Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Мусалмонон бо чӣ шавқе ба сӯйи Димишқ ба роҳ афтоданд?

Шаҳри зебои Димишқ маркази ситоди Шом ва Фаластин ва пойтахти императори Бизонс дар ин сарзамин буд. Баъзе аз афроди лашкари мусалмонон қаблан ба ин шаҳр сафар карда ва ба чашми худ дида буданд, ки дар ин ҷо чи неъматҳо ва чи баракоте нуҳуфта аст ва мардум дар ин шаҳр чи гуна осуда зиндагӣ мекунанд. Баъзе дигар васфи зебоии шаҳри бошукӯҳи Димишқ боғҳои пурсамар, мазореи пурмаҳсул, гулзорҳои хушрангу бӯи, ҷӯйҳои пуроби гуворо ва неъматҳои фаровони онро аз ҳамқавмонашон, ки барои тиҷорат ба он ҷо сафар мекарданд, шунида буданд ва низ ҳамаи онҳо дар Қуръони маҷид мехонданд, ки Худо хайрот ва баракоти зиёде бар сарзамини Шом дода мефармояд

Сухани Худо:

Чи пок ва муназзаҳ аст он Худое, ки бандааш (Муҳамад)ро дар посе аз шаб аз Масҷиду-л-ҳаром (дар Макка), ба Масҷиду-л-ақсо (дар Шом) бурд, ба он масҷиде, ки мо (Худо) ба тамоми атроф ва ҷиҳоташ (яъне тамоми сарзамини Шом) баракат додаем.

(Сураи Исро, ояи1.)

Илова бар зебоии хонаҳо ва қасрҳои Димишқ, ки ба дасти меъморони моҳири румӣ ва сабкхонаҳои шаҳри Рум бино шуда буд, калисоҳои муҳиме дошт, ки ба тарзи ҷолибе сохта шуда буданд ва аз миёни хонаҳо ва боғҳои шаҳр сар бароварда аз дур намоён буданд. Ҳамаи инҳо ва онҳо мусалмононро барои тасхири шаҳри Димишқ ва тасаллут бар саросари хоки Шом ташвиқ мекард ва онҳоро барои шикастани дарвозаҳои маҳкам ва қалъаҳои мустаҳками ин шаҳр ба он сӯ мекашид.

Он чи мусалмононро беш аз ҳар чиз е барои фатҳи сарзамини Шом ба шавқ меовард, Масҷид — ул — Ақсо буд. Зеро Расулу-л-лоҳ (с)дар шаби асро ба ин масҷид, ки дар Шом буд, ворид гардид. Гузашта аз ин, ин масҷид қиблаи аввали мусалмонон баъд аз ҳиҷрат ба Мадина буд. Агар мусалмонон дар ин ҳамла Димишқро тасарруф кунанд, тасаллути онҳо бар бақияи сарзамини Шом осон мегардад ва натиҷатан Масҷид — ул –Ақсоро дар ихтиёр хоҳанд гирифт ва бадин тартиб ҳар ду масҷиди бузурги таърихӣ, ки номи онҳо дар Қуръон зикр карда шуда, яъне Масҷид — ул Ҳаром, ки ибтидои асрои (сафари шаб) Расули карим ва ба василаи ду нафар аз паёмбарони Худо: Ҳазрати Иброҳим ва фарзандаш ҳазрати Исмоил бино шуда аст ва Масҷид – ул- Ақсо, ки мақсади асро ва ба василаи ҳазрати Сулаймон- набиюллоҳ сохта шуда аст, таҳти ихтиёри мусалмонон қарор хоҳад гирифт ва чи ифтихоре беш аз ин? Лашкари мусалмонон дар тӯли роҳи худ ба Димишқ ин амрро ба хотир меовард, бесаброна қадам бар медошт ва бо иштиёқи зиёд пеш мерафт.

Оре, илова бар ҷозибаи имон ба ҷиҳоди муқаддас, орзуи расидан ба он ҷо гуфтем онҳоро тавре ба сӯи Димишқ мекашид, ки деворҳои маҳкаму ҳисор ва бурҷу бораҳои маҳкам ва аслиҳаи зиёд ва қудрати низомии нигаҳбонони шаҳр дар назарашон ночиз менамуд.

Мусалмонон бидуни он ки дар роҳи худ бо монеа ва мудофие бархӯрд кунанд ба шаҳри кучак ва зебои Ғута дар наздикии Димишқ расиданд. Ин ҷо буд, ки эҳтимом ва иштиёқашон бештар гардид, зеро неъматҳо ва хушиҳои зиндагониро, ки қабл аз ин қалбан тасаввур мекарданд дар ин ҷо ба чашми худ диданд, чашмашон ба ҷое афтод, ки гӯё қитъае аз биҳишт аст, ки Худо ба василаи фиристодагонаш аз осмон бар замин фуруд фиристода аст.

Аҷиб буд. Лашкари ислом, ки гумон мекард муддате бояд, то бар ин шаҳри биҳиштӣ даст ёбад, ҳеҷ касро на дар дохил ва на дар хориҷи шаҳр наёфтанд. Шаҳр ба куллӣ холӣ аз одамизод буд. Сокинони шаҳр гӯё аз ҳаракати мусалмонон огоҳ шуда буданд, ки манзил ва қасрҳои худро тахлия намуда, ба дохили шаҳри Димишқ паноҳ бурда буданд.

Абуубайда дастур дод мусалмонон дар шаҳри Ғута сукунат намоянд. Маркази амалиёти низомии худро низ дар ин ҷо қарор дод, то ҳамлаҳояшро аз он ба Димишқ шурӯъ кунад.

Димишқ дар муҳосира

Деворҳои ҳисори Димишқ, ки дар истеҳком зарбулмасали он замон буд, аз сангҳои хеле сахт ба баландии беш аз шаш метр ва бари беш аз се метр давродаври шаҳр кашида шуда буд. Бурҷҳои баланде дошт, ки нигаҳбонон ҳангоми ҷанг дар онҳо мустақар мешуданд ва аз даруни онҳо бо тиру камон ва фалахмон аз наздик шудани душман ба шаҳр пешгирӣ мекарданд. Ин ҳисор дарвозаҳои мустаҳкаме дошт, ки дар истеҳком камтар аз девори ҳисор набуд ва ҳар вақт баста мешуд, роҳи умедро бар рӯйи душман ба хубӣ мебаст. Хулоса, шаҳри Димишқ бо ин ҳисор ва бо ин дарвозаҳо ва истеҳкомоти низомӣ сурати як қалъаи маҳкамеро дошт, ки тасхири он бо ҷанг номумкин шуда буд ва пирӯзӣ ва тасаллут бар он фақат ду роҳ дошт: Яке муҳосираи хеле тӯлонӣ, ки аҳли шаҳр аз ҳаргуна кӯмаке, ки аз хориҷи шаҳр биёяд маъюс шаванд ва дар азоби зиндагӣ қарор гиранд ва маҷбур ба таслим шаванд, дуввум ҳилла ва найранги ҷангӣ, ки дар кори тасаллут бар ин шаҳр муъҷизаи ҷангӣ ба бор меоварад.

Ҳар чи бошад, Абуубайд бояд даст ба ҳамла занад. Бинобар ин дар шаҳри Ғута ба фармондеҳонашон ва афроди лашкараш фармон дод, то барои муҳосираи Димишқ пеш раванд. Барои ҳар кадом аз амири бузург дарвозае аз дарвозаҳои ҳисори шаҳрро таъин кард, то аз тариқи онҳо кӯшиш намоянд ва ба дохили шаҳр роҳ ёбанд. Дарвозаи машҳур ба Фародис ба Амр ибни Ос, дарвозаи Тумоа ба Шураҳбил ибни Ҳусна, дарвозаи Фараҷ ба Қайс ибни Ҳубайра, дарвозаи Кайсон ба Язид ибни Абусуфён, дарвозаи шарқиро, ки аз ҳама муҳимтар буд ба Холид ибни Валид супурд. Чун дар наздикии дарвозаи шарқӣ як дайр (ибодатгоҳ) буд, ки холӣ шуда буд, Холид онро барои сукунаташ баргузид, аз ин рӯ ин дайр аз он рӯз ба номи (дайри Холид) машҳур гардид. Худи Абуубайда низ дар муқобили дарвозаи машҳур ба дарвозаи Ҷобия мустақар гардид.

Ҳамин ки ҳар як аз онҳо дар ҷойҳои худ қарор гирифтанд барои тахриби ҳисор ва бурҷҳои шаҳр манҷаниқҳо ва фолохинҳои гулулаандоз ва дигар асбоби тахрибиро, ки дар он рӯзгор ба кор мерафт давродаври шаҳр ба кор гирифтанд ва бадин сон шаҳрро дар муҳосира гирифтанд ва шурӯъ ба кор намуданд, вале девор ва истеҳкомоти ин шаҳр на чунон буд, ки бо васоили ҷангии соддаи мусалмонон, ки ба фунуни низомии муҳосира ҳам ба дурустӣ ошно буданд хароб шавад. Ҳисори шаҳр дар муқобили ҳаргуна амалиёти низомии мусалмонон монанди кӯҳе маҳкам истод. Нигаҳбонони шаҳр бо абзори ҷангии худ, ки зиёд ва гуногун буданд, ба ҳамлаоти мусалмонон посух доданд ва аз худ ба хубӣ дифоъ карда, кори пешрафтро бар онҳо мушкил сохтанд.

Ин вазъ ба ривояти саҳеҳ, то шаш моҳ тӯл кашид. Мусалмонон натавонистанд кореро пеш баранд, ҷуз идомаи муҳосира, вале магар аҳли шаҳр то кай метавонистанд дар муҳосира бимонанд ва ба дифои худ идома диҳанд? Магар на ин аст, ки Абуубайд тамоми роҳро бар рӯи онҳо баста буд, аз хориҷ на кӯмаки низомӣ ба онҳо мерасид ва на маводи ғизоӣ. Мусалламан дар оянда ба ҳадде дар тангнои зиндагӣ меафтанд, ки ба ночор бояд таслим шаванд, пас бо ин васф онҳо аз муқовимат ва дифои худ ҷуз таъхир дар таслим суде нахоҳанд гирифт.

Ду чиз буд, ки аҳли шаҳрро барои натиҷагирии корашон дилгарм ва ба баҳрагирӣ аз корашон умедвор сохта буд. Яке он ки Ҳераклус, ки дар наздикии Димишқ дар шаҳри Ҳимс нишаста аст ва лашкари нисбатан бузурге дорад, аз онҳо ғофил нахоҳад буд ва нахоҳад гузошт пойтахти империяаш ба дасти мусалмонон биафтад, дуввум ин ки ҳаргоҳ ба дифои худ то он ҷо идома диҳанд, ки зимистони Сурия бо он сармои шадидаш фаро бирасад, мусалмонон ки дар ҳавои доғи Арабистон бузург шудаанд ва либоси гарми кофӣ надоранд, тоби таҳаммули ин сарморо нахоҳанд дошт ва маҷбуран даст аз муҳосира хоҳанд кашид ва аз ин ҷо хоҳанд рафт, вале на Ҳераклус тавонист бар зидди онҳо коре кунад ва на сармои зимистон.

Гарчи ҳамон тавр, ки онҳо андеша доштанд Ҳераклус аз онҳо ғофил набуд ва лашкар ба кӯмакашон ҳаракат дод, вале лашкараш дар роҳи худ бо саворони Ҳимяр ки ба дастури Абуубайда ва тибқи нақшаи Умар (р) роҳро бар рӯи онҳо баста буд рӯ ба рӯ гардид. Пас аз ҷанги сахте, ки байни тарафайн даргирифт бо додани талафот шикаст хӯрд ва аз ҳамон роҳе, ки омада буд дасти холи ба Ҳимс баргашт.

Зимистон ҳам бо сармои шадидаш омад ва рафт. Инак фасли баҳори ҷонпарвар ба ҷояш нишаст. Мусалмонон на танҳо нарафтанд, балки бар шиддати муҳосира ва ҳамлаҳояшон афзуданд ва корро бар мардуми шаҳр душвор сохтанд, зеро на ҷуръат доштанд аз шаҳр хориҷ шаванд ва ба таври ҷиддӣ бо мусалмонон биҷанганд, чунки медонистанд, ки инҳо ҳамон ҷанговароне ҳастанд, ки чанде қабл лашкари азими Ҳераклусро дар Ярмук ба зиштӣ шикаст доданд ва наметавонистанд дар дохили шаҳр ба дифои худ идома диҳанд, чун шаш моҳи дароз дар муҳосира будаанд ва ҳеҷ гуна маводи ғизоӣ аз хориҷ ба онҳо нарасида буд, рӯ ба рӯ бо хатари гуруснагӣ шуда буданд. Табии аст, ки дар чунин авзоъ ва аҳвол байни Наснос — ҳокими шаҳр ва Боҳон фармондеҳи лашкар ва дигар амирон дар идома ё тарки дифоъ ихтилофи назар падид меояд ва мусалламан тасмимашон пурихтилоф ва руҳияи мудофиин заиф мегардад.

Димишқ таслим мешавад

Дар ин ҳангом, ки аҳли шаҳр дар хатар афтода буданд аз ҳар даре ноумед шуда буданд, ба ночор бо мусалмонон сулҳ карданд. Шаҳри бузурги Димишқ пас аз шаш моҳи муҳосира авохири соли 23 ҳиҷрӣ ба унвони сулҳ ба дасти мусалмонон афтод.

Аммо ин сулҳ чӣ гуна сурат гирифт? Ривоёти мухталифе дорад, ки саҳеҳтар аз ҳамаи онҳо ин ривоят аст, ки мегӯяд:

— Холид ибни Валид, ки маъмури кушодани дарвозаи шарқии Димишқ буд, ҷосусҳои варзида ва кордононе дошт, ки дар корашон ба ҳадде дақиқ буданд, ки гоҳ — гоҳ аз умуре, ки дар дохили шаҳр рух медод иттилоъ пайдо мекарданд ва ба Холид хабар медоданд.

Ин ҷосусон шабе ба Холид иттилоъ доданд, ки барои пешвои рӯҳонии масеҳиёни шаҳр фарзанде ба дунё омада ва бадин муносибат аҳли шаҳрро ғизо медиҳанд ва барои ашроф, умаро ва неруҳои лашкари мудофеи шаҳр меҳмонии шом ва маҷлиси шабнишинӣ ва айшу нӯш фароҳам карда ба ҳадде шароб нӯшидаанд, ки аз вазифа ва корашон ғофил ва ғарқ дар олами дигар шудаанд.

Холид ин пешомадро ғанимат шумурд ва бо истифода аз ин фурсат дастур дод, то зинае аз таноб бисозанд ва ҳамин ки посе аз шаб гузашт, зинаи танобро монанди каманд пушти яке аз кунгураҳои ҳисори шаҳр афканд ва худаш бо чанд нафар аз далерони фидокори гурӯҳаш аз қабили Қаъқоъ ибни Амр, Мазъур ибни Адӣ ба василаи ин ресмон боло рафтанд ва худро бар фарози девор расониданд. Сипас ба василаи ҳамин ресмон, ки онро ба тарафи шаҳр овехтанд, поин рафта ба дарвозаи шаҳр расиданд. Нигаҳбононро, ки ғофилу сармаст буданд, ба қатл расониданд ва дарвозаро ба рӯи гурӯҳе, ки дар пушти дар мустақар буданд боз намуданд. Ҳама бо ҳам такбиргӯён вориди шаҳр шуданд ва ба ҳар касе, ки бо онҳо ба муқобила мепардохт бо шамшер посух медоданд ва пеш мерафтанд.

Ҳамин ки хабари ин ҳодиса дар шаҳр печид, мардуми ваҳшатзада саросема ба тарафи дарвозаҳои дигари шаҳр шитофтанд ва онҳоро бар рӯи мусалмонон боз карданд ва дархости амон намуданд ва бо Абуубайда, ки аз кори Холид бехабар буда намедонист дар шаҳр чи мегузарад, сулҳ намуданд. Ӯ ба мардум амон дод ва чун аз моҷарои Холид хабар ёфт, пайғом дод, то даст аз шамшер бикашанд.

Ин ду нафар сардор тақрибан дар миёнаи шаҳр ба ҳам мерасиданд. Холид мегӯяд ман дарвозаи шаҳрро дар ҳини ҷанг боз кардам ва дар ҳоли ҷанг ба дохили шаҳр дохил шудам, аз ин рӯ амволи шаҳр бояд ғанимат бошад, вале Абуубайда напазируфт ва ба ин фатҳ унвони сулҳ ва ба мардум, амвол, зан, фарзанд ва маъбадҳояшон амон дод. Чун Абуубайда фармондеҳи кули қувваи мусалмонон буд, Холид таслими назараш гардид ва ба тамоми шаҳр унвони сулҳ дода шуд. Байни Абуубайда ва фармондеҳи мусалмонон аз як тараф ва ҳоким ва фармондеҳи мудофеони шаҳр аз тарафи дигар сулҳномае мубодила шуд, ба ин мазмун, ки шаҳри Димишқ ба унвони сулҳ ба мусалмонон таслим гардида ҷон, мол, обурӯ, маъбадҳо ва ибодати мардум дар амон аст. Аҳли шаҳр дар муқобили муҳофизати шаҳр ҳифзи назм ва амнияти он, ки ба ӯҳдаи мусалмонон хоҳад буд ҳар сола ҷизя, яъне молиёти сарона ба давлати ислом хоҳанд пардохт.

Баъзе аз таърихнависони араб мегӯянд: «Чун нигаҳбонони Димишқ аз натиҷаи муқовимат ва дифои худ маъюс шуданд, вазоифи худро тарк намуданд. Ин буд, ки аҳли шаҳр маҷбур ба таслим гардиданд ва дарвозаҳоро бар рӯи мусалмонон боз намуда, талаби амон намуданд. Абуубайда низ бо онҳо сулҳ намуда ва вориди шаҳр гардид».

Баъзе дигар аз муаррихони исломӣ навиштаанд:

— «Чун Холид аз як тарафи шаҳр дар ҳоли ҷангӣ ворид шуда буд ва Абуубайд аз тарафи дигари шаҳр ба унвони сулҳ дохил гардид ва ин ду нафар дар миёнаи шаҳр ба ҳам расиданд, нисфи шаҳр аз он сӯй, ки Абуубайда омада буд унвони сулҳ ва нисфи дигаре, ки Холид гирифта буд унвони фатҳ ба худ гирифт». Вале ривояти саҳеҳ ҳамон аст, ки ба тафсил баён кардам. Абуубайда хабари тасхири ин шаҳри бузурги масеҳиро, ки пойтахти императори Бизонс дар сарзамини Шом ва маркази муҳими низомии он давлат буд ба ҳазрати Умар (р) дар Мадина иттилоъ дод. Он ҳазрат ва умуми мусалмонони Мадина аз шунидани ин мужда хеле хурсанд шуданд, зеро фатҳи ин шаҳр тасаллути мусалмонон бар бақияи марказҳо ва шаҳрҳои Шом ва Фаластинро осон менамуд.

Ҳазрати Умар (р) дар арсаи ин фатҳи бузург, то он ҷо ба пешрафти ояндаи мусалмонон дар он сарзамин мутмаин гардид, ки ба Абуубайда фармон дод лашкари Ироқро, ки қаблан ҳамроҳи Холид ба фармони Абубакр (р) аз он ҷо ба ҷабҳаи Ярмук омада буданд ва акнун дар фатҳи Димишқ ширкат карда фароғат ёфтаанд, таҳти аморати Ҳишом ибни Утба бо Қаъқоъ ибни Амр ба Ироқ боз гардонад ва чунон ки дар воқеъаи Қодисия гуфтем, Қаъқоъ бо ҳазор нафар савор рӯзи дуввуми ҷанги Қодисия ва Ҳишом бо бақияи лашкараш рӯзи савум ба Қодисия расиданд. Дар ҷанги Қодисия фаолият намуданд ва ба пирӯзи расиданд.

Оре, ҳазрати Умар (р) пас аз фатҳи Димишқ нисбат ба фатҳи бақияи сарзамини Шом ва Фаластин ба ҳадде мутмаин гардид, ки вуҷуди ин гурӯҳи муҳимро дар ин ҷо лозим надонист ва онро аз лашкари Абуубайда ҷудо кард ва ба кӯмаки Саъд ибни Абуваққос дар ҷангҳои Ироқ ва Форс ҳаракат дод.

Акнун Димишқ таҳти ҳокимияти мусалмонон даромада аст. Мусалмонон бо хотири осуда дар қисматҳои мухталифи шаҳр мустақар гардида ва дар ҳар ҷои, он ки бихоҳанд бидуни тарс гардиш мекунанд. Умури дохилии шаҳрро дар ихтиёр гирифтаанд ва беҳтар аз пеш онро муназзам идора менамоянд ва беҳтар аз ҳоким ва умарои Бизонс бо мардум рафтор ва қалбҳои онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Пас дигар хатаре дар байн нест ва ҳоло тибқи фармони собиқи Умар навбати ҳамла ба шаҳри Фаҳл расида, ки дар муҳосираи Абулаъвари Салмо аст.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *