Фанни Таърихи точикон

Низоми Ҳукумати Бармакиён

Пас аз марги Мусӣ умури идорӣ ва интизомоти кишвар ба дасти модари халифа Хизрон афтод, вале дар айни ҳол Яҳё ба корҳои хилофат расидагӣ мекард ва ҷаласаҳои машваратии ӯ бо писаронаш ҳама рӯз ташкил мешуд. Баъд ӯ номаҳоро назди модари халифа мебурд ва пас аз тасвиб, ӯ худ онҳоро имзо мекард. Яҳё баъди он, ки мақоми вазоратро соҳиб шуд, фармони қатли мухолифони халифаро аз ҷониби модари халифа омода шуда буд, бекор кард ва ҳатто баъзе онҳоро низ озод кард. Дар соли 173 (ҳиҷрӣ) Хизрон модари халифа вафот кард ва халифа Ҳоруннарашид ба Яҳё ихтиёроти комил дод, ки ҳамеша ӯро падарбузург хитоб мекард. Барои итиллоъ аз барнома ва ҳудуди ихтиёроти Бармакиён нахуст бояд низоми ҳукумати Аббосиёнро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар муддати даҳ соли хилофати халифаи дуюм, доманаи пирӯзиҳои мусалмонон рӯз ба рӯз густариш ёфт ва дунболи ҳар як футуҳот тақсимбандии ҷадиди шаҳрҳои хурду бузург шуруъ гардид. Онгоҳ эҳтиёҷоти ҳар кишваре ва лашкари ҳар минтақа дар назар гирифта шуда буд. Ин халифа мехост созмони як ҳукумати усулиро бар пояи шурро қарор диҳад ва тарзи ташкили он чунин буд, ки ҷорчиён (шахсоне, ки амру фармони халифаро бо садои баланд дар шаҳрҳо ба мардум мерасондан) дар кӯчаҳои Мадина бо садои баланд овоз медоданд: “Ассалоту-Ҷомеъа” яъне барои ширкат дар намоз бишитобед. Баъд мусалмонон дар масҷиди Набавӣ ҷамъ мешуданд ва халифа пас аз ду ракат намоз бар сари минбар мебаромад. Пас аз гуфтани хутба масоили рӯз мавриди баррасӣ қарор мегирифт ва дар натиҷа хостаҳои мардум иҷро мешуд. Вале, Муовия низоми ҳукуматро дигаргун сохт ва онро ба шакли ҳукумати шахсӣ даровад. Чун мардум побанди одоб ва ойини румиён буданд, Муовия низ дар сояи қудрати шахсӣ бар онҳо фармонравоӣ мекард ва пояйтахти худро ба сурати яке аз шаҳрҳои Руми шарқӣ даровард. Дар ин давра бисёре аз бузургон ҷомаҳое, ки аз матоъҳои қиматбаҳо истеҳсол мешуданд мепӯшиданд ва ба ҷои нони дурушт нони сафед истеъмол мекарданд. Ин халифа бисёре аз одат ва одоби Форсҳо ва Румиёнро иқтибос кард. Баъди оне, ки Язид бар тахти хилофат нишаст интихоби ҷонишиниро баъд аз марг рад кард ва пас аз ӯ ҷонишинро бояд дар давраи зинда будани халифа таъин мекарданд. Дар замони ҳамин халифа буд, ки майнушӣ ва фисқу фасод дар миёни мардуми мусалмон роиҷ гашт. Дар фосилаи 72 соле ки дувоздаҳ халифаи бузургтарин, беҳтарин ва бадтарин афроди башар буданд, давраи ҳукумати онҳо на он ҳукумате буд, ки мардум орзу мекарданд. Фармонравоёни Аббосӣ низ дар оғози кори худ ҳамагӣ ситамгар ва ҷафокор буданд. Сафоҳ, Мансур, Маҳдӣ ва Ҳодӣ дар истиқрори ҳукумати шахсӣ аз ҳар гуна хиёнат ва ҷиноят худдорӣ намекарданд. Аз ин хотир як шоири Ҳошимӣ дар бораи онҳо чунин гуфтааст. “Эй кош зулм ва ситами бани Марвон гиребонгири мо мешуд ва кош адл ва доди Аббосиён насиби оташи дузах мегашт”. Ин халифа дар умури интизомӣ ва кишвардорӣ монанди гирифтани молиёт, расидагӣ ба шикояти мардум озод буданд ва гоҳе ин ихтиёротро ба намояндагони худ вогузор мекарданд. Дар дастгоҳи ҳукумати Аббосӣ бисёре аз Форсҳо ва Туркҳо ба корҳои муҳими давлатдорӣ ҷалб карда шуданд. Ба василаи кӯмаки мардуми Хуросон дар аҳди Саффоҳ чанд нафар аз сарони мардуми Форс ба корҳои лашкарӣ вогузор шуданд. Форсҳо дар замони халифаҳои бани Умая низ нуфузи зиёд доштанд. Ба гуфтаи Сулаймон ибни Абдулмалик “Аз ин форсҳо тааҷҷуб мекунам, ки ҳазор сол ҳукумат кардаанд ва як соат муҳтоҷи мо арабҳо нашуданд дар сурате, ки мо дар даврони ҳукумати садсолаи худ як соат аз пуштибонии онҳо биниёз набудем”. Бо он, ки бисёре аз сарон ва бузургони мардуми Форс дар дарбори Ҳорун хизмат мекарданд, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо ёрои душманӣ бо Бармакиёнро надоштанд. Гарчӣ мардуми Форс аз замони Луҳросб ва Шопур ибни Ардашер мақоми вазоратро мешинохтанд ва Аъроб низ ба он ошноӣ доштанд. Вале то замони Аббосиён мақоме бад-ин исм дар дастгоҳи хилофат вуҷуд надошт ва бо поёни қудрати хулафо вазорат низ худ ба худ аз миён рафт ва баъдҳо подшоҳони оли Буйя сипас, Салчуқиён ин унвонро ба муншиҳои махсуси худ доданд. Нависандагони Исломӣ вазоратро ба ду навъ тақсимбандӣ карданд. 1. Вазорати Тафуиз (вогузор кардан)- ки мутасадиёни он ҳама гуна ихтиёротро аз тарафи халифа доштан ғайр аз таъин ё озод кардани ҳокими вилоятҳо ва интихоби валиаҳд, ки ин ҳуқуқро танҳо халифа дошт. Кормандони ин вазорат метавонистанд ҳар тасмиме бигиранд ва баъд ба халифа гузориш диҳанд, ва вазирони вазоратхонаҳо мебоист аз миёни мусалмонон интихоб шаванд ва шарти дигар он буд, ки ду нафар наметавонистан дар як мақом бошанд ба ғайр аз Яҳё, Фазл ва Ҷаъфар онҳо навбат ба навбат ин ихтиёротро доштанд. 2. Вазорати Танфиз (имзо кардани ба ягон ҳуҷат)- ки ихтиёроти он зиёд набуд, то вазири масъул аз худ тасмиме мегирифт ӯ маъмури иҷрои низомномаҳо ва фармонҳои халифа буд. Дар айни ҳол ӯ авзоъ ва ҳолати кишварро ба халифа гузориш медод. Тарзи интихоби вазирон чунин буд ду нафар дарбориёни номзади вазоратро ба василаи дастхати халифа ба дарбор даъват мекарданд он гоҳ раиси дарбор ӯро ба ҳузури халифа муаррифӣ мекард сипас, либосҳои вазоратро ба ӯ мепӯшониданд ва дубора назди халифа мерафт, ва дасти халифаро мебусид баъд бар аспе, ки бо байрақҳои зиёд ороиш дода буд савор шуда бузургон, раиси дарбор ва ғуломон ба дунболи ӯ то назди бинои вазорат меомаданд ва дар онҷо бар маснади вазорат менишаст ва хутбаи вазоратро ба номаш мехонданд. Императури исломӣ дар он замон ба панҷ иёлот тақсим мешуд. 1. Ҳиҷоз, Яман ва Арабистони марказӣ 2. Африқои шимолӣ , Миср 3. Ироқи Араб ва Ироқи Аҷам 4. Хуросон ва Мовароуннаҳр, Ҳинд ва қисме аз Панҷоб 5. Арманистон, Озарбойҷон ва қисме аз Осиёи хурд Ҳар яке аз ин қисматҳо зери фармонровоӣ халифа ё намояндаи ӯ идора мешуд. Халифаҳои Аббосӣ равиши молиёте, ки халифаҳои гузашта доштанд, пайравӣ мекарданд. Дар аҳди Ҳорун барои ташхиси молиёт ҳар гуна муоммилот бо қозӣ Абуюсуф машварат мекарданд ва ба гувоҳи китоби машҳур “Хироҷ”-и ӯ тибқи амали саҳоба ва қиёс худ фатво мебаровард. Молиёти ҳар вилоят дар сандуқи махсуси худ ҷамъовари мешуданд. Маоши коргарон масрафоти сохтумонҳои роҳҳо, пулҳо, масҷидҳо, омӯзишгоҳо ва бемористонҳои ҳар вилоят аз ҳисоби хазинаи худ пардохт мешуданд. Агар дар хазина маблағе боқӣ мемонд, онро ба хазинаи марказӣ мефиристоданд. Молиётҳо дар ҳама ҷо як андоза набуд, балки мутобиқи авзоъ ва аҳволи ҳар минтақа ситонида мешуд. Дар ин давра аз мардум чунин молиётҳо мегирифтанд: Ҷизия, закот, ушр ва ғанимат. Ҷизия- чунин навъи молиёте буд, ки аз мардуми ғайримусалмон мегирифтанд. Закот- дар муқобили ҷизия аз мусалмонон закот мегирифтанд ва он молиёти сангине буд, ки аз тамоми дороӣ ва даромади мардум меситониданд. Масалан: аз шутур, асп, гӯсфанд, гов, буз, маҳсулоти кишоварзӣ, боғҳои мева ва ғайра. Ин даромадҳо дар роҳи Худо сарф мешуд. Ушр- бозаргонон ва савдогарони мусалмон, ки ба хориҷ аз кишварҳои исломӣ мерафтанд ва ё аз онҷо меомаданд, муъодили даҳ дарсади моли худро мепардохтанд. Инчунин молҳое, ки арзишаш аз дусад дирҳам камтар буд аз ушр озод мешуд. Ғанимат- қабилаҳои араб дар замони ҷоҳилият ба дигар ҷойҳо ҳуҷум карда, рамаҳои шутур, гӯсфандро ғанимат мегирифтанд. Вале рафта-рафта шомили дорои онҳо заминҳо гардид, ки дар замони кишваркушоӣ онҳо ба даст меомад. Амволи ғайри манқул миёни ҷанговарон тақсим карда мешуд ва даромади замин аз маҳсулоти кишоварзӣ барои наслҳои оянда дар Байтулмол нигаҳдорӣ мешуд. Дар замони Мансур даромади солонаи давлат ба 65 миллион дирҳамро ташкил мекард ва ҳангоми фавти ӯ 97 миллион буд. Баъди марги Ҳоруннарашид даромади солонаи давлат коҳиш ёфт ва ба 60 миллион динор расид. Дар замони ҳукумати Аббосиён давлатро ба воситаи девонҳо идора мекарданд, ки бевосита ин усулро аз Форсҳо ба мерос гирифтаанд ва дар ин кор онҳоро Бармакиён кумак мекарданд. Девони дабир- дар ин девон шахсони хушнавис ва соҳибистеъдодро ба кор қабул мекарданд. Луҳроспи Кайёнӣ нахустин шоҳе буд, ки чунин дабирхона ташкил кард ва аз қадим дабирон ва кормандони ин девонро забони шоҳон мегуфтанд, чун тамоми вақти худро ба хизматгузории мардум сарф мекарданд ва дар миёни мардум соҳиби эҳтироми хосае буданд. Дар таърихи ислом Муъовия нахустин касе буд, ки ин девонро таъсис дод ва дар натиҷа Араб, ки ба содданависӣ ва ихтисор одат доштан кам-кам ба сабки нигориши дарборҳои ниёгони мо ошно шуданд. Ҳар халифа муншии махсус дошт ва чанд корманди дигар дар навиштани фармонҳо, низоми аснод ва нигориши номаҳои маҳрамона ва ғайра ӯро кумак мекарданд. Дабир номаҳо, фармонҳо ва қарорҳоро[1] менавишт ва пас аз имзои худ бо муҳр ба имзои халифа месупурд.[2] Девони хироҷ- идора ва тақсимоти молиётро девони хироҷ мегуфтанд, ки аз замони халифаи дуюм таъсис ёфт ва шуъбаҳои он дар тамоми вилоятҳо ва шаҳрҳо мавҷуд буд. Дар замони халифаи дуюм дафтари ҳисобдори Ироқ, Мовароуннаҳр ва Хуросон ба забони форсӣ ва Шом ба забони юнонӣ ва дар Миср ба забони қибтӣ танзим мешуд ва кормандони Эронӣ, Румӣ ва Мисрӣ дафтарҳоро идора мекарданд, то онки Абдулмалик Марвон барои ҷилавгирӣ аз нуфузи бегонагон корҳоро ба дасти Араб супурд ва Ҳаҷоҷ намояндаи ӯ дар Ироқ ин сиёсатро роҳандози мекард. Ӯ кормандони ғайри арабро аз кор барканор кард. Бад-ин тартиб аз соли 86- ҳиҷрӣ дафтари ҳисобдори Миср аз забони қибтӣ ба забони арабӣ табдил ёфт. Девони артиш- дар аҳди паёмбари Худо муҷоҳидони ислом сарбозоне буданд, ки ба хотири Худо ва паёмбари ӯ меҷангиданд ва маоши худро аз Байтулмол не, балки аз ғанимати ҷангӣ мегирифтанд. Дар замони халифаи дуюм пас аз онки миллионҳо дирҳам ва динор вориди хазинаи кишвар мегардид, як идораи махсус бо номи сипоҳ таъсис доданд. Дар ин давра ҷанговаронро ба ду даста тақсим мекарданд. 1. Мусалмононе , ки фунуни ҷангиро пешаи худ карда буданд онҳоро ҷандӣ ё сарбоз меномиданд. 2. Касоне ки ҳангоми зарурат барои хизмат дар артиш худро муъарифи карда онҳоро давталаб мехонданд. Ин гурӯҳ аз Байтулмол ҳаққи хизмат мегирифтанд. Сарфармондеҳи оллии артиш халифа ё шоҳзодагон ба ҳисоб мерафтанд. Сарбозони пиёда, қисми зиёди артишро ташкил медод ва онҳо дорои силоҳҳои сипар, найза ва шамшер буданд. Инчунин, сарбозони савора низ шомили артиш буданд. То замони Маъмун бештари сарбозонро форсҳо ташкил медоданд, ки бо Абумуслим ва Холиди Бармакӣ аз Хуросон ба Ироқ омада буданд. Парчамҳои лашкар сиёҳранг ва ба тақлид аз Румиҳо бештар номи уқобро рӯи он менавиштанд. Аббосиён дар артиши худ аз қушунҳои баҳрӣ низ истифода мебурданд. Пойгоҳи умдаи киштиҳои онҳо дар дарёи Рум ва корхонаи киштисозӣ дар Тунис буд. Маоши сарбозон ду бор ё чор бор дар як сол пардохта мешуд. Девони муҳрдор- аҳамияти ин девон аз вазорат ҳам бештар буд ва муҳрдор маъмулан аз табақаи наҷибу бузургзодагон интихоб мешуд ва муҳрро дар сандуқи назди худ нигоҳ медошт. Халифа тақлид бар паёмбари Худо тамоми фармонҳо, қарордодҳо ва номаҳоро муҳр мекард, чунон ки шоҳони Форс аз миёнаҳои бостонӣ барои этибори рисола ва номаҳои худ муҳрҳои гуногунро ба кор мебурданд. Дар аҳди Ҳорун бо пешниҳоди Яҳёи Бармакӣ ин девон дубора таъсис ёфт.

Девони шаҳрбонӣ- ин девон нахуст зери назари додситони кулл амнияти дохилӣ ва ҳифзи ҷон ва моли мардумро бар ӯҳда дошт. Ва аҳкоми додситонро иҷро мекард, ки баъдҳо ба сурати як идораи махсус анҷоми вазифа мекард. Девони паногоҳи хайрия ва ё кумак ба бенавоён- ин идора барои додани хайрияҳо ва кӯмакҳо ба бенавоён, камбизоатон ва дармондагон таъсис ёфта буд.

Девони молҳо ё дороии халифа- чун Ироқ зархезтарин замини импературии исломи буд. Аз ин ҷиҳат бештари амлоки халифа дар ин сарзамин воқеъ буд ва идораи ҷудогонае бад-ин ном даромади он амлокро ҷамъовари намуда ба халифа таҳвил медод. Девони муҳосибот- ин идора барои расидаги ба хазинаҳои артиш ташкил ёфта ва Маҳдӣ онро тавзеҳ дода онро девони илозама ном ниҳод. Ҳар корманде, ки муртакиби гуноҳ мешуд, таввасути намояндагони муҳосибот дастгир ва фавран равонаи зиндон мегардид. Девони идораи обдорӣ- Ироқ ба воситаи рудхонаҳои дарёҳои[3] Даҷла ва Фуруот обёрӣ мешуд. Дар аҳди Аббосиён идораи обёриро[4] Кишт Афзуд ҳам мегуфтанд. Ин идора обро миёни кишоварзон тақсим мекард ва онҳо метавонистанд оби зиёдатиро ба деҳқонони рустоӣ фурӯшанд ва ин обро ба воситаи қубурҳо ба деҳқонон мерасонданд. Девони Қозӣ ё Додрас- ҳаллу фасли даъвоҳоро дар ислом ба ӯҳдаи козӣ ё додрас мегузоштанд. Ҳар гоҳе яке аз тарафҳо аз қарори козӣ норозӣ мешуд, метавонист ба додгоҳи оллӣ шикоят кунад. Иҷрои васият, сарпарастӣ ба ятимон, кӯмак ба ниёзмандон салоҳияти додситон буд. Дар аҳди Ҳорун Абуюсуф, ки яке аз шогирдони барҷастаи Имом Абуҳанифа буд, козӣ хилофатро ба ӯҳда дошт.

Девони дафтари сабти аснод- дар ин идора, ки зери назари додситон қарор дошт ва дар он номи табаҳкорон ва гунаҳкорон сабт шуда буд.

Девони ҳоҷиб ё дарбон- ин мансаб аз замони Муовия таъсис шуда буд. Дарҳоле, ки дар замони халифаҳои рошиддин мардум бевосита ба халифа мулоқот мекарданд. Дарбонон аз табақаи бузургон ва ашрофони барҷастаи кишвар, монанди Муҳаммад ибни Холиди Бармакӣ ва Фазл ибни Рабеъа интихоб мешуд. Девони Волӣ- дар ҷои аввал маъмури барқарории амният ва оромиши кишвар ва ҷамъовари молиёт аз мардум буданд. Дар давраи Аббосиён волӣ аз бузургон ва шоҳзодагони халифа интихоб мешуданд ва вазифаи асосии онҳо иборат буд. 1. Интизомоти лашкар 2. Ҷамъоварии молиёт ва закот аз мардум 3. Таблиғоти мазҳабӣ 4. Иҷрои аҳкоми шариъат 5. Имомати ҷамоати муслимин 6. Танзими корвонҳои ҳаҷ 7. Расидаги ба корҳои умумӣ

Дар замоне ( с. 793 – 795 ), ки Фазл ибни Яҳё дар Хуросон зимомдорӣ мекард, ҳукумати ӯ дар қисмати шарқии Халифат то дуртарин канораҳо чун Раштонзамину Помир расида буд. Сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки Фазл барои пешгирии таҷовузи туркҳо дар даромади Рашт дарвозаи азиму устуворе сохт ва дар барои ободии дигар маҳаллаҳои Хуросон низ ғамхорӣ намуд. Боҷу хироҷе, ки аз ин ҳавза пеш ба хазинаи Хилофат ворид мешуд, акнун бештараш барои ободии кишвар ва некӯаҳволии мардум сарф мегардид. Аз ин ҳисоб барои қудратманд будан, бо тахминии таърихнависони онвақта аз ҷавонони Хуросон артишии 500 ҳазора ташкил намуда, онро “ Фавҷи Бағдод” номиданд. [5]


[1] Бармакиён ё дурнамое аз асри тиллои ва дастгоҳи халифаҳои Аббосӣ. Тарҷумаи Саид Мустафӣ

[2] Бармакиён ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дастгоҳи халифаҳои Аббосӣ. Тарҷумаи Саид Мустафӣ.

[3] Бармакиён ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дастгоҳи халифаҳои Аббосӣ. Тарҷумаи Саид Мустафӣ

[4] Бармакиён ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дастгоҳи халифаҳои Аббосӣ. Тарҷумаи Саид Мустафӣ.

[5] Бармакиён ё дурнамое аз асри тиллои ислом ва дастгоҳи халифаҳои Аббосӣ. Таҷумаи Саид Мустафӣ

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *