататонро ба ин китоб месупорем, то умури худро бар тибқи таълими он танзим ва аҳкоматонро тибқи дастуроташ иҷро намоед. Дар ин сурат бидуни ҷанг аз назди шумо бозмегардем ва кори мамлакататонро ба худатон вогузор мекунем.

Ин суханон аз як нафари араб, ки дар назари форсҳо ва соири ақвоми ҷаҳони он рӯзгор ба ҳисоби одамиён намеомаданд ва то он рӯз беарзиш буданд бар Яздигурд хеле гарон омад, вале ӯ шоҳ буд. Ҳар кор ё гуфторашро бояд қаблан арзёбӣ кунад ва натиҷаашро бисанҷад, аз ин рӯ бидуни он ки аксуламале нишон диҳад гуфт:

-Ман ҳеҷ қавмеро бар рӯи замин бадбахттар ва камарзиштар ва дар миёни худашон парешонтар аз шумо надидаам. Мо дар гузашта ҳаргоҳ аз шумо ошубе медидем ниёзе намедидем, ки барои дафъи ошуби шумо аз Форс сипоҳ бифиристем ҳамин қадар кофӣ буд, ки ба мардуми деҳоти дурдаст фармон диҳам, то шуморо саркӯб намоянд ва коратонро бисозанд. Инак агар иддаи шумо зиёд шуда набояд мағрур шавед ва худро бадон фиреб диҳед. Агар шумо зери фишори зиндагонӣ қарор гирифтаед ва маҷбур шудаед даст ба ин кори хатарнок бизанед, мо бар шумо тараҳҳум намуда, маводи ғизоӣ барои шумо муқаррар медорем, то он чи ки мо медиҳем бо он чи ки худатон доред, шуморо сер намояд ва шуморо мавриди меҳрубонӣ қарор дода касеро бар шумо ҳоким мегузорем, ки бо шумо лутф кунад ва бо меҳрубонӣ рафтор намояд.

Намояндагони мусалмонон ҳамчунон хомуш нишаста ба суханони Яздигурд гӯш дода буданд ҳамин, ки суханонашро поён дод, Муғийра ибни Шӯъба аз миёни ҳамроҳонаш ба по хоста, гуфт:

-Эй подшоҳ неруҳои ин гурӯҳ ҳама аз бузургон ва муҳтарамини арабанд. Танҳо муҳтарамон ва ашрофанд, ки ба ашроф эҳтиром мегузоранд ва ҳуқуқашонро нигаҳ медоранд, он чиро ки баён кардӣ шунидем ва ман акнун посух мегӯям онҳо гувоҳ бошанд. Он чи дар бораи мушкилоти зиндагии мо фармудӣ дуруст буд. Ҳатто мо аз он чи баён фармудӣ бадтар будем. Сипас қисмате аз мушкилот ва бадиҳои зиндагонии қавми араб ва муждаи омадани паёмбари ислом (с), таълимот ва ислоҳотеро, ки он ҳазрат оварда ва онҳоро ороста буд ба тафсил баён кард. Пас аз он гуфт акнун ба ихтиёри худ ҳастӣ ё мусалмон мешавӣ ва худро аз дасти мо наҷот медиҳӣ, ё аҳд мекунӣ солиёна ҷизя мепардозӣ, ё тан ба шамшер медиҳӣ. Ҷуз ин дигар сухане надорам.

Яздигурд тоби таҳаммули ин сухани таҳдидомезро наёвард. Дар ҳоле ки ба хашм омада буд гуфт:

-Агар расми ҷаҳон чунин набуд, ки намояндагони мухолифро набояд кушт ҳамаатонро мекуштам. Акнун бо ман коре надоред.

Ба тавре ки таърихнависон навиштаанд Яздигурд аз шиддати хашму ғазаб ба ҷои он ки ҳадяе ба онҳо бидиҳад амр кард, то зарфе пур аз хок намуда бар дӯши як кадоме аз онон, ки аз бақияи онҳо бузургтар бошад, биниҳанд ва онҳоро бо ин ҳол аз Мадоин ихроҷ намоянд. Хитоб ба онҳо карда, гуфт:

-Биравед ба раисатон хабар диҳед, ки ман Рустамро ба сӯяш хоҳам фиристод, то ҳамаатонро дар хандақи Қодисия дафн намояд. Пас аз он ӯро ба сарзаминатон мефиристам, то шуморо ба мусибате гирифтор намояд, ки аз мусибати Шопури Зулактоф, ки бар шумо ворид сохт бадтар ва даҳшатноктар бошад.

Аъзои гурӯҳ аз хашм ва таҳдиди Яздигурд заррае натарсиданд, чунки онҳо ба ваъда ва муждаҳои Худованди ҷалла ва аъло, ки аз забони муқаддаси расулаш (с) шунида буданд имони комил доштанд. Онҳо яқин доштанд, ки ваъдаи Худо хилофпазир нест. Медонистанд, ки Умар ибни Хаттоб(р) халифаи муқтадири мусалмонон пушти сарашон истода онҳоро менигарад ва дар ирсоли кумак кутоҳӣ намекунад. Бо дастуроти дурусташ онҳоро ба суи пирӯзи раҳбарӣ менамояд, вале Язидигурд аз ин матлаб бехабар буд ва агар хабар медошт боз ҳам бовар намекард.

Осим ибни Амр зарфи хокро, ки шоҳи Сосонӣ фармон дода буд, ба душ гирифт ва бо ҳамроҳонаш аз Мадоин хориҷ ва ба Қодисия омаданд. Дар дохили қалъаи машҳур ба Фадик бо Саъд ибни Абуваққос мулоқот ва моҷарои худро бозгӯ намуданд ва ҳамла ба хоки Эронро ба нишонаи нек гирифта гуфтанд:

-Замини Эронро ба мо доданд ва мо бо худ овардем.

Ҳаракат ва ҳаяҷони неруҳои эронӣ

Яздигурд пас аз ин моҷаро дарҳол сипоҳиёни зиёдеро аз ҳар сӯ хост ва бар лашкари азиме, ки қаблан муҳайёи кор карда буд афзуд ва ба Рустам фармондеҳи кулли қувваҳояш амр кард, то бар лашкари Саъд битозад ва чунон, ки гуфта буд ҳамаи онҳоро дар хандақи Қодисия дафн кунад.

Фирӯзон ва Баҳмани зу-л-ҳоҷиб — фотеҳи ҷанги Ҷисрро низ бо ӯ ҳамроҳ сохт. Рустам дар ҳоле ки савор буд ва дирафши ковиёнӣ- парчами миллии машҳури Форсро дар даст дошт, бо лашкаре, ки муаррихин иддаи онҳоро яксаду бист ҳазор навиштаанд ва дар пешопеши онҳо сиву се фили ҷангӣ ҳаракат мекард ва бар рӯи онҳо тирандозони моҳири Форс қарор гирифта буданд дар муқобили сипоҳи Саъд дар Қодисия мустақар гардид.

Музокираи муҷаддад бо фармондеҳи эронӣ

Бо он ки халифаи мусалмонон Умар ибни Хаттоб(р) дар кори лашкаркаши худ аз ҳар ҷиҳат эҳитёт карда ва барои ҳар пешомади эҳтимолӣ пешбинии лозимро карда буд ва бо таваҷҷӯҳ ба имон ва тавҳиди куллияи мусалмонон ва диловарии Саъд, итминон дошт, ки лашкараш пирӯз мешавад, бо вуҷуди ин мехост ҳаргоҳ Яздигурд дини исломро напазирад бо таҳмили ҷизя бар Форс кори худро бо онҳо аз тариқи сулҳ хатм намояд. Ба ҳамин манзур дубора ба Саъд навишт намояндае назди фармондеҳи кулли сипоҳи Форс бифиристад, то дар бораи сулҳ бо ӯ музокира намояд. Баъзе аз таърихнависон аз қабили дуктур Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал менависанд ин бор худи Рустам аз Саъд дархост кард, ки шахсе аз доноёни мусалмононро наздаш бифиристад, то дар бораи сулҳ бо ҳам музокира намоянд.

Ба ҳар ҳол чӣ он ривоят саҳеҳ бошад ва чи ин, Саъд Муғийра ибни Шӯъбаро интихоб ва назди Рустам фиристод. Муғийра назди Рустам рафт ва паҳлӯи ӯ бар тахт нишаст ва айни ҳамон музокирае, ки байни гурӯҳи мусалмонон ва Яздигурд ба миён омада буд, байни Муғийра ва Рустам ба миён омад. Рустам аз изҳороти Муғийра ба хашм омад ва гуфт:

-Фардо ягон нафаре аз шуморо зинда нахоҳам гузошт.

Иллатҳои таъхири ҷанг

Дар муддати ҳаждаҳ моҳ, ки аз ҷанги Бувайб то кунун мегузашт ва маълум буд мусалмонон дар андешаи ҳамла ба Мадоин ҳастанд, Рустами Фарухзод бо он ки сипоҳи муҳиме, ки Яздигурд фароҳам карда буд дар ихтиёр дошт то ин вақт ҳеҷ таҳрике аз худ нишон надод.

Шояд Рустам медонист, ки дар асари ҷангҳои гузаштаи Форсу Рум ва ошубҳои дохилӣ ва аз миён рафтани мардони корӣ, лашкари Форс ба ҳадде заиф шудааст, ки итминон ба корашон нест ва баръакс пешрафте, ки мусалмонон дар муддати кӯтоҳе ба даст оварда буданд ба ҳадде онҳоро тақвият карда буд, ки Рустам салоҳ медид дар муқобили онҳо бо эҳтиёт қадам бардорад. Ба назар мерасид, ки Рустам мехост ин ҷангро то он ҷо ба таъхир андозад, ки мусалмонон хаста шаванд ва дар асари интизорӣ дар миёнашон ихтилоф пайдо гардад, то заиф шаванд ва онгоҳ бар онҳо битозаду пирӯз шавад. Зеро сар задани ихтилоф дар ҳар қавме ба зиёни онҳо ва ба суди тарафи муқобил мебошад ва агар ин амр амалӣ мешуд, яқин кори Рустам хеле осон мегардид.

Чун ин муддат гузашт ва дар байни лашкари ислом камтарин ихтилофе рух надод, балки чунон ки буданд гӯё ҳамаи онҳо дар ҳукм ва аҳди собите ҳастанд, ки тағйирнопазир аст. Аз тарафи Яздигурд низ ба Рустам амр шуд, ки фавран даст ба кор шавад ва ба ҷанг бипардозад, бинобар ин чорае ҷуз ҷанг надид. Ба Саъд паём фиристод, ки омодаи ҷанг бишавад. Ба ин ҷиҳат ё ӯ аз он сӯи соҳил ба ин сӯ биёяд ё Рустам ба он сӯ биравад.

Саъд аз воқеаи Ҷиср иттилоъ дошт. Дар байни лашкараш низ буданд касоне, ки дар ҷанги Ҷиср ширкат карда буданд ва хотираи хатарнокашро ба ёд доштанд, бо ин васф ҷоиз набуд аз дарё убур намояд, то душманро дар пеш ва дарёро дар пушти сар дошта мувоҷеҳ бо хатар бошад, аз ин хотир дар ҷояш монд ва ҷавоб дод, ки шумо бояд ба сӯйи мо биёед.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *