Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Воқеаи аввал

Аз нигоҳи Умар ҳама озоданд.

Дар айёме, ки Амр ибни Ос аз тарафи ҳазрати Умар (р) волӣ ва фармонравои сарзамини Миср буд, дар яке аз майдонҳои умумии шаҳре, ки қароргоҳи фармонравояш буд мусобиқаи аспдавонӣ баргузор шуд. Саворкорони моҳири масеҳии Мисрӣ ва мусалмонони араб дар ин мусобиқа ширкат карданд. Яке аз аспҳое, ки барои мусобиқа ба майдон оварда шуда буд, аспи асили Муҳаммад фаразнди Амр ибни Ос буд, ки ба воситаи яке аз саворкорони араб вориди майдони мусобиқа шуда буд, чун яке аз аспҳо, ки шабоҳати зиёде ба аспи Муҳаммад ибни Амр дошт, дар гармогармии мусобиқа аз бақияи аспҳо, пеш гузашт, Муҳаммад ибни Амр ба тасаввури ин ки аспаш баранда шуда аз фарти хушҳоли аз ҷой бархеста мегӯяд:

-Қасам ба парвардигори Каъба ин аспи ман аст, вале ҳамин ки асп наздик меояд маълум мешавад он асп, аспи яке аз масеҳиёни қибтӣ (ба масеҳиёни Мисрӣ қибтӣ гуфта мешавад. Қибтиён аз зурияи Мисриёни аслии қадим ҳастанд) аст ва чашми Муҳаммад ибни Амр хато дида аст. Аз ин рӯ аз шиддати шармандагӣ ва барои фурӯ нишондани хашмаш қибтии соҳиби аспи барандаи мусобиқаро бо тозиёна мезанад ва мегӯяд:

-Бигир ин зарбаҳоро аз дасти фарзанди ашроф.

Хабари ин моҷаро ба гӯши Амр ибни Ос мерасад. Ӯ ба ҷои ин ки фарзандашро адаб кунад ва аз қибтӣ узр бихоҳад ӯро ба зиндон меафканад, то мабодо ба Мадина биравад ва ба ҳузури ҳазрати Умар (р) шикоят кунад.

Чун муддате аз ин воқеа гузашт, Амр ибни Ос тасаввур кард, ки қазия кӯҳна шуда ва қибтӣ иқдоме намекунад, аз ин хотир ӯро озод намуд, вале қибтӣ, ки аз аъён ва ашрофи шаҳр буд наметавонист зиштии ин зарбаҳоро, ки дар ҳузури мардум хӯрда буд, фаромӯш кунад, аз ин сабаб роҳи Мадина дар пеш мегирад ва шикояташро ба ҳузури Умар (р) арз менамояд.

Анас ибни Молик ровии достон мегӯяд:

— Ҳазрати Умар шикояти қибтиро шунид ва сипас фармуд ин ҷо бимон чанде нагузашт, ки фаҳмидам ҳазрати Умар (р) фармон дода, то Амр ибни Ос ва фарзандаш Муҳаммад аз Миср ба Мадина оянд, чун ногаҳон дидем, ки ҳар ду омаданд. Ҳазрати Умар (р) онҳоро ба маҷлиси хилофат ҳозир ва қибтии шикоёткунандаро низ дар он ҷо ҳозир кард, то аз нав шикояташро дар ҳузури онҳо такрор намояд.

Чун Муҳаммад ибни Амр дар ҳузури Умар (р) ба ҷурми худ иқрор намуд, он ҳазрат тозиёнаеро, ки дар даст дошт ба қибтӣ дод ва фармуд ин ту ва ин фарзанди ашроф, ки туро бегуноҳ зад, инак ӯро бо дасти худ бо ин тозиёна бизан ва қасосатро аз ӯ бигир.

Қибтӣ тозиёнаро бардошт ва дар ҳузури халифа ва аҳли маҷлис Муҳаммад ибни Амрро зери зарбати тозиёна гирифт. Ҳазрати Умар (р) мефармуд (бизан фарзанди ашрофро) сипас фармуд(бизан бар фарқи сари худи Амр ибни Ос, чунки фарзандаш туро ба ин сабаб зад, ки ӯ дар он ҷо қудрат дорад) Амр ибни Ос арз кард (ё амиру-л-мӯъминин! Авф бифармо, ҳаққашро гирифтӣ ва виҷдонатро аз ин бобат роҳат фармудӣ). Қибтӣ низ арз кард ё амиру-л-мӯъминин! Касеро, ки маро зада буд, задам. Ҳазрати Умар (р) фармуд:

-Ба Худо қасам агар ин фармонраворо мезадӣ туро боз намедоштам, то он ки худат даст аз заданаш боз медоштӣ, ҳазрати Умар (р) пас аз он рӯй ба Амр ибни Ос кард ва ҳақиқате гуфт, ки таърихи башарият аз забони касе ҷуз Умар (р) нашунида ва ҳамеша то абад барои ӯ онро сабт кардааст. Медонед чӣ фармуд? Фармуд:

— Эй Амр! Аз кай мардумро ғулом кардаед ва ҳол он, ки модаронашон онҳоро озод зоидаанд?

Воқеаи дуввум

Баробарии ҳамагон дар додгоҳи Умар (р).

Муҳаммад Фариди Ваҷдӣ — донишманди мисрӣ дар «Доирату-л- маориф»-аш ва Сайидмуҳаммад Рашиди Ризо олими динии мисрӣ дар тафсираш ба номи «Ал Манор» нақл кардаанд, ки Ҷабла ибни Айҳам подшоҳи араби бани Ғассон дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб(р) мусалмон шуд ва дар мавсими ҳаҷ бо сарони тоифа ва бузургони қавмаш барои анҷоми маросими ҳаҷ ба Макка омад. Иттифоқан ҳангоме, ки машғули тавофи Каъба буд, марде нохудогоҳ по рӯи ридояш, ки бар дӯш афканда буд, мегузорад. Подшоҳи бани Ғассон, ки ғурури салтанат дар сар дошт, амали ин мардро беадабӣ медонад ва бар худ раво намедонад ва намеписандад, ки нодида гирифта бигузорад, аз ин рӯ сахт ба чеҳрааш мезанад.

Ин мард, ки худро бегуноҳ медонист наметавонад таҳаммул намояд ва чашм бипӯшад. Ӯ медонист, ки дар асри Умар (р) зиндагӣ мекунад, асре, ки адолати иҷтимоӣ ба таври баробар, бидуни фарқ гузоштан байни подшоҳ ва дигарон ҳақиқатан иҷро мешавад, аз ин рӯ ба ҳузури ҳазрати Умар (р), ки дар Макка буд мешитобад ва шикоят мекунад. Ҳазрати Умар (р) ин подшоҳро барои муҳокима ва талаби ҳаққи араби бадавӣ ба маҷлиси хилофат ҳозир мефармояд:

-Бояд дар ивази як зарбае, ки ба ноҳақ задаи муҷозот шавӣ ва аз дасти ин мард як зарба бихӯрӣ, ё аз ӯ бихоҳӣ, ки авф намояд ва аз ҳаққаш даргузарад.

Подшоҳи ғассонӣ ҳайрон шуда мегӯяд:

-Оё шумо барои шахси оддӣ аз подшоҳ қасос мегиред? Ҳазрати Умар (р) мефармояд:

— Бале, дини ислом туро дар баробари ҳақ ва адолат бо ӯ яксон медонад ва дар ҳуқуқи иҷтимоӣ байни ту ва ӯ камтарин фарқе намегузорад.

Ҷабла барои интихоби яке аз ин ду амре, ки Умар (р) фармуд то фардои он рӯз мӯҳлат мехоҳад, вале ҳамин ки шаб фаро мерасад дар торикии шаб бо ҳамроҳонаш ба Қустантиния фирор мекунад ва ба дарбори Бизонс паноҳанда мешавад ва ба дини масеҳии собиқи худ боз мегардад.

Гӯё Ҷабла баъдан аз кораш пушаймон мешавад ва ашъоре ба ин мазмун дар ин бора месарояд: Аз нанги таҳаммули як шаппотӣ, ки барои гирифтани қасос маҳкум шудам, аз дини ҳақ баргашта, ба дини масеҳият боз гаштам ва агар сабр мекардам ин зарбаи қасосро таҳаммул менамудам, зиён надошт. Ин фахре, ки барои ҳифзи ҷоҳ ва ҷалол буд, маро аз пазириши қасос боздошт ва натиҷатан аз дини ҳақ баргаштам. Ин амр чунин менамояд, ки чашми солимро бо чашми кӯр иваз карда бошам, эй кош модарам маро намезод, то чунин намебудам ва эй кош он чиро, ки Умар (р) гуфта буд мепазируфтам.

Воқеаи саввум

Шикастани ғурури мутакаббирон.

Ҳазрати Умар (р) дар яке аз солҳои хилофаташ, ки барои адои ҳаҷ ба Макка рафта буд, мардуми яке аз маҳаллаҳои Макка ба ҳузураш рафтанд ва шикоят карданд, ки Абусуфён (раиси бани Умая) маҷрои оби яке аз дараҳои атрофи Маккаро ба нафъи худаш ба тарафи хонаҳои онҳо тағйир дода аст. Ҳаргоҳ борон биборад хонаҳои онҳо дар зери хатари сел хоҳанд монд.

Умар (р) ҳамроҳи шикояткунандагон ба он ҷо меравад ва аз он боздид менамояд. Сипас Абусуфёнро ба ҷои воқеа ҳозир карда мефармояд, то қубуреро, ки сохта буд бо дасти худаш хароб кунад ва сангҳои онро бо дасти худаш ба ин тараф ва он тараф бипартояд.

Абусуфён, ин марди аввали бани Умая, ҷуз итоати амр чорае намебинад. Дар ҳузури шикоёткунандагон ва мардуми дигаре, ки дар он ҷо буданд, ба ғайри он ки сухане бигӯяд, сангҳоро бо дасти худ аз ҷой меканад ва ба ҷои дигар мебарад.

Ҳазрати Умар (р) дар ин ҳангом рӯй ба Каъба меистад ва Худоро ситоиш карда мегӯяд: -Худоро ситоиш мекунам, ки бандааш Умар (р) -ро ба ҷое расонида, ки дар шаҳри Макка ба Абусуфён фармон медиҳад ва Абусуфён итоат карда фармон мебарад.

Ин ҳамон Абусуфён аст, ки қаблан бо мусалмонон душманӣ намуда, бар зидди Расулу-л-лоҳ (с) лашкар кашида, ҷангҳои Уҳуд ва Аҳзобро ба роҳ андохт. Ҳамин шахсе, ки қаблан шер буд, акнун дар баробари Умар (р) мутеъ шуда, монеаеро, ки сохта буд акнун тибқи фармони Умар (р) бо дасти худаш хароб мекунад. Он ҳам дар шаҳри Макка ҳамон шаҳре, ки худи Абусуфён пештар фармонравояш буд, фармон медод ва мардум итоаташ карда фармон мебурданд.

Таҳлиле аз адолати Умар (р)

Ҳаққан ҳар як аз ин се қазияи таърихӣ ба танҳои намунаи возеҳе аз демократии ҳукумати исломӣ ва мисоли ошкоре аз адли Умар (р) мебошад.

Ба тавре ки дидаем ҳазрати Умар (р) дар қазияи аввал ҳаққи як нафари мисриро аз писари Амр ибни Ос гирифт, дар сурате, ки шикояткунанда яке афроди раъият ва масеҳимазҳаб буд ва Муҳаммад ибни Амр ибни Ос араб, мусалмон ва фарзанди фармонравое буд, Умар ибни Хаттоб(р) ин мансабро ба ӯ амр фармуда ва кишваре таҳти фармонаш буд, илова бар ин худи Амр ибни Ос ин кишварро ба фармони Умар (р) фатҳ карда ба тасарруфи давлати ислом оварда буд, вале дар назари Умар (р) адолат чизе буд, ки бидуни риояти чизи дигаре бояд иҷро гардад. Дар қазияи дуввум шунидем, ки Умар (р) як нафар подшоҳро бо он ҷалол ва шавкати подшоҳӣ барои гирифтани қасос ва адои ҳаққи як нафар араби оддӣ ҳозир ва маҳкум фармуд ва дар қазияи саввум фаҳмидем, ки Умар Абусуфён- сарвари бани Умая, фармонравои собиқи Маккаро барои гирифтани ҳаққи мардуми оддии Макка маҳкум ва ҳукмашро шахсан иҷро фармуд.

Бо каме таваҷҷӯҳ ба ҳар як аз ин се қазияи таърихӣ барои мо маълум мегардад, ки Умар (р) чунон ки дар аввалин хутбаи худ дар масҷиди Расул (с) ва бар минбари Паёмбар гуфта буд, (барои гирифтани ҳаққи заифон аз қавиён беш аз пеш сахт хоҳам гирифт) фақат ҳарф назад ва қавли бе амал ба касе таҳвил надод, балки беш аз он чи интизор мерафт ба қавлаш амал кард ва он чиро гуфт таҳқиқ бахшид.

Ба таври куллӣ ақидаи Умар (р) ин буд, ки мусалмон бояд марди кор бошад, на марди гуфтор, мард бояд камтар ҳарф бизанад, зиёдтар кор кунад, худаш чунин буд ва аз мардум мехост чунин бошанд. Ӯст, ки мегӯяд:

— Ҳаргоҳ Худо бихоҳад қавмеро хушбахт фармояд онҳоро тавре бор меоварад, ки кирдорашон зиёд бошад ва гуфторашон кам ва агар бихоҳад қавмеро бадбахт фармояд, кору кӯшишро аз онҳо бармегирад ва гуфторашонро зиёд мекунад яъне некбахтии ҳар қавм дар ин аст, ки камтар сухан бигуянд ва зиёдтар амал аз худ нишон диҳанд ва баръакс маҳрумият ва бадбахтӣ ин аст, ки камтар кор кунанд, то битавонанд ваъдаи холӣ ва навиди бе ҳақиқат ба мардум бидиҳанд. Таърихи умумии башар ҷуз ин чизи дигаре нишон намедиҳад.

Назорати Умар (р) бар амали коргузоронаш

Ин як амри табии аст, ки ҳар кас ҳар равия ва ахлоқе дорад мехоҳад дигарон махсусан наздикон ва зердастонаш низ монанди худи ӯ бошанд, аз ин рӯ Умар (р), ки худаш машъали комили адолат буд, мехост волиён ва умарое барои идораи умури мамлакат ба вилоятҳо бифиристад, ки аз ҳар чиҳат одил бошанд ва нисбат ба иҷрои аҳкоми қазоӣ комилан адолатро дар назар бигиранд ва бадин иллат, ки ҳамеша нозир ва муроқиби корҳои мансабдорони худ буд ва ҳаргоҳ гурӯҳе ё аҳаде аз вилоятҳо ба Мадина меомаданд, авзои умумии онҳо ва тарзи рафтор ва хислатҳо ва ахлоқи амири онҳо ва чигунагии қазоват ва аҳкоми содир ва ҷорӣ намудаи амирро аз зердастонаш мепурсид. Ҳаргоҳ ҷавоби яке аз ин пурсишҳо ризоиятбахш набуд, фавран ба таҳқиқ мепардохт ва агар собит мешуд, ин амирро аз кораш бекор менамуд ва каси дигарро ба ҷояш мефиристод.

Ҳазрати Умар (р) барои ин ки аз ин бобат ба умаро ва волиёни вилоятҳо ҳушдор диҳад ва умуми мардумро дар ҷараёни кор бигузорад, рӯзе бар рӯи минбар чунин гуфт:

-Эй мардум, ба Худо қасам ман коргузорони худро ба сӯи шумо намефиристам то шуморо бизананд ё амволатонро ба ноҳақ аз шумо бигиранд, балки онҳоро ба ин хотир мефиристам, ки динатонро ба шумо биёмӯзанд, суннат ва равиши паёмбаратонро ба шумо ёд диҳанд, дар байни шумо ба ҳақ қазоват кунанд ва аҳкомашонро дар байни шумо ба адолат иҷро намоянд. Пас ҳар касе, ки бо ӯ ҷуз ин рафтор шавад, ҳатман назди ман шикоят кунад, қасам ба он зоте, ки ҷони Умар (р) дар дасти ӯ аст аз амири бадрафтораш қасос хоҳам гирифт.

Ҳазрати Умар (р) то он ҷое дар пайи осоиши мардум буд, ки вақте хабар ёфт амири Аҳвоз дар фасли тобистон бар фарози кӯҳе, ки ҳавояш хунуктар аз шаҳр аст, манзил гирифта ва мардуми шаҳр барои арзи умурашон ба сахти ба он ҷо мераванд, номае ба ӯ навишта фармуд (хабар ёфтаам дар ҷое нишастаӣ, ки омаду рафти мардум ба назди ту душвор аст, фавран он ҷоро тарк кун ва ба шаҳр бозгард ва коратро бар мардум, чи мусалмон ва чи аҳли зимма осон бинамо).

Аз баррасии хислатҳо ва хусусиятҳои фитрии инсонӣ ба субут расида, ки ҳар шахси одил меҳрубон аст. Ин ду сифат, яъне адолат ва меҳрубонӣ лозим ва малзуми якдигаранд, Умар (р) низ чунин буда ва нисбат ба раияташ меҳр ва муҳаббат дошт, ҳатто бо ақалиятҳои ғайри мусалмон, ки дар мамлакати ислом зиндагӣ мекарданд, то метавонист шахсан бо онҳо мулоқот ва ҳолаташонро ҷӯё мешуд ва низ аз бузургони саҳобаи Расулу-л-лоҳ (с) ҷӯёи авзои онҳо мешуд.

Дар ин бора ривоят шуда, ки рӯзе ҳазрати Умар (р) аз кӯчае мегузашт, чашмаш ба пирамарде афтод, ки бар дари хонае истода чизе металабид, аз ин рӯ ба ӯ наздик ва шахсият ва ҳолашро пурсид, арз кард:

-Яке аз раоё ва яҳудӣ ҳастам, ки чун пир ва нотавон гаштаам ниёз ба кӯмак дорам. Умар ба ҳамроҳонаш фармуд:

-Дар айёми ҷавониаш тибқи фармони ислом аз ӯ ҷизя гирифтам, акнун, ки пир ва нотавон шуда раво нест, ки ӯро ба ин ҳол раҳо кунам сипас ӯро ба амини байт-ул-мол супурд, то барояш ҳақ таъин кунад.

Чун Умар (р) фитратан одил ва рауф буд, зимомдорон ва коргузоронашро аз байни мардуми рауф ихтиёр мекард. Ҳаргоҳ эҳсос мекард касе аз онҳо номеҳрубон аст ӯро бар канор мекард. Дар ин бора ривоят шуда, ки раёсати ҷоеро ба марде аз қабилаи бани Усд, ки медонист мудаббир ва кордон аст вогузор мекунад. Ӯ ба маҷлиси Умар (р) меояд, то ҳукмашро гирифта ба маҳалли маъмурияташ биравад. Иттифоқан дар ҳамин вақт яке аз фарзандони кӯчаки Умар (р) ба маҷлис меояд. Умар ӯро ба оғӯш мекашад ва мебӯсад. Он мард арз мекунад:

-Ё амира-л-мӯъминин шумо фарзандонатонро мебӯсед? Ба Худо қасам ман ҳеҷ гоҳ фарзандамро набӯсидаам.

Умар (р) мефармояд:

-Пас ту, ки бо фарзандат меҳр надорӣ, ба Худо қасам бо мардум бемеҳртарӣ. Пас ҳукмеро, ки навишта ва ба дасташ дода буд, аз ӯ пас мегирад ва мефармояд:

-Ман ҳаргиз кори мусалмононро ба ту ва амсоли ту нахоҳам супурд.

Футуҳот дар замони Умар(р)

Дар таърихи зиндагии Абубакр (р) хондаем, ки ӯ замоне вафот ёфт, ки тамоми қабоили саркаши араб саркӯб ва сарсупурдаи давлати ислом шуда буданд. Авзои дохили хоки араб ором ва комилан таҳти фармони ҳукумати ислом даромада буд.

Дар ин ҳангом ки Умар (р) ба хилофат расид, хотираш аз ин чиҳат осуда буд ва бояд тамоми кушиши худро ба хориҷи сарзамини Арабистон равона бидорад ва ба ҷабҳаҳои набарде, ки Абубакр (р) дар Ироқ ва Шом шурӯъ карда буд таваҷҷӯҳ намуда, ва онро идома диҳад.

Чун Умар (р) марди бисёр доно ва муқтадир ва махсусан дар умури сиёсати кишвар кордон буд ва ба илова сардорони мухлис монанди Саъд ибни Абуваққос, Холид ибни Валид, Абуубайда ибни Ҷарроҳ, Амр ибни Ос, Ҳишом ибни Утба, Холид ибни Абусуфён, Қаъқоъ ибни Амр, Тулайҳа ибни Хувайлид ва амсоли онҳо, ки мардони корозмуда ва дар фунуни ҷангӣ кордида буданд, дар ихтиёр дошт ва низ сарбозони мӯъмин ва фидокор дар фармонаш буданд, ба зудӣ як тарафи Эронро фатҳ кард ва бисоти давлати азими Сосониро яксара барчид ва аз сӯи дигар дар ҳамон вақт дасти давлати Румро, ки чандин қарн бар қисмати муҳими Осиёи ғарбӣ ва шимоли Африқо тасаллут дошт ва дар он ҷо фармонравоии мутлақ мекард, аз ин навоҳӣ қатъ намуд ва натиҷатан бойтарин ва ободтарин кишварҳои мутамаддини он рӯзгорро ба зери фармони худ ва дар таҳти фармонравоии давлати ислом даровард. Инак бо риояти ихтисор ба шарҳи қисматҳои муҳиме аз футуҳоти ин халифаи рошид мепардозем. Қабл аз шурӯъ ба ин матлаб бояд бидонем акнун, ки ин халифа футуҳоти худро шурӯъ мекунад, футуҳоти халифаи аввал дар хоки Ироқ ва Шом ба куҷо расида ва вазъи лашкари ислом дар ин ду ҷабҳа чигуна аст.

Ҷабҳаи Шом

Дар таърихи зиндагии Абубакр (р) хондаем, ки мусалмонон дар хоки Шом пеш рафтанд ва ахиран дар маҳалле ба номи Ярмук бо лашкари хатарноки душман рӯ ба рӯ шуда буданд. Аз ин сабаб Абуубайда фармондеҳи лашкари мусалмонон, ки худро дар хатар дида буд ин амрро ба Абубакр (р) гузориш дода тақозои кӯмак кард. Абубакр (р) низ гурӯҳҳои имдодиро фароҳам намуда ва паёпай ба он ҷабҳа мефиристод. Ба Холид ибни Валид фармондеҳи ноҳияи Ироқ низ дастур дод, ки бо нимае аз лашкараш барои тақвияти Абуубайда аз Ироқ ба Ярмук биравад.

Гарчи ба назари Абубакр (р) бо расидани ин гурӯҳҳои кӯмакӣ ба Ярмук руҳияи ҷангии мусалмонон қавӣ мегардад ва ҷабҳаҳое аз ҷанговарони мӯъмин ва фидокоре ба вуҷуд меояд, ки аз марг намеҳаросанд, чунки бо таваҷҷӯҳ ба оёти Қуръони карим подоши шаҳодат дар майдони набардро ҷаннат медонанд. Чунин размандгоне бо инояти павардигор ба фатҳ ва пирӯзӣ хоҳанд расид, вале бо вуҷуди ин ҳам то амалан таҳқиқ наёфта наметавон онро ба ҳисоби яқин гузошт. То ҳангоме, ки Абубакр (р) дар бистари беморӣ зинда буд, хабари хубе аз ин ҷабҳа ба Мадина нарасида буд. Вазъи ҷабҳаи Шом аз ин қарор буд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *