Фанни Иқтисоди миллӣ

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Иқтисоди миллӣ

  • Назарияи давраи иқтисодӣ

    Имрўз назарияи ягонаи давраҳо вуҷуд надорад, аз ин рў муҳаққиқони муосир кўшиши зиёде барои таснифи мақбули ин назарияҳо карда истодаанд. Назарияи омилҳои беруна. Асосгузори ин ҷараён иқтисодшиноси англис У.С.Ҷевонс (1835–1882) мебошад, ки давраи иқтисодиро, махсусан, хоҷагии қишлоқ ва савдоро бо фаъолиятнокии 11-солаи офтоб марбут медонист. Пайравони У. С. Ҷевонс таъсири…

    Муфассалтар »
  • Назарияи пешрафти иқтисодиёт

    Пешрафти иқтисодиёт – афзоиши миқёси истеҳсолоти таҷаммўӣ ва истеъмол дар кишвар мебошад. Натиҷаҳои макроиқтисодӣ: маҳсулоти умумимиллӣ, даромади миллӣ нишонаҳои он мебошанд. Мубоҳисаҳои муҳаққиқони зиёд оид ба масъалаи пешрафти иқтисодиёт нишон доданд, ки дар назарияи иқтисодиёт оид ба пешрафти иқтисодиёт ду нуқтаи назари ба ҳам мухолиф вуҷуд доранд. Мухолифони пешрафти иқтисодиёт…

    Муфассалтар »
  • НАЗАРИЯИ «МАВҶҲОИ ТЎЛОНӢ»-И КОНДРАТЕВ

    Саҳми олими рус Н.Д.Кондратев дар таҳияи назарияи давраӣ калон аст. Вай рушду пешрафти Франсия, ИМА ва Англияро дар тўли 100–150 сол таҳқиқ кардааст. Дар натиҷаи таҳқиқ ва хулосабарорӣ аз рўи маводи охири асри XVIII Н.Д. Кондратев давраҳои калони зеринро нишон дод: Давраи I: аз соли 1787 то соли 1814 –…

    Муфассалтар »
  • Андоз ва навъҳои он

    Андозҳо – пардохтҳои ҳатмии билоиваз, ки ба фоидаи давлат бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият ситонида мешаванд. Ҳар як андоз дорои унсурҳои ҳатмии зерин мебошад: субъекти андозбандӣ; объекти андозбандӣ; заминаи андоз; ҳаҷми андоз; манбаи пардохти андоз; давраи супоридани андоз; имтиёзот аз андозбандӣ. Андозҳоро аз рўи нишонаҳои гуногун тасниф менамоянд, ки…

    Муфассалтар »
  • Иқтисодиёти фаромиллӣ

    Иқтисодиёти фаромиллӣ – шакли пешрафтаи рушди муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ. Муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ – маҷмўи муносибатҳои иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи ҳамкории иқтисодии субъектҳои хоҷагидории ҷаҳонӣ ба миён меоянд. Шаклҳои асосии муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ инҳоянд: савдои байналмилалӣ;ҳаракати байналмилалии сармоя;муҳоҷирати байналмилалии меҳнаткашон;ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ;дар сатҳи ҷаҳонӣ махсусгардонии истеҳсолот ва корҳои илмӣ- техникӣ:робитаҳову муносибатҳои…

    Муфассалтар »
  • Бозори пул – танзимгари иқтисодиёт

    Бозори пул – маҷмўи бозорҳои қарздиҳӣ ва амонатгузорӣ (депозитӣ). Дар ин маврид Бонки Миллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои молиявӣ бо коғазҳои арзишдори кўтоҳмўҳлат амалиёт мегузаронанд; як қисме аз бозори коғазҳои арзишдор – сармоя, ки бо онҳо амалиёти кўтоҳмўҳлати амонатгузорӣ ва қарздиҳӣ гузаронида мешавад, асосан хидмати гардиши сармояи ширкатҳо, захираҳои кўтоҳмўҳлати…

    Муфассалтар »
  • Низоми бонкӣ ва молиявӣ

    Низоми бонкӣ – маҷмўи бонкҳои ба ҳамдигар робитадошта ва дигар муассисаҳои қарздиҳанда мебошад, ки дар чаҳорчўбаи ягонаи механизми қарзию молиявӣ амал менамоянд. Дар низоми бонкӣ дар сатҳи аввал Бонки Миллӣ (Марказӣ), дар ҷойи дуюм шабакаи бонкҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои ҳисоббаробаркунию қарзӣ қарор доранд. Сарсилсилаи низоми молиявӣ Бонки Миллӣ аст, ки одатан…

    Муфассалтар »
  • Навасони адвории пешрафти иқтисоди бозаргонӣ

    Навасони адворӣ (сиклӣ будан) – шакли пешрафти иқтисоди миллӣ ва хоҷагии ҷаҳонист, пешрафтест аз як тавозуни макроиқтисодӣ дар миқёси як иқтисод нисбат ба дигараш. Сабабҳои навасони адворӣ инҳоянд: ба таври доимӣ коҳиш ёфтани инвеститсияҳо;навасони миқдори пул дар кишвар;коҳиш ёфтани самараи мултипликатсия;нав шудани неъматҳои асосии сармоявӣ. Дар солҳои гуногун истеҳсолот метавонад…

    Муфассалтар »
  • Тавозуни макроиқтисоди ва бесуботии макроиқтисодӣ

    Тавозуни макроиқтисодӣ–ҳолати низоми иқтисодист, ки хусусияташ мавҷудияти тавозунӣ ва ҳамсангии ду меъёри ба самти мухталиф нигаронидашуда – баробарии тақозо ва арза, истеҳсол ва истеъмол, даромадҳо ва хароҷот мебошад. Ин тавозун метавонад ноустувору кўтоҳмуддат ва устувору дарозмўҳлат бошад. Тавозуни макроиқтисодии умумӣ маънои онро дорад, ки дар иқтисоди миллӣ тавозуну таносуби ҷараёнҳои…

    Муфассалтар »
  • Сиёсати шуғли аҳолӣ ва танзими бекорӣ

    Сиёсати шуғли аҳолӣ – маҷмўи чорабиниҳои сиёсати макроиқтисодӣ мебошанд, ки ба самти ба субот овардани иқтисодиёт дар сатҳи ба кор машғул будани кулли аҳолӣ нигаронида шудаанд. Тавсияҳо оид ба дахолат кардани давлат ба иқтисодиёт дар шароити бесуботии макроиқтисодӣ хеле зиёданд. Вале усулҳои умумии таъсиррасонӣ ба сатҳи фаъолиятмандиро бо тезисҳои зерин…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми бекорӣ, сабабҳо ва навъҳои он

    Бекорӣ – ҳодисаи иҷтимоӣ — иқтисодӣ. Моҳияташ дар он аст, ки қисми аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол имконият надорад (ва ё майл надорад) ба истеҳсоли маҳсулот ва ё хидматрасонӣ машғул бишавад; ин ҳолатест, ки арзаи захираҳои меҳнат ба тақозои онҳо бартарӣ пайдо мекунад. Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол – қисми аҳолӣ,…

    Муфассалтар »
  • Иқтисодиёти миллӣ

    Иқтисодиёти миллӣ – маҷмўи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Асоси иқтисодиёти миллиро такрористеҳсоли ҷамъиятӣ ташкил менамояд. Ҳисобу китоби миллӣ – як навъ тавозунест иборат аз системаи ба ҳам алоқаманди натиҷаҳои нишондиҳандаи истеҳсолот, тақсимот, азнавтақсимкунии маҳсулот ва даромади миллӣ. Ба ин натиҷаҳо мансубанд: маҳсулоти холиси умумимиллӣ – арзиши бозории маҷмўи ҳамаи…

    Муфассалтар »
  • Таваккул, суғурта ва бехатарии иқтисодӣ

    Таваккул – тасодуфҳо ва ё хатарҳое, ки хусусияти эҳтимолӣ доранд ва сабаби зиён дидан шуда метавонанд. Ин ҳолатест, ки эҳтимолияти ҳар як натиҷаи имконпазирро дониста, натиҷаи аниқи ниҳоиро пешгўӣ кардан ғайриимкон аст. Таваккул аз рўи басомади эҳтимолияти ба миён омадани ин ё он дараҷаи талафот чен карда мешавад. Таваккули эҳтимолияти…

    Муфассалтар »
  • Судоварӣ ва муфлисшавӣ

    Судоварӣ – маҷмўи натиҷаҳое, ки самаранокии фаъолияти пурраи корхона, фоидаоварии самтҳои гуногуни фаъолият, инчунин ҷуброн шудани хароҷотро нишон медиҳанд. Кулли натиҷаҳои судовариро ба се гурўҳ тақсим кардан мумкин аст: натиҷаҳое, ки ҷуброни хароҷоти истеҳсолот ва маблағгузориҳо, масалан судоварии истеҳсолот, судоварии инвеститсияҳоро нишон медиҳанд. Судоварии истеҳсолот – натиҷаест, ки ҷуброни хароҷоти…

    Муфассалтар »
  • АФЗОИШИ (МУЛТИПЛИКАТСИЯИ) ПУЛ

    Афзоиши пул дар бонк – омили зиёд шудани пул дар суратҳисоби бонкҳои тиҷоратӣ дар замонест, ки онҳо аз як бонки тиҷоратӣ ба дигараш ҳаракат мекунанд. Ҷараёни афзоиш (мултипликатсия) бояд қатънашаванда бошад. Таносуби (коэффитсиенти) афзоишро дар шакли таносуби миқдори пули ҷамъшуда дар суратҳисоб ба миқдори маблағи аввалия (гузошташуда) ҳисоб мекунанд. Миқдори…

    Муфассалтар »
  • Cозмонҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ

    Созмонҳои тиҷоратӣ – номи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва ширкатҳо ва дигар ташкилотҳо, ки ба соҳибкорӣ, бизнес машғуланд ва мақсадашон даромад гирифтан аст. Созмонҳои тиҷоратӣ ашхоси ҳуқуқӣ мебошанд. Мақсади асосии фаъолият кардани корхонаҳои тиҷоратӣ фоида ба даст овардан мебошад; онҳо чун ширкатҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, чун корхонаҳои давлатӣ ва мунитсипалии воҳид, чун…

    Муфассалтар »
  • СОҲИБКОРӢ

    Соҳибкорӣ (фаъолияти соҳибкорӣ), ташаббус, фаъолияти мустақилонаи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо, ки ба таваккул ва масъулияти моли худашон бо мақсади даромад гирифтан амалӣ карда мешавад. Навъҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ инҳоянд: фаъолияти хоҷагидории истеҳсолӣ; фаъолияти хариду фурўш; фаъолияти инноватсионӣ; фаъолияти мушовиратӣ: миёнаравӣ дар тиҷорат; амалиёт бо коғазҳои арзишдор. Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ инҳоянд:…

    Муфассалтар »
  • Таърифи сохтори бозаргонӣ ва ҳокимияти бозаргонӣ

    Ҳар як бозори соҳавӣ хусусиятҳои хоси ташкилиро дорад, ки ба шакли сохтори бозор зуҳур мекунанд. Сохтори бозор – маҷмўи хусусиятҳои соҳавии ташкили бозор, ки тарзи муқаррарсозии нарх ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, инчунин шароити ҳамкории ширкатҳои соҳаро муайян менамоянд. Навъҳои сохтори бозор: рақобати комил;рақобати монополӣ;олигополияи ҳамгун;олигополияи фарқкунанда;монополия Кадом навъ будани сохтори…

    Муфассалтар »
  • Хусусиятҳои иқтисоди давраи гузариш дар тоҷикистон

    Хусусиятҳои асосии иқтисоди давраи гузариш дар Тоҷикистон инҳоянд: тағйирёбанда ва бесубот будан. Ин ҷиҳатҳо иқтисоди миллиро суст мекунанд, ба ҷойи он низоми нави иқтисодӣ пайдо мешавад. Сабабҳои тағйирёбанда ва бесуботии иқтисодиёти Тоҷикистон инҳоянд: а) динамизми рушди он ва хусусиятҳои ба он мувофиқаткунандаи тағйирот – баргаштнопазирӣ; б) афзоиши вариантҳои ташаккули низоми…

    Муфассалтар »
  • Хароҷот ва дастовардҳои молиявии ширкат

    Хароҷот–захираҳои молиявии ташкилот, ки барои хариди воситаҳои истеҳсолот ва ташкили фаъолияти истеҳсолӣ дар давраи ҳисоботи ҷорӣ таъин гардидаанд. Андозаи хароҷоте, ки ширкат кардааст ба дастовардҳои молиявии он таъсир мерасонанд. Дастовардҳои молиявӣ – дастовардҳои ниҳоии хоҷагидории объекти итисодианд, ки зери таъсири дастоварди молиявии аз фурўши маҳсулот гирифташуда, даромадҳои амалиётӣ ва хароҷот,…

    Муфассалтар »
  • ТАЪСИСИ ШИРКАТ ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ КОРИ ОН

    Таъсиси корхонаҳои нав ва васеъ кардани корхонаҳои вуҷуддошта ба омилҳои зерин вобаста аст: мавҷудияти ҳолати қаноатманд набудан аз тақозои мол (хизматрасонӣ);мавҷудияти захираҳои зарурӣ барои ташкили истеҳсоли маҳсулот;сатҳи рушди техникаи мувофиқ ба соҳаи истеҳсолот. Дар заминаи маблағгузориҳои нахустини харҷшуда ва ё таъиншуда барои ҳадафҳои муайян сармояи оинномавии корхона ташкил карда мешавад.…

    Муфассалтар »
  • Густариш, тамаркуз ва дар як ҷо ҷамъ овардани истеҳсолот

    Густариш (диверсификатсия) – як навъ гуногунсозии навъҳо, тағйироти зоҳирии навъҳои маҳсулоти корхона ё ширкат, аз худ намудани навъҳои дигари истеҳсолот барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот. Тамаркуз – дар чандин корхонаҳои бузург ба роҳ мондани истеҳсоли як ё чандин навъи маҳсулот. Дар як нуқта ҷамъ овардани истеҳсолот – густариши миқёси истеҳсолот…

    Муфассалтар »
  • Муҳити дохилӣ ва берунии ширкат

    Муҳити дохилии ширкат – омилҳои вазъу ҳолат дар дохили ширкат ва ё корхона. Омилҳои дохилӣ асосан натиҷаи қарору тасвибҳои идоракунианд, вале на ҳамаи онҳоро метавон бо ёрии қарору тасвибҳои идоракунӣ тафтиш ва назорат кард. Ба омилҳои дохилӣ ҳадафҳо, сохтор, технология ва одамон дохил мешаванд. Муҳити берунии ширкат – ҳамаи ҳолатҳо…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми ширкат

    Чандин тафсири мафҳуми ширкат (фирма) мавҷуданд; ин гуногунӣ ба мавҷудияти чандин назарияҳои ширкат вобаста аст: назарияи анъанавии ширкат;назарияи Р.Коуз;назарияи менеҷералии ширкат;назарияи амали ширкат. Асоси назарияи анъанавии ширкатро чунин фарзияҳо ташкил медиҳанд: дорандагони мулки хусусӣ ҳар рўз оид ба идораи ширкат назорати фаврӣ анҷом медиҳанд;майли ягонаи соҳибони мулки хусусӣ ба ҳадди…

    Муфассалтар »
  • Зинаҳои ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ

    Ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ – ҳаракати қатънашавандаи даврии неъматҳои иқтисодист. Неъмати иқтисодӣ (маҳсулоти ҷамъиятӣ) – воситаи қонеъкунандаи талаботи ҷамъият буда ба миқдори маҳдуд вуҷуд дорад. Маҳсулоти ҷамъиятӣ ду категорияро дар бар мегиранд: молҳо; хизматрасониҳо. Маҳсулоти ҷамъиятӣ аз рўи хусусиятҳои гуногунашон тасниф мешаванд. Навъҳои асосии неъматҳои ҷамъиятӣ инҳоянд: неъматҳои дарозмўҳлат;неъматҳои кўтоҳмўҳлат;неъматҳои ҷамъиятии…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои истеҳсолот

    Омилҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ инҳоянд: меҳнат – омили инсонист, ки ифодагари фаъолияти якҷояи мақсадноки одамон барои дигаргунсозии ашёи табиат ба ёрии воситаҳои меҳнат бо мақсади қонеъ гардонидани талабот мебошад. Дар нисбати ҷараёни истеҳсолот меҳнати одам ба ин тартиб тасниф мешавад: а) меҳнати коргарони истеҳсолкунанда, ки бевосита ба офаридани неъматҳои моддии ҷамъиятӣ…

    Муфассалтар »
  • МУЗДИ МЕҲНАТ

    Музди меҳнат – пардохтҳоест ба коргар барои меҳнаташ, ки дар истеҳсоли маҳсулот, кори ба анҷом расонидааш, инчунин барои хизматрасонӣ. Ду навъ музди меҳнат – асосӣ ва иловагӣ вуҷуд дорад. Музди меҳнати асосӣ пардохтест ба коргар барои кори дар вақти муайян иҷро кардашуда, миқдор ва сифати хизматрасонии ба анҷом расида. Музди…

    Муфассалтар »
  • Таҳлили муқоисавии хатҳои мунҳании (каҷи) бетафовутӣ ва хатҳои буҷетӣ

    Хати мунҳании бетафовутии истеъмолкунанда – хати мунҳание, ки дар координатаҳои «миқдори моли А–миқдори моли Б» сохта шуда, нуқтаҳояш маҷмўи молҳоеро нишон медиҳанд, ки истеъмолкунанадагон интихоб менамоянд. Хати буҷет – хати мунҳаниест, ки нуқтаҳояш ба комбинатсияҳои миқдори ҳадди аксари имконпазири молҳо мутобиқат менамоянд ва вобаста ба буҷети маҳдуди харидор харид шуда…

    Муфассалтар »
  • МАҲДУДИЯТ ДАР БУҶЕТ

    Маҳдудият дар буҷет – маҳдудияти молиявӣ барои харҷи маблағҳо аз буҷет, ки дар шакли хароҷоти ниҳоии қобили таҳаммул ифода меёбад. Маҳдудият дар буҷет ба сабаби маҳдуд будани маблағҳо дар буҷети давлат, минтақа, корхона, оила сурат мегирад. Нархи молҳо мувофиқи таносуби тақозо ва арза таъин мешаванд ва аз тасмими истеъмолкунандаи дур…

    Муфассалтар »
  • БОЗОРИ САРМОЯ

    Ба маънои васеъ сармоя – ҳамаи он чизест, ки қобилияти даромад овардан дорад ва ё захираҳоеанд, ки одамон барои истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ сохтаанд. Ба маънои танг сармоя манбаи амалкунандаи даромад дар шакли воситаҳои истеҳсолот аст, ки сармоягузорӣ шудааст. Зери мафҳуми сармоя дар бозори омилҳои истеҳсолот сармояи воқеӣ ва ё…

    Муфассалтар »