Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Натиҷаи бенамозӣ

Бародар ва хоҳари азиз агар мо ин ояту ҳадиси паёмбар алайҳиссаломро тааммул кунем, ибрати бисёр бузурге хоҳем гирифт. Шахсоне, ки намозро бо тарсу хушуъ мегузоранд ба онҳо аз ҷаннат насибе мебошад. Аммо шахсоне, ки намоз намехонанд барои онҳо аз ҷннат насибе намебошад. Барои ҳамин мо бояд умри кӯтоҳ ва тани сиҳати худро ғанимат дониста бо намозу рӯза ва дигар амалҳои хуб машғул бишавем, ки ин дунё дунёи имтиҳонй мебошад ва аз ин рӯзҳо, ки дар куҷо гузаронидем ва бо чй машғул будем пурсида мешавем.

Биёед бар ин ояи карима назар андозем, ки Худованд хабар медиҳад:

л,атто изо ҷоа аҳадаҳумул мавту қола

раббирҷиъуни лаъалли аъмалу солиҳан фимо таракту’сураи Мӯъминун, ояти 99-100.

Яъне, Худовандн азимушшаън ҳолати зории кофиронро хабар медиҳад: вақто, ки марг биёяд бар сари шахсоне, ки бар рӯзи қиёмат боварй намекарданду гуфтаҳои Худоро иҷро намекарданд мегӯянд: «Эй Парвардигоро маро бори дигар ба дунё баргардон, ҳаргиз аз тоату ибодати Ту берун нахоҳам шуд акнун ба рӯзи қиёмат, ҳисобу китоб, ҷаннату дӯзах боварй ҳосил кардам». Худованд дар ҷавоб мегӯяд:

«Калло иннаҳо калиматун ҳува қоилуҳо ва мив вароиҳим барзахун ило явмий

юбъасун»сураи Мӯъминун, ояти 100.

Яъне, (ҳаргнз қабул намекунам талаби ин шахси золимро, агар ба он дубора ҳаёт дода шавад ҳам Тибқи гуфтааш амал намекунад ва ҳоло он ки пеши ӯ барзахе(ҳаёте дар қабр) пас аз мурдан то рӯзи қиёмат вуҷуд дорад. Худованд моро аз он хориву пушаймонй ва азоб наҷот бидиҳад (Омин).

Бародар ва хоҳари азиз, мо гумон накунем, ки ҳар он амалеро ба ҷо меорем Худованд аз он бехабар бошад, балки дар рӯзи қиёмат бо ин амалҳоямон моро ба ҷаннат ё дӯзах дохил мекунад. Намоз аввалин чизе мебошад, ки инсон дар рӯзи қиёмат аз он пурсида мешавад. Ҳам чуноне, ки дар Қуъони карим хабар медиҳад:

«Фи ҷаннотий ятасоалуна ъанил муҷримина мо салакакум фӣ сақар қолу ламнаку минал мусаллин». сураиМуддаасир, ояти 40-43.

Яъне, (вақто Худованд инсонҳоро дар рӯзи қиёмат ба ҷаннатию дӯзахй ҷудо мекунад. Пас ҷаннатиён аз аҳли дӯзах мепурсанд: чй сабаб шуд, ки шумоён имрӯз

ба сӯи дӯзах рафта истодаед? Дар ҷавоб мегуянд, ки аввалин сабабе, ки моро ба сӯи дӯзах равона карда истодааст бенамозии мо буд). Яъне онҳое, ки намоз намехонанд ба сӯи дӯзах рафта истодаанд, мо ба ҷони худ раҳм кунем, ки оташи дӯзах ниҳоят сахт мебошад. Вақто кофирон азоби дӯзахро мебинанд орзую таманно мекунанд, ки монанди ҳайвонҳо хокистар шаванду ин азобҳоро набинанду начашанд, локин ин орзуҳояшон ҷомаи амал намепӯшад.

Вой бар ҳоли шахсоне, ки ин оятҳои Қуръонро мешунаванду боз амал намекунанд. Агар гӯем, ки бародар барои ин дунёву шаҳват шуда аз ҷаннати Худованд худро маҳрум насозем лекин ӯ ин насиҳати бародаронаро қабул накарда, худро ба ғазаби Худованд дучор месозад.

Эй бародар ва хоҳари азиз, мо ба ин молу фарзандон фирефта нашавем, ки ҳеҷ фоидае надоранд, агар мо онҳоро дар ғайри қонуни Худовандй истеъмол карда бошем. Яъне, агар мо фарзандонро тарбияи исломй надиҳем ва молҳоямонро дар ҷои ҳалол сарф накунем пас аз он ҳеҷ фоиде надорад, балки зарар аст, барои ҳамин Худованд амр мекунад:

«Ё аюҳал лазина оману қу анфусакум ва аҳликум норан»сурак Таҳрим, ояти 6.

Яъне, (Эй шахсоне, ки ба яккаву ягонагии ман имон овардед, аз азоби дӯзах худ ва аҳлатонро нигоҳ доред) ба номозхониву рӯзаву закот ва бо дигар амалҳои нек.

Чуноне, ки паёмбар алайҳиссалом хабар медиҳанд:

«Ва ман лам юҳофиз алайҳа лам якун лаҳу нуран ва ло бурҳонан ва ло наҷотан явмал қиёмати».

(Касе, ки намозро барпо надорад дар рӯзи қиёмат барои ӯ чизе нуру ҳуҷҷат ва наҷот шуда наметавонад).

Ин буд насиҳати бародаронаи мо эй хонандаи азиз, аз Худо умеди онро дорем, ки аз ин панду насиҳатҳои Худованду расулаш ибрат мегирем ва аз Худованд пурсони онем, ки мову шуморо ба роҳи мустақим ҳидоят бифармояд ва тамоми мусулмононро аз некбахтон бигардонад ва қабрҳои гузапггагони моро бо амалҳои некашон пурнур бигардонад ва ба ҷаннати худ насибадор бигардонад ва аз оташи дӯзах наҷот бидиҳад ва амалҳои моро дар тарозуи ҳасанотамон вазнин бигардонад (Омин).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *